Хитоб ба мардум: Фарзандонатонро дар ин вазъи ҳассос қурбонии Раҳмонов накунед!  

Мавҷи фарогири бемории коронавируси нав дар тамоми кишвар  бо шитобу суръати баланд паҳн мешавад. Вале Эмомалӣ Раҳмонов ҳамоно бо бепарвоиву нодидаангорӣ  ва фориғболӣ дастури лағви «маршировка»-ро содир кардан намехоҳад. Ҷони садҳо, балки ҳазорҳо нафар аз ҷавонони донишомӯзу устодони донишгоҳҳо, табибони мутасаддӣ барои маршировка, ронандаҳо, хуллас ин ҳама мардум қурбонии як дастафшонии Эмомалӣ Раҳмонов шуда истодааст, ки қарор аст рӯзи 9-сентябр, ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ рӯйи минбар бишавад ва ин ҳама мардуми ба «маршировка» ҷалбшуда ба сӯяш дастафшониву поҷунбонӣ кунанд. Албатта, агар ки дар ин миён  чанд нафаре аз онҳо бо коронавирус мубтало нашаванду натавонанд, ки дар ин маъракаи таърихии Эмомалӣ Раҳмонов ширкат варзанд.

Хабарҳое, ки аз ватан ба мо расида истодааст, воқеан ҳам сахт нигаронкунанда ва ташвишангезанд. Ҳамин дирӯз ду нафар аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба ҷойи духтароне, ки инак як моҳ боз дар варзишгоҳ машқу тамрин мегузарониданд ва дар ин байн чанде аз онҳо ибтило ба коронавирус шуданд, боз аз мактабҳои миёнаи пойтахт ва омузишгоҳҳо духтарони навро оварда истодаанд. Ба гуфтаи яке аз ин устодон як нафар аз устодони санъати рақс, ки ҳам дар вазорати фарҳанг кор мекардаасту ҳам дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Душанбе дар ҷараёни тамрин дар назди чашми донишҷуҳо аз ҳуш меравад. Мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки онҷо ҳузур дошт, ӯро ба бемористон намебарад. Дар дохили худи мошин сузандору тазриқ мекунанду таблетка медиҳанд. Аммо он муаллимма  ҳоло аз рӯзи якшанбе ба ин тараф мариз шудааст. Ҳолаташ вазнин арзёбӣ мешавад. Мегӯянд, ки коронавирус шудааст. Ин  устоди Донишгоҳ гуфт, ки феълан  «маршировка»-и донишҷӯҳо як фронти бидуни танку тӯпро ба ёди кас меорад, мисли «ақибгоҳ»-е ,ки дар солҳои ҷанг мегуфтанд:

Донишҷӯҳо бояд субҳи барвақт бирасанд, устодони донишгоҳ ҳам ҳамин тавр биоянду ҳасту нест кунанд, самоворчиву хотдогпаз меоянд, « охрана» аз Раёсати муҳофизати ВКД, чанд нафар духутрҳо бо хилъати сафед, басаҳнагузоранда, коргардон, устоди рақс…..

То ҳамин ҳоло даҳҳо нафар аз писарону духтарони донишҷӯ дар гармии тоқатшикан тоб наёварда аз ҳолу аз ҳушу аз ҳаракат бозмондаанд, вале ҳеҷ тағйире дар мавриди инки «маршировка» қатъ хоҳад шуд, пеш наомадааст. Агар дар солҳои ҷанг мардум «барои ватан,барои Сталин» мегуфтанду ду басту се баст кор мекарданд, ҳоло донишҷӯҳоро  маҷбур карда истодаанд, ки «барои пешво,барои Эмомалӣ Раҳмонов шеъру суруд азбар кунанду рақсу арғушт» омӯзанд. Донишҷуёну устодон, ки бояд  дар ин вақт  таътил дошта бошанд, чору ночор ва аз роҳи зӯр ба ин «маршировка» оварда мешаванд. Ягонтои онҳо, агарки касал бишаванд ва дар ҷараёни тамрин аз дасту по биуфтанд ҳам ҳам, ҳамчуноне бо муаллимаи рақси Донишгоҳи ҳунарҳои зебо рух дод, бемористон бурда намешаванд. Чун,ки ин устодон ва донишҷӯён ғуломони пешвоянд ва муҳим нест бар сари ғулом чи мусибате меояд. Зиндааш барои хидмат аст ва бемор шуд роҳаҳро худаш ғулом бояд ёбад. Агар чунин нест пас марҳамат бо далел ва бурҳону ҳуҷҷат рад кунед!

    “Тибқи ахбори расида коронавирус дар кишвар ба ҳадде сироят карда истодааст ва балъидан дорад, ки бемористонҳо  дар ҳама навоҳӣ пур шудааст.”

Як табиби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки беморхонаи  сироятӣ кайҳо пур шуда ва бемористони марказии ноҳия ҳам кати холӣ надорад. Вале на дастгоҳи дурусту ҳисобии ИВЛ-дастгоҳи танаффуси сунъӣ ҳасту на сарулибоси махсус барои пизишкон. Дар баъзе аз ноҳияҳо катҳои беморони коронавирус дар рӯи саҳнаи бемористон гузошта шудааст. Ин дуруст айни ҳамон ҳолате аст, ки дар оғози омадани коронавирус дар соли гузашта иттифоқ афтода буд. Соли гузашта фаъолони ҷомеа маданӣ бо ташаббусҳои худ барнома ва нақшаҳои кумак ба бемористонҳову табибонро  рӯи даст гирифта буданд, аммо ҳоло ин бор ҳама сокит аст.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки мушкили донишҷӯёну муаллимонро то вазири маориф хуб медонанд. Аммо касе ҷуръат карда наметавонад, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов бифаҳмонад, ки  маршировкаро бас кунад. Вай гуфт,ки  ҳатто ҷудо аз мушкилоти коронавирус  оё дар як чунин гармои тоқатшикан ва мағзи сарсӯз бо кадом инсофу одамигарӣ духтарону писарони мардумро мебарӣ ва тамрини рақс мекунӣ? Мағзи сар дар ин гармо месузад. Дар зери дарахтон, дар соягӣ арақи бадан рехта истодааст,дар ҳоле,ки дар варзишгоҳ ҷое барои паноҳ кардани калла надорем.

   “Ҳоло аз масрафу хароҷоти барои ин маршировка касе чизе намегӯяд. Миллионҳо-миллионҳои бюҷети мамлакат сарфи он мешавад. Сарфи маъракае мешавад, ки дар замони осоиштаву дар замони сериву пурӣ, дар замоне, ки хотири мардум ҷамъ бошад ҳам, бо ин ҳамҳамаву воҳима баргузор кардани он шарт нест.”

Барои хариди воксина Тоҷикистон пул надорад.Муассисаҳои байналмилалӣ аз ҷумла Бонки осиёии рушд 25 миллион доллар барои хариди воксина садақа кард. Аз рӯзи 21 март, аз замоне, ки воксинзанӣ шуруъ шуд тоҳоло 200.000 нафар эм карда шудааст. Вале савол инҷост, ки пул барои маршировкаро аз куҷо пайдо карда истодаанд? Саволи дигар ин аст ки оё дар ин маршировка -тамрини рақсу бозӣ барои дилхушии Раҳмонов  дар рӯзи 30-солагӣ набераҳои худи вай ҳам ҳузур доранд?

Дуруст аст ки Раҳмонов бо баргузории маршировка мехоҳад намои қудрат кунад ва нишон бидиҳад, ки чи қадар  ӯву мардумонаш хурсанду розианд. Аммо ин ҳама як спекатакли дуруғин аст.

Барои кадоме аз ҳамин духтарҳо ва волидони онҳо хуш меояд, ки дар ин гармои нафассӯз дар зери пироҳан ва ҳатто пойи бараҳна рақсу бозӣ машқ кунанд? Дар ҳоле, ки худи ҳамин ҳукумат мардумро дар масҷиду дар маршруткаву дар бозорҳо воксин зада истодааст. Яъне медонанд, ки коронавирус босуръат ва бошитоб паҳн шуда истодааст.

“Аз ин ҷиҳат Раҳмонов барои бори дуввум аст ки  дар робита ба фоҷеаи  коронавирус миллати тоҷикро фиреб медиҳад. Соли гузашта бо ҳама ҳушдору таъкидҳо, ҳатто Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки баргузор накун аммо  Раҳмонов Наврӯз баргузор кард ва Хуҷандро комилан «заразит» намуд. Ҳоло боз ҳам савол пеш меояд, ки пушти ин фиреб ин навбат чӣ истодааст? Пушти ин  фиреб ин навбат ҷашни Истиқлол  истодааст.”

Дуди марги коронавирус  дар хонаи Раҳмон ҳам рахна кард. Узбакбии хушдоманаш қурбонӣ шуд.Аммо таъсираш намекунад. Тибқи маълумотҳои расида ба Ислоҳ 13 нафар аз оилаи ӯ мубтало шуданд дар ин авохир. Чаро ин говкала як бор намеандешида бошад? Ин далели барҷаста ва раднопазиру муҳкам аст,ки Раҳмонов кайҳо  аз чорчубаи инсониву инсонигарӣ берун шуда ба як вампир ва ба як ғул табдил шудааст.

Аз як сӯ « фосилаи иҷтимоӣ, масофаи иҷтимоӣ, маска, дастпӯш, антисептик, зиддиуфунӣ» аммо аз сӯи дигар ҳазорон ҳазор фарзандони навҷавони мардумро маҳз ба хотири болида доштани табъи Раҳмонов бояд якҷо ҷамъ карда «маршировка»  баргузор кард? Агар ҷашни 30-солагӣ ба хотри ҳифзу ҳимояти саломату сиҳатии миллат бидуни «маршировка» доир шавад, чи хоҳад шуд?Чаро Эмомалӣ Раҳмонов ин қадар барои сарнавишти мардум ва миллати тоҷик бепарво шудааст? Фақат худашро мебинаду бас?

Хабаргузориҳо навиштанд,ки шурӯъ аз 6 июл,баъди таътили ҳафтаина боз ҳам «маршировка» дар варзишгоҳи марказии Душане оғоз шудааст. Донишҷӯёни донишгоҳҳои миллӣ, омузгорӣ, аграрӣ ва дигар донишгоҳҳои пойтахт 200 нафарӣ ба навбат машқ мекунанд. Ба онҳо ҳамагӣ яктоӣ хотдог аз захираҳои чанд сола маҳфӯз буда барои як рӯзи мабодо ҳамчун «обед» дода мешаваду халос.

  “Бо инки «маршировка»-ро дубора аз сар гирифт ба чӣ маъно аст? Магар коронавирус нест ва ё кам шудааст? Не ситоди ҷумҳуривяии муқобала  бо коронавирус маълумоте ба аҳолӣ медиҳаду не вазорати тандурустӣ. Имсол ҳам мисли соли гузашта вазорати тандурустӣ маълумотҳоро то охирин лаҳза пинҳон мекард ва ҳоло ҳам пинҳон карда истодааст. Аммо ин хатар  ба ҷони миллат аст.Чун мардумро бепарво ва фориғбол мекунад.”

Аз тарафи дигар бори дигар маълум мешавад, ки ҳеҷ гуна барномаи мушаххасе, ки битавонад ҷилави густариши корнавирус дар кишварро бигирад Раҳмонов ва ҳукумати вай надоранд. Ҳатто воя-воксинҳоеро  аз  хориҷа  оварда истодаанд (тавлиди Чин ва Ҳиндустон),ки  дар дигар кишварҳо аз истифодаи онҳо парҳез карда истодаанд. Чуноне гуфтем, як сомонӣ ҳатто барои хариди воксина аз бюҷети мамлакат ҷудо накарда истодааст. Рӯ ба раҳми муассиса ва давлатҳои ёригар шиштааст. Мили гадои сари бозор.

Кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла ҳамин Шавкат Мирзиёев,ки барои пешвози ӯ дар ин маросими короно садҳо духтарро ба фурудгоҳҳо бароварда буд, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус тадбирҳои мушаххас ро амалӣ мекунанд, аммо Эмомалӣ Раҳмонов аслан дар гумонаш намегузарад.

Тамоми маълумоту омори коронавирус, чуноне маълумот ба мо расид, аз филтри  Дастгоҳи иҷроияи президент гузашта сипас ба мардум расонида мешудааст. Яке аз сабабҳои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи коронавирус ин марбут ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон будааст. Барои онки Русияро натарсонанд ва Русия аз қабули тоҷикҳо даст накашад, арқом ва ҳолати воқеӣ пинҳон дошта мешавад.

“Вале сабаби дигар ин ҷашни Истиқлол аст, ки интизор меравад Раҳмонов ин бор масти аласт шуда рақсу бозӣ бикунад. Вале чуноне ба назар мерасад, ин рақси ӯ бар ивази  ҳазорҳо қурбонӣ муяссар хоҳад шуд, чун коронавирус ниҳоят бераҳмона ба ҳуҷум гузаштааст ва дар хонаи худи Раҳмонов ҳам ба баланду боло кардани дуди ғамаш оғоз бахшидааст….”

Хитоб ба падарону модарони донишҷӯён!

Падарон ва модарони гиромӣ!

Мо фарзандони шумо ва барои сарбаландии шумо дар муқобили як золиме чун Раҳмонови махуф ҷабҳа гирифтаему истиқомат дорем. То имрӯз барои некӯаҳволии миллатамон ҳар ноадолатӣ, зӯроварӣ, шиканҷаҳо ва ҷиноятҳои мақомоти режими Раҳмонов аз шаҳрвандони кишвари азизамон ҳимоят кардаему садо баланд кардем. Худатон шоҳид ҳастед,ки барои ин ҳимоятҳоямон аз шумо чи туҳматҳо,чи таҳдидҳо,чи ҳукмҳои аҷиибу ғариберо мутаҳамил шудаем. Ҳар лаҳза бар ҷонҳоямон хатарҳо таҳдид мекунад вале мо даст аз ҳимояти шаҳрвандони кишвари азизамон набардоштаем.

Раҳмонов ҳамчун як инсони оқил ва комиле нест,ки ҳарфро шунавад,тавсия ва интиқодҳои созандаро пазирад. Медонад,ки ончи мегӯем дуруст аст вале кибр ва ғурур ончунон куру караш намудааст,ки гӯйё намешунавад ва намебинад. Дар ҳоле як хонанда,як комик, як сухангӯе дар куча сухан гуфтаро эълон мекунад,ки дидаасту огоҳи дорад аз он.

Ончи дар боло гуфтам ба хотири он буд,ки ба фикри худатон ва фарзандонатон бошед.Нагузоред,иҷоза надиҳед фарзандонатонро мубталои беморӣ кунад ва пас аз он ба ҳоли худ гузорад. Ҳар шахс тақдираш дар дасти худаш аст,иҷозат надиҳед фарзандонатон ба маршировка раванд. Агар аз донишгоҳ хориҷ кунанд ҳам мушкил нест. Худатон медонед дар он донишгоҳу донишкадаҳо бо пул мехонанд. Агар савод ҳам дошта бошанд боз ҳам бояд шумо барои зачет ва имтиҳонҳояшон пул диҳед. Пас хонданашон дар чунин дур домҳо чи лозим аст? Ҷони фарзандонатонро ба хатар нагузоред. Манъ кунед фарзандонатонро аз ҳама ҷамъомадҳо,хоссатан дар ин марҳалаи пандемияе кишвар қарор дорад. Ҳар падар ва модар нагузорад рафтан фарзандашро бубинед чикор мекунанд ин қипчоқиҳои бе муруват. Инҳо дар муқобили ҳамаи шумо коре карда наметавонанд. Фарзандони худро қурбонии як бадмасти носерам ва чашмчарони пири фосиқ накунед. Аз имрӯз тасмим бигиред, ки фарзанди шумо намеравад,бигузор ҳар коре мехоҳанд бикунанд. Аммо яқин донед, коре аз дасти инҳо намеояд ҷуз таҳдидҳои пуч. Мо гуфтему шумо шунидед падарону модарони гиромӣ!

Ps: Дар ин лаҳзаҳо, ки матлаб барои нашр омода мешуд, «Азия+» навишт, ки «маршировка» на ин ки мамнуъ намешавад, балки  6.595 донишҷӯи иштирокчии  маршировкаро воксин задаанд, то инки то охири ин машқу тамрин ҳузур дошта бошанд. Нуралӣ Шоҳиён, сардори бхши фарҳанги шаҳри Душанбе ин маълумотро дода ҳамчунин афзудааст, ки боқии донишҷӯёни иштирокчии ин маршировка, ки то 9 сентябр машқ мекунанд низ воксин мегиранд. Муовини вазири фарҳанг Обид Назарзода,ки масъулияти ин марширвкаро бар уҳда дорад гуфтааст,ки 15.000 донишҷу ҷалб карда шудааст, то ин таҷлили 30 солагии истиқлоли давлатӣ баргузор шавад. Муовини вазир гуфтааст, ки кадом дастур дар бораи лағви «маршировка» содир нашудааст ва бар асоси барнома машқу тамрин идома дорад.

Бояд зикр кард, ки воксинҳои расида ба Тоҷикистон аз Чин ва Ҳиндустон қобили эътимод нестанд ва онҳоро дар Аврупо рад карданд, аз ҷумла дар Фаронса. Вале инҷо аз баски онҳо маҷонӣ ва садақаанд барои Раҳмоноҷ фарқ надорад, ки донишҷӯ мемурад, интиқолдиҳандаи каслӣ  ва манбаи сироят мешавад. Ваӣ бояд дар Рӯзи Истиқлолият барояд кунаку думак занад. Ва дар пеши ҷаноби “вай”ин 15 ҳазор донишҷуҳо рақсу бозӣ кунанд.

Ҳамарӯза дар кишвар одамон дар асари ин офат мурда истодаанд, аммо ин Диктотур дар фикру андешаи худ аст…..

Total
48
Shares
Related Posts