Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Барои Ҳамзаи чорсола ва мубталои бемории саратон дар ҳама олам флешмоб идома дорад. Дар ин флейшмоб тамоми мардуми олам чи сафед, чи сиёҳ ва чи аврупоиву, чӣ амрикоӣ, чӣ Рус аз тамоми гӯшаву канори дунё ширкат доранд.
Ин қазия марзҳои ҳамагиро шикофту аз онҳо бидуни ҳеҷ мушкиле убур кард. Ҳамдардӣ барои ин тифли бемори асир дилҳои ҳама мардуми сайёраро ба дард овард, касе аз бошандагони ин сайёра аз нажод, дин, қавмият, дидгоҳи сиёсӣ, кӣ будани падару бобоӣ ӯ намепурсанд, зеро ба пурсидан ниёз нест. Чун ҳама аз дид ва равзанаи инсоният ва раҳму шафқате, ки Аллоҳ барои ҳама ато намудааст иттико намудаанд.
Ягона шахсе, ки ба ин тифл аз диди таассуб ва дидгоҳи сиёсӣ менигарад, раиси як хонавода, Эмомалӣ Абдурраҳмон аст. Наход инсон то ин ҳад бераҳму сангдил бошад ва дарди ҷонсӯзи ин тифли беморро эҳсос накунад. Аз ту касе чизе талаб надорад, танҳо ҳуҷҷатҳои лозимаро барояш бидиҳед, то барои табобат ба хориҷ аз кишвар баранд. Наход ин амал бароят зиёд мушкил бошад ва ҳукуматат бо хориҷ рафтани ин тифл мутазалзил ва суқут кунад? Агар ту то ин ҳад бераҳм бошӣ наход касе аз аҳли хонадони ту (Озода, Тахмина, Рухшона, Рустам)-ро ин қазия азият накунад? Магар онҳо фарзандони дар сину соли Ҳамза надоранд? Ё фикр мекунанд фарзандони онҳо ҳамеша солим ва тансиҳату дар офият умр ба сар мебаранд? Беморӣ ва дарди Илоҳӣ шахсият, мансаб, мақом, ҷоҳ, набераи пешво ва асосгузореро намешиносад. Ҳангоме ки он рӯз омад дигар ҳеҷ сармоя, мақом, вазифа ва табибе наметавонад ба додатон бирасад.
Аз оҳи мазлумони бедифоъ сахт барҳазар бошед, ки ба дод ва кӯмаки мазлум Аллоҳ ҳатман мерасад, агарчӣ пас аз гузашти чанд вақт ҳам бошад. Ягона чизе мо ва ҳама олам аз шумо мехоҳем, он ҳам бошад дуруст кардани ҳуҷҷатҳои Ҳамзаи бемору бемадори мазлум аст.
Шеъре бо забони кӯдакона аз номи Ҳамзаи бемор иншо шуда, ки онро ба самъи шумо мерасонам,то тавонем дарди ӯро бо сабки кӯдакона баён намоем.
Шаби дароз намебарад хоб,
Аз шиддати дарди илтиҳоб.
Ҷони кӯдакиам дар азоб,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Ба дунё омада чӣ дидаам?
Наметарсӣ аз оби дидаам?
Туро бар Аллоҳсупурдаам,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Пешу пассат пур аз набера,
Куҷо донӣ ҳоли сағерара?
Парҳез аз гуноҳикабира,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Мон, ки падарҷонамро бинам,
Бар зонӯи бобом нишинам.
Шаҳди дидорашон чашам,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Илоҷи дармонам намондаст,
Ду-се дама умракам мондаст.
Баъд, Худоҷон наздаш мехондаст,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Намефаҳмам сиёсати ту,
Ба дилам зад кулфати ту.
Ман равам, сонӣ навбати ту,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Дигар умеди зиндагӣ нест,
Роҳе ба ғайр аз бандагӣ нест.
Уболи ман бар гардани туст,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Аз зулми бисёрат огаҳам,
Вақто аз ин дунё мерам.
Ба Худоҷон гуфта медиҳам,
Аз Худо наметарсӣ, Ҷаноб?
Аз ҳама бародарон , хоҳарон, додаракон ва хоҳаракони дӯстрӯямон изҳори сипос мекунам, ки дар ин Флейшмоб фаъолона ширкат намуданд ва ҳамдардии худро бо дар даст гирифтани акси Ҳамза ба асиргирон иброз доштанду расониданд. Флейшмоби мо идома дорад,то охири ин ҳафта идома пайдо мекунад ва боз ҳам аз якояки шумо азизон тақозо менамоям бетафовут набошем ва ҳамдардии худро бо дар даст гирифтани акси ҳамза, ки бо чанд забон нашр намудаем, изҳор намоянд.
Меҳан маро бубахш, ки ҳаҷрат мусаллам аст,
Меҳан маро бубахш, ки дардат фароҳам аст.
Охир чӣ гуна дасти муросо диҳам, агар,
Фиръавн дар канори ту Исои Марям аст.
Меҳан маро бубахш, ки дастам намерасад,
То пардаҳои хилаи арбобро дарам,
Меҳан маро бубахш, ки зӯрам намерасад,
То мазраи фурӯшиат аз дасти Чин харам.
Меҳан, сарам ба зонӯи кӯҳат ниҳам, бигӯ,
Охир чаро бузурги барат дона дона монд?
Дарбориён зи ҳикмати Шаҳнома бехабар,
Аз Рустами таҳамтани майдон фасона монд.
Меҳан, сарам фидои сари пушти панҷара,
Он сар, ки хам нашуд ба дами теғи ханҷара.
Дар ёди ҳоли зори ту банди дилам ярра,
Дарде ниҳон намудаам аз дасти масхара.
Меҳан, маро бубахш, ки ҳоло мураххасам,
Дигар ба боздиди ту хеле намерасам.
Ин дам, ки дар канори ту қабри ҳақиқат аст,
Охир ба ин калом намоёни маҳбасам.
Меҳан маро бубахш, ки ҳоло мураххасам,
Дигар ба боздиди ту хеле намерасам.
Муҳаммадиқболи Садриддин