(бахши панҷум)
Дар матолиб ва барномаҳои қаблӣ як қисм мисолҳову далелҳоро дар робита ба муфлис гардидани яке аз бонкҳои қавии Тоҷикистон- «Тоҷиксодиротбонк» зикр карда ваъда дода будем, ки гунаҳгорони ин схемаи пулкоркунӣ ё ин ки бо дигар забон гуем, кидаткардагони мардумро ором намегузорем ва кору кирдори онҳоро доимо пайгирӣ менамоем. Ором намегузорем, ки ҳазорҳо мардуми бечораро фиреб намуда, миллонҳо доллар пулҳоро аз Тоҷикистон берун бароварда, имрӯзҳо боз мисли як мусичаи бегуноҳи ба гуфтаи худашон аз ҳукумат ҷабрдида оромона зиндагӣ намоянд. Баъд аз чопи мақолаҳо садҳо нафар ному насаби худро бо санад ва аксҳои китобчаҳои маблағҳои мондаашон ба «Тоҷиксодиротбонк» ба мо равон намуда илтимос доранд, ки номҳои онҳоро ҳам бигирем. Мардум хаста шудаанд ва ҳеҷ ҷое барои шикоят кардан надоранд. Охир ба куҷо шикоят кунанд, ин мардуми бечора? Ҳама инстансияҳо ва онҳое шикоятҳоро қабул мекунанд худи дуздони пулҳояшон мебошанд!
Аксарияти онҳо бо Хушаков Қурбон Раҳматович дар вақти маблағгузорӣ ҳамсуҳбат шудаанду ба доми ҳилаву найранги ӯ афтодаанд. Мардуми содда, боз ҳар яке аз онҳо такрор ба такрор мегуяд, ки Хушаков ба ягон фиребгару қаллоб монанд нест. Ба мо хеле хуб суҳбат карда пулҳоямонро гирифт, гуфт, ки интихоби дуруст кардед, ки ба ин бонк муштарӣ шудед ва боз дуо ҳам медод, ки худо барака диҳад ба ин кори некатон!! Баъд мефаҳмем ба ҳамаи маблағгузорон дуо медода будаасту боз ба баъзеҳояшон, ки каме зиёдтар маблағ мегузоранд дар утоқи кориаш чой ҳам муроот мекардааст. Вақте бо Хушаков Қурбон Раҳматович суҳбат менамоӣ, ин қадар ба ӯ боварӣ ҳосил менамоӣ, ки рафта боқимонда пулҳоятро ҳам оварда ба дасти ин муллои қаллоб супориданӣ мешавӣ. Як магните ё ҷодуе дорад, ки одамро ба худ мекашад, тавба! Лекин вақте бо Пиров Тоҷиддин рӯ ба рӯ мешавӣ тамоман баръакси ин холат, як марди бадгап, ҳавобаланд, доимо хашмгин, фикр мекунӣ ту аз ӯ қарздорӣ!
“Аҷаб система сохтаанд ин ду профессори пиёзпарвар. Ҳатман психологи хуб ҳам ҳастанд. Худатон фикр кунед, нафаронеро, ки онҳо фиреб кардаанд вазирону раисон, прокуророну судяҳо, аксарият генералҳо, аммо нисбати Пирову Хушаков ягон чора андешида наметавонанд.” Дузди зур соҳиби говро бастааст”.”
Аз як тараф барои мо фаҳмо, ки “сари кафида таги тоқӣ” гуфта хомуш мегарданд, то аз ин дороиҳо Оила ва Пешво хабар наёбанд. Аз тарафи дигар ба онҳо айб аст, ба ҷое муроҷиат кунанд, ки онҳоро як рафиқи худашон, як банкири баобруй фиреб кардааст. Ягона нафар Тиллоев Ҳокимшо, раиси пешини «Тоҷикайр» каме болову поён зад вале ӯ ҳам дид, ки фоида надорад, боз гап то болоҳо рафт, дигар бе вазифа ҳам монд. Тиллоев Ҳокимшо назар ба садҳо имрӯза прокуророну судяҳо одами саводнок ва маданияти баланд дошта аст. Пиров Тоҷиддин бо Қурбон Раҳматович дар шаби хоб чи тавр самолёт харида бизнес карданро надида буданд, ҳамаи ин корҳоро Тиллоев Ҳокимшо ташкил намуда ба онҳо миллионҳо доллар фоида ҳам овард. Лекин бечора ақалан пасандози мондаи худро аз он бонк гирифта натавонист.
Мисолҳо хеле зиёданд оиди Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон. Бовар кунед маблағҳои калонро зиёдтар чиновникҳо гум карданд. Лекин масалан қурби як миллион доллари собиқ раиси Суди Олӣ Нусратулло Абдуллоев баробар аст бо 2000$ доллари Бобоева Хуршеда ном муштарии бонк, ки садҳо маротиба назди роҳбарони «Тоҷиксодиротбонк» рафта асту натиҷае ҳосил нашудааст. Инҷо ҳаминро гуфтанием, ки ба баъзе нафарон миллион гум карданд на он қадар сангину аламовар аст, назар ба нафароне, ки 500 ё 1000$ худро гум кардаасту зиндагӣ дар назараш талх шудааст. Мисли Бобоева Хуршеда. Аз 40-50 ҳазор муштарии фиребхурда, инҷо боз наздики 300 нафар одамон номҳои худро бо миқдори маблағҳояшон навишта аз мо сипосгузорӣ намудаанд, ки ин мавзуъро ба мардум ва ба ҳукумат расонем,то ин ки ягон роҳи руёнидани маблағҳо пайдо шавад. Онҳо рост ҳам мегуянд, ки вақти маблағгузорӣ ба бонк мерафтем, моро ҳатто қаровули бонк ҳам хуб истиқбол мегирифт: “марҳамат апа хуш омадед” мегуфт. Вақте ки гуфтем ба сари маблағҳоямон омадем, ҳамон қаравули дар ҳам ба мо дағалона “дафъ шавен ай пеши банк, раис дига кор надора қати шумо беваҳо лақ- лақ мекунад. Имрӯз рӯзи қабул нестай” гуфта роҳ намедод. Баъзе аз исмҳоро пешкаши шумо менамоем:
1.) Раҳматов Бобомурод, – 3800$
2.) Абдувалиев Иброҳим – 11 500$
3.) Валиев Саидҷон – 7300$
4.) Расулова Гулчеҳра – 14 000$
5.) Ҳафиззода Шодмон – 28 000$
6.) Эмомзода Алишер – 3500$
7.) Юсупова Мадина- 1850$
8.) Саидзода Наргис – 6500$
9.) Ҷалилова Бибигул -5200$
10.) Мирзозода Майрам – 1800$
Ҷамъ наздики 300 нафар. Ин бечорагон маблағи гузоштаи худро бидуни % мехоҳанд бигиранд. Аммо сад афсус, ки онҳо намедонанд ҳукумат ва мақомоти назораткунанда худашон доимо бо Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон дар як сари дастурхон менишинанд. Онҳо хуб мефаҳманд, ки аз дасти мо низ чизе намеояд, лекин доимо муроҷиат мекунанд, ки барои гирифтани маблағҳои мо кумак расонед. Мо, маҷбур ҳастем ба ин мардуми бечора роҳ нишон диҳем, ки биравед назди Давлаталӣ Саидов, ки ӯ чи тавр 20 миллион доллари худро депозит гузошта баъд аз се сол бо фоидаи на кам аз 18-19% солона, ҷамъ 30-31 миллион доллар аз «Тоҷиксодиротбонк» гирифтааст. Ё ин ки Ҷамолиддин Нуралиев, ки 38-40 миллион доллар маблағро депозит монда, дар давоми 4-5 сол зиёда аз 55 миллион доллар бо фоизҳояш гирифтааст. Ана ин одамҳо сардорони Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон Раҳматович мебошанд. Савол ба миён меояд, ки аз куҷо ин қадар маблағҳоро онҳо меёфта бошанд. Пеш аз ҳама ба тамоми мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки пули роҳи Душанбе -Хуҷанд, ки беш аз даҳ сол аст моҳе аз 13-15 миллион доллар зиёд ҷамъ мешавад, то охирон сент ба кисаи Ҷамолиддин Нуралиев меравад, соле то 150 миллион доллар маблағи нақд ҷамъ мешавад, мумкин аст аз фоизҳои ин пулҳо 5-6%- ро барои таъмири роҳ масраф кунанд. Расми ифтитоҳи барномаи пулгирӣ дар ин роҳ 01/2010 сурат гирифта буд. Худатон ҳисоб кунед, ин ягон ҷойи чашмбандӣ надорад.
“Маҳз Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев муваффақ шуданд, ки бузургтарин тендери барои Тоҷикистон -ширкати итолиявии «Salini Impregilo» ба сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ҷалб кунанд. Онҳо дар ин кор Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров барин аждаҳорҳоро як тарафа карда пурра зери дасти худ гирифтанд. Ин тендери сохтумони ГЭС-и Роғунро ба маблағи 3,9 миллиард доллар бурида дар таърихи 01 июли 2016 ду тараф қарордодро имзо намуда корро дар Роғун охирҳои соли 2018 шуруъ намуданд.”
“Хушбахтона” бо ёрии ин ду наздики Пешво, қиммати тендер аз 3,9 миллиард гуё то 6,1 миллиард доллар боло рафтааст, боз фақат Аллох медонад то ба охир расидани ин пружа то 10-12 миллиард доллар шояд боло равад.
Ин ширкатро маҳз ин ду нафар ба Тоҷикистон овардаанд. Ба гуфтаи наздикони Давлатӣ Саидов ҳиссаи ӯ бо Нуралиев Ҷамолиддин дар ин пружа на кам аз 20% «откат»-ро ташкил мекунад. Агар камтар ҳам бошад, сифра-рақами ин маблағ дар компютери мо ҷой намегирад. Мисли ин тендерҳои “шаффоф” хеле зиёданд. Ана акнун фикр кунед, ки ана ҳамин нафарон кафолати пасандозҳои мардум дар бонкҳоро аз тарафи ҳукумат ба уҳда доранд. Оё аз ин одамон пурсиш карда мешавад? Яке домоди пешво, дигаре ба қавли худаш имруз- пагоҳ Пешвои нав мешавад. Давлаталӣ Саидов ба тамоми насиҳату ҷангҷолҳои оила нигоҳ накарда, дар вақти лозима парик дар сар кашида, вохуриҳои худро давом дода маблағҳои худро то охирон сент гирифтаст. Мо албатта ҳар як фурсати муайян ба онхо бо тарики мақолахо хотиррасон карда меистем, то он вақте ки Пешво ба доди мардум бирасад!
“Мо аз як кор каме хурсанд шудем, ки мақолаҳои мо ба Пирову Хушаков каме таъсир карда асту дар охир аз руи ихтисоси худ гуё корро шуруъ карданӣ ҳастанд. Ҳоло дар сари лоиҳаи парник бо ҳидоёт ва роҳнамудоти “пешво”и миллат кор карда истодаанд ва ояндаи худро дар соҳаи сабзавотпарварӣ мебинанд. Албатта коре намонд, ки даст назада бошанд.”
Онҳо солҳои пеш як бизнесплани бисёр воҳиманок сохта аз бонки ‘Россельхозбанк”- Русия якчанд миллион доллар қарзи имтиёзнок (льготный кредит) ҳам гирифта буданд. Ин бонки Русия мувофиқи қарори Ҳукумати Русия программаҳои маблағгузории соҳаҳои кишоварзиро бар уҳда дораду бо қарзҳои имтиёзнок соҳаи кишоварзиро маблағгузорӣ менамояд. Аммо дар шартнома қайд карда шудааст, ки маҳсулоти меваю сабзавотро бояд аз Тоҷикистон ба бозорҳои Русия оварда бо нархҳои муайян кардаи «Роспотребнадзор» ба фурӯш бароранд. Пиров ва Хушаков аллакай то гирифтани маблағ ба тамоми шартҳои бонк розӣ буданд, онҳо пешакӣ хуб медонистанд, ки не меваю сабзавот ба бозорҳои Русия аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» ё муштариҳояш меояду не маблағи гирифта ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мо аниқ хабар дорем, ки “Россельхозбанк”- и Русия то ҳол бо Бонки миллии Тоҷикистон кашокаш дорад. Барои он ки дар тамоми давлатҳои тараққикарда Бонки Миллӣ яке аз зомин ва ҷавобгӯи дигар бонкҳои дар ҷумҳурӣ амал карда истода мебошад. Аз Россельхозбанки Русия ба миқдори 20 миллион доллар карзи «льготный»-боимтиёз бо ваъдаи таъмин намудани бозорҳои Русия бо меваю сабзавот гирифта, ба ваъдаи худ наистоданд. Баъд аз гузаштани муҳлати баргардонии қарзҳо дар давоми панҷ сол роҳбарияти нави Россельхозбанк маҷбур шуд ба Бонки Миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд, чунки даҳҳо маротиба муроҷиати онҳо бе ҷавоб монда буд.
Боз як бонки дигар-“Исламский банк развития” -ро ҳамин тавр фиреб намуда хеле обруи бонкҳоиТоҷикистонро резониданд. Ин бонк як ташкилоти байналхалқии молиявӣ буда, дар асоси қонунҳои исломӣ маблағгузорӣ мекунад ё қарз медиҳад. Хушаков бо як ширкати эронӣ барои сохтумони хонаҳои баландошёнае, ки дар назди сирки Душанбе то ҳозир сохта ба анҷом нарасидааст аз онҳо ба маблағи 12 миллион доллар қарз гирифта бо як роҳҳои фиреб соҳибкорони эрониро қарздор намуда, дар охир аз Тоҷикистон гуреза намуд. Ҳоло бошад дар назди “ИБР- Исламский банк развития” гуё соҳибкорони эронӣ қарздор мебошанду Хушакови бечора ҳамчун ҷабрдида аз ду тараф, ҳам аз бонк ва ҳам аз соҳибкорони эронӣ. Хулоса, дар натиҷа боз ҳамон мардуми сарсахте, ки аз ин биноҳои баландошёна хона хариданду зиёда аз 10 сол интизораш ҳастанд,онҳо зарари асосиро диданд. Ҳар коре, ки Пиров ва Хушаков даст заданд, бо оқибати хуб анҷом наёфтааст, муҳимаш доимо фақат ин ду нафар бегуноҳ ва бешикасту рехт аз вазъият берун мебароянд. Аз ин маълум мегардад, ки ба кори худ хеле ҳушёр, вале лозунгашон, таваккали мардум ба худо!!!
Нисбати он ки чи тавр корхонаи пахтаи Восеъро ба нестӣ бурда ва ширкати “Олими Каримзод”- ро бо ҳилаву найранг соҳиб шудани ин ду профессорро дар барномаҳои баъдӣ ҳатман ҳикоят хоҳем кард. Новобаста аз он ки ин корхонаҳо моликияти сармоягузорони хориҷӣ (аврупоӣ) буданд.
“Корхонаи “Олими Каримзод” ” Олим- текстайлз” ба маблағи зиёда аз 22 миллион евро дар ноҳияи Зафаробод сохта шуд. Дар ҳақиқат як қисм маблағгузории онро ЕБРР (Бонки аврупоии тақдид ва тараққиёт) намуда буд ва дар як марҳилае ба Ҷамшед Каримов ё Ҷамшед Абдулов маблағи гардиши зарур шуд ва аз «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 миллион доллар қарз гирифта буд. Вақте ки Ҷамшед Каримзодро боздошт карданд, Пиров Тоҷиддин бо Хушаков Қурбон фишорҳои сахт ба сараш дар СИЗО-и Душанбе оварда корхонаро дар СИЗО ба фоидаи бонк номнавис карданд.”
Дар нисбати соҳибкори эроние, ки барои “Тоҷикматлубот” ба маблағи 5 миллион доллар яхдон-холодилник барои нигаҳдории маҳсулотсохта дода то ҳозир пули худро нагирифтааст ҳаминро кайд карданӣ ҳастем, ки тахминан 7-8 моҳ пештар боз ба суроғи пулаш ба Тоҷикистон омад, аммо Идиев Ҳусейн аз омадани ин соҳибкори эронӣ бисёр зиқ шуд ва бо баҳонаи зиёд саргардон буданаш бо пешво ва меҳмонҳояш гуфтааст, ки моҳҳои наздик бо шумо вохурда наметавонам. Хушаков Қурбон бошад дар чойхонаи Роҳат 10-15 дақиқа вохурд бо як коса лагмон гуё меҳмондорӣ намуда бо табъи хира гуфт, ки пагоҳ вохурда дар бораи холодильник гап мезанем. Аз ҳама аҷоибии кор дар он аст ки Хушаков Қурбон гуфт, ки холодилник на онқадар фоидаовар будаасту мо зарар дидем. Дар ҳоле, ки чанд сол мешавад, ки пулашро надодаасту гуё зарар дида бошад! Вақте соҳибкори эронӣ ба меҳмонхона омад, саломатиааш бад шуда ба ҳар тараф телефон кард. Лекин касе аз дӯстон ҷавоб надод, маҷбур шуд худаш ба беморхонаи “Сино” равад ва онҷо бистарӣ шуд, бо диагнози “отравления”. Яъне бечораи эрониро хостанд “безарар” гардонанд вале хушбахтона зинда монд. Баъди 2-3 рӯз Хушаков Қурбон гуё хабардор шуда ба беморхона дар даст як арсикола ва ду самбусаи тандурӣ ба аёдати дӯсти деринааш омад ва бародарона насиҳат кард: “баргашта ба Эрон рафта онҷо табобат гирифтан лозим, барои ҳамаамон хуб мешавад”. Аз ин “насиҳати бародарона”-и Хушаков Қурбон Раҳматович соҳибкори эронӣ дар фикр зад ва ба хулосае омад, ки филфавр бояд тарки Тоҷикистон кард. Ба ҳотел баргашта маблағҳои меҳмонхонаро худаш пардохт намуд ва зуд аммо бо дасти холӣ, бо як тарсу ҳарос ҷонашро аз Тоҷикистон дар ҳоли беморӣ берун намуда ба ватани худ баргашт..
Ps: Ҳангоми омода намудани ин “вижа”и панҷум аз ду манбаъи муътамад ба “Ислоҳ” чунин маълумот расид.
Хушаков Қурбон Раҳматович рӯзи 10.07.2022 Тоҷикистонро ба самти Туркия тарк намуда аст. Агарчи ӯ мамнуъулхуруҷ аз кишвар аст вале бо додани маблағи 20, 000 ҳазор доллари амрикоӣ ба кормандони мақомоти марбута тавонист аз кишвар хориҷ гардад. Албатта ҳадафи ин сафар, Туркия набуда балке Лондон будааст. Қурбон Раҳматович дар Бритонё як хона дошта аст ва чун худаш шаҳрванди Русия аст ва ин моликият дар Лондон бо шиносномаи Русӣ сабт шудааст. Аз таҳримоти охири кишварҳои аврупоӣ ва ғарбӣ сахт нигарон будааст ва мехостааст ин хонаро ба номи духтараш Раҳматова Ҷамолбӣ, ки табиби чашм будааст ва донишгоҳро дар ин кишвар хонда будааст ва феълан дар ин кишвар кору фаолият мекардааст. Боз тибқи маълумоти охир Ҷамолбӣ аслан мегуфтааст,ки “ма тамоман намехоҳам ба Тоҷикистон баргардам” Иллаташро дар он медидааст,ки давлати мо як кишвари фасодзада ва диктаторӣ аст. Худоро шукр,ки Ҷамолбӣ Раҳматова вазъиятро хело хуб дарк намуда будааст ва аҳсан ба чунин духтарони бо виҷодону бо ҳуш.
Духтари дигари Хушаков Қурбон Раҳматович ҳам бо номи Соҳиббӣ Раҳматова дар Британияи кабир пойтахти он шаҳри Лондон дар факултаи иқтисодӣ таҳсил мекардааст. Бо маълумоти дигар хархаша бар сари он хонаи Лондон вуҷуд доштааст миёни Соҳиббӣ ва Ҷамолбӣ Раҳматоваҳо. Ин сафари Хушаков Қурбон Раҳматович ҳам барои нуқта гузоштан ба ин масала ҳам метавонад бошад.
Дар як кргуи худашон Пиров Тоҷиддин Табарович бо ҳазл ва шухӣ гуфтааст: “ин бародари мо хело сарфу харҷи зиёде кард, то насабашро аз Хушаков ба Раҳматов иваз кунад. Аммо мутаассифона “Ислоҳ” онро боз ба ҳолати аввалаш баргардонд”
Поёни бахши панҷуми ин вижаматолиби “Ислоҳ” аст. Вижаматолиби мо идома дорад , бовар кунед агар ҳар рӯз як матлаб нашр кунем ҳам имкони онро дорем. Аммо дар чанд рӯз як донагияш барои феълан кофӣ аст…