Номаи боз
Ба Прокурори генералии Тоҷикистон
Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бовар надорам, ки ин ниҳодҳои масъул ба номаи бози мардуми Исфара расидагӣ хоҳанд кард. Вале бо ин вуҷуд ба онҳо муроҷиат кардам, то ҷилави ин ҳама ғоратгарӣ, ғосибӣ, тасарруф, истило, суиистифода аз мақому мансаби давлатӣ, мунтаҳо қонуншикании ошкороро бигиранд ва дастандаркорони ин «иқдом» -и гушношунидро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашанд. Дар воқеъ инҷо ҷинояти сангин аз тарафи масъулин ва мансабдорон содир шуда истодааст.
Кореро, ки бояд вазорати нақлиёт ва ё ҳукумати вилоят ва ё ноҳия анҷом диҳад, бо иҷбору бо зур болои мардум «грузит» карда истодаанд.
Беш 40 километр роҳ дар Исфара ва деҳоти онро бори мардум кардаанд, ки навсозӣ ва асфалтпуш кунанд. Барои иҷрои ин «лоиҳа» чи роҳу василаҳоро ба кор бурда истодаанд, масалан аз аҳолӣ чи миқдор, аз масҷидҳо чи миқдор, аз бизнесменҳо чи миқдор пул ҷамъ карда истодаандро поинтар хоҳем гуфт. Аммо саволи асосӣ ин аст ки ин корро кӣ карда истодааст? Муаллифи ин «идея» кист? Ин «идея» аз мағз ва ё ишками кӣ берун омадааст, ки мардум бояд кори давлатро, уҳдадории давлатро иҷро кунад? Дар доираи кадом қонун? Бар пояи кадом асос ва далел? Чаро раиси вилоят, раиси ноҳия ва раиси ҷамоат аз кисаи мардум бо зурӣ пул мегиранд? Як бор будагист, ду бор будагист, хуб дафъаи мардон то се, се бор будагист. Аммо ин тавр, ки ҳамеша ва пайваста бошад, набояд бошад. Чаро кори давлатро халқ кунад?
Гап дар бораи чӣ меравад? Омадем ба ҳамон «поинтар», ки дар боло гуфтем:
«Чоркуҳи Исфара 27 маҳалла дорад. Ба ҳар як маҳалла 30 ҳазор долларӣ барои роҳ андоз бастаанд. Ин роҳ аз Найман то Октябр ва Хоҷаи Аъло 15-20 километр тул дорад. Ҳудуди 1 миллион доллар ҷамъ мешавад. Уже пулғундориро сар карданд.
Дар оғози эълони маъракаи ҷамъоварии пул барои роҳ маҷлис баргузор шуд. Дар маҷлис гуфтанд, ки маҳаллаҳои калон 30 ҳазор долларӣ ҷамъ мекунанд. Маҳаллаҳои хурд дар ин ҳисоб нестанд. Дар он маҷлис асосан одамони пулдор ҷамъ омада буданд. Фурқат Икромов 15 ҳазор доллар бароварда дод. Дигар пулдорҳо ҳам партофтанд. 100 ҳазор доллар ҷамъ шуд.
Шавкати каратеист масъули ҷамъоварӣ ва ҳифзи маблағ шуд.100ҳазор доллари онрӯзаро Шавкат хонааш мебарад. Бегоҳӣ Лайсиддин Шаропов , раиси ҷамоати Чоркуҳ Абдукабути ҷиянашро равон мекунад ба сари пул ва мегуяд, ки Шавкат пулро бидиҳад. Ин пул пули соҳибкорҳо аз ҷумла аз Фурқат – нафаре, ки 15 ҳазор доллар додаҷамъ шудагӣ.
Фурқати рижий дар Уфа кору зиндагӣ мекунад. Ин маҷлис дар шабурӯзҳои ҷашни Истиқлол ё пештар баргузор шуда буд.
Шавкат мегуяд, ки халқ манро гуфт пулро ҷамъ кун, ман ҷамъ кардам ин пулро, чи хел ба шумо диҳам?Абдукабут мегуяд, ки маро тағоям гуфт, ки раву пулро гирифта биёр. Тағоям гуфт пулро деҳ.
Шавкат пулро надодааст. Абдукабут ба тағояш занг задааст. Лайс гуфтааст, ки пулро деҳ.
«Шумо хизмататонба ҳазор раҳмат, хизмата кардед, мо далше худамон мекунем. Сумоя тед». 100 ҳазор долларро мегирад, баъд дар пеши ҳама хеста мегуяд, ки «ин сум раҳба намераваду, ин сумо ба майдони Парчам ва дигар корҳои хайр ба меравад, шумо барои раҳ аз нав сум ҷамъ кунед. Ба сумҳои додагиатон раҳмат».
Ва, ана ҳамин тавр аввалин 100 ҳазор доллари ҷамъоваришуда барои бозсозӣ ва асфалтпуши роҳ аз тарафи Лайсиддин Шаропов, раиси ҷамоати Чоркуҳ тасарруф карда шудааст. Инҷо Лайсиддин Шаропов ҳам дар роли дузд ва ҳам дар нақши қарақчӣ бозӣ кард.
Акнун биёед як «таҳлилча» кунем:
Дар таърихи сивучандсолаи истиқлоли Тоҷикистон ҳамчунин ҳолату маврид мушоҳида нашудааст. Манзур андоза ва ҳаҷми калон ва хеле ҳам калон (30 ҳазор доллар). Аз ҳақ набигзарем, ки чунин маворид дар бақия манотиқи кишвар мушоҳида шудааст ва ҳоло ҳам мушоҳида мешавад, аммо на ба ин ҳаҷму андозаву масоҳату миқдор, ки болои мардуми мутадаййини Чоркуҳ оварда истодаанд. Аз ин ҷиҳат аксарият дар ин гумонанд, ки ҳамин побанди дин будани онҳо, худотарсу бо имону бо ислом ва муътақид будани онҳо сабаб шудааст, ки мувоҷеҳи ҳамчунин бархурди хашин ва ноодилона бишаванд.
Бор кардани тармим ва мумфаршсозии роҳ болои мардуми Чоркуҳ ва деҳоти ин ҷамоат ва атрофи он аз тарафи мансабдорон як навъе аз ҷазо болои онҳо аст. Чоркуҳиву ворухиву сурхиву найманиву дигару дигар мардуми Исфара, ки хоҳ дар дохиланд, хоҳ дар хориҷа-дар муҳоҷирати корӣ, хоҳ дороанду хоҳ нодор, хоҳ пири бознишастааанду хоҳ талабаи мактаб, хуллас, зану марду кудак ҳамагӣ муваззаф шудаанд, ки як миқдори маблағ барои ин «ободкориву ободонӣ» бипардозанд. Просто бояд онҳо пул бидиҳанд.
Ин навъи андози ҷадид, ки дар даврони амирони манғития ҳам вуҷуд надошт ва дар китобҳо ҳам наомадааст, масалан то кудаки гаҳвора ва кампири барҷомонда, пул бидиҳанд, чи ном дорад: «андоз аз даромад», «андоз аз арзиши иловашуда», «андоз барои ҳифзи иҷтимоӣ» андоз аз чӣ касе намедонад. Инро андоз барои «ободонӣ» мешавад гуфт, ки асосгузори он худи Эмомалӣ Раҳмонов аст ва дар ҳар ҷое, ки барои мисол як иншоотро боз кард, аз «шарикони рушд», «соҳибкорони бонангу номус» ва «халқи заҳматкашу ободгар» ситоиш ва сифат мекунаду мақомот дар маҳалҳоро ҳидоят ва роҳнамоӣ барои боз ҳам ғорат ва истило кардани мардум медиҳад.
Болои 27 маҳаллаи Чоркуҳ 30.000(сӣ ҳазор долларӣ-наздики сесаду сӣ ҳазор сомонӣ) «грузит» кардаанд. Ин пулро бояд сокинони ин маҳаллаҳо ҷамъ биёранд ва барои тармиму мумфаршсозии роҳи давлатӣ бидиҳанд. Охир, э масъулону мансабдорон!! Чаро ин кори сангинро бори души мардум кардаед?
Хуб ҳоло биоем ба сари навиштаи дигари ин мардум:
«Дар ҷамоати Сурх, аз ҷумла деҳаи Сурх, ки 7 маҳалла дорад ва дар деҳаи Найман, ки 3 маҳалла дорад, яъне 10 маҳалла 43 миллион сомонӣ «бор» карда шудааст. Аз руи ҳисобҳои пешакии онҳо барои асфалти роҳи ин маҳаллаҳо ҳамин миқдор пул харҷ мешудааст. Айни замон пули ҷамъоваришуда аз ин маҳалҳо 20 миллион сомонӣ шудааст.
«Роҳ аз тангии Сурх то Чоркуҳ, тақрибан 3 км дарозӣ дорад, аз Сурх то деҳаи Найман тақрибан 1км 700 метр, даруни ҳудуди Найман шояд 400 метр, баъд то Чоркуҳ 700 ё 800 метр, ҳоло ҳамин қадар, шояд дар оянда давом диҳанд.
Ҳоло ин роҳ фақат дохилӣ аст. Агар то Ворух равад, баъд сарҳад мешавад.
Ин роҳ ягона роҳ аст. Бо ин роҳ аз Ворух ,Чоркуҳ ва Сурх ба Исфара мераванд ва аз Исфара ба Хуҷанд.
Дар телеграммаи (Сурх. тҷ)домулло Насруллохон Азизов чанд маротиба навишта кард ва гуфт ин роҳ Волидайн ном дорад, маблағҳои шумо барои сохтмони он садақаи ҷория мешавад».
Албатта, гапи ин домуллои хушомадгуи косалесро мисли худаш 3-4 чоплус ва ҳаромхур дастгирӣ мекунаду тамом. Бинобар маълумоте, ки ба ман расидааст тақрибан 10 нафар соҳибкор аз 200 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ пул додаанд:
«Як мошин асфалт 28 ҳазор сомонӣ. Як Камаз 8 куб мегирад. Мазутро аз Русия меоваранд. Дар Исфара ширкатҳои оилаи Раҳмонов коркард карда мефурӯшанд. Ин роҳ аз марз ҳам мегузарад. Идомаашро ворухиҳо гирифта мераванд, чунки аз даруни Ворух мегузарад. Ворухиҳо ҳам пул ҷамъ карда истодаанд. Аз Хоҷаи аъло далше Ворух мебарад. Сурхиҳо то раҳи Чорқишлоқ мебаранд. Боз далшеша а халқ ҷамъ мекунанд. Чорқишлоқ ин қадар пули бисёр надорад. Камтар медиҳад. Мондагиаша тамоми ҳамин Сурх, Чоркуҳ Ворух пул ҷамъ карда истодааст то Исфарая мебарад. Аз обанбор то Зумрат 18 километр. Далше 6 -7километр мемонад».
Бубинед, ки барои онки ин пулро аз дасти мардум кашида гиранд аз чи роҳҳое истифода кардаанд: Домулло Насрулло, имомхатибро ҷалб кардаанд ва вай ҳам фатвои шаръӣ содир кардааст, ки додани ин пул «садақаи ҷория» ба ҳисоб меравад.
Гуфтем, ки ин мардум, ки мутадаййин аст аз ҳамин диндориашон суиистифода карда истодаанд. Вагарна даҳҳову садҳо чоркуҳиву ворухӣ барои ришу сатр, барои салафиву наҳзатӣ будан феълан ё дар зиндонҳои Раҳмонованд, ё дар гурезагӣ ва ё ҳатто кушта шудаанд.
Шумо дар кадом деҳа, ноҳия ва шаҳри Тоҷикистон дидаеду шунидаед, ки барои тармиму навсозии беш аз 40 километр роҳи давлатӣ мардум сармоягузорӣ кунад? Масалан шунидед, ки роҳ дар Шуғнон, роҳ дар Конибодом ва ё роҳ дар Нуробод ва ё Данғараву Кулоб бо пули мардум навсозӣ ва асфалтпуш карда мешавад. Боз ҳам такрор шавад, мегуем,ки чунин мавридҳо дар манотиқи дигари кишвар ҳам ҳастанд. Аммо барои 2,3 ва ё 5 километр. Аммо сохтмони 40 километр роҳ ва сари ҳар маҳалла наздики 350 ҳазор сомонӣ ва қариб 350 ҳазор сомонӣ грузит карданро барои мисол ман нашунавидам. Фикр мекунед, ки чаро ин корро дар Чоркуҳ карда истодаанд?.
Ҳоло ин хабар ба дасти мо нарасидааст, ки барои кашида гирифтани ин пул суд-иҷрочиҳо даст ба кор шуда бошанд ва ё инки суд ҳукмашро содир карда бошад, ки барои напардохтани андози «ободонӣ» фалон маҳалла, мардум ва раиси маҳалла дар ҳамин ҳаҷми сомонӣ ҷарима карда шуд. Дар ҳақиқат аз ин хабарҳо ҳоло нашнавидем. Аммо моҳият ва маънои ин кор, «грузит» кардани 30 ҳазор доллар барои мумфарш кардани роҳе, ки аз они давлат аст болои мардум навъе муҷозот аст. Дар қонуни кайфарии Тоҷикистон ва на танҳо Тоҷикистон, ҷарима-ситонидани ба иҷбори пул, мусодираи молу мулк, ҳамчун ҷазо татбиқ мешавад ва ҳоло ҳатто қонун иҷоза додааст, ки зарари расонидаат ба давлатро мепардозӣ ва аз ҳукми зиндон, аз нишастан дар маҳбас озод мешаваӣ. Хулоса, ҷарима ин навъи дигари ҷазо аст, кашида гирифтани пул, ба зурӣ ситонидани пул аз тарафи додгоҳ, навъи дигари ҷазо аст.
Бале, судиҷрочиҳо даст ба кор нашудаанд. Аммо хабари тозае, ки ахиран ба дасти Ислоҳ дар робита ба ин масъала расид ин аст, ки боз бар сари ҳар масҷид 100.000 долларӣ грузит кардаанд. 100.000 доллар масҷидҳои ҷумъахонӣ ва панвақта 10.000 долларӣ. Ин факти раднопазир ба ин иддаои мо, ки гуфтем Чоркуҳ ва атрофи онро фақат ва фақат барои боислому боимон-мутадаййин будан ҳамчунин пул гирифта истодаанд.
Ҳоло савол ин аст, ки ин миқдори пул, ки ба зуру иҷбор аз мардуми Чоркуҳу Воруху Сурху Найман ва дигар деҳаҳо гирифта мешавад, чи пул аст ва чаро онро бояд сокинони он бидиҳанд? Ин ҷазо аст? Ҷазо барои чӣ?
Маоши як духтур, як муаллим, як пенсионер, як коргари ҷамоат, чи қадар аст ки пул ҷамъ кунанд, ки 30 ҳазор доллар шавад?.
Хуб, масалан агар харҷи ин роҳ чор миллион бошад, аз мардум кумак бихоҳӣ, масалан 10 ё 20%,ҳамчуноне барои Роғун, барои Сангтуда кардӣ, аммо ҳамаи масорифро болои мардум бор кардан, ин ҷаври азим ба халқи қашшоқ ва камбизоат нест? Бори Дуланро ба Запорожетс монӣ мебарад? Пули налоги роҳ куҷо меравад? Пули налоги ҳамин роҳи Исфара куҷо меравад?
Муҳоҷири бечора хуронад, пушонад, барои мактабу беморхонаву бинои ҳизби халқӣ-демократӣ диҳад, боз роҳ ҳам созад? Пас ҳукумат чи кор мекунад?
Пас, ҳоким барои чӣ даркор:
«Раиси ҷамоати Сурх Сарвар аст. Найман ба ҷамоати Сурх тааллуқ дорад. Сурх як деҳа аст. Шояд12то15 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар Найман ҳудуди 4ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аҳолии Чоркуҳ 3 баробар зиёд, тақрибан 50 ҳазор. Сарвар, раиси ҷамоати Сурх гуфт: «5412 нафар дар Телеграмма аъзо ҳастем. Аз ин шумора ҳадди ақал 4000 нафар 1000 рублӣ ба сохтмони мактаб кумак кунад, маблағи калон ҷамъ мешавад, сохтмони мактаб барои ояндаи фарзандонамон хеле муҳим мебошад».
Бинобар маълумоти дигари расида асфалт аз деҳаи Қарабоғ то Чоркуҳ рехта мешавад. Деҳаи Қарабоғ ба ҷамоати деҳоти Сурх тааллуқ дорад. Аз Қарабоғ то Найман 8 ё 10 км аст, ки мумфарши онро дар гардани сурхиҳо бор кардаанд. Роҳи дохили Найманро як пулдор аз Найман ба гардан гирифт. Чоркуҳ роҳи ҳудуди худро ба гардан гирифт. Касе мошин дорад, касе мошин надорад, маҷбур пул дода истодааст.
Аз ҳама маблағи калон дар гардани Сурх бор карда шудааст. Раиси ҷамоати Сурх Аҳмадов Сарвар аз Найман мебошад. Солҳои пеш Обидҷон, падари Сарвар раиси ҷамоат буд. Фарзандашро ба ҷои худаш овард.
Дар ҷамоати Сурх амаки Аҳмадов Сарвар, ки Ҳасан ном дошт, котиби ҷамоат буд. Вай як моҳ пеш аз олам гузашт.
Ин роҳ дар замони Союз асфалт буд. Баъди Союз як бор мардум ҷойҳои харобу вайроншудаи роҳро асфалт карда буд.
Дар Телеграмм номи ҳамаи кумаккардагонро навиштагианд, вале ман худам телеграмм надорам, ба ман бародарам гуфт, ки Азимов Абдураҳим 200 ҳазор сомонӣ кумак кардааст. Ман гуфтам боз кӣ кумак кардааст? Гуфт бисёр соҳибкоро, аз 10 нафар зиёд кумак кардагиян, Телеграмма (Сурх. тҷ ) чат ном дорад.
Номи роҳ Волидайн, пулро туп карда истоданд, аз онҳо барои ду Камаз, се Камаз -чор Камаз ва ҳтто Дулан. Хато накунам ин роҳ 44 километр. Мобайни Чоркуҳу Ворух сарҳади қирғиз ҳаст. Ман фаҳмидам ки ин роҳро аз Ворух то Исфарая кардан даркор. Инро халқ карсос. Бачаҳои соли иаваллуди 1995, таваллуди 84-91,то 96. Ин бачаҳо уже туп карда додагӣ бо туб кара истодаанд. Аз Чоркуҳ сар шуд. Аз Найман тарафи Сурх меояд. Тарафи Чоркуҳ шудагӣ. Ин саршавии кор. Инҷо сад -дусад миллион пул даркор. Ин ҳоло ҳамту аз бизнесменҳо гирифсос. Оянда дарбадар медарояд. Ин сад фоиз. Ҳозир фақат бойҳо бизнесменҳо».
Чаро дар Данғара аз ҳисоби бюҷети мамлакат чойхонаи Хуррам месозанд,роҳҳояшро мумфарш мекунанд.Чаро IRS барои тармими роҳи Исфра пул намедиҳад
Чаро Ҳасан спиртзаводзаводи нуриҳои кимиёвии Исфараро гирифта аз они худ кардаасту барои таъмири роҳи Исфара пул намедиҳад? Чаро Зоир Зумрадро гирифт пул намедиҳад? Агар пул ҷамъоварӣ барои роҳ кори хубу хайру савоб бошад, садақаи ҷория бошад, чаро инҳо хайру савобу садақаи ҷория намекунанд?
Пули андози роҳи Исфараро кӣ мегирад? Мошинҳо, ронандаҳо пул медиҳанд? Андоз месупоранд? Куҷо меравад?
Дар тамоми дунё масҷид аз пардохти ҳар навъи андоз муоф аст. Аммо дар мо ин тавр нест. Дар мо иншооту корхонаҳои Ҳасану Рустами Тахмина масалан ширкати пулчинаки IRS, корхонаи қаннодии Амирӣ, фермаи Мармарӣ ширкати Фароз озоданд. Масалан як меҳмонхонаро Ҳасан беш аз 15 сол мешавад ба итом намерасонад аммо тули ин ҳама сол озод аст. Масалан Раҳмонов қарзҳои ширкату корхонаҳои Бег Сабурро бахшид. Бубинед қарор карду бахшид. Аммо қарори 30 ҳазор долларӣ ҷамъоварии пул аз Чоркуҳро кӣ содир кардааст?
Чаро аҳолӣ бидиҳад?
Ин як навъи муҷозот аст. Бале, бо Исфара ва бахусус бо Чоркуҳ муносибати дигар доранд.
Додгоҳ ҳукм мекунад, ҷарима мебандад, ҳоло Чоркуҳу Сурхро кӣ штраф, кӣ ҷарима кардааст?
Ку бубинем чизе посух дода метавонанд?