Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» Рудакӣ,Сино ва Панҷ     

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Аз ноҳияи Рӯдакӣ-калонтарин ноҳияи Тоҷикистон

Дар бораи ноҳияи Рӯдакӣ мо на як бору ду бор навиштаем. Инак боз сокинони ин ноҳия рӯ ба «Ислоҳ» оварда ва аз мушкилоти худ навиштаанд.

Ҷинояткориҳое, ки дар ин ноҳия мешавад на андоза дорад на ҳисоб, менависанд муаллифон.

Наимов Қадамшо Парвонаевич, зодаи деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Лоҳур аст. Ҳаёти нав пештар Янги ҳаёт ном дошт. Қадамшо мудири яке аз марказҳи хизматрасонии шуъбаи «Тавҳидбонк» дар ин ноҳия аст. Шуъбае, ки дар шафати бозори Сафина ҷой гирифтааст. Онҳо 6 бародар ва як хоҳар ҳастанд.

 Бародаронаш :

Ҳикмат, Неъмат, Ширин, Маҳмадрасул, Исмат ва Файз мебошанд. Исмат Наимови бародараш аз дунё гузаштааст. Дар ҷамоати Лоҳур дар мизи ҳарбӣ кор мекард. Баъди вафоти ӯ ба ҷояш бародари дигариашон Файз Наимов омад.

“Хулоса як мафияи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ мебошанд. Раиси ноҳия Азизулло Исматзода ва раиси ШВКД, прокуратураи ноҳия ва КДАМи ноҳия хуб медонанду мешиносанд ин оиларо ва дар хидматашон ҳам ҳастанду ҳамкории зич бо ҳам доранд. Ба қавли худашон кришаи инҳо Муҳиддин Асадуллозода писари Ҳасан Асадуллозода аст дигар.” 

Аз тамоми мардуми деҳаҳои ҳамин ҷамоат пул мегирифт бо ин ваъда, ки барои бачаҳояшон военний билет сохта медиҳад. Лекин пулашонро мехурду боз «облава»-ро равон карда ҳамон писаронро ба хизмат мебурд. Ҳатто писароне ки нав синфи 11ро хатм мекарданд ё ҳоло дар синфи 11 ҳастанд пеши падарашон мерафт пул меканд. Як вақт барои фиристодани «облава» ӯро заданд, аммо бас накард. Аз пули ҳаром хурдан як дасташ касал шуд, шах ё қоқ шуда рафт. Оҳи модарони камбағал гирифташ. Вале вай ҳамоно давом медиҳад. Дар пушташ бародараш Қадам Наимов меистад. Вале баъдтар аз кор гирифтанд. Мегуянд,ки ҷиноятҳои бисёр содир кардагӣ аст. Касе,ки ба суроғаш меояд,мегуянд,ки дар Маскав аст.

 “Маҳмадрасул Наимов , бародари дигариашон духтури байтор дар фермаи Мустақим дар ҷамоати Лоҳур аст. Ҳикмат ва Ширин Наимовҳо ба деҳқони машғуланд. АммоНеъмат бошад пеш дар Идораи андоз кор мекард, чанд зан дошт. Ин занҳо ошкор шуданд, гурехт ба Маскав рафт. Чанд вақт дар розиск буд. Бо кумаки додараш Қадам омад боз ба мизи ҳарбии Султонободи ҳамин ноҳия кор даромад. Қадам бо комиссари ноҳия рафиқанд. Инҳо «военний билет»-ро пул мекунанд. Дар бозори Сафина чанд дукон дорад. Ба иҷора додааст. Ду маркази хизматрасонии бонкӣ дорад. Дар бозори Ганҷ ва Ленинград. Коргаронаш ҷиянҳои худаш ҳастанд. Як раиси филиали «Тавҳидбонк» Эркин аст ки аз Қадам метарсад. Ёдатон бошад радиои «Озодӣ» дар бораи Зафар Қурбоналиев, коргари маркази хизматрасонӣ дар филиали «Тавҳидбонк» навишта буд. Ин коргари маркази хизматрасонии бонк дар бозори Корвон буд, ки ҳоло маълум гардид як миллион сомониро дуздидааст.”

Барои ин Эркини раиси филиалро аз кор ронданд. Аммо бо дастгирии Қадам Наимов  боз баргашт ба ҷояш. Дар пушти Қадам Наимов  Ҷамшед корманди прокуратураи ноҳия меистад. Қадамро дар ҳама ҷиноятҳояш дастгирӣ мекунад. Қадам Наимов дар онҷо низ чи коре мекунад. Ҳатто аз ҳама марказҳои хизматрасонии дигар бонкҳо: Эсхата, Ориёнбонк, Амонатбонк «доля» мегиранд. Агар аз Бонки миллӣ тафтиш омаданӣ шаванд Қадам Наимов пешаки инҳоро занг зада огоҳ мекунад, то тайёриашонро бинанд. Қадам Наимов бо ин тафтишгарони Бонки миллӣ ҳам робита дорад. Вай аз сари ҳар як Маркази хизматрасонии бонкӣ пул мегирад. Бо кришааш маслиҳат карда ба одамҳо доллар дода (барои хариду фурӯш) равон мекунад ва марказҳои хизматрасониро «подстава» мекунад. Аммо ин тафтишгарони Бонки миллӣ ягон бор ба марказҳои хизматрасонии худи Қадам Наимов  намераванд. Як вақт ҳамин Ҷамшеди прокурорро ба дигар ҷо «перевод» мекарданд, ки Қадам Наимов  пулро «ҷуқид» дар ҷояш мононданд. Дар ноҳия роҳи дуруст надорем, кучаҳои марказӣ ҳатто барои пиёдаравӣ мушкил шудаанд.

 “Бовар кунед, ки тамоми ҷамоатҳо, раисони маҳалаҳо, домуллоҳои маҳаллаҳо,  кумитаи замин, сардори ГАИ, милиса. Раиси ноҳия ҳамаи  мақомдорони ноҳия Рудакӣ фасодзадаву ҳаромхуру коррупсионеранд. Ягонтои онҳо бе пул коратро буд намекунанд. Таксиҳои ноҳия истгоҳ надоранд. Дар бари роҳ мемонӣ ГАИ номерорҳоро мегирад, штраф мекунад. Хуни мардумро мемаканд, дигар намедонем чикор кунем дар ин ноҳия?.”

Дар МХБ Ленинград як ҷиянаш пулҳои мардумро ғорат карда ба Маскав гурехт,  Қаҳрамон ном дорад. Наимов Қадам дар «Тавҳидбонк» номи пешинааш «Соҳибкорбонк» дар ибтидо корро бо ҳамроҳии Мирзо, ки ҳозир мудири маркази хизматрасонии бонкии (МХБ) Ганҷ мебошад шурӯъ кардааст. Чи хеле гуфтем ҳамаи се маркази хизматрасонии бонкӣ аз Қадам аст.МХБ-и «Сафина», ки худи Қадам Наимов мудир, ҷиянаш-Маҳмадшариф-хазиначӣ Касир ва хусурбачааш-Шаҳбоз оператори он мебошанд. МХБ-иГанҷ дар даруни бозори Ганҷ аст. Дар инҷо ҳамон Қосимов Мирзо, мудир ҷияни Қадам Наимов  ва Шамсулло, писари ҳамсояи Қадам-оператор буд. Ҳозир иваз шуд. Корро бас кард, ба сабаби камии маош. Дар  МХБ Элок, ки дар маркази деҳаи Ленингради ноҳия ҷойгир аст дар ду вазифаи мудир ва оператор писари Неъмати акааш кор мекунад. Хазиначии ин марказ ҳам як ҷиянаш бо номи Қаҳрамон мебошад. Пулҳои мардумро ғорат карда гурехт. Мардуме, ки аз Русия бовар карда пулҳояшонро амонат мемондан то биёян ба ватан бигиранд аммо ӯ ин пулҳоро обу лой карда барои худаш хона сохт. Ҳозир барои кандани ин пулҳо Маскав рафтааст ва яке, яке қарзҳоро баргардонида истодааст. Ҳозир дар ҷояш писари акаи калониаш Ҳикмат кор мекунад-хазиначӣ. Инҳо боз «перевод»-и дастакӣ «циганский почта»  доранд, ки ғайриқонунӣ буда пулро ба Тоҷикистон ва бар акс интиқол медиҳанд. Дар ин кор бо нафаре бо номи Сироҷ ҳамкорӣ доранд. Инҳо ғайр аз пули бонк,боз як нафар аз Ориёнбонк ба сомонӣ то 100 000 медиҳад ва ҳаррӯза пулҳои интиқолшудаи муҳоҷиронро ба курси паст медиҳанд. Ва, рубле, ки нақдина ва бо даст меояд ҷанд рӯз ҷамъ мекунанд ва ҳамин тавр сум кор мекунанд, ҳам барои худашон ва ҳам барои Сироҷ.

Аз дасти Зафари Корвон, ҳамоне, ки пулҳоро дуздида гурехт, инҳо  рафта пулҳои рублро гирифта ба ҳамон одаме, ки 100ҳазор медиҳад,мефурӯшанд. Он одам коргари Ориёнбонк аст. Вай ин пулҳоро барои киҳо ҷамъ мекунад, барои ҳамамон бояд маълум бошад. Доллар ва рублро барои ҳеҷ кас намефурӯшанд, чунки сомонии он одамро пешакӣ гирифтагианд. То пули он одамро буд накунанд, ба касе доллар ва рубл намедиҳанд. Тамоми «движенияашон» дар маркази хизматрасонии Ганҷ мегузарад. Мирзо шайтони пеши пеш аст. Дар болои дурӯғаш меқапӣ ба занаш қасам мехурад. Аз пушти Қадам Наимов ва Ҷамшеди прокурор сахт катагӣ мекунад. Ҳар вақт сари каса шинад,50 дирам 1 як сомонӣ ба мизоҷон кам медиҳад. Як вақт қапиданд. Мегуянд, ки пулро кам додӣ? Мегуяд хато шудаст. Аммо ин корро ҳамеша мекунад. Ман сад дар сад бовар дорам, ки мардуми зиёд аз ин афрод безор шудагианд дар ноҳияаамон. Қадам Наимов худаш ягон донишгоҳ ё ҳатто коллеҷ хондагӣ нест. Ҷиянҳои касираш ҳам ягонтааш маълумоти олӣ надоранд. Мирзо донишгоҳи миллиро тамом кардааст, операторош ҳам хондагианд. Лекин худаш ва ҷиянҳояш фақат мактаби миёна хондаанду тамом. Қадам Наимов  боз барои худнамоӣ дар рузҳои  ид буқа мекушад. Дар поёни бозори Ганҷ пеши ордфурӯшҳо хонаи акааш Неъматро гирифта ҳоҷатхонаи умумие, ки ягон шароит надорад, сохт ва пул мегирад. Як утоқи хонаро барои намозхонии савдогарон ва дигарашро ҷойи стройматериал кардааст. Дар бозори Сафина ҳам ҳамин хел як  ҷойи стройматериалфурӯшӣ дошт. Дар онҷо ҷиянаш писари акои раҳматиаш Исмат бо номи Амир кор мекард. Ӯро қарздор баровард ва гирифт аз дасташ. Ҳатто баъзе хешу табораш ҳам аз ӯ сахт хафа шудагинад. Валлоҳӣ қасам рафта ҳамон филиали «Тавҳидбонк»-ро бинанд ба талаботи бонки яъне на «денежний перевод» на ягон чиз ҷавоб намедиҳад. Фақат 5-6 коргар дораду халос.  Ё ин “Тавҳидбонк” аз писари Ҳасан Асадуллозода Муҳиддин аст ва ҳар коре хоҳад бояд кунад? Охир ин амалҳо ҳамааш ҷинояти ошкоро мебошанду ҳеҷ ниҳоде инҳоро тафтиш намекунад. Чаро ?

Хитоби Ислоҳ!

Ҷаноби Азизулло Исматзода ин қазиро дар мадди аввалин дараҷаи худ қарор медиҳад ва мақомоташро гушзад мекунанд,то пеши ин ҷинояткориҳоро бигиранд. Маълумотҳои ҷонибӣ аз ноҳияи Рудакӣ ва корҳои ғайри қонунии шумо расида истодаанд. Аввал ҳушдор медиҳем ва дидем онҳо тағйир нахурданд мегузарем ба ифшокориҳо! Аз сардори ШВКД ва Прокуратура ва комисариати ҳарбии ноҳия хело шикоятҳо расида истодаанд.Ба раисони пеш аз худат камтар бингару панд бигир вагарна сарнавиштат аз онҳо бадтар хоҳад шуд!

Дар Панҷ чи гап аст?

Мо бачаҳои Панҷ як моҳ пеш  ба шумо дарди диламонро гуфта будем то Раҳмонов огох бошад, ки дар Панҷ чи мегузарад, ростӣ баъди он каме беҳбудӣ шуд.

Мутаасифона Иззатов Тоҷиддин бо лақаби (Тоҷи сиёҳ- бузи амният ), ки тағояш дар Кулоб прокурор шуда кор мекунад, кори ваҳшатноке кард. Ин прокурор ба  милиция, прокуратура, ҳукумати ноҳия  ва амният занг зад мегуяд агар дар  муддати кутоҳ ин одамҳоро наёбед ҳамаатон аз кор озод мешавед. Инҳо мегуянд, ки кофта истодаем аммо резултат нест. Прокурори хонасухта таҳдид мекунад, ки худам Панҷ меоям.  Инҳо аз тарс гуфтаанд,ки не шумо наоед. Мо меёбем.Чанд рӯз пас, бачаҳоеро, ки камтар хулиган буданд ба прокуратураи ноҳия даъват ва бозпурсӣ карданд, натиҷа нашуд.  Лек аз тарси вазифа 4 нафарро ба ҷиноят кашида  аз озодӣ ба мудати 10-15 сол маҳрум карданд. Дар ин кор тағои Тоҷи сиёҳ ва Шарофидин Асомиддинзода даст доранд. Дар ин маврид муфассал хоҳем навишт бо ҳама ҷузиёташ.

Шарофиддин хеле пули зиёд дод то ин нафарҳоро ёбанд. Аммо бе натиҷа буд.  4 одами бегуноҳро зиндонӣ карданд.

« Эй, қотилҳо, онҳоро озод кунед, онҳо гуноҳ надоранд, мо дар озодӣ хастем. То он вақте ин одамхои бегунохро озод накунед мо корҳои ҳароми шуморо менависем ба Муҳаммадиқболи Садриддин.”

(Прокуратураи ноҳяи Панҷ фаҳмид, ки онҳое зиндон кардаед аслан бегоноҳанд. Онҳое ба Ислоҳ менавиштанд ва то имрӯз дар озодиянду навишта истодаанд.)

Давлатшоҳи Раҷабалӣ огоҳ бош! Талабаҳоро пеш накун аз мактаб. Ту худат як бесаводӣ, чаро дигаронро пеш мекунӣ? Бо фиребу найранг онҳоро аскарӣ равон накун, онҳо ҳоло кудак ҳастанд. Чаро додаратро равон намекунӣ? Комиссари ноҳия чаро бачаҳоеро,ки довталабона барои хизмат меоянд ва мехоҳанд дар фалон ҷо адои аскарӣ кунанд онҳоро бурда ба Бохтар мефурӯшӣ? Вақте падару модари ин ҷавонҳо омада ҷойи хидмати писарашонро мепусанд, комиссар худро ба нодонӣ мезанад, даже нигоҳ ҳам намекунад. Аммо вақте писар меояд комиссар ба кабинеташ мебарад ва падару модарро зиёфат медиҳад. Баъде,ки писарро бурду ба част супорид, дигар тамом туро намешиносад.

Хабарҳои дигар аз Панҷ

Он ҷавоне, ки дар бораи шираи ров навор таҳия карда ва аз он дар барномаи марбут ба Панҷ  истифода шуда буд, дар вазъи бад қарор гирифт.

Он ҷавони бечора билет мегирад ба тарафи Русия, аммо кормандони амният даъват мекунанд мегуянд, ки бо мухолифин ҳамкорӣ дорӣ. Мегуяд, ки ҳеҷ кадоми онҳоро намешиносад. Кормандони амният он барномаро гузошта мегуянд, ки ин видеоро ба онҳо ту равон кардаӣ. Ҳарчанд рад мекунад аммо маҷбур мекунанд, ки билетро супорад. Ҳар рӯз истинтоқу пурсиш. Ҳамагӣ ду моҳ пеш бародараш, ки соли тавалудаш 1990 буд, фавтида буд. Онҳо хеле ғамдор буданд. Амниятиҳо бошанд инро ба назар  нагирифта болоӣ, ин қадар ғам боз туҳматро раво  диданд. Падари ин ҷавон, ки зиёда аз 20 сол дар бозор кор мекунаду ҳама ӯро мешиносанд. (номаш Маҳммад- кличкааш-Гург) Шояд шиносе пайдо кард ё пулро вазнин дод, ки кори писарашро ҳал карду ба писараш билет хариду ба Русия равон кард. Тибқи шунидаи мо телефони ҷавон ҳоло ҳам дар дасти амниятиҳо аст.

Нафари дигар- Фазлиддини Аҳлиддин 15 ҳазор сомонӣ дода халос хӯрд. Ин ҳамон бачае аст ки насосро сурат гирифтаву камера карда буд. Вай через шиносҳояш ин маблағро дода халос мешавад. Таҳдидаш мекунанд,ки дар ягон кас нагӯ.

Нафари дуввум Сафарматов Бегалӣ 10 ҳазор сомонӣ медиҳад. Ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки бачаҳяш дар гурӯҳи деҳаи  Коммунизм мардумро барои ҷамъ шудан ва пеши раиси ноҳия рафтан даъват карда будааст.

Нафари сеюм Бобоев Шодӣ аст, ки 10 ҳазор сомониашро мегиранд. Вайро барои навор кардани роҳе, ки сел байни Панҷу Ҷайҳун хароб карда буд, ғам медиҳанд. Бобоев Шодӣ аз деҳаи Сабзихарв ҷамоати Меҳвар

Сайъалӣ Маликов-раиси маҳалларо ду рӯз маҳкам мекунанд. Ҳамчунин нафари дигар- Мамед Мамадқуловро. Телефонҳояшонро мегиранд то ки бифаҳманд ба онҳо ки алоқа мекунад. Абдураҳмон-муллои деҳаро аз саҳар то бегоҳ маҳкам мекунанд. Аз қорӣ Маҳмадсаид 150 ҳазорашро мегиранд. Бо ин туҳмат, ки бародарат дар гурӯҳҳои мухолиф ҳаст ва бо корҳои наркотик машғул аст ва худашро тарс медиҳанд, ки ту дарс медиҳӣ.

Мо, як гурӯҳ таҷрибаомӯзони Донишгоҳи миллӣ ҳамроҳи сардори шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ,номаш Асомиддинзода Шарофиддин, ба мактабҳои ҳамчун комиссия мерафтем. Вай ба директорҳо дуруғ мегуфт,ки инҳо аз вилоят проверка омадаанд. Онҳоро тарсонида мегуфт, ки агар тафтиш кунам хоҳ нохоҳ камбудии зиёдатонро  меёбем: «форадатон ки дар назди камисияҳо шарманда нашавед, аз ҳар як маълиму маълимаҳо аз 50 то 150 сомонӣ ҷамъ карда супоред. Охири рӯз ба мо 50 сомонӣ медоду таъкид мекард, ки ба ягон кас нагуед. Таҷрибаомӯзони ҷамоати Меҳварро ба дигар ҷамоатҳо мебурд, аз дигар ҷамоатҳоро инсӯ меовард, то мардум нашиносандашон. Ба замми ин чанд муаллимаи маъқулаш бударо ба номусашон даст дарозӣ кард. Кабинети вай дарун ба дарун буд. Моро аз дар берун мемонду дар дарун корашро анҷом медод. Як муаллимаашро ёд дорам аз мактаби № 23 буд. Боз як арусаки нав муаллима шудагиро ба ҳар баҳона маҷбур мекарду дигар чизе нафаҳмидем,ки чикор кард бо ӯ.

Хитоби Ислоҳ !

Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён хело бояд бо диққат бошад дар ҳалли ин мушкилоти ноҳия ва бо туҳматҳои сохта сокинони ноҳияро ба зиндон накашад. То имрӯз ҳеҷ манбаъи “Ислоҳ” аз Панҷ на боздошт шудаанд ва на зиндонӣ шудаанд. Чун манобеъи мо дар мақомҳое ҳастанд,ки аслан шумо онҳоро ҳатто шакку шубҳа ҳам намекунед. Ҳамсару фарзандони шумо аз ин режим ва зулме бар ин мардум мекунед хаста ва дилашон ба ин мардум месӯзад. Ба Сардори  ШВКД Шокирзода Баҳром аҳсан ба шумо,ки пас аз нашри матолиб ва барномаҳо хело бо эҳтиёт кор доред. Аммо се маълумоти муҳимми дигар аз шумо ва аз Прокурори ноҳия расидааст. Хуб фаҳмидед,ки чиро дар назар дорем. Агар бо туҳмат зиндонкунии ҷавононро бас накардед, ҳеҷ шакку шубҳа накунед,ки боз ҳам қаҳрамони “Ислоҳ” мешавед.

Ноҳияи Синои Душанбе

Аз Авули пештара. Шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино- 2, кучаи Ободкорон.

Як коргари амният аз мактаб поён дарвозаи сабз дорад. Як нафари дигар, ки худро «начальник охрана»-и Ҳасан Асадуллозода муаррифӣ карда аст, он ҳам гузаронда аст. Аммо як нафари дигарро, ки ғармӣ ҳаст, трубаҳои хонаашро буриданд. Мардум дар як моҳ то 500 сомонӣ пули свет медиҳанд. Одамҳо то 2..3.ҳазор пули свет медиҳанд. Ба ҷои ин қадар масраф отопления созанд намешавад? Вақте мардум мегуянд мо ҳам мехоҳем, ба хонаҳоямон гузаронем, мегуянд аз Рустами Эмомали иҷозат бигиред.

Болои ин як хонабизнес ҳаст бо номи Халифаев Ғуломалӣ Саидович тавалуди 1974, бо амният сару кор дорад. Бачааш Халифаев Манучеҳр  муаллими тарбияи ҷисмонӣ мебошад, ки дар мактаби 97 кор мекунад. Духтарҳоро меқапад, ғам медиҳад. Боз ба падару модарҳо таҳдид мекунад, ки бо амният хубем, доду гирифт дорем. Тағоҳоям дар вазифаҳои баланд кор мекунанд, касе моро коре карда наметавонад: «Мана фалониро бинед шикоят кард чи шуд? Зурашон нарасид ба мо.. Фалонӣ зурӣ кард чи? Дидед зурро шикастам. Манам зур дар инҷо».  Дар вақти ҷангашон ҳамин хел мегуяд. Пагоҳаш он одамро мёбаду бахшиш мепурсад. Аммо  пас аз як ҳафта ё як моҳ ҳатман мефурӯшадашон. Худашро бегуноҳ нишон дода мегардад. Боз сарашро доим хам мегираду салом дода ба масҷид меравад. Вале аз як тараф фурӯхтан мегирад одамҳоро ба амният. Амният кришаваташ мекунад. Ҳамин хел шахсият аст ин Ғуломалӣ Халифаев. Писараш бошад бо духтарҳои мактабхон корҳои ношоиста мекунад. Писаронро бошад мезанад. Волидайни онҳо вақте шикоят мекунанд, ин муаллими Манучеҳр қасам мехурад, ки не туҳмат аст ман инхел накардам. Боз бо падараш якҷоя спектакл мекунанд: «Писарам ҳамин хел кардӣ ё не? Писараш бошад мегуяд не, падар туҳмат мекунанд инҳо. Падараш бошад мегуяд шумо бахилед. Дар таги пои ман мошинро мебинед бахилӣ мекунед.  Мебинед ман корҳоям хуб аст шумо ҳасад мебаред. Ин нафар боз ҳоҷӣ асту намозхону масҷид меравад. Ин одам ба воситаи амнияте, ки хонаи соз кардаашро ба вай фурӯхта аст, ҳамаро ғам медиҳад. Мегуяд ман то президент одам дорам. Боз мегуяд Зарифбек Давлатови домоду Таҳмина Раҳмонова ва падараш Шарифбек Давлатови қудо бо ман наздиканд.  Чунки Шарифбек (қудои Эмомалӣ Раҳмонов) хешамон мешавад. Хонаҳои месохтагиш ба талабот ҷавобгу нест. Бе сифат аст. Лекин рангу бори хушру мекунад. Мегуяд аз як хонаи фурӯхтагиаш 60 000$- 70 000$ мемондааст.

Ғуломалӣ Халифаев  аз баъзе одамҳо замин барои сохтмон ҳам  мехарад.

Бо соҳибони замин савдо мекунад, қавл медиҳаду даст медиҳаду мегуяд 60 % пулашро медиҳам. Ваъда медиҳад, ки боқимондаашро пас аз 4 моҳ медиҳад. Дар ин муддат сохтмон мекунад нафарони заминфӯрухта дар ин байн  пулро барои ҳочаташон истифода мебаранд. Пас аз 4 моҳ мегуяд,ки  Шумо маро фиреб додед. Заминҳо арзон будаанду шумо маро қимат додед. Боқимондаи 40%ро 20 медиҳам ё шумо пули додаамро бо расходи дар замин кардаам пас гардонед. Мардум, ки замини наздиҳавлигиашонро аз рӯйи  зуромад фурӯхтаанд, дигар илоч надоранд. Розӣ мешаванд. Чунки ҳама аз як маҳалла мебошанд. Медонанд, ки вай бо амният ва бо суду ариза бозӣ машғул аст. Мардум безоранд аз милисаву суду амнияту прокурор.

Медонанд, ки адолат нест. Зулм кардан барои ин тоифа кори одӣ шуда аст. Кадом тарафе пул дошта бошад кораш буд мешавад. Ин нафар рӯй рост мегуяд, ки ба ҳеҷ куҷо наравед, арз накунед, ки фоидаатон надорад. Чунки зуратон ба ман намерасад. Ман ҳамаро харидагиам. Чандин зурҳоро шикастам.

  Наказатро бубинеду хулоса бароред!

“Як нафар як бор як шапалоқаш зада. Як -ду ҳакорати дигар аз зану духтараш кард. Онро ба воситаи хусурбачаҳояшу боҷаҳоя бисёр ғам дода пулҳояашро гирифтанд. Маҷбураш карданд, ки рав  бахшиш пурс. Ва ин одам бахшишпурсӣ меравад. Ин Ғуломалӣ Халифаев  ноҷавонмард  бо як бору ду бор рафтан аз хонааш намебарояд ва мегуяд дар пушти дарам рост биистад, зораам кунад, баъд мебуроям, то ки мардум бинанд, ки инро издиватса карда истодаам.  Мегуяд. Ин одам ба коргарҳои  ВКД ба сараш омадаро мегуяд меравам намебурояд. чи кор кунем. Мегуянд боз рав. Боз рав. Дар пушти дараш интизор шав. Кайе, ки  хоҳад мебарояд, ту бахшиш пурс ва зора кун илтиҷо кун, то туро бубахшад. Ин Ғуломалӣ Халифаев боз худро як намуд хоксор нишон медиҳад,ки бовари кас намеояд.”

Барои дар чашми одамҳо хок задан бачаашро як опели караван гирифта додааст, ки дар  таксии 1 сомона кор кунад. Аз гардиши 104 то канечкаи автобуси 37. Аммо ин доим кораш ба занҳои бева ва ё шавҳарҳояшон дар муҳоҷирати мехнати буда аст. Дар мактаб, соати кориашро кам мекунанд. Ба падараш хабар медиҳад. Ин падари золимаш  бошад ба мактаб рафта аз номи амният гап мезанад. Дар маҳалла ва дар мактаб ва дар маъракаҳо худашонро одами хуб нишон медиҳанд. Пеши мардум хизмат мекунанд, табақҳои ошро мегузоранд, то буз буданашонро бовар накунанд, бузиашон ифшо нашавад ва ё шунида бошанд ҳам бовар накунанд. Аммо ҳама онҳоро ба хубӣ шинохтаанд.

Хитоби Ислоҳ!

Ҷаноби Салимзода Нусратулло Файзулло хело ноҳияи Синоро мисли вазорати Тандурустӣ дуздидеду сохтед барои худатон ва наздиконатон. Камтар номус виҷдонатонро бедор кунед бас будагист. Схема ва шакли ғоратгарии шумо ва иншоотҳои сохта ва тиҷоратҳоятон ба “Ислоҳ” расидаанду бовар кунед ҳам шарм мекунем аз нашри онҳо ва ҳам пеши виҷдон азоб мекашем,ки дар муқобили ин амалҳои ҷинояткоронаи шумо хомӯшӣ гуноҳи азим аст. Ин аввалин ҳушдори “Ислоҳ” ба шумо ҷаноби доктор. Пас аз ин дигар бе ҳушдор қаҳрамони “Ислоҳ” хоҳед шуд!

Поёни бахши аввал, идома дорад….

Ps: Тасмим гирифтем номаҳои кутоҳ ва маълумотҳои кутоҳ аз ноҳияҳоро ба ҳамин шакл тақдим мекунем. Боз ин шаклашро бубинем, чӣ тағйроте ба ҷуд меорад дар ин ҳукумати коррупсионии “пешво”. Агар маълумоти бештар омад ба шакли пурра аз ҳар ноҳия тақдим менамоем. Аммо маълумотҳои кутоҳро ба ин шакл тақдим менамоем.

Share This Article