Қотили Меҳроншо Ҷумъаев, афсари калони милиса, нозири минтақавӣ дар ноҳияи Панҷ ҳамагӣ барои се сол ҳабси сукунатӣ муҷозот шуд. Додгоҳи ноҳияи Панҷ Насим Амирзодаро, ки ҳамкори худи Меҳроншоҳ мебошад барои бо ду зарби тири Калашников куштани Меҳроншоҳ чунин ҳукм дод. Ҳукме, ки на танҳо хешовандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, балки тамоми мардуми Тоҷикистонро дар ҳолати шок қарор додааст.
Ҳодисаи куштори афсари калони милиса чи гуна руй дод?
Меҳроншоҳ Ҷумъаев 7 феврали соли ҷорӣ дар дохили бинои шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Панҷ бо зарби ду гулулӯла кушта гардид. Бар асоси маълумоти расмӣ вай ҳангоми таҳвили силоҳ «дар оружейник»-и милисахона, баъд аз анҷоми фурсати навбатдорӣ дар натиҷаи берун омдани тир аз Калашникови Насим Амирзодаи ҳамкораш, ки он шаб ҳамроҳ навбатдор будаанд, ба ҳалокат расидааст. Марҳум Меҳроншо 25 сол дошт ва соли 1996 дар деҳаи Мадовари ноҳияи Панҷакент ба дунё омада буд. Баъд аз хатми Академияи ВКД-и Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун корро шуруъ кард. Вай дар инҷо фаъолияти хуб нишон медиҳад ва баъди 7 моҳ ӯро бо рутбаи лейтенанти калон аз Ҷайҳун ба Панҷ интиқол доданд.
“Бар тибқи ахбори нашркардаи умури дохилаи Панҷ ва вазорати дохилӣ Меҳроншо бар асари як тасодуф аз тири ҳамкораш кушта мешавад. Ҳодиса соати 4-и саҳар рух додааст. Ҳамчуноне маълум шуд додгоҳ низ бар тасодуфӣ будани ин ҳодиса бовар карда ва як чунин ҳукми сабук содир кардааст: Се сол дар колоннияи сукунат. Яъне қотил озод аст ва ҳар аз гоҳе меравад ва дар зиндони сукунат қайд ва сабт мешавад. Аммо садҳо бегуноҳон барои як лайк ба 10 солу 15 сол маҳкум ба зиндонанд. Адолат куҷо аст? “
Аммо бастагони Меҳроншо Ҷумъаев ба инки вай тасодуфан кушта шудааст, бовар надоранд. Хешовандони Меҳроншо ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки дар аввал мақомоти милисаи Панҷ танҳо аз паронидани як тир хабар дода буданд. Вақте онҳо ҷасадро ба зогоҳ оварда шуста кафан мекунанд, мебинанд, ки дар ҷасади ӯ изи тир ҷой дорад ва ҳар ду тир ҳам аз қафо парронида шуда ва аз пеши сина ва миён берун омадааст. Ба гуфтаи бастагони Меҳроншо ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аммо шубҳа ва нобоварии наздикони Меҳроншоҳро ин чиз ҳам тақвият ва тасдиқ кардааст, ки камераҳои назоратии милисахона ва «қурхона» «оружейник»-и он маҳз дар сооти вуқӯи ин ҳодиса хароб шуда будааст.
“Ин гумонҳо вуҷуд дорад, ки дар ин ҳодиса Полковник Шамсулло Маҳмудзода, сардори милсаи ноҳия Панҷ даст дорад. Аминзода Насим дар шӯъба мисли саги вафодори ӯ будааст. Гуфта мешавад Меҳроншо ҳадафи тир қарор мегирад вале то ҷонаш баромадан ба бемористон интиқол дода намешавад. Барои онки ин куштор ва тасодуфӣ набуд.”
Дар асл ҳодиса соати 2-и шаб руй медиҳад. Аммо ба бастагони Меҳроншо соати 8-и рӯз хабар медиҳанд. Ба волидонаш мегуянд, ки аз беэҳтиётӣ ин ҳодисаи фоҷиавӣ руй додааст. Волидон ҷасади Меҳроншоҳро аз «морг»-и Панҷ мегиранд, ки тамоми баданаш чоку аъзои дохилии он гирифта шудааст. Аз Панҷакент то Панҷ ин роҳи зиёдеро тай карда меоянд, ки ҷасади порашуда вале дар кафандӯхтаро барояшон медиҳанд. Ҳамин тавр ба онҳо мефаҳмонанд, ки аз беэҳтиётӣ тири автоматаш худашро кушт. Аммо, онгуна ки гуфта шуд дар Мадовари Панҷакент вақте ӯро дубора шуста кафан мекунанд, изи ду тир яке аз ноҳияи гардану китф ва дигари аз камар ошкор мешавад.
Баъди ин волидони Меҳроншоҳ арзу дод ва даъво мекунанд ва иллати асосии кушторро ҷӯё мешаванд. Мақомот ночор мешавад бигӯяд, ки ҳодиса ҳамин тавр шуд, аз тири ҳамкораш вале тасодуфан ба ҳалокат расид. Аммо бастагони Меҳроншои марҳум мепурсанд, ки чи гуна мешавад, ки аз Калашников ду тир тасодуф берун шавад ва он ҳам аз қафо? Хабаргузориҳо аз қавли Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигори тоҷик ва амаки Меҳроншоҳ Ҷумъаев навиштанд:
«дар додгоҳ далеле пешниҳод нашуд, то тасодуфӣ будани ҳодисаро исбот кунад. Сухан дар бораи ду тир меравад ва имкони тасодуфан парронданаш шубҳаовар аст. Шоҳидонеро ба додгоҳ оварданд, ки ҳолатро надидаанд ва танҳо садои тирро шунидаанд. Камераҳои назоратӣ он рӯз кор намекардаанд. Ташхисҳои баллистикӣ ва физикӣ-техникӣ, ки ҳолати паррониданро муайян мекунанд, ҳама гуна тасодуфро рад карданд”, гуфтааст Холиҷназар Ҷумъаев.
Ҳанӯз вақте ки ин ҳодса дар додситонии ноҳияи Панҷ дар дасти тафтишот қарор дошт Холиқназар Ҷумъаев дар сафҳаи фейсбукии худ аз муносибати тафтишот ба қаазия изҳори норозигӣ карда буд. Вай навишта буд:
“Вале баъзе коршиносон баъди дидани ҳарду сӯрохӣ (ҷои даромад ва баромади тир) шарҳ доданд, ки ҳодиса баръакс рух дода, тир аз китф даромада аз миён баромадааст. Зеро сӯрохии боло ниҳоят хурд буда, ба андозаи як тангаи даҳдирама низ нест, вале сӯрохии миён хеле васеъ буда, мисле, ки маҳз аз ҳамонҷо пӯстро канда баромада бошад”.
Холиқназар Ҷумъаев, чуноне мо ҳам гуфтем, шиллики ду тирро амалаи тасодуфӣ напиндошта навишта буд:
“Сардори ШКД дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошта, ки “тири яроқ ҳамчун далели шайъӣ аз бадани марҳум гирифта шудааст. Вале ҷасад нишон медиҳад, ки тир худ даромада, худ баромадааст. Агар ин тир аз бадани марҳум гирифта шуда бошад, паси тири ба берун баромада куҷо шуд? Агар воқеан ду тир парронида шуда бошад, пас оё ин метавонад тасодуфӣ бошад? Ба назари ман не”.
Дар ҳар сурат то кунун иллати асосии куштори ин афсари ҷавони милисаи тоҷик маълум нашудааст.
“Ноҳияи Панҷ як ноҳияи марзӣ бо Афғонистон ва яке аз масирҳои қочоқи маводди мухаддир аст. Ин фарзияҳо ҳам вуҷуд дорад, ки Меҳроншо худ нофаҳмида ва ё нодониста ба яке аз амалиётҳои қочоқи маводди мухаддир, ки сардори милисаи ноҳия ба он шарик аст мухолифат кардааст. Ва Насим Амирзода бо дастури сардори милиса ӯро аз байн бурдааст. Дар сурати ғайр имкон надорад, ки як милиса милисаи дигарро бо ду тири автомат бикушад ,вале онро тасодуфӣ биҳисобанд. Барои як говдузд сол медиҳанд, барои як телефондузд сол медиҳанд аммо барои милиса,ки милисаи дигарро бо тири автомат куштааст ҳукуми зиндони сукунат медиҳанд. Кӣ бовар мекунад, ки тасодуфӣ буд ва иллати дигаре набуд инҷо. Нимкосаи таги коса бармало аст.”
Ин сарусадоҳо ҳам дар Панҷ дар гардиш будааст, ки Насим Амирзода ба Меҳроншо тир назадааст. Тирро нафари дигар задагӣ аст. Аммо Насим Амирзодаро,ки он шаб навбатдор буд, маҷбур мекунанд,ки ба гардан гирад. Бо ин ваъда, ки дар оянда ҳатман дубора ба кор мегирем, чунки вай ҳанӯз дар мактаби милиса ғоибона таҳсил мекардааст. Гуфта мешавад дар асл қотили Меҳроншо Ҷумъаев худи сардори милиса аст. Сардори милисаи ноҳияи Панҷ Полковник Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло мебошад. Корномаи Шамсулло Маҳмудзода ба ҳангоми сардориаш дар милисаи Исфара ва Истаравшан ба ҳама маълум аст. Вай дар инҷоҳо бемалол наркотик мефурӯхт. Ҳамин Шамсулло буд, ки дар ин ду ноҳия шабакаи баригаи милисаҳоро ташкил карда буд, ки бевосита аз худи ӯ «бор» мегирифтанд ва «реализават» мекарданд. Агар диққат дода бошед ӯ сардори ШВКД-ҳои ноҳияҳои сердаромад кор кардааст.
Полковник Шамсулло Маҳмудзода, сарҳанги умури дохила 56 сол дорад ва бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев аст.Дар авохири соли 2019 аз тарафи “Пешво” Сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ таъин шуд. Ноҳияи хело муҳим ва ҳамсарҳад бо Афғонистон,ки бояд шахси хело содиқ ба ин мақом таъин гардад.
“Мутмаинан, агар дар ин фоҷиаи мудҳиши одамкушӣ ӯ даст намедошт, на додситон ва на додгоҳ ин воқеаро дар доираи қисми 2-и моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) тафтиш ва муҳокима намекарданд. Ҳатмани ҳатман ҳодиса бар асоси моддаи куштор бо истифода аз силоҳи оташфишон тафтиш ва муҳокима мешуд,ки муҷозоти он на колоннияи сукунат, балки чандин сол ва зиндони «строгий» мебуд.”
Ps: Мо то дирӯз мунтазир будем ин масала аз рӯй адолат ҳаллу фасл мегардад ва қотил ба сазои аъмолаш мерасад. Аммо дирӯз 10.06.2021 суди вилояти Хатлон ҳам ҳукми суди ноҳияи Панҷро бе тағйир боқӣ гузошт. Мо ин беадолатиро дидему дар ҳолати шок қарор гирифтем.Наход,то ин ҳад ин масаларо нодида бигиред?
“Суди вилояти Хатлон рӯзи 10.06.2021 қарори додгоҳи ноҳияи Панҷи ин вилоят дар робита ба даъвои наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев,нозири минтақаии ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ин ноҳияро рад ва ҳукми ин додгоҳро бидуни тағйирот боқӣ гузоштааст. Ҳамин тавр омили куштори лейтенанти калони милиса Меҳроншо Ҷумъаев, Абдукарим Насимзода, ҳамкори худи мақтул танҳо барои се соли колоннияи сукунат муҷозот шудааст.Наздикони Меҳроншоҳ ба хабаргузориҳо гуфтаанд ҳамакнун даъвои худро ба зинаҳои болоии додгоҳӣ хоҳанд бурд.”
“Ислоҳ” ҳам дар ин қазия ҳар маълумоти ҷадидеро, дастрас намуд онро тақдими хонандагон ва бинандагони худ менамояд. Агар шумо ҳам шоҳиди ин ҳодиса ҳастед ,пас ба ислоҳ нависед. Мо хоҳони ҳаллуфасли ин қазия аз рӯйи инсоф ва адлу додгустарӣ ҳастем.