Дар ҳақиқат шӯрашро дароварданд. Ҳеҷ шарму ҳаёе, ҳеҷ раҳму шафқате, ҳеҷ нангу номусе надоранд. Гӯиё инҳо дар як олами тамоман ҷудо аз ин мардум ва аз ин миллат зиндагӣ доранд. Тоҷикистон дар жарфои амиқи торикӣ ва сардӣ фурӯ рафтааст, аммо инҳо аз таъсису қабули донишомӯзон ба «Мактабдории давлатии Эмомалӣ Раҳмон» мегӯянд!
Ҳарду рӯи муаллифи идея ва фикри ташкили ин «Мактаби давлатдорӣ» сияҳ бод, ки дар чунин вазъияти «туф куну ях кун», дар чунин ҳолати ҷонбарлабрасӣ аз мактаби Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд.
Хуб, чи давлатдорие?! Чиро меомӯзонед? То ба кай мардумфиребӣ, хокзанӣ, чашмбандӣ, маддоҳӣ, тамаллуқ, лесолес, каззобиву дурӯғро идома медиҳед?
“Соли 1992 савори тонку тӯпи Русияву Узбакистон савор ва Калашникови русӣ сари дӯш ва аз болои хуни ҳазорҳо ҳазор тоҷик гузашта вориди Душанбе шуд. Як раиси гумному номаълуме, ки ваъда супорид, то он рӯзе, ки дар қудрат меистад, муқобили дини ин миллат ва истиқлолу озодии он сари по хоҳад буд ва ҳарчи шумоҳо гӯед (Русия ва Узбакистон)-бечунучаро иҷро мекунад, сӣ сол аст,ки миллатро ба бозӣ гирифтааст, ҳоло шудааст«мактабдор». Ин мактаби вай бояд омӯхта тадрис ва таълим дода бишавад.”
Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд тандиси модари Эмомалӣ Раҳмоновро гузоштанд. Ва ном гузоштанд «Дуои модар». Қофлонбой ин подлизро аз раиси собиқи Сангвор ва ҳозираи Панҷ Зарифхоҷа Шоҳиён омӯхта аст. Зарифхоҷа Шоҳиён бо ҳадяи акси модари Раҳмонов ба ӯ пас аз чанд рӯз ҷой равғанӣ Панҷ рафт. Раҷаббой Аҳмадзода болотар аз раиси вилояти Суғдро нишон гирифтааст бо ин тамаллуқкорияш.
Ҳоло акнун боз ҳам дар Хуҷанд «мактаби давлатдорӣ»-и Эмомалӣ Раҳмонов ташкил медиҳанд.
Ниҳояти кунлесӣ, ниҳояти моямолӣ, ниҳояти пуштдутокунӣ ҳамин аст дигар!
“Шумо танҳо аз муносибати Эмомалӣ Раҳмонов ба Қонуни Асосии кишвар биандешед. Магар ин санади муътабар ва муқаддасро тайи ин ҳама солҳо ба як памперс, ба як уребча, ба як аспак, ба як тампони тампакс табдил надод, ки ҳар гоҳе «моҳона»-аш фаро расид, ивазаш кард? Ба ҳадде халқу миллат ва давлатро фиреб доду гӯл зад ва суистифода кард, ки худро модомулумр сохту бачаашро овардааст, ки дар ҷойи худаш ворис бисозад.”
Шумо, вақте дар «мактаби давлатдорӣ»-сабақ медиҳеду аз корномаҳои «Ҷаноби олӣ» ва «Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат» мегӯед, ҳамин нуктаро ҳам барои донишҷӯёни ин мактаб дарс медиҳед? Дарс медиҳед, ки чи тавр Раҳмонов Эмомалӣ, тӯли ин ҳама солҳо худро дар қудрат ҳифз кард. Ва Шумо дарс медиҳед, ки чаро Эмомалӣ Раҳмонов, танҳо роҳбаре аст, ки тайи 30 сол аз қудрат намеравад?
Аз корномаи дигари вай, ки тамоми аркони қудратро ба дасти ҳамдеҳагону наздикони худаш додааст ва тамоми арсаҳои хоҷагии халқ дар идора ва зери назорати домодҳои расмиву ғайрирасмиаш аст?
Шояд устодони ин «мактаби давлатдорӣ» аз ин ҳам бигӯянд, чаро ин мактабдор ҳеҷ наметавонад маҷрои муҳоҷирати халқи тоҷик ба берунро бигирад ва ҳоло 2увуним то 3 миллион аз атбои ин кишвар дар Русия муздурӣ мекунанд.
“Аз кадом давлату давлатдорӣ гап мезанед? Аз ҳамон давлатдорӣ, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо домодҳои дузду ғоратгараш аз Зоир Соҳибов бигир то Рамз Зуҳуров миллиардер шудаанд? Шамсулло Соҳибов, Зарифбек Давлатов –домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов дар кадом абзатсу дар кадом лексияи устодони ин мактаби давлатдорӣ гуфта мешаванд. Ҷамолиддин Нуралиев Ашраф Гулов чӣ?”
Ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти хонаводаӣ табдил шудаастро ба донишомӯзон чи гуна сабақ медиҳанд. Масалан мегӯянд, ки фардо агар яке аз шумо ҳам ба дастони хоҷаҳои хориҷӣ қудратро гирифтед, айни роҳи паймудаи Эмомалӣ Раҳмоновро бигзаред, чун он хеле роҳи дуруст аст ва писару духтаратонро овареду дар қудрат ва дар ҳукумат саҳим кунед. Рустаму Озодаро дар назар дорам.
Ҳамин аст мактабдорӣ?
“Тамоми конҳои маъодини кишвар:- тиллову нуқраву мису ва ғайраро ба Хитой фурӯхт. Акнун Хитой на танҳо замини моро гирифт, балки болои сари мо, дар баландтарин нуқтаи ватани мо пойгоҳи ҳарбӣ месозад ва сарбозу афсаронашро овардааст. Ва, аз Боми ҷаҳони мо моро идора мекунанд, ки мабодо «исломӣ» ё миллӣ нашавем.”
Магар ҳамин аст мактабдорӣ? Истиқлоли давлат ҳамин аст? Ҳамин гуна мактаби давлатдорӣ бояд омӯхта бишавад?
На масҷид монду на муллову на минбаре, на нашрия монду на маҷаллае, на ҳизбе монду на озодии сиёсиву мазҳабиву на озодии баёне? Ҳазорон ҳазор дар зиндонҳо бегуноҳанд, ҳазорон ҳазори дигар аз ҷабру зулму ин «мактабдори давлатӣ» дар кишварҳои бегона азоби ғарибӣ чашида истодаем! Ҳамин аст мактаби давлатдорӣ?
Дар зимн, онҳое сабақомӯзи ин мактаб мешаванд, ки дар ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд. Гуфта мешавад, ки имсол 55 нафар дохил шудааст.
Шоядам яке аз ин нафарон ҷуръат кунад ва бипурсад, ки айни чунин «мактаби давлатдорӣ» дар дигар кишварҳо ҳам ҳаст? Масалан дар Омрико мактаби давлатдории кадоме аз руасои ҷамоҳри он ташкил шудааст? Ва,ё дар кишваре дигар?
Шоядам яке аз ин донишҷӯён бипурсад чаро Эмомалӣ Раҳмонов мисли дигар президентҳо иваз намешавад?
Пас, устодону муаллимони ин Академия чи ҷавоб медода бошанд? Ин магистрантон дар ин магистратура чӣ меомухта бошанд: фақат дурӯғ, фақат таҳриф, фақат воҳимаи хушку холӣ. Шояд афсонаи бесветиро меомузанд?
Воқеият ин аст ки «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» чизе ба ҷуз аз як барномаи дигар барои хориқулодда ва фавқулбашар ҷилва додани як Диктатори нолоиқ, носазовар ,нокоромад, ношоиста ва корношояме беш нест.
“Дастгоҳи иделогии ҳокимони худкома тамоми талошашон бар ин аст ки Диктаторро як муъҷизакор ва ивазнашаванда тасвир бисозанд.”
«Ҷаноби олӣ», «Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллӣ» «сарвари тоҷикони дунё» ва ҳамин гуна ановину рутбаҳои номувофиқ ва номуносиби часпонида ба Эмомалӣ Раҳмонов, ҳосили кори ҳамин дастгоҳи идеологист. Дастгоҳи идеологие, ки ҳаёту зиндагиашро, нони болои дастурхонашро мадюни вуҷуди ҳамин Диктатор медонад.
Вақти пардабардорӣ аз болои ҳайкали модараш Эмомалӣ Раҳмонов гӯё гирист ва бархе аз расонаҳо ҳам обуадо шуда аз шоридани ашкҳои вай гуфтанд. Аммо нагуфтанд,ки раиси фурудгоҳи Хуҷанд, дважди қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст: ҳам бо Нуриддини акаи Эмомалӣ ва ҳам бо Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов. Ва, замоне шофери Ёрмаҳмад Гулов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон, хусури пешини Таҳмина ҳам буд ва Майрамхола, ки акнун ҳайкалашро дар фурудгоҳ маҳалли кори ин ронандаи собиқ гузоштанд, ӯро «бачахон» гирифта буд.
“Тамоми ҳадафи ин ҳайкалгузорӣ ин як худширинкунӣ ва як хушомадгӯие аз ҳисоби пули давлат беш набуд.”
Бале, бояд хуҷандиҳои бостонӣ як қамчин гузаронанд. Ҳайкали «ача»-и Раҳмоновро гузоштанд ва ҳоло «мактаби давлатдориаш»-ро ҳам ба кор андохтанд.
Ин корҳо намешуду намебуд агар Раҳмонов тӯли сӣ сол дар сари қудрат намеистод. Нафареро, ки 30 сол меистад ӯро ба ҳамин гуна корҳоҳои аҷиб ғариб аблаҳу аҳмақ карда ва дар сояи давлати ӯ ба дуздиву ғорати мардум машғул мешаванд. Дуздиву ғорате, ки сабақи асосии ин «мактаби давлатдорӣ»-и мебошад.
Ё Раҷаббой Аҳмадзода пас аз ҷашни сӣ солагии истиқлолият хост ба “Пешво”яш дар 29 умин солгарди сесияи 16 уми тақдирсӯз як ҳадяе кунад ва ба “Пешво”яш садоқати худро нишон бидиҳад,ки ман то пой марг бо шумоям. Лутфкунед ба ман мансаби болотаре диҳед, то боз бештар мақъади ношустаи шуморо лесам.
“Аммо ман бо тамоми сароҳат мегӯям хоссатан мардуми шарифи Суғд аз ин “Лаънаткардаи Аллоҳ” безоранд. Гузоштани тандиси 13 метрии модари ин ҳаромзода ва боз “интихоб” шуданаш дар қасри Арбоби Хуҷанд, инчунин таъсиси «мактаби давлатдорӣ» як тавҳини бузург бар ин мардуми шариф аст. Наберагони Рудакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Лоиқ Шералӣ ва ҳазорҳо бузургони ин сарзамин аз шумо безоранд. Дақиқан бо ин ду тавҳине охир анҷомдода бар ин мардум аз тарафи Қофлонбой, ин мардум рӯзе аз ӯ хоҳанд пурсид.”
Дар охир, рӯзи сарқонуни таҷовузшударо бар шумо таъзия баён мекунам ва ошкоро мегӯям, ки кафил ва ҳомии он натавонист онро ҳифз ва ҳимоят кунад. Натавонист онро аз худаш ва хоҳишоти бесару нуки оилааш ҳифз намояд. Ҳатман ин тоғӣ бо ин амалҳои зидди конститутсионияш ҷавоб хоҳад гуфт. Интизори он рӯзи бузург хоҳем буд.