Барканории сардор (он)-и шуъбаҳои милиса дар ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон як руйдоди беназир ва бесобиқа аст. Зоҳиран вазъ ба ҳадде вахим ва ногувор будааст, ки Президент маҷбур шуд, мустақим дахолат кунад ва онҳоро аз кор биронад, он ҳам бо алфози дурушту бо мазаммату сарзанишҳову бо ҳамҳамаву бо валвала.
Аввалин пурсише, ки пеш меояд ин аст ки вазири дохилӣ -генерал Рамазон Раҳимзода куҷоро нигоҳ мекард, ки ин ҳама ҷурму ҷиноёти кормандонашро надид ва кор ба ҳадде доғу тафсон шуд, ки масъала ба «Шурои амният» кашонида шавад ва Раҳмонов ночор шаваду милисаҳои коррупсионер, кочоқчии маводди мухаддир ва қонуншиканро аз кор биандозад.
Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ дар куҷо буд, ки ин қадар тобеъини он, зердастони он, ки маъмуру масъули ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботу интизоманд, худ ба ҷиноёти сангин даст задаанд?.
Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал Файзулло Низомзода аз мақом ронда шуд. Ҳоло боз чандин нафар аз сардорони Раёсатҳо дар худи вазорат ва боз сардорони дигари ин вазорат дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва минтақаи Кулоб боястӣ дафъу рафъ шаванд.
Ба як ҳисоб Эмомалӣ Раҳмонов кори вазири дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро, ки ҳам шоиру ҳам драмматург ҳаст ва мову шумо медонем, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад 0 (нол)-О-и гирдак карду партофт. Аммо савол ин аст, ки чаро худи ӯро аз кор барканор накард ва намекунад? Магар ба ин шакли оптом-яклухт аз кор барканор кардани милисаҳо шаҳодат намедиҳад, тасдиқ намекунад, ки инҷо масъала ва мушкил дар мудирият, яъне дар худи роҳбари вазорат аст? Албатта, ҳам тасдиқ мекунад ва ҳам садфисад шаҳодат медиҳад!
«…Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифҳои хидматӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, афзудани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайри касбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҷониби мақомот»- ин аст тавзеҳи барканории милисаҳову прокурорҳову дигар мақомоти қудратӣ, ки дафтари матбуоти Раҳмонов эълон кард.
Магар се генерал:-Прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимов, сардори Агентии мубориза бо коррупсия Каримҷон Иброҳимзода ва сардори РВКД-и вилояти Хатлон Файзулло Низомзода касбияти паст доштанд, ноуҳдабаро ва шахсони тасодуфию коррупсионер ва қочоқчии маводи мухаддир ва дар амалҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекарданд?
Дар КДАМ-и вилояти Хатлон асосан Раёсати фаврӣ(опер)-ҳо аз мақом баркнаор шуданд ва айни ин иттиҳом ба онҳо ҳам рабт дорад. Ҳамин тавр кормандони баландмақоми Агентии мубориза бо коррупсия ва назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳам дар даруни ҳамин «формулировка» заду як шаттаӣ ба пушташон заду ҳай кард.
Бадбахтии ин миллат фақат адами риояти ҳуқуқи башар нест, адами аҳзоби сиёсӣ нест, адами плюрализм нест, адами озодиҳо, адами интихоботҳои озод ва набуди адолати иҷтимоӣ нест.
Бадбахтии бузург ва асосиву аслии ин миллати леҳу пораву тикаву лавардашуда ин аст ки тамоми иқтисодиёт ва истеҳсолот ва тиҷорат ва молия ва гумруку андоз, хулоса тамоми ончики инсон бо он зиндагӣ мекунад, дар дасти Раҳмонов ва оилаи Раҳмонов аст. Ва инҳо 1000 ба 1 молиёт (налог) намесупоранд ва инҳо 1000 ба 1( гумрук-растаможка намекунанд) ва ҷойи онҳо халқ месупорад ва аз барои ҳамин (ин як сиёсати махсус ва ҳисобшуда аст) яки ин мардум ҳиҷ гоҳ ду намешавад ва маошу пешааш ва даромадаш рӯзгорашро пеш намебарад ва ба ҷуз таъмини амнияти қаламрави ишками худу оилааш дар бораи ҳеҷ чизи дигар фикр карда наметавонад, фурсат намеёбад ва барои ҳамин ночору ноилоҷ дару палаашро қуфл мезанад, ба ҳамсояаш месупорад ва хонахез мекучаду меравад Русия.
Чунки дар ватан ишкамашро сер карда наметавонад, куҷо расад ба фикри ҳуқуқҳои инсониаш. Тамоми мушкилоти дигар бар болои ҳамин мушкилот (пора, коррупсия, маводди мухаддир…) зам илова ва афзуда мешавад ва миёни ин миллат камари ин мардум руи ростиро намебинад
Меравад мардикорӣ мекунад, девор мезанад, раҳ мерубад,…фалон фалон корҳоро мекунад ва ба хотири инки ба ҳамқишлоқиаш нишон диҳад, ки ӯ ҳам одам аст, ӯ ҳам метавонад деги ош монаду чор ҳақу ҳамсояро ҷамъу кунад хатнаи бачаашро баргузор кунад (Раҳмонов мегуяд хатна зарар дорад) ё туйи арусӣ танзим меояду биринҷи даруни дегашро чену баркаш мекунаду мераваду ҷарима мекунад ва туйи ин нафари бечораро ба азо бадал мекунад.
Ҳамин аст ҳукумати Раҳмонов
Ҳоло аз кадом тағйироти кадрӣ мегуяд?
Қунғуротро мегираду Ҷонузоқро мемонад, Буқачаро мегираду Бузмакро меорад, Хоркашу мераваду Хаскаш меояд, Достак мераваду Теша меояд. Магар чизе иваз мешавад?
Раҳмонов тавре гап мезанад, ки вай фаришта асту дигарҳо ҳама дуздунопоку коррупсионер.
«Ҷаноб худаш одами хубу давру бараш безеб, подножка медиҳанд, обруша мерезонанд,….ана дидед, ки боз чистка кард, лекин танҳо аст, тоқа аст».
Хулоса, тавре ребу найранг мекунанду худи Ҷанобро фариштаву давру барашро ғулу ифриту деву аҷинаву иблис мегуянд.
Э, мардум, бахудо қасам ин тавр нест! Валлоҳӣ ин тавр нест! Магар дар куҷо дидед, ки фаришта бо дев ё ҷину аҷину иблису ифрит ҳамкору ҳамнишасту ҳамканор бошад? Ин худаш иблис, ин худаш ифрит ва ин худаш деву даду ҷину аҷину мору аждаҳову наҳангу алабстиву ғул аст, ки ҳамнишасту ҳамроҳанаш ҳам айни худашанд ва айнан ҳамингуна тоифаро дар гирдаш гирду ғун мекунад.
Ин нақшаву нияташ тамоман дигар аст. На пешгирии коррпусия, на пешгирии маводди мухаддир ва ҷилавгирӣ аз қонуншиканиву дигару дигар. Бубинед, ки агар ин дилу нияти поку софу зулол дошт, дар раъси Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон киро овард? Дар ҷое,ки Муҳаммад Осимӣ, Улмас Мирсаидов, Собит Неъматуллоев, Мамадшо Илолов ва Фарҳод Раҳимӣ, ки ҳар яке дар арсаи улум на танҳо дар Тоҷикистон дар хориҷ аз он шуҳраи офоқ буданд ва навовариву ихтирооти ҷаҳоншумул кардаанд, кӣ омад? Як асардузд ва як плагиатор, ки сафҳасафҳа дуздиҳои вай аз китоби олими русро «Диссернет» ифшо кард. Магар як чунин нафарро овардан дар раъси Академия бо нияту хайру нек аст? Қобилҷон Барифевичи дузд барои он Президенти АМИТ карда шуд, ки данғарагӣ аст. Ҳамшаҳрии Раҳмонов. Аз ин зиёдтар кадр надорад. Шоиставу сазовораш ҳамин аст. Бале, намунаи барҷастаи тағйироти ахири кадрӣ овардани ҳамин гуна як номанорасида, як гузи фалак, як алифро аз таёқ фарқ намекарагӣ дар мақоми Презиенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст. Бор худоё, ин чи ихтироъ кардааст, чи навиштааст, чи кори илмӣ кардааст?
Бо аввалин омаданаш ба ҳайси президенти Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон таблиғро аз “Паёми пешво” ва ҷоннок кардани мубориза бар зидди “Ислоҳ”у мухолифинро шурӯъ кард. Охир ин чи бадбахтӣ ҳаст ? Ин давлат магар ҷуз ин дигар коре надорад ?
Тамоми тағйироти кадрии Раҳмонов дар намунаии ҳамин дузди интернетӣ хулоса ва натиҷа мешавад. Танҳо инки вай аз Данғара аст, танҳо инки Сумбулоғо (Асадулло Раҳмон-ёрдамии умури кадрии Раҳмонов) аз Данғра аст, танҳо инки Озода Раҳмон аз Данғара аст ва танҳо инки Раҳмонов аз Данғара аст ин кор сурат гирифт.
Дар ҳиҷ давру замоне афроде назири Қобилҷон Барфиевич ҳатто котиб намешуд.
Чанд соли пеш бачаи Нуриддин Ҷартиевичро оварду раиси Оҷонсии назорати хадамоти маориф монд. Ба даст ғалтиду пул доду ҷонашро раҳонд. Дукаратдуро намедонист. Аммо аз Данғара буд!!!
Магар раиси ҷумҳурӣ кори дигар надорад, ки сардори милиса, сардори управления дар Хатлонро аз кор мегирад? Ва боз дар як ҷаласаи махсуси Шурои амният. Зери коса чи нимкоса аст ва ё баракс зери нимкоса коса? Бовар кунед, ки инҷо зери нимкоса коса аст!
Дар ин мақомҳои холишуда дақиқу аниқ одамҳои Зоир, одамҳои Тоҷиддин -командир одамҳои Исмоил меоянд. Зоиру Бузмакову Шоҳруху одамҳояшон меоянд ва роҳ барои Рустаму Шоҳрух ҳуй шуда истодааст. Коррупсия, маводи мухаддир ва изофанавиву пули бюҷетро списат кардану дигару дигарро дар Хатлон кӣ мекунад?
Ними Қурған дар дасти Шариф богати падари Зоиру амаки Шамсуллову қудои Раҳмонову Исмоили дастбахайр, ними дигараш ҳам дар дасти Ҳасану ҳоҷӣ Амону ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Раҳматуллову Муҳибуллои номард бошаму зинда бошам ва қисмати дигараш дар дасти Абдуҷаббор Зардию Абдумумин Ятимови додари СС.Ятимову Муроди телеху Мансур Умарову дигару дигар аст, ки инҳо дигар ҳам худро ва ҳам ақориби худро бо шароити «иқтисоди озод» ва мутобиқ карда ва «шарикони рушд»-и давлат, яъне Раҳмонов ҳастанд. Дар чунин вазъияту дар чунин ҳолат аз Зуҳра, аз Зуҳал, аз Муштариву Мирриху Офтобу Моҳтобу Уторид ҳам Прокурору Генпрокурори МВДеву КГБеву Коррупсия биёрӣ ҳам чи иваз мешавад? Вақте ҷиноятро Юсуф Раҳмонов содир мекунад, шарики пораву коррупсияи Абдураҳим Раҳимов аст аз гирифтани Абдураҳим Раҳимов чи тағйир мехурад? Магар инҳо пораву ришвату наркобизнесро тоқа мекарданд? Магар Юсуф Раҳмон худаш наркобарон нест?
Дар Хатлон генерал адмирал, маршал оварӣ фоидаат надорад Раҳмонов. Муҳиб ва ҳоҷӣ Раҳматуллоҳо дар куни ҳамааш ба лагад мезанад, идт н…йшон мекунад. Задагӣ, фалон кардагӣ. Ва онҳо ҳам лому мим намегуянд. «сағра додари Азизмояе, хусурбачаи Раҳмоноваяе…» Кӣ душок мекунад?
Ана дар куҷо аст реша ва аслу бунёди тамоми бадбахтӣ! Бармегардад ба худи Раҳмонов ва оилаи вай.
Мантиқ талаб мекунад, ки дар ин ҳолат Раҳмонов эълон карду эрод гирифт бояд вазир биравад, бояд Прокурори генералӣ биравад бояд раиси КДАМ ва Агентиҳо бираванд. Аммо… Дар таги пойи Умедаи духтари СС.Ятимов мошини Ҳоҷӣ Ҳалим аст. Инчунин беш аз сӣ мағоза ва хонаҳои бо ҳашамат дорад як Умеда. Магар сардори раёсати фаврии КДАм дар Хатлон чи кор бикунад? Надуздад? Нахурад? Пора нагирад? Бо наркотик шарик нашавад? Вай ҳам зиндагӣ дорад, вай ҳам бача, вай ҳам деги сиёҳ дорад. Чаро танҳо як духтари Ятимов дар сентри Душанбе 30 мағозаи хуруд бузург дошта метавонаду он сардори Раёсати фаврӣ не?
Бори дигар қасам ба азамати Аллоҳ мехурам, ки ҳам дар пора, ҳам дар дуздӣ ва ҳам дар тиҷорати қочоқи наркотики ин афроди барканоршуда, аз ноҳия то Раёсати марказии мақомот худи роҳбарияти он шариканд.
Вақте Раҳмонов ҳукуматро ба бачааш вомегузорад дигарҳо чи бикунанд?
Домодҳо, духтарҳо, ҷиянҳо додарарусҳо руфақои Исмоил, Рустам Сомонҷон Таҳмина Муҳиддин, Зарина….
Кӣ аз хонаи Раҳмонов фукаш беруни охур аст? Ҳамаашон чаридестан
Прокурор киро дастгир кунад?
Магарам Далери Имомалӣ ва Абдуқодири Рустаму Абдухалил Холиқзодаву амсоли инҳоро!
Ин тағйироти кадрӣ, ки гуё гузаронду сафҳои мақомотро тоза кард як масхарабозие беш нест. Прокурори Хатлон ва ё сардори Раёсати вазорати дохилӣ дар ин вилоят ва ё сардори шуъбаи милиса ва ҳамин тариқ сардорони Раёсатҳо бояд дар назди Прокурор ва ё вазир ҷавоб диҳанд. Чаро бояд ба раиси ҷумҳур ҳисобот пас диҳанд. Дар ин ҳолат вазир ва раиси КДАМ ва Агентиҳо ва Додситон чи номаъқул мекунанд?
Чаро онҳо надиданду президент дид? Агар онҳо муртакиби ин ҳама ҷароим шуданд чаро вазир посух надиҳад? Вазир сокит буд чаро? Магар инҳо тули ин ҳама муддат, ки ҷиноят содир крадаанд, ҳатто ҷиноятҳои террористиву экстреместӣ ва наркотик чаро роҳбарони мақомот надиданд?
Мо бо итминон мегуем, ки мақсади ин поксозӣ дар ҳақиқат поккорӣ нест. Инҷо ҳадаф чизи дигар аст. Раҳмонов онҳоеро меоварад, ки беш аз инҳо ки то ҳоло буданд, садоқат ва вафодорӣ нишон бидиҳанд. Магар худи Раҳмон тофтаи ҷудобофата аст, пора намегирад, коррупсия намекунад, ба маводди мухаддир сарукор надорад?
Оптом, яклухт, три чи кӣ сто ва одном кардан барои чи? Ё инки Раҳмонов ҷамъ карду ҷамъ карду (парвандаҳояшонро) баъд гирифт? Чаро. Манзурам инки агар Файзулло Низомзода муҷрим аст, агар Абдураҳим Раҳимов муҷрим аст, агар Каримҷон Иброҳимзода ҷиноят содир кардааст чаро ҳар кадомеашро дар вақташ айни ҷиноят нагирифт? Чаро оптом гирифт?
Фикр кардед? Ҳадаф тағйирот кадрӣ овардани шоистаҳо сазоворҳо аст? Албатат, ки не.
100% масъала масъалаи кадрҳо, масъала масъалаи коррупсия, маводди мухаддир нест. Масъала масъалаи дигар аст. Инҳо ҳам-ҳамонҳое, ки пешашон кард, худӣ буданд. Сала мегуфт каларо чобуқ мезаданд. Масъала масъалаи пул ҳам нест. Пас, масъала чи аст?
Масъала кадри боз худитар, боз оилатар, боз наздиктар боз сагисагтар аст. Саги саг. Сагвор бояд ҳифзу ҳимоят кунад.
Акнун бояд камар барои ҳифзу ҳимояти Рустам бубанданд. Бехунтарҳо, бенуртарҳо, бераҳмтарҳо, беинсофтарҳо, дуздтарҳо, гушнатарҳо меоянд. Фикр накунед, ки созу дуруст меояд. Не.Валлоҳӣ не.
Як гурӯҳи сабзибадастҳо бо роҳбарии гейнерал Шоҳрих Саид меоянд ва хоҳ Бузмак ва хоҳ Шариф Назар ва хоҳ кали Барот ҳар касе дигар мешавад, дигар рули онҳо дар дасти Рустам ва Шоҳрух аст. Меоянд, аммо подчинатса мекунад. Агар поҳояшон шикаст, кунмолаку кунғеҷак меоянд, то пеши Шоҳрух. Ва, ба дасташ медиҳанду худаш ҳам меқапад. Ана ҳамин тоифа меоянд. Тоифае, ки сагвор ба Рустам хидмат кунанд.
Пуху прахи МВДро баровард, пухи прахи Рамазон Раҳимзодаро баровард. Дар ҷанги даруни гурӯҳи Рустаму Шоҳрух баранда шуданд. Паёми ин тағйирот дар МВД ва бақия сохторҳои қудратӣ ҳамин аст, ки дигар инҳо меоянд.
Дар ин муддат агар Раҳмонов хирс ҳам буд, мефаҳмид ва Раҳмонов хуб фаҳмидагӣ ҳам ҳаст ва возеҳу равшан медонад, ки дар манотиқу музофот чи гапу хабар аст. Чуноне домулло Зубайдуллоҳи Розиқ мегуфт : “туда хирс ҳайвонаи”. Воқиан дуруст гуфта буданд, фикр мекунед Раҳмонов барои шумо чӣ аст?
Ҳамон гапеаш, ки гуфт як ба оина нигоҳ кунед, пеш кӣ будеду ҳоло кӣ шудед вай ҳозир лапосҳоро мебинед мана.. ва инки дар Паёми ахираш гуфт: “ин нафси бади мост” ва “дар сотссетӣ моро масхара мекунанд”, таъйиди иддаои болои мост, ки Раҳмонов аз ҳама чиз бохабар асту хирс барои шумо ҳайвон аст? .
Аммо, ҳамаро чапғалат меандозад, роҳгум занониданӣ аст. Гуё вай ҷудо аст, гуё вай дигар асту бақия мардуми Тоҷикистон, ҳатто ҳамин СС.Ятимови махуф ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан, ки мисли вай дар ғами мардум ва миллат намебошанд ва фақат ва фақат дар фикри «нафси бади худ» ҳастанд. 100% рост мегуяд, ки инҳо аз нозири участкавӣ то сардори Раёсату то муовину то худи вазир дар фикри нафси бади худ ҳастанд.
Аммо, аммо худи Раҳмонов чӣ? Мухотаб ва муроҷеъи ин саволҳо дар аввали аввал худи худаш аст. Аммо амдан стрелкаро тоб медиҳад.
Дузди калон худи худаш аст. Магар дузд метавонад пеши роҳи дуздиро бигирад?
Ҳиҷ гоҳ гирифта наметавонад. Бадтар мешавад, аз бадтар боз садҳо, ҳазорҳо маротибаи дигар бадтар мешавад.
Ҳокимият ва ҳукумате, ки Раҳмонов сохтааст, ин система ва низоми сохтаи Раҳмонов агар аз буда бадтар нашавад, ҳукумат ва ҳокимият карда наметавонад.
Агар хоҳем хайрият шавад, беҳбуд ёбад вай бояд биравад. Система бояд биравад, режим бояд биравад. Аммо вай намеравад. Рустамро меорад, барои онки наравад. Рустам ин Авестогруппу Сиёмамолу Мармариву ..Ёвару …ҳазору як ташкилоту сохтори дигар, ки саропо дуздиву саропо ғасбу ғорат аст. Магар Рустам ояд дар ҳамин сатҳои Сиёма мол меистад? Дар ҳаминҷое, ки ҳаст меистад? Аслан ва абадан. Хуршед Мирзоеви Авестогруппашро бурду вазир монд ку?
Бояд хеле ҳам содаву ғули биёбон, нодон, аблаҳу аҳмақ буд, бовар кунӣ, умед дошта бошӣ, ки Рустам омад, хубтар мешавад. Бало намешавад. Бало мешавад, садраҳ ва садчанд зиёд бало мешаваду зиндагонии қашоқат қашоқтар ва оворагии Русияат ба сад мулки дигар иваз мегардад.