Боздошти узви “ММ МО” раиси н.Рашт ҳақиқат ё овоза?

Ислоҳ нет

моҷарои боздошти раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, барандаи ордени давлатии «Дӯстӣ» Муқимӣ Раҳимҷон Набизода

 Муқимӣ Раҳимҷон Набизода –раиси ноҳияи Рашт ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 21 январи соли ҷорӣ бо иттиҳоми гирифтани пора аз тарафи ходимони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудааст. Манобеи огоҳ аз моҷарои боздошти Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба «Ислоҳ.нет» хабар доданд, ки Ортиқов Холмаҳмад, роҳбари Дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт низ ҳамроҳ бо раиси ноҳия боздошт шудааст.

Ходимони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз чанд вақт ба ин тараф фаъолияти Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро, бинобар арзу шикояти зиёди сокинон таҳти муроқибати махсус ва зери «коркарди тафтишотӣ» қарор дода амалиёти боздошти ӯро бо истифода ва ҷалби мудири маорифи ин ноҳия ба анҷом расонидаанд. Дар хабар омадааст, ки Аббосов Додарбег, мудири маорифи ноҳияи Рашт ба Холмаҳмад Ортиқов барои иҷрои кадом коре 100.000 сомонӣ, ҳудуди 10.000 доллар ришва додааст. Ортиқов Холмаҳмад «дасти рост» ва одами мавриди эътимоди раиси ноҳия баъд аз онки дастгир мешавад, ба ходимони оперативии Оҷонси мубориза бо фасод баёнот медиҳад, ки ин маблағро бо дастури мустақими раиси ноҳия гирифтааст. Бар пояи маълумоти расида феълан ҳам раиси ноҳия ва ҳам роҳбари дастгоҳ ба Душанбе мунтақил шудаанд ва Холмаҳмад Ортиқов дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад вале маҳалли нигаҳдории Муқимӣ Раҳимҷон Набизода номаълум аст.

“Айни замон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, ба ин сабаб, ки узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад, мақоми дахнопазирӣ дорад ва танҳо баъди лағви ваколат ва масунияти дахлнопазирии вай аз тарафи Маҷлиси Миллӣ чораи боздошт алайҳи вай татбиқ хоҳад шуд. Бинобар ин қарор аст дар рӯзҳои наздик ҷаласаи фаврии Маҷлиси миллӣ баргузор шавад.”

Манбаи «Ислоҳ.нет» мегуяд, аммо Аббосов Додарбег, мудири маорифи ноҳияи Рашт, ки нафари порадиҳанда ва вай низ мансабдори давлатӣ мебошад, дар озодӣ қарор дорад ва кори худро идома дода истодааст. Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар назди қонун порадиҳанда низ муҷрим ба ҳисоб меояд.

Дар зимн ба хонандаи азизи «Ислоҳ.нет» ёдовар мешавем, ки дар бораи Аббосов Додарбег дар январи соли 2021матлаберо таҳти унвони «Қорун ё Фиръавни Ҳоит аз “Пешво” карда ғосибу золимтар аст»  ба нашр расонида будем, ки он вақт Додарбег Аббосов раиси ҷамоати Ҳойит буд.

  ( Аббосов Додарбег муаллими забон ва адабиёт буд, ки Донишгоҳи Раштро ғоибона хондааст. Вай делои ҷиноятӣ дошт. Бо маслиҳати тағои Асҳобаш бо пардохти пул делои ҷиноятиро аз прокурори собиқи Рашт Шоҳин  харид. Сипас ба вазифаи директори мактаби № 22 ҷамоати Ҳоит оварданаш ва пас аз 10 моҳи корӣ Аббосов Додарбек вазифаи райиси ҷамоати деҳоти Ҳоитро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ соҳиб шуд. Иқтибос аз матлаби пешини «Ислоҳ.нет)

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар як ҷаласае Аббосов Додарбегро аз вазифаи раиси ҷамоати Ҳоит барканор мекунад. Аббосов Додарбег ҳам Душанбе меояду бо кадом роҳҳое (албатта ӯ ҳам бо додани пора) вазифаи мудири маорифи ноҳияро мегирад ва бозмегардад ба ноҳия. Ва, назди раиси ноҳия медарояду фармони таъйиноташ ба мақоми мудири шуъбаи маорифро нишон медиҳад. Раиси ноҳия мегуяд, ки хуб агар фармонро овардӣ кор карда гард. Албатта, ин кори Аббосов Додарбег ба раис нафорид вале ба ҷуз аз тан додан ба ин тасмими вазорати маориф чорае надошт. Баъди чанде Маҳмадтоир Зокирзода меояд ба Рашт ва дар як ҷаласаи ҳукумати ноҳия Додарбег Аббосовро хезонида хело гапҳои пасту баланд мезанад, ки чаро бидуни иҷозат ва ҳамоҳангӣ бо раиси ноҳия рафта фармони кор дар маорифро овардааст ва гуфтааст, ки «ту ҳоло малакасос, вақташ ояд мебинӣ, ки чи корат мекунам. Дар инҷо мо, бояд муайян кунем, ки кӣ вазифа мегирад. Ман намояндаи Ҷаноби олӣ дар минтақа ҳастам»

“Дар ҳамин ҷаласаи ахири ҷамъбастии шуъбаи маориф, ки 18 январи соли 2023 ҳам доир гардид, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода низ фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияро «нол» ҳисобид. Дар ҳар ҳол, ин шоеъа ва шакку шубҳаҳо, ки дар амалиёти боздошти Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт Аббосов Додарбег, мудири шуъбаи маорифи ноҳия даст дорад дар ноҳия беш аз пеш зиёдтар шуда истодааст.”

Манобеи огоҳ аз ин қазия ба «Ислоҳ.нет» гуфтанд, ки тайи солҳои охир байни гурӯҳҳои наздик ба давлати Тоҷикистон (оилаи Раҳмонов) ва мансабхоҳ дар минтақа ва махсусан ноҳияи Рашт (Ғарми пешина) барои ишғоли курсии раисӣ муборизаҳои шадид пинҳонӣ ва ошкоро идома дорад. Инро ҳам бояд иқрор ва эътироф кунам, ки дар ин мубориза гурӯҳҳои мансабталоши ноҳия аз минбари сайти «Ислоҳ.нет» низ фаровон ва ба таври густурда истифода карданд. Инҷо мехоҳам ин нуктаро махсус тазаккур бидиҳам, ки гардонандаи асосии ин ҳама тавтиа ва дасисаҳо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси амалкунандаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва дар гузашта раиси кумитаи замин ва гиодезӣ, муовини сарвазир кору фаолият кардааст.

Қабл аз Набизода Раҳимҷон дар Рашт  Қаноатшо Лоиқзода раис буд. Қарор бар ин буд ва интизор ҳам мерафт, ки Лоиқзода Қаноатшо баъди интихоботи навбатӣ дар соли 2020 дар ҷойи Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагон мешавад. Аммо ба ин мансаб Маҳмадтоир Зокирзода сахт чашм духта буд ва агарчи  Қаноатшо Лоиқзода одами наздики Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, Зокирзода тавонист аз болои  Қаноташо Лоиқзода силсилаи матолиби ифшокунанда аз ҷурму ҷиноёти ӯро тавассути омилини худ дастраси «Ислоҳ.нет» кунад. Табъан, ки мо ҳеҷ гоҳ аз нашри ҷурму ҷиноёти ҳеҷ яке аз мансабдрони Тоҷикистон кутоҳ наомадаем, бахусус, ки ин матолиб аз манбаъҳое мисли Зокирзода дастраси мо бишавад. Ин нуктаро ҳам мехоҳам зикр намоям, ки дар бойгонии «Ислоҳ.нет» навиштаҳо бо дастхати Зокирзода алайҳи Лоиқзода Қаноатшо маҳфуз аст. Дар ҳар сурат Маҳмадтоир Зокирзода тавонист ба аҳдофи худ, яке расидан ба курсии раиси Маҷлиси Намояндагон ва амалан ба нафари саввумӣ ҷумҳурӣ ва дигаре овардани одами мавриди эътимоди худаш Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, ки муовини Лоиқзода Қаноатшо дар ҳукумати Рашт буд бирасад.

“Қаноатшо Лоиқзода имкони 100% дошт, ки ба ҷойи Шукурҷон Зуҳуров ба унвони намояндаи водии Қаротегин раиси Маҷлиси намояндагон бишавад. Чуноне гуфтем, Лоиқзода одами наздики Озода Раҳмонова ба ҳисоб мерафт. Вале чопи матолиби пайдарпайи интиқодӣ дар муқобили Қаноатшо Лоиқзода аз тариқи «Ислоҳ. нет» болои карйераи Қаноатшо Лоиқзода хати бутлон кашид.”

Дар ин авохир дар «Ислоҳ.нет» матолиби мутаадиде роҷеъ ба «бизнес»-и муштараки Маҳмадтоир Зокирзода ва Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар ноҳияи Рашт дар заминаи фурӯши замин, чарогоҳ, хусусигардонӣ, гирифтани грантҳои давлативу байналмилалӣ, мансабфурушӣ ва ғайра ба чоп расиданд. Албатта, мо медонем,ки дар паси ин ҳама Лоиқзода Қаноатшо ва одамони вай меистад. Зеро Лоиқзода ба хубӣ фаҳмида буд, ки карйераи ӯро ҳамин Маҳмадтоир Зокирзода ва Муқимӣ Раҳимҷон Набизода шикастанд. Барои ҳамин вай низ сокиту ором нанишаст ва талош мекунад интиқоми худро бигирад ва афроди дар сари роҳаш чоҳ кандаро ба чоҳи худашон афканад. То он ҷое ба мо маълумот расидааст, Лоиқзода Қаноатшо ҳам мисле, ки муваффақ шуд.

“Нашри силсиламатолиб аз ҷурму ҷиноёти Набизода Муқимҷон ва Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Рашт дар «Ислоҳ.нет» кори худро кард. Ҳоло ҳам се матлаби муфассал аз тиҷоратҳои берун аз кишвар доштаи Маҳмадтоир Зокирзода дар мо вуҷуд дорад,ки дар фурсати муносиб онҳоро нашр менамоем.”

Эмомалӣ Раҳмонов бо як азобе ҷилави худро гирифта истодааст, вагарна ҳануз дар соли гузашта мехост, ки Маҳмадтоир Зокирзодаро «бо хоҳиши худаш» ба истеъфо фиристад. Гуфта мешавад, ки бар иловаи маълумотҳои расида аз ҷароими Муқимӣ Раҳимҷон, ҳамчунин вай натавонистааст, маблағи дархостии Раҳмоновро, ки мебоист раиси Рашт аз «соҳибкорони серпули ғармӣ»-таъбири истифодамекардаи Раҳмонов ҷамъоварӣ карда ба «адрес»-и даркорӣ бисупорад ва ин ба иззати нафси пешво бисёр ҳам сахт расидааст. Аз рӯйи баъзе маълумоти дигар Муқимӣ Раҳимҷон ин маблағро ҷамъоварӣ кардааст вале Маҳмадтоир Зокирзода гуфтааст, ки шарт нест ҳамаашро ба ҷаноб диҳӣ, як қисмашро байни худамон мебинем ва хабари ин кори онҳо ҳам ба пешво расидааст.

Айни замон Маҳмадтоир Зокирзода дигар намоянда (куратор)-и ҳукумати Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт нест. Раҳмонов ӯро аз ин масъулият дур карда ва дар ҷойи вай Нурмаҳмад Ахмедов, раиси Агентии захоири давлатӣ ва қудои Шералӣ Кабиров, вазири санотаи Тоҷикистонро мансуб ва бо ҳамин дасти тадохули Зокирзода ва минтақаи шарқи ҷумҳуриро қатъ кард.( Дар мавриди куратори ҷадиди навоҳии Рашт Аҳмадов Нурмаҳмад Атоевич раиси Оҷонси захоири давлатӣ низ маълумотҳои зиёде ба  “Ислоҳ.нет”  расидааст. Дар бораи оилааш, дар бораи шуруъи корномаҳои вай ба ҳайси куратори Ғарм ва чи гуна қудо шуданаш бо Шералӣ Кабиров ва дӯстиву рафоқати зиёдаш бо Қодир Каҷалаеви ронадаи пешво ва ҳамсари бадахшониву панҷакентияш як даста маълумоти хонданӣ дорем, ки бо пеш омадани фурсати муносиб чоп хоҳем кард.)

Аммо, аз онки Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, нафари дастнишонда ва арусаки Зокирзода буд, ҳамоно зери дастуру фармонҳои вай амал мекард.

“Тибқи маълумоти расида куратори нави Рашт Нурмаҳмад Аҳмадов мехостааст идораи панҷ навоҳии Раштро дар ихтиёр ва султаи худаш қарор диҳад. Барои ин кор бояд афроди содиқи худашро дар ин ноҳия дар курсиҳои идоракунанда нишонад. Гӯиё ба Додарбек Аббосов ин фармон тавассути мақомоти зидди фасод дода шуда будааст. Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро яктарафа бояд кард ва пас аз он мебинем ба кадом мақом ту лоиқ ҳастӣ. Агар ин боздошт воқеъият ва ончи омадааст бошад , пас метавон гуфт комилан пай пой Зокирзода Маҳмадтоир аз Рашт поксозӣ ва клани ҷадид кори худро оғоз менамояд.”

Зимнан Муқимӣ Раҳимҷон ҳануз аз давраи даъвати тирамоҳии хидмати сарбозӣ зери муроқибати махсуси кумитаи амният қарор дошта ва гуфта мешавад дар ин мавсим даҳҳо ҳазор доллар «кор» кардааст ва инки имрӯз ӯро Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир кардааст, амалан амалиёти таррроҳишуда дар Кумитаи амният аст.

Ps: Хонандаи азиз! Албатта, мо нақши «Ислоҳ.нет» дар сарнавишти мақомдорони ноҳияи Раштро аз ончи ки дошт, хеле ҳам камтар ба қалам додем. Вале воқеият ин аст ки мо медонистем, ки вақте маълумоту навиштаҳо ҳам бар зидди Лоиқзода Қаноатшо ва ҳам бар зидди  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раисони собиқ ва дар ҳоли боздошти ноҳияи Рашт ба дасти мо меояд, кори худи онҳо ва афроди аз тарафи худи онҳо аҷиршуда ва вобаста мебошад. Дар мавриди Маҳмадтоир Зокирзода низ дақиқан ҳамин шакл. Аммо, ин масъулияти мо буд, ки мунташир бикунем ва интизор бошем, ки Раҳмонов ва мақомоти вай чи гуна қабул ва вокуниш мекунанд. Бо вуҷуди ин ҳама бебандуборӣ ва тохтутозу дуздии молу мулки мардуми минтақа одитарин мансабу мақом дар инҷо чун дар дигар манотиқи кишвар хариду фурӯш мешавад ва мутаассифона дар паси ҳамаи инҳо ҳатмани ҳатман наздикони худи Раҳмонов ё духтараш, ё писараш ва ё инки КДАМ меистад. Худоро шукр мегӯем,ки тавонистем ин мафияи зараррасон ва ғоратгарро якеро бо дасти дигар хунсо ва бе зарар гардонидем. Ин ифшокории “Ислоҳ” метавонад ба ҳар мақомдору вазиру сафири амалкунанда ҳушдори хубе ҳам бошад. Номи шумо бо ҷиноятҳое, ки анҷом додаед дар “Ислоҳ” зикр гардид бо итминони комил мегӯем ба кариераи болоравии худ падруд гӯед. Ислоҳ дар садади Ислоҳи ҷомеъа ва тозакардани саффи ғоратгарону ҷинояткорони хавфнок дар режими кунунии Тоҷикистон аст.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт огоҳӣ ва маълумоти мувассақ дошт, ки сайди мақомот мешавад ва дар шикори ӯ камин гирифтаанд. Аммо, бовар дошт, ки дар ин ҳукумат мешавад ҳама чизро харид. Ҳоло бубинем, ки чи хоҳад шуд. Мехарад ё мешинад?

Share This Article