Ҳолати аҷибе бо шайх Муҳаммад Мутавалии Шаъровӣ(раҳ)(1911-1998)
Райси ҷумҳури мисри собиқ Муҳаммад Анвар Содот дар айёми раёсат ҷумҳуряш ки (аз 26 сентябри 1970 то 6 октябри 1981 идома дошт ) шайх Муҳаммад Мутавалли Шаърови(раҳ) ро вазири Авқоф(вазири дин) таъин намуд.Пас аз чанде шайх Шаъровӣ (раҳ) аз ин вазифа худаш истеъфо намуданд аз соли 1976 то 1978 ин симатро ба уҳда доштанд.Аввалин шахсест ки банки исломиро дар миср асос гузошт ва он банки Файсал ал исломӣ буд.Ин чунин чандин вазоифи илмии дигареро дар донишгоҳҳои гуногун ифо намудаанд. Сабаби истеъфо намудани шайх аз симати вазири ин буд,ки ӯро аз даъват ва амалҳоеки қабл аз таъин шуданаш ба ин вазифа анҷом медод дур намуда буд.Пас аз истеъфо доданаш шайх Шаъровӣ(раҳ) дар яке аз масоҷиди қоҳира дарс мегуфт.Дар аснои дарс гуфтанаш,ки хело анбуҳи одамони зиёд дар дарсаш гирдиҳам омада буданд ва шайх хело бо ҳаммоса дарсашро баён кард ва хело мардум аз суханони муъассираш гиря мекарданд ва ин таваҷҷуҳи мардум ба ӯ каме ҳолати ғурур дар ӯ пайдо гашт. Шайх чунин бо худ гузаронид,ки ончи ман медонам касе феълан дар қоҳира ба мисли ман нест. Дар ҳоле шайх Шаъровӣ дар тули ҳаёти бо саъодаташон машҳуртарин олими тафсир дар асреки гузашт маҳсуб меёфтанд ва ҳатто ӯро имоми дуъот ёд мекарданд .Дурустараш ҳолати кибр дар вуҷудаш эҳсос гашт.Дарс ба охир расид ва Шайх ба мошинаш нишаст ва дар ҳоле ронандааш мошинро меронд.Каме шайх аз масҷид дур шуда буд ин ҳолати дохили масҷид ба ӯ рух дода ӯро дар шаку тардид гузошт. Ба ронандааш гуфт боз ист ва ба сӯйи масҷид баргард.Ронандаҳам истод ва дубора ба сӯйи масҷид баргашт вақте ба назди масҷид расид шайх ба ронанда гуфт маро инҷо мунтазир бош.Ронанда мегӯяд хело мунтазир мондам дохили мошин вале аз шайх ҳеҷ дараке нашуд.Ташвиш шудам ва бо худ гуфтам ягон ҳолате нохуше ба шайх рух надода бошад.Рафтам ба ҷустуҷуйи шайх дар дохили масҷид ӯро пайдо накардам ва берун шудам аз масҷид рафтам дохили ҳаммомҳои масҷид вақте дохили ҳаммомҳои масҷид гаштам хело ҳолати аҷиберо дидам шайх Шаъровиро дидам эзорашро боло карда ва ҷилбобашро дар миёнаш баста(ҷилбоб либоси дарозеро гуянд,ки аз болои либос мепушанд мисли якта,ки муллоҳо мепушанд ё калонсолони мо) ва дар дасташ як сатли об ва латтае ташнобҳои маҷидро мешуяд.Ронанда мегуяд гуфтам эй шайх сабаби ба ин кор даст заданатон дар чист?
Шайх Шаъровӣ (раҳ) гуфт: “ Ба таҳқиқ ман дар худам ва дар илмиятам бо худ таъаҷҷуб намудам ва каме бо худ болидам пас хостам бо ин амал нафсамро каме хору залил намоям то дигар бо худ ҳаргиз наболад”
Субҳоналлоҳ вақте хондам ин қиссаро натавонистам худро дошта ва хело гиристам зеро мешиносам шайх Шаърови(раҳ) ро ва илмияту заковату хатобату фақоҳати ин шахси бузургро.
Рости хело зиёд мешунавем ва мехонем,ки аз бисёриҳо ин калимоти кибргуна ва мағрурона садо медиҳанд:
”Аз ҳаққи ҳалолам мешуморам кибр карданро дар муқобили ин шахси паст аз ман” ё “Мехоҳам ҳамеша инчунин мағрур ва бузург бошам” ё “Ман куҷо ва ӯ куҷо” ё “Агар худашро кушад ба ман баробар шуда наметавонад” ё “Ин шахс аз як авлоди паст аст ва авлоди мо хело қадри волое дорад” ва ҳазорҳо мисли чунин калимоти кибру мутакаббиронаро ки ба бузургии гуноҳаш боре фикр ва ҳатто андешаҳам намекунем.Ин ҳолат ҳатто дар миёни уламои моҳам пайдо ва мушоҳида мегардад.Пас бояд аз ин амали номатлуб ва кибр дар ҳол бояд даст кашид ва тавба намуд зеро авоқиби вахиму вазмине дорад.
Бидуни шакку шубҳа бисёреҳо намедонанд чи сифати бад ва хислати шайтонист ин амал”Кибр” Ин аввалин сифатест,ки исён намуд бо он амал шайтон ва аз даргоҳи ҳақ таъоло ронда шуд ва то ба ҳол ронда шуда аст. Шайтон бо ин такаббураш аз ҷаннат ронда шуд ва боз ҳатман дохили ҷаҳаннам мегардад. Танҳо ва танҳо ба сабаби кибр варзиданаш аз саҷда ба инсони хоки!
Таваҷҷуҳ намоед то барои ашхосе огоҳи надоранд возеҳтару равшантар гардад то аз ин амал дури намоянд.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар сураи Сод оятҳои 75 то 78 мефармояд ин қиссаро,ки чунин аст.
75.(Худованд) Гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ офаридам, манъ кард? Оё бузургӣ намудӣ ё мақоме арҷманд доштӣ?»
76.Гуфт: « Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил».
77.Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, ки ту рондашудаӣ.
78.Ва ҳаройна, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту бод».
Бале хонандаи гиромӣ надидаам то баҳол ҳеҷ сифатеро бадтар аз кибр пас аз он бояд дури кард Надидаам ҳаргиз сифатеро хубтару шоистатар аз тавозуъ ва фурутани ва ин сифат сифати паёмбарону расулону олимони ҳақиқист.Пас ҳамеша фурутану нармху бошем то растагор гардем.