Шайхи ҳақгӯ

Ислоҳ нет

Шайхи ҳақгӯ

(Ҷодалҳақ Алӣ Ҷодалҳақ шайхи собиқи Азҳари шариф)

Дар тӯли таърих уламои ҳақгӯ шумори мазид буданд ва дар ҳеҷ аср ҷомеъа аз вуҷуди онҳо орӣ набуд. Ин уламо дар баёни сухани ҳақ аз ҳеҷ касе ва ё қуввае ҳарос надоштанд ва мисли дигарон ба таври маъмулӣ ба сар мебурданд, аммо барои гуфтани сухани ҳақ хомӯш наменишастанд ва ё хотири касеро намедиданд. Намехоҳам хутбаро ба тӯл ва суханро ба дарозо бикашам. Қаҳрамони имрӯзӣ яке аз чунин шайхҳои ҳақгӯ ва маъруфи асри гузашта Шайх Ҷодалҳақ Алӣ Ҷодалҳақ шайхи собиқи Азҳари шариф мебошанд.

Шайх Ҷодалҳақ 5 апрели соли 1917 таваллуд шуда, дар овони кӯдакӣ Қуръони каримро ҳифз намуд ва дар минтақаи Танто мактаби ибтидоӣ ва дар Қоҳира санавиро бомуваффақият хатм намуд. Сипас шомили Донишгоҳи Азҳари шариф гашт. Соли 1944 факултети шариъати он донишгоҳро ба поён расонид. Соли 1946 иҷозаи қазо ё фатворо мушарраф гашт. Сипас дар маҳкамаҳои мухталифи шаръӣ дар Қоҳира ифои вазифа намуд. Соли 1953 амини дорулифтои давлати Миср интихоб гардид, сипас қозии шаръӣ буданд. Баъд аз ин ки давлати Миср додгоҳи шаръиро соли 1976 бекор кард шайх Ҷодалҳақ мушовир дар маҳокими Истиъноф (Суди касатсионӣ) ифои вазифа намуданд.
Соли 1978 ҳангоме, ки шайх Ҷодалҳақ муфтии давлати Миср таъин гардид ин таъинот як наҳзати ҷадидеро дар дорулифтои Миср рӯи кор овард. Фатвоҳои шаръӣ дар ҳама масоили шаръӣ бо услуби хеле шево ба мардум мерасид. Дар солҳое, ки шайх муфтӣ буданд коре анҷом шуд, ки қабл аз он нашуда буд. Ҳама фатвоҳои дорулифторо дар бист муҷаллад бо адади хеле зиёд ба мардум тақдим намуданд, ки ин амали бузурге дар ин замина буд. Мардум дар ҳар масъалае, ки мехостанд саволҳои шаръии худро аз ин кутуб пайдо мекарданд. Инчунин то имрӯз он кутуб вуҷуд дорад ва мавриди истифодаи масоили муҳими шаръӣ мебошанд.

Шайх Ҷодалҳақ дар авоили соли 1982 вазири Авқоф (вазорати дин) ва пас аз он шайхи Азҳари шариф интихоб гардиданд. Воқеъан пас аз интихоб шудан ба ин вазифа гӯё Азҳар шахси худро пайдо кард ва хун дар рагҳои ин маркази бузурги исломии ҷаҳонӣ шараён намуд. Чун шайх миёни мардум обурӯ ва эътибори зиёд дошт, мардум ба гуфтаҳои ӯ гӯш фаро мениҳоданд ва ончӣ мегуфт амал мекарданд. Пас аз он ки шайх раиси Азҳар интихоб гардид чандин бахшҳои Азҳар дар вилоятҳои мухталифи Миср бо кӯмаки сармоядорон таъсис ёфтанд. Инчунин 25 бахши идораҳои фатво дар ҳама гӯшаву канори Миср бунёд ёфт, ки саволҳои шаръии шаҳрвандонро посух медод. Беҳтарин нобиғаҳои динро дар Азҳар ва идораҳои фатворо даври ҳам ҷамъ намуд, то шариъати ноби исломро ба мардум бидуни ҳеҷ тарсу ҳарос расонанд. Хулас даврони раёсати шайх бузургтарин даврони эълои калиматуллоҳ дар Миср буд.

Осори шайх Ҷодалҳақ.

Шайх таълифоти зиёде доранд ва онҳо болиғ аз даҳ номгӯ мебошанд, ки муҳимтарин аз ин қароранд:

1. Фиқҳул исломӣ мурунатуҳу ва татавураҳу
2. Буҳус фатово исломия фи қазоё муъосира
3. Рисолат фил иҷтиҳод ва шурутиҳи
4. Рисолат фил қазо фил ислом
5. Мухторот миналфатово вал буҳус
6. Аҳкоми шариъати исломӣ дар масоили тиббӣ аз бемориҳои занона бо Қуръони карим
7. Аннаби фил Қуръонил карим
8. Буҳус ва фатово исломия фи қазоё муъосира дар чор муҷаллад
9. Ҳаза баёнул линнос ду муҷаллад аз Азҳар нашр шудааст
10. Даҳҳо рисолаҳои хурду миёнаи фиқҳӣ, ки дар муътамарҳои илмии дохилу хориҷи Миср ҳамроҳ бо онҳо ширкат доштанд
11. Ва нафсин ва мо саввоҳа

Шайх дар конфронсҳои зиёди дохилу хориҷи кишвар ширкат намуда, аз шариъати исломӣ ҳимоят кардааст. Ҳаргиз ҳеҷ қонуну қарор ва пешниҳодҳое, ки ба шариъати ислом мухолифат дошт напазируфтаанд. Беш аз 21 мусаввада (сиёҳнавис)-ҳое, ки аз тарафи ҳукумати Миср қабл аз қабул шудан ба Азҳар мерасиданд бидуни ҳеҷ тааммул онҳоро бо баёнҳои расмӣ ҳамчун шайхи Азҳари шариф бо имзои худ рад мекарданд. Қабули он қонунҳоро мухолифати ошкор бо шариъати исломӣ мепиндоштанд ва онҳоро расман раду нақд мекарданд.
Ҷасорат ва мухолифатҳояш дар муқобили ончи мухолифат бо шариъати исломӣ дошт:

Шайх Ҷодалҳақ (раҳ) манзалати хосе доштанд, ки на танҳо мардуми даврони худи ӯ онро фаромӯш намекард, балки онро сафаҳоти таърихи ислом бо хати тиллогин забт намудааст. Шайх ончӣ мухолифат бо шариъати исломӣ дошт онро расман рад мекард ва танҳо дар масоили шаръӣ изҳори ақида менамуд. Шайх ончӣ марбут ба масоили сиёсии уммати исломӣ дар олам вуҷуд доштаро низ бидуни парда ва бе ибо расман интиқод ва баён медоштанд.

Мавриде, ки конгреси ШМА дар мавриди нақли сафораташ ба Қудсро вето гузошт, шайх бо баёни расмӣ изҳор доштанд, ки Қудс яке аз шаҳрҳои таърихӣ ва қадимаи исломӣ мебошад, на ин ки як шаҳри истилошудаи яҳудиён.

– Фатвои машҳураш дар мавриди онки ҳар мусалмон феълан ба Қудс меравад гунаҳкор аст. Қудс бояд пас аз онки дар дасти мусалмонон қарор дошта бошад на ҳангоме, ки дар дасти истилогарон аст.????
Дар як сафаре, ки раиси Исроил, Изро Войзмон ба Қоҳира дошт, дастгоҳи раёсати ҷумҳурии мисрӣ бо дархости худи раиси Исроил талаб намуд, то бо шайхи Азҳар шайх Ҷодалҳақ дидору мулоқот дошта бошад. Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Миср бидуни инки шайхро аз ин мулоқот огаҳ созанд ва мувофиқа кунанд, вақти мулоқотро муайян намуданд, вақте, ки раиси Исроил тибқи протокол мехост вориди Азҳар шавад шайхро огоҳ намуданд, то омодаи мулоқот бошанд. Шайх Ҷодалҳақ чунин гуфт: Ман ҳаргиз дастонамро бо салом кардан, бо ин кушандаи тифлони мусалмонони Фаластин ва таҷовузгарону ғосибони сарзамини таърихии мусалмонон нопок намекунам. Ин мулоқотро қатъан рад намуд ва раиси Исроил шармандавор баргашт. Ин амалаш сару садоҳои зиёдеро дар ҳукумати он вақтаи Миср ва ҳатто дунё мунташир сохт.

– Инчунин дар моҳи сентябри соли 1994 як “конфронси ҷаҳонии аҳолӣ” дар Қоҳира пойтахти Миср баргузор гардид. Дар чанд банди онки бояд онҳо дар Миср пас аз конфронс қабул ё дар порлумон ба тасвиб мерасид, мухолифати ошкор бо шариъати ислом дида мешуд. Шайх Ҷодалҳақ ҳама он бандҳои мухолиф бо шариъатро маҳкум ва қабули он қонунҳоро муғойр бо ислом ва фарҳанги мардуми Миср эълон намуд. Ҳатто он маврид суҳбат кардан дар Мисрро маҳкум кард, ки бо баҳонаи озодӣ чунин фарҳангҳои бегонаро ба кишвари исломие чун Миср наоред. Пас аз он бо забонҳои арабӣ ва англисӣ зиёни онро баён дошт ва дар ҳама ҷо нашр намуд. Инчунн ба раиси Миср дар тамос шуд ва хатари онро фаҳмонид ва Ҳусни Муборак, Президенти Миср дар баёнаш чунин гуфта буд: ҷаноби шайх, ҳарчӣ шумо салоҳ медонед мо онро мепазирем ва ҳеҷ мухолифате бо шумо нахоҳем кард.

– Дар Миср аз қадим одате буд, ки он аз замони фиръавнҳо то солҳои 1985 идома дошт. Ин одат чунин буд, ки ҳар сол як озмуни “Маликаи соҳибҷамоли Нил” баргузор мегардид. Дар аҳди қадим зеботарин духтарро ба дарё меандохтанд, то аз шарри Нил эмин бошанд, аммо дар солҳои баъдӣ танҳо он озмунро бо шакли дигар мегузарониданд. Ҳама корпусҳои дипломатиро даъват мекарданд. Духтари ҷавоне, ки дар ин мусобиқаи “Маликаи соҳибҷамоли Нил” баранда мегашт он духтарро ба дарёи Нил меандохтанд ва пас аз он наҷотдиҳандагон он духтарро аз дарё наҷот медоданд. Шайх Ҷодалҳақ дар як фатвои расмӣ аз Азҳар ин амалро, яъне “Вафо ба Нил”-ро маҳкум ва муғойр бо аҳкоми шариъати исломӣ номид.

– Иқтисоддонҳои Миср диданд, ки мардум бо банкҳо ҳамкорӣ намекунанд сабаб дар он буд, ки бонкҳо рибавӣ (процентӣ) буданд ва ислом онро дар чанд оят ҳаром ҳукм кардааст.

Дар яке аз маҷлисҳои ҳукуматӣ ҳама вазирону мансабдорони ҳукумат ширкат доштанд, шайхи Азҳар Ҷодалҳақ ҳам ҳузур доштанд. Мисле, ки дар мо ҳам ҳоло раиси маркази исломӣ ширкат меварзад. Дар рафти маҷлис, ки он аз тариқи шабакаҳои кишвар пахш мешуд, Ҳусни Муборак ба шайх Ҷодалҳақ бо лаҳни муаддабонаи мисрӣ чунин гуфт: Эй мавлоямон, бонкҳои мо наздик аст муфлис шаванд. Мардум пулҳои худро дар бонкҳои давлатӣ намегузоранд. Аз шумо ҷаноби шайх мехоҳем дар ин масъала як фатвое содир намоед, то вазъи хароби иқтисодии давлатро тағйир диҳем. Гузоштани пулҳои мардумро дар банкҳо фатвои ҳалол содир намоед. Медонед,ки мардум ба фатвои Азҳари шариф эътимод доранд ва ин масъала айни ҳол хеле заруру муҳим аст, аз ин рӯ моро кӯмак кунед?.
Шайх Ҷодалҳақ пас аз шунидани ин сухани Президент бо чеҳраи гирифта ва нохуш аз ҷо боло шуд ва бо ғазаби шадид ба Президент Ҳусни Муборак чунин гуфт: кӣ ба шумо гуфта, ки ман ҳукми ҳалолу ҳаромро содир мекунам? Оне, ки ҳалолу ҳаромро ҳукм мекунад танҳо Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолост! Инро дониста бошед ҷаноби Президент ҳаргиз ва ҳаргиз ман фатвои худро дар мавриди ҳаром будани фоидаи бонкӣ ё рибо (процент) тағйир намедиҳам ва бо таъкид мегӯям он ҳаром аст!!!

Дар аснои шайхи Азҳар буданаш ҳеҷ фатвое барои ҳалол ҳукм кардани фоидаи бонкӣ содир накардааст.

Вазири маорифи Миср фармоне содир намуд,ки дар макотиби ибтидоӣ духтарон ҳатман бидуни ҳиҷоб ба дарс ҳозир гарданд, аммо дар синфҳои болоӣ падару модарони духтарон бояд бо гирифтани иҷозаи махсус аз вазорати маориф, агар хоҳиши онро дошта бошанд,ки духтаронашон бо ҳиҷоб ба дарс ҳозир шаванд, муроҷиат намоянд.

Ин вазир фаромӯш карда, ки дар кишвар шероне вуҷуд доранд, ки барояш чунин иҷозаро намедиҳанд. Ин мардони Худо танҳо аз Аллоҳ метарсанд ва ҳаргиз ончӣ фарз аст мухолифат бо он намекунанд ва чунн иҷозаро ҳам ба касе намедиҳанд.
Шайхи Азҳар Ҷодалҳақ дар ҳол Шӯрои уламоро даъват намуд ва қарореро содир намуданд, ки ин фармони вазири маориф мухолифати ошкор ба шариъати исломӣ аст. Аз татбиқи ин қарораш вазорати маориф бояд баргардад. Вазорати маориф бидуни ҳеҷ мухолифат дар рӯзи дуввум ин қарорро лағв намуд ва бекор кард.

Шайх Ҷодалҳақ бо ин ҳама ҷойгоҳ ва маконаташ, ки шайхи Азҳар дар Миср, волотарин мақом ва вазифа аст, дар қаср ё хонаҳои бо карру фар ва муҳташам зиндагӣ намекард. Ӯ дар як хонаи оддӣ, дар минтақаи Ал-мунили Қоҳира дар як бинои қадимаи панҷошёна он ҳам дар панҷум ошёна ба сар мебурд. Ҳар ӯз ин пирамарди 79 сола ба ошёнаи панҷум мебаромад ва мефаромад. Вақте, ки ҳукумат барояш қасри зебоеро пешниҳод намуданд бо як калима онро рад намуд. Ман харида ва фурӯхта намешавам. Инчунин маоши муайяне, ки мисли умум аз ҳукумат мегиранд, мегирифт. Ҳаргиз ҳадяеро аз мардум намепазируфт ва ин амалро бад медид. Инчунин мукофотҳое, ки аз китобҳо ва навиштаҳояш барояш медоданд онро намепазируфт ва мегуфт, ман барои ризои Аллоҳ ин амалро анҷом додаам.

Шайхро соли 1983 бо волотарин ҷоизаи давлати Миср ё медали ифтихории “Вашоҳуннил” сарфароз гардонидаанд. Ин ба муносибати ҳазор солагии Азҳар буд. Инчунин дар давлати Мағриб сазовори ҷоизаи “Кафоатул фикрия вал улум” гардид. Соли 1995 ҷоизаи ҷаҳонии Малик Файсал “Дар хидмати ислом ва мусалмонон”-ро ҳам соҳиб гардид.
Ин ҷоизаи Малик Файсал маблағ ҳам дошт, шайх ин маблағро барои худ сарф накард. Дар зодгоҳаш як комплекси бузурги исломӣ бунёд ниҳод, ки дар худ бемористони бузург, пажӯҳишгоҳи исломӣ ва масҷиди бузурги ҷомеъ дошт.
Шайх Ҷодалҳақ дар синни ҳафтоду нуҳсолагӣ 15 марти соли 1996, ки рӯзи ҷумъа буд пас аз вузу интизори адои намози ҷумъа буд, ки ҷонро ба ҷонофарин супурд. Дар ҳамон рӯз ҷаноза ва дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.
Бале, ин буд як намунаи бориз аз уламои ҳақгӯи уммати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам). Рӯзгору осор ва корномаи ин марди Худо бояд панди бузурге, намунае ва улгуе бошад барои уламои тоҷик. Хоссатан онҳое, ки аҳкоми илоҳӣ дар ҳузурашон таҳқир мешавад, аммо онҳо ҳамоно дастҳо пеши бар “–БАЛЕ”, мегӯянд. Даҳҳо маротиб ҳаҷ таҳқир шуд хомӯшанд, ҳиҷоб таҳқир ва зани ҳиҷобдор таҳқир ва рафтани занон ба масҷид манъ мешавад хомӯшанд, манъи ҷавонон то сини 18 сола ба масҷид эълон мегардад хомӯшанд, таълими исломро манъ месозанд хомӯшанд, тахриби масоҷид, табдили масоҷид ба қаҳвахона ва тарабхона ва ҷойи зист, хомӯшанд. Манъи намоз гузоштан дар ҷойҳои умум ва корхонаву муассисаҳо хомӯшанд. Дар сурате, ки ислом то ин ҳад дар ҳузури шумо таҳқир мешавад ва исломбадбинӣ рушд мекунад ва шумо наметавонед аз ислом ҳимоят карда, чаро худро олими дин ва намояндаи дини ислом мегӯед?. Чаро? Чаро? Чаро? Ва боз чандин чаро?-ҳои дигар. Аллоҳ ҳидоят кунад уламои суъро, омин.

Share This Article