Кришаи Билол Иброҳим қайсангули “пешво” будааст

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Муруре ба «номаи аъмол»-и Билоли Иброҳим, раиси ноҳияи Шоҳмансур, нафаре, ки Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро зиндонӣ кард

   Ба номи худованди бахшояндаи меҳрубон!

Ман, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Роғун ҳастам. Билол Иброҳим, раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе пеш аз таъиноташ ба ин мақом раиси Роғун буд. Билол Иброҳим соли 1963 дар Вахш ба дунё омадааст. Аз зани якумаш 3 писар ва 3 духтар дорад. Аз Фируза зани дуюмаш фарзанд надорад. Як ҳавлии 3 ошёна дар маҳаллаи маъруф ба «Колхози Россия» ва 3 хонаи дигар дар домҳои баландошёна дорад. Хеле аз ҷиноятҳои содир намудаи ӯро вақи раиси Роғун буданаш медонам. Аммо сардорамон иҷозат намедод, ки ҷилави ин ҷинояткорро бигирем. Мегуфт «Ҷаноб хафа мешавад, вай намояндаи ҷаноб дар Роғунай».

Билоли Иброҳим 3- 4 соле, ки дар Роғун кор кард, кораш фақат дуздӣ буд. Бюҷети шаҳрро як худаш обу лой мекард. Мардум ва коргаронашро маҷбурӣ ба ҳашар мебаровард. Аммо корҳои анҷомдодаро ҳуҷҷат карда пулҳои шаҳрро ба ҷайби худаш мезад. Ҳама коргарони мақомот медонстанд, аммо гап намезаданд чун,ки намояндаи пешво аст ва ба ӯ ҳама ҷиноят ҷоиз аст. Ҳангоми ҷусуҷӯй намудан,ки ки ҳаст ӯ ҳаминро пайдо намудем,ки Билол Иброҳим дар пушташ амакашро дошт, ки ёрдамчии президент будааст.

    “Билол Иброҳим бисёр шахси фосиқ ва зинокор аст. Вай дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун як мамароза дошт. Дар байни ҳамкорони мо ӯро ба лақаб ном мебурданд: «сиёҳаки раис» таваллудаш 1971 аст.  Ин сиёҳаки раис чанд духтари қадраси шаҳрро ба раис ҳамчун туҳфа мебурд. Яке аз ин духтарҳо Лола, мутаваллиди соли 1996, ки феълан дар Академияи милиса таҳсил мекунад.”

«постаянкааш» буд. Лола якҷо бо «сиёҳаки раис» дар шуъбаи фарҳанг кор мекард. Ҳар шанбе ва якшанбе дар дачаи Бобои Валӣ дам мегирифтанд. Аз Душанбе боз яктои дигар Папароза дошт. Номаш Катабег, раиси ошхонаи Тахтача.

Чандин бор ба Зафари домоди Нуриддини акаи Президент расонида шуд, ки ин ҳаромхур ҳама бюҷетро нобуд мекунад, аммо ҳама хомӯш. Вақте аз раисии шаҳри Роғун гирифтанд, ду хона дар Роғун дошт. Фурӯхту долия доду ба Шоҳмансур раис таъин шуд. Умеди Нуриддини Раҳмон прокурори  ин ноҳия мебошад.

  “Билоли Иброҳим ҳоло ҳам ҳаромхуриву зинокориашро давом дода истодааст. Аз Роғун якчанд коргарони ба худаш содиқ аз ҷумлаи ҳамон сиёҳаки мамарозаашро Душанбе бурд. Соли 2019 вақте раиси ноҳияи Шоҳмансур таъин мешавад дар шуъбаи фарҳанг ҳамон мамарозаи сиёҳакашро мудир таъин мекунад. Дар бухгалтерия ҳам одами худашро аз Роғун мебарад. Қариб ҳама кормандони бособиқаи ҳукумати ноҳияи Шоҳмансурро  ронда ва ба ҷои онҳо хешу табор ва наздикони худашро мемонад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали кор дар Душанбе дар пушти налоги Шоҳмансур барои худаш ҷои арақхурӣ ва ҷои зинокорӣ мекушояд.”

Билол Иброҳим вақте маст мешудааст, ин «сиёҳаки раис» ҳам фурсат ва ҳам зиёфати муфтро ғанимат шуморида ҳар шаб дар пушти налог бо ҳамроҳи Папарозааш – Катабег арақхурӣ мекардааст. Билол як қайсингул дорад бо номи Муқаддас Абдувалиева . Ҳама вазифаҳоро дар дохили ҳукумати Шоҳмансур  ҳамин тақсим мекардааст. Муқаддас сардори шуъбаи кадрҳо аст. Муқаддас Абдувалиева  хоҳари зани дуюми Билоли Иброҳим аст. Ин Муқаддас Абдувалиева  ҳарчи хонаи бесоҳибе, ки аз кампирҳои урус боқӣ монд дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо номи дигар касҳо документ карда фурӯхтааст. Охиронашро, ки Билол Иброҳим ҳам дарёб кадааст ба номи зани дуюмаш дар аэропот дода будааст. Дар КДАМ-и Шоҳмансур нафаре бо номи Юнус Бобоев майор кор мекунад  ҳамаи ҷиноятҳои Билолро санад кардааст, аммо мисли онки рупӯш мекунад. Чанд нусха аз он санадҳо ба “Ислоҳ” расидааст ва рӯяшон кор дорем. Шавҳари Муқаддас Абдувалиева дар таможний кор мекунад бо номи Ширин ва шахси хеле пулдор ҳам ҳаст.

Билоли Иброҳим бо сардори шуъбаи кадр ва роҳбари дастгоҳаш коргаронашро рӯирост дашному ҳақорат мекунад. Маҷбур роҳӣ мекунад, ки бираванду пули мусору пули обу пули налогро ҷамъ кунанд. Билоли Иброҳим аз идораи партобҳои сахти маишӣ, раёсати молия ва ДЭУ ҳар моҳ аз 3 то 5 ҳазор доллар доля мегирад. Дар ин ниҳодҳо ҳам одамони худашро таъин кардааст.

  “Дар дараи Ромит сохтмони бустонсарои ду ошёнааш дар ҳоли тамом шудан аст. Ин дачаи Билол Иброҳим  дар паҳлуи дачаи Катабеки папарозааш ҷойгир шудааст. Духтарони ресторани “Тахтача”и Катабекро ҳаминҷо оварда бо онҳо фоҳишагӣ  мекунанд. Билол вақте ин дача меояд бо мошини давлатиаш намеояд. Ҳар ҳафта, ки меояд мошинҳояш иваз мешаванд,то но аён бошад. Дар онҷо Лолаи донишҷӯи Академияи милиса ва Катабеки ресторанчи, папарозааш ҳама асбоби майишат, бо духтарҳоро фароҳам мекардаанд. Пули квартираи Лоларо Билол Иброҳим  медиҳад.”

Билол Иброҳим ба чанде аз зердастонаш дар Шоҳмансур пешниҳоди ҳамхобагӣ дода вале ҷавоби рад шунидааст.

Дар ин миён миёни Билоли Иброҳим ва «сиёҳаки раис» чи сире фош мешаваду  сиёҳакро аз кор озод мекунад. Гуфта мешавад, ки дар пушти масъалаи аз кор рафтани «сиёҳаки раис»  ҳамон Муқаддас Абдувалиева меистодааст. Ба назар мерасад, ки ба Рустами Эмомалӣ ҳамин гуна коргар дар кор ва муҳим будааст.

“Як кори дигари Билоли Иброҳим ғам додани соҳибкорҳо мебошад. Як муовин дорад барои ба расмият дарвардани хонаву манзил ё ягон иншооти дигар бар асоси қонуни афв ҳатман бар ивази пул анҷом медиҳад. Қонунӣ кардани хонаҳо ройгон аст. 600 сомонӣ боҷи давлатӣ месупорӣ тамом. Аммо ин ҳаромхур аз 10 ҳазор сомонӣ бештар мегирад.”

Ман дар бораи ҷиноятҳои ин раиси ҳаромхур сабтҳо ҳам дорам,ки онҳоро фиристодам ба “Ислоҳ” вале онҳо ҳамааш нестанд.

Акаи Муҳамадиқбол! Ҳозир дар Тоҷикистон ҳама медонад, ки фақат худат дарду мушкилоти мардумро беибо мегуӣ. Рости гап, ман чанд бор бо фармони сардор чанд ҷавони бегуноҳро бурда латту куб кардам, ки бар зидди худат гап зананд, баъдан ин корро бас кардам. Худам ҳам чанд бор дар барномаи «минбари муҳоҷир» шуморо дашном кардам, ки ҳоло пушаймон шудаам.

  “Ака ман аз худат бахшиш мепурсам, ки чанд борҳо ҳақоратат кардам. Барои он ҷавонҳоро мебурдам, ки бо шумо иртибот гирифта дар барномаҳоятон гап зада буданд. Аз Шумо бахшиш мепурсам. Аз пушти ҳамин Билоли Иброҳим журналистони тамоман бегуноҳ-Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ зиндон шуданд.”

Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ аз дасти ҳамин Билол Иброхим равонаи зиндон шуданд. Асли воқеа ин аст ки вақте Далери Имомалӣ дохили бинои ҳукумати Шоҳмансур мешавад, ёрдамчии ӯ онҳоро роҳ намедиҳад, ки вориди қабулгоҳ шаванд. Онҳо ду соат пушти дари ҳукумат интизор мешавад. Аммо Билол Иброҳим кабул намекунад ва баракс ба мақомоти милитсия занг зада дастур медиҳад, ки ин наворбардорр дастгир ва съёмкаашро пок кунанд. Бовар кунед, ин раис бисёр ҳам тарсончак аст. Вақте раиси Роғун буд, бачаашро қапидем. Бачааш дар як фирмаи сохтмонӣ кор мекард. Билол  Иброҳим ба воситаи ҳамон фирмаи сохтмонӣ бюҷети Роғунро ғорат мекард. Соли 2019 бачаашро қапидем ва «дело» кардем. Бо кадом роҳҳое ба Зафар Қурбонови домоди Нуриддини акаи Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар прокуроратураи Душанбе аст, баромада ҳама корҳояшро хобонд. Уголовникҳои шуъбаи 1-Шоҳмансур қапида меоваранд ва дашномҳои қабеҳ мекунанд, ки Далер ва Ғурбатӣ успет мекунанду дар канали Ютуб съёмкаро нашр мекунанд. Баъди як рӯз ҳардуро қапида меоранду делои ҷиноятӣ мекушоянд. Боздошт ва зиндонӣ кардани Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ бо дастури Билоли Иброҳим сурат гирифтааст. Парвандаи онҳоро ҳам милиса ва ҳам амният пеш бурданд. Аз амният Юнус Бобоев майёри КДАМ онҳоро бо туҳмат дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои гуё террористӣ муттаҳам карда ва сипас бо мусоидат ва таъйиди прокурори Шоҳмансур онҳо бегуноҳ зиндонӣ шуданд.

Нуктаи ҳайратовар ин аст, ки дар буҳрони иҷтимоии январи соли ҷорӣ раисони навоҳии дигари Душанбе аз мақомҳо канор зада шуданд. Аммо Билоли Иброҳим, ки ноҳияи Шоҳмансур дар ин зимистон омода набудани худро барои муқобала бо сардӣ ва барф нишон дод, дар вазифааш боқӣ монд.

Ин Зафари прокурор бародари  Анвари Текстил аст ва ба зани якуми Билол хешу таборӣ доранд ва ба Нуриддини тракторист домод аст. дар чашми Эмомалӣ чи хел хок мепошад? Билол Иброҳим аз фонди захираи ҳукумат хароҷоти бисёр намекунад. Ҳама ҳукумати шаҳраку ноҳия фонди на кам аз 1 миллион сомонӣ дорад. Ин маблағ барои хароҷоти солонаи коргарон ва ё таҷҳизоту техника, маъракаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва ё военкомат ва дигар корҳо бояд истифода бурда шавад. Аммо Билол Иброҳим аз ин Фонд хуб расход кунад 20 то 50 ҳазор сомониашро расход мекунаду тамом. Вақте ҳукумати Эмомалӣ мебинад ин фонд дар ҷояш аст, хаёл мекунад ин дузд нест. Аммо дар асл Билоли касиф ҳамаи ниҳодҳои дигарашро ғорат мекунад. Мисли ДЕУ, ЖКХ, партовҳои сахти маишӣ, соҳибкорон, домсозҳо, то ҳатто аз раисҳои маҳалла даромад ва доляи худро дорад.

Як сабаби раисшавии Билол ва аз раисӣ дар қатори се раиси ноҳияи Душанбе дар моҳи январ барканор нашудани вай ин аст ки Билол бо қайсингули Эмомалӣ, хоҳари Азизмоҳ дар колхози Россия ҳамсоя аст. Зани якуми Билол бо вай дугонаи наздик аст. Ва ҳамин қайсингули Эмомалӣ ҳар гоҳе рафта ба Эмомалӣ Билолро таърифу тавсиф мекардааст, ки боистеъдод ва коргари хуб аст. Албатта, ин таърифҳо бепул набудааст.

Рустам бинобар гуфтаи бачаҳои КДАМ Билолро қади хуг бад мебинад. Аммо ин холаи Рустам будааст, ки Билолро дар «доверия»-и Эмомалӣ ва Азизмо даровардааст.

Ва зани дуюми Билол Иброҳим Фируза  хеши Муқаддас Абдувалиева, сардори шуъбаи кадрҳо мебошад ва бо ҳамон хоҳари Азизмо, ки ҳамсояи Билол Иброҳим аст қудогӣ дорад. Диққат диҳед аз ду тараф бо қайсангули пешво корро пеш мебаранд.

Ин Муқаддас Абдуваллиева зани Ширин-коргари гумрук аст. Ширин бо соҳибкорӣ ҳам машғул аст. Домсоз аст. Ресторани Роҳат аз ӯст ва дар Яккачинор тарабхонаи «Вохурӣ» дорад. Ҳамчунин Ширин протсеншики калон аст. Чи қадар пул хоҳӣ бо протсент медиҳад. Аммо ҷафида пулатро мегирад. Албатта дар мавриди Ширин муфассалтар дар барномаи махсӯсе аз ҳама кирдорҳои ҷиноятӣ ва сӯйи истифода аз мақому мансабаш хоҳем гуфт.

“Бо хоҳари Азизмо Муқаддас қудо мешавад. Аммо он духтарро, ки бачаи Муқаддас мегирад, як хизматгори хонаи хоҳари Азизмо буда аст. Вай дар хонаи ҳамон калон шудааст. Падару модари он духтарак як камбағали оддӣ мебошанд. Барои чи ин Муқаддас Абдувалиева Билол Иброҳимро задагӣ аст? Барои онки Муқаддас  Абдувалиева метавонад ҳама «секрет»-ҳои Билолро ба қайсингули Эмомалӣ, хоҳари Азизмо расонаду аз ин мақомаш барканор кунад. Билол Иброҳим аз Муқаддас Абдувалиева  сахт метарсад. Гапи Муқаддас барои Билол қонун аст ва Билол ба воситаи ана ҳамин қайсингули Эмомалӣ то имрӯз дар сари мансаб истодааст ва дар ин тундбоди имсола се раиси ноҳияҳои шаҳри Душанбе барканор шуданду Билол Иброҳим не.”

Зиндагинома: Билол Иброҳим 4-уми августи соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1989 Донишкадаи омӯзгории Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)-ро ба таври рӯзона бо ихтисоси муаллими фанҳои математика ва физика ва ҳамчунин соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ: Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун лаборанти шуъбаи селексия ва модерни филиали Донишкадаи тадқиқоти умумиитифоқии заминшиносӣ дар ноҳияи Бохтар оғоз намуда, баъд аз як соли фаъолият аз соли 1981 то соли 1982 ба ҳайси коргари сехи қаннодии №1, трести «Хӯроки умумӣ»-и шаҳри Бохтар шуғл варзидааст.

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намудааст.

Солҳои 1984-1989 донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории Бохтар ва баъди хатм аз соли 1989 то соли 2001 дар вазифаҳои инструктор, мудири шуъба, котиби дуюми Кумитаи комсомолии шаҳри Бохтар, муовини раиси Созмони иттифоқи ҷавонони шаҳри Бохтар ва раиси фонди ҳифзи ҷавонони вилояти Хатлон фаъолият кардааст.

Солҳои 2001-2004 муовини мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанг, мудири шуъбаи иқтисод, инвеститсия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2004-2016 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми раиси ноҳияи Шоҳмансур ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ-и ноҳияи Шоҳмансур адои хизмат кардааст.

Аз соли 2016 то соли 2019 вазифаи раиси шаҳри Роғунро ба уҳда дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид ва бо шафоъати қайсангули пешво ва қайсангули худаш дар ин мақом дошт карда истодааст.

Поёни бахши аввал, идома дорад….

Ps: Хонандаи азизу гиромӣ хуб каме ҳам бошад, қатрае аз баҳри ҷиноятҳои Билол Иброҳимро хондеду ошно шудед. Агар кришаи ту яке афроди оила бошад бикун ҳар ҷинояте мехоҳи ва ту кор кардан хоҳи гирифт. Инро мегуянд адолати пешвои миллат ва “давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ,дунявӣ ва ягона” Хоҳед қабул кунед, нахоҳед баромада равед аз кишвар! Мо барои худамон давлат сохтем, на барои шумо!

Share This Article