Раиси собиқи Мастчоҳро барои ободкорияш куштанд?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Мо дар мавриди ноҳияи Мастчоҳ чандин матлаб ва барномаҳои мудаллал нашр намуда будем. Матлаби навбатии мо,ки аз манобеъи мувассақ ба “Ислоҳ” расидаанд ва ҳудуди се моҳ ҳамаро таҳқиқ намудем. Ҷиноятҳое мебошанд, ки то имрӯз омилони он бе ҷазо мондаанду боз ҳам дар ҳамон мақомҳояшон ифои вазифа менамоянд. Бовар кунед ин ҷинояткорон ҳар коре мехостаанд дар ин ноҳия анҷом медодаанду бо додани “долия” ба раиси вилоят ва прокурори генералӣ ҷиноятҳои худро рӯйпӯш ва боз ба кори худ озодона идома медодаанд. Бихонед, то қатрае аз баҳри ҷиноёти ин нобахирадони фурӯмоя огоҳ гардед.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст Аъзам Ализода чанде пештар раиси ноҳияи Масчоҳ таъин шуд. Мардуми Мастчоҳ хурсандӣ карданд, писари бонкир раиси ноҳия шуд, чашмаш сер, барои ободии мардум ва ноҳия кору фаъолият мекунад. Лекин сад афсус боварии мардум дер давом накард. Аввалҳои кораш мардумро ҳафтае ду рӯз қабул мекард. Аммо ҳоло як рӯз ва он ҳам аксари вақт ҷонишинҳояш қабул мекунанд. Дар ноҳия тағйироти кадрӣ доир кард. Ба ҷои раиси кумитаи замин Зокирзода Умед, Рустам Рустамзода таъин гардид. Баъди нашри наворҳои шумо дар бораи Умед Зокирзода ӯ ду бор аризаи аз кор рафтан навишта буд. Аммо Зокирзода Умед, азбаски заминҳои зиёдеро ғайриқонунӣ фурӯхта ва ҷинояти зиёд содир карда буд, ягон одами ҳалолкор аз вай ин вазифаро гирифтан нахост. Дар асл кадрҳои хубе дар ноҳия кор мекунанд, ки метавонанд раиси кумитаи замин бошанд. Ҳатто як нафар пайдо ҳам шуда буд, ки хост дар ин мақом кор кунад. Аммо вай хоҳиш кард, ки бояд аввал кори ин кумита пурра аудит бишавад. Корҳои кумитаи замин дар замони роҳбарии Зокирзода Умед ва Рустамзода Рустам аз соли 2010 то инҷонибро ревизияи аудитӣ карда сипас қабул менамоем, гуфт розигӣ дода буд. Аммо барои аудит ягон кас розигӣ надод: ҳукумати ноҳия, прокурор, милиса амният, коррпусия ва суд розӣ нашуданд. Чунки ҳамаи онҳо аз ин ҳама ҷиноёти роҳбарони Кумитаи замин на танҳо бохабар мебошанд, онҳо доля шариканд, шарики ҷурму ҷинояти заминфурӯшианд, ҷиноятҳоро рӯйпӯш кардагианд. Барои ҳамин як ҳаромхӯрро аз кор гирифтанду ба ҷойи вай ҳаромхӯри дигарро гузоштанд. Мансаби раиси  кумитаи замини ноҳия байни Зокирзода Уме два  Рустам Рустамзода монополия шудагӣ. Аз соли 2010 то инҷониб яктояш раиси КДФ мешавад, дигариаш раиси кумитаи замин. Ва ҷойи ҳамдигарро иваз мекунанд. Баъди таъин шудани Рустамзода. Рустам ба мақоми раиси Кумитаи замини ноҳия мардуми Масчо ба раиси нав тамоман бовариашро аз даст дод. Аъзам Ализода дар оғози кораш ваъда дода буд, ки ӯ тағйироти кадрӣ анҷом медиҳад. Кадрҳои Ғайрат Азиззодаро пура аз кор озод ва кадрҳои нави ботаҷрибаро оварда барои мардум ва ноҳия ободӣ мекунад. Аммо кадрҳои Ғайрат  Азиззода мегуфтаанд, ки аз дасти ин Аъзам Ализода ягон чиз намебиёяд. Агар мо бихоҳем дар вазифаҳоямон корро идома медиҳем, агар нахоҳем ба вазифаи дигар мегузарем. Ҳамааш бо хоҳиши худамон мешавад. Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳамаи мардуми Масчоҳ медонанд, ин Аъзам Ализода бо Рустами Эмомалӣ дӯстӣ ва рафту омади нағз дорад. Ализода аз Рустам ягон монданӣ надорад. Бизнеси дигаронро конкретно «захватит» мекунад. Барои мисол тиҷоратҳои чанде аз соҳибкорони хуҷандиро «захват» карду гирифт.

Медонед ин «мафия»-и Ғайрат Азиззода Аъзам Ализодаро чи хел мазоҳу масхара мекунанду чиҳо мегӯянд?  «Аз дасти Рустами наркоманаш (Рустами Эмомалӣ) чи меояд, ки аз дасти худи Аъзами Ализодаи наркоман ояд?» Хуллас, Аъзам Ализода дар назди «мафия»-и Ғайрат ба як лухтак табдил шудааст, ки «признават»-аш намекунанд. Феълан ноҳияро Атовуллозода Мулосоқӣ  «рулит» мекунад. Муллосоқӣ муовини аввали раиси ноҳия мебошад.

Аъзами Ализода дар рӯзҳои аввали кориаш хост, ки дар тамоми соҳаҳои ноҳия тафтишоти аудиторӣ доир кунад, лекин зӯраш нарасид. Медонед барои чи зӯраш нарасид? Моҳи ноябри 2021 муовини Прокурори генералӣ Юсуфӣ (Юсупов ) омада «доля»-и калонро гирифту хулосаи тафтишотро тавре нишон дод, ки дар ноҳия ягон камбудӣ нест. Аз рӯи маълумотҳои мо зиёда аз як миллион сомонӣ пул аз ин ҷинояткорон барои рӯпӯш кардани ҷиноятҳошон пора гирифтааст. Бо ҳамин сабаб ин Аъзам Ализода зӯраш нарасид.

“Шумо дар чанд наворҳои худ ба  ишора ба аслу насаби Эмомалӣ Раҳмонов аз камари чупони масчоӣ ба дунё омадани ӯро тазаккур карда будед. Мо ҳам инро медонем ва муйсафеде дар рӯи Эмомалӣ дар сафари кориаш ба Масчоҳи куҳӣ гуфта буд: «ту фарзанди фалонӣ мебошӣ».Он наворро як вақтҳое дар телевизон мемонданд вале баъдан «удалит» карданд. Лекин мардуми Масчоҳ монанди ин ҳаром беинсоф нест.”

Дар омади гап як чизро ба шумо ёдрас кардан мехоҳам. Шумо дар бораи Ҷинҷовҳо (Қодири Қосим, муовини раиси Маҷлиси намояндагон ва наздикони вай) барномаҳо пахш карда будед. Яке аз онҳо сардори милисаи Масчоҳ Муҳамадӣ Қосимзода мебошад. Аммо номи асосии вай Ҷинҷов Шафтолу будааст. То ҷое медонем вай дар вилояти Суғд корро дар Конибодом шурӯъ кардааст. Дар Конибодм ҳама ӯро бо номи Ҷинҷов Шафтолу мешиносанд.

Баъдан ному насабашро бо Қосимзода Муҳаммадӣ иваз кардааст. Барои онки дар ин ноҳия ҳама ӯро барои насабаш Ҷинҷов ва номаш Шафтолу мазоҳ мекардаанд. Кору бори Муҳаммадӣ Қосимзода дар ноҳияи Масчоҳ фақат пулҷамъкуӣ аст. Як одами бесаводи бемаданият мебошад. Фақт кораш бо як гуруҳи наркобаронҳои Масчоҳ зиёфат хурдану онҳоро «криша»-ват  кардан аст. Ин ҳодисаҳо дар расонаҳо ҳам чоп шуда буд, ки дар сарҳади Ойбеки Масчоҳ аввал ва охири соли гузашта ду мошини фураҳои борбари Тоҷикистон дар ин сарҳади тоҷику узбек бо наркотика ба миқдори бисёр калон дастгир карда шуд. Дар бораи ин наркотикҳо сардор милисаи ноҳияи Масчоҳ Қосимзода Муҳаммадӣ, сардори амнияти ноҳия Фирдавси Асрор ва сардори гумруки ноҳия бохабар буданд. Зеро ин «линия»-и наркотикаро ҳозир домодҳои Пешво ба даст гирифтагианд. Номи ин домод Маҳмадзоир будааст. Баъди бори дуввум дастгишавии миқдори калони наркотик разбори калон шуд. Бояд ин борро дар Русия Ҳасанов Абдуваҳҳоб қабул мекард ва бо одами боваринокаш Маҷидов Равшан обулой мекард. Нафари дуввуми боваринокашон дар Масчоҳ муаллим Устоолимов гуфтанӣ одам мебошад.

Ӯ ҳам як наркобарони сахт аст. Айни ҳол ба номи якчанд кас автозаправкаҳои сӯзишворӣ дорад. Як писари ҳамин муаллим дар сарҳади Ойбеки Тоҷикистон корманди гумрук мебошад, агар хато накунам номаш Фируз аст. То онҷое, ки мо хабардор шудем байни ин гуруҳи наркобаронҳо баҳси сахт идома дорад. Бояд як нафаро дар ноҳияи Масчоҳ бо ин миқдори калони бор айбдор ва дасгир карда ва дар расонаҳои давлатӣ «реклама» кунанд , ҷиноёти худашонро сарпӯш гузоранд. Мафия барои ин кор одами «подходияший» кофта истодааст. Барои «резултат».То он ҷое мо хабардор шудем ин одам бояд ҳамин Абдуваҳҳоб бошад. Аммо як гурӯҳ розигӣ надодааст. Чунки вай одами даркорӣ дар Русия мебошад. Вале Абдуваҳҳоб аз чанд вақт ба ин тараф гурехтагӣ аст. Ҳарчанд вай аз Ҳизби халқӣ-демократӣ вакили маҷлиси ноҳияи Масчоҳ мебошад.

  “Шумо дар бораи марҳум Азиззода Тоҳир як барномае доштед ва дар он барнома ӯро «қутос» гуфта будед. Тоҳир Азиззода ин барномаи шуморо тамошо карда дар аввал сахт дар ғазаб омада буд. Вале баъдан минатдорӣ кард, ки камбудиҳояш ошкоро шуданд. Баъди он барнома мухлиси ашаддии Шумо шуд, шоҳиди он будам,ки барномаҳои шуморо медиданд. Вай вақте ҳамчун раиси ноҳия омад, хеле пушаймон шуд.”

Барои он ки собиқ раиси ноҳия Ғайрат Азиззода бо командаш мардуми Масчоҳро ба дод оварда буд. Мулосоқӣ Атовуллозода, муовини аввали раиси ноҳия, раиси кумитаи замин Умед Зокирзода, муовини раиси кумитаи замин Азимбой Шафқатов, муовини раиси ноҳия доир ба сохтмон Шафқат Солиҳиён, раиси ҷамоати Бӯстон Рустам Рустамзода, раиси шӯъбаи танзими ноҳия Ҷумъабой Тошев, раиси кишоварзи ноҳия Нарзулло Боймирзоев, собиқ прокурори ноҳия Иззатуллозода Акобир ва собиқ сардори милисаи ноҳия Эмин Ҷалилзода аъзои командаи Ғайрат буданд. Ҳозир чандин нафар аз ин команда дигар дар ноҳия кор намекунанд. Аммо одами асосии ин команда Раҷаббой Аҳмадзода, мулаққаб ба Қофлонбой, раиси вилояти Суғд мебошад. Ва нафари дигар наркобарони хунхори одамкуш Абдуваҳҳоб. Чуноне дар яке аз барномаҳои қаблиатон гуфта будед ин команда барои қасди куштори Рустамзода Абдухалил собиқ корманди КДФ-и ноҳия чи хел нақша кашидаву онро анҷом дода буданд. Командаи Ғайрат Азиззода барои беобрӯ кардани Тоҳир Азиззода корҳои ободонии ноҳияро қасдан кашол медоданд. Вақте Тоҳир раис шуд, командаи Ғайрат ба ғазаб омаданд. Он шабурӯзҳо омодагӣ барои ҷашни рӯзи Ваҳдат дар ноҳия идома дошт. Қарор буд Президент дар ин рӯз ба ноҳия ояд ва чанд биноро ба кор дароварад. Сабаби кашолкорӣ ин буд, ки Тоҳирро ҳамчун кадри ноуҳдабаро нишон диҳанду аз вазифа бигиранд. Мардум рӯзона бо ҳашар ободӣ мекард аммо шабона ашхоси номаълум ҳамаи ободкориҳоро хароб менамуд. Барои мисол гулу гулзори роҳи марказӣ ва чароғакҳои равшанидиҳандаро ашхос номаълум шаб тамоман хароб мекарданд.

Марҳум Тоҳир Азиззода ба сардори милиса Эмин Ҷалилзода ва прокурори ноҳия Акобир Иззатуллозода супориши сахт дод, ки ин нафарони вандалистро ёфта дар асоси қонун чора бинанд. Аммо Эмин Ҷалилзода ин супориши раиси ноҳияро ба ҷо наовард. Ва харобкории ҷойҳое, ки Тоҳир Азиззода обод мекард, давом меёфт. Раиси ноҳия ин навбат бо Эмин Ҷалилзода ва Акобир Иззатуллозода суханҳои сахт гуфта супориш дод, пеши ин вайронкориҳоро бигиранд. Марҳум одамони бовариноки худашро шабона дар ноҳия посбон монд. Як вақти муайян дигар ин харобкориҳо аз байн рафт. Чунки фаҳмиданд, ки посбонҳо дар маркази ноҳия гашту гузор доранд. Тоҳир ҳам хотирҷамъ шуда одамонашро дастур дод, ки дигар шабона посбонӣ накунанд. Аммо ҳамон рӯзе,ки онҳоро аз посбонӣ манъ кард, шабона тамоми чароғакҳои қади роҳҳоро  шикаста партофтанд ва ба ҳисоби миёна зиёда аз 20.000 сомонӣ дар як шаб зиён оварданд. Агарчи ин чароғакҳо дар кӯчаи марказӣ воқеъанд ва дар ин кӯча бинои прокуратура ва амнияту ҳукумати ноҳия ҷойгир аст, ҳамаи ин биноҳо бо камераҳои замонавӣ муҷаҳҳазанд, боз ҳам ин кор сурат гирифт. Инро ҳам бояд бигӯем, ки танҳо дар ҳамон шаб беш аз 2 соат неруи барқро бидуни кадом сабабе дар маркази ноҳия қатъ мекунанд. Тоҳир Азиззода аз ин кор бохабар шуда сахт асабӣ мешавад ва як корманди милисаро сахт ҷанг карда мегӯяд, ки ту навбатдор будӣ, вақте ин ҳодиса руй дод, ту дар куҷо будӣ? Корманди милиса мегӯяд дар алоҳидагӣ   ҷавоб медиҳад. Ва ин корманди милиса будушуди гапро мефаҳмонад. Шодравон дуюм саволро медиҳад, ки аз ин кор роҳбари ту яъне Ҷалилзода Эмин бо хабар аст? Корманди милиса мегӯяд, ки раис нафақат Ҷалилзода Эмин, балки Иззатуллозодаи прокурори ноҳия ҳам қуш мебошад. Ва ин кори дасти ҳамонҳо мебошад. Тоҳир баъди ин гапу корро шунидан дар ҳайрат мемонад. Наход, ки то ин дараҷа инсон бераҳм бошад? Худи ҳамон бегоҳ тамоми командаи Ғайратро ба кабинеташ даъват ва маҷлис баргузор карда якта ба якта ҳамаашро мефаҳмонад ва огоҳӣ медиҳад. Аммо дар ин маҷлис прокурор Иззатуллозода Акобир ва сардори милиса Ҷалилзода Эмин иштирок надоштанд. Барои чи дар ин маҷлис прокурор ва сардори милисаро даъват накард? Барои он ки ин ду ба мардуми Масчоҳ бегона буданд.

Тоҳир Азиззода ба аҳли маҷлис чунон сӯҳбати сахту дурушт кард, ки бовар кунед, агар хар буд, пуст мепартофт. Лекин инҳоро таъсир накард. Ва то имруз ин беинсофӣ ва хиёнати худро нисбати мардуми Масчоҳ давом дода истодаанд. Ва дар ин миён як ҳафта гузашт. Шодравон Тоҳир Азиззода Эмин Ҷалилзодаро ба назди худаш ба ҳукумат даъват карда дар утоқи кориаш чунон задан кард, ки ба зӯр як ду нафар халосаш кард ва Ҷалилзода аз кабинети кории Азизода баромада рост пеши прокурори ноҳия Иззатулло Акобирзода  рафта арз мекунад. Иззатулло зуд ба Тоҳир занг зада ҳолати корро пурсон мешавад. Дар ҷавоб Тоҳир мегӯяд агар якбори дигар ин коратонро давом додед, аз ин рӯзаш ҳам бадтар мешавад ва мегӯяд, ки «ин гап ба турам дахл дорад Акобир». Хуллас Тоҳир  як илоҷ карда ободии маркази ноҳияро ба анҷом расонд. Дар ҷамоати Обурдон низ корҳои ободонӣ идома дошт. Дар ин ҷамоату биноро мебоист Президент омада мекушод. Шодравон Тоҳир дар ҷамоати Обурдон зиндагӣ мекард. Вай зодаи ҳамин ҷамоат мебошад. Як субҳи барвақт Тоҳир Азиззода бо гурӯҳи корӣ, ки иборат аз муовинон, раиси ҷамоат ва сардори милисаву прокурори ноҳия ташкил шуда буд, аз ҷамоати Обурдон дидан мекунад.

Дар гардиши роҳи ин ҷамоат боз ҳам ҳолати вайронкорӣ- вандализмро дида асабонӣ мешавад ва ба суи прокурор Иззатуллозода Акобир ва сардори милиса Ҷалилзода Эмин нигоҳ карда: «шумоҳо ҳаромзодаҳо аз ин коратон даст накашидед гуфта дар назди ҷамъомадагон Ҷализодаро чунон сахт мезанад, ки ба замин меафтад. Дар сари қаҳр  прокурори ноҳияро як лагад мезанад. Дар ҳамин ҷо прокурор Акобир Иззатулозода ба Тоҳир мегуяд, ки то ман туро накушам, намемонам. Баъди ин ҳодиса рафту омади мақомоти болоӣ ба ноҳия хеле зиёд шуд. Қоҳир Расулзода, сарвазир ҳам омад. Ин мақомот талош мекарданд, ки миёни Тоҳир ва командаи Ғайрат сулҳу салоҳ ва муросо барқарор намоянд. Шумо дар як суханрониатон дар бораи заҳр додан ба Тозир Азиззода хабар дода будед. Инро бояд тазаккур диҳам, ки бо супориши маҷбурии боло тамоми кормандони мақомоти ҳокимият дар маҳалҳо бояд воксин зада мешуданд. Тоҳир Азиззода коронавирус шуда вале комилан шифо ёфта буд. Аммо баъди воксинаро гирифтан вазъи саломатиаш бад шудан гирифт. То онҷое, ки ман медонам одамони дар ин кор даст дошта Иззатуллозода Акобир, прокурори ноҳия, Қофлонбойи раиси вилоят, Ҷалилзода Эмин, сардори ШВКД, собиқ сардухтури ноҳия Ҳоҷӣ Музаффар Баҳодурзода, соҳибкор Ҳасанов Абдуваҳҳоб (наркобарон) ва сардори амнияти ноҳия мебошанд. Ман бовар драм,ки як рӯз асрори марги Тоҳир Азиззода рӯ мезанад.

Вақте ки марҳум касал мешавад хоҳари калониаш-модари муфаттиш Имомзода Имом (Муминов Имом) ба аёдат меояд. Ӯро дида «сраза» мегуяд ки «додарма заҳр додан душманош». Аюбхон, бародари Тоҳир ва Имом мепурсанд, ки шумо аз куҷо медонед? Ин хонум дар ҷавоб кадом ҳодисаи гузаштаро ба ёд оварда мегӯяд, ки ба пӯсти Тоҳир нигоҳ кунед, ки сиёҳ шуда аст. Фарзия дар хурокаш симоб андохтанро ҳамин хоҳар тахмин мезанад. Зеро дар ҳақиқат пӯсти марҳум Азиззода дар чанд соат сиёҳ шуда буд, ки нишон медод, бемории вай табиӣ нест, бо таъсири берунӣ касал шудааст. Ҳоло шояд бипурсед, ки наркобарон Ҳасанов Абдуваҳҳоб дар ин куштор чи дахл дорад?  Ҳасанов Абдуваҳҳоб дар байни ин роҳбарони ҳаромхур ҳамчун одами бовариноки ФСБ Русия-генерал Патрушов мешиносанд. Патрушев котиби Шӯрои амнияти Русия аст. Солҳои пеш раиси ФСБ буд. Писари Патрушев бо номи Максим, гӯё дусти нағзи Абдуваҳҳоб мебошад. Абдуваҳҳоб ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ҷиноятҳои зиёде анҷом додагӣ аст.

“Шояд ин гап воҳима ва беасос бошад. Аммо мегӯянд, ки дар депорти Иззат Амон аз Русия ба Тоҷикистон ҳамин Абдуваҳҳоб ҳам нақш доштааст. Ин гапро Қофлонбой дар як нишасти «круг»-и худашон гуфта ва Абдуваҳҳобро таъриф кардааст.”

Қатли Тоҳир Азиззода тавассути воксин 

Тибқи маълумоти корманди вазорати тандурустии ноҳия ҳамон воксинро Ҳасанов Абдуваҳҳоб аз Русия оварда бошад, ки дар асл он на воксин балки заҳри қаттол будааст. Сабаби дар ин куштор иштирок кардани Абдуваҳҳоби наркобарон дар он аст, ки Тоҳир монеи корҳои ғайриқонунии вай шуда буд. Ғайрат Азиззода, раиси пешини Масчоҳ ба Ҳасанов Абдуваҳҳоб ба таври ғайриқонунӣ 3 га замини деҳқононро дода буд. Аммо қарори ин заминро Суди иқтисодӣ бекор кард. Ҳасанов Абдуваҳҳоб бисёр талош кард,ки Тоҳир Азиззода аз нав он заминро барояш қарор бароварда диҳад, аммо Тоҳир ин корро накард. Чанд маротиба Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Тоҳир супориш дод ки бо Ҳасанов Абдуваҳҳоб вохурӣ ва якдигарфаҳмӣ кунад. Марҳум аввал аслан ин корро накард. Аммо маҷбур шуд, ки бо Ҳасанов Абдуваҳҳоб чанд бор вохурад. Вале ин вохӯриҳо ягон  натиҷаи дилхоҳ барои Ваҳҳоб надоданд. Ҳасанов Абдуваҳҳоб аз Русия барои Тоҳир тӯҳфа ҳам овард.

Айни замон Ҳасанов Абдуваҳҳоб боз як бинои 2 ошёнаи беҳуҷҷатро дар паҳлуи Идораи адлия ва заводи куҳнаи пахта дар масоҳати 0.20 га сохта истодааст. Ин биноро бо номи бародараш Ҳасанов Ҳуснудин  ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда истодааст. Барои ин кор Мулосоқӣ Атовуллозода, муовини раиси ноҳия ба Ҳасанов Абдуваҳҳоб ёрдам карда истодааст. Ҳама корҳои ғайриқонунии Ҳасанов Абдуваҳҳобро дар ноҳия ҳамин Муллосоқӣ анҷом медиҳад. Чунки Муллосоқӣ аз Ҳасанов Абдуваҳҳоб 50.000 доллар қарздор аст. Ҳасанов Абдуваҳҳоб аз дигар пулдорони масчоӣ ба он фарқ мекунад, ки вай «буз»-и 100% аст. Хеле аз шермардони ноҳияро бо дастони бегонагон   нобуд ва зиндонӣ кард: чи дар ватан ва чи дар Русия.

Як нафари бовариноки Ҳасанов Абдуваҳҳоб дар корҳои тиҷорати наркотик Маҷидов Равшан мебошад.Вай ҳамдеҳаи Ҳасанов Абдуваҳҳоб аст ва дар Русия дар байни гурӯҳҳои бо наркотик машғул «доступ»-и калон дорад. Вай ҳамчунин хоҳари зани руси Ҳасанов Абдуваҳҳобро ба занӣ гирифтааст ва ҳарду аз ин ҳисоб боҷа ҳам мебошанд. Айни замон Ҳасанов Абдуваҳҳоб ва Равшан дар шаҳрҳои Нижневартовск ва Қазони Русия зиндагӣ мекунанд.

Як маълумоти дигар. Охирҳои моҳи октябри соли гузашта сардори амнияти ноҳия як маҷлиси пӯшида баргузор карда иттилоъ дод, ки «он далелҳое, ки дар канали душманони миллат расонаӣ шуда истодааст   як комиссия аз Прокуратураи Генералӣ омада тафтиш мекунад ва натиҷаашро ба боло гузориш медиҳад. Сипас раис ва прокурори нави ноҳия таъин мешаванд». Душманони милат гӯё шумо- мухолифон бошед.

 “Дар ҳақиқат 2.11.2021 ҳамон комиссияи гуфтагиашон омад ва дар бинои прокуратураи ноҳия мустақар шуда шурӯъ кард ба тафтиши масъулини ноҳия: кумитаи замин, КДФ андоз, молия, милиса, гумрук ва худи додситонӣ таҳти тафтиш қарор гирифтанд. Ин муфаттишон рӯзи аввал сиёсат карда корро шурӯъ намуданд. Аммо рӯзи дуввум нархи «ставка»-ашон аниқ шуд ва дигар ором гирифтанд.”

Нархномаҳои ҷиноятҳояшон ба боло чунин аст:

Бояд ҷинояткорони ҳукумат:

-Атовуллозода Муллосоқӣ, Солиҳиён Ш -меъмори ноҳия ва дигаронашон 150.000 доллар барои айбҳояшонро пӯшонидан ҷамъ карда диҳанд.

-Зокирзода Умед, раиси кумитаи замини ноҳия ва муовинонаш 100.000 доллар бояд диҳанд.

-Прокурори ноҳия 200.000 доллар, милиса бошад 150.000 доллар,

-Гумрук ва заставаи сарҳадии дидбонгоҳи Ойбек 300.000 доллар.

Хулосаи калом, то ҷое ман маълумот дорам мебоист қариб як миллион доллар ҷамъ карда диҳанд. Ҳамроҳ бо инҳо боз чандин соҳибкор ҳам «қуш» буданд. Бояд ин комиссия то 20 ноябр тафтиш мекард. Лекин «доля»-ашонро гирифта рӯзи 10.11.2021 пеш аз муҳлат тафтишро анҷом доданд. Ҳамин тавр 5-сола фаъолияти прокурори ноҳия ва МИҲД Масчоҳро «досрочно» гӯиё тафтиш намуданд. Аммо дар асл бошад, пулро гирифтанду ҷиноятҳоро рӯпӯш карданду хулоса доданд, ки маълумоти нашршуда дар расонаҳои интернетӣ ҳамааш дурӯғ ва кори душманони миллат аст, ки мехоҳанд иғво андозанду ноором созанд.

“Ана акнун бо чунин вазъият худатон хулоса бароред, ки кӣ душмани миллат мебошад. Шумо ҷурму ҷиноёти ин мансабдорони порахӯрро ошкор мекунед, аммо инҳо омада тафтиш кардаву ҷиноятҳоро маълум карда вале пораи калонтарро(1 миллион доллар) гирифта хулоса медиҳанд, ки ягон айбу иттиҳом тасдиқ нашуд. Ин дуздони дар либоси қонун ва давлат душман неву шумо душман ҳисобида мешавед. Роҳбари ин комиссияи тафтишот генерал (Юсуфӣ) Юсупов Музаффар Қурбонович одами бовариноки Юсуф Раҳмон-Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ӯ ҳам ба эҳтимоли зиёд аз Данғара аст. Фақат бо сардори гумруки ноҳия дар пости Ойбек якҷоя мегаштанд. Сардори гумрук данғарагӣ ва ҷияни президент мебошад.”

Худораҳматии Тоҳир худаш мухлиси барномаҳои шумо шуда буд. Яке аз аввалин корҳое, ки Тоҳир дар ноҳия кард, бинои ҳукуматро аз ҷалабхона шудан наҷот дод. Ғайрат Азиззода бошад ин биноро баъди анҷоми кор ба ҷалабхона табдил дода буд. Айни замон боз муовинони раис боз биноро ба ҷалабхона табдил кардаанд. Кори дуввуми Тоҳир ин буд,ки имзояшро бепул кард. Барои ҳар як ҳуҷҷат, он хоҳ қарор бошад, хоҳ чизе дигар имзои раис нарх дошт. Тоҳир ин муфтхӯриро аз байн бурда буд. Ва,навигарии дигараш ин буд, махсусан дар маросимҳои мотам ба хонаи мусибатзада рафта ҳамдардӣ ва дилбардорӣ изҳор мекард. Ба бемористонҳо мерафт ва рӯзҳои ид аз калонсолони бистарӣ дидан мекард. Фақат дар миёни мардум мегашт ва тамоми қарорҳои  ғайриқонунии командаи Ғайратро бекор мекард. Дар бораи аз мансаб барканор кардани муовинонаш Атовуллозода Муллосқӣ, Солиҳиён Ш. ва раиси кумитаи замини ноҳия Зокирзода Умед ва Рустамзодаи Рустам  5 маротиба гузориш кард. Вале инҳо бо дахолати Қофлонбой ва дигар «криша»-ҳояшон пул дода боз дар вазифаҳои худашон то ҳоло кор карда истодаанд. Шумо тасаввур кунед, ки Қофлонбой ба марҳум Тоҳир Азиззода савол медиҳад, ки сабаб дар чи аст ки ту ин қадар дар бораи зердастонат гузориш менависӣ? Тоҳир дар саволи Қофлонбой чунин ҷавоб медиҳад: «аз дасти ин порахурони ҳаром мардуми осоишта ба дод омадаанд». Қофлонбой мегӯяд,ки «туро Ҷаноб дар ин ноҳия раис мондааст, ки супориши Ҷанобро иҷро кунӣ на ин ки проблемаи мардумро ҳал кунӣ». Баъди чунин гап Тоҳир дар ҳайрат монда ба Қофлонбой савол медиҳад,ки «сабаб дар чист, ки шумо муовинҳои манро ҳимоят мекунед»? Қофлонбой мегӯяд, ки «инҳо супоришҳои Ҷаноб  ва манро буд мекунанд. Дар ин вилоят ман намояндаи президент мебошам ва ман президент дар ин вилоят мебошам ва инҳо супоришҳои додагии манро ичро мекунанд».  

Ман яке аз ин коргарони куҳнаи ҳукумат мебошам. Мо-коргарони куҳна ба шумор мондем. Ва,инро ҳам бояд бигӯям, ки барои курсии раиси ноҳияи Масчоҳ Атовуллозода Муллосоқӣ ва Зокирзода Умед давутози зиёд карда истода буданд. «Ставка»-и раисӣ аз 150.000 доллар ба 250.000 доллар боло рафт. Ин ду нафар аз командаи Ғайрат Азиззода буданд. То рӯзи охирон командаи Ғайрат ва Қофлонбой боварии калон доштанд, ки Атовуллозода раиси нави ноҳия таъин мешавад. Ҳато рӯзи 16.11.2021 сол Атовуллозода Муллосоқиро ба Душанбе даъват карда буданд. Вай барои гирифтани таъйинот рафта буд. Вале рӯзи 17.11.2021 Ализода Аъзам Наврӯз раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуд. Аъзам писари Наврӯз Валиевичи бонкир мебошад. Вай аз «клан»-и марҳум Тоҳир Азиззода мебошад. Боз ҳам нақшаи Қофлонбой барбод рафт. Қофлонбой аввал мехост, ки Рустам Рустамзода раиси ноҳия таъин шавад. Вале Тоҳир Азиззда фармонро ба даст оварда буд.

Мегӯянд,ки Аъзам Ализода «одам»-и Рустами Эмомалӣ мебошад. Ҳардуяшон дӯстии наздик доранд. Баъди барномаи Ислоҳ.нет ва расонаӣ шудани ҳолати қасди куштори Рустамзода Абдухалил , Рустами Эмомалӣ Аъзамро даъват карда «ту раиси ноҳияи Мастчоҳ мешавӣ» мегӯяд. Сумбулоғо-Асадулло Қимматович Раҳмонов, ёрдамчии Президент дар масъалаи кадрҳо барои раис шудани Атовуллозода Муллосоқӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба воситаи Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода 250.000 доллар пора гирифта буд. Аммо Сумбулоғо рӯзи 17.11.2021 бохабар мешавад, ки фармони раиси ноҳия таъйин шудани Аъзам Ализода баромадааст. Як чизро мехоҳам зикр намоям. Ҳар вақте барномаҳои шумо нисбати ягон корманди мақомоти Мастчоҳ нашр шуд, донед, ки ӯ дар балои бад дармонд. Агар 1000 доллар фоида ба даст оварда бошад, донед, ки ба «бачаҳакои боло»10 баробар зиёд карда медиҳад. Ба шумо маълум аст,ки «бачаҳакои боло» киҳоянд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Мо хело шодем,ки чеҳраи ғоратгарони Мастчоҳро ифшо менамоем ва ба мардум ба намоиш мегузорем. Аммо аз инаш хело ғамгинем,ки он ҷинояткорон тавассути Юсуф Раҳмон ва ниҳодҳои болоии кишвар тавассути пора додан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегарданд. Манобеъи “Ислоҳ” дар Мастчоҳ хело хуб кор доранд ва феълан ду гузориши комили дигар низ тақрибан омода ба нашр аст. Боз ҳам интизори маълумотҳои ҷадиду тоза ҳастем, то тақдими миллат ва мардум намоем. Раиси кунунии Мастчоҳ Аъзам Ализода ҳушёр бояд бошад,ки алакаи пас аз интихобаш ба ин мақом чанд шикоят расидааст ва агар ислоҳи онҳоро набинем ҳамаи он шикоятҳоро нашр хоҳем кард. 

Share This Article