Лайс Чоркӯҳро лайс кард

Ислоҳ нет

Дар ҳоле, ки нисфе аз сокинони Чоркӯҳ дар пайи созиши нангини Раҳмонов бо қирғизҳо бар сари марз бо иҷбору зулм аз хонаву дари бобоӣ ҷудо ва долу дарахт, манзили зист ва тамоми буду шуди худро тахлия ва раҳо мекунанд. Аммо Лайсиддин Шаропов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ бошад дар фикри ҷамъоварии пул ва ғорати ин мардум нақша ва барномаҳои харобиовар худро кашида истодааст. Ин на бори аввал аст ки Лайсиддин Шаропов, раиси идораи ҷамоати Чоркӯҳ сокинони Чоркӯҳро бо фиребу шантаж ғорат мекунад. Дар тамоми ин муддат, ки вай раиси ҷамоат аст луқмаи охири мардумро кашида гирифта барои худ зиндагӣ ва айшу ишрат фароҳам карда истодааст.

  Дар бораи ин раиси ҷамоат намедонам ин чандумин навиштаи Ислоҳ бошад. Дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» мардуми Чоркӯҳ хеле зиёд аз ӯ гуфтаанд. Лайсиддин ба яке аз образҳои манфии навиштаҳои «Ислоҳ» бадал шуда ҳар аз гоҳе кору корномаи вай мазмуну мундариҷа ва муҳтавои матолби моро ташкил мекунад.

Дар оғози навишта як номаи наверо дар бораи ӯ аз қавли як бародар аз Сурх инҷо пешкашатон мекунем:

«Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамаашро дар мактуб навишта наметавонам. Вақтам танг аст. Барои ҳамин голосавой фиристодаматон.

 Дар онҷо одамҳоро бо пули русӣ подстава карда делои ҷиноятӣ кушода истодаанд.

Дар шаҳри Исфара корманди уголовный розыск барои бар зидди одамҳо дело кардан онҳоро бо пули русӣ ва бо крупный сумма дастгир карда истодаанд. То онҷое, ки ман шунавидам ва дӯстонам аз ватан хабар доданд, дар ин корҳо Лайсиддин Шаропов, раиси идораи ҷамоати Чоркӯҳ ҳам шарик аст. Гап дар бораи чӣ меравад? Масалан шумо мошинатонро ба шабакаи иҷтимоӣ, барои мисол дар Сомон.тҷ мемонед барои фурӯш. Баъд ба шумо занг мезананд, ки мошини шумо маъқул шуд, биёед савдо мекнем. Баъди савдо одами харидор мегуяд, ки ман ҳозир пулро меорам, ждат кунед. Пулро мебиёрад дар пакет, пули русӣ. Пулро гирифтӣ, уголовникҳо ждат карда мешинанд. Баъди гирифтани пул омада дастгир карда милисахона мебаранд, издеваться ва ҳақорат мекунанд, угрожат мекунанд, ки бар зидди шумо дело мекушоянд. Хулоса, уголовникҳои шаҳри Исфара ҳамин хел карда пул кор карда истодаанд. Яке аз чунин милисаҳо Худойдодзода ном дорад, соли таваллудаш 1996 ва аз Конибодом мебошад. Бо ин гурӯҳ як марди солхурдаи ланг кор мекунад ва ӯ таксист буда дар таксии 3333 аст. Мардум бояд аз инҳо сахт эҳтиёт бошанд».

Резаҷиноятҳои Лайс дар Чоркуҳ

Ва, ҳоло дар ин қисмати ин матлаб аз навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ», ки аз шахсият ва «корномаҳо»-и нангини Лайси раиси ҷамоати Чоркӯҳ ҳикоят мекунанд, чанд иқтибос меоварем. Ин иқтибосҳоро махсус инҷо пешниҳод менамоем, то бифаҳмеду бештар бишносед, ки Лайсиддин Шаропов, чи инсоне аст ва ба чи корҳо машғул мебошад, Лайсиддине, ки чанд соли ахир раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва намояндаи ҳукумати Раҳмонов мебошад:

 «….Ассаллому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Чоркуҳам, аз маҳали Қуруқ.
Ин Шаропов Лайсиддин раиси ҷамоат дар Чоркуҳ бинои ҳаммоми давлатиро бо нархи 100 ҳазор доллар фурӯхт. Ин ҳаммом дар маҳали Сари бозор воқеъ буд. Шахси харида муаллими Маҷид ном дорад. Гуё аз пули ҳаммом майдони Парчам месохтаанд.

Абдуи кабут дар қимор хеле пули калон бой дод. Аз ҳамаи бачаҳои чоркуҳӣ, ки аз Русия меоянд, шантаж карда пул мегирад…… 

…..  Шаропов Лайсиддин, раиси ҷамоати Чоркӯҳ бинои идораи ҷамоатро ба хок яксон кард. Дар майдон ё замини ин бино майдони парчам месохтанд. Ҳамон байрақе, ки дар ҳар куҷои дигар бо харҷу масрафи сад-дусад то миллион сомонӣ  сохта истодаанду ҳиҷ манфиате ба мардуи надорадро акнун дар мо ҳам сохтанианд. Ҳоло бинои идораи ҷамоатро ба куҷо мекучонанд, маълум нест. Ҳатто ҷое нест, ки бикучонанд. Чунки ҳамаи заминҳоро фурӯхтанд. Бубинед, имрӯз кор ба ҷое кашидааст, ки ҳатто идораи ҷамоатро фурӯхта истодаанд………..

Лайсиддин пули барои роҳ ҷамъшударо байрақ месозад

«…….Дар оғози эълони маъракаи ҷамъоварии пул барои роҳ маҷлис баргузор шуд. Дар маҷлис гуфтанд, ки маҳаллаҳои калон 30 ҳазор долларӣ ҷамъ мекунанд. Маҳаллаҳои хурд дар ин ҳисоб нестанд. Дар он маҷлис асосан одамони пулдор ҷамъ омада буданд. Фурқат Икромов бо тахаллуси рыжий 15 ҳазор доллар бароварда дод. Дигар пулдорҳо ҳам партофтанд. 100 ҳазор доллар ҷамъ шуд.

Шавкати каратеист масъули ҷамъоварӣ ва ҳифзи маблағ шуд. 100ҳазор доллари онрӯзаро Шавкат хонааш мебарад. Бегоҳӣ Лайсиддин Шаропов, раиси ҷамоати Чоркуҳ Абдуи кабути ҷиянашро равон мекунад ба сари пул ва мегуяд, ки Шавкат пулро бидиҳад. Ин пул пули соҳибкорҳо аз ҷумла аз Фурқат – нафаре, ки 15 ҳазор доллар дода ҷамъ шудагӣ.

Фурқати рыжий дар Уфа кору зиндагӣ мекунад. Ин маҷлис дар шабурӯзҳои ҷашни Истиқлол ё пештар баргузор шуда буд.

Шавкат мегуяд, ки халқ манро гуфт пулро ҷамъ кун, ман ҷамъ кардам ин пулро, чи хел ба шумо диҳам? Абдукабут мегуяд, ки маро тағоям гуфт, ки раву пулро гирифта биёр. Тағоям гуфт пулро деҳ.

Шавкат пулро надодааст. Абдукабут ба тағояш занг задааст. Лайс гуфтааст, ки пулро деҳ. 

«Шумо хизмататонба ҳазор раҳмат, хизмата кардед, мо далше худамон мекунем. Сумоя тед». 100 ҳазор долларро мегирад, баъд дар пеши ҳама хеста мегуяд, ки «ин сум раҳба намераваду, ин сумо ба майдони Парчам ва дигар корҳои хайр ба меравад, шумо барои раҳ аз нав сум ҷамъ кунед. Ба сумҳои додагиатон раҳмат».

Ва, ана  ҳамин тавр аввалин 100 ҳазор доллари ҷамъоваришуда барои бозсозӣ ва асфалтпуши роҳ аз тарафи Лайсиддин Шаропов, раиси ҷамоати Чоркуҳ тасарруф карда шудааст. Инҷо Лайсиддин Шаропов ҳам дар роли дузд ва ҳам дар нақши қарақчӣ бозӣ кард»…..

Лайсиддин ва шуримуриҳояш дар Чоркуҳ

«……Раиси ҷамоати Чоркуҳ Шарофов Лайсиддин  масҷидро маҳкам кард. Ёдатон бошад дар «Ислоҳ» дар бораи амаки ҳамин раиси ҷамоат, ки Шарофов Бадриддин ном дорад, барнома пахш карда будед. Лақаби амаки раиси ҷамоат Фиръавн аст. Як амакбачаи раиси ҷамоат Олимов Неъмат раиси совхоз буд, ки ӯро Намруд мегуфтанд. Масалан мегуфтанд, ки Фиръавн ҳамроҳи Намруд омад. Ин хонавода аз аввал мухолифи  неруҳои нави сиёсӣ аз ҷумла ҲНИТ буданд. Бародари зани Шарофов Лайсиддин контрабандист аст. Аз қирғиз бор меорад. Хусурбачаи Лайс Афсиёхӯҷа писари Ҳошимхон мебошад.

Пеш аз Лайсиддин Шукурхон Насризода раиси ҷамоат буд. Ӯ инсони хуб буд, ӯро подставит карданд. Панҷ вақт намоз мехонад гуфта. Шукурхон Насризода аз авлоди ҳаминҳо буд. Аммо тамоман фарқ мекард. Намозхониашро навор мегиранд, подставит мекунанд. Лайсиддин соли таваллудаш 1977 аст. Ғоибона ҳуқуқшиносиро хатм кардааст. Падараш як худозадаи бадбахт аст. Соли 2015 интихоботи Маҷлиси намояндагон буд. Акси домулло Наимҷон Самиев дар бархе аз ҷойҳои намоён овезон ва ё часпонида шуда буд. «Зани каҷа …., ин каҷ одам нест. Ин вақте Низомхон Ҷураев номзадиашро монд номзадиашро гирифт гуфта мегашт». Як одам гашту гуфт, ки Низомхон саховатманд, дасташ ба ҳама мерасид. Падари Лайсиддин Бобоюсуф ном дошт, ки мурд.

 «Дар бораи раиси ҷамоат инро ҳам бояд бигӯям, ки як ҷиян дорад бо номи Абдураҳмон писари Икром. Чандин духтарро таҷовуз карда аст. Ягон кас ягон гап зада наметавонад. Ба қарибӣ як одамро зада, дасташро шикастанд ва бурданд беморхона. Гуфтанд агар ариза нависиву шикояти кунӣ, дониста бош дар Чоркуҳ зиста наметавонӣ, гум мешавӣ. Ин одамро чор-панҷ каса шуда задаанд.»

Ҳамин хусурбачаи Лайси раиси ҷамоат ба Насимзода Қосим, сардори милисаи Чоркуҳ якто Тойота камрӣ туҳфа карда буд. Ҳар касе ба вазифаи сардори милиса ба Чоркуҳ меояд ӯ ягон мошин туҳфа мекунад. Вай контрабандист аст. Аз қирғиз тахтаву чуб ва борҳои левий мегузаронад:- бензин, солярка, селитра. Бо ин гуна инъом забони сардори милисаро кутоҳ мекунад. Мошинро туҳфа мекунад дигар «зелений светофор» мешавад контрабанда.

Ин хусурбачаи Лайс  Хӯҷаафсиё дар маркази Чоркуҳ замини совхозро гирифт, албатта бо ёрдами Лайсиддин Шаропов. Ҳозир дар он ҷо як бинои баланд сохт. Ин хонавода мағозаҳои давлатиро ҳам шахсӣ карданд, бозорро ҳам шахсӣ карданд. Ҳамаи ин иншоотро бо пули пучак хариданд. Ҳамон Хӯҷаафсиё. Падараш ҳоҷӣ Ҳошимхон ном дорад. Дар ҳаёт аст. Падари зани Лайсиддин раиси ҷамоат аст. Лайсиддин масҷиди ҳазрати Шоҳро маҳкам кард. Ҷияни вай Абдурраҳмони кабут бо ҳамроҳии Хӯҷаафсиё контрабанда мегузаронанд аз қирғиз. Инҳо ҳам ба милиса ва ҳам ба КГБ “доля” медиҳанд. Инро тамоми мардум хабар доранд. Чанд рӯз пеш он масҷидро бар ивази 40 ҳазор сомонӣ кушоданд. Ҳамчунин барои онки масҷидро кушоянд ду нафарро ба хидмати сарбозӣ фиристоданд»…..

Лайсиддин ва мафияи ҷиноятпешааш

«…… Бароятон аз Чоркуҳ менависем. Дар бораи як ҳодиса ва чанде аз бузҳо навиштаниам. Дар бораи Шаропов Лайсиддин, Абдураҳмон Абду кабут ва Муҳибхон гуфтаниам. Инҳо се чор каса шуданд ва як нафарро заданд. Инҳо ба сари мардуми бечора зулм мекунанд.

Аз Аллоҳ наметарсанд. Ӯро лату куб карданд, дар бемористон хоб рафт. Ӯро, баъд Лайс бо шиносҳояш уговорит кард, ки ариза накунад. Миёнадаро як номарди дигар, номаш Муҳибхон бо лақаби Митхун. Ин як подхолими милисаҳо. Вечно аз номи Шодӣ Ҳафиз гап мезанад. Дар шаҳри Краснодар мардумро кор мефармуд, аммо сумашонро намедод. Аз Тоҷикистон милисаҳо меомад, ин кормит мекард. Шукри Аллоҳ, ки ӯро дар Русия тюрма ва баъд депорт карданд. Ин як зинокор, як кормиткуни милисаҳо мебошад.

Аз ҳамаи мардуми Чоркуҳ хоҳиш мекунам, хусусан одамоне, ки магазин доред, пул надиҳед, ҳар як моҳ мебиёяд пул мегирад»……


Чоркуҳ дар зери панҷаҳои хунини Лайс

 Ахиран боз аз Чоркӯҳ номае ба дасти расид, ки аз корномаҳо, дурусттар ва саҳеҳтар бигӯем аз ғорату тороҷгариҳои навбанави Лайс ҳикоят мекунад. Муаллифони ин нома навиштаанд, ки бародар Муҳаммадиқбол, мо мардуми асили Чоркӯҳ дар оғози ин навиштаамон аз Аллоҳи меҳрубон таманно дорем, ки шуморо барои ин ҳама хидматҳоятон барои миллат ҳифзу ҳимоят намояд. Мо, боз дар бораи Лайсиддин Шаропов навишта истодаем:

«Айни замон Лайс бо баҳонаи сохтмони Парчам ва Нишони давлатӣ аз мардум як намуд пул гирифта истодааст, ки бо ин пул мешавад ноҳияро аз нав сохт.

Лайсиддин Шаропов, раиси ҷамоати Чоркуҳ аз ҳар як нафаре, ки аз Русия меояд пул мегирад. Ба баҳонаи парчам, ба баҳонаи нишон, ба баҳонаи ободиву ободкорӣ. Вақте пул надодед, гуфтед, ки айни замон ман шароитам намебардодард, хайр майлаш мегӯяд, вале шуморо ҳатман ягон ГАИ меқапад, милиса ё КГБ меқапад тафтиш мекунад. Боз телефонатонро мегиранд. Ҳамин хел проблемма мекунанд. Не агар 100, 200, 300 000 рубл диҳӣ, чунки пули талабкардаи ӯ ба камияш ҳамин қадар аст аз ин камаш нест, ҳама ҳамин хел пул медиҳад, сипас дар ноҳия ором мегардед.

Барои онки муҳоҷирони меомада дар Чоркуҳ осуда бошанд бояд 200,300 000 рубл изофӣ оваранду ба Лайсиддин диҳанд, вагарна гаштан дар Чоркуҳ барояшон номумкин мешавад.

Ин 200,300 ҳазор рубл ками кам. Вагарна тавассути телефон ҳам аз сокинони Чоркӯҳ, ки дар Русияанд 1 миллион,2 миллион, се миллион гирифта истодааст.

Телефон мекунад, вай бизнесмен аст ё ягон дукончаи хушкмевафурӯшӣ дорад, ки ба зӯр зиндагии худашро пеш мебарад, ё аз саҳар то шом таксӣ мезанад, тамом:

«Инҷа мо парчам сохсодием ёрдам кунед. Ин сиёсати пешвои муаззами миллат. Бояд дастгирӣ кунед. Мо аз кӣ кам? Чаро мо бояд майдони Парчам надошта бошем?»

 Хулоса, аз ҳаминҷо истода ҳам пул мегирад. Бачаҳои Русияро маҷбур карда гирифта истодааст. Он бечораҳо, ки ҳатман ба ватан меоянд ва метарсанд, ки боз Лайс онҳоро бузӣ накунад, ба ягон хешу таборашон зарар нарасонад, маҷбур пул мефиристанд. Аммо масъалаи асосӣ ин аст ки  ин ҳама миллионҳоро Лайс чи гуна расход мекунад?

Бубинед, ки чандин сол мешавад, ки ба баҳонаи  сохтмони Парчам аз мардум чи қадар пул гирифтагӣ аст?

 Айни замон Лайс ба дараҷаи олӣ зинокорӣ карда истодааст. Духтаре, ки нав туй шудагӣ, шавҳараш Русия рафтагӣ, ҳамонҳоро вайрон карда истодааст. Ин корро якҷо бо Абдуи кабути ҷиянаш карда истодааст. Аввал Лайс мекунад, баъди вай ҷиянаш Абдуи кабут. Баъди Лайсу Абдуи кабут нав арусшудаҳо ба дасти милисаву КГБ мегузаранд. Сонӣ далше онҳо козёлу хабаркаш мешавад: «бисёр занҳоро бо ҳамин роҳ буз карсос. Аз саҳар то бегоҳ кор ҳамин хел. Бо телефон гапзанон мекунанд ва далше рафтан мегирад». Як амакии Лайс бо номи Бадриддин Шаропов ҳам айнан ҳамин хел буд.

Ин авлод, мутаассифона аз тамоми мардуми Чоркӯҳ, ки худотарсу мутадаййинанд, фарқ мекунанд. Амаки Лайс дар латтабозори Исфара тоқӣ мефурухт. Вай қиссаҳои аҷоиб дорад. Уро Умари кунқапон лақаб дода буданд. Падари Лайс ҳам ҳамин хел буд. Вай ҳам ин лақабро дошт.

Ҳозир дар як моҳ Лайсидин нормалний ҷамъ карда истодааст. Чунки замин фурӯхта истодааст. Сухан дар бораи он меравад, ки заминро бо қирғиз табодул карданд:

«Замини Қарабоға ба мо додагӣ, ҳар як ҳавлиҷоҳошба аз се то панҷ миллионба суриҳо харидор. 4 то 8 сотих 5. Вале ини қирғизо 10 -12 сотих, ҳамааш барои ҳамин, то 5 миллиона нарх ҳаст. Барои ҳамин, ҳозир иҷозат тияд агар ину заминҳои Сомона кадоме, ки хона сохта зиндагӣ мекард, ҳаваёба метияд. Лекин кадоме, ки зиндагӣ намекард, ба онҳо намедиҳаду ҳамонро мефурушад. Ба фурӯш мондагӣ. Барои ҳамин суриҳо ҳамаш харидор.

Ҳозир Чоркуҳ бояд ба Сур кучад. Қарабоғ ба Сур мечаспад. Чоркуҳ бояд комилан кучад. Чи хел кучад? Бояд ягон сузанатро аз ҳамон хона нагирӣ. Вай хонае, ки соз кардагӣ одамо даҳсола умраша ба сохтмон сарф кардагӣ хонасозиба. Мисол аз мардикории Русия мебӣ хона соз мекунӣ. Он хонаву дарҳо ҳамааш нормални –нормалнӣ. Хонаву дари қирғиз чи дорад? Як хонаи мисли сарой сохтагӣ болошба чорта шифир задагияй ини қирғиз, ҳамун қати ҳозир иваз шуда истодааст.

 Посёлкаи Сомониёна нисфаша ба қирғиз додагӣ. Онро бо Қаробоғ иваз карданд, Қаробоғ аз қирғизҳо, мавқеияти Қаробоғу Сомониён як хел аст. Баъди Сур Қаробоғ мешад. Қаробоғ ҳамсарҳади суриҳо аст. Суриҳо Қарабоғанда заминош ҳай, ҷоҳои нағза пешаша мисол раҳ қати, Исфара қати ваяша мегирад мехарад, сонӣ ун ҷоҳое, ки гандашай сонӣ иноба –чоркӯҳиҳоба метияд. Чандто ҳавлиҷо бошад, ҳамон қадар ҳавлиҷо мегирад. Ҳамон чоркуҳиҳо дар онҷо ки зиндагӣ намекунад, яъне хонаву участка надошт, замин наметиям гуфтагӣ давлат. Кори кардагиш, тақсими замин бо қирғизҳо ба Чоркуҳ зарар шуд. Ягон 200-300 оила дар Сомониён бехонаву дар мешавад. Агар бисёр набошад. Ҳамин сесад оила бояд бикучанд ба Қарабоғ бираванд. Ҳоло кучокуч сар нашудааст. Аммо қирғиз нест. Қирғиз ҳамаш рафтагӣ, давним давно рафтагӣ, намондагӣ. Ҳоло хати марз соз карда истодаанд. Якто куча буд, аз куча боло тоҷико буд, унҷаро трассаи қирғиз сохта моста қирғизба аренда дод. Аз трасса боло якта куча қабристони қирғизо ҳай баъд қабристони тоҷикҳо. Ин  як куча а канал боло, аз канал болоя полности олиш мекунанд. Гирду ванои қирғиз трасса кардагӣ полности мехезонаду Қарабоғ ба мекучонад. Тақрибан дусад- сесад оила онҷо зиндагӣ мекунад. Онҷо Сомониён, онҷоро пештар майский меномиданд.

Ана дар ана ҳамин гирудорҳои тақсими замини Қарабоғ ва иваз кардани ҳавлиҷоҳо Лайс беҳад пули калон кор мекунад.

  Ин пулҳои ҳоло бо баҳонаи Парчам ва Нишон ҷамъкардагиша ба гуфти одамоҳо ба  хусурбачааш номаш Афсиё дода истодааст. Афсиё дом бардошта истодааст дар Исфара. Домсози калони Исфара ҳозир ҳамин Афсиё аст ки аз пули муҳоҷирони чоркуҳӣ бизнеси хона карда гаштааст.

Баҳовиддин Баҳодури раиси Исфара барои Лайс як бозича игрушка аст. Бовар кунед, ки як лохи тайёр, гапаш намегузарад. Исфарагиҳо шояд гуш кунанд. Аммо Лайсу командааш бениҳоят гургони борондида гуш намекунанд».

Лайс дар Чоркуҳ Парчам месозад ё…..

Ин буд муҳтавои номаи он бародари чоркӯҳӣ. Шумо бори дигар бо шахсияти як мошенник ва қаллоби гузаро дар Исфара ошно шудед. Нафаре, ки ба намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ҷамоат роҳбарӣ мекунад, бадтар ва зиёнбортар аз рэкетҳо аст, ки ҳам ситам мекунад ва ҳам пули мардумро ғорат карда истодааст ва ҳам тавассути мақомоти амниятиву интизомӣ онҳоро дар мушташ нигоҳ медорад.

Хонанда ва шунавандаи азизи Ислоҳ. Оё чунин шароиту вазъияту ҳолат ба шумо ошно нест. Оё ин ҳолату чунин шахсияти расмӣ фақат дар Чоркӯҳ аст. Масалан корҳое, ки Лайс карда истодааст, барои мисол ба сохтмони танҳо як парчам чандин сол аст ки миллионҳо миллионҳо пули мардумро зада гирифта истодааст, чаро мақомоти ба истилоҳ танобкаш мутаваҷҷеҳ намешаванд? Ҳатто бинои идораи ҷамоатро ба 100.000 доллар чандин сол пеш фурӯхта буд, ки бо пули он Парчам ва майдони онро месозад ва он Парчамро бояд Раҳмонов мекушод.

Ҳоло аз он ҳодиса наздик ба чор сол мегузарад, аммо ҳанӯз ҳам барои парчам аз чоркӯҳиҳо пул гирифта истоааст. Магар ин Лайс чи касе аст ки ин ҳам ҷурму ҷиноёти ӯро касе намебинад?

Ба назари шумо байни Лайс ласҳо ва Рустаму Озодаву худи Раҳмонов чи умумиятҳое мавҷуд аст?

P.S: Лайс дар яке аз маҳфилҳо ба дӯстонаш лоф зада аст ки Қофлонбой, раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар мушти вай қарор дорад.

 Дар яке аз хонаҳои махсуси ба иҷора гирифтааш дар Хуҷанд Лайс як духтари хушрӯи сабукпоро барои Қофлонбой «туғрӣ» кардааст. Ин духтар ба воситаи скритий камера худ ва Қофлонбойро съемка карда ба Лайс додагӣ будааст.

Гап дар бораи он меравад, ки Қофлонбой натавонистааст бо духтар коре кунад вале тамоми рафти он наздикӣ аз тарафи он духтар ба навор гирифта шуда будааст. Лайс, ба гуфтаи худаш бо ҳамин навор Қофлонбойро то рӯзи мурдан муттаҳам кардааст.

Share This Article