Тахлияи курсии котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз Маҳмадалӣ Ватанзода бад-ин маъност,ки Раҳмонов ба ин мақом ба эҳтимоли зиёд Саймумин Ятимовро таъйин хоҳад кард. Маҳмадалӣ Ватанзода,ки ҳамагӣ 9 моҳ пеш дар моҳи марти соли ҷорӣ ба ин мақом таъйин шуда буд, дубора ба Маҷлиси намояндагон бармегардад. Ватанзода дар феҳристи номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон дар интихоботи оғози баҳори соли 2020 аз ҳизби ХДТ дар ҷойи саввум қарор дорад. Вай то инки котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шавад, дар вазифаи ёрдамчии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори Президент дар Маҷлиси намояндагон фаъолият мекард. Аммо инҷо сӯҳбат аз Ватанзода нест.
Сӯҳбат аз Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст,ки инак ду навбати панҷсолиро дар ин мақом пушти сар мегузорад ва аз синни бознишастагиаш ҳам ду сол гузаштааст. Аммо дар тӯли даҳ соли фаъолият ба мақоми раиси КДАМ ба ҳадде садоқат ва вафодории худро ба Раҳмонов нишон дод,ки ба назар мерасад дилаш намешавад яку якбора “бинобар сабаби ба нафақа баромадан” ӯро аз ҳукумат ва ҳамин тавр давру бараш канор андозад.Ба назар мерасад фармони аз мақом барканории Ятимовро Раҳмонов бо формулировкаи “бинобар ба вазифаи дигар гузаштан” ба имзо расонида ва ӯро дар мақоми котиби Шӯрои амният таъйин хоҳад кард. Аз ин сабаб аст ки Ватанзода ҳамагӣ дар нӯҳ моҳ аз ин мансаб дур карда мешавад,дар ҳоле,ки гузаштагони ӯ дар ин мақом Абдураҳим Қаҳҳоров ва Амирқул Азимов солҳои тӯлонӣ кор кардаанд.
Ва,аммо генерал-полковник Саймумин Ятимов,раиси Кумитаи давлатии Амнияти миллии Тоҷикистон,ки ҳоло 65 сол дорад бо рафтан ба Шӯрои амният аз як боз ва шоҳини дуруштминқори дағалчанголи таъсиргузор дар арсаҳои мухталифи давлати Раҳмонов ба як мушовир ва маслиҳатдиҳандаи ором ва батамкин табдил хоҳад ёфт ва ё инки ҳамоно “нул” ва “фук”-и худро халонида меистад? Ҳоло, наметавонем дар ин маврид чизеро қатъан таъйид кунем, аммо бо таваҷҷӯҳ ба шахсият ва ҷаҳонбиниву дидгоҳҳояш Ятимов баъид аст ки “қӯш” нашавад ва “нул” назанаду сукут кунад.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар замони раҳбарии Саймумин Ятимов ба як ниҳоди билқувва бадал шуд ва дар амал арсаи идеологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсии кишварро таҳти назорати шадид қарор дод. Балки як фазо ва муҳити амну ором ва осудаву осоиштаи кишвар беназму бесабот шуд ва баъзе аз арсаҳо ба хусус муҳити динии кишварро торумор ва мутазалзил кард. Саймумин Ятимов тавассути мақом ва ниҳоди зери дасташ ба реализатсияи афкор ва ақидаи даҳригии худ машғул шуд ва Раҳмоновро ҳам, ки бо шиорҳои зиддиисломӣ қудратро гирифта буд, ёри мувофиқ ёфт: -Саги зард ёри гург. Дуруст аст,ки Раҳмонов дини исломро хуш надорад, аммо бо онки Ятимов соҳиби соҳаи амнияти кишвар шуд, барои Раҳмонов, масҷид, домулло,руҳониюн ва ба хусус ҲНИТро душмани ҷонӣ бишиносонд. Аз Протоколи 32-20 гирифта то тарҳи ошӯби дастисохти Ҳоҷӣ Ҳалим, бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ-як тарафи сулҳи тоҷикон, зиндонӣ кардани аъзои раёсат ва аъзои одии ин ҳизб натиҷаи душманӣ ва нафрати Саймумин Ятимов ба дин ва ислом аст. Ҳамчуноне Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон, Домулло Абдурраҳимро аз минбарҳо ба зер афканд ва масоҷиди онҳоро бубаст, даҳҳо масоҷиди дигарро дар саросари кишвар ғайриқонунӣ хонд, мавъизаи имомхатибонро навишт ва китобе дар ин бора интишор дод.Ианҳо аз вилояти Суғд беш аз 117 имомхатиб ва олимони динро бо туҳматҳо равонаи зиндон кард ва бархи дигарро фирорӣ ва дар ҷустуҷӯй қарор дод. Аз вилояти Хатлон чизе намегуем чун адад аз ин ба маротиб боло аст. Нафрат ва бадбинӣ нисбати ислом ва муллоҳо ба дараҷае буруз кард,ки водор кард,ки муллоҳо дасти шикастаи ҳайкали Ленинро дар ҷануби кишвар дуруст кунанд ва ё инки муллоҳо-имомхатибони ноҳия билети консерти Севинҷ-як артисткаи узбакистониро бихаранд ва ҳатто баъзе аз масҷидҳоро ба дискоклуб ва маркази дилхушӣ бадал намуд.
Саймумин Ятимов фазои ва муҳити иттилотиву расонаии кишварро ҳам таҳти сонсури шадид қарор дод.Матбуоти мустақилро аз байн бурд, хабарнигорони хушном ва маъруфи кишварро,ки ҳазорон ҳазор хонанда ва мухлис доштанд бо истифода аз парвонаи кор аз фаъолият маҳрум сохт, нашрия ва сайту ожонсиҳои хабарие назири Озодагон ва Нигоҳу Тоҷнюс ба ҳадде таҳти фишор қарор гирифтанд,ки натавонистанд ба кори худ давом диҳанд ва ҳоло аз муассис ва сардабирони ин нашрияҳо гирифта то кормандони оддии он дар Урупо дар ҳоли паноҳандагӣ қарор доранд. Як бунгоҳи маҷҳулулҳол ва муханнасеро барои сияҳ ва бадномсозии шахсиятҳои машҳур ва муътабар,фаъолони сиёсӣ, аҳзоб, дигарандешон, рӯҳониҳо ва журналистон, адибон, ки бо сиёсати ҷорӣ мухолафат доштанд,ташкил карда ва бо нашру пахши матолиби комилан бебунёд аз онҳо чеҳра ва симои душманро тарошид ва тарсим намуд. Ҳамон “фабрикаи ҷавоб”,ки ҳоло бо номи ферма зикр мешавад.
Дар манзили бархе аз шахсиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ дурбинҳои мадорбастаи махфӣ насб карда хобу хези онҳоро ба навор гирифт ва онҳоро бо ин роҳ шантаж кард.
Давоми даҳ соли фаъолияти худ дар мақоми раҳбарии КДАМ Ятимов муваффақ шуд, ки як ҷомеаи ибтило ба тарсу ваҳшат, як ҷомеаи беруҳу равон, як ҷомеаи беш аз пеш ақибуфтода ва як ҷомеаи сарафканда ва дар ҳоли рукудро дар Тоҷикистон ба вуҷуд оварад. Ҳатто дар замони ҷанги бародаркушӣ ин ҳама тарсу ваҳшатеро,ки халқ аз боевикҳо дошт бо тарси имрӯза аз милисаву амният қиёс кардан намешавад.Имрӯз як корманди амният ва як корманди милиса рӯирост ва дар идораи ҳифз ва ҳимояти ҳуқуқ як хонум ва ё як ҷавонро мебарад барои сатр ва ё риш бо бадтарин забон ҳақорат ва дашном мекунад ва ҳатто мавриди зарбу шатм қарор медиҳад. Сохтани душман дар симои як ҳамватан ва як ҳамзабон ва як ҳамдин ҳатто дар ҷанги бародаркушӣ ба ин андоза набуд. Ин ҳама аз натоиҷи сиёсатҳои пиёданамудаи КДАМи Ятимови манҳус аст.
Гӯиё тамоми саъю талошашро кард,ки ба нон ва мақому мансабдиҳандааш содиқона хидмат кунад. Ин ҳама сиёсатҳои нобихрадона ва зиддимардумиро тавре ҷилва дод,ки ҳокимият ва пояҳои курсии Раҳмоновро устувортар ва муҳкамтар кардааст. Аммо бехбар аз онки дучор нафрат ва дуои бади халқ гаштааст,ҳам худаш ва ҳам кордиҳандааш. Замоне,ки бо ҳиллаву найранг Зайд Саидро оварду зиндон кард аксарият дар Тоҷикистон фаҳмиданд, ки ӯ дар фикр ва андешаи рушду нумӯи ин мардум ва ин давлат нест. Вай Шарофиддин Гадоев ва даҳҳо афроди дигарро аз Русия ва дигар давлатҳои муштаракулманофеъ барои он дуздид,ки қудрати Раҳмонро дар чашми бақия мухолифин нишон диҳад аммо шикаст хӯрд. Ҳамин тавр бастан ва манъ кардани ҲНИТ зоҳиран пирӯзии ӯ ва Раҳмонов аст. Аммо ин ҳама авомилро,ки як кишвар амну оромро ноором кардааст, дигарҳо, дар хориҷ аз кишвар ҳама мушоҳида мекунад ва равобит ва муносибати кишварҳо ҳам рӯи ҳамин сиёсати дохилист,ки то куҷо ин кишвар орому босубот аст. Зӯр зада бардурӯғ ва тӯҳмат ДОИШ омад, ДОИШ омад гуфтанҳо, шояд бақои курсии Раҳмоновро то чанд солаке тамдид кунад, аммо дар ниҳояти амр ин ҳама дурӯғҳо ошкор мешаванд.
Бо истифода аз мақоми давлатӣ унвони аъзо- корреспонденти Академи улуми Тоҷикистонро дарёфт кард.Чанд китобе ҳам бар замми инҳама мусибатҳое,ки ҳар рӯза бар сари ин мардум меорад, мисли онки вақт ёфту навишт. Зимнан мавзӯи рисолаҳои илмии Ятимов сиёсати хориҷии Эрон будааст ва то онҷо ки маълум аст чанд соле ҳам дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ифои масъулият карда будааст.Шояд эҳсоси эронбадбинии ӯ аз ҳамон солҳо сар шуда бошад? Аммо авҷи осори академии ин олими забардаст, хат ва сюжети асосии эҷодиёти ӯ ин аст ки Раҳмонов Исмоили Сомонии сонист, балки аз ӯ бамаротиб баландтар ва боарзиштар аст. Баъди ҳазор сол Раҳмонов омад ва давлатдории тоҷиконро ташкил ва асос гузошт ва сохт.Аз ин рӯ ӯ набояд аз тахт бифарояд ва онро меросӣ кунад. Инчунин бар номи “пешво”и тарошаи аз бом афтода боз “муъаззам”роҳам изофа кард ва он роиҷ шуд.Тамоми эҷодиёти ин акедемисиян ҳамин маъно ва ҳамин моҳияти чоплус,маддоҳ,лесак буданро дорад.
Воқиан аҷиб аст ки бар фарзе як вазир ва гузашта аз ин як олим бигираду ҳамин тавр суханро беқадру қиммат кунад.Ва ба ин ҳадду андоза тамаллуқ .Раҳмонов, ки омада наметавонист. Раҳмонов бо дасти Сангак ва Сангак –арӯсаки русҳо буд,ба қудрат оварда шуд. Урусҳову узбакҳо аз тарси онки исломиҳо- бандаҳои Аллоҳ ва умматони Муҳаммад,ки рӯза мегиранд, намоз мехонанд , дар Лоилоҳа иллаллоҳ тардид ва шак надоранд, ҳукуматро гирифтанд,Сангаку Раҳмоновро дар васат кашиданд ва муқобили ислому мусулмонҳо ба ҷанг андохтанд. Русҳо ва узбакҳо диданд,ки Абдуллоҷонов ва хуҷандиҳо ҳам аз ғармиҳои мусалмон фарқ надоранд ва такя карданд ба Сангаку Раҳмонов,ки соф аз Худо, аз дин ва аз Расули Худо ва аз оят ва аз ҳадис безоранд, бо байрақҳои сурхи коммунистии даҳригӣ ва бо шиори Нест бод ислом омаданд. Вагарна Раҳмонов куҷо буду давлатдорӣ куҷо?
Иллат ва сабаби душманӣ ва рақобат ва бадбинии Ятимов бо ҲНИТ чи буд?
Вай дар воқеъ пай бурда буд,ки шикаст хӯрдаанд, бохтаанд. Аз ин рӯ аз зӯр ва қудрат кор гирифт, дар ҳоле,ки дар рақобати идеологӣ, дар рақобати ғоявӣ ва мафкуравӣ аз абзор ва василаи қудрат истифода кардан нишонаи заъф ва инқироз аст. Бо онки даҳ китоби дигар бинависад, бо онки сад бори дигар Раҳмонро бунёдгузору ташкилдиҳандаи давлати тоҷикону “пешвои муаззам” бихонад,бо онки Рустамро ҳам овараду президент кунад, аммо қабила қабила аст. Бо онки аз сексия ,аз этаж ба ҳавливу котеҷу дачаву бӯстонсаро бигузарад ҳам желудкаи дар бачагӣ гушна буда сер намешавад. Дар ҳолат ва шароите,ки курсии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро соҳибӣ карда буд, ки як гурӯҳи 25 нафараи маҳбусон аз зиндон фирор карданд. Дар миёни маҳбусони фирорӣ собиқ фармондеҳони ҷанги бародаркушӣ ва яке аз бародарони Ғаффор Мирзо ҳам буданд. Ин ҳодисаи бесобиқа ва комилан ногаҳонӣ боис шуд,ки Хайриддин Абдураҳимов аз мақом канор зада шавад ва Саймумин Ятимов курсии ӯро бигирад.Вале як нукта яқин аст ки ин фирор бидуни мусоидати яке аз баландмақомони КДАМ наметавонист сурат бигирад.
Дар ҳар сурат ҳамин ҳодисаи ғайримунтазира сабаб шуд,ки дар як ҳолати изтирорӣ Ятимов курсии аввали амниятро ба даст оварад. Дар ин миён дар соли 2012 дар ВМКБ ҳодисаи дигари такондиҳанда дар Тоҷикистон рух дод. Абдулло Назаров, муовини аввали раиси КДАМ дар ВМКБ кушта шуд. Ин куштори пуррозу пурмуаммо боис шуд,ки Раҳмонов ба ин вилоят на танҳо нерӯҳо ва гурӯҳҳои вижаву зудамал, балки ҷузъутомҳои Артишро ворид карда ва як хунрезӣ ва куштор дар Хоруғро ба роҳ андозад. Масъулияти анҷоми ин амалиёт зоҳиран дар ӯҳдаи Шералӣ Хайруллоев буд, аммо дар амал авзоъро Ятимов контрол мекард.Инҷо ҳам даҳҳо нафар аз бадахшониҳо ва низ аз шумори сарбоз ва афсарони давлатӣ кушта шуданд. Алами нокомӣ дар Бадахшон беш аз ҳар генерали дигар Ятимовро ошуфта карда буд. Барои гирифтани қасос соли 2018 ҳам ба ин вилоят артиш дароварданд. Аммо кор тавре шуд,ки лидерони ғайрирасмӣ боз ҳам сар фуруд наоварданд. Ин ҳасрат дар дили масъули амнияти 9 миллион аҳолии Тоҷикистон боқӣ монд. Аммо инки ӯ Тоҷикистонро ба замони соли 37и сталинӣ бозгардонд ва таъқибу таҳдидро як нормаи кори мақомоти интизомиву амниятӣ кард, маълум нест,ки то кай идома хоҳад ёфт.Агар ба суханрониҳои Ятимов диққат дода бошед суханонаш нофаҳмо,саросема ва тоҷикона нестанд.Во аҷабо Раҳмонов забони суфта ва равони тоҷикиро ба зур мефаҳмад суҳбат ва машваратҳои манҳуси Ятимовро чихел мефаҳмида бошад? Ё ин ду бо забони махсӯсе миёни худ суҳбат мекунанд,ки он ба мо нофаҳмо аст?
Дар ҳар сурат бо омадани Рустам ба раёсати давлат яқин аст, ки Ятимов ҷойгоҳ ва мақомеро, ки дошт, ҳифз намекунад, аммо дар вазифаи котиби Шӯрои амният боқӣ монданаш ҳам таҳти суол аст,чун дар ин Шӯро ҳам писари раис раис мешавад.
Аммо ҳоло бояд мунтазир буд,ки Раҳмонов Ятимовро котиби Шӯрои амният таъин мекунад ё хайр?
Дар мавриди раиси КДАМ чандин кондидҳое Раҳмонов зери назар дорад,аммо як нафараш ба ин мақом аз нигоҳи геополитикӣ наздиктар аст. Дар таҳлилҳои баъди рӯйи ин масалаҳам бармегардем.