(бахши аввал )
Бахтиёр Назарзода, раиси Кӯлоб кист?
Назарзода Бахтиёр Худоёр 1.07.1969 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 5 духтар ва як писар. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори забони русӣ ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ (ғоибона) хатм намудааст. Бахтиёр Назарзода, солҳои 2006-2007ҳамчун сардори шӯъбаи Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб, дар солҳои 2007-2016 ҳамчун сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб кор кардааст. Сипас дар солҳои 2016 то 2018 ба сифати сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб фаъолияташро идома додааст. Аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи ноябри соли 2021 ба ҳайси сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон фаъолият кардааст. Аз 17 ноябри соли 2021бо фармони Президенти Тоҷикистон Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб таъин мешавад.
Нуктаи ҷолиб дар ҳасби ҳоли раиси имрӯзаи шаҳри Кӯлоб ин аст, ки як нафаре, ки «русский литфак»-факултети забони русиро хондааст, чи тавр метавонад Раёсати молия(финанс)-муҳимтарин шӯъбаи шаҳр, минтақа ва вилоятро идора ва сардорӣ кунад? Вай, ки аслан мутахассис нест, муаллими забону адабиёти рус аст чи тавр тавонист, ки молияву бюҷетро идора кунад? Хуб, ҳоло биравему бубинем,ки ин «филологи рус» дар давоми фаъолияташ чи корномаҳое доштааст?
Назарзода Бахтиёр дар солҳои Раёсати молияи шаҳри Кӯлобро бар ӯҳда доштан аз ҳисоби бюҷети корхонаҳои шаҳрӣ, масалан, беморхонаҳо, мактабҳо ва боғчаҳо, муассисаҳои маданиву фарҳангӣ 20% то 25% хароҷоти дуюмдараҷа, яъне ғайр аз музди маошро талаб намуда аз худ мекард. Манзур ҳамин миқдор маблағҳои пешбинишуда аз тарафи бюҷети давлатӣ ба ин муассисаҳоро, албатта, якҷо бо маҷбур кардани масъулини ин идораҳо аз они худ мекард.
Назарзода Бахтиёр соли 2016 сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб таъин шуд. Дафъатан ва филҳол Одина Раҳмон, муовини худаш дар молияи шаҳрро ба ҷойи худаш сардори Раёсати молияи шаҳр таъин кард. Дақиқ аст, ки ройгон набуд. Одина Раҳмон бар иловаи пардохти «ставка» Далер Назаров, писари Бахтиёр Назарзода ба мақоми сардори шӯъбаи банақшагирии молияи шаҳр ва яке аз афроди наздики Бахтиёр Ҳабиб Раҳимовро бошад ба сардории шуъбаи банақшагирии бюҷети минтақаи Кӯлоб овард. Хоҷазода Муҳаммадҷонро, ки пештар дар раёсати молияи шаҳри Кӯлоб кор мекард, дар вазифаи сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб таъин кард. Яъне, агар ба баёни имрӯзӣ бигӯем, Идораи молияи шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Кӯлобро мафия карданд. Тамоми даромаду хароҷоти маблағҳои давлатӣ дар зери дастони ин гурӯҳ қарор гирифт. Албатта, барои ҳар кадоме аз ин вазифаҳо, ки Бахтиёр Назарзода одамони наздик ба худашро гузошт ҳам ба раиси вилоят ва ҳам ба вазири молия пора дод. Ва ҳамин тавр бе розигиву рухсати Назарзода Бахтиёр на молияи шаҳр ва на молияи минтақа коре намекард ва карда ҳам наметавонист.
Як нуктаро бояд махсус таъкид намоям, ки барои шинохти шахсияти Назарзода Бахтиёр бисёр ҳам муҳим аст. Пештар, пеш аз омадани Назарзода Бахтиёр ба мақоми молияи минтақаи Кӯлоб «ставка»-и муассиса ва ташкилотҳои бюҷавӣ 5% буд. Ва, аз ҳамин ҳисоби 5% харҷу масрафи «меҳмонҳо»-аз Душанбе, аз прокуратураву коррупсияву Палатаи ҳисобу худи вазорати молия пардохт карда мешуд. Хуб медонед, ки бе «як пиёла чой» намешавад. Аммо баъди омадани Назарзода Бахтиёр ба молияи минтақа тамоман бедодиву ғоратгарӣ сар шуд: «ставка» ба 20% то 25% гузашт. Доду войи роҳбарони муассисаҳо ба фалак дакка мехӯрд. Агар ҳар кадоме аз онҳо ба ин «шарт» розӣ намешуд, бо ҳар баҳона «маблағҳои дуюмдараҷа»-и дар бюҷет пешбинишударо намедод, баҳона меҷуст, «маблағ нест», «дар инҷо сарф шуд», «дар онҷо сарф шуд» гуфта ба воситаи соҳибкорон кор мекард. Кадоме аз соҳибкорон 20% то 25% «ставка»-пулиро медод медод ,2х2 маблағ мегирифт. Зеро ба воситаи соҳибкорон пораро баҳузуртар ва дилпуронатар мегиранд. Аз тарафи дигар дар прокуратура ва коррупсия низ «одамон»-и худашро дорад, ба қавли дигар «криша». Худатон тасаввур кунед, дар ҳолате, ки агар100.000 сомонӣ гирифтанӣ шавиӣ 25% -и он пулро молия мегирад, 20%-ашро бояд соҳибкор бигирад, чун бидуни даромад соҳибкор кор намекунад. Боқӣ 55% мемонад. Дар ин ҳолат аз куҷо ободию пешравӣ мешавад?
Дар ин ҳолат соҳибкор ҳама корашро дар санад «дуруст» мекунад. Моли чиниро, масалан маҳсулоти сохтмониро меовараду урупоӣ нишон медиҳад, теъдоди коргарро 20 кас менависад ва барои 20 кас ғизо, сарулибоси корӣ, маош менависаду аммо амалан даҳ касро кор мефармояд, албатта «ведомост»-и маош ҳам дуто хоҳад шуд. 2000 сомонӣ менависаду дар асл аз 1000-1200 бештар намедиҳад ва ҳамин тавр соҳибкор ҳам 20% даромади худро кор мекунад. Ин аст воқеияти имрӯзаи «ҳамкорӣ»-и давлат бо бахши хусусӣ. Масалан ҳамкории «Фароз»-и Шамсулло Соҳибов дар «Сафеддара» ва онро Раҳмонов «шарики рушд» унвон мекунад. Гӯиё аз ин макру талбис ва аз ин дуздии пули мардум худи мардум хабардор намешуда бошад.
Ва ё ҳоло масъулини Идораҳои молия, ки тақсимоти бюҷети давлатӣ дар маҳаллу навоҳиро дар даст доранд, барои «ҳаллу фасл» ва «ҳазм»-и осону роҳат ва муҳимтар аз ҳама бехавфу хатари 20% то 25% -и «ставка»-и худ барои мисол мудири шуъбаи маориф, ё сардухтури бемористони ноҳия ва ё ягон маъмури дигарро бо шофери худ ба бозор ё мағоза равон мекунанд. Он тарафаш дигар ба шумо маълум аст. Дар дасти ронанда рӯихате ҳаст, ки дуруст дар ҳаҷми он %-е аст,ки бояд пардохт шавад. Хуллас, ба ҳамон андоза он нафар пули хариди шофери молияро дар назди хазина пардохт мекунад.
Вой бар ҳоли идораҳои давлатии Тоҷикистон!!! Аз сатҳи ҷамоату боғчаву мактаб гирифта якҷо бо ноҳияву вилоят ва то вазорат ва то Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ҳол ҳамин аст. «Ставка»!!!!Ин як системае шудааст, ки тамоми кишварро фаро гирифтааст. Молияи шаҳр ба минтақа, минтақа ба вилоят ва вилоят ба ҷумҳурӣ %-и муқарраршуда аз ҳисоби пули бюҷетро медиҳаду халос.
Вақте Чилазода Қарахон, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба вазифаи нав, Сардори Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон таъин шуда, Назарзода Бахтиёр ба ҷойи вай омад, мушкили болои мушкил шуд. Зеро як баднафс болотар рафт. Акнун ӯ аз боло супориш медод. Барои онки молияи минтақаи Кӯлоб дар итоати молияи вилояти Хатлон аст. Ҳоло хабари барканории раиси молияи вилояти Хатлон нашр шуд вале то куҷо вазъ тағйир мекунад намедонем. Ҳабиб Раҳимовро ба мақоми молияи минтақаи Кулоб худи Назарзода Бахтиёр таъин намудааст.
Ногуфта намонад, ки ин гурӯҳ нақша ва нияти дигар доштанд. Тибқи нақшаи кашидаи ин гурӯҳ бояд Чиллазода Қарахон вазири молия таъин мешуду Назарзода Бахтиёр сардори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Ҳабиб Раҳимов,аз сардори Раёсати молияи минтакаи Кӯлоб ба курсии сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон меомад. Ва,Одина Раҳмон собиқ сардори Раёсати молияи шаҳри Кулоб, Раёсати минтақавии молияи Кӯлобро соҳиб мегашт. Ва, сардори шуъбаи хазинадорӣ Хоҷазода Муҳаммадҷон сардори Раёсати молияи Кӯлоб таъин мегардид. Аммо сухани хона ба бозор рост намеояд, мегӯянд, ки рост аст ва на ҳама вақт куза аз лаби об сиҳат меояд.
Худкушии соҳибкори кулобӣ Зафар Абдуллоев ҳама ин нақшаҳоро нақше бар об кард. Дар бораи ин ҳодисаи ваҳшатнок расонаҳои хориҷиву дохилӣ зиёд навишта буданд. Чунки дар ҳақиқат ин як ҳодисаи даҳшатнок буд. Зафар Абдуллоев ба нишони эътироз аз муносибати Идораи молияи Кулоб худро дар назди бинои он солярка пошида оташ зад. Одина Раҳмон, сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб буду Зафар Абдуллоеви соҳибкор ба муассисаҳои томактабӣ, яъне боғчаҳои шаҳри Кӯлоб маводи ғизоӣ, алалхусус нон (хлеб) таъмин менамуд. Ин соҳибкор борҳо аз назди Одина Раҳмон ноумед баромада маблағҳои шахсиаш ва ҳатто аз дӯстонаш қарз гирифта уҳдадории худро ба ҳайси як соҳибкор дар назди боғчаҳо иҷро мекунад. Аммо дигар комилан муфис мешавад ва дӯстонаш ҳам қарз намедиҳанд. Меояд ва ба Одина Раҳмон,сардори молия авзоъро мефаҳмонад ва маблағи барои ӯ ҷудошударо талаб мекунад. Ҳатто мегуяд, ки алҳол як қисми онро диҳад то боғчаҳо бе нон намонанд. Аммо Одина Раҳмон мегӯяд, ки бидуни гирифтани 20% ҳақи молия(?) наметавонад ба ҳисоби вай пул гузаронад. Зафар Абдуллоев аз як тараф сахт дилсард шуда буд аз тарафи дигар медонист, ки гапаш ба ягонҷо намерасид зеро Одина Раҳмонро мақомотҳо иззату эҳтиром мекуннад, ночор даст ба худкушӣ зад. Шумо, як тасаввур кунед, ки масъулони идораи молия, аз ҷумла ҳамин Одина Раҳмону Бахтиёр Назарзода инсонҳоро то куҷоҳо пасту ҳақир мекунанд, ки аз ҷони ширини худ, аз зану фарзанди худ даст шуста худро ба куштан медиҳанд.Магар Эмомалӣ Раҳмонов ин ҳамаро нашуниду надиду нафаҳмид?
Аммо бо ин ҳама бедодиву ноинсониву ваҳшоният мақомоти тафтишотӣ ин қазияро руйпуш намуданд. Онҳо бадтар буданд. Чунки аз Одина Раҳмон маблағи калон гирифта бо ҳамин қазияро сарпӯш гузоштанд. Муҷозоти ӯ фақат ҳамин шуд, ки аз вазифааш озод намуданд. Бо супориши Бахтиёр Назарзода соҳибкорони номӣ Бозоров Қурбоналиӣ бо лақаби (Мишаи қарчилик) ва Рузиев Ҷамшед бо кличкаи (Ҷамшеди девона) ба Одина Раҳмон пули калон қарз доданд, то ин корашро-яъне тафтишотро ҳал намояд. Ин соҳибкорон одамони Назарзода Бахтиёр мебошанд, барои он пул доданд, ки Одина Раҳмоно муфаттишонро харад ва гап то болотар, яъне Назарзода Бахтиёр кашонида нашавад. Ва ҳамин тавр омили худкушии соҳибкор Зафар Абдуллоев ягон ҷазо нагирифту қатлаш ҳам, ки нишонаи эътирози як инсон бар алайҳи ин порахӯриву фасод буд сари мӯе ҳам таъсир накард.
Баъди ин ҳама корҳои ин беинсофҳо Назарзода Бахтиёр раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардида тамоми мардуми Кулобро дар тааҷҷуб гузошт, ки ин ҳукумат чи ҳукумате аст? Ҳоло ин гурӯҳ боз аз пайи нақшаҳои нав афтодаанд. Аз ҷумла мехоҳанд, ки Ҳабиб Раҳимовро ба ҷойи Баҳриддин Султонов сардори молияи шаҳри Кулоб оваранд. Зеро Раҳимов Ҳабиб одами Назарзода Бахтиёр мебошад. Вақте ду дузд якҷо шуд, боз дуздӣ осонтар мешавад барояшон. Ман ҳайрони вазири молия мешавам, ки ҳамаи корҳои ин гурӯҳҳоро медонад, аммо рӯй пушида мегардад. Ин палидон, то имруз ҳамаи пулҳои шаҳру минтақаи Кӯлобро хурдаанд, боз чӣ мақсад доранд? Инки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ Назарзода Бахтиёр то домодҳояшро хонаву мошинҳои қиматбаҳо харида медиҳад, худаш бошад соҳиби мошинҳои қиматбаҳо ва хонаҳои боҳашаматро чаро мақомоти тафтишотӣ намебинанд? Айни замон якҷо бо соҳибкорон мисли (Мишаи қарчилик) ва Ҷамшеди девона соҳиби чандин рамаи гусфанд шудааст. Ҷамшеди девона дар як рӯз чанд бор мошин иваз мекунад, мисле, ки арӯс сару тан иваз мекунад: Ланд Курзер, Тойота Кемрӣ. Хазинадору молияи шаҳри Кӯлоб Хоҷазода Муҳаммадҷон ва Раҳимов Ҳабиб бо Кемриву Мерседесу Лексусҳо мегарданд. То ба кай ин мафиябозӣ дар Тоҷикистон бахусус Кӯлоб идома меёфта бошад.
Бубинед, ки хоҳарзодаи вазири молия Тоҷиддин Ҳасанов, сардори шуъбаи банақшагирии буҷет дар Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб аст. Наход аз номаъқулиҳои ин молиячиҳо вазири молияро огоҳ накунад, ё ки мегуяду онҳо боз ҳам кори худашонро мекунанд. Ё инки Ҳасанов Тоҷиддин бо ҳамроҳи инҳо «хӯрда» мегардад. Ман бо итминон гуфта метавонам молу мулке, ки Назарзода Бахтиёр дорад, вазири молия нисфашро надорад. Аз куҷо ин ҳама молу мулкро доро шудааст? Албатта аз дуздии пули буҷаи давлат аст, чунки дар ягон давру замон соҳибкор набуд.
Тибқи баъзе аз сару садоҳо Мурод телехи Ҷаноб «криша»-и Назарзода аст. Медонем, ки шумо ҳам меҳмон доред, меҳмон қабул мекунед, як пиёла чой медиҳед.Аммо на ба ин андоза: аз 25% то 30% маблағҳои буҷетиро аз худ кунед. Чаро дар шаҳри Душанбе 3% мегиранду дар шаҳри Кӯлоб аз 25% то 30%. Чаро маблағҳои дуюмдараҷаи бюҷети давлатиро мисли маблағҳои якумдараҷа намекунанд, ё инки ҳамин маблағҳои идораҳои минтақаи Кӯлобро (транзити) яъне лимиташро аз вилоят гирифта ҷумҳуриявӣ намекунанд то ин ки 25% то 30% порагирӣ аз байн равад. Ба назарам роҳи осонаш инҷост. Чунки бо номи Кулоб мардуми Кулобро талаву тороҷ ва тохту тоз карда истодаанд.
Поёни бахши аввал,идома дорад….
Ps: Ислоҳ ин қазияро бо иштиқи комил дунбол мекунад. Ҳар соҳибкоре аз дасти ин коррупсионерҳо озору азият дидаанд ба “Ислоҳ” нависед. Агар фикр дошта бошед ин ғоратгарон серу пур мешаванд иштибоҳ кардаед. Ҳар соҳибкори Кулобӣ бояд хуб донад,ки то он рӯзе дар муқобили инҳо истодагарӣ накунед ин туда ба кори худ идома хоҳанд дод.