Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар бораи барномаҳои шумо зиёд мешунавам ва худам бо чашмони сарам дида истодаам, ки ҳамватанони муҳоҷири Шумо чи тавр онҳоро бо камоли майл ва бо як бесабрӣ тамошо мекунанд.
Ман худам тоҷик нестам, аммо дӯстон ва шиносҳои зиёди тоҷик дорам ва бо чашмони бидуни айнак ҳам мебинам, ки аз тарафи як зодаи ноҳияи собиқи Ғарм-Рашти имрӯза нисбат ба ҳаммилатони худ чи қадар ноадолатӣ ва зӯргӯӣ дида мешавад. Сухан дар бораи Абдуҷабборов Сияршо Зардакович, раиси созмони иҷтимоии минтақавии “ДРУЖБА” дар вилояти Новосибирски Федератсияи Русия меравад. Дар асл ин созмони иҷтимоӣ набуда, як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аст.
Шарҳи ҳоли раиси мафия:
“Абдуҷабборов Сияршо 13.10. 1965 дар ноҳияи собиқи Ғарм ба дунё омадааст. Солҳои 1989 – 1990 дар бахши кор бо ноболиғони шӯъбаи корҳои дохилии Қурғонтеппа фаъолият кардааст. Солҳои 1991-1992 дар арафаи ҷанги шаҳрвандӣ Абдуҷабборов барои кор ба шӯъбаи дохилии ноҳияи Ғарм дар бахши мубориза бо экстремизм фиристода мешавад. Вай дар ҷараёни фаъолият дар ин бахш ба хотири нишон додани “резултат” сокинони одиро ғайриқонунӣ боздошт ва бахусус ҷавонмардони 22-45 соларо дар ҳамдастӣ ва ширкат бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Ҳойит муттаҳам намуда аз болои онҳо кори ҷиноӣ оғоз мекард. Ин ҷавонмарди ба тӯҳмат гирифторшуда маҷбур буданд ба куҳҳо ва ё ба кишварҳои дигар фирор кунанд,то инки аз дасти Абдуҷабборов ва ҳабс наҷот ёбанд.”
Абдуҷабборов бо суиистифода аз ваколатҳои хидматӣ ва ҳадафи нопок ба занҳои онҳое,ки бо ваҳҳобия муттҳам шудаанд ва мардони фироркарда барои қатъи кори ҷиноятӣ нисбати шавҳарони онҳо пешниҳоди ҳамхобагӣ мекард. Агар занҳо пешниҳоди Абдуҷабборовро рад мекарданд вай таҳдид мекард, ки алайҳи шавҳарони онҳо ва ё наздиконашон кори ҷиноӣ боз мекунад ва ҳатто фарзандони онҳоро таҳти зарбу лат қарор медиҳад.
“Баъд аз онки аз ин пешниҳоди Абдуҷабборов Сияршо мӯсафедон ва калонсолон дарак меёбанд маҷлис баргузор намуда ба қароре меоянд, ки ӯро ҷазо диҳанд ва ба роҳбарияти ВКД муроҷиат мекунанд. Баъди як фурсати кутоҳ Абдуҷабборовро аз сафҳои вазорати дохилӣ пеш мекунанд. Барои онки аз қасоси мардуми Ҳоит наҷот ёбад Абдуҷабборов дар соли 1995 ба шаҳри Новосибирски Русия фирор мекунад.”
Ана инро қаллоб мегӯянд:
Абдуҷабборов Сияршо дар Новосибирски Русия интиқоли ғайриқонунии сокинони вилояти Суғд ба ин кишварро ташкил намуд. Вай интиқоли ғайриқонунии шаҳрвандонро аз тариқи марзҳои Қазоқистон ва Русия ба кишвари Олтой тавассути гузаргоҳи Кулунда анҷом медод. Дар ҷараёни ин кор ӯ бо зане бо номи Башорат, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, шинос мешавад. Ин зан бизнеси созмонёфтаи интиқоли шаҳрвандонро ба роҳ монда буд ва автобусҳои шахсӣ ва пули калон ҳам дошт, чун хеле солҳо буд, ки ин корро иҷро мекард Чун дид, ки интиқоли ғайриқонунии шаҳрвандони тоҷик ба Русия як кори даромаднок аст бо кормандони сохторҳои қудратии Русия маслиҳат ва бо мусоидати онҳо Башоратро, ки аз рӯзи аввали омадан ба ӯ кӯмак кард, аз қаламрави Русия ихроҷ намуд (депортация) ва бо як беҳаёӣ соҳиби тиҷорат ва автобусҳои ӯ шуд. Абдуҷаббор ба танҳоӣ корро идома дод ва афзун бар ин як шабакаи интиқоли героин аз Хуҷанд ба Новосибирскро тавассути автобусҳои муфт ба дасташ уфтода фаъол сохт. Онҳое, ки шароити молии омадан ба Русия надоштанд, дар меъдаҳояшон (желудок) бо автобусҳои Абдуҷабборов Сияршо героин меоварданд. Абдуҷабборов ҳамчунин тақсиму тиҷорати героинро дар Новосибирск ташкил кард ва ин корро ба дӯши ҷӯгизане бо номи Королева Нина Николаевна вогузор намуд. Вай бо ин зан хуфтухез мекард ва ин лӯлӣ аз Абдуҷабборов як духтари 16 сола ҳам дорад.
Солҳои 2004-2005 шӯъбаи мубориза бо маводди мухаддири Вазорати дохилаи кишвари Олтой яке аз автобусҳои Абдуҷабборов Сияршоро доштанд ва аз як махфигоҳи он 6 кило героинро кашфу мусодира карданд. Аз ин ҳодиса тамоми тоҷикҳои Новосибирск бохабар мебошанд. Аммо мақомоти тафтишотии кишвари Олтой баъди чанде ин парвандаро ба далели набудани далоили шайъӣ қатъ карданд. Гап дар сари он меравад, ки Абдуҷабборов барои наҷоти худ пораи калон дод. Пули пораро ӯ бар ивази чанде аз автобусҳо аз Бобоҷонов раиси ширкати мавсум ба «Планета одежда и обувь» гирифта буд.
Одамрубоӣ ва ё ғуломдорӣ:
“Абдуҷабборов Сияршо соли 2007 як духтари 14-солаи тоҷик, Юлдошева Равшанойро бидуни гирифтани роҳкиро аз Хуҷанд ба Новосибирск оварду ба хешовандони зани лӯлитабораш фурӯхт. Равшаной дар таҳхонаи (подвал) падари зани Абдуҷабборов то соли 2011 нигоҳ дошта мешуд ва “хидмати” се бародар ва падари мӯйсафеди онҳоро иҷро мекард.”
Соли 2011 дар бораи ин духтари бе пушту паноҳи тоҷик, ШКД-и “Октябрский” ва РКД шаҳри Новосибирск бо ёрии президенти “Маркази ҳуқуқии дифоъ аз тоҷикистониён” Шарипов Исроил Қудратович огоҳӣ ёфтанд ва якҷо бо Раёсати корҳои дохилии вилояти Новосибирск Равшанойро озод карданд.
Мақомоти корҳои дохилии вилояти Новосибирск алайҳи Абдуҷабборов, падарарӯс ва се бародарзани ӯ кори ҷиноятӣ оғоз ва онҳоро дар СИЗО ҷой карданд.
“Аммо ба гузашти ҳамагӣ чанд рӯз бо додани маблағи калон ҳамаи онҳо ба озодӣ баромаданд. Тоҷикони ба шӯромада ба масҷиди марказии шаҳр воқеъ дар кӯчаи Красина муроҷиат карданд. Имоми масҷид Шакризянов Накип дар яке аз хутбаҳои намози ҷумъа ин ҳодисаро нақл ва изҳори нигаронӣ карда буд, ки чи тавр тоҷикҳо духтари ноболиғи худро ба пул шуда ба лӯлӣ фурӯхтаанд.”
Аммо Абдуҷабборови беномус наметавонд аз зани лӯлиаш ҷудо шавад, чун аз ӯ духтар дорад ва муҳимтар аз ин ӯ ҳама сирру асрораш аз ҷумла тиҷорати героин ва интиқоли ғайриқонунии одамон ба Русияро медонад ва метавонад фош кунад.То имрӯз Абдуҷаббор роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноии “Дружба” аст, аммо ягон намуди тиҷорат надорад, ба ҷуз ин, ки ҳар моҳ аз тоҷикон бо роҳи ғорату зӯрӣ пул меситонад ва касе, ки саркашӣ кунад, онҳоро бо “боевик”-ҳои зархаридаш таҳти шаллоқу шиканҷа қарор дода пул мегирад.
Муовини раиси мафия:
“Дасти рости Абдуҷабборов, Киборов Исмоил Ҷалолович аст, ки соли 2000-ум аз Екатеринбург гурехта ба Новосибирск омад ва ӯро яке аз хешовандонаш бо номи Хайрулло дар бозори Хилокский ба кор монд. Баъдтар Хайрулло робитаро бо ӯ қатъ намуд, чун дид, ки ба овардани героин аз Тоҷикистон ба Новосибирск машғул шудааст. Киборов Исмоил робитаашро бо директори бозор, Зяблов Анатолий Борисевич хуб карда одами боваринок ва миёнарави ӯ шуд ва дигар муваффақ бар он шуд,ки қонуну қоидаҳои худро дар бозор миёни фурӯшандагон ҷорӣ намояд.”
Тарҳи ин ҳама корҳо хеле содда ва равшан аст. Бозор аз фурӯшандагон барои нуқтаи фурӯш маблағи муайяне талаб мекунад, аммо Киборов Исмоил ҳақи худро зам намуда зиёдтар талаб мекунад, чун робитааш бо роҳбари бозор зичу устувор аст. Пули зиёдатиро байни худашу роҳбари бозор тақсим мекунад. Касе пули иловагӣ надиҳад ё додан нахоҳад, ҷазо мегирад. Ӯ гурӯҳеро аз 300 нафар ташкил намудааст, ки корашон асосан задан ва таҳқир кардани тоҷикон аст. Бадбинии махсус нисбати душанбегиён дорад.
Барои онки як мошини бордор дар қатори бозор ҷой бигирад дар зимистон 8.000 ва дар тобистон аз 15000 то 20000 рубл мегиранд, вале агар молу маҳсулоти мошин гаронарзиш бошад то 100.000 меситонад. Аз ин нақшаи коррупсионӣ дар бозор ҳама огоҳанд, чун дар бозори Хилок барои мошинҳоҷойи савдо камӣ мекунад. Махсусан дар тобистон.
Ғорат ва дуздии ошкори Тоҷикон:
“Баҳои иҷораи як анбор (склад) –и бозор расман 25000 рубл аст, аммо Киборов 50 000 дар зимистон ва 90 000 рубл дар тобистон талаб мекунад. Аробакашҳо, ки асосан аз Колхозободанд, барои як рӯз дар бозор кор кардан ба Киборов Исмоил 1500 рубл, чойфурӯшону қаҳвафурӯшон 1000 рубл медиҳанд. Ва ҳаминҳо “армия”-и (сипоҳ) Киборов Исмоил низ ҳастанд, ки аз “фармон” саркашӣ мекардаҳоро лату кӯб мекунанд.”
Ин бедодгарӣ 10 сол аст, ки аз тарафи Киборов идома дорад. Ӯ аввал хеши худаш Хайруллоро аз бозор бо кӯмаки сардори муҳофизон (начальник охраны) Алексюк Виктор пеш кард, баъдтар бо “кӯмаки” кормандони баландпояи сохторҳои қудратӣ, зани Хайруллоро аз Русия бадарға (депортация) намуд. Соли 2016 дар бозори Хилокский миёни тоҷикону ӯзбекон ҷанг ташкил намуд, ки дар натиҷа ҳарду тараф осеб ва зарар диданд.
Барангехтани кинаву адоват ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ:
Соли 2019, назди истгоҳи Прощальный, ки ба бозори Хилокский наздик аст, бо туфангҳои травмату арматура ҳамроҳи дӯстони колхозободиаш рафта як тоҷики зодаи Исфараро бо номи Аҳмедов Шерафкан Аюбович, ки санаи таваллудаш 09.08.1994 мебошад лату кӯб кард. Аммо нисбати ҷабрдида болои сӯхта намакоб дӯстони Киборов, ки дар сохторҳои қудратӣ кор мекунанд, кори ҷиноятӣ оғоз карданд. Худи ҳамон сол боз як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро бо номи Муҳаммад, ки бародари Маҳрами дзюдоисти тими мунтахаби Русия Исо аст, дӯстони колхозободии Киборов номардона зарбу лат карданд.
Баҳори соли 2020 дар қаҳвахонаи Самовар, ки дар кучаи Северный ҷой дорад, Киборов як гурӯҳ тоҷиконро аз Маскав даъват намуда, бар болои тоҷикони вилояту минтақаҳои дигар ҳуҷум намуд. Дар ин задухӯрд ҳам аз корд ва ҳам аз туфангҳои травматикӣ истифода бурданд.
Вақте писари Азизи Файзободӣ (дар бозори Хилокский кор мекунад) аз қаҳвахона берун мегурехт, ӯро бо мошин зер карданд, ки ду пояш шикасту ҳоло маъюб аст.
“Киборов Исмоил ва гурӯҳи ҷиноии ташкилкардаи ӯ ҳамроҳи раисаш Сияршо (роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятии “Дружба”) корашон задан, бо корд маҷрӯҳ намудан, тир холӣ кардан нисбати тоҷикон ва маъюб кардани онҳо аст, ки ин ҳамаро дӯстонаш («крыша») аз ВКДи Русияву Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд.”
Вақте аз Тоҷикистон намояндагони расмии Ҳукумати Тоҷикистон меоянд, онҳоро Сияршо пешвоз мегирад, Киборов Исмоил мехӯронад, ки ин аз робитаҳои наздики онҳо шаҳодат медиҳад. Вақти гусел ба намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон тӯҳфаҳои гаронбаҳо ва пулҳои калон медиҳад, аммо ҳеч тоҷикеро намегузорад, ки дар ин мулоқотҳо ширкат кунанд ва агар ширкат ҳам карданд, шикоят накунанд. Ҳоло, ки ӯ аз Тоҷикистон гурехта аст ва аз вазифа озод шудааст, аммо нафақаи ВКД-и Тоҷикистонро мегирад. Магар ин аз рӯи қонун иҷозат аст?
“Тобистони соли 2020 як нафар аз кормандони боломақоми ВКД-и Тоҷикистон ба Новосибирск омад, ки сардори фарзанди Киборов будааст. Фарзанди Киборов Исмоил дар Тоҷикистон дар вазифаи муфаттиш кор мекунад. Ӯро чунон меҳмоннавозӣ карданд, ки гумон мекунӣ, ки Шоҳи Саъудӣ назди кадом шоҳи дигаре омадааст. Албатта, ки онҳо ҳама ба хотири вазифаи баландтар додан ба писараш ва аз ин ҳам муҳимтар барои интиқоли героин аз Тоҷикистон ба Русия аст.”
Суханро ба дарозо бурдам, аммо Шумо метавонед ин ҳарфҳои маро аз шахсони боваринокатон пурсон шавед, ки дар бозори Хилокский чӣ гапу кор асту тоҷиконро онҷо чӣ гуна худи тоҷикон таҳқир мекунанд. Киборов худашро президенти Хилокский эълон кардаасту мегӯяд ҳама зоти тоҷикро метавонад хоҳ дар Русия бошад хоҳ дар Тоҷикистон, пайдо кунад ва ҷазо диҳад.
Ин аст ҳолати кормандони ВКД:
“Барои ман як чиз нофаҳмо аст ки Киборов ва аҳли оилааш ҳамагӣ шаҳрванди Русияанд аммо чи тавр писари ӯ корманди ВКД Тоҷикистон мешавад? Киборов ба воситаи писараш бо афроде, ки ба вай муносибати хуб надоранд, итоат намекунанд азият озори онҳоро ташкил мекунад ва ба ин восита ҳам ба худи онҳо ва ҳам ба хешовандони онҳо дар ватан таъсир мегузорад. Аз усули тарсу ҳарос додан истифода мекунад.”
Моҳи январи соли 2021 дар бозори Хилокский, ҷонишини директор, Олга Ивановна, эълон кард, ки барои таъмири дарвозаҳои бозор ҳар тоҷик1000 рубл диҳад. Ҷамъоварии пул дар ихтиёри Киборов Исмоил ва бародари ӯ Меҳроҷ гузошта шуд. Ҳамаи тоҷикҳо аз пулдиҳӣ сарпечӣ карданд. Касе пул додан нахост, Киборовҳо ба посбонҳои бозор нисбати онҳо шикоят карданд. Ва ҳамроҳи посбонон пулҷамъкуниро сар карданд. Яке аз фурӯшандагони тоҷик пул додан нахост. Дар пеши Киборовҳо посбонҳо ӯро зада-зада ҳазор рублашро кашида гирифтанд. Касе аз болои онҳо ба милиса шикоят ҳам намекунад, чун медонад, ки ба додаш намерасанд ва аз ҷояш дар бозор маҳрум мешавад.
“Киборов Меҳроҷ ва Исмоил ба посбонҳо (охрана)-и бозор шикоят карданд,ки ба дунболи ин шикоят посбонҳо дар канори Киборов Исмоил ба ҷамъоварии пул шурӯъ карданд. Як тоҷик дар назди посбонҳо ҳам аз додани пул даст кашид. Ӯро дар ҳузури ҳама заданд. Аммо касе ҷуръат намекунад,ки шикоят кунад. Он тоҷик ҳам мушт хӯрду ҳам 1000 руб пардохт кард. Барои он касе аз болои беспределии Киборовҳо шикоят намекунад, ки метарсад ӯро аз кор ва ҳатто аз Русия депорт накунад.”
11 июли 2016 дар бозори Хилокский байни тоҷикҳо ва узбекҳо ҷанг шуд,ки ташкилкунанда ва коргардони пушти саҳнаи он Киборов Исмоил ва Абдуҷабборов Сияршо Зардакович буданд ва ҳадаф аз ин ҷангандозӣ “захват” кардани масҷиде буд, ки узбекҳо бунёд карда буданд.
Мӯҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки пеши роҳи ин бедодгариҳои Киборов Исмоил ва Абдуҷабборов Сияршо гиред, ягон роҳи ҳалашро пайдо кунед. Ин шармандагӣ аст барои тоҷикон. Дар Новосибирск касе тоҷиконро чунин таҳқир намекунанд, монанди инҳо. Тоҷиконро инҳо таҳқир ва бо онҳо мисли ҳайвон муносибат. Мекунанд. Агар имкони баромад кардан дар барномаатон бошад, метавонам муфассалтар нақл кунам. Ба ҳақиқат будани ин маълумотҳо шаҳодат медиҳам.
Ps: Ин нома бо забони русӣ аз як шаҳрванди Русия ба “Ислоҳ” фиристода шудааст. Соҳиби нома аз ин “Мафия”и Тоҷикозорон изҳори нигаронии амиқ намудааст. Ислоҳ бо таҳқиқоти дигар ин матлабро такмил ва тақдими хонандагон менамояд. Аксҳои ҳар шахсоне дар ин матлаб омадааст,ба мо фиристед,то дар навор онҳоро гузорем!