Макру ҳиллаҳои мардумро ба Аллоҳ вогузоред!
Шайх Мутавалли Шаъровӣ мегӯяд: Ман дар тааҷуби шахсоне ҳастам, ки ба макри мардум гирифторанд ва аз ин фармудаи Илоҳӣ ғофиланд:
“Ба зудӣ он чиро, ки акнун мегӯям, ба ёд хоҳед овард. Ва ман кори худ ба Худо ҳавола кардам, зеро Ӯ бандагонашро мебинад!»
(Сураи Ғофир, ояти 44)
Боз Аллоҳ субҳонаху ва таъоло дар идомаи ин сура мефармояд:
“Худо ӯро аз осеби макре, ки барояш андешида буданд, нигоҳ дошт.”
(Сураи Гофир, ояти 45)
Пас он чи бар сари мову шумо аз макру фиреб ва ҳилла меандешанд, ҳамаро ба Аллоҳ вогузор бояд кард, зеро Ӯ нисбати бандагонаш ва ҳама мавҷудоту коинот огоҳу биност!