Маъмурони амниятии Эрон имрӯз аз сафари мавлоно Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон маркази устони Балуҷистони ин кишвар ба Қатар ҷилавгирӣ карданд.
Мавлоно Абдулҳамид Исмоили Зиҳӣ (مولانا عبدالحميد اسماعيل زهي ) 71 сола,ки имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон маркази устони Балуҷистон аст субҳи дирӯз озими сафар ба пойтахти Қатар буд, ки ба мамонияти маъмурони амниятии Эрон мувоҷеҳ шуд. Маҳмуд Бароҳуии Нажод сардабири нашрияи Баҳори Балуҷистони Эрон дар ин робита ба хабаргузории Анатолиё гуфт: Мавлоно Абдулҳамид ду-се рӯз пеш ҷиҳати барномарезӣ барои сафар ба Қатар дар Теҳрон ба сар мебурд. Ӯ бо даъвати балуҷҳои Қатар озими ин кишвар буд, аммо пас аз вуруд ба Теҳрон нерӯҳои амниятӣ бо ӯ тамос гирифт ва аз ӯ хостанд ба Зоҳидон баргардад.
Ин рӯҳонии аҳли суннат қаблан низ аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ барои ширкат дар конфронсҳои исломӣ, ки аз муддаиёни аслии он будаааст, манъ шуда буд. Аз сафари ӯ дар 31 июни соли 2013 ба Қатар ҷиҳати ширкат дар конфронси байналмилалии гуфтугӯи адён низ мамониат шуд.
Дар солҳои ахир ӯ ҳатто иҷозаи сафар ба манотиқи аҳли суннати Эронро низ наёфтааст. Масъулини Эрон аз сафари ӯ ба минтақаи балуҷнишини Рамашк(رمشك), ки пештар минтақае аз Балуҷистон буда, дар тақсимоти ахир кишварӣ ба Кирмон афзуда шудааст, низ ҷилавгирӣ кардаанд.
(Истанбул, Халили Салаҳшур,хабаргузории Анатолиё)