Марде дар назди хучраи Расули акрам(салаллоху алайхи васаллам) равзаи муборак истода чунин гуфт:
Дастхои хешро бардошт ва хитоб ба Аллох субхонаху ва таоло намуда чунин гуфт:
Эй бор Илохо онеки ман холо дар назди хучраашон карор дорам хабиби туст. Ман бандаи туям ва шайтон душмани туст.
Агар эй бор Илохо маро бахшиди ман хабиби ту мегардам ва ман ки бандаи туям комёб дар дунё ва охират мегардам. Вале душманат андухгин мегардад.
Агар маро набахшуди дусти ту гамгину андухгин мегардад ва душмани ту рози ва хушнуд мегардад ва ман, ки бандаи туям халок мегардам.
Вале ту карим хасти эй Аллох ва гамгин намекуни хабибатро ва рози ва хушнуд намекуни душманатро ва бандаатро халок намекуни.
Эй бор Илохо агар яке аз бузургони Араб аз дунё гузарад хангоми дафн намуданаш гуломону бардахояшро озод менамоянд.
Эй бор Илохо ин сохиби хучра ки ман дар назди он карор дорам пешво ва Сайиди оламиён аст пас мароки хангоми дафнаш дар ин дунё набудам холо, ки инчо карор дорам маро аз оташи чаханнам озод намо ин бигуфту бигрист.
Мо низ бо ин мард якчоя чунин дуъо менамоем то моро низ аз оташи сузони чаханнам озод намояд омин