36.1 C
Душанбе
Руз 09-Июн 2023 Соат 16:06

Мехоҳи хушбахттарини инсонҳо боши?

Мехоҳи хушбахттарини инсонҳо боши?

1-) Имон ғаму андуҳро аз миён мебарад,имон нури чашми яктопарастон ва сулуки ибодат кунандагон аст.

2-) Ончи гузашт аз даст рафт,ончи рафт мурд.Пас ҳаргиз фикр накун барои ончи,ки гузашт батаҳқиқ рафтаро наметавон баргардонд дар фикри ояндаат бош!.

3-) Рози бош ба тақдират агарчӣ он начандон хубҳам бошад.Бидон ризқ тақсим шудааст.Ҳарчизе муқаддар ва дорои андозааш мебошад,пас канор бигзор андуҳро.

4-) Танҳо ба ёди Худо дил оромиш пайдо мекунад.Ёди Худо аз анҷоми гуноҳ дурат менамояд. Ёди Худо рози месозад туро,агар он ёд ҳақиқи бошад ба он дўр месозад аз ту мусибатҳоятро.

5-) Ҳаргиз аз касе интизори шукр ва сипос набош.Туро басандааст савоби он зоте,ки он Самад аст.Туро ғамгин насозад оне,ки бар ту душмани меварзад ва кинаи шахси кина туз.

6-) Вақтоки субҳ намуди ҳаргиз интизори шаб нашав.Ҳамеша ҳаётатро дар мадори рўз фикр бикун ва фикратро барои ислоҳи он рўз ҷамъ кун.

7-) Ба ҳоли худаш бигузор ояндаро, то ин,ки худаш биояд.Барои фардоят зиёд андеша накун зеро агар имрўзатро накў ва ислоҳ намуди яқин бидон,ки фардоят хушу бо сафост.

😎 Дилатро аз ҳасад пок нигаҳдор ва онро аз кина пок намо ва аз дилат бадбиниро ба кулли пок бисоз, аз ситеза ҷуйи бо дигарон бар ҳазар бош!.

Мақолаҳои монанд

Моро пайгири кунед

1,434Мухлисонимисли
188,534муштариёнОбуна

МАҚОЛАҲОИ ОХИРИН