(бахши дуввум)
Ман як корманди ҳукумати ноҳияи Рашт мебошам. Рӯзи 26 январи соли ҷорӣ дар шабакаи Ютуби «Ислоҳ.ТВ» навореро тамошо намудам, ки марбути амалҳои ғайриқонунии Муқими Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, Зоиров Маҳмадулло Абдухолиқович, муовини раиси Бонки миллӣ дар минтақаи Рашт ва Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мебошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст Маҳмадтоир Зокирзода дар замони муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ягона рақиби сиёсии худ, собиқ раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқро барои дур кардан аз саҳнаи сиёсати ҷумҳурӣ ва роҳ ёфтан ба раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар назди роҳбарияти давлат ва тариқи расонаҳо сиёҳ намуда аз саҳнаи сиёсат дур ва ба ҷои ӯ муваффақ мешавад, ки Муқими Раҳимҷон Набизодаро иҷрокунандаи раиси ноҳияи Рашт таъин кунад. Зокирзода Маҳмадтоир аз Муқими Раҳимҷон Набизода пораи калон гирифта ӯро ба ҷои Қаноатшо Лоиқзода ба раисии ноҳия пешниҳод менамояд
Вақте Президент ба Зокирзода фармон медиҳад, ки рафта Лоиқзодаро барканор кун, Зокирзода аз Набизода 60000$ пора мегирад ва меояд дар маҷлиси ноҳия ӯро иҷрокунандаи раиси ноҳияи Рашт эълон мекунад. Ба ӯ мегӯяд,ки 40000$-и дигар тайёр кун 100000$ шавад, то бурда ба Ҷаноби олӣ диҳам, фармонатро барорад. Муқими Раҳимҷон Набизода аз ҷиянҳояш қарз карда 40000$ ба Зокирзода медиҳад. Баъди гирифтани 100.000$-и пурра фармони Набизода ба ҳайси раиси ноҳияи Рашт ба имзо мерасад. Аз рӯзҳои аввали кории Набизода маълум буд, ки вай зери фармону дастуроти Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, раиси Маҷлиси ва бародарзодааш Зоиров Маҳмадулло Абдухолиқович, муовини раиси Бонки миллӣ дар Рашт фаъолият мекунад. Бо ин қаноъат накарда то ҳол аз ӯ ҳақ меситонад. Дар ҳар як дуздиву фасодкорӣ, ки анҷом медиҳад Зокирзода Маҳмадтоир дар “доля” ҳатман шарик аст!
Чуноне гуфтем филиали Бонки миллӣ дар минтақаи Рашт зери идораи бародарзодаи Маҳмадтоир Зокирзода бо номи Зоиров Маҳмадулло Абдухолиқович қарор дорад. Маҳмадулло тақрибан15 сол аст дар ин Бонк кор мекунад. Ҷояшро дар ин муддат иваз нанамудааст. Ҳамкоронаш даҳҳо нафар иваз шуданд, вале ӯ бо ҳимояи амакаш Зокирзода Маҳмадтоир то ҳол фаъолият дорад.
“Маҳмадулло Зоиров дар чор соли охир як Ниваи 4×4 рангаш сафед, ва як мошини Хундай-туқсанро, ки аз они Бонки миллии Рашт буд ба рӯйхати ашё ё таҷҳизоти корношоям ворид намуда (списат карда) аз они худ кард. Вай бо фурӯши вазифаҳои давлатӣ машғул аст. Амалан водии Раштро ҳамин Маҳмадулло Зоир идора мекунад. Ба хариду фурӯши замин, миёнаравӣ байни корафтодагон ва мақомот сару кор дорад. Аз тарси Зокирзода Маҳмадтоир касе ё мақомоте ҷуръат намекунад ба Маҳмадулло бигӯяд, чи кор мекунӣ?!”
Соли 2020 дар ҳамин филиали Бонки Миллӣ дар Рашт як имтиҳон (аттестатсия) барои кормандони бонк ба роҳ монда шуд. Аммо дар асл ин як «бозӣ» буд. Кормандони қаблии бонк гӯё аз аттестатсия нагузаштанд. Онҳоро аз кор пеш намуда озмуни ҷойҳои холии корӣ эълон намуданд. Дар ин озмун ҳамсари дуввуми Бобоҷонов Ҷамшед Орифович яъне хусури Раҳими Ғармӣ, Шарифов Ҳайбулло бародари Шарифов Ҳамдулло, муовини раиси ноҳияи Рашт,Ҷумъаев Оятулло, ҷияни раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода бо додани 5000$ гӯё ба “роҳбарияти боло” ба кор даромаданд. Гуфтанд ба маврид аст, ки соли гузашта Шарифов Ҳайбулло аз имтиҳони бонк нагузашта аз вазифа барканор шуда буд. Аммо дере нагузашта бо додани пора ба Маҳмадулло вазифаашро дубора барқарор мекунад.
Маҳмадулло занаш Маҳмадиева Фарзонаро дар «Коммерсбонк»-и Навобод ба ҳайси фарош «оформит» карда ҳар моҳ 500 сомонии давлатро мегирад. Занаш ҳатто як маротиба ҳам барои иҷрои вазифааш наомадааст, фаршро бошад як духтари камбағал дар ду –се рӯз бар ивази 10 сомонӣ аз ҷайби кормандони бонк мешӯяд.
Маҳмадтоир Зокирзода бо Қаноатшо Лоиқзода барои курсии раёсати Маҷлиси Намояндагонро ба даст овардан рақобат дошт.
Барои ҳамин ба прокурори собиқи н.Рашт фармон медиҳад, ки аспхонаи Лоиқзода дар дашти Раштро вайрон кунад. Талбаков Шоҳин прокурор буд. Вай барои тахриби аспхона меравад. Аммо писари бародари Лоиқзода бо номи Сайдэҳсон ба онҳо монеа эҷод мекунад ва мепурсад, ки чаро чунин мекунед? Шоҳин мегӯяд, ки фармони Зокирзода аст. Ин гап ба Зокирзода мерасад. Зокирзода ба Шоҳин мегуяд,ки ту мана фурухтӣ ва коре мекунад,ки ӯ аз мақоми прокурори ноҳия барканор мешавад. Оқибат Зокирзода Маҳмадтоир Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини Раштро, ки як дузду порахору ҷинояткори дигар буд, сиёҳу бадном ва аз саҳна берун кард. Дар нашри «досияи сиёҳ»-и Лоиқзода Қаноатшо дар «Ислоҳ» ва расонаӣ шудани он саҳми Маҳмадтоир Зокирзода хеле калон аст. «Дастхат»-ҳои фиристодаи Зокирзода ҳоло ҳам дар дасти мо маҳфуз аст. Зокирзода, чуноне гуфтем Қаноатшо Лоиқзодаро барои он «зад»,ки имкон дошт вай раиси Маҷлиси намояндагон шавад. Чунки ин мақом маъмулан ба намояндаи водии Рашт дода мешавад.
“Баъд аз барканории Лоиқзода водии Раштро пурра аз худ намуда ҳоло тохту тоз дорад. Ҳар нафареро бихоҳад дар вазифа мемонад ва ҳар нафаре ба ӯ писанд набошад аз вазифа барканор мекунад. Масалан сардори Раёсати минтақаии милиса Сафиалло Азиззода (Девонаев)бародари Шералӣ Хайруллоев, вазири пешини дифоъи Тоҷикистонро маҳз ҳамин Маҳмадтоир Зокирзода сиёҳ карда ва аз мақомаш тавонист, ки барканор намояд. Ҳамчунин сардори БДА-и ноҳия Бегиҷон барои манъ намудани мошини ҷиянҳои Маҳмадтоир Зокирзода бо вазифа падруд гуфт. Бегиҷон аз ин ҷиянҳо ҳуҷҷат мепурсад. Онҳо мегӯянд, ки ҷиянҳои Зокирзодаанд. Бегиҷон онҳоро гӯш надода барои нақзи қоидаи ҳаракати роҳ протокол тартиб медиҳад. Танҳо барои ҳамин Бегиҷон аз вазифаш барканор мешавад. ”
Раиси КДАМ-и Рашт Сафоев Маҳмадсафоро барои бозпурсии Муқими Раҳимҷони Набизода, раиси н.Рашт «дар боло» сиёҳ мекунад, ки намояндаи Ҷаноби олиро таҳқир ва истинтоқ кардааст. Ва, ӯро бо тӯҳмат ба «нафақа» равон кард.
“Зокирзода Маҳмадтоир як бародар дорад бо исми Нуралӣ, маъруф ба Нуралии Зоир духтури кӯдакона аст. Дар Москва кору зиндагӣ мекунад. Нуралӣ пеш даъвои зӯриву муштзанӣ мекард. Чанд маротиба бо Убайди “хулиган” ҳамон (Убайди авулӣ) сарбасар мешавад. Ҳар бор аз Убайд, ки муштзани беҳамто буд, шикаст мехурад. Зокирзода бошад дар солҳои 90-ум роҳи чора ҷуста бо туфангчаи тамғаи Макаров Нуралии бародарашро мусаллаҳ мекунад ва мегӯяд, ки Убайдро паронда ба қатл расонад. Нуралии Зоир ин амалро анҷом медиҳад, вале хушбахтона Убайд маҷрӯҳ мешавад вале кушта намешавад.”
Зокирзода бародари дигаре дошт бо номи Зокиров Умар Зоирович.
Соли 1996 дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ, баъд аз оне ки қисмати зиёди минтақаи Рашт ба дасти мухолифин гузашт Умар бо роҳбарии бевоситаи Зокирзода аз Маскав баргашта як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии худро иборат аз 20 нафар таъсис дод ва дар аксар ҷиноятҳои вазнини руйдода дар минтақа даст дошт. Кори ин гурӯҳ танҳо қатлу ғорати мардуми Ғарм буд. Сӯҳроб ном сардори ҳамонвақтаи ШВКД шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт дар бисёр амалҳои зидиқонунии онҳо монеа эҷод менамуд.
“Зокирзода Маҳмадтоир ба бародараш амр мекунад, ки Сӯҳроби сардори милисаро аз байн барад. “Наход зӯратон ба як милитсия нарасад, паронедаш”. Зокиров Умар дар қасди куштани Сӯҳроби милитсия мешавад, пайгирӣ намуда вайро ҳангоми адои хизмати давлатӣ дар деҳаи Ҳалқарфи ноҳияи Ғарм пайдо намуда, сари роҳи ӯ камин мегирад ва ба ҷонаш сӯиқасд анҷом медиҳад. Дар натиҷа Сӯҳроби сардори милитсияи Навобод аз дасташ захмӣ мешавад, аммо худро ба мурда меандозад. Торикии шаб сабаб мешаваду Умар фикр мекунад, ки кори Сӯҳроб тамом шуд.Ва ҳамроҳи ҳамаслаконаш ба Сӯҳроб наздик мешаванд Сӯҳроб ҳардуяшро парронда мекушад.”
Баъди ин ҳодиса Сӯҳроб ба Душанбе фирор мекунад ва дар 102-юм микрорайони Душанбе худро табобат мекунад. Зокирзода Маҳмадтоир ҳамине, ки имрӯзҳо нафари севуми кишвар аст аз макони будубоши Сӯҳроби милитсия бохабар мешавад қотил (килер) аҷир намуда барои қасоси бародари ҷиноятпешаашро гирифтан Сӯҳроб беҳтарин милитсияи минтақа ва хизматгори халқро ниҳоятан ба қатл мерасонад.
Дар солҳои аввали Оштии миллӣ Маҳматоир Зокирзода ба ҳукумат сахт нафрат дошт. Аммо тавонист,ки дар ҳукумат корро идома диҳад ва оҳиста-оҳиста аз ниҳодҳои пойин то боло ҳаракат кард. Вай дар ин роҳ хеле корҳои бад ва афроди бегуноҳро ба хотири мансаби худ қурбонӣ кардааст.
Зокирзода Маҳмадтоир Зоир вақте, ки ҷанги шаҳрвандӣ авҷ мегирад гурехта ба Қазоқистон меравад, дар Қазоқистон шаҳрвандии ин давлатро қабул мекунад. Баъдан меравад ба Русия ва шаҳрвандии Русияро низ қабул мекунад. Бояд миллати тоҷик донад,ки раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дорои се шаҳрвандӣ ва фурӯхташудаи Русия ва Қазоқистон мебошад! Зокирзода ба ҳукумат пайваст ва аз зинҳои поён оҳиста- оҳиста ба боло рафтан гирифт. Вале онқадар нуфузе надошт. Вақте ки ба раёсати Кумитаи замини ҷумҳурӣ роҳ ёфт аз ҳисоби фурӯши заминҳои давлатӣ миллионер шуда ба мақомдорони давлатӣ, ва мансабдорони сатҳи боло доля дода худро дар дили роҳбарияти аввал ҷойгир намуд. Зокирзода барои карйери худ нафарони ғармие, обрӯву мақоми давлатӣ доштанд, ба мисли Сайдулло Хайруллоев, Қаноатшо Лоиқзода, Хайриддин Сафаров, генерал-майор Маҳмадзоир Марупов, Мирзохӯҷа Низомов ва даҳҳо нафари дигарро бо додани пора ва сиёҳ кардани онҳо дар чашми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамашро аз вазифаҳо пеш карда обрӯи онҳоро дар ҷомеа коста намуд.
Аммо дар иваз ҳамаи хешу табори худро ба ҳукумат овард. Ва,то ҳамин ҳоло онҳоро пуштибонӣ мекунад. Барои мисол Фирӯзи ҷиянаш, дар бахши кофтукоби ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии Рашт, дар шаҳракаи Навобод кор мекард. Ӯ то он дараҷа аз худ рафта буд, ки дар малаи ом сарбози Гвардияи миллиро лату кӯб ва сару рӯяшро ғарқоби хун намуд. Аммо Зокирзода пушти ӯро гирифт ва чизеаш нашуд. Фирӯз ҳангоми фаъолият дар милитсияи Навобод ба фасод даст зада аз тарафи кормандони Оҷонси зидди фасод боздошт ва аз вазифа барканор шуд. Аммо баъдан бо дастгирии Зокирзода боз дар Душанбе ба вазифаи болотаре ӯро гузарониданд.
Ду ҳолати нав аз ҷинояткориҳои Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистн дар ноҳияи Рашт.
1)Дар деҳаи Шулеи ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода соҳибкори муқими Русия Шамсиддин Амриддинович мактаби нави замонавӣ месозад. Зокирзода Маҳмадтоир ва раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода аз фурсати муносиб истифода намуда 500’000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ аз буҷаи давлатро барои сохтмони ин мактаб «ҷудо» ва «списат» мекунанд. Гӯё 30%-и маблағи масрафшуда дар мактаб аз ҳисоби давлат ҷудо шудааст. Аммо ин пулро ба ҷайби худ мезананд. Ин чизро ҳамаи ноҳияи Рашт медонад, ки мактаби Шулеро Шамсиддин бо маблағи худ ва бародаронаш соз кардааст!
2) Дар соли 2020 айни авҷи Ковид-19 аз Душанбе аз ҳисоби ёриҳои башардӯстонаи хориҷӣ ба Ғарм 2 фура орд мефиристанд. Раиси ноҳияи Рашт як фураашро,ки ба қавли шоҳидон 500 халта орд дошт, гирифта тавассути яке аз дӯконҳои ордфурӯшии шаҳраки Навобод, ки дукондор хеши раиси ноҳия аст, фурӯхта пулашро бо Маҳмадтоир Зокирзода ду тақсим намуда ба нафъи худ истифода мебаранд.
Тибқи иттилои расида ҳамасола 100.000 сомонӣ барои ширкати талабаҳо дар олимпиадаҳо ҷудо мешудааст. Сардори Раёсати молия ва раиси ҳукумат Муқими Раҳимҷон Набизода аз ин маблағ ба ягон талаба як сомонӣ надода худашон обу лояш мекардаанд…
“Вақте Зокирзода раиси Кумитаи замини ҷумҳурӣ ва баъдан муовини сарвазир буд писари бародараш Мардон Роибовичро ба ҳайси ронандаи шахсӣ ба кор гирифта буд. Кори Мардон танҳо аз номи Маҳмадтоир Зокирзода дар саросари ҷумҳурӣ заминфуруши буд. То замоне,ки ба даст наафтод, ин корро идома медод. Маҳмадтоир Зокирзода вайро халос карда “ту аз ӯҳдаи кор моҳирона баромада натонистӣ, агар принсип карда зиндониат мекарданд,обрӯи манро ҳеҷ ва карйераи маро мешикастӣ” гуфта аз кор пешаш намуда ба Москва мегурезонад, ки то фаромӯш шудани ин ҳолат дар чашми мардум нанамояд!”
Абдухолиқ 20 сол раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт буд. Аммо вай тамоман кор намекард. Ҳамаи кору бори хоҷагии ҷангалро Абдулазиз ном шахс, ки феълан раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳия мебошад, пеш мебурд. Аммо Абдухолиқ ҳезуму дигар чизҳои ҷангал ва бахусус чарогоҳҳоро мефурӯхт. Абдухолиқ дар 20 соли кор тамоми ҷангалу табиат ва заминҳои лесхозро фурӯхта ба як харобазор табдил дода аст. Чуноне медонем Зокирзода паспорти шаҳрвандии Қазоқистон ва Русияро низ дорад. Зокирзода бо Ҳамидова Нигина Мансуровна робитаи зичи маҳрамона дошта бар ивази робитаҳои танготанг 7 гектор замини боғзорро ба падари Нигина ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда додааст.
“Чанд соли пеш Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон буду бародараш Абдухолиқ, сардори Идораи ҷангали ноҳия. Ин ду нафар бо суистифода аз мақому мансаби давлатӣ заминҳои хоҷагии ҷангал дар дараи маъруф ба Сиёҳдараи н. Раштро аз мардумони камбағал ба зӯрӣ кашида гирифта ба номи бародараш ҳуҷҷатгузорӣ намуд. Танҳо як нафар,ки инсони шариф ва обрӯманд аст тавонист, ки бо ёрдами Қаноатшо Лоиқзода дар он солҳои муовини раиси ноҳияи Рашт будани Лоиқзода заминҳои худ ва бародаронашро аз ғасби ин НАҲАНГИ МИНТАҚАИ РАШТ яъне Зокирзода Маҳмадтоир ҳифз намояд!”
Зокирзода Маҳмадтоир ба дини мубини Ислом нафрати шадиде дорад. Вақте ба шаҳраки Навободи Ғарм меҳмон мешавад дар наздики хонаи бародараш як масҷиди ҷомеъ воқеъ аст. Аз ин масҷид 5 вақт азон бо баландгӯ садо медод ва мардум адои намоз мекарданд. Аммо аз садои баланди азон Зокирзода ба хашм меояд ва наъузубиллоҳ мегӯяд,ки «ин хар чи ҳангаст дорад» ва супориш медиҳад, ки «рафта манъаш кунед,баландгӯякҳоро бигиред, дигар овозашон паст барояд»!
Бо ҳамин дигар исми Аллоҳро бо баландгуяк намегиранд!
Дар мавриди Зокирзода Маҳмадтоир боз ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ ҳамсоли ман аст. Вақте дар мактаб таҳсил мекардем вай чунон бесавод буд, ки ҳарфҳои сириликро намешинохт. Ҳарфи о-ро салача, н-ро шатапояча, ҳарфи с-ро камонғулаки бе банд ном мебурд.
Ҷаноби Муҳаммадиқбол! Боз гумон накунед, ки шухӣ ё туҳмат ба Зокирзода мезанам.Ин гуфтаҳо ҳақиқати талхе аз саргузашти Зокирзода Маҳмадтоир мебошанд.
Шарҳи ҳоли Зокирзода Маҳмадтоир раиси МН МО ҶТ
Зокирзода Маҳмадтоир Зоир – Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. 17 Март 2020, Зокирзода Маҳмадтоир Зоир – дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Зокирзода Маҳмадтоир 5 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро аз рӯи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис – заминсози Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои муҳандиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шӯъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем», сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатӣ ва хӯроквории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи хоҷагии қишлоқ, шӯъбаи комплекси агросаноатии Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот», Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст. Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст. Аз соли 2016 то соли 2020 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст. Оиладор.
Поёни бахши дуввум, идома дорад…..