Миёнҷигарии Рекс Тилерсон миёни чор+ як
Ҳангомеки чунин хабарҳои шумро мешунавам хело ҳолам бад мешавад. Наход миёни панҷ бародари мусалмон,ки чор нафараш як тараф як тарафашонро дар муҳосираи иқтисоди қарор диҳанд.Боз шартҳое гузоранд,ки қабул нашудани бошанд.Аз таҳрими Қатар тақрибан беш аз якуним моҳ мегузарад вале ҳеҷ беҳбудие нест.Миёнҷигарии давлатҳои мусалмону арабро намепазиранд.Аммо миёнҷигарии амрикоро ҳамаашон бе чуну чаро ва даранг пазируфтанду бо ӯ мулоқот анҷом доданд.
Хело аҷибаш инҷост,ки вазири хориҷаи амрико бо қатар аҳднома бар алайҳи ирҳоб (тероризм)ро имзо намуд.Дар ҳоле бародарони худаш арабҳо Қатарро ба ҷонибдории тероризм мутаҳам мекунанд.Дар ҳоле Қатар онҳоро ба ҷурмҳои бештар аз иттиҳоми онҳо мутаҳам мекунад.
Аз шаклаш Қатар паст омадани нест ва ягон шарти таҳримкунандагонро пазируфтаниҳам нест ва худро гунаҳгорҳам намедонад.
Дар ин беш аз якуним моҳе Қатар дар таҳрим аст шабакаи Алҷазира хело сирҳои аҷибу ғариберо аз ин таҳримкунандагон нашр кардааст.Ба гуфти мо тоҷикон хело обурӯ резиҳое намудааст,шахсиятҳои аксарашонро барои бинандагон кашф намудааст.
Аҷибаш инҷост,ки Амрико аз яктараф барои пулҳои ваъда намудаи Саъуди бо муҳосира кунандагон мебошад. Аммо Қатарро ҳеҷ иҷбореҳам накардааст,ки ба шартҳои чор давлат амал кун.Ҳама бар мегардад сари маблағ,аз ин хотир ман баъид медонам Амрико тавонад ин масаларо миёнашон ҳал кунад.Боз вазири хориҷааш Rex Tillerson Рекс Тилерсон собиқаи сиёсии хубе надорад. Рекс Тилерсон аз тарафи конгрес ба ин мақом бо гирифтани раъйи 56 ҷонибдор ва 45 мухолиф ба даст овард. Ӯ 69 вазири хориҷаи Амрико интихоб гардидааст.Аз тарафи мухолифон дар конгрес ба мухолифатҳоеҳам рӯбарӯ будааст,ки ҳеҷ гузаштаи сиёсӣ надоштааст ва дар соҳаи энергетика ва инчунин раиси калонтарин ширкати Эксон мобил ифои вазифа намудааст.Муҳаллилон баъзеашон ба ин назаранд,ки ӯ як тоҷири муваффақ ва ҳам пешаи Трамп аст ҳама умури оламро мисли тиҷорат ва хариду фурӯш мефаҳмад.
Пас аз инки Рекс Тилерсон мансаби вазири хориҷаи Амрикоро ба даст овард аз минбари конгрес як сухани хело аҷибе гуфтааст: Ғарб ҳақ дорад,ки аз русия ҳарос ё аз сиёсатҳояш ташфиш бошанд.Вале бо таъкид рад намуд,ки Владимир Путин ҷинояткори ҷангӣ нест.Ин далолат бар он мекунад,ки қатли инқадар ҷиноятҳои Путинро дар қиболи ҷаҳони ислом қабул надорад.Оё аз чунин шахсе чӣ таваққуъ метавон дошт?
Ҳамеша мо дар миёнҷигариҳо шоҳиди онем,ки агар миёнҷигар холис набошад он сулҳ ба вуқуъ намепайвандад. Боз медонем агар қозӣ, миёнҷигар,довар агар аз яке аз тарафҳо манфиъат дошта бошад ҳатман ба суди он тараф масаларо ҳал мекунад. Аммо аҷибаш инҷост,ки ин миёнҷигар аз ҳардутараф пул гирифтааст ва манфиъатдорад ва бояд ба нафъи ҳардутараф ҳал кунад.? Акнун худатон қазоват кунед чӣ гӯна ин масала бояд ҳалли худро ёбад?.
То агар уммати исломӣ миён худ иттиҳод надошта бошанд бо миёнҷигариҳои ин давлатҳо аслан бовар кардан иштибоҳи бузург аст.Чунонеки моҳам шоҳиди чунин миёнҷигариҳо будем натиҷаашро ҳоло дида истодаем.