МУҲИМТАРИН ҲОДИСАҲОИ ҚАБЛ АЗ МАВЛУДИ ПАЁМБАРИ АКРАМ (с )

Ислоҳ нет

МУҲИМТАРИН ҲОДИСАҲОИ ҚАБЛ
АЗ МАВЛУДИ ПАЁМБАРИ АКРАМ (с )

Хости Худо чунин буд, то бар башарият раҳм фармуда, онро мукаррам намояд ва замони комёбӣ ва биъсати он расули гиромӣ ( ) бирасад. Пеш аз он ки дар баёни мавлуди он Набии карим ( с) ва чигунагии нашъу намо ва ҳифозати ӯ аз ҷониби Худованд қабл аз нузули ваҳй ва сирати муаттараш суханро шурӯъ намоям, мехостам то чанд нишонаҳои бузург ва ҳодисаҳои равшанеро, ки қабл аз мавлуди ӯ (с ) ба вуқӯъ омадааст, баррасӣ намоям. Пеш аз мавлуди паёмбари Худо (с ) нишонаҳое ошкор гашт, ки наздикшавии субҳи пурнуреро башорат медод. Аз суннати Худованд аст, ки фарохдастӣ пас аз сахтӣ, рушноӣ пас аз торикӣ ва осудагӣ пас аз тангӣ мебошад.

Муҳимтарини ин нишонаҳо.
Қиссаи кандани чоҳи Замзам тавассути Абдулмутталиб.
Шайх Иброҳим Алӣ дар китоби «Саҳиҳу-с-сирати-н-набавия» ривояти саҳеҳеро аз қиссаи кандани чоҳи Замзам аз ҷониби Абдулмутталиб аз ҳадиси Алӣ ибни Абӯтолиб(разияллоҳу анҳу)зикр намуда мефармояд: Алӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: «Абдулмутталиб гуфт: «Ман дар Ҳиҷр (ҷоест дар шимоли хонаи Каъба, андаруни деворе, ки онро Ҳатим хонанд ва ғолибан онро Ҳиҷри Исмоил гӯянд) хоб будам, ки шахсе назди ман омад ва бароям гуфт: Тайибаро бикан. Гуфтам тайиба чист? Сипас он мард аз пешам дур шуд.
Абдулмутталиб мегӯяд: Фардои он рӯз ба ҳамон ҷо рафта хоб намудам. Боз ҳамон шахс ба хобам даромада гуфт: «Баррае (некӣ ва покӣ) бикан». Гуфтам: «Он чист?». Ӯ чизе нагуфт ва аз пешам дур шуд. Ва чун фардо шуд, боз ба ҳамон ҷои хобам баргаштам, боз ҳам ба хобам даромад ва гуфт: «Мазнунае (чизи боломартабае) бикан». Гуфтам: «Он чист?» (Абдулмутталиб) Гуфт: аз пешам дур шуд. Чун фардо шуд, боз ҳамон ҳолро такрор кардам, ба хобам даромада гуфт: «Замзамро бикан». Гуфтам: «Замзам чист?» Гуфт: «Ҳеҷ гоҳ обаш холӣ нагардад ва фурӯ наравад. Он об ҳоҷиёни бузургро сероб мекунад ва ҷояш миёни маҳалли аспҳо ва маҳалли забҳи ҳайвонот аст ва дар ҷое воқеъ шуда аст, ки зоғ минқорашро мезанад ва ҷои ҷамъшавии мӯрчагон аст.»
Ибни Исҳоқ мегӯяд: Вақте аҳаммияти он хоб барояш ошкор гашт ва ҷои дар хоб дидаашро пайдо намуд, донист, ки ин хоб рост ва дорои ҳақиқат аст. Фардои он рӯз ҳамроҳи писараш Ҳорис ибни Абдулмутталиб, ки дар он замон ғайр аз ӯ фарзанди дигаре надошт, ба кандани чоҳ шурӯъ намуд. Вақте нишонаи чоҳ намоён гашт, Абдулмутталиб наъраи такбир зад. Қурайшиҳо дарк намуданд, ки Абдулмутталиб ба мақсади худ расид. Ба пеши ӯ омада гуфтанд: Эй Абдулмутталиб! Ин ҳамон чоҳи падарамон Исмоил аст ва моро ҳам дар он ҳақ аст. Моро ҳам бо худ шарик бисоз. Гуфт: Ман ин корро намекунам, зеро ин чоҳ барои ман хос гашта ва бароям дода шудааст. Гуфтанд: Пас ба фикри мо ҳам бош, зеро то ҳақиқати ҳол бароямон маълум нагардад, мо туро ором намегузорем. Абдулмутталиб гуфт: Пас доваре биёред то байни ману шумо доварӣ кунад. Гуфтанд: Зани коҳинаи (раммол, фолгир) Бани Саъд ибни Ҳузаймаро, ки дар наздикии Шом аст, қабул дорӣ? Гуфт: Бале.
Абдулмутталиб бо чанд нафаре аз бани Абдуманоф ва аз ҳар қабилаи Қурайш як нафарӣ савор шуда, дар саҳрои сӯзони беоб ба роҳ афтоданд. Дар роҳ ҳамаи он обе, ки Абдулмутталиб ва ёронаш бо худ бурда буданд тамом шуд ва аз ҷое ҳам интизори обро надоштанд ва онҳое, ки наздашон каме об боқӣ монда буд, аз сабаби дурии роҳи сафар дар ин биёбони сӯхтаи бе обу гиёҳ, ба касе як қатра об ҳам намебахшиданд. Гӯё ҳамагӣ интизории маргро доштанд. Абдулмутталиб гуфт: Ҳар ки бо он тавоноие, ки дар баданаш боқӣ монда аст, барои худ ҳафр ва чуқӯрие биканад ва ҳар гоҳ фавт намуд, рафиқи ҳамсафараш ӯро дар ҳафри кандааш гузошта болояшро бо хок бипӯшонад, то он вақте, ки яке аз мо болои хок боқӣ бимонад, зеро болои хок ва беруни ҳафр мондани як мард, беҳтар аз берун мондани як ҷамоат аст. Гуфтанд: Чӣ хуш сухане гуфтӣ. Сипас ҳар кадомашон барои худ ҳафр ва чуқӯрие канд ва аз ташнагӣ мунтазири марг истод. Пас аз чанд лаҳзае Абдулмутталиб гуфт: Қасам ба Худо, агар мо худро ҳамин тавр ба марг андохта ҷӯёи об нашавем ин аз сустӣ ва беғайратии мост. Шояд Худованд дар ин ҷо ҳам обро насиби мо гардонад. Бояд аз ин ҷо кӯч бандем. Ва эшон аз он ҷо барои кӯч бастан омода шуданд. Абдулмутталиб, чун шутурашро аз ҷояш хезонд, аз зери пои шутур чашмаи оби ширине ҷорӣ гашт. Абдулмутталиб аз фараҳу хурсандӣ такбир гуфт ва ҳамроҳонаш низ садо баланд намуда такбир гуфтанд. Абдулмутталиб ва ёронаш ҳама аз он об нӯшида ва зарфҳои худро низ пури об намуданд. Абдулмутталиб ба қурайшиҳои дигар, ки ин ҳолатро мушоҳида менамуданд гуфт: Биёед ва ба об наздик шавед! Худованд моро сероб гардонид. Эшон низ аз он об нӯшида обдонҳои худро пур карда гуфтанд: Дар ҳақиқат, Худованд ҳукмашро ба нафъи ту эълон кард ва савганд ба Худо, ки дар мавриди оби Замзам мо дигар бо ту мухосимат (душманӣ ва ҷанҷол) нахоҳем кард. Он ки туро дар ин саҳрои сӯзон об додааст, ҳамон кас Замзамро насиби ту гардонидааст. Эй Абдулмутталиб, ту пирӯзманд ва муваффақ ба сӯи Замзам баргард! Абдулмутталиб баргашт ва ҳамроҳонаш аз қабоили Қурайш ҳам, дигар ба назди коҳин нарафта, аз роҳи худ баргаштанд ва ҳамон гуна, ки ваъда карда буданд Замзамро барои Абдулмутталиб раҳо карданд.
Ибни Исҳоқ фармуданд: Ҳамин гуна, ки дар бораи Замзам зикр шуд, аз Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу) ба ман расида аст. (1)
Дар фазилати оби Замзам аҳодиси зиёде ворид шудааст. Аз ҷумла Имом Муслим, дар қиссаи ислом овардани Абӯзар(разияллоҳу анҳу)ривоят намуда аст, ки паёмбари Худо ( ) фармуд:
«Замзам хӯроке аст, ки сер мекунад». (2)
Ибни Аббос аз паёмбари Худо (с ) ривоят намудааст, ки: «Оби Замзам барои ҳар ҳадафе нӯшида шавад, бароварда мешавад. Агар онро бинӯшӣ, ки туро шифо диҳад, Худо туро шифо медиҳад ва агар бинӯшӣ, ки туро сер кунад, Худованд туро сер менамояд ва агар онро барои рафъи ташнагӣ бинӯшӣ, ташнагиат рафъ мешавад ва Замзам зарбаи Ҷабраил ва нӯшидании Исмоил аст, ки Худованд ба ӯ дода аст». (3)

Қиссаи «Асҳоби фил».
Қиссаи «Асҳоби фил» ба насси Қуръонӣ ва суннати набавӣ собит шудааст ва зикри он дар китобҳои таърих ва сират ва инчунин дар китобҳои тафсир омадааст. Чуноне ки Худованд дар сураи Фил мефармояд:
«Оё надидаӣ, ки Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? Оё макрашонро ботил насохт? Ва бар сари онҳо паррандагоне села-села фиристод. То онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд. Ва ононро чун коҳи пасмондаи дар охур сохт». (Сураи Фил, оёти 1-5)

Ишораи паёмбари Худо (с ) бар ҳодисаи «Асҳоби фил».
Дар замони сулҳи Ҳудайбия, вақте паёмбари Худо (с ) ба қасди Макка хориҷ шуд, ба дарае, ки аз он бар Қурайш фурӯд меомад, расид. Дар ин ҳангом шутури он Расули гиромӣ ба замин хобид ва мардум гуфтанд: «Ҳал-ҳал».(4) Аммо шутур ҳаракат намекард. Мардум гуфтанд: Қасво (номи шутури паёмбари Худо (с ) аз рафтан фурӯ монда аст. паёмбари Худо ( ) гуфт:
«Қасво аз рафтан фурӯ намонда аст ва чунин одате ҳам надорад, балки ҳамон кас, ки фили Абраҳаро аз рафтан боз дошт, ин шутурро низ боз дошта аст». (5)
Дар «Сирати набавӣ»-и Ибни Ҳотам чунин омадааст: «Қиссаи фил чунин буд, ки подшоҳи Ҳабаша бар Яман ғолиб омад ва ӯро Абраҳа ном буд. Ӯ калисое дар Санъо сохт ва онро Қалис ном ниҳод ва бо сохтани ин маъбад қасд дошт то ҳаҷгузорони арабро ба сӯи он маъбад мутаваҷҷеҳ кунад ва савганд ёд кард, ки ҳатман ба Каъба биравад ва онро хароб намуда аз байн бибарад. Подшоҳе аз подшоҳони Ҳимяр бо номи Зунафар бо чанде аз қавмаш, ки ӯро пайравӣ менамуданд бар зидди Абраҳа қиём намуданд ва шикаст хӯрданд. Вақте Зунафар дастгир гардид ва ба назди Абраҳа оварда шуд, гуфт: Эй подшоҳ, маро накуш, зеро будани ман барои шумо беҳтар аз куштанам аст. Абраҳа ба ӯ бовар намуда ӯро раҳо кард. Абраҳа баъдан равонаи Каъба шуд ва чун ба ободиҳои Хасъам наздик шуд, Нуфайл ибни Ҳабиби Хасъамӣ бо нафарони зиёде аз қабилаҳои Яман, ки дар атрофи ӯ ҷамъ омада буданд, бо лашкари Абраҳа даргир шуда шикаст хӯрданд ва Нуфайл ба дасти Абраҳа асир афтод. Нуфайл гуфт: Эй подшоҳ, ман сарзамини арабро хуб медонам, маро накушед. Абраҳа ӯро низ раҳо кард. Ӯ лашкари Абраҳаро роҳнамоӣ менамуд. Вақте ба Тоиф наздик шуданд, Масъуд ибни Муъаттиб бо Сақифиҳо ба назди ӯ баромад ва гуфт: Эй подшоҳ, мо ғуломони ту ҳастем ва мо бо ту ҳеҷ хилофе надорем, зеро мақсуди ту Лот набуда, балки ту қасди Макка дорӣ, бо ту мардонеро хоҳем равон кард, то туро роҳнамоӣ намоянд. Онҳо ғуломеро бо номи Абӯриғол ҳамроҳи Абраҳа фиристоданд. Вақте ба Муғаммас (6) расиданд, Абӯриғол он ҷо фавтид. Абӯриғол ҳамон шахсе аст, ки қабраш сангборон шуд. Абраҳа аз Муғаммас мардеро бо номи Асвад ибни Мақсуд пешоҳанги савораҳояш ба Макка равон кард ва аҳли Ҳарам ҳама гирди ӯ ҷамъ омаданд. Дар минтақае бо номи Арк сипоҳиёни Абраҳа дусад шутури Абдулмутталибро рабуда ғанимат гирифтанд. Абраҳа Ҳунотаи Ҳимяриро ба Макка равон карда барояш гуфт: Бузурги ин қавмро пайдо карда барояш бигӯ, ки ман ба ин ҷо барои ҷанг бо онҳо наомадаам. Ман омадаам то ин хонаро вайрон кунам.
Ҳунота ба Макка расид ва бо Абдулмутталиб ибни Ҳошим мулоқот намуда гуфт: Абраҳа маро фиристод, то ба шумо бирасонам, ки ӯ барои ҷанг бо шумо наомадаст, магар ки худи шумо ба ҷанг шурӯъ кунед. Балки ӯ мехоҳад ин хонаро вайрон кунад ва аз ин ҷо баргашта биравад. Абдулмутталиб гуфт: Агар Худо бо ӯ коре надошта бошад, мо бо ӯ ҷанг кардан намехоҳем, ҳарчӣ мехоҳад бикунад. Қасам ба Худо, мо қуввати бо ӯ ва лашкараш ҷангидан надорем. Ҳунота аз Абдулмутталиб хост, то ҳамроҳи ӯ ба назди подшоҳ биравад. Вақте ба лашкаргоҳи Абраҳа наздик шуданд, Абдулмутталиб Зунафарро, ки дӯсташ буд, дид. Ба назди ӯ рафт ва гуфт: Эй Зунафар! Оё шумо дар он чизе, ки ба сари мо омадааст, кӯмак карда метавонед? Зунафар гуфт: Як марди асири мунтазир, ки саҳар ё бегоҳ кушта мешавад чӣ кӯмаке карда метавонад? Лекин ҳар чӣ ҳам бошад ман туро ба назди Анис, саис ва филбони Абраҳа мефиристам ва барояш дастур медиҳам, то ҳар хайр ва некиеро, ки битавонад дар назди подшоҳ бароят анҷом диҳад ва қадру манзалати туро боло барад. Ба назди Анис кас фиристода ӯро ҳозир кард ва ба ӯ гуфт: Ин мард сайид ва пешвои Қурайш ва соҳиби корвонҳои Макка аст, ки мардумонро дар биёбон ва ҳайвонҳоро дар кӯҳҳо хӯрок медиҳад ва дусад шутури ӯро лашкариёни подшоҳ рабудаанд. Агар битавонӣ ӯро дар ин бора кӯмаке бикун, чунки ӯ дӯсти ман аст. Анис ба назди Абраҳа рафт ва гуфт: Эй подшоҳ! Ин мард сайиди Қурайш ва соҳиби корвонҳои Макка аст ва ин шахсест, ки мардумонро дар биёбон ва ҳайвонҳоро дар кӯҳҳо таом медиҳад. Агар шумо иҷозат бидиҳед, хоҳиши ба наздатон даромаданро дорад. Бо шумо ҳеҷ мухолифате надорад. Абраҳа иҷозат дод, ки Абдулмутталиб ба наздаш дарояд. Абдулмутталиб, ки марди бузург ва хушсимо буд, вақте Абраҳа ӯро дид, ба ӯ эҳтиром гузошта, аз тахт поён омада бо ӯ нишаст. Абдулмутталиб ба Абраҳа гуфт: Эй подшоҳ, ту аз ман моли бисёр бузургеро гирифтаӣ ва мехоҳам, ки моламро ба ман баргардонӣ. Абраҳа гуфт: Вақте туро дидам писандидам ва пеши ту хоксорӣ намудам, аммо ин муомалаи ту фикрамро дар мавриди ту дигар кард. Абдулмутталиб гуфт: Чаро? Абраҳа гуфт: Ман омадаам, то ин хонаро, ки дини ту ва дини аҷдодони ту ва номуси шумо мебошад, хароб созам ва ту дар бораи он чизе нагуфта аз дусад шутури худ мепурсӣ. Абдулмутталиб гуфт: Ман молики ин шутурон ҳастам ва ин хона ба худ молик ва соҳибе дорад, ки намегузорад касе онро вайрону хароб кунад. Абраҳа гуфт: Ҳеҷ касе нест, ки маро аз вайрон ва хароб кардани ин хона (Каъба) манъ созад. Абдулмутталиб гуфт: Ту медонию соҳиби хона! Абраҳа амр кард то шутурони Абдулмутталибро баргардонанд. Абдулмутталиб аз он ҷо берун омад ва аз мақсади Абраҳа қурайшиҳоро огоҳ сохта, фармуд то гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба дара ва водиҳо паноҳ баранд.
Абраҳа худи ҳамон шаб дар Муғаммас лашкари худро омода сохта, субҳгоҳ болои фили худ лавозимоти ҷангиро бардошта, қасди ҳамла ба Маккаро намуд. Аммо вақте мехост филро ҳаракат диҳад, фил ба пеш ҳаракат накарда ба замин хобид. Ҳарчанд ӯро бо қамчин мезаданд ва ба зери дандонҳо ва дастонаш халачӯб мехалониданд ва бо тезинахо пусташро захмин мекарданд то бархезад, аммо қасди аз ҷой хестанро ҳам надошт. Вақте филро рӯ ба Яман мегардонданд, бо шитоб ба ҳаракат медаромад ва вақте рӯ ба Макка мекарданд, бозмеистод. Оқибат фил бо ҳамин ҳоли парешон ба кӯҳе аз кӯҳҳои Макка гурехт. Дар он асно Худованд паррандаҳоеро аз тарафи баҳр фиристод. Ҳар паррандае се дона санги ба монанди нахуд дошт, ки ду санг дар пойҳо ва як санги дигаре дар минқор гирифта буд. Чун ба болои лашкари Абраҳа расиданд, сангҳоро бар онҳо андохтанд. Ҳар санг, ки ба шахсе марасид, ӯро ҳалок месохт. Баъзе нафароне, ки он санг ба онҳо нарасида буд, раҳо ёфта баргаштанд. Худованд дар сураи Фил мефармояд:
«Оё надидаӣ, ки Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? Оё макрашонро ботил насохт? Ва бар сари онҳо паррандагоне села-села фиристод. То онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд. Ва ононро чун коҳи пасмондаи дар охур сохт».(Сураи Фил, оёти 1-5)
Худо бало ва дардеро ба тану ҷисми Абраҳа дод, ки дар вақти бозгашти ба Яман сарангуштҳояш як-як ҷудо шуда меафтид ва аз он ҷо хун ва чирку зардоб баромада ҷорӣ мешуд, то он ки бо ҳамин ҳол ба Яман расид ва ба монанди гунҷишки аз даҳони гурба раҳохӯрда ҳамонҷо ҷон супурд». (7)
Ибни Исҳоқ (раҳ) ҳам ин қиссаро ба монанди Ибни Ҳишом ривоят намудааст ва мегӯяд: Абдулмутталиб бо чанд нафаре аз қурайшиҳо ба ҳалқаи дари Каъба худро овезон карда, пеши Худо дуъо менамуд, то Абраҳа ва лашкарашро мағлуб намояд.
Сипас, Абдулмутталиб ҳалқаи дарро раҳо карда, бо ҳамроҳонаш ба болои кӯҳ паноҳ бурд, то аз он ҷо бубинад, ки Абраҳа чӣ хоҳад кард. Ибни Исҳоқ ҳам боқии қиссаро ба монанди Ибни Ҳишом зикр намудааст. (8)

Андарз ва ибратҳо аз ҳодисаи фил.

1. Баёни шарафи Каъба.
Каъба аввалин хонаест, ки барои ибодати Парвардигор сохта шудааст. Мушрикони араб низ, онро муқаддас шуморида таъзим менамуданд ва ҳеҷ чизеро аз он болотар намеҳисобиданд. Ва ин бузургдошти онҳо баёнгари осори боқимондаи дину оини Иброҳим (а) ва Исмоил (а) мебошад.

2. Буғзу ҳасади насоро ба Макка ва арабҳо.
Насоро нисбати бузургдошт ва эҳтироми арабҳо ба ин хона (Каъба) буғзу ҳасад доштанд. Бинобар ҳамин Абраҳа мехост, то Каъбаро вайрон намуда арабҳоро аз бузургдошти он мунсариф созад ва ба ҷои он ба бузургдошти канисаи Қулайс водор созад. Барои ба ҳадафаш расидан Абраҳа аз тариқи ташвиқ ва бимдиҳии арабҳо истифода кард, вале на танҳо бо ин кораш ба мақасд нарасид, балки нафрати арабҳоро то ҳадде бештар намуд, ки яке аз онҳо наҷосаташро бар деворҳои канисаи Қулайс молида ҳама ҷои канисаро ифлос намуд. Имом Розӣ дар тафсири ояти 2 аз сураи Фил, ки омадааст:
«Оё кайд (макру ҳилла)-и онҳоро ботил насохт?»
чунин мегӯяд: Бидон, ки кайд, иродаи пинҳонӣ ва махфиёна ба дигарон зарар расонидан аст. Агар гуфта шавад: Чаро инро кайд хонда шуд ва ҳол он ки мақсади Абраҳа, ки вайрон сохтани Каъба буд ошкор аст. Мегӯем: Бале ин дуруст аст, аммо он мақсадеро, ки Абраҳа дар дил дошт, бадтар аз оне буд, ки дар зоҳири амалаш дида мешуд. Мақсади дар замир пинҳон доштаи Абраҳа ҳасаде буд, ки мехост шараферо, ки мардуми араб ба шарофати будани хонаи Каъба дар шаҳрашон доштанд аз байн бибарад ва он шарафро барои худу шаҳраш соҳиб шавад. (9)

3. Ҷоннисорӣ баҳри муқаддасот.
Подшоҳе аз подшоҳони Ҳимяр бо лашкараш бар зидди лашкари Абраҳа бархоста муқобилият нишон дод, вале тоб наоварда шикаст хӯрд ва подшоҳ асир афтод. Сипас Нуфайл ибни Ҳабиби Хасъамӣ бо чанде аз қабилаҳои Яман дар муқобили Абраҳа ба муқовимат бархоста ҷонҳояшонро нисор карданд, вале дар баробари лашкари пурқудрати Абраҳа ба шикаст мувоҷеҳ шуданд. Дифоъ аз муқаддасот ва ҷоннисорӣ ғаризаест, ки дар фитрат ва табиати инсонӣ вуҷуд дорад.

4. Хиёнаткор ҳамеша хор аст.
Касоне ки ба ёрӣ ва кӯмаки Абраҳа бархоста ва ҷосусони ӯ гаштанд ва ӯро ба сӯи Каъба роҳнамоӣ карданд, то ки Қаъбаро вайрон кунад, дар дунё ва охират гирифтори лаънат шуданд ва ҳамеша ба лаънати Худо ва мардум гирифторанд. Қабри Абӯриғол ҳамчун рамз ва нишонаи хиёнаткорон қарор гирифт ва ҳар роҳгузаре, ки ба он ҷо мерасад, санге бар он мезанад.

5. Ҳақиқатан ҳам ҷанг байни Худо ва душманони Худо буд.
Сухани Абдулмутталиб, ки гуфт: «Мо Абраҳа ва Каъбаро мегузорем, то ҳарчӣ мехоҳад бикунад, агар Худо ба ӯ коре надошта бошад, зеро қасам ба Худо, мо қувват ва тавони бо ӯ ҷангиданро надорем,» ин худ як далели исботи вуқӯи ҷанг байни Худо ва душманони Худост. Агарчи душман соҳиби қувват ва ҳашамати бузурге ҳам бошад, ин бузургӣ ва ҳашамат дар баробари қудратҳои Илоҳӣ ночиз аст. Худо ҳар чӣ бихоҳад ҳамон хоҳад шуд. (10)
Қосимӣ мегӯяд: Қошонӣ гуфтааст, ки қиссаи Асҳоби фил машҳур буда ва вуқӯи он наздик ба аҳди паёмбари Худо (с ) мебошад ва ин яке аз оёт ва аломатҳои қудратнамоӣ ва ғазабу қаҳри Худованд, нисбати касе аст, ки ҳурумоти Худоро поймол менамояд. (11)

6. Бузургдошти Каъба ва аҳли он аз ҷониби мардум.
Бузургдошти Байтуллоҳи Ҳаром аз ҷониби арабҳо, ки кафолати нигаҳбонии онро Қурайш ба зимма дошт мушаххас буд, аммо пас аз воқеаи Асҳоби фил ва шикасту хору залил гаштани душманони хонаи Худо, эҳтироми арабҳо нисбати онҳо бештар гардид, ки ба қурайшиҳо эҳтироми хоссе гузошта мегуфтанд: Қурайшиҳо аҳлуллоҳ ҳастанд ва Худо аз ҷониби онҳо бар зидди душманонашон ҷангид. Ин худ нишонае аз ҷониби Худо ва муқаддимае барои биъсати паёмбаре буд, ки аз Макка мабъус мешуд, то Каъбаро аз бутон пок сохта, шаъну шарафи онро дубора боло созад. (12)

7. Қиссаи Асҳоби фил аз далелҳои нубувват аст.
Баъзе аз уламо гуфтаанд, ки қиссаи Асҳоби фил аз нишона ва далоили нубувват аст. Моварадӣ мефармояд: «Нишонаҳои подшоҳии Худованд равшан ва шавоҳиди нубувват он қадар ошкор аст, ки охири ҳар кор аз ибтидоаш пайдост, зеро дурӯғ бо ростӣ ва сухани худбофт бо ҳақиқат ёрои муқовиматро надорад. Вақте, ки мавлуди расули Худо (с) наздик омадан гирифт, бӯйи нишонаҳои муаттари он бештар ошкор мешуд ва аз ҳама бузургтар ва равшантараш қиссаи Асҳоби фил буд. Яке аз нишонаҳои ошкори баракати расули Худо (с ) он буд, ки дар замони вуқӯи ин ҳодиса ӯ дар шиками модараш буд. Баъд аз гузашти панҷоҳ рӯз аз ин воқеа ва пас аз марги падараш Абдуллоҳ рӯзи душанбе, дувоздаҳуми рабиъулаввал Муҳаммад ( с) таваллуд ёфт. Дар ин ҳодиса аз ду ҷиҳат нишонаҳои нубувват вуҷуд дорад:

-Агар Абраҳа ва лашкараш зафар меёфт, ба ғоратгарӣ даст зада ҳама ҷоро хароб месохт ва зану марди он ҷоро асир гирифта ғулому каниз мекард. Модари паёмбар, ки ҳомила буд, пас мебоист чун дигарон ба асорат афтода, ҳамроҳи тифлаш ғулому каниз мегашт. Худованд барои нигаҳдошти паёмбараш Асҳоби филро аз байн бурд.

-Қурайшиҳо аз назари эътиқодӣ на худопараст буданд ва на аз аҳли китоб, то Худо аз онҳо дифоъ намояд, балки баъзе бутпараст ва баъзе зиндиқ буда ба васаният майлу ҳавас доштанд. Аммо хост ва иродаи Худо чунин буд, то ба василаи воқеаи Асҳоби фил қадру манзалати арабу Маккаро баланд намояд ва дини ислому паёмбарашро он ҷо зоҳир намуда, қадри Каъбаро боло бардорад. Вақте арабҳо аз ин ҳодисаи бузург огоҳ шуданд, эҳтироми бештаре ба қурайшиҳо гузоштанд ва пешвогию раҳбарии онҳоро пазируфта гуфтанд: «Қурайшиҳо аз аҳли Худоянд ва Худо аз ҷониби онҳо ҷангид, макри маккоронро аз онон дур кард ва манзалаташонро болотар сохт». Ба ҳамин тариқ шарафи пардадории Ҳарам ва таому шароби зоирони хонаи Худоро соҳиб гаштанд. (13)
Аз гуфтаи дигар уламо ва донишмандон дар мавриди ҳодисаи шикастхӯрӣ ва нестшавии Асҳоби фил дар соли мавлуди Набӣ ( с) ба хулосае омадан мумкин аст, ки пирӯзии Қурайш бар Асҳоби фил, на аз ҷиҳати бартарияти дини онҳо бар дигар динҳо, балки барои дубора баргардондани шарафи Байтуллоҳ ва барои зуҳури паёмбараш буд, ки дар ҳамон сол мавлудашро дар Макка интизорӣ мерафт. Ва ин ҳар ду аз далоили нубуввати Муҳаммад (с ) аст». (14)

8. Нигоҳдошти Байти атиқ аз ҷониби Худо.
Хости Худо чунин буд, то Байтулҳаром ва ин замини муқаддасро аз Абраҳа ва лашкараш наҷот диҳад, то зердасти подшоҳе ва ё зери макри мокире қарор нагирад. Дар он замон, ки мушрикон он ҷои муқаддасро нопок сохта буданд, Худо хост, то ин сарзамин ақидаи нав ва пок ба даст оварда ва аз ҳар гуна зердастии подшоҳ ва золиме эмин гардад. Ва дар ин сарзамини муқаддас дине зоҳир гардад, ки мардум пайрави он бошанд, на дин пайрави онон. Ин ҳикмат ва тадбири Худо барои Каъба ва ин дин буд, пеш аз он ки шахсе аз валодати паёмбари ин дин дар ин сол хабаре дошта бошад. (15)
Худо ин макони муқаддасро аз макри мокирон, салибиёну саҳюниён ва аз ҳар дасти нопок нигоҳ дошт ва ҳамеша он ҷо ва низ шаҳри паёмбарашро аз кайд ва макри мокирон ҳифз хоҳад намуд. (16)

9. Ҳодисаи Асҳоби фил худ барои араб як таърихе аст.
Соли филро араб бузург шуморида, барои худ таърих қарор дод ва ҳар воқеаро ба соли фил мансуб карда таърихгузорӣ менамуд ва одат шуда буд, ки мегуфтанд: «Ӯ дар соли фил таваллуд шудааст» ва ё «ин воқеа ду сол қабл аз соли фил воқеъ шудааст». Соли фил баробар ба соли 570-уми мелодӣ аст. (17)
Идомаи мақола вилодати бо саъодати ҳазрати Муҳаммад(с ) аст хостам ҳодисаҳои қабл аз вилодатро бароятон бирасонам ва сипас бипардозем ба вилодати он ҳазрат (с ) бо мо бошед
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ

1. Байҳақӣ. «Далоил». 1\93,94., Ибни Ҳишом. 1\151,153.
2. Муслим. 2473.
3. Доруқутнӣ. 2713., Ҳоким. 1\473.
4. Калимаест, ки барои аз ҷой хезондани шутур гуфта мешавад.
5. Бухорӣ. 2731., Аҳмад. 4\323.
6. Муғаммас, ҷоест наздик ба Макка дар роҳ ба сӯи Тоиф ва Абӯриғол он ҷо фавтидааст.
7. Абӯҳотами Бустӣ. «Ас-сира-ан-набавия». –с.34-39., Ибни Касир. «Ас-сира-ан-набавия». 1\30,38.
8. «Фис-сира-ан-набавия»-и Ибни Ҳишом. Шарҳи Абӯзари Хушнӣ. 1\84,91.
9. Тафсири Розӣ. 32\94.
10. Абӯфорис.«Ас-сира-ан-набавия». -с. 112.
11. Қосимӣ. «Маҳосину-т- Тафсир».17\ 262.
12. Надавӣ. «Ас-сира-ан-набавия». -с. 92.
13. Мовардӣ. «Иълому-н-нубувват»-. -с. 185,189.
14. «Ал-ҷавобу-с-саҳиҳ». 4\122.
15. Абӯфорис. «Ас-сира-ан-набавия». -с. 113.
16. «Фӣ зилол –ал- Қуръон». 6\3980.
17. Надавӣ. «Ас-сира-ан-ан-набавия». –с. 93.

Share This Article