Муфтӣ ё Донжуан?

Ислоҳ нет

моҷарои зани баҷоии Саидмукаррам ва суиқсад ба ҷони вай

 Ҳодисаи ҳамла ё суиқасд ба ҷони Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон, бо онки беш аз ду ҳафта аз анҷоми он мегузарад, ба як роз ва сири давлатӣ бадал шудааст. На мақомот ва на худи Саидмукаррам ҳозир нестанд, ки дар бораи ангеза, омил ва шахсияти муҳоҷим чизе бигуянд.

     Дар шуъбаи милисаи Исмоили Сомонии Душанбе, ки масҷиди марказӣ дар ҳудуди он воқеъ аст, ба хабарнигорон гуфтаанд, ки чунин «ҳодисаҳои муҳим»-ро худи вазорати дохилӣ тафтиш мекунад ва баррасии ин ҳодиса ҳам дар ихтиёри ВКД қарор дорад.

Ҳодисаи суиқасди ба ҷони Саидмукаррам вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба бор овард. Ин як амри маъмулӣ аст, чун Саидмукаррам, чи бихоҳем ва ё чи нахоҳем, муфтӣ ба ҳисоб меравад, агарчи аслан ва абадан на мувофиқ ҳаст на муносиб.

Аммо ончики дар моҷарои суиқасд ба ҷони Саидмукаррам касро ба гумону андеша мебарад ин аст ки беш аз ҳар касу тарафи дигар, ҳатто дар қиёс бо мақомоти кишварамон ва расонаҳоямон мақомоти Русия ва расонаҳои он кишвар дар «ташвиш» ва «изтироб» уфтодаву табли таассуф ва дареғ мекубанд. Гуё муфтии Тоҷикистон неву усқуфи аъзами Русия мавриди суиқасд қарор гирифтааст.

  Мақомоти Тоҷикистон дар иртибот ба ин ҳодиса ҳеҷ аксуссадо ва вокуниши расмӣ накарданд ва вазорати дохила танҳо бо ин хабар, ки амали авбошӣ сурат гирифтааст, иктифо кард.

  Аммо сафорати Русия дар Тоҷикистон  ва Идораи мусалмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳои ин кишвар бо изҳори назарҳои хос ин ҳодисаро маҳкум намуданд.

Спутник хабаргузории наздик ҳукумати Русия аз қавли муовини Идораи мусалмонҳои Русия навишт, ки «Идораи мусулмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳо ҳамлаи ваҳшиёна ба муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзодаро қотеъона маҳкум мекунанд. Ин як амали хушунат аст, ки на танҳо алайҳи як рӯҳонӣ, балки алайҳи тамоми некхоҳон ва бар зидди сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронида шудааст».

 Бинобар  навиштаи Спутник алайҳи фарди ҳамлагар бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст ва ин модда аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ин хабаргузорӣ аз қавли РИА «Новости» хабаргузории дигари русӣ навишт:

«Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ (“авбошӣ”) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст».

Ва, аммо бар хилофи ончики вазорати дохила захмҳои бардоштаи Саидмукаррамро сабук гуфт, ба назар меояд захм ва ҷароҳатҳои бардоштаи Саидмукаррам амиқанд. Чун аз рӯзи он ҳодиса то ба имруз вай дар малаи омм ҳозир намешавад. Рӯзҳои ҷумъаи баъди он ҳодиса, ки имоматии намозгузорон дар масҷиди ҷомеъи кишвар дар Душанберо бар уҳда дошт, ҳузур надошт. Саидмукаррам рӯзи 12 сентябр дар як конфронси байналмилалӣ зери унвони «Нақши олимон ва мутафаккирони тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ»  мебоист ширкат ва суханронӣ мекард, аммо ӯ дар ин маҳфил низ ҳузур наёфт.

 Спутник  навишт, ки «Дар ҳоле, ки вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз дар нахустин баёнияи худ фарди ҳамлагарро» як «нафар» ва ҳамлаи ӯро «аз ҳиссиёти авбошӣ» арзёбӣ кард, коршиносон бар инанд, ки ин ҳамла ба руҳи пасотолибонии минтақа ва тарҳҳои истихбороти хориҷӣ барои ноамн кардани кишварҳои ИДМ ба дасти гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, назири ДОИШ, ҳамхонӣ мекунад.

Спутник аз қавли як коршиносаш навишт, ки «муфтии Тоҷикистон як нафари одӣ нест, ки масалан, бо касе хусумати шахсӣ ва ё дар заминаи маишӣ мушкиле дошта бошад ва интихоби макони ҳамла низ ишора ба он мекунад, ки ҳамла ба фаъолиятҳои кории ӯ рабт дорад».

«Ҳадаф гирифтани афроди саршинос шеваи шинохташудаи гурӯҳҳои террористӣ аст, ки мехоҳанд аз ин роҳ вокунишу ҳангомаи бештареро дар ҷавомеъ ба бор оранд. Дар ҷомиа афроди ифротие кам нестанд, ки аз сӯи гуруҳҳои террористӣ шиносоиву сармоягузорӣ ва дар чунин ҳамлаҳо истифода мешаванд. Аммо мақомоти Тоҷикистон назар ба таҷрибае, ки аз гузашта дорем, дар чунин ҳолот муҳтотона амал мекунанд ва ҷилави ба иғтишош кашидани азҳони умум дар ҷомиаро мегиранд. Дер бошад ҳам, маълум хоҳад шуд, ки аслан чӣ иттифоқ афтодааст, аммо муҳим аст, ки террористон ва пуштибонони онҳо ба ҳадаф нарасанд».  

Оё ин сӯйиқасд амали даҳшатафканон буд ва ё ?

Хуб, ҳоло бубинем, ки асли воқиа чӣ аст ва иллат ва омили ин суиқасд чист ва кист? Аммо қаблан бояд тазаккур бидиҳем, ки мавриди таваҷҷӯҳи алоҳида ва вижа қарор гирифтани ҳодисаи сӯйиқасд ба Саидмукаррам аз тарафи мақомоти Русия ва расонаҳои он шубҳаовар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ягон кишвари мусалмонӣ ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ накардааст. Мо намегуем, ки ниҳодҳои истихборотии онҳо фаҳмидаанд, ки ҳодиса рабте на ба сиёсат дорад ва на ба мазҳабу гурӯҳҳои террористиву дигару дигар, ки зур зада ба он часпониданӣ шуда истодаанд. Аммо аз ин ҳама бетобиҳову бетоқатиҳои русҳо мешавад ҳадс зад, ки Саидмукаррам на фақат одами амнияти Тоҷикистон, ҳамчунин омили нуфузии ФСБ дар Тоҷикистон ҳам будааст.  

Акнун, ки рози суиқсад бармало ва сири давлатӣ ифшо мешавад, сафорати Русия ва Идораи муфтиёти он ва хабаргузории Спутники онҳо, ки кори ифротиҳо ба қалам дод, чи мегуфта бошанд?

  «Ислоҳ» ва кормандони он ангеза, омил ва шахсияти ҳамлаварро маълум карданд. Қабл аз эълони иллат ва ангезаву шахсияти ҳамлагар ба шумо мегуем, ки агар дар гулуи Саидмукаррам корд гузоред ҳам ин иттифоқи ба сараш уфтодаро шарҳу тавзеҳ дода наметавонад. Чунки агар воқеан шарҳу тавзеҳ бидиҳад, шармандаву русияҳ мешавад. Чаро, ки ин коре нест, ки ба як мулло ва он ҳам раиси муллоҳо ва он ҳам муфтии як мамлакат иттифоқ биуфтад. Барои ҳамин ҷузъиёти ҳодиса ва ҳарфу ҳадиси пушти ҳодисаро ошкоро иброз дошта наметавонад. Ин эҳтимолро ҳам наметавон рад кард, ки агар Саидмукаррам иқрор бикунад, ки асли қазия чӣ аст, мақомот муваззаф мешавад барои як чунин ҳолату вазъият бар муқобилаш делои ҷиноятӣ бикшояд. Чунки Саидмукаррам аз қонуни ҳукумати Раҳмонов берун шудааст.

Бубинед, вазорати дохилии Тоҷикистон ҳодисаро авбошӣ унвон кардааст. Як авбош, албатта, ки кори зишт мекунад, аммо ҳамон авбош ҳам ин корро ҳеҷ гоҳ бедалел ва беваҷҳ намекунад. ВКД эълон кард, ки шахси Саидмукаррамро захмӣ карда дастгир шудааст. Хуб, чаро эълон намекунад, ки он нафар кист ва чаро Саидмукаррамро, бале маҳз Саидмукаррамро ҳадафи ҳамла бо корд қарор додааст. Ва агар мардуми атроф, халос намекарданд, он нафари ҳамлавар, имкон дошт кордро ба қалбу ҷигари Саидмукаррам бизанад?

«Тафтиши чунин парвандаҳои вазнинро худи ВКД пеш мебарад. Агар ягон чизи сабук мешуд, дар инҷо медиданд. Ин ҳодисаро аз рӯзи аввал ВКД баррасӣ дорад» мебарад гуфтани милисаи Исмоили сомонӣ ҳам шакангез аст.

Гуфта мешавад нафари ҳамлавар як ҷавони 20-21 сола аз Норак будааст, ки гуё донишҷӯйи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Аммо роҳбарияти   Донишгоҳ гуфтааст, ки як чунин шахс дар феҳристи донишомӯзони онҳо қарор надорад. Агарчи мақомоти милиса дар бораи он ҷавон аз роҳбарияти Донишгоҳ суолҳо пурсидаанд.

Саидмукаррам аз соли 2010 ба ин тараф аст ки дар раъси муфтиёти Тоҷикистон қарор дорад. Бо омадани вай вазъияти озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон бисёр ҳам бад шуд. Садҳо масҷид баста гардид. Сахттарин қонунҳо ва меъёрҳои маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ ва ҳатто меъёрҳои зиддинӣ қабул гардид. Аммо Саидмукаррам ҳатто як маротиба ҳам садои эътироз баланд накард, балки ба тамоми ин ҳама аъмоли хушунутбор ва хасмонаи Раҳмонов бар зидди дин фатвоҳо дода обруи Идораи мусалмонони Тоҷикистонро ба хоки сияҳ яксон кард.

Аслан Саидмукаррам худаш корманди Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ба Шурои уламои Тоҷикистон аз ҳамон ҷо омад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳам, ки дар яке аз Донишгоҳҳои динии Покистон таҳсил мекард ва дар шумори ҳамкурсонаш даҳҳо тан аз наҳзатиҳое ҳам ҳастанд, ки имрӯз бархеаш дар зиндону бархеаш дар ҳолати фирор қарор доранд. Мегуянд аз ҳамон солҳо маълум буд, ки гумошта ва маъмури мақомоти амниятии Тоҷикистон аст ва кораш аз суханчинӣ, ва тафаҳҳусу таҷассус буд.

Дар донишгоҳи байналмилалии Исломобод,ки бо Файсал бештар маъруф аст. Хело аз донишҷӯёни Тоҷик таҳсил кардаанд. Азҷумла Сулаймон Давлатов раиси кумитаи дини кишварро феълан ба уҳда дорад. Ончи ба Сулаймон Давлатов марбут аст мегузорем ба матолиби дигар.

Баъде, ки Саидмукаррам ба сари Идораи мусалмонони Тоҷикистон омад яке аз аввалин корҳои зиддишаръие, ки кард аз минбари масҷид ба зер кашидани руҳониҳои бонуфузи кишвар буд.

Баҳси додгоҳии вай бо бародарон Тураҷонзодаҳоро он солҳо ҳамагон дар ёд дорем. Саидмукаррам масҷиди Муҳаммадияи ин бародаронро, ки яке аз бонуфузтарин масоҷиди Тоҷикистон буд туҳмату буҳтон зада ва мақоми онро аз ҷомеъ то панҷвақта поин овард.

На як бору ду бор бар алайҳи ҲНИТ баёния ва изҳоротҳои беасосу бедалел ва пур аз туҳмату буҳтон содир кард.

Хулоса, корҳоеро, ки ба унвони муфтӣ ва масъулу маъмури умури мусалмонҳои Тоҷикистон  намебоист мекард, кард. Чунки Саидмукаррам одами хадамоти вижа ва махсус буд. Дар ҳоле, ки садҳо фориғуттаҳсили донишгоҳҳои динии хориҷӣ ба маҳзи онки шогирди ин донишгоҳанд ҳоло ё дар гурезагианд ва ё дар зиндонҳои Раҳмонов, аммо чаро Саидмукаррам на зиндонӣ аст на гуреза?  Саидмукаррам дар сивудусолагиаш- дар соли 1995 Покистон хондан меравад. 37 сола тамом мекунад? Чаро ин қадар «пир» шуда муллошавӣ рафт? Чунки Покистон он вақт садҳо тоҷики гурезаро ба макотиб ва донишгоҳҳояш ҷалб карда буд ва дар ин миён Саидмукаррам ва чанд нафари дигар буданд, ки бо бурсияи ҳукумати Тоҷикистон мехонданд. Инҳоро махсус фиристода буданд. Феълан ду ниҳоди динии кишварро яке кумитаи динро роҳбарӣ мекунад ва дигари Раёсати шурои уламои кишварро. Вагарна фарзанди оилаи бонуфузи руҳонӣ метавонист Саудӣ биравад ё Зоҳидон. Маҳз Покистон Вай бо миссияи махсус маҳз Покистон фиристода шуд. Ҳасби ҳолашро бубинеду худатон қиёс кунед, ки аллакай баъди 10 сол раиси Шурои уламо мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки қабл аз ин мақом дар Раёсати танзими анъана ва маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент кор мекард. Афзун бар ин тамоми фориғуттаҳсилини донишгоҳҳои кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ ҳатто  аз вазифаи имомхатибӣ азл ва канор зада мешаванд, вале Саидмукаррам, ки донишгоҳи  Покистон хондааст, раиси Шумори уламо мешавад.

 Тибқи варақаи ташхиси беморхонаи «Ёрии  таъҷилӣ» Саидмукаррам Абдуқодиров, раиси Идораи муфтиёти Тоҷикистон соатҳои наздики 18:00-рӯзи 11 сентябр  бо заҳмҳои буранда, дар руй, дар пеши бадан ва дар бехи сина оварда шудааст. Захмҳои корӣ гирифтааст. Аммо дарҳол ҳолатро махфӣ карданд ва хостанд, ки дар аввал ҳатто ин корро ба сари оппозитсия, дақиқан бар сари ҲНИТ зананд. Аммо худи Саидмукаррам гуфтааст, ки ин корро накунанд. Чунки ба Саидмукаррам хусурбачаи собиқаш бо корд ҳамла кардааст. Саидмукаррам хоҳари ӯро ба занӣ гирифта барои кудак талоқаш додааст. Зан гуфтааст, ки мехоҳад кудак ба дунё оварад аммо Саидмукаррам розӣ нашудааст ва аз хона пешаш кардааст. Хулоса, асли қазия дурусту дақиқан бар хилофи шарҳу тафсирҳои коршиносон, аз ҷумла коршиноси Спутник ҷанҷоли оилавӣ будааст. Маълумотҳои ҷонибии дигар ҳам дар ин қазия ҳокӣ бар он аст,ки Сайдмукаррам бо чанд духтар издивоҷ карда будаасту намехостааст онҳо фарзанддор шаванд аз ӯ. Он занҳо аз ин амал тоқат накарда талаби талоқ кардабудаанд. Ин чунин баракси инро низ ҳикоят карданд,ки маҳз ба хотири ҳомила шуданашон талоқашон кардааст. Муҳим суйқасд ба ҷони Саидмукаррам қазияи оилавӣ аст, ҳеҷ иртибот ба ягон қазияи сиёсӣ ва диние марбут нест.

Пеш аз ин ҳам муфтӣ як духтари катаи дигарро аз Ҳамадонӣ гирифта талоқ дода буд. Он духтар аз Саидмукаррам як духтар дорад. Саидмукаррам духтари ката мегирад, агар кудакдор шуданд, талоқ медиҳад. Мегуянд ҳисоби духтарҳои катакатаи «мат одинечество» кардаи Саидмукаррамро ҳатто худаш ҳам намедонад. Аммо ин бор ноомади кор шуду атола дандон шикаст, куза аз лаби чашма сиҳат барнагашт ва «охир ба дасти малахак» шуд ва  ба иллати занакабозӣ Саидмукаррам мавриди ҳамла ва он ҳам бо корд қарор гирифт. Саидмукаррам ҳамоно аз хешовандони он занаш тарс дорад ва аз мақомоти милиса хостааст, ки ба дари манзили вай «охрана» монанд. Барои ҳамин табобаташро дар хона ва таҳти ҳимояти муҳофизон доир карда истодааст.

Share This Article