Муллои ҷомадарида ва қозии бесавод
Як муллои ҷомадарида ва фақир дар айвони қозӣ дар сафи пеши муллоҳо нишаста буд, қозӣ ба ў чап-чап нигоҳ мекард ва маълум буд, ки аз ҳузури вай нороҳат буд. Ходими қозӣ аз ноҳинҷории ў пай бурд ва назди он мулло рафт ва остинашро гирифта гуфт, ки аз ин ҷо бархез, ин ҷо ҷойи ту нест, ту бояд пойинтар биншинӣ ё маҷлисро тарк намоӣ ё рост биистӣ, зеро пешгоҳи маҷлис шоистаи ту нест, иззату каромати ҳар кас ба илм, фазл ва мартабаи ў вобаста аст. Бори дигар касе туро дар ин ҷо набинад ва ҳамин, ки як бор аз ин ҷо ронда шудӣ ва шарманда гаштӣ, ба унвони ҷазо бас аст ва дигар такрор макун. Ҳар кас, ки иззати худро нигоҳдошт ва пойинтар нишаст, хории аз боло ба пойин афтоданро нахоҳад кашид. Бо беадабӣ ва густохӣ ба ҷойи бузургон маншин, ки гуфтаанд: – «Агар чанголи пурқувват надорӣ, даъвои шерӣ ва далерӣ макун».
Вақте он хирадманди дарвешнамо дид, ки бо нишастанаш дар ин ҷойгоҳбахташ ба ҷанг ва даъво бархост, дилаш оташ гирифт ва дуди он оташ аз даҳонаш бо оҳи пурдард баромад ва ночор аз мақоме, ки буд, бархост ва пойинтар нишаст. Сипас муллоҳо шурўъ карданд ба баҳсу мунозираи илмӣ ва ба «лима» (барои чӣ? ба чӣ далел?) ва «ло нусаллим» (қабул намекунем, далелат қабулкарданӣ нест) гуфтан, ки ин калимаҳо дар баҳсу ҷидол бештар истифода мешаванд. Хулоса, ба рўйи ҳамдигар дари фитнаро боз карданд ва бо «на» ва «оре» гуфтан, гарданҳоро дароз ва садоҳои худро баланд мекарданд ва мисли хурўсони ҷангӣ ба минқор ва чангол ба ҳамдигар дарафтоданд. Яке аз хашму ғазаб мисли маст ҳарзагўйӣ мекард, дигараш бо ду дасташ замин мезад. Матлаби мавриди баҳс он қадар мушкил буд, ки онҳо дар гиреҳи печ дар печи он гирифтор шуданд ва барои ҳаллу фасли он роҳеро дар пеши худ пайдо накарданд.
Он муллои ҷомакўҳна аз сафи пойин мисли шери жаён ба ғурриш даромад ва гуфт: – «Эй пешвоёни шариати Расули Худо, ки ўҳдадори таблиғ ва иблоғи дастуроти Қуръони маҷид ва фиқҳу усул ҳастед, бар ҳар яки шумо лозим аст, ки далелҳои қавӣ ва пурмаънӣ дошта бошед, на рагҳои гардан ва сару садо. Ман ҳам гўй ва чавгон дорам, метавонам вориди бозӣ шавам?». Муллоён гуфтанд: -«Агар гуфтанро маслиҳат донӣ, бигўй!». Сипас он марди фақеҳи ҷомакўҳна ба иззату эҳтиром ба зону нишаст ва шурўъ кард ба баёни матлаб, ки аз боз шудани забони ў даҳони ҳама баста шуд ва маҷлис ҳама сар то по гўш шуд. Баёнаш он қадар фасеҳу равшан ва дилнишин буд, ки гўё ҳар як сухани гўёи худро бо қалам ба дилҳо мисли нақши нигин менавишт ва сабт мекард. Парда аз рўйи калимаҳо бардошт ва бо равшан намудани маънӣ ва тавзеҳоти нобаш бар сари ҳамаи суханҳо ва даъвоҳои пуч хати бутлон кашид. Ҳама моту мабҳут шуданд ва аз гўшаву канор садои «офарин» баланд гардид. Аҳли нишаст бо як садо «офарин бар ақлат ва ҳазор офарин бар табъат», мегуфтанд.
Марди фақеҳаспи суханро чунон ронд, ки қозӣ мисли хар дар ботлоқ боз монд ва аз тахташ фуруд омад, либоси заррин ва дасторашро аз танаш берун кард ва бо иззату икром барои он фақеҳи мулло фиристод, ки лоиқи ин либос ва дастор ўст. Қозӣ ба ў гуфт: – «Сад афсўс, ки қадри туро надонистам ва ба қадам ранҷа карданат шукрона накардам. Ҳайфам меояд, ки бо ин сарвати илму донише, ки дорӣ, туро дар ин ҷойгоҳи паст бубинам, ин ҷойгоҳмуносиби ту нест».
Ходими қозӣ пеши он фақеҳлибосҳо ва дасторро овард ва бо дилдорӣ додан хост, ки дастори қозиро ба сари ў биниҳад, ки марди фақеҳбо дасташ ва забонаш манъ кард ва гуфт: – «Дур кун инро аз пеши ман, ба сари ман пойбанди ғурурро манеҳ, ман намехоҳам, ки бо дастори бузург сарам вазнин шавад ва ба одамони жандапўш бо назари ҳақорат нигоҳкунам. Ман намехоҳам, ки дигарон маро хоҷа ва мавло гўянд ё пешвои бузург номанд ва ҳамаи онҳоро ман аз худам хурдтар бинам ва худамро бузургтар аз дигарон. Агар об зулолу соф бошад, фарқе намекунад, чи дар зарфи заррин бошад, чи дар зарфи сафолин. Дар сари мард ақл лозим аст, на дастори хубу гаронбаҳо. Дар сари мард мағз лозим аст, на дастори нағз. Инсон аз бузургии сар боақл намешавад, каду бо ин ки сари бузург дорад, холӣ аз мағз аст. Бо дастори бузург ва бо риши дароз сарфарозӣ макун, ки дастор як пунбаи беарзиш асту ришат ҳашиш (гиёҳ). Онон, ки танҳо дар сурат мисли мардуманд, беҳтар аст, ки мисли сурат дам назананд ва хомўш бошанд. Ба андозаи ҳунар ва дониш бояд ба боло ҷастухез кард, мисли ситораи Зуҳал, ки наҳс аст, бидуни ҳунар боло рафтанат фоида надорад. Найи бурёро болонишинӣ хуб аст, чунки дар вуҷудаш хосияти найшакар дорад. Эй қозӣ, бо ин ақлу ҳиммате, ки дорӣ, туро намешавад инсони бошахсият донист, агарчи аз пушти сари ту сад ғулом мераванд ва омодаи хидматанд. Чӣ хуб гуфт он хармўҳра ба он ҷоҳил ва нодоне, ки ўро аз гил бардошт ва фикр кард, ки чизи гаронбаҳост: – «Бо нодонӣ ва девонагӣ маро дар ҳарир мапечон, ки ман арзиш надорам ва ҳеҷ кас маро аз ту ба ҳеҷ қимате нахоҳад харид». Соҳиби молу сарват бо доштани мол наметавонад аз дигарон беҳтару болотар бошад, ҳамон гуна, ки хар бо пўшидани атлас одам намешавад ва ҳамон хар аст, ки ҳаст».
Хулоса, бо ин шеваи суханварии чусту чолок тамоми кина ва дарди дилашро пок кард. Касе, ки дилаш озурда бошад, суханаш ҳам кўбанда мешавад ва чун рақиб ба шикаст мувоҷеҳшавад, сустӣ набояд кард. Агар аз дастат биёяд ва тавонашро дошта бошӣ, мағзи сари душманро берун биёр, ки фурсат ғанимат аст ва дар вақташ бояд ғубор ва кудуратро аз дилат бишўйӣ.
Алқисса, қозӣ дар кори хатои худаш асир монд ва бо пушаймонӣ мегуфт, ки ин чӣ рўзи сахт аст, ки ба сари ман омад. Ў аз тааҷҷуб ангуштонашро газида буд ва чашмонаш мисли ду ситора аз ҳайрат медурахшиданд, вале он марди фақеҳпас аз гуфтани суханҳояш рўяшро гардонид ва берун рафт ва пас аз ин касе нишони ўро надид. Бо рафтани вай доду фиғон аз даруни бузургон баланд шуд ва бо як садо мегуфтанд, ки ин марди шўхчашм кӣ бошад ва аз кадом сарзамин омада бошад?
Ходими қозӣ пеш омад ва ба ҳар сўй медавид ва аз ҳар кас мепурсид, ки мардеро бо ин шаклу шамоил дидед? Як нафар гуфт: – «Аз ин навъ суханвар ва ширинсухан дар ин шаҳр фaқат Саъдиро мешиносаму бас. Офарин, сад ҳазор офарин бод бар ў, ки ин суханҳои ҳақро, ки талх аст, бо шеваи ширин гуфтааст».
Аз китоби «Роҳе ба сўйи «Бўстон»