ҳукумат мушкили мардум, ворухиён маҳкум ба марганд
Ин бор низ дар изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як сатре,ки ба хонаводаи шаҳиди ҳифзи хоки ватан таслият ва таъзия бахшида шуда бошад, раҳ наёфт. Ҳамчуноне,ки дар баҳори соли ҷорӣ ба пайвандони кушташудагони Исфара ҳатто изҳори ҳамдардӣ баён накарда, балки бо хатми моҷарои миёни Ворух ва Оқсой так-таки муҳофизони хоку буми кишварро ба шуъба даъват карда мавриди истинтоқ қарор доданд. Афзун бар ин волидони муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ворухро,ки дар суги шаҳидони худ кабудпуш шуда буданд, чи зан ва чӣ мард ба шуъба бурда дар подвали “ИВС” маҳкам карданд ва шарт гузоштанд,ки писаронатон аз Русия омада ба хидмати аскарӣ меравад,он гаҳ шумо озод хоҳед шуд. Ҳам бонги хатар ва ҳам бонги изтироб расонаҳои иҷтимоӣ ва байналмилалиро фаро гирифт, аммо то инки писарони ворухӣ барнагаштанд ва аскарӣ ихтиёр накарданд, волидони онҳоро раҳо накарданд. Ҳамин ҳоло ҳам, бар тибқи иттилооти тоза расида афсару аскарони амнияти Тоҷикистон андаруни издиҳоми ворухиҳои шаҳид дода мардумро ба сангандозӣ тарафи “душман” таҳрик додаанд, дар ҳоле,ки раиси онҳо дар ҷаласае дар вилояти Бадахшон суханронӣ мекард,худро масъули амнияти 9 миллион тоҷик эълом карда буд.
Ҳамакнун пурсиш аз шумо амини ҷони ин 9 миллиони баршуморида ин аст ки танҳо дар як соли ахир чандинтои онҳоро “безарар” гардонидеду “талаф” додед? Бале,танҳо дар як соли ахир?! Шуҳадои исфарагиро магар шумо масъули амнияташон набудед? Қушунҳои сарҳадӣ зери итоати шумо нестанд магар? Онҳо муҳофизи марзанд ва ё муҳофизи корвони мошинҳову комюнҳои пурбори ширкати “Фароз”? Агарки шумо масъули амнияти атбои тоҷик буда бошед,чи тавр мешавад, ки ҳамтоёни қирғизи шумо ҳар гоҳе бихоҳанд мустақим ва ё тавассути мардуми одии соҳиби сокинони Исфараро мекушанд, аммо шумо бо нашру пахши танҳо изҳороте иктифо мекунед? Ҳоло метавонед бигуед, қотилони чаҳор тан аз кушташудаҳои исфарагӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ё хайр? Албатта,ки медонед, онҳоро на танҳо ҷазо надоданд, балки барояшон инъом ва ҷоиза доданд. Аммо шумо боз ҳам мехоҳед, ки заъфи худро дар баробари ҳукумати қирғиз, балки муттаҳамии худро бо таъбирҳое мисли “доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ” пинҳон бидоред. Аз кадом “доира” суҳбат мекунед ва аз кадом “ғаразҳо” тавлак менавозед? Ин ҳама забту истило ва ғасбкории қирғизҳо амали ҳисобшуда ва тарҳрезишуда аст.Ва, дақиқан,ки ҳукумати Қирғизистон аз ҷузъ-ҷузъи ин ҳама ҷараёнот огоҳ аст.Ин шумо ҳастед, танҳо ва танҳо зуратон ба мардуми одии тоҷик мерасад ва дар зиндон тоҷик мекушед, дар қади роҳ тоҷик мекушед,лашкар мекашед ба манотиқе, ки фикр мекунед то ҳоло назди шумо фронтихалқиён сар фуруд наовардаанд: метозед ба Бадахшон, метозед ба водии Қаротегин.
Дар ҳоле, ки қирғизҳо бо дилу гурдаи пур ҳам тоҷикро мекушанд ва ҳам дар даруни қаламрави Тоҷикистон парчами худро парафшон мекунанд,шумо аз кадом “доираи ғаразҷӯ” суҳбат мекунед ва гумон мекунед,ки бо ин бори гуноҳатонро бар дӯши дигарҳо мегузоред.
Ва, бо даҳони иддае аз ба истилоҳ коршиносоне, ки гумон мекунанд, пӯсти онҳоро касе намешиносад, аз кадом як “қувваи сеюм” ҳарф мезанед,ки бо истифода аз “заъф”-ҳукумати Қирғизистон ноамнӣ эҷод мекардааст.
Ва,ингор ҳукумати Қирғизистон пас аз соли 2005 дигар ҳукумат набудааст ва як ҳукумати мофиёӣ ва бебандубор будаву ҳукумати Тоҷикистон мутамарказ.
Агар манзур аз “қувваи сеюм” Русия аст, пурсише пеш меояд,ки дар ноамнии ду кишвари узви ОДКБ-Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва СНГ,ки таҳти контрол ва нуфузи Маскав аст,Русия чи манфиате дорад? Магар инки ин ду кишварро, ва бар фармудаи шумо водии Фарғонаро ноамну ноором кунад ва роҳро барои вуруди ДОИШи амрикоӣ,ки Худо,Худо гуфта лаҳзашуморӣ мекунад, ҳамвор бисозад? Ё инки гумон мекунед,ки Русия барои ворид кардани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авро Осиё ҳамчунин ноамнӣ ба вуҷуд оварда Раҳмонро тарсониданиаст,ки зудтар шомили ин созмонҳо бишавад? Дар ҳар сурат суду фоидаи ноамниву нооромии сарҳадоти ҷанубии СНГ барои Русияро,агарчанде хелеҳо аз шумо таваққуъ карданд, посухе надодед. Аммо як фаъъоли шабакаи иҷтимоӣ, ки хеле ҳарфҳои боиставу шоиста ҳам гуфтааст,бароятон посухе хеле олӣ додааст,ки лозим донистам иқтибосаш кунам: “Имрузҳо дар ин гирудори ноодилона мехоҳанд ба “гурӯҳҳои ҳуҷум”-и ҳамсоякишвар барчаспи “неруи сеюм” бизананд, ки як бозии сиёсии бешармонае беш нест”.
Бале, гузашта аз ин як хабарнигори тоҷик,ки дар ин маврид дуруст навиштааст,силоҳи масъулони амниятӣ ва мақомоти қудратии кишварро,ки гуфтем танҳо ва танҳо зӯраш ба худи тоҷикҳо мерасад, фарсуда ва аз коруфтода шудааст:
“солиёнест,ки қирғиз дар дохили марзамон тоҷик мекушад,аммо силоҳи сарҳадбонони мо олоти марди пирро мемонад,ки танҳо дар ҳоҷатхона ба кор меравад”.
Вагарна, бо чи инсофу виҷдоне мешавад аҷзу нотавонии онҳоро бурду ба кадом як “қувваи сеюм”-и тахайюлӣ часпонд?
Асли аҷзу нотавонӣ ва муттаҳмии мо на он аст ки ҳатто ҳамин аскару афсари амниятӣ ҷуръат ва ҷасорат надоранд то аз марзу бум ва мардуми бесилоҳ муҳофизат бикунанд. Воқеият ин аст ки ин ҳукумати Тоҷикистон, дақиқ ва мушаххастар раиси ин ҳукумат дар баробари ҳукумати Қирғизистон ва мардуми он дасту забони кутоҳ дорад ва муттҳам аст.Ҳамин муттаҳамии Раҳмон аст,ки ҷуръату ҷасорат ва нангу номуси миллатро дар баробари тиҷорати хонаводаи худ ба савдо гузоштааст.Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, ки ду навбат вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд ва аз сирру асрори ин хонавода зиёд маълумот дорад, дар як аз суҳбатҳояш дар пайи низоъи баҳории Исфара ва Ботканд ва инки чаро мақомоти тоҷик дар пушти мардуми худ намеистанд ва дар баробари ҳамтоёни қирғизи худ камари сусти худро нишон медиҳанд гуфта буд,ки:
“Ширкатҳои хонавода, алъон ширкати “Фароз” як қисме аз маводи сухт ва молҳои контрабандии худро аз марзи Қирғизистон вориди Тоҷикистон мекунад.Ва инчунин аз Тоҷикистон ҳам тавассути Қирғизистон як қисме аз молҳои қочоқӣ ва сабтиномнашудаи худро вориди бозор месозад. Ҳукумати Қирғизистон ва мардуми он аз ин воқеиятҳо огоҳанд ва ин табдил шудааст ба як қарта ё аҳроми фишор дар дасти ҳамсоякишвар, барои ҳамчун муттаҳам нигоҳ доштани ҳукумати Тоҷикистон, бахусус афроди хонавода. Ва ҳар вақте ҳукумати Тоҷикистон аз манфиатҳои давлату мардум ҳимоя карданӣ шавад, онҳо рӯи миз ин қартаҳоро мегузоранд.Ин аст ки миллати тоҷик гаравгони бизнеси хонавода, муттаҳамии хонавода ва сиёсатҳои ҷинояткоронаи ин хонавода шудааст”.
Бале, инҷо ҳарфи онки ҳукумати қирғиз пас аз соли 2005 бебанду бор аст, мафиёӣ аст ва ҳукумати тоҷикӣ мутамарказ аст як афсона аст ва агарки возеҳу равшантар бигуем ин луқма ва ё наволае (хуроке,ки барои меҳмон нигоҳ медоранду тақдим мекунанд)- аст ки аз “фабрикаи ҷавоб” дар даҳон гузоштаанд.
Баракс, тамоман баракс. Натиҷаро бубинед,ки ин “бебандуборҳо” ва ин “мафиё”-ҳо дӯшодӯш ва гом ба гоми халқаш ҳаракат мекунад. Иҷоза ва имкон намедиҳад,ки бигуморанд,ки халқаш аз ҳукуматаш ва ҳукуматаш аз халқаш ҷудо аст. Халқаш ҳукуматашро интихоб мекунад, ҳукуматаш интихоби халқашро итоат мекунад. Инҷо бар ниҳодҳои демократӣ аз ҷумла интихобот намешошанд, намебавланд, масхара ва мазоҳ намекунанд, саҳнаороӣ спектаклбозӣ намекунад. Инҷо Қонуни асосиро барои писари президент “туғрӣ” намекунанд, “интихоботҳоро”, ”раъйи мардум”-ро таҷовуз намекунанд. Инҷо ҳамин халқ асту ҳамин ҳукумат, ки яке дигареро на фиреб дода метавонанд на “туғрӣ” карда. Инҷо демократия аст. Инҷо ҳарфи демократия нест,инҷо худи демократия аст.
Дар Тоҷикистони “мутамарказ” чӣ? Ҳол,манзур аз ин мутамарказ,чӣ ва чист? Яъне қудрат дар дасти як қумандон қабза шудааст ва ин мутамарказӣ аст? Ва аз ин мутмарказӣ ба ин халқ ва ба ин давлат чӣ фоида? Магар,инки ҳамин тавр,бидуни онки огаҳ бишавӣ,фардо баланд мешавӣ ҳазорҳо гектар заминатро ба Хитой додааст? Аслан аз,ман, ту ва ману туҳо намепурсад? Ин хоки ватан аст.Тааллуқ ба халқ дорад, аз замини наздиҳавлигиаш нест, ку?Ҳамин аст мутамарказӣ?
Гуиё бархе аз доираҳои ҳукумати қирғиз аз ҳодиса ва моҷароҳои марзи миёни ин кишвар бо Тоҷикистон барои интихобот “очко” кор карданӣ будаанд.Ҳарзаву ҳазён аст ин гап. Аммо агар ба воқеият дурусттар мутаваҷҷеҳ бишавед,пай мебаред,ки бар дирангу таъхири нишон ва аломатгузории марзи ду кишвар ин Раҳмону дору дастаашанд,ки манфиат доранд. Ҳоло ин Раҳмон аст ки масъаларо мехоҳад то интихоботи соли 2020 кашол диҳад ва ҳамин тавр муаллақ нигоҳ бидорад, агарки дар ин миён тамоми мардуми Исфара ва ниме аз Тоҷикистон кушта ҳам шавад. Чунки ӯ инҷоро ҳам мисли онки ба Хитой фурӯхт, хоҳад фурӯхт ва дақиқан,ки ин баҳси марзӣ,агарки Раҳмон дар сари қударт бошад, бар манфиати қирғизҳо хотима меёбад. Ҳоло бояд интихоботро бидуни кадом ғавғо ва таънаву лаънати дигари мардум,ки аз фурӯхтани хок ба Хитой то ҳоло мегуяндаш,ба охир бирасонад ва сипас,баъди соли 2020 ҳам қудрат дошта бошад ва ҳам идомаи кафолати тиҷорати хонавода тавассути қаламрави Қирғизистонро ба даст оварад.Ва,дар ҳамон вақт ҳам ончиро,ки қирғизҳо талаб мекунанд,бо ду дасти адаб бароварда медиҳад.
Воқеияти феълии Тоҷикистон ва ҳукумати “мутамарказ”-е,ки мегуед ҳамин аст. Ҳамин “мутамарказ”, 27 сол аст хуни бадани тоҷикро мехурад ва ба замин мерезад ва ҳамин “мутамарказ” мушкили мардуми Исфара ва мушкили тамоми Тоҷикистон шудааст. Инки муаллими шаҳиди исфарагӣ барои пешвози “мутамарказ” рафту парчами давлатро дар симчуб насб кард,гумон надошт, ки рузи ахири зиндагиаш ва кори охири дастонаш аст.Ӯ мутмаин буд, ки азбаски ҳамчунин дастурро фармуданаш амнияташро ҳам таъмин кардаанд. Аммо ӯи шаҳид,аз куҷо бидонад,ки масъули амнияти 9 миллион тоҷик яъне Ятимов ҳатто дар қиссааш ҳам нест ва дигар ин мушкил мушкили ӯву хонаводаи ӯст, ҳамчуноне ҳоло аз шуҳадои гулгункафани баҳории ворухиву Хоҷаи Аълоии Исфара ҳатто ёде ҳам намекунанд, чи расад ба онки кумакеву мададе ба бозмондаҳои онҳо карда бошанд.