Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №280

Ислоҳ нет

«Ислоҳ» ҳар ҳафта номаҳои мардумро аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон нашр мекунад-номаҳое, ки мисли санадҳои ошкорои фасод, беадолатӣ ва зулми мақомотро фош месозанд.

Шумораи №280 чор номаро дар бар мегирад, ки ҳар кадом як гӯшаи торики ҷомеаро рӯшан мекунанд:

  • Аз ноҳияи Панҷ-мардум менависанд, ки милисаҳо аз роҳзан ҳам бадтаранд: чаримабандӣ, пулталабӣ, таҳқир ва ришвахӯрӣ кори ҳаррӯзаи онҳост.
  • Аз Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ- як «ҳоҷӣ»-и қалбакӣ бо котибаҳои худ мардумро ғулом кардааст: хона ба хона пул ҷамъ мекунад, бо милиса ҳамдастӣ мекунад, кӯдаконро мезанад ва ҳатто масҷидро ба манбаъи тиҷорат табдил додааст.
  • Аз ноҳияи Хуросон-мардум менависанд, ки як алкаши бесавод, бо пуштибонии тағояш-муовини аввали Прокурори генералӣ-сардори маориф шудааст. Як хонаводаву хешу табор тамоми сохторро зери даст гирифтаанд.
  • Аз Истаравшан-як муаллим ва мансабдори харомхур, ки мардум ӯро бо номи «Кулӣ» мешиносанд, бо зулм ва таҳқир боиси худкушии калавури мактаб шудааст. Ӯ заминҳоро ғасб кардааст, маводҳои аграриро ба хешу табор тақсим мекунад, пора мегирад ва боз ҳам барои мансаби нав орзу дорад.

Ин чор нома фақат шикояти оддӣ нестанд-ин додномаҳо ва иттиҳомномаҳои ошкоро алайҳи золимонанд. Мардум хомӯш нестанд: онҳо нома менависанд, ҳақиқатро мегӯянд ва таърихро шоҳид мегузоранд, то рӯзе қонун ва адолат ҳаққи онҳоро баргардонад, агар имрӯз ин мақомот коре накунанд.

                                  Панҷ

Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аллоҳ аз шумо ва кормандони «Ислоҳ» розӣ бошад. Аллоҳ шоҳид аст, ҳар рӯз дар намозҳоям барои шумо дуъо мекунам: сиҳату саломат бошед ва муваффақ шавем дар ин мубориза. Аллоҳ шуморо дар паноҳаш нигоҳ дорад, бародар.

Ман аз ноҳияи Панҷ менависам. Якчанд бор пештар ҳам навишта будам. Аз ҳоли мардум гуфтаниям, аммо бахудо қасам, намедонам аз куҷо ин ҷиноятҳои сагони Раҳмоновро нависам. Пеш дар бораи милисаҳои ноҳия навишта будам. Ҳоло боз рӯшан мегӯям:

  1. Майёр Комрон-ҷонишини начальник милиса, собиқ начальник ГАИ.
  2. Сержанти калон Нуралӣ (ГАИ).
  3. Сержанти калон Ҷамшед (ГАИ).

Ин одамхорон хеле хатарноканд.

Комрон, собиқ начальник ГАИ, ҳоло ҷонишини начальник милиса шудааст. Пас аз барномаи шумо ҳамин «шрек» дар чанд ҷо гуфтааст: «Ина дидед, кадоме ба тағаи Муҳаммадиқболаш навиштааст, то маро бигиранд.» Лекин худаш рафт, ба пеши як гушнаи дигар сум партофт, вазифаи баланд гирифт. Майлаш, ҳеҷ гап не. Шрек, як рӯз на як рӯз ба поён меғалти, баъд дигар аз дасти мардуми ноҳия роҳ надорӣ, гурез надорӣ. Медонӣ чаро? Барои он ки аз худамон ҳастӣ. Ба куҷо мегурезӣ? Ба дасти мардум меғалтӣ. Як мисоли одӣ: Раиси собиқи ноҳияи Панҷ Зариф Шоҳиёни калӣ ҳаромхӯр охир чи шуд? Оқибати писараш чи шуд? Аз ҳама ҷо дафш карданд, ҳатто аробакашони ноҳия саломаш намедиҳанд. Ҳоли ту ҳам ҳамин хел мешавад, шрек, ту бисёр хуни мардумро хурдӣ.

Ҷамшед ҳаромхӯр. Мардумро бисёр азият надеҳ! Ин ҳаромхур шогирди ҳамин Комрони шрек аст. Ҳозир ҳамин ҳаромхурро дастгирӣ мекунад. Ҷамшед на савод дорад, на навишта метавонаду на хондан. Ҷамшед вақте чаримаат мекунад, як «времянка» медиҳад, ки пур аз хатост. Баъди чанд рӯз, вақте аз пост баромадӣ ва тафтиш мешавад, ҳамин времянкаро нишон медиҳӣ, мегӯянд: «Ин аз кадом сол мондааст?» Ту мегӯӣ: «Як чанд рӯз пеш доданд.» Онҳо мегӯянд: «Не, ин қабул намешавад.» Мепурсӣ: «Баро чӣ намешавад?» Мегӯянд: «Вақте аз ноҳия мебароӣ, дар дигар ноҳияҳо мошинатро маҳкам мекунанд. Хубтараш нарав, биёву гир.» Оҳ, инҳо вақте ба кор даромаданд, ақалан як бор мепурсиданд: оё номи худашро навишта метавонад ё не? Баъд қабул мекарданд инҳоро ба кор.

Аз Нуралӣ чӣ бигӯем, чӣ нагӯем? Ҳатто падараш ӯро оқ кардааст. Ба ӯ ҳеҷ сухан таъсир намекунад. Ин ҳаромхӯр савод надорад, ҳатто навишта наметавонад. Нуралӣ ҳозир ба бизнеси мошин гузаштааст. Ҳар рӯз мехараду мефурӯшад. Мошинҳои бе ҳуҷҷатро қапида, соҳибонашро тарсонда мегӯяд: «Биё, ман туро ҷарима намекунам, мошинатро ба ман арзон фурӯш.» Ҳамин тавр, пули ҷаримаро ҳисоб мекунад, мошинро мегирад, баъдан қимат мефурӯшад. Худаш мошингир шудааст. То вақте ман ҳастам, касе кор надорад ба ту бе ҳуҷҷат гаштан гир мегӯяд. Ин ду ҳаромхӯр ҳатто навишта ҳам наметавонанд, лекин дар БДА кор мекунанд. Нуралӣ ва Ҷамшед ҳозир ҳуҷҷатҳояшонро ба академия супоридаанд, то афсар шаванд ва боз ҳам хуни мардумро бештар хӯранд.

Дар ин мақомоти Раҳмонов ягон одами солим пайдо мешавад ё не, то пеши роҳи ин ғоратгаронро бигирад? Бахудо қасам, бародар Муҳаммадиқбол, ин ду ҳаромхури пир вақте туро диданд, рӯйи рост дар роҳ пул мегиранд. Аз ҳеҷ касу аз ҳеҷ мақомот наметарсанд. Худамро чанд бор ҷарима карданд. Мепурсам: «Чӣ кор кардам?» ягон баҳона меёбанд, пулро мегиранд. То вақте Комрон дар ноҳия аст, мегӯянд: «Моро касе чизе намегӯяд.» Як бор гуфтам: «Меравам ба прокуратура шикоят мекунам, ки шумо ноҳақ пул гирифтед.» Онҳо гуфтанд: «Рав ба куҷо, ки хоҳӣ шикоят кун. Онҳо аз худамонанд. Як бак бензин ба прокурор мерезем, ҷонамон халос мешавад. Баъд ту ба куҷо меравӣ?» Оҳ, ҳамин тавр мешавад. Намедонӣ ба ки шикоят кунӣ.

Умедамон аввал ба Аллоҳ, баъд ба шумо, бародар. Дигар ҳеҷ кас нест.

Ҳар ҳафта дар ноҳия «рейд» барои ҳиҷобу риш мегузаронанд: дар беморхона, мактаб, бозор, кӯча. Агар қапиданд, тамом ҷарима месупорӣ. Ҳамааш наличка, дар ҷояш. Ин ҳаромии начальник милиса дар ҳамин ноҳия миллионер шудааст. Ин ғоратгар, мисли авбошҳо шабу рӯз дар бозор мегардад. Агар касе каҷ нигоҳ кард, фармон медиҳад: «Баред, як тарбия кунед!» Эй инсон, наход чунин муомила бо шаҳрвандон кунӣ?!

Ҳозир бошад, ба ноҳия прокурори нав омадааст. Номашро намедонам. Бубинем, ягон беҳбуд мешавад ё не. Агар нашуд, боз ба шумо мерасонем, бародар.

Муҳаммадиқбол, мо умед дорем, ки ҳамин прокурори нав пеши роҳи ин ду ғоратгарро мегирад. Аз раиси ноҳия бошад, ҳеҷ умеде нест. Хуни мардумро хӯрда истодааст.

Раиси ноҳияи нав, Акмал Комилзода Иброҳимиён ҳеҷ беҳбуд накард ва намекунад. Ба мардум фақат ранҷ овард. Заминҳоро маҷбур кард ҷуфт кунанд, пахта коштанд. Аммо пахтаро 5 сомонӣ карданд, соли гузашта 15 сомонӣ буд! Хароҷоти мардум чӣ? Дору, чигит, трактор, саларка, налог -ҳамааш қимат шуд. Аммо пахта 5 сомонӣ?! Агар ба завод набарию насупорӣ, «каврат»-атро канда мегиранд. Агар бурдӣ, дар завод мегӯянд: «Пул нест.» Мепурсӣ: «Кай пул мешавад?» Ҷавоб намедиҳанд. Мебарӣ, месупорӣ, бо дасти худ гашта меоӣ. Тамом, пули мардум ё намешавад, ё баъд аз моҳҳо, ё ҳам бо қарздорӣ.Заводи пахта аз кӣ ҳаст? Аз Эмомалӣ Раҳмон ва хусурбачааш.

Эй мардуми ноҳияи Панҷ! Чаро метарсед?! Натарсед! Хезед! Аз ҳуқуқи худ дифоъ кунед! То кай хап мекунед? Агар ҳамин хел хап истед, ҳолатон аз ин ҳам бадтар мешавад.

Бародар Муҳаммадиқбол, ҳар вақте шумо гап мезанед, калонҳои мо мегӯянд: «Ин тавр накун, ҷанг мешавад. Шумо кӯдак будед, ҷангро надидаед.» Э падарон, акаҳо, тағоҳо! Шумо аз кадом ҷанг мегӯед? Мо ҳозир дар ҳолате ҳастем, ки аз ҷанг бадтар аст. Фақат як оила кайфу сафо мекунад-он ҳам Раҳмонов. Мо ҳама ғуломем!

34 сол шуд! Ку ободӣ? Ку заводҳо? Ҳеҷ чиз нест! Фақат 4 дона бино бардошта, «светомузыка» мондаанд-ҳамин аст «ободӣ»?

Эй мардуми Панҷ, як бори дигар ғайрат кунед, бедор шавед!

Дар Афғонистон 30 сол ҷанг буд, то ҳол ҳам ҳаст. Вале заводҳояшон кор мекунад, мошин мебароранд, барқ доранд. Мо чӣ дорем? 30 сол пеш як-ду сол ҷанг шуд- ҳамин. Имрӯз чӣ дорем? Ҳеҷ чиз. Ҳама чизро Раҳмонов бо оилааш фурӯхт!

Ман, як мубориз бо лақаби «Мирзо Ҷаға», ин номаро менависам. Ба шумо гуфтаниям: бародар Муҳаммадиқбол, Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Ҳазор раҳмат ба падару модаратон, ки чунин фарзанди муборизу ҷасуру нотарс тарбия кардаанд. Мо дар паҳлуи шумо ҳастем.

Аз баччаҳои Куйбеш, Комсомол, Қараболо.

Бародар Муҳаммадиқбол, ҳамеша барномаҳои мо дар охир мемонад. Хоҳиш: як бор аз аввали барнома низ бигузоред.

Ташаккури зиёд, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ ҷазои хайр диҳад, ки танҳо шумо ғами ин мардумро мехӯред. 🤲🤝

                                 Рудакӣ

Нома аз маҳаллаи Навбаҳори 2, ноҳияи Рӯдакӣ

Бародари муборизи роҳи ҳақ ва ғамхори мардуми мазлуми миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз-Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ростӣ, ман аҳли қалам нестам, лекин бисёр фикр кардам ва ба хулосае омадам, ки қалам ба даст бигираму дарди мардуми мазлуми тоҷик ва Тоҷикистонро ба шумо бирасонам. Намедонам аз куҷо сар кунам, аммо шахсан шоҳиди зулми як муовини раиси маҳалла ҳастам, ки чанд сол боз мардумро зулм мекунад. Мардуме, ки як луқма нонро бо азоб, муҳоҷират ва ғуломӣ меёбанд, боз маҷбуранд онро бо чунин беинсофҳо тақсим кунанд.

Ин ҳодиса дар маҳаллаи Навбаҳори 2, дар наздикии шаҳраки ҳарбӣ «военный городок», охири «Гипрозем» рух медиҳад. Дар ҳамин маҳалла чанд хешу табор ва дӯстони ман зиндагӣ мекунанд. Дар он ҷо як «духтурхона»-и нотамоми замони шӯравӣ ҳаст, ки баъд аз истиқлолият фурӯхта шуда буд. Ба нақли калонсолон, соҳиби аввалинаш Муҳиддин Кабирӣ будааст. Замини атрофашро ҳукумати онвақтаи ноҳияи Рӯдакӣ ба мардум фурӯхтааст.

Аз соли 2012 то 2015 мардум аз пушти «кор»-и Кабирӣ бисёр азият кашиданд: прокуратура, суд-ҳама фишор меоварданд. Пас аз соли 2015 то 2020 каме ором шуд. Аммо баъд масъалаи «обод кардани духтурхона» сар шуд ва мардумро маҷбур карданд: дар се рӯз заминҳои атрофи духтурхонаро ба ҳолати аввал баргардонанд.

Ҳоло дар ин маҳалла тахминан 120 то 150 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Ин маҳалла тобеи маҳаллаи «Табачка» (ҳоло Навбаҳор) мебошад. Раиси расмии маҳалла Ҳоҷӣ Абдурауф аз Табачка аст, аммо дар ҳамин Навобод (атрофи бинои вайронаи духтурхона) муовинаш, ки ду бор «Ҳоҷӣ» шудааст, бо номи бобои Киромиддин зиндагӣ мекунад.

Ин ба ном «раису ҳоҷӣ» боз ду котиба дорад: ду зан аз ҳамин маҳалла, ки барои пулҷамъкунӣ ба ӯ ёрӣ медиҳанд. Як сол пеш, як журнал дар дасти ҳамин котибаҳо хона ба хона мегашт ва ҳар моҳ аз ҳар хона 10 сомонӣ ҷамъ мекарданд. Вақте мардум пурсиданд: «Барои чӣ?»-«Ҳоҷӣ» ҷавоб додааст: «Барои милиса, барои амният, барои касе, ки ба маҳалла меояд, ҳаққашро медиҳам.»

Дар маркази маҳалла ягона дӯкон аз ҳамин одам аст. Фақат дар пеши дӯконаш менишинад, назорат мекунад, ки кӣ ба куҷо меравад, кӣ аз куҷо меояд.

Дар маҳалла масҷиди хеле тозаву покиза доштем. Ҳоҷӣ онро ба «минбари таблиғӣ» табдил дода буд. Ҳар мавсими обунаи рӯзнома аз мардум беш аз 1500 сомонӣ мегирифт. Ҳар мавсими «аблава» мегуфт: «Маҳалла бояд як ё ду сарбоз диҳад.» Барои ҳар сарбоз аз мардум 2000 то 2500 сомонӣ ҷамъ мекард. Баҳонааш ин буд: «Барои амният, ё барои участковый.» Аммо ҳисобот намедод, ки ин пулҳоро ростӣ медиҳад ё не.

Масҷид расман сабт нашудааст, балки ҳамчун «хонаи ҷамъиятӣ» истифода мешуд. Масҷид бисёр тоза ва озода буд, барои тӯю маъракаҳо дегу табақ, самовару чойнак, пиёла, ҳатто барои мурда тобут ҳам дошт.

Ин ба ном «раису ҳоҷӣ» соли гузашта бо оилааш ба зиёрати Каъба рафт. Аз моҳи рамазон то ҳаҷи фарз қариб, ки дар маҳалла набуданд. Пас аз бозгашт мардум хушҳол шуданд. Аммо дер нагузашта бо участковии нав, бо номи Раҷабалӣ (аз ноҳияи Ёвон), миёнашон нофаҳмие сар зад. Масҷидро бастанд ва бобои Киромиддинро 15 шабонарӯз ҳабс карданд. Баъди он боз фасоду «буз»-и ошкоро сар шуд.

Дар соли нав, писараш барои «хлопушка» (фейерверк) милисаҳо дастгир карданд. Ӯ бо милисаҳо маслиҳат карда, чанд сум дод ва сар шуд бо болои милисаҳо «кор кардан»: яъне маводро ба суд рой доданд. Суд ӯро тақрибан 13 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Ин бобои беинсоф ду сол пеш як ноболиғро барои он ки дар девори наздикии дӯконаш «Киромиддини буз» навишта буд, чунон зад, ки кӯдакро падараш ба духтур бурд. Барои ҳамин Киромиддин парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Суд ҷаримаи калон таъин кард, аммо кадом «хайрхоҳ» пулро супорид. Ягон дарси ибрат барои ӯ боз ҳам нашуд.

Дар назди дӯконаш боз як мағоза дорад. Савдогараш духтараш аст, ки ба «бочкача» монанд аст. Ҳамон духтар бачаҳои маҳалларо озор медиҳад, меронад, намегузорад назди мағоза биёянд.

Соли гузашта, дар мавсими аблава, аз як баччае, ки падар надорад ва дар кӯчаи ҳамсоя зиндагӣ мекунад, 5000 сомонӣ гирифт. Баҳона-аз номи военкомат. Лекин маълум нест, ки чӣ қадарро воқеан ба военкомат дод ва чӣ қадарро ба кисаи худаш андохт. Худо медонад.

Имсол ҳам ҳамин ҳамсояи бечораро бо чанд корманди военкомат «номнавис» кард. Модараш дар гиряву изтироб монд…

                                  Хуросон

Салом алайкум устод. Ҳозир барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» №271-ро тамошо доштам дар «Ислоҳ»-дар бораи сардори шуъбаи маорифи Хуросон.

Номаш Исроил Қурбонов аст. Як алкаш ва бесавод. Як сол пеш директори мактаби Будиёни буд. Вақте ки Умед Каримзода, бачаи тағояш, муовини аввали Прокурори генералӣ шуд, баъди чанд моҳ ҳамин Исроилро сардори шуъбаи маорифи Хуросон гузоштанд.

Чанд маротиба комиссия ӯро дар ҳолати мастӣ гирифта буд, вақте директор буд. Ҳатто дар мактаб дар ҳолати мастӣ дастгир карда буданд, лекин ҳар дафъа Умед Каримзода ҷони ӯро мехарид.

Ин Қурбонов Исроилро ҳама мешиносанд: як алкаши аҳмақ ва бесавод аст. Агар пуштибонии тағояш-Умед Каримзода намебуд, ӯ ягон рӯз ба чунин вазифа намерасид.

Худи Умед Каримзода-муовини якуми Прокурори генералӣ-як беномус аст. Чандин рафиқони сарватмандашро хело истифода карда. Барои вазифа гирифтани худ ҳатто худро дар пропискаи Данғара сабт кард, гарчанде аслан дар Уялии, ноҳияи Хуросон калон шудааст. Падараш аз Норак омада буд ба Хуросон.

Додараш як вақт дар военкомати ҷамоати Айнии Уяли кор мекард. Коррупсия ӯро дастгир кард, аммо пас аз ду рӯз Умед акааш ӯро озод кард. Баъди чанд моҳ бекор гашт, вале сипас ҳамин Хотам Каримов раиси ҷамоати С. Айнии Уялӣ таъин шуд.

Дар вақти раиси ҷамоат буданаш Ҳотам Каримов бо муовинонаш Абдулло Гурбатиро латукӯб карда буд. Як одами бисёр бадахлоқ буд. Бовар мекунед: раиси ҷамоат буд, вале рӯзҳои дароз бо як зан, ки Соҳиба ном дошт, арақ нӯшида мегашт.

Боз як чиз: додари Исроил Қурбонов-Аскар Қурбонов — аз бисёр одамон пул гирифта, онҳоро фиреб дода буд. Вақте ки мардум ба коррупсия шикоят карданд, Умед Каримзода ӯро соли 2021 ба Русия гурезонд ва кору борашро тенҷ карда баргардонд.

                             Истаравшан

Асалому алайкум, Домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Саратон дард набинад. Нома аз шаҳри Истаравшан аст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.

Яке аз ҳаромхурони ҷамоати деҳоти «Сабристон», деҳаи Рӯгундро мехоҳам ошкор кунам. Ин шахс бо номи Кодиров Абдуқулӣ, ки бисёриҳо ӯро «Кулӣ» мешиносанд, муаллим будааст-омӯзгори фанни химия ва биология дар мактаби ҳамин деҳа кор мекард.

Ҳангоми директор будани ӯ, як калавури мактаб бо номи Собит, ки ҳамдеҳааш буд, мавриди таҳқир ва фишор қарор гирифт. Абдуқулӣ ӯро таҳдид кард, ки «дари мактабро ту дуздидаӣ». Собит, ки одами камбизоат буд, аз тарси ҷон ва аз бенавоӣ худро ба дарахти чормағзи ҳавлии мактаб овехт ва ҷони худро аз даст дод. Пагоҳӣ муаллимон ва талабагон ба мактаб омада, диданд, ки ӯ худро дор задааст. Собит аз ҳисоби камбағалӣ ва беодамӣ худро ба дор овехтухудкушӣ кард. Худо дурӯғгӯям накунад: ду писар ва як-ду духтари хурдсол дошт.

Кодиров Абдуқулӣ баъд аз он ҳам харомхуриашро идома дод. Барои «кришаи мактаб» пул ҷамъ кард, вале ҳангоми иваз кардани бом чӯбҳоро дуздид. Аз берун, агар назар кунӣ, ҳама балкаҳо ҳастанд, вале аз дохил баромада бинед холӣ. Як қисми балкаҳоро бурида, танҳо яктоашро ба ҷой гузошт, боқимондаро ба хонааш бурда истифода кард.

Баъдан аз вазифаи директорӣ ба ҷамоат гузашт ва ҳамчун агроном корро сар кард. Аз тарафи давлат барои деҳқонҳо селитра, карбамид ва доруҳои мубориза бо ҳашарот меомаданд. Ӯ қисмати камашро ба хешу табораш медод, боқимондаашро ба боғу токзори худаш мебурд.

Як рӯз як ҳамкорам гуфт: «Ҳамроҳам биё ба боғи Абдуқулӣ равем.» Рафтем. Боғу токҳояшро дидам: тақрибан 3 ё 4 гектар замини «президентӣ»-ро аз они худ кардааст. Ба ҳамкорам гуфтам: «Камбағал бечора галаву чорвояшро куҷо мечаронад, вақте ин ҳама заминро ишғол кардаанд?» Ҳамкорам гуфт: «Ин камаш аст, бисёр заминҳои дигар ҳам дорад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш сохтакорӣ аст.»

Пасон Кодиров Абдуқулӣ ҳатто бо додани пули хуб раиси танзими шаҳри Истаравшан шуд ва боз ҳам харомхуриашро давом дод. Дере нагузашта ӯро барои порагирӣ дастгир карданд ва чанд вақт ба кор наомад. Ҳоло бошад, боз ҳамчун корманди танзим фаъолият «ғорат» дорад.

Дар ҳалқаи дӯстонаш гуфтааст: «Каме мондааст, ки ман раиси ҷамоат шавам доляро алакай додагӣ» такаббуркунон сухан меронад.

Ман пайгирӣ мекунам: кани бинем, ки аз болои чунин ҳаромхурон ягон мақомот воқеан кор мекунад ё на.

Share This Article