Ба назар мерсад, ки Раҳмонов дар рӯ, дар маҷлисҳо дигар хел гап мезанаду аммо дар асл бошад кори дигар мекунад. Фармон содир кард, ки ба тафтишу санҷишҳои соҳибкорон барои ду сол моратрория эълон кард. Аммо ин фармон дар маҳалҳо риоят намешавад ва ҳамоно тамоми идораҳои давлатӣ санҷишу тафтишҳоро сахттар мекунанд. Албатта, сабаби ин маълум аст. Сабаб шароити фарох додан барои идораҳои тафтишкунанда, ки чи хеле мехоҳанд аз мардум пул кананд ва фақат инки ҳукумати вай бақо пайдо кунад. Номаи зер ба ҳамин масъла ва мавзуъ бахшида шудааст:
Қабодиён
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мехоҳам яке аз 1001 ҷинояти ноҳияи Қабодиёнро бигуям. Мо соҳибкоронро азоб медиҳанд, махсусан узбекҳоро. Узбекҳо дар ин ҷо зиёданд, узбекҳое, ки забонро намедонанд. Дарду даъвои онҳоро касе гуфта наметавонад. Онҳо аз мо чи тавре, ки хоҳанд, истифода мебаранд. Моро хубу ором зиндагӣ кардан намемонанд. Ба коргарони ин давлат танҳо доля-пул лозим аст. Аз хурдтарин то ба коргари калонтарин доля додан даркор аст. Ҳоло моро бо протокол тахдид мекунанд, ки молро аз магазин баровардан ва дар берун фурӯхтан мумкин нест.
Дар участкаи Утақара Назаров участковийи мо Субҳон ном дорад. Фамилияашро намедонам. Азоб дода истодааст. Ба соҳибкорон рӯирост мегуяд, ки агар ба ман як сум надиҳед, ман протокол мекунам ва воҳима мекунад. Бо сардор милится таҳдид мекунад. Мегуяд, ки агар документ кардаму ба пеши сардор меравӣ боз сахт мешавад. Ҳоло як соҳибкор бародари манро рӯзи 29 май ба суд кашид ва 15 рӯз зиндонӣ кард. Агар ба участкавой доля намедиҳӣ дарҳол протокол мекунад. Агар касе доля додагӣ бошад, ҷонаш халос, ба вай кордор намешавад, молаш дар берун аст ё дар кӯча аст, фарқаш нест, иҷозат аст ки савдо кунад. Ин корҳои аблаҳиву аҳмақӣ дар Қабодиён кай тамом мешавад?
Айни замон 17 соҳибкорро дар Қабодиён зиндон кардааст ба 15 суткагӣ. Барои онки ҳамаи онҳо ба участковий ва сардори милиса пул -доля надоданд.
Участковий Субҳон барои иҷозати туй аз 3000 то 5000 сомонӣ мепурсад. Ва ин ҳам кам. Агар дигар даромадҳои участкавойро ба шумо гуям як дафтар пур мешавад. Ҳама инҳо пиёда ба участкаи мо меоянд аммо аз инҷо бо «Лексус» мераванд. Халқ инро дида истодааст. Фикр накунед, ки мардум куру каранд, намефаҳманд. Баъди ин амалҳо, ки бизнес кардан мехоҳад. Ҳозир дар деҳаи мо якто гап аст ки ин магазинчиро зиндонӣ кард. Мардум тарсидагианд. Баъди ин амалҳо, ки мехоҳад бизнес кардан. Ҳамааш албатта Русия меравад, чурка мешаванд. Инҷо деҳа бошад. Барои чи ба берун баровардан мумкин нест. Инҷо шаҳр нест, ку охир, ки намуди шаҳр безеб мешавад гӯянд. Ё чаро ба дигар соҳибкорон мумкин аст. Медонед барои чӣ? Барои онки аз онҳо доляашро гирифтагӣ аст.
Ҳоло барои соҳибкорон осон нест, конкуренсия хеле зиёд аст, даромад хеле кам мемонад. Мо ҳам аз ин Русия хаста шудем. Барои ҳамин ҳам ин мағозаро кушода, фаъолият мекардем, ки дар наздикии оила зиндагӣ кунем. Одам боз холӣ намемонад.
Русия низ сол то сол сахттар мешавад. Аммо Субҳони участкавой бошад, хоҳ каси дигар ба онҳо танҳо пул- доля лозим аст. Аз андоз меоянд, пул медиҳед. Ба сардори милиция пул медиҳед, ба стандарти давлатӣ пул медиҳед, ба кумитаи озуқаворӣ пул медиҳед, ба санэпидемстансия пул медиҳед, ба обуна пул медиҳед, ба свет пул медиҳед, ба пожарний пул медиҳед, ба участковий пул медихед. Боз аз Бохтар, аз андоз омада пул мепурсанд. Ба ҳама пул медиҳеду ба худат як тин монад ё не. Агар гап занем, гап бисёр аст.
Илтимос мекунам аз прокурори Қабодиён, аз прокурори Бохтар ва аз Прокурори генаралии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода як назар ба Қабодиён кунед. Қабодиён ҳам ба чанд район ҷудо шуд. Аммо узбекҳо намедонанд ба кӣ шикоят ва нолаву фарёд кунанд.
Ман инҷо аз ҳазору як ҷинояти Қабодиён якешро гуфтам. Бародар Муҳаммадиқбол, раҳмат ба шумо, ки ин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ташкил кардед ва арзу шикояти моро ба мақомдорон мерасонед.
Панҷ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ҳамон нафареам, ки аз Панҷ ба шумо нома менависад. Дар Панҷ, намедонам, чи мушкилот дошта бошанд, ки ҳама сохторҳо тоҷирону савдогарҳоро аз андоза зиёд ғам дода истодаанд.
Як мулло имоми масҷид аст. Ҳамроҳи бузи началники милиса Шамсуллозода Баҳром дар ҳамон тарафҳои Панҷ чандин гектарро ҷаву гандум коридааст. Мегуянд дар сӣ гектар. Ҳамроҳаш лаганбардори карда мегардад. Як сағераи ёш аст, мулло имоми беимон аст. Шунидем, ки ин началник дафъ мешудааст аз Панҷ. Ҳоло дар Хуҷанд аст ҳамроҳ бо одамони гирду атрофаш гумашон краданд. Ӯро барои кори Маҳмадсаид гумаш карданд. Дақиқан ончи шумо навиштеду дар борааш барнома карда будед, хело таъсири хуб дошт он барнома. Лекин гуфтааст, ки маро аз боло фармон доданд. Боз гуфтааст, ки нав ҷойи зӯри рӯғанӣ омадам.
Подполковник Табаров Давлатшо ҳам дар Панҷ замначалник буд. Понздаҳ сол кор кард. Ҳамаашонро аз инҷо ҷавоб доданд. Боз дигарҳояшон омаданд. Инҳо аз пешинаҳояшон бадтар кор карда истодаанд.
Як нафар бо номи Комрон сардори ГАИ буд. Ҳозир замначалник шудааст, дар ҷои Табаров Давлатшо . Мардуми савдогар, бозоракиҳо-морожнифуруш, кампот, меваву помидорфурушҳоро аз бари роҳ берун карда истодааст. Болои мо бениҳоят зулми бад аст. ГАИҳо, ку чи хеле форад бархурд карда истодаанд бо мардум.
Нафари дигар Ҷамшед аз колхози Дружина, гуфта буданд, ки мард аст. Аммо ин ҳам ғам дода истодааст
Ҷамшед гуфтааст ман як ҳамкурсам ба Шорух Саидзода наздик аст, то любой мақомот чапа кардагиам «каседа занг мезанен пажалуст», иншаалоҳ сартона ҳаматон мехрен.
Колхози Правдаро дируз бо камераи бо пулт сиёмка карданд, чи подозрение будааст. Гуфтанд, ки гуё аз он пара чор нафар гузашта бошад ба ин тарафи Панҷ.
Э, мардум ин қадар тарсуи бад нашавед. Ҳақро гап занед. Як хелатон сахт мунофиқед. Гапҳои ҳақро медонед, ки ҳақ аст, аммо шумо бараксашро мегуед.
Аз инҳо не, аз Аллоҳ битарсед.
То ҳозира заминҳоямонро ҷуфт ва чапагардон карда истоданд:
«Рӯзи ҷумъа Калелин, тарафи Бедак рушқаи як одама вақти драваш расида буд айз ҷамоат рафтаст фармонай гуфта ҷуфтш кун телфонша бровардаст одами ҷамоат гапои соҳиби замина запис кардаст. Гапша нагирифтас. Гуфтаст ман налоги заминма меспорм чи фарқ дора чи мекорм. Дарав прокуратураву амниятро занг задаст. Рафт прокурор сари заминш ҷф кард заминша бо зурӣ ва таҳдид. Боз чор ҳазор сомон дар банк ҷарима бурд спорид. 15 рӯз махкамаш ҳам карданд. Ина беимонии сагҳои Раҳмонов, ина адолат. Бисерай гапо, намедонӣ кадом ҷиноятҳои ин дуздонро нависем. Устоди гиромӣ ҳамина нашр кун дар барномат».
Ҷалолиддини Балхӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Нома аз ҷамоати Навободи Ҷалолиддини балхӣ. Аввал аз боло сар мекунам.
Вақте хуштоманаш-Ӯзбакбӣ мурд (хуштомани Эмомалӣ Раҳмон, модари Азизмои газетхонак ва Ҳасани ишкамба) он рӯз шанбе буд. Дар пушти хонаи Хайрулло бозор воқеъ аст, ки рӯзи шанбеву якшанбе кор мекард. Он рӯз бозорро руст карданд. Баъд Қурғонтеппа, Бохтари имрӯза рафтем. Солдатҳои бисёр, дар 20 метрӣ, аммо ҳама ташнаву гурусна. Кампир то мурданаш пул мегирифт. Болои Аҳмад бозор саҳар бозор буд, чекро кампир мегирифт. Шофераш Фарҳод Тойота Раф-4 сиёҳ дошт, бачаи акаи Шермат. Инҳо авлодан дар хизмати ҳамонанд. Фарҳод ба ҷаноза рафта ҳар кадомеашро отделно овард. Яъне Тахмина, яъне Озод ва ҳамин тавр далше. Худашон аз якҷоя омадан метарсанд, якҷоя намеоянд. Ин Фарҳодашон ҳозирам дар хизмати ҳамонҳо аст. Фарҳод амакиҳо ва отаааш дар хизмати ҳамонҳоанд. Отаи Фарҳод, ҳамон номард бошаму зинда бошам дар хизмати онҳо. Дар Колхозобод дида будам. Фарҳоду амакиҳояш, Хайрулло, Амруло, ҳоҷӣ Амирулло ҳамаҳама дар хизмати онҳо.
Вақте Шамсуллои акаи Исмати дулик дар район милиса шуда омад, ҳамаро фанд карда заминҳои назди ҳавлигии мардуми гурӯҳи ғармиҳои Правда ва боз аз районро гирифт. Бачааш синфҳои 9 ё 10 буд. Саҳар дар худи Чапаев як одамро зад пояш парид. Бачааш Хисрав ба гардан гирифт. Ҷамшед ном дорад. Зиндон шуд ё нашуд дар ёдам нест. Вақте шунидем Шамс бачааш аз лестниса тела кардааст. Касали қанд доштааст. Хуллас мурд. Пул додагиҳо ба ҷанозааш омаданд ва хостан даъво кунад, яъне қарздоронаш.
Аммо эшони Ҳикмат сархатиби район нахост гап занад, ки аз касе қарздор аст- «ина бачаҳош гуфт ва намоза сар кард» Баччае, ки оташа аз леснитса тела дода мекушад қарзи вайро медиҳад?
Хулоса чанд кас меояд ба сари қарз. Бачааш мегуяд «бра да гур аст, биги пулта ма намешносам». Сағираҳояшро соз намешиносам. Яке аз онҳо корманди уголовний розиски район буд, Ҷамшед мегуяндаш.
Чанд соли пеш раиси ҷамоат Ҷамол буд. Ба ягон кас бадиашро надидаем, то ҳоло раҳмат мегуянд. Аз раиси ҳозира сад бор соз буд. Баъд дар ин миён чанд нафари дигар раиси ҷамоат шуд, ёд надорам. Боз як нафар шуд, ки кличкааш Путин буд.
Ббисёр ҳаромхурӣ кард. Он солҳо мо майда будем. Баъд раиси ҷамоати Навобод Саидмурод Камолзода шуд кино ҳам сар шуд. Вай 1976 ё 77 ё 78 ба дунё омадааст, бесавод аст. Боҷаи раис ҳоҷӣ Раҳматуллои амаки духтарон-бародари Азизмои газетхонак аст. Ҳама гуна корҳои зиштро кард, ба қавле ҳама г..ҳа хурд. Ҳатто муйсафедҳоро ҳақорат мекард. Яке одами ришдора медид дар роҳ тамом. Гапи даҳанаш Ҷаноб, ҷаноби ин хел гуфт, ҷаноб он хел гуфт. Бо мошин бошӣ ҳамаи документҳоятро мегирад. Як моҳ медавонад. Мегуяд сунати паёмабар даркор нест. «Нам толко Ҷаноб». Ин ҳароми мерафту узбекҳоро бисёр ғам медод. Деҳаи Навобод, Каленин, суни Андрей, Комсомол, Пушкин намерафт. Барои онки занҳои Андрей бо талабаҳои мактаб бо шохин дар пушти сараш зада кафондагианд.
Бояд аз кор меирифтанд. Аммо туалети Раҳматуллоро тоза карда зора кард, ки аз вазифа нагирандаш.
Дар ҷамоат як зани пир Азизахонум кор мекард. Саидмурод Камолзода мегашт сарбории вай шуда шикамашро сер карда. Ин зан аз кор рафт вале Камолзода боз зора карда овард.
Як вақт дар ҷамоат будем, ки шаҳу арус барои барои ЗАГС омаданд.
Яке омад дид арӯс бо ҳиҷоб аст. Тарафи онҳо бо ваҳшат ва садои баланд таҳдид кард: «чи мекови иҷа тез бра мумкин нест». Ин зани гандапир 60 сола бола аст. Боз бо говкала сурат гирифтааст. Ин ду мочахар ва нархар дар ҳама қишлоқ бузҳои худро доранд.
Занҳои Калинин мегуянд, ки акаи Тошбой раис деҳа буд, беҳад одами хуб буд. Вақте бузҳои деҳа ба ҷамоат хабар мекашанд раис акаи Тошбойро мепурсад мегуяд «ма бачаҳои ёша намешиносам». Вале даррав ба падари онҳо телефон карда мегуфт, бачаҳоятро пурсанд баҷо кун. Дид, ки ҳама бузу шуғол шудаанд, партофт рафт. Бачаҳояш фарёд карданду Самара бурданд. Вале баъди як сол бандагиро ба ҷо овард. Одами хубро раҳмат мегӯем ва дар ҳақаш дуо мекунем. Баъд боз як зани буз буд бо номи Сара. Вай ба облавчикҳо бачаҳоро хабар медод. Аммо бачаи дуввуми ин зан зуд ба он бача занг зада хабар медод, ки зудтар бигрез, ки «очам тра бзи кад».
Дар ҳоли ҳозир раиси деҳаи Каленин Баҳодур шайтон аст. Уро тамоми ноҳия мешиносад. Перемен паспорт мекунад, дар куча ба телефон барои паспорт сурат мегираду меорад. Бачаҳоро барои худаш буз кардааст. Касе аз Русия меояд, кай меравад хабар медиҳанд. Дар халқ свет нест аммо дар хонаи Баҳодур 24 соат ҳаст. По круги хонааш камера задагӣ. Сахт метарсад. Аз деҳа бояд 5 кас аскарӣ равад ,35 касро роҳӣ кард. 30 каси ҳаминро ба дигар ҷамоатҳо мефурушад. Ёрдамчии худаш Хидиров Саид, Сайкоро бурд отдел маҳкам кард. Бачааш аз Русия маҷбур омад, гирифт хизмат роҳӣ кард.
Ман дар Русияам. Пеш аз соли нав раҳакӣ будем, нархи билет қимат. 10 январ меравем гуфтем, аммо якуми январ бачаҳо гаштанд? Пурсидем чи гап аст? Гуфтанд, ки Баҳодур шайтон дар ҷамоат паспорт мегуяд, дигар тамом, боз нарафтам.
Шунавидам Саидмурод Камолзодаро аз раиси ҷамоат гирифтанд ва вай ба Ҷиликул рафтааст. Земламери ҷамоат Исмоил Назаров буд, раис шудааст. Падараш котиби ҷамоат кор мекард -9 ангушта. Исмоил дар аввал соз буд аммо вазифа гирифт дигар одам шудааст. Ҳозир касеро, ки бачааш дар сини хизмат аст бурда военкомати район маҳкам мекунад: «ё бачат мия ё то 10 ҳазор сомонӣ метӣ».
Дар Русия кор мекардем, якҷо бо бачаҳои деҳаи Навобод, яъне бригадаи1. Онҳо группа доштанд. 1сол пеш буд. Саидмурод Камолзода овоз партофт «бачаҳо ҳаракат кунед мактаба обод кунед, ман шумода стадион метим, ина 19 сентбр шид, кам мондааст, ҳаракат кунед бачаҳо. Ҳоло инки 19 август буд. Сахт бесавод буд. Медпункт аз нол, мактаб, аммо стадион нест гуфт раиси ҷамоат. Ҳар рӯз дар хонаи Фаёз шикам сер мекард, номард. Боз бачаҳои Фаёзро хизмат мебарам гуфт. Фаёз гуфт, ки «бачаи мара мебурдагира занша фалон мекунум. Ҳаромхури Саидмурод Камолзода рафт аз район, аз прокуратура овард. Аммо Фаёз ба Ҳукумов занг зад, тарсидан, ҳиҷоша хурда натавонистанд.
Гуфт дар ҳамаҷо буз пур аст. Масалан Сафармош, Гена, Хурсанд, Манон, Раъно, Бибиноз, Зиёев, аммо фамилияҳояшонро нагуфт, инҳо бузҳои ҷамоат ва мақомотанд.
Дар деҳа эшони Абдулмаҷид ҳаст, бисёр мутакаббир аст. Бачаҳо мошинашро бинанд, мегурезанд, кор мефармояд. БоТахмина кор мекунад. Эшон мойка меояд: «паданалат хушру бшув гуфта ҷанг мекунад». Намехоҳад 5 сомонӣ бидиҳад. Бачааш бошад бинад мегӯяд аз мошинат бензин гирифта деҳ, Мегӯӣ, ки гирифта намешавад. Руирост мегуяд, ки «ҳоли ту бе номри тра гаи да бтим». Дар ягон ҷанозаи деҳа намеояд. Аммо дар Андрей кудаки якрӯза мурад бомдодро дар ҳамонҷо мехонад
Ба район ҳеварои Озода омада буд. Онҷо замначи милиса ва прокурор ҳам буд. Муаллима мегуфтан. Аптекҳо даромада худаш медид. Як доруи срокаш гузашта ёбад то 30- 40 ҳазор сомонӣ мегирифт.
Ва ҳоло дар бораи бузҳои деҳаи Навобод, яъне бригадаи1 мегуям. Раиси маҳалла Бердиев Сафармош, хусурбачааш Турақулов Гулмурод, яъне Гена, бузи №1(Гена
ду сол пеш мурд) Бобошеров, Зиёев, Ғуломова Гулбӣ, Эшмуродов Хурсанд, Кушодова Раъно, Ғозиева Бибиноз, Кушодов Манон ҳам бузи пеши пеш аст.
Ҳар касе аз деҳа умра рафта меомад ҷамоат омада бе ҳиҷчи 400 сомонӣ то 600 сомониашро мегирифтанд. Ягон кас агар дар ягон ҷо мегуфт ман надодам Маннон бошад ҳамонҷо хабар медод, худи пагоҳ ҷамоат меомад ҳамон пиракии Азизро мегирифтанд .Бузи вафодори Азиза Бибиноз аст. Муаллими Гулмурод ҳам буз аст. Пеш аз Сафармош раиси маҳалла буд. Тую маъракаҳо меомаду мехурд, аммо боз ба танзим хабар медод. Сафармош, раиси маҳалла 57 -58 сола аст. Намоз намехонад. Вақти таровеҳ ҳама намозро сар мекунад аммо ин даромада аз дари дигарӣ талаба ҳаст гуфта мебарояд ва пагоҳ дар мактаб сар мекунад. Душмани дин аст. Дар деҳаашон ягон ҷаноза мешуд аз деҳаи мо акаи Тошбой мерафт меистод. Сафармош бошад намерафт, чунки намоз намехонад, изо мекашад.
Бачаҳои деҳа пул роҳӣ карданд барои ободии мактаб. Дар ахир баччаҳо учет-ҳисобот пурсиданд, учот намедод, кибр мекард. Сипас бачаҳо дар группа гуфтанд, ки вақте учот намедиҳад, дафъ шавад аз раисӣ. Баъд Сафармош отаҳоша занг зада «бачата бугу дар группа ҳарчи нага мара». Баччаҳо ба раиси ҷамоат Саидмурод Камолзода занг зада гуфтанд, ки Сафармошро аз раисии маҳалла бигир ва дар ҷояш дигар кас шавад ва бо мардуми деҳа кор кунад. Саидмурод Камолзода гуфт «мада тел самсунг с24 ройи кунед, нархаш 80ҳазор рубл». Пас гуфт, ки «ма задагиюм Сафармоша, шумо касеро хоҳен ҳаму мешавад».
Хуллас телефон роҳӣ накарданд. Баъд мо фаҳмидем, ки бузӣ, шайтонӣ, хизматҳои бепоён ҳамааш ба як телефон намеарзанд. Ҳоло ҳам Сафармош раиси маҳалла аст. Гуфт дар Русия ҳастем ва газон кор мекунем. Ман аз дарди деҳаи Калинин вай аз деҳаи Навобод гуфт. Ин ҷураам намедонад, ки ман ба «Ислоҳ» роҳӣ кардам.
Бародар ин гапу корҳо ба ёдам омад ҷобаҷо кардаму бароятон навистам .Ман хеле шуд, ки мебинам аз Чапаев ягон кас нанавишт. Куча мебароӣ талабаҳо дар телефон шуморо мебинанд. Баъд таҳти таассуроти барномаҳои шумо мегуянд, ки чоплусҳо ва президентро сахт шарманда карданд.
Ҳамин интернет шояд сабаби ривоҷи фисқу фасод мешавад аммо ҳоло барои мо фоида карда истодааст. Дар донишгоҳҳои мо мегуянд, ки Кабириро набинед, Муҳаммадиқболро тамошо накунед. Ҳар рӯз баччаҳо ҳайрон, ки кӣ бошанд инҳо ки намемонад тамошояшон намоем? Баъд сар мешавад тамошо кардан. Аз ҳама чиз зуд хабардор мешаванд.
Як нақли дигар. Баъди солҳои ҷанг Ислом- девона дар Чорбоғ Кушодов Маннонро манъ мекунад. Маннони бузи ҷамоат то ҳозир тракторҳои колхозро ҳай мекунад. Яъне тракторҳои Раҳматуллои додари Азизморо. Хуллас, Маннонро бо трактор Ислом девона манъ карда издиватса мекунад. Маннон заданӣ мешавад ва аз кашталаш мебардорад. Мебинад, ки пистолет дорад. Оҳиста сар медиҳад. Ислом -девона то сер шуданаш мезанаду баъд меравад. Як кас як чи мегуфт Ислом -девона рӯйи рост мепаронд мерафт. Ислом -девона аз соли 95 бо пистолет мегашт, пиён мошин ҳай мекард. 20 то зиёд кудаку ҷавону калонсолро бо мошин зада куштагӣ аст. Мошинашро манъ намекард. Ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта наметавонист. Мардум дуо мекард, ки бачат бимирад ва охир дуои халқ гирифту бачаи калониаш аварӣ карду мурд. 2 сол дар қишлоқ консерт карданӣ намемонд. Дар мактаби қишлоқ, дар ҷашни наврузӣ нав ҳофизҳо сар карда буданд, ки Ислом-девона омада ба осмон тир паронда директори мактабро зад, ҳофизҳоро ҳам зад. Мегуяд «бачаи ма мурдай консерт накунед». Аммо ҳозирҳо соз шудааст ҳоҷӣ Ислом. Салом медиҳӣ барои алейкат сараш ба рули мошинаш мерасад.
Бародар дар амони Худо бошӣ , ман ҳаминхел менависам узри зиёд.