Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№255

Ислоҳ нет

«ба ма архитектура ваъда кард ,ки ҳалуш мекунем, лекин ҳақшона мегиран ва ҳамара худшон ҳал мекунанд ва дар ин байн аз куҷо Муҳаммадиқбол пайдо шид? Ҳамаро Муҳаммадиқбол каша карду партофт, кори архитектураро қати кумитаи замин қинтар кард, амама дар бало монд қариб».

Шумораи имрӯзаи барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ин бор низ пурра ба як ноҳия, ноҳияи Вахш, Вахши файзбахш бахшидем. «Вахши  файзбахш» ибораи машҳуре аст, ки дар солҳои пеш, солҳои Тоҷикистони советӣ зиёд истифода мешуд ва дар ҳақиқат Вахш, агар ба ченакҳои имрӯзӣ бигирем аз ҳар лиҳоз худкифо ва пешсаф ба ҳисоб меомад. Навъи олии пахта-пахтаи маҳиннах маҳз дар ҳамин ноҳия рӯёнида мешуд.

Номаҳои барои ин шумора интихобнамудаи мо давоми мантиқии номаҳоеанд, ки дар шумораҳои пешинаи ин барнома махсус барои Вахш омода ва нашр намуда будем. Бале, аз ин шумора пештар ҳам чанд шумораи барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба мушкилоти ноҳияи Вахш ва ба фаъолиятҳои раиси ноҷунбону дарозумри он Қурбони бех бахшида шуда буд.

Дар ин шумора ҳам номаҳои тими ихтиёриёни «Ислоҳ» аз ин ноҳияро пешкаши хонандагони худ мекунем ва бо ин умед, ки мутолиа фармоеду бубинед, ки навиштаҳои мо, бахусус барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки бо расидагӣ ва ифшои воқеиятҳо вориди хонадони ҳар як шумо шудааст, ҳамкорӣ бо «Ислоҳ»-ро идома хоҳед дод.

                                 Вахш

                                  Номаи аввал

    Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Илтимос ин номаи маро қабул кунед. Пас аз нашри «Падари номаҳо» ва дигар номаҳо дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз Вахш чандин кас норозӣ ва ошуфта шуд. Чунки шумо ҳамаро бидуни рӯихотирбинӣ ошкор кардед ва дуздии онҳо ва алик маликашонро гуфтед. Аҳсан бародар. Аммо гап ин ҷо меравад, ки инҳо, як қисмашон ислоҳ нашуданд ва намехоҳанд ислоҳ шаванд.

 Масалан шумо дар барномаи «Номаҳо…» №219 нисбати заминфурушӣ аз ҷониби Файзулло ва Темур гуфта будед. Аммо ин кор ба шиддат дар ноҳияи Вахш авҷ гирифт ва бачай Файзулло бо Темур дар маркази ноҳия ҷанг карданду каштал ба каштал шуданд. Инаш тарафи онаш «ту мара дар Ютуб партофтӣ гуфта ҷанг карданд». Дар ҳақиқат шумо гуноҳҳои ҳардуяшро чанд бор нашр кардед, ҳам аз Темур ро ва ҳам аз Файзуллоро. Ман пурсидам бачаи Файзуллоро. Ба ман гуфт мо заминро тибқи қонун фурухтем, он замин нест, он хона аст. Бале,сад дар сад рост гуфт.

  Темур бошад аз деҳаи Дустӣ, аз колхози мо, аз ҷои мо аст. Инро ҳам пурсидам. Темур дар круги худашон бачаҳоро гуфт, ки ман надонистам, ки кор ин қадар каша мешавад. Кошки ҳамон вақт аз дигар ҷо замини апаамро мегирифтам, на ин ки ин замини ҳуҷҷатшудагиро: «ба ма архитектура ваъда кард, ки ҳалуш мекунем, лекин ҳақшона мегиран ва ҳамара худшон ҳал мекунанд ва дар ин байн аз куҷо Муҳаммадиқбол пайдо шид? Ҳамаро Муҳаммадиқбол каша карду партофт, кори архитектураро қати кумитаи замин қинтар кард, амама дар бало монд қариб».

 Чунки аммааш яке аз ҳаромхури ашаддӣ аст ки дар Кумитаи замин кор мекунад, яъне ҳамон Бозоргул ва Кумитаи архитектура Тағоев Фарҳод ва дигаронаш ваъдаи ҷиддӣ кардаанд, ки корро бо манфиати ту ҳал мекунем: «чунки мо пула гирифтем ва ҳамаи ҳуҷҷат дар сари мо». Ин суханҳоро корманди архитектура Тағоев Фарҳод бо командааш гуфтааст. Ҳамроҳи Кумитаи замин ба Темур гуфтаанд, ки (бодиққат бошед бинандагон) «хап кунен, камтар кор тишуна шава, чунки ҳамара Муҳаммадиқболи Садриддин ҷазир кард. Ҳами, ки кор тинҷ шид ҳалуш мекунем, кори ту будай қариб» ва ба Темур гуфтаанд, ки «кумитаи архитектура бра клента бугу, яне заминхарро, ки дар замин оли сохтумон накуна, ҳамон хонай вайронара барои ҳуҷҷат кардан самазахват сохта буд, амура ремонт куна бдроя мода кор осон шавад ва 25 ҳазори дигашам биги биё, мондагиш 15 ҳазор бад мегирем». Хулоса инки ҳамагӣ он замини ҳуҷҷатшудагиро дар 120 ҳазор сомонӣ фурухтанд: 80 ҳазорашро пешакӣ Эшони Темур гирифта буд, ки ин фактҳоро шумо домулло дар барномаи «Номаҳои 219» нашр кардед.  Акнун бинед шумо нотарсиро ва беқонунӣ дар ин ноҳияро. Беҳуда ин ноҳияро 13-й район намегӯянд. Чунки инҷо на прокуратура кор мекунад, на суд ва на амният дар ин ноҳия, дар замини ҳуҷҷат шудагӣ бо МБТИ тибқи қонун бо нотариуси давлатӣ. Аммо давлат комилан фарсуда ва аслан задагиан қонунро якҷо бо қонунбарор: «дар ин давлат ту таға дорӣ кор ҳалай ё ки пула бтен корта ҳал мекунанд».

 Барои ҳамин ягона кор сарнагун кардан диктатор Раҳмонов аст. Баъд кори мардуми оддӣ тибқи қонун ҳал мешавад.

                                     Номаи дуввум

 Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Шумо номаи маро дар «Падари номаҳо» ҷой дода нашр кардед, ки он нисбати хусурбачаҳои Раҳмонов суҳбат мекард. Чи хел гуфта будам, ки ҳоҷӣ Амруллоҳ дар минтақаи дурдасти ноҳия Вахш дараву пуштаҳоро окоп канда тақсим карда буд ва дар ин заминҳои окопканда бо пардохти пул мо гову моламонро бо сад азоб мечарондем. Пештар, то омодани хусурбачаҳои Раҳмонов ва ин авлоди нодидааш ин хел набуд, азоб набуд. Инҳо омаданду ҷои моро касратӣ зад. Баъд аз нашри «Падари номаҳо» ин хусурбачаи Раҳмонов ба тамоми ин минтақа гову моламонро чаронданӣ намонд, чунки қаҳраш кардааст ва гуфт руирост, ки ҳеҷ кас дигар намечаронад ва мардуми гову молдорро гуфтанд, бо воситаи одамонаш яъне чоплусонаш, ки ҳамаатон гову молатонро биёред ба мо бифурушед. Ва ин авлоди Раҳмонов бисёртар моли майдаро мегирад, боз ҷудо карда беҳтарин молҳоро бо нархи арзон мехаранд. Дар ин оила тамоман инсоф нест. Чунон бераҳманд, ки мо чанд солаҳо дар ин минтақа зиндагӣ мекунем, ба куҷо равем, намедонем ва ба куҷо арзу шикоят кунем, намедонем. Чунки ҳамаро инҳо монополия карда гирифтаанд. Хоҳиш мекунам, домулло Муҳаммадиқбол, ҳарфи моро қабул кунед бори дигар дар ин масала таъкид кунед,то инсоф кунанд камтар.  

                                           Номаи севвум 

Ассалом алейкум Муҳаммадиқбол. Шумо воқеан хизмати бузург кардед дар ин кишвар. Ҳамчунин дар ин ноҳияи холӣ аз раҳму шафқат ва пур аз беадолатию беинсофии мақомоти дузду коррупсионери ноҳияи Вахш-13-й район.

   Аҳсан ба шабакаи Ислоҳ. Мо миннатдорем аз шумо. Худо ҳамаи наҳзатиҳоро нигаҳбон бошад.
Акнун мегузарем сари мавзуъ. Пас аз нашри мақолаи «Императори Вахш» Қурбони бех сахт дар хашму ғазаб ва норозӣ буд. Аммо сир фош намекард. Чунки ҳамаи гапҳоятон бо далелу ҳуҷҷат ва рост буд. Ин императори худкома дарав бо командааш боғи ноҳияи Вахшро туфу клей ва нимкола карда ҳуй карданд, бо бозичаҳову ҳойталаки замонавӣ. Гуё пас аз ҳуй кардан мардум аз хурсандӣ омаданд ба сайру тамошо. Лекин дар ин боғи нимкола карда аз лодкаҳо як ноболиғ синфи 8-9 аз кучаиТелмани пештара ғалтид ва маъюби якумра шуд. Чунки назоратчии соз нест. Ин аст саршавии кори боғи соз кардаи императори Вахш.

 Ва дар ноҳия Қурбони бех кур-курона ба мактабу садикҳо одам равон карда гуё, ки назорат мекунад. Лекин дар асл обу нони мактабу садикҳоро дуздида мефурушанд. Аз ин корҳо ин императори худкома бо прокуратура сад дарсад бохабар аст. Чунки фоида ба кисаашон меравад. Аммо инро ба шумо қариб, ки ҳеҷ кас намегуяд. Ин аст яке аз дуздии нони мактабу кудакон.

                                      Номаи чаҳорум
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол. Ман барномаи номаҳои шуморо тамошо кардам нисбати заминфурушӣ дар ноҳияи Вахш. Ман ҳамчун зан –модар ба шумо мегуям, ки ин корҳо, ин заминҳои обиро фурухтанд ва фурухта истодаанд сад дар сад рост аст. Лекин ба шумо қариб, ки фақат аз маркази ноҳия мегуянду менависанд. Дар ҳақиқат бошад дар тамоми минтақаи Вахш замин фурушӣ дар авҷи аъло идома дорад. Масалан дар минтақаи Киров -2 ва Киров 3. Дар Киров -3  бошад, фанду фиреб кардани мардум аз ҷониби раиси ҷамоъати пештара ва аз ҷониби архитектураву кумитаи замин хеле зиёд аст. Беадолатӣ нисбати мардуми оддӣ ва мардуми бесавод. Чунки медонанд арзу шикоят фоида надорад. Ин арзу шикоятҳоро мардум чанд борҳо карданд аммо РЕЗУЛТАТ нест ва намешавад. Чунки бо мақоли мардумӣ гап занем «об ай боло лой аст». Яъне ҳамаашро кришават худи Ҷаноб мекунад. Масалан раиси кумитаи архитектура аз ҳамин Кирови 3-и мо аст. Медонад ва мебинад, лекин кришааш сахт бақувват аст. Чунки тағояш  дар суд кор мекунад. Барои ҳамин аз кор намегирандаш. Ҳатто заминҳои ҷамоъатро фурӯхтанд. Ин даҳшат аст, бовар кунед бародар. Дар ин ноҳия чунон ва чунон бе адолатӣ аст, ки агар китоб бинависӣ чанд муҷаллад мешавад. Қурбони бех ошкоро гуфтааст: «Шумо мара аз ҷом ҷумонда наметонен, прокурори генералӣ холабачам, Апаи Азизмо кришам ва хусурбачаҳоша забонкутоҳ кадагиям. Чизе ма мехурум инҳо катиманд.Худтон фикр кунен чикорам мекунанд?»

                                   Номаи панҷум

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Аз корҳои шумо мо хеле розӣ ва хурсанд ҳастем. Пас аз нашри номаҳо дар бораи Вахш дар ин 70 гектара ё ки Дуканала, бовар кунед, мардум хеле ҳолашон  хуш шуд, натиҷаи беҳтар аст. Масалан пас аз нашри мақола ва видё дигар дар рӯз моҳизанҳо бо барқ қариб, ки несту нобуд шуданд, фақат шабона кур- курона бо эҳтиёт мезананд. Кам ҳам бошад таъсири номаҳо шуруъ шудааст. Худоро шукр ин натиҷа аст.
Раисаи маҳалла бошад, муаллимаи Сафаргул, коргари маъориф, гиря карда гаштаст. Мегӯяд, ки «коми мара дар ютуб партофтиян, ҳатто ай ҷой кор занг зада гуфтан, ки ту звездаи ютуб шидай». Агане хуб медонад,ки нашр кардааст ва дар куҷо нашр шудааст , номтона гирифтанда метарсад. Ҳозир дар Вахш аз КДАМ? Прокуратура дуздҳои ноҳия наметарсанд вале аз «Ислоҳ» сахт метарсанд. Ин натиҷаи корҳои «Ислоҳ» аст. Бовар кунед, ки сахт қаҳраш кардааст. Аммо ягон амал намекунад, мактаб мондааст носохта. Халқ ба умеди давлат, аммо давлат задагӣ халқро. Столбаҳо ночаспонда мондааст.

Бовар кунед гирд ба гирди ин деҳаи калон ҳама пури мусор аст. Худаш одами маориф, одами давлат аст, аммо ҳар рӯз ба болои мусорҳо кор меравад ва ба болои мусорҳо аз кор ба хонааш бармегардад.
Мегуӣ, ки дар Бангладеш зиндагонӣ дорем. Ҳамаи ин корҳо, ин проблемаҳо мондагӣ. Ин раиса бо чоплусакҳояш бо мардони занаксифати ғайбатчӣ гаштааст, номанависро кофта истодаанд. Лекин ин раисаи маҳалла на ислоҳ мешавад, на ҷоро холӣ мекунад ва на корро пеш мебарад. Мо ҳамаи корҳояшро назорат дорем ва ҳамаашро сабт кардаистодаем ва ҳатман аз натиҷаҳое мешаванд ба «Ислоҳ» менависем. Мо нав роҳи ислоҳи инҳоро пайдо кардаем дигар Худоро шукр.

                                     Номаи шашум

    Ассалому алейкум Муҳаммадиқболи Садриддин. Илтимос ин номаи дардноки маро ва моро қабул кунед. Чунки бесоҳибӣ дар ин ноҳияи Вахш авҷ мегирад. Ман сокини ноҳияи Вахш ҷамоъати шаҳрак ҳастам, шавҳарам дар Русия аст. Дарди мо чунин аст. Чанд вақт аст ки моро аз ҳукумат омада огоҳ ва угражат ҳам карда рафта истодаанд. Ҳукуматиҳо шахсан аз номи раиси ноҳия омада тез -тез огоҳ карда истодаанд, ки хонаҳои шумо дар генплан даромадагӣ аст, шумо хонаҳоятонро холӣ кунеду равед. Дар ивазаш сари ҳар хонае 100 ҳазор сомонӣ ё ки 10 ҳазор доллар пардохт мекунем. Аммо мардум на ҳама розӣ шуд. Боз омада гуфтанд, ки «форатон ҳами на форатон ҳам ҳамин» Дар байни мардум боз норизогии калон шуда истодааст. Чунки хонаҳо камтаринаш, ки бетаъмир аст аз 125-130 ҳазор сомонӣ сар мешавад, қиматаш то 250-300 ҳазор сомонӣ боло ҳам ҳаст, нарх аз таъмир вобаста аст. Ин одамони Қурбони бех бошад омада дидаву дониста тамоман пули ночиз пешниҳод доранд ва ҳатто угрожат ҳам кардаистодаанд. Охир инҳо кормандони мақомот нестанд, инҳо мафия ҳастанд. Мафияи Пешвои миллат.

  Чи хеле қайд кардем, баъд аз онки мардум боз садо баланд карданд ва гуфтанд, ки ин пул кам аст, пас аз он одамони Қурбони бех омада ставкаро бардоштанд. Диданд, ки нашуд храп зада аз 140- то 150 ҳазор карданд. Ба як гуфте ин ҳамааш барои як ҳуҷрагӣ аст. Дар ин байн домҳои 2 этажа ҳам ҳаст ва дар ин 2-этажаҳо аз як ҳуҷрагӣ то 3-ҳуҷрагӣ ҳаст. Одамони Қурбони бех охирон дафъа омада гуфта буданд, ки пас аз ид омада яку якбора ҳамаашро маслиҳат мекунем. Мо ба ҳар ҳол аз корҳои инҳо розӣ нестем.

Якум: Ба ин пули тамоман ночиз, мо коре карда наметавонем, ҳатто таҳкурсӣ сохта намешавад.

 Дуввум: Ҳар ҷое Қурбони бех сохтумон дорад на сифати хуб дорад, на будшавии сохтумон дорад. Масалан дар Текстил Қурбони бех зиёда аз 10 сол шудааст, ки сохтумон дорад, аммо ҳеҷ нест, ки буд шавд. Ҳатто Ҷаноб чанд бор омада санги аввал монду рафт, лекин суроғ намекунад, ки чи шуд санги мондагиам.

 Сеюм:  Чаро заминҳои марказро фурӯхтанд, ҳатто заминҳои обиро ҳам фурӯхтанд ва то ҳол бо ҳамроҳи Бароти акааш-раиси собиқи ноҳияи Вахш фурӯхта истодааст. Мешуд, ки дар онҷо дом созанд.

 Чаҳорум:  Қурбони бех чунки аз инҷо манфиати калон ва махсусан калон ба даст меорад.Барои ҳамин ба манфиати худаш кор карда истодааст.

Илтимос бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол, номаи моро нашр кунед. Чунки мо ҷои дигари рафтану арзу шикоят карданро надорем. Чунки шахсан Қурбони бех бо ҷияну авлодаш ҳамаро ишғол карда гирифтаанд ва ҳамаи заминҳои собиқ колхози Москваро аз худ кардаанд. Мардуми он ҷоро хуни халақро макидаанду сер нашуданд, боз омада дар сентр қариб, ки ҳамаро монополя карда гирифтаанд. Мисли Девонаевҳо ва ҳама медонад дар ноҳияи Вахш кришаи Қурбони бех худи Ҷаноб аст. Ҳатто ҷиянҳояш ин корҳои авбошиву бандитиро баҷо намекунанду ошкоро ҳар ҷинояте хоҳанд анҷом медиҳанд ва аз ҳеҷ мақомоте тарс ҳам надоранд. Гуфти худшон,ки ҳама дар ихтиёршон ҳаст, ҳар коре хоҳанд мекунанд.

 Барои ҳамин ягона ба «Ислоҳ» фақат арзу шикоят мекунем. Чунки инҳо рости гап на аз Худо метарсанд, на аз қонун. Аммо аз шумо ва «Ислоҳ» сахт ҳарос доранд, бовар кунед мо дар инҷоем ва ҳамаро бо чашмонамон мебинем!

                                 Номаи ҳафтум
    Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман сокини ноҳияи Вахш ҳастам, аз колхози Москва, аз ҷой Қурбони бех. Ман як лақайбача ҳастам. Ба шумо чи гуфтанӣ ҳастам? Шумо ҷиноятҳои Қурбони бехро гуфта истодаед.

Лекин шумо бисёр чизро нисбати Қурбони бех намедонед. Дар барномаи Минбари муҳоҷир чанд бор гуфтед, ки мақомоти Раҳмонов мардумро ғорат ва зинову таҷовуз мекунад. Бале сад дар сад, ана ҳамин корро Қурбони бех кардаасту мекунад. Ман бо далелу ҳуҷҷат мегуям.

  Қурбони бех ҳамаи заминҳои колхози Москваро аз мардум бо зӯрӣ кашида гирифт, ки инро ҳама медонад ва дар ин заминҳо пахта мекоранд. Ба мардуми оддӣ пас аз коридани пахта ҷуякҳоро тақсим мекунанд, барои чобуқ. Чунки мардум илоҷи дигар надоранд. Дар вақти чобуқи пахта занҳо ва духтарҳо асосан якҷоя шуда меоянд. Як рӯз Қурбони бех омад сари замин, барои духтарҳоро ҳайбале гуӣ. Нохост як духтари хушруро дид. Воқеан хушру буд духтар. Лекин ин духтар шавҳар дошт, шавҳараш дар Русия буд. Қурбони бех коре карду бо ин духтари хушруи шавҳардор амали номашрӯъро анҷом дод. Шумо бинед ин даҳшатро ва айнан ҳамин корҳоро ҷиянҳояш, чандин бор бо занҳои шавҳардор карданду ҳоло ҳам озодона бе тарсу ҳарос мекунанд, ки аз ин корҳо бисёр одамҳо бохабаранд, ки Қурбони бех бо ҷиянҳояш ин хел ҷиноятҳои калон мекунанд, лекин метарсанд гап зананд, чунки Қурбони бех кришаш худи Ҷаноб аст.

Бародар Муҳаммадиқбол, ман ба шумо як чизи дигарро мегуям. Дар Тоҷикистон, ҳама медонад, ки ҷинояткори асосӣ худи Раҳмонов аст ва ман ба шумо мегуям, ки ҷинояткори асосӣ дар Вахш ана ҳамин Қурбони бех бо авлодашу бо ҷиянҳояш аст. Заминҳоро кашида гирифтанд аз мардум, чарогоҳоро гирифтанд. Асосан ин ҷиноятҳоро Бароти бародараш ва ҷиянҳояш карда истодаанд. Ҳеҷ кас ҳиҷчиашон намегуяд.  Дар маъракаҳо, дар круги худашон руирост мегуянд, ки кришаи мо Ҷаноб  аст, мо дигарҳояшро задагием. Барои ҳамин мардум бояд донад, ки фақат инқилоб моро аз ин ҷиноятҳои Қурбони бех озод мекунаду тамом, мо лақайҳо бо шумо ҳастем.

Share This Article