Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №247

Ислоҳ нет

Як иддае, ки худро муллову донандаи улуми исломӣ гирифта мардумро даъват ба итоат аз ин Тоғӣ мекунанд, қиёмату рӯзи ҷазоро бар ивази дунёи имрӯзиашон ба савдо заданд. Қонуни Худо ин гунаҳоро, ки огоҳона ва дидаву дониста муртакиби гуноҳони сахт мешаванд, ҷазои сахтеро пешбинӣ кардааст, ҳамчуноне, ки қавонини имрузӣ барои масъулин, ки муртакиби ҷиноят мешаванд, чазои бештар аз як шаҳрванди одиро дар назар гирифтааст. Аммо бо тафовут аз онки масъулини бо пораву ришва наҷот меёбанд, ин муллоҳо, ки итоат ва фармонпазирии як тоғӣ ва боғиро илқо ва иблоғ мекунанд, бо пора фардои рӯзи ҳисоб наҷот намеёбанд.

Номаи аввали нашри имрӯзии «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба қалами як рушанфикре тааллуқ дорад, ки бисёр ҳам зебо навиштааст.                               

                                             Ваҳдат

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман Аҳмад ном дорам, аз Ваҳдат. Худованд ба шумо шифои оҷилу комил бидиҳад. Омин.

Руҳафтода нашавед. Худованд муҳибони худро ҳамеша дар имтиҳон қарор медиҳад ба мисли пайғамбарамон Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаллам. Аз Худованд таманно дорам, ки рӯзи пирӯзиро дар Ватан бо ҳам бинем. Омин 

Аммо баъд… гуфтаниҳое дорам дар бораи муллоҳои дарбори тоғут, муллоҳое,ки фақат дар Ютуб,қиссаҳои зур мегуянд.Муллоҳои афсонагуй,мисли момоям.Ҳатто ханда овар аст.На аз қуръон ва на аз ҳадис,фақат афсона,қисса ва ҳикоят.

 Эй,муллоҳои дарбор! Барои чи дар бораи шариати ислом намегуед, вазифаи шумо чи аст дар ин сарзамин? Тарси Худовандро аз худ дур карда тарси тоғутро ҷо додед дар дилҳоятон? Аз ин фаҳмида мешавад,ки худои шумо «Тоғут Эмомалӣ» шудааст,ҳайф! Магар аз азоби Худованд фаромуш кардед? Шумоҳо фикр намекунед кӣ дар гуноҳони тоғут шумоҳо ҳам шарик шудаед. Ба мисле, ки нобуд шудани фиръавн бо лашкару вазиру кабираш, ё ки Намруд бо лашкараш, ё ки Абраҳа бо лашкараш…. 

Як навори Абдураҳимро дидам, ки як ҷавон ба вайгуфтааст, ки мазҳаб лозим нест, он чунин баромад карда истодааст,ки фалонӣ гуфт, фалон гуфт. На аз Қуръон, на аз ҳадис.

   Маро нодуруст нафаҳмед. Мазҳаб ин юриспруденсия аст. Ин ба мусалмон лозим аст ки зиндагии худро сару сомон диҳад. Инҷо сухан дар бораи мулло меравад, ки барои як мусалмони дигарро санг задан беҳад бо шуҷоат ҳастанд, аммо дар муқобили тоғут сарро дар зери бағал мезананд. Он илми доштаатон ҳасрататон мешавад. Савол бар ин муллоҳои афсонагуй:   

1) барои чи зиндагиатон аз ҳисоби муҳоҷирон асту аммо барои ҳимояти онҳо як сухан намегуед?

2) барои чи дар бораи қонунҳои зиддидинӣ намегуед? Агар дуруст бошад, ин қонунҳо фатвои худро гуед, ки мо омиҳо донем. 

3) барои чи худро пайрави имом Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ мегирӣ, аммо мисли он рафтор намекунӣ, ки зиндонро ба гардан гирифту аз ҳақ нагузашт.

Он Бохтарӣ бошад, савод надорад. Тамошо мекунӣ, наворҳояшро ғайр аз ханда чизе нест… 

Дар Ваҳдат будам ба муло Петка занги телефонӣ шуд. Вай бошад мисли мурғи почасухта боло поён медавад. Баъди занг ҳамин қадар тарс, ки ногуфтанӣ.

Баъд мефаҳмем як амниятӣ занг зада ӯро ба заправка биё гуфтааст ва Петка дарҳол худро ба он ҷо расонд ва тамоми хароҷоти онҳоро пардохт кард.

  Ба инҳо нигоҳ мекунӣ, мегуӣ бо худ агар инҳо аз худованд ҳамин қадар тарс медоштанд ҷояшон ҷаннат буд. Афсус онҳо аз махлуқ метарсанд.

4) Савол ба ҳоҷӣ Бердӣ, яъне ҳоҷӣ Мирзо. Шумо аз аввал амниятӣ будед, ё ки баъдан сарбозу нукари Ятимов шудед? 

Худованд ҳамаи мардуми Тоҷикистонро аз шари ин тоғуту Омону коҳинони маъбади Эмомалӣ нигоҳбон бошад.

Ва пешниҳод мекунам, ки дар барномаҳои Минбари муҳоҷир ба инҳо занг зада  омода созед, ки мустақим бо муҳоҷирон саволу ҷавоб кунад.

 Ва ба муҳоҷирон ҷавоб диҳад. Ё ки танҳо дастархони пури муҳоҷирон ба инҳо лозим аст? Вақте шуҷоати ҳақро гуфтан надоранд, худро донандаи дини ислом нагиранд. Дини ислом дини буздилон нест! 

Ҳақ ояд ботил нобуд мегардад. Омин. 

 Бо эҳтироми бародари шумо Аҳмади ваҳдатӣ.

                  Шаҳринав

    Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Нома аз ҷамоати Қаҳрамони ноҳияи Шаҳринав.

  Дар бораи як инсони мутакаббири бесаводу дуруғгу ва заифимони миллатчӣ гап заданиям. Ин одам Кучимов Ахтам Шералиевич чор сол пеш аз Русия депорт шуда ному фамилияашро иваз  карда буд. Ҳозир бошад Шералиев Ахмат Шералиевич шудааст. Ин нафарро солҳост, ки мешиносам. Бисёр ҳам маккор аст. Дар бораи Худову Расул гап мезанаду худ амал намекунад. Ҳар моҳ ҳатман камикамаш ду бор наша мекашад. Аксари вақт нашафурушӣ мекунад. Аксари клиентҳояш аз Батошу Регар. Бачаҳои ҷавонро нашъаманд карда истодааст. Як рӯз кашида сахт мадҳуш шуда дар бораи раиси маҳаллаву раиси ҷамоати Қаҳрамон гап зад. Хато накунам дар бораи Мансур ва Аваз гуфтанӣ шахсҳо гап зад. Худи ман ҳам кашидагӣ будам, соз дар ёд надорам, ки кадоме аз онҳо раиси маҳалла ё ки раиси ҷамоат, аниқашро намедонам. Хулласи гап инки бо раиси маҳаллаву раиси ҷамоат ҳамроҳ бизнеси наша мекардаанд. Боз дар бораи одамҳои дигар ҳам гап зад. Номи як одамро бисёри бад гирифт. Мегуфт, Ҷалол раис, боз камтар меистоду Ҷалол посредник мегуфт. Намедонам, ки чаро ин Ҷалолро бисёр таъриф мекард. Ман, ки кайфи бисёр доштам хуб дар ёд надорам. Ба гуфти Шералиев Ахмат Шералиевич дар ин савдои наша раиси маҳаллаву ҷамоат ӯро кришаватӣ мекардаанд. Мансур одами боқуввати тағадор будааст. Маводи нашъадорро аз совхоз меовардааст. Начальник милицияро бисёр дашном мекард, гушнаву пасти ҳаромхуру нодида мегуфт. Ба гуфти Шералиев Ахмат гуё ин начальник милиция авлоди Раҳмонов будааст. Ин Шералиев Ахматро охирон бор хушру пулашро гирифта будааст. Ин девона тоҷикҳоро сахт дашному таҳқир мекунад.

 Пули туй бачаамро авлоди гушна гирифт гуфта миллати тоҷикро дашном мекард.   Порсол- соли 2024 дар Россия истода як мошини Тойота-карола гирифт. Дар Россия буд падараш касали вазнин буд. Омад бадтар девона шуд. Ин Тоҷикистон   бесоҳиб, не духтури хуб дорад, не милицияи хуб дорад. Тоҷикҳои ҳаромхур гуфта дашном мекард. Дар бораи танзим гап зад. Участковийро гап зада дашном мекард. Бо раиси маҳаллаву ҷамоат наша фурушӣ мекунад. Яъне бо Мансур ва Аваз ва онҳоро боз бузи маҳалла мегуфт.
Ин Шералиев Ахмат Шералиевич маро қариб хонавайрон мекард. Маро нашаманд  ҳамин кард. То ба дараҷае, ки баъзе аз одамҳоро аз бонкҳо қарздор кард, чунки дар наша шинонд. Худам то мошину анҷоми хонаамро фурухтам. Қариб монд, ки аз пушти ҳамин нашакашӣ аз зану фарзандонам ҷудо мешудам. Шукри Аллоҳ, ки ақлам сари ҷояш омаду аз ин роҳ баргаштам. Алҳамдуллилоҳ.

Ин Шералиев Аҳмат ҳар сол ба муҳоҷират Россия меравад. Сахт эҳтиёткор аст. Дар ҳамин Россия кам кам ҳамин корҳояшро мекунад. Рубоҳ бояд маккориро дар пеши ин ёд гирад. Бисёр лоф мезанад, воҳима мекунад. Гуё бо сардори амнияти Шаҳринав наша дуд мекардааст. Номашро ҳам гуфта буд, фаромуш кардам. Боз аз руи гуфтаи Шералиев Ахтам, Парвиз Акрамзода ҳам наша мезадааст ва дусти наздики ҳамин Ахтам будааст, дар якҷо каллон шудагӣ будаанд. Вақте Ахтам ин гапҳоро ба мо нақл мекард, онҷо як рафиқаш ҳам ҳузур дошт. Вай гуфт, ки ин Ахтам дуруғ бисёр мегуяд, понт мекунад.

Дар поёнсуханам чи гуфтаниям ба ин ноодам?

Эй Шералиев Ахмад, ту бо мақомоти Раҳмонов мушкил дорӣ, аммо мо халқи оддӣ  чи гуноҳ дорем? Бас кун ин ҳама корҳои зиштатро. Мо тоҷикҳо аз дасти ин Раҳмонов дар ҳама ҷо таҳқир мешавему гапҳои паст мешунавем. Дар пешониамон ҳамин гуна роҳбари пасту гушна будааст. Гумроҳ кардани ҷавононро бас кун!

                                          Дустӣ

Ассалому алайкум бародари азизам Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз кору фаъолияти шумо хело хушҳолам ва аз хушҳоли нав ба ёдам зад, ки ман бояд барои шумо менавиштам.

 Қаблан ман ба шумо аз як буз навишта равон карда будам, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» хонда будед.Ин буз Ҳайитов Назриддин аст. Худоро бе андоза шукр мекунам. Алҳамдулиллоҳ, ки шумо номаро дар Телеграм гузоштед ва ду ё се рӯз пас аз он Ҳайитов Назриддинро дар сараш линча кашида бурда зиёда аз 70 ҳазор сомониашро канданд. Хуб ин дигар маълум аст ва он тарафашро ҳамаи мо медонем, ки боз пора медиҳӣ ва мебароӣ. Баъди пора додан, албатта, озод шуд. Ва сипас ба фарзандонаш занг зад Русия ва гуфт, ки «биёену дарав магазинтона дакумент кунен, ки ай пушти ман хело катагӣ карден. У кришай маро ай вазифа гирифтан, очатува фалон мекнан».

 Чанд вақт пас мехост ба Русия ояд аммо дар фурудгоҳ гардонданаш. Гуфтанд, ки «ҳоҷи бра ту, ҳоли қати ту коро буд шидаги нестай». Баъди ин ҳодиса талхакаф шуд ва чанд вақт пас буд, ки дар миёнаи заминаш дар саҳро ба ҳолати хело бад мурд. Худоро шукраш, ки як буз кам шуд. Аммо ин баъдҳо мешунавам, ки фарзанди калониаш касби падарашро гирифтааст.

Ман ба ту мегуям Талаб, ки дидӣ?  Мо, агар дар Тоҷикистон гапамонро ҳич кас гуш накунад, аввал Парвардигор, баъд бародари азизамон Муҳаммадиқбол нашр кард ва бо ҳамон қанотҳои падари ҳароматро шикастанд, инфаркт шуда дар саҳро саг барин ҷон дод.

Агар касби падарта гирифтанӣ, давом доданӣ бошӣ, интизор шав семият чхелӣ дар сайтой иҷтимой чарх мезанад. Бад модаратро насиҳат кунен. Модарат ҳам даклад мекунад қишлоқда мераван. Бо чанд занаки дигарам ҳастай, ай мардако гап гирифта мерасонан, Дар танзим зани раҳмати Кавгака модари ту  ба ҳами роҳи бузӣ бурд. Агар ҳами занако ай ҳами коротон даст накашен номҳотона бо суратотон ва фарзандотон меброрем дар Ислоҳ».

  Бародар Муҳаммадиқбол ин зан нав сар кард бузиро. Ҳоло як огоҳаш мекунем. Бачааш дар ғарибӣ буд. Фаҳмиданд. Чанд вақт куҷое гум буд, нав пайдо шудаст.   Ман аз ҷавонони деҳаи Миравой хоҳиш мекунам, дар хонаҳоятон гуед, ки маърака кардед ҳамин занҳои бузро ба маъракаҳо хабар накунед, дар хонаҳоятон роҳ надиҳед. Фарзандони Назриддин ҳушёр бошед. Ба Валлоҳ қасам «ма худам бо чашмом дидам, ки чи хел падари шумо дар мақомот туҳмат карда одами беришро салафӣ гуфта туҳмат мекунад. Акнун бо ин туҳматҳо ҳоли падаратон чӣ аст дар қабр?  Ба валлоҳӣ қасам як баробари қишлоқ ай хурсандира, ки як буз кам шудай ман шоҳидам чихел ин ҷавони ҷавони дигарро занг мезанад, ки фалони мурд ҷонмон халос шуд. Худоро шукр, ман навишта будам ва Ҳайттов Назриддин роҳи оммаро маҳкам кардааст, ягон мақомот чора надидааст, роҳи мардумро накушоданд, ку. Мақомот як чарх занетон,ку! Вале устод Назриддин инсони пасте  буд. Барои чи ман ин гапро мегуям?Як раис дар маҷлиси исполком буд, гуфт ки Назриддинро исполком диду дар байни мардум ба Худо гуфташ, ки чаро баъди намози шом ту занатро хонаи ман меоварию ба хонаи ман  медарорӣ? Охир ҳои  инсони паст ман келин дорам,занам дар хона, чиба ҳамсарта пеши ман равон мекунӣ? Ҳама мардум дар зал инро шоҳиданд. Ин корҳои ӯро дар идораи исполком ҳам чанд кас дидааст, ки занашро бурдааст пеши исполком даровардааст, пушт- пушти тиреза гап гуш карда истодааст чи гап мешавад гуфта.

 Ба Худо қасам устод ин гапҳоро шунидам, барои ҳамин мегуям. Агар нисбати ҳамин занаш ман туҳмат кунам Аллоҳ хорам кунад. Ҳамааш ҳақиқат дорад.

«Бузҳо ҳолтон инами мешавад». Як бузи дигар Сайхуҷаи додари Давлатхуҷа аст.

Дар Ғарм рафти чанд касҳоро подстава кардӣ, бо ту муаллим гуён рафта будӣ. Оқи падар ҳолу рӯзат сиёҳ хоҳад шуд. Инқилоб ҳатман мешавад. Шумо бузҳо дар пеши мардум ҷавоб мегуед.

                                          Исфара

 Ассалому алайкум кормандони «Ислоҳ.ТВ». Аз Чоркуҳи бекуҳмонда менависам.  Баъд аз номаи охирони ба шумо фиристодаам, ки дар бораи тақсими замину  барқ фурӯшии рекэтҳои Чоркуҳ суҳбат мекард, боз раиси ҷамоат Лайсиддин Шаропови лесак гуфтааст, ки «манба по барабану ман пули замину барқа яка худам намехурам. Ин ба раиси ноҳия ва прокуратура ҳамроҳ, мана ҳеҷ кор карда наметавонад, ҳарчи менависад, нависад. Мана бурдан раисам мебаранд».

  Ин лесак ранги Абдусалом Тухтасунзода шудааст. Хайр мебинем чи мешавад? 

Ба масъалаи заминҳо боз баҳона кардааст, ки гуё ба одамони аскар додагӣ замин медиҳам. Лекин ин дуруғи калон. Заминро боз фақат пулдорҳо гирифта истодааст. Масъалаи замини Қаробоғ бошад 70 ҳавлии қирғизҳо ба Чоркуҳ дода шуд. Мондагии заминҳои корамро раиси ноҳия ба чорқишлоқиҳо ба маблағи 1сотих бо1000долар фурӯхта истодааст. Ин аз чашми чоркуҳиҳо дур. Худи лесаки Лайсиддин Шаропов дар круги худаш бо ҳасрат гуфтааст, ки дар ҳудуди ҷамоат мебуд, хело кор осон мешуд.

 Боз дар бораи ҳаҷи имсола гап заданиам. Ин Лайсиддин Шаропов аз квота ба Чоркуҳ ҷудо карда отказ кардааст. Сабаб чи медонед? Имсол ба чоркуҳиҳо ҳамагӣ 15 ҷой додааст аз ноҳия. Ин Лайсиддин  бошад аз 35 нафар аз 1000 то 2000 доллар пора гирифта будааст. Барои ҳамин бо кумитаи дини ноҳия ҷангҷол карда отказ кардааст.

  Имрӯз дар намози ҷумъа ба мулло лесаки Рақиб савол шуд, ки дар бораи хач рушанӣ андозед. Чунки пагоҳ 17. 05 2025 якумин гурӯҳи ҳоҷиён сафар мекунанд. Ба мо бошад ҳеҷ хабаре нест. Мулло лесак дар ҷавоб гуфт, ки инро аз раиси ҷамоат пурсед. Аз ман дар бораи аҳкомаш пурсед. Чунки аз соли 2010 ин ҷониб ба ҳаҷи фарзӣ ҳукумат масъул. Раиси ҷамоат ҳамаашро мефаҳмонад, гуфта монд. Ҳол онки ин мулло лесак худаш ҳам  аз  чанд одам пул гирифтагӣ. Инҳо бо ин ҳама дуруғу шайтанат чи хел мемурда бошанд?

  Дар бораи камбудии об гап заданиам. Ҳоло аз созишномаи сулҳи дуздҳо як сол ҳам нагузашта мардуми Исфара аз камбуди об шикоят доранд. Солҳои пеш дар як ҳафта як бор заминҳояшонро об мемондаанд, ҳозир бошад дар ду ҳафта об мемонем. Ин тавр равад боғҳо ва заминҳои мо ба биёбон табдил  меёбад. Ин саршавии кор.

   Боз дар бораи сарҳад гап заданиам. Бо истифода аз минбари шумо ба  мардуми азизи Исфара гуфтаниам, ки илтимос аз ҳозир таърихро ба фарзандону набераҳоятон омузед, ки чи гуна ин золими Раҳмонов ватанро фурӯхт, то дар оянда мисли Қаробоғи куҳии Озарбойҷон точикҳо ҳам заминҳои рафтаро баргардонанд. Чунки Қамчибек, раиси КДАМ-и қирғиз  дар як баромадаш гуфт тоҷикҳо бо харитаи 1924 ва1927 такия карда талаб карданд. Мо бошем бо харитаи 1990талаб кардем. Охир ман худам коргари ҷамоат дар солҳои 1989-1994 будам. Ягон харитаи соли 1990 вуҷуд надорад. Он солҳо мо дар ҷанги дохилӣ овора будем. Ин тавр бошад чаро қирғизҳо роҳи Чоркуҳ- Шуробро ба мо надоданд. Он солҳо мо бо роҳи Самарқандҳо бо Шуроб мерафтем, ки онҷо муҳоҷирҳое, ки соли 1924 аз Самарқанди бостонӣ омада зиндагӣ мекарданд, ки ҳатто аз Чоркуҳ духтарҳои моро келин карда хешутабор будем. Ба ин хотир аз блогерҳои тоҷик мепурсам инро бисёртар нашр кунанд, то қирғизҳо ҳам фикри аз минтақаи ноҳақ гирифтаашон раванд. Мана ин оилаи дузди Раҳмонов боз  кони ангишти Шуробро ба хитоиҳо фурухт, ки ҳозир ба назди кони ангишт рафтан намемонад. Зиёда аз 400 хитоӣ кор мекунад. Агар ногаҳон чорвоятон ба кон наздик шавад, мезананду мегиранд, додатонро ҳеҷ кас гуш намекунад.

  Эй мардум, то кай мо сабр кунем? Агар ҳамин хел хомуш истем ин хитоиҳо ба хонаву дарат ва зану духтарҳоятон таҷовуз мекунанд.

Ё Аллоҳ дилам мекафад, кай мо бедор мешавем?

Дар охир аз Аллоҳи меҳрубон хоҳонам, ки бо дарди ба шумо додааш шифои комилу оҷил ато кунад то, ки тезтар ба ватани худ бо сари баланд бозгардед.  Омин, омин.

                                      Истаравшан   

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу бародарам Муҳаммадиқбол! Аллоҳ шуморо ҳифз кунад ва шифои комилу оҷил диҳад ва аз чашми бадбинон нигоҳ дорад.

Додари азиз, ман аз шаҳри Истаравшан ҳастам. Худоро шукр мегуям, ки шумо ҳастед, ки доду фиғони ин мардуми ҷабрдидаю модарони дилсухтаю падарони дарбадару хок басарро мешунаведу тавассути «Ислоҳ.ТВ» мерасонед.

 Ман як модари дилу ҷигар сухтаам ва аз сузиши дардам ин номаро навишта истодаам. Шаҳри Истаравшан ба як дуздхонаву ғоратхона табдил ёфтааст. Аз таваллудхона сар карда пул месупорӣ, то мурданат.

Ҳамаи корат бо пул шудааст. Ҳамааш аз мактабҳо сар карда ба дили падару модарон задагӣ аст. Мактаб ҷойи бозор шудааст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ ба ҳамаи мактабҳо комиссия меояд, гуфта ҳамаро ба по мехезонанд. Муаллимаҳо аз талабаҳо барои комиссия гуфта аз ҳар сари талаба гирифтанд, мактаби гимназияи рақами 5 пул ҷамъ карданд барои зиёфат кардани комиссияҳо будааст. Дар мактаби гимназияи рақами 1 ба мактаббачаҳо ба ном кинои тарбиявӣ гуфта аз тамоми талабаҳо 5 сомонӣ биёред гуфта онҳоро ба зали мактаб ҷамъ карда як диски киноро ба монитори калон монда фиребашон карда пулро ҷамъ карда гирифтанд. Ҳамаи пулҳоро ҷамъ карда ба ишкамғафсони комиссия заҳри баданашон шавад ба онҳо мехуронанд. Мардуми бечора худашон базур рӯзашонро гузаронда истодаанд. Муаллимаҳо мисли талбанда ҳар рӯз аз талабаҳо пул мепурсанд. Аммо дарси дурусту кофӣ надоранд.

  Дар вақташ мо дар мактаб илму савод меомухтем, ҳозир бошад, хиёл мекунӣ ба мактаб неву ягон бозору ресторан ё рақсу бозӣ мераванд талабаҳо. Охир дар ҳар як иди росту дуруғи меомада, на иди кадуву картошка мемонаду на наврузу дигару дигар, фақат корашон пул ҷамъ куниву ташкили рақсу бозӣ. Аз ин талабаҳо чи меомузанд? На савод доранд, на дониш. Боз ба замми ин пулҷамъкуниҳо дар имтиҳонҳо барои обеди муаллимҳо боз пул ҷамъ мекунанд. Муаллим ғамхори мардум буд. Муаллимони ҳозира на инсоф доранду на раҳм. Ҳар рӯз талаба бо пул мактаб меравад. Ин ҳамаро мо мардуми камбағал аз куҷо меёбем? Мардонамон дар Россия бо сад азобу уқубат пул ёфта истодаанд. Пуле, ки мардҳо мефиристонанд. Ба ҷуз пули харҷи мактабу формаву ремонти мактабу идпуливу комиссияпуливу дигару дигар дигар ба ҳеҷ чиз намерасад. Боз имсоли таҳсил тамом нашуда пули пешпардохти формаи мактабро, албатта, супорид- 100 сомонӣ ҳатман маҷбурӣ супоретон мегуянд. Агар аз як оила 4то 5тоӣ фарзанд таҳсил кунад, чи гуна ин қадар маблағро месупорем? Ҳар як формаашон аз 300 то 350 сомонӣ. Муаллима наметавонем, ин қадар формаро харида наметавонем, ё ки аз они апаву акоҳояшон ба хурдиашон мешавад гуем, не,ин маҷбурӣ, фармон аз боло мегуянд. Ин болояш куҷо аст? Ин раиси шаҳр куҷоро нигоҳ дорад? Ҳар боре, ки комиссия меояд, ҳам муаллимаҳо ва ҳам талабаҳо нороҳат мешаванд.

 Имрӯз мехезӣ комиссия аз Душанбе, пагоҳ мехезӣ комиссия аз вилоят, комисия аз ноҳия, комиссия аз ноболиғон мегуянд. Комиссия аз ноболиғон фамилияаш Пиров, худаш на тарбия дорад на интизом. Муаллимаҳо ҳам безор шудаанд. Онҳоро нағз гусел накунӣ, ба киссаҳояшон пул надиҳӣ, ба он мактаб қасд мекунанд ё ягон баҳона ёфта муаллимаҳоро ба ҷарима кашида баъд мераванд.

   Эҳ, ин дарди дили бисёр, гуфтаниҳо зиёд, камбудиҳо зиёд дорем. Диламон ба ин миллат ва ба ҷавонҳо месузад. Ояндаашон чи мешуда бошад? То ба кай ин ноадолатӣ, то ба кай ин зулму ситам?

 Раҳмонов тамоми мардум аз ту ва морбачаҳоят безор шудаанд. Аллоҳ хонаатро ғамхонаву ҷигарсухта гардонад. Аз Аллоҳ умед дорему дуо мекунем, ки Аллоҳ шуморо бо сари баланд ба ватан баргардонаду аз дасти ин золим мардуми асир афтидаро озод намоед, Аллоҳумма омин.  

Share This Article