Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №250

Ислоҳ нет

 « Мо худамон роҳу мактаб бисозем,заҳбурҳоро мо тоза кунем, симчубҳоро худамон созем, трансформаторҳоро худамон шинонем, ин ҳукумат чи кор мекунад?».

  Шумораи навбатии «Номаҳо..» аз Бохтар, Қӯрғонтеппаи пешина аст. Кормандони тими мо дар ин шаҳр, ки бархеашонро хуб мешиносам ин матлабро навишта хоҳиш кардаанд, ки дар як шумораи алоҳида нашр намоем, то барои дигар аз кормандони тими «Ислоҳ» дар навоҳии кишвар намунаи ибрат бишавад. Албатта, ин хоҳиши онҳоро мо иҷро мекунем, вале бояд ёдовар шавам, ки қабл аз тими қурғании мо кормандони «Ислоҳ» дар дигар ноҳияҳо ҳам матолиби муфассалтареро, ки барои як барнома ва ҳатто чанд барнома бошад, фиристода буданд ва мо нашр ҳам карда будем. Албатта, чунин шева ва усули кор таъсири бештар дорад-барои як ноҳия матлаби алоҳида нашр кардан. Чун хоҳед нахоҳед, масъулини он ноҳияро водор мекунад, ки аз пайи санҷишу тафтиш бишаванд.

  Хуб, инак матлаби омоданамудаи тими «Ислоҳ» аз Бохтар.

                           Бохтар 

  Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи  ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. 

Ман мудири тими «Ислоҳ» дар Стаханов -Заргар аз Бохтар ҳастам.

Аз шумо миннатдорам, ки номаҳои омода намудаи тими моро ба дараҷаи олӣ нашр кардед. Ҳамон дуздҳоеро, ки дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар шумораҳои 168, 174, 175, 219  ифшо кардед, хело хуб натиҷа дод. Дуздҳо пешашонро нигоҳ карда қадам монда истодаанд. Аммо натиҷаашро намегуям. Чунки ҳоҷат нест, натиҷаашро ҳамаи мардуми маҳалла дида истодаанд. Аммо амният ба ҷойи он ки дуздҳоро делои ҷиноятӣ кушода ба зиндон барад, баръакс омада телефонҳои мардумро мегиранд, мардумро аз хезиши омавӣ метарсонанд, чунки ин инқилоби озодӣ моли миллат  ҳаст. Дар масҷидҳо ва мактабҳо мардумро фақат метарсонанд, фишори руҳӣ расонида истодаанд.

Дар ин барнома гуфтаниҳои бисёр дорам дар бораи ҳамаи мақомоти дузду ғоратгари Раҳмонови хабис:

Амният, ВКД,  Андоз, Санэпидемстансия, Амвол, Коррупсия, Госстандарт, Суғурта, кумитаи замин, заминсози ҷамоат, световой, участковий, ҷамоати Заргар, военкомат, экология, Фатҳиддин, раиси заминҳои маҳалла, пожарний.

Хуллас, ҳамаи мақомоти дузди Раҳмонов дар ҷони мо сокинон заданд.

Амният омада дар мактаб мегуяд, ки шумо намоз нахонед, таълими исломӣ нагиред, муллоҳои интернетиро тамошо накунед. Аммо намегуянд, ки чиро ва киро пайравӣ кунанд фарзандҳои мо. Чор фарзанди ман дар мактаб мехонад. Аз  фанҳои дақиқ  ва забони хориҷӣ ҳеҷ чизро намедонанд.

 Мо аз ҳамин фишорҳои амниятиҳо фаҳмидем, ки мардуми Тоҷикистон бояд дини Майрами гурсухтаро омузанд. Аммо динҳои мансухшуда барномаҳои худро доранд, даъват фикру ақидаи худро доранд. Дини Майрами гурсухта ва бо пайравонашон ки амниятиҳои террорист мебошанд, барномаи худро надоранд. Барномаашон ин аст ки исломро аз байн баранд.

Ин амниятиҳои беномус вақте ки ба маҳаллаи мо биёянд ба муллоҳо занг мезананд, ки «домулло мо омадестем барои мо абед ташкил бикун». Меоянд нону намаки моро мехуранду дар намакдони мо туф мекунанд. Ҳой онҳое, ки ба ин амниятиҳои террорист хурок медиҳед, хуб гуш кунед! Шумо гуед, ки бавли фарзандони моро хуред,г…и моро хуред. Онҳо ҳам пул мегиранд ҳам хурок мехуранд дар намакдонамон туф мекунанду мераванд.

 Инҷо шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо бузҳои маҳаллаамон шинос мекунам:

Алматов Саид- Саиди Чалиш, Саймухтори Ҷалолиён, Аминов Исмоил-Исмоили кис-кис, Маҳмудов Умарбек, Қодиров Ҳамза Рамазонович, Бобоев Бузургмеҳр Наҷмиддинович, Зулфия ва Адолат Қадаковаҳо, Исломова Сокина Аҳроровна, Саъдуллои Малах, Ҳакимов Зафар, Аминов, Ҷамолиддин, Кабутов Суннат, Юсупов Карим-Карим разбор Хонаков Холназар, Асомиддини Махтум ва зани ҳамин Асомиддин.

 Як маълумоти бештар дар бораи як нафар. Зиёев Холмурод, заминфурӯш, ки тамоми заминҳои моро фурухт. Ин Зиёев Холмурод аз лақайҳои Вахш буда ба гуфти худаш ба тамоми мақомот доступ дорад. Зиёев Холмурод аввал аз фурӯхтани хирмани пахтағундорӣ сар кард. Ин хирманро чор тақсим карда фурӯхт:- қисмати аввалашро ба Рустами дасткаҷала дод, қисмати дуюмашро худаш гирифту қаср сохтааст, қисмати сеюмашро Низом -ака гирифт ва қисмати ниҳоияшро Абдуллои Абдураҳим гирифт. Дар ҳоле, ки тамоман дар музояда   гузошта нашудаанд.

Боқии заминҳои моро бо писаронаш фурӯхта истодааст. Писараш Зиёев Сафар Холмуродович ном дорад, мошини тамғаи таёта кемрии сиёҳ шиша дорад, рақамҳояш чорто ду аст. Ҳамаи заминҳои Ғайратро фурӯхта тамом карданд. Акнун ба заминҳои мо гузаштаанд. Аввал заминҳоро боғ карданд, ҳоло бошад майда -майда фурӯхта истодаанд, сотихи заминро ба миқдори маблағи додагиат медиҳанд.

Чоплусҳои Раҳмонови ғоратгар мегуянд, ки дарахт шинонед. Охир ҳамаи заминҳоро фурӯхтед, мо деҳқонон дар куҷо дарахт шинонем .

Баъдан як хоҳиш мекунам аз масъулони ҳамин маҳалла, ки дарахтҳои қади роҳ роҳро маҳқам кардаанд, симчубҳоро мекананд, ба тартиб дароранд. Чунки ин роҳи калони автомобилӣ мебошад. Аз тарафи шаҳри Бохтар-Қӯрғонтеппа меоӣ аз дарвозаи Ғайрат то Стаханов ҳамин дарахтҳо ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонанд. Дар ҳамин роҳ поруи гов рехтаанд. Аз боғи Исроил ва боғи Холмурод сар карда роҳ маҳкам ҳаст. Аз маҳаллаи мо талабаҳо тавассути ин роҳ ба мактаби Ғайрат мераванд. Дар ин роҳ дар як сол дар садамаҳои автомобилӣ панҷ кудак ва як калонсол ба ҳалокат расид. Мошину арматуру поруҳояшонро дар роҳ мемонанд, Ин роҳ дар рӯзи рушан торик аст. Хоҳиш, ин  роҳро ба тартиб дароред.

  Дар пеши ҳамин хирман мағозаи хурокворӣ, дукони самбусапазӣ ва шашлик кушодагӣ ҳаст. Ин Рустами дасткаҷала ва дар  рости хонаи Зиёев Холмурод дорухона, маркази фурӯши симкортҳои мобилӣ ва мағозаи масолеҳи сохтумонӣ доранд. Хонаҳои боҳашаматашонро намебинӣ аз тарафи роҳи калон.

  Ҳакимов Эмом наркобизнеси маҳаллаи моро амният санҷиш карда аз ӯ тақрибан 7кг 400грамм ду намуд «дору» ёфтанд ва сад ҳазор сомониашро гирифта ҷавобаш доданд, чунки кришааш Азиз Соҳибов буд.

Ҷойи ин ЭмомҲакимови маҳаллаамон зиндон ҳаст. Чунки ҳамаи онҳое, ки аз ин шахс дору мегиранд ва пулашро намедиҳанд, онҳоро қарздор карда занҳояшонро таҷовуз мекунад.

Ва кадом зане, ки дар маҳалла маъқулаш бошад бо ҳар роҳ уро таҷовуз мекунад.

Зани доктор Иброҳими Татарро таҷовуз карда мегашт. Баъд доктор Иброҳим дид занашро бо ин ҳароми Эмом ва занашро бо табар реза кард ва зиндонӣ шуд. Ин Эмоми ҳаром зиндагии ҳамаро вайрон кард.

Ва духтари Азизов Субҳон Ҳамралиевро, ки духтари ноболиғи 9 нуҳ сола буд аз дари хонааш гирифта бурда таҷовузаш кард, барои хотири қарзи падараш. Инро прокурори шаҳрувилоят хуб медонанд. Бо пул делоро хобонданд, санади суд-экспертизааш ҳаст.

Ин Эмом Ҳакимов доруро ба ту медиҳад ва мақомотро занг мезанад, ки дору ё бор рафт. Ӯро дастгир мекунанд ва боз худи ҳамин Эмом миёнадаро шуда аз ту пул, мошин, хона ва заминатро мегирад, баъд озод мешавӣ.

Як бародар Иззати Мирзоҷон ном дорад. Дар Русия муддати даҳ сол барои як замин кор кард, аммо дар понздаҳ дақиқа он замин аз они Эмом шуд. Доруро аз Эмом гирифт, аз хонааш бояд ба Крупская  ё Ғайрат мебурд. Вале барнома пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд. Кормандони Агентӣ дар назди мазори мо буданд, ӯро дастгир карданд. Бо миёнравии Эмом он шахс озод шуд, аммо аз заминаш маҳрум гардид. Ин Эмоми бадбахт понздаҳ нафар занҳои шавҳардорро таҷовуз кардагӣ  аст, аммо онҳо зиндагӣ доранд.

Ҳатто талабаҳои мактаби мо наркоман ҳастанд. Дар ҳамон назди мазори маҳалла дукони самбусапазиву шашликпазӣ ва лимпопо дорад. Дар ҳамонҷо мустақим мефурӯшад.

Ягон бечораи камбағал дар онҷо бошад, ҳатман подстава мешавад, ё дар мошинаш мепартоянд ё дар сумкааш. Ҳой мардуми маҳалла ба ҳамон дукони Эмом наравед.

Ва ин Эмом ду бародари наркобизнеси дигар дорад бо номи Зафар ва Нозим. Инҳо рӯзи 26.01.2025 сол ба Азизов Қувват Султонович, Кенҷаев Нозим Гадоевич ва Сулаймони Ятим наркотик дода, онҳоро баъди даҳ дақиқа соати 20:50 26.01.25  дар роҳи калони маҳалла дар рубаруи мағозаи Баруманд дастгир кунониданд. Рӯзи дигараш через Эмом бо пул озод шуданд.

Ин Эмом аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ мебошад. 

Як хеши ин Эмом ҳоҷӣ Самбуса ном дорад. Бо ҳамроҳии бародаронаш  як ҷавони дигарро подстава карданд. Он бечора ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шуд. Номи ин бародар Бадриддинов Наҷмиддин Умарович мебошад.

  Ҳакимов Эмом наркобизнесро чораашро бубинед ҳой мақомот!

  Раиси маҳаллаамон Кенҷаев Адаҳам –Ҳоҷӣ Адҳам. Падараш почталиён буд, ба мардум рӯзномаву маҷалла ва мактубу эълонҳову барқияҳоро тақсим мекард. Ҳозир худаш як бузи пеши пеши Стаханов аст. Раиси маҳаллаамон кайҳо барои нафси бадаш обруи набудаашро резондааст. Амниятиҳо руирост бузаш гуфтанд, қаҳраш кард, гуфт корро бас мекунам, аммо баръакс, давом дод.

Шаҳид Умаралӣ Қувватов рӯзи 10.10.2014 тазоҳуроти Озодӣ эълон карда буд. Он руз ҷумъа буд. Дар минбари масҷид баромада ба мисли кудак беист гиря карда мегуфт, ки ҳой мардум шукронаи президент кунед, шукронаи Эмомалӣ Раҳмон кунед, шукронаи озодӣ, сулҳ, тинҷӣ кунед ва мегуфт, ки онҳо террорист ҳастанд, Тоҷикистонро нобуд мекунанд .

Директори мактаб Бобоев Садриддин Амонуллоевич ҳам бо гиря гапҳои ин ҳоҷӣ Адҳамро идома дод.

Ҳой ҳоҷӣ Адҳам! Ту гуфтӣ, ки корро бас мекунам, мард бошӣ рав дафъ шав. Ҳар рӯз аз дари хонаи ту мегузарам. Ду куча поён аз ту ҳастам, аз Худо шарм бикун, ки корҳои дигаратро ифшо мекунам, факт дар дасти мо ҳаст. Писараш Кенҷаев Аъзам Адҳамович корманди офитсиалнии КГБ аст. Ва бародараш ҳам бузи амният Кенҷаев ҳоҷӣ Маъмур. Тошпулотов Нозим Аминҷонович имомхатиби масҷиди ҷомеъаи маҳаллаамон аст. Ин шахс пулҳои хайравии масҷидро мехурад.

Ва, мегуяд, ки ин пулҳоро бо амният якҷо тақсим карда мехурем. Ҳой мардум дар масҷид хайр накунед, ки ҳеҷ аҷру савобе нахоҳед гирифт, чунки пули ҳар рӯзи ҷумъаро ҳисоб карданд, падарашро гуфт, ки «дада пули ҳаҷи умраат аз ҳар рӯзи ҷумъа тайёр шуда истодааст», ман дар ҳамон ҷо будам дар қиёмат шоҳидӣ медиҳам.

  Пеш аз соли нав ду ҷаноза шуд, ҷанозаи Турсуналӣ-ака ва Мамаҷонов Муъмин бобо. Дар инҳо аз ду ҳазор сомонӣ зиёд пул ҷамъ шуд, аммо пулро гирифт, гуфт, ки ин ҳақи ман аст. Онҳо камбизоати маҳалла ҳастанд, ба он пул хонаводаашон ниёз дошт вале як сомонашон надод, ин магар ҳаром нест барояш?.

Ҳамин Турсуналӣ- ака ,амакии Баха -84  ва тағои Наимҷони Саидалӣ буд.

Ин қорӣ Нозим дар тамоми ҳаёташ намози бомдодро дар масҷид нахондааст.  

Акаи ин қорӣ Нозим дар вақти аблава бачаашро зан дод. Ду рӯз пас амниятиҳо бачаи акаашро ба военкомат бурданд ва онҳо гуфтанд, ки қорӣ Нозим моро телефон кард, ки дар ҳамин адрес солдат ҳаст. Ва боз бо миёнравии худи ҳамин қорӣ бо маблағи панҷ ҳазор сомонӣ бачаи акаашро ҷавоб додаанд. Чунки акааш камбағал аст, ба ин қорӣ пул намедиҳад.

  Забиров Маҳмадюсуф счетчикбинаки маҳаллаамон аст. Ин даюс гуфт, ки дуздиҳои ман дар ислоҳ рафт аммо ма бо пул ҳал кардам: «ма прамой ба ҷаноб доступ дорум, барои ҳамин ман лубой кор мекунам».

Ин Маҳмадюсуф тули бист сол аст маҳаллаи моро хурда истодааст. Вай аз бойҳои маҳалла пул намегирад.

Ҳозир маҷбурӣ дар сесад сомонӣ счетчик часпонда истодааст. Мегуяд, ки ин счетчикҳои Зоир Соҳибов, домоди Ҷаноб аст.

Дар маҳалла чандин хатҳои симҳои дуздии интиқоли барқро медонам, ки аз онҳо барои кисаи чапаш пул кор мекунад, на ба давлат.

Мо ветерани Фронти халқӣ ҳастем. Аммо мегуяд, ки лготи худатро дар қафоят бизан, намедонем чи кор кунем бо ин ҷинояткор.

Аз Ҳабибуло Воҳидов, Прокурори генералии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки ин Забиров Маҳмадюсуфро санҷиш кунед ва мувофиқи аъмолаш ҷазо диҳед. Бовар дорам, ки баъди сахт кардани қонун дар бораи истифодаи қувваи барқ ба зиндон меравад.

  Фатҳиддин раиси заминҳои маҳаламон мебошад. Маркаи мошинаш лексуси сиёҳ буда рақамҳои мошинаш 0005 аст. Фатҳиддин заминҳоро аз дасти Сироҷиддинов Салоҳиддин гирифт. Заминҳоро Сироҷиддинов Салоҳиддин аз ҳисоби колхоз гирифта буд.

Ҳозир бошад ин шахс бо зурӣ мардумро дар заминҳо кор мефармояд, аммо пул намедиҳад. Ҳозир чобуқ сар шуд ва аз соле, ки ин заминҳоро гирифт ба мардум пул надодааст. Мегуяд, ки ба шумо ҳамин ғузапоя бас аст, агар нафорадатон ҷуфташ мекунам. Ҳеҷ кас гап зада наметавонад, чунки ин заминҳои ҳоҷӣ Амири бародари Азизмои газетхонак, зани Ҷаноб будааст.

Ҳой бадбахти дузд! Вақте ки шумо набудед бобоҳои мо ин заминҳоро обод карданд.  

 Бухгалтери Фатҳиддин Зафар мебошад, як ҳаромхури дигар.  

Мо аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунем, ки ин дуздро аз маҳаллаи мо дур кунад, чунки вақти кишту кор сар шуд, боз мардум бепул кор мекунанд.

  Ҳамаи заминҳои моро Сироҷиддинов Салоҳиддин Ҷамолиддинович фурухта истодааст. Ин шахс ҳам заминҳои колхозро фурухт ҳам ҳамаи объекктҳои аз Союз ба мо мондагиро, ки ягонтои онҳо дар музоядаи давлатӣ гузошта нашудаанд, бо роҳи ғайири қонунӣ фурӯхт.

Масалан: ду хирманҷои пахтағундорӣ, китобхона, клуби кино, чойхона, мағозаи хурокворӣ, басейн, ду боғчаи кӯдакона, духтурхона, башнияи обкашӣ. Ин ҳамаро ғайри қонунӣ фурухт, бе музоядаи давлатӣ. Як боғчаро худаш гирифту хона кард, ҳозир зиндагӣ дорад. Ҳамон вақт дар назди мардум гуфт, ки агар ман пулдор шавам, ба шумо боғчаи кудакона месозам, аммо дуруғ гуфт. Башнияи обкаширо ба язнааш дод, тақрибан ду гектар ҳаст, ки тамоми маҳалла бо оби водопровод таъмин буд ва ба ҳамсоямаҳалла ҳам об медодем, аз он ҷумла деҳаи Киров, деҳаи Ғайрат, Крупская, Каганович, Партотдел оби нушокӣ мерафт.

Онҷоро оҳанпора карда фурухт. Дарахти тут дошт барои пилапарварӣ, онро ҳам нобуд кард. Дар инҷо хона ва фермаи гов карда истодаанд.

Хирмани поёни мазорро чор, панҷ сотихӣ карда, фурухт, боқимондаи онро ба Карим ва Абдулло фурухт.

Ҳамаи ин чизҳоро, ки номбар кардам давлатӣ буданд, аз давраи Союз монда буданд.

Боғчаи дигараш яслӣ ё кудакистони дигарро ба Парвонаев Муҳриддин Муъинович фурухт. Дар онҷо даҳ чанори аз садсола боло бударо бурида фурухтанд.

Ин яслие, ки худаш зиндагӣ мекунад, дар масҷиди ҷомеъаи маҳалламон барбабар, часпидагӣ аст.

Ин Сироҷиддинов Салоҳиддин Ҷамолиддинович ҳамкурси Зоир Соҳибов мебошад. Мардумро аз онҳо метарсонад. Ҳозир бошад Зоир сад талоқаш кард. Чунки Зоир дусти инсон нест, дусти пул аст. Ҳаминки пулат тамом шавад, туро нобуд мекунад. Ҳамаи ин заминҳо ва объектҳоро бо номи домоди пешво фурӯхт.

Соли 2015 ва 16 дар гумруки Суғд буд. Бачаҳои апаи СС. Ятимов мошинҳои дуздӣ дароварда буданд. Ин дахолат кард, ки ғайриқонунӣ ҳаст. Баъд бо фармони Ятимови махуф аз кор ронда шуд ва то ҳол дар ягонҷо кор намекунад.

Падари ин Салоҳидин бобои Ҷамол -ҷинӣ буд. Аз рузе, ки Салоҳиддин- ҳамкурси Зоир шуд, падари Салоҳиддин ҳоҷӣ- домулло Ҷамолиддин -бобо шуд.

Ин Салоҳиддин то ҳол пулҳои чобуқ ва пахтачинии мардумро надодааст. Ҳой мардум, хезед пулҳоятонро талаб кунед.

Бухгалтери Салоҳиддин Сироҷиддинов Фаёзиддин буд. Пулҳои мардумро надода рафт ба зери хок. Ҳамроҳ бо бачаи Салоҳиддин ҳилаву аблаҳӣ карда ҳақи мардумро мехурданд.

Аз фарзандони Сироҷидинов Фаёзиддин хоҳиш мекунем, ки пули падаратон хурдагиро ба калхозчиҳо диҳед, ман бо зану фарзандонам кор кардаам, пули кор кардаамро падаратон надодааст, назди Салоҳиддин мерафтам мегуфт ки пулро ба бобои Фаёзиддин додам, ва назди ӯ мерафтам мегуфт, ки ман пулро нагирифтам.

Агар шумо фарзандҳои ба номус бошед, пули моро медиҳед, то ин ки бобои Фаёзиддин дар қабр то қиёмат ором хоб кунад.

Мо ҳисоби худро бо Салоҳиддин баробар мекунем.

  Ин Салоҳиддин аз ин одамон қарздор аст, пул гирифтааст бояд замин медод.

Аз ҷумла аз Абдуллоев Рукниддин Мулло Қирғизович-700доллар, дар соли 2014, Лоиқов Муминҷон Абдулхолиқович-2000доллар дар соли 2013, Меҳмонова Нисо Ёқубҷоновна-1700 доллар, соли 2014, Абдуллоев Марҷон Мулло Қирғизович, 1000 доллар дар 2013, Қодиров Рамазон-1200 доллар, дар соли 2017

Лоиқов Акрамҷон Абдухолиқович-2600 доллар-2017, Тошпулотов Абдулло Абдулқодирович-800 доллар, дар соли 2018, Қодиров Карим Карим Лақай-1050 доллар-2011, Асоев Абдулло Аббосович-20000-доллар-2010, Сулаймонов Наҷмиддин Илфоъиддинович-800-доллар-2020, Парвонаев Муҳриддин Муъинович-4000 доллар-2020, Парвонаев Амриддин Муъинович-4000 доллар-2020, Парвонаев Қиём Муъинович-4000 доллар-2020, Холматов Сулаймон-6000доллар-2012, Асомиддини Махтум-600 доллар-2019, Маҳмадалиев Абдуҷалил Қадридинович-3000 доллар-2019, Машраби ҷиянаш-8000 доллар-2015, Исоев Юнус Аюбович-900 доллар-2022, Маҳмудов Сайидбек-5000 доллар-2016, Хонаков Карим Қурбоналиевич-1100 доллар-2020, Маккендинов Аҳмадҷон-700 доллар-2009, Худойдодов Мансур- 500-доллар-2010  ва боз чандин нафарҳои дигар.

 Сироҷиддинов Салоҳиддин заминҳоро мефурухту мегуфт, ки хона созед. Аммо вақте хонаро сар мекардӣ, яке прокурор ё заминсоз меомад, мегуфт, иҷозат надорӣ, чаро хона месозӣ? Баъдан хонасоз маслиҳат мекард ва боз аз ҳазор доллар зиёд пора медод. Дар сари куча Салоҳиддин бо мошинаш нигоҳ карда мешинад. Баъд меояд прокурор ё заминсоз пулро тақсим мекунанд. Кадом вақте ки бепул монад, ин усулро пеш мебарад.

Ин Салоҳиддин ҳеҷ кас ҳаст, Зоири домоди пешво оқаш карда аст.

  Мегуфтааст, ки «ма мардуми чмора истифода мебарум, ба ма худшон фақат пул метан».

  Дар охир ҳамчун инсон аз Эмомалӣ Раҳмон, мо мардуми маҳалла хоҳиш мекунем, ки ин дуздонро аз мо дур кунед, агар накардед, шумо ҳам дар дуздиву ғорати инҳо қуш ҳастед.

Аз ҷумла, раиси маҳалла, счетчикбинаки маҳалла, имомхатиби маҳалла, Фатҳиддин раиси колхоз Эмом Ҳакимов наркобизнес, Зиёев Сафар Холмуродович, Андози Заргари Бохтар, санэпидемстансияи Бохтар, Госстандарти Хатлон, пожаркаи Бохтар, Кумитаи заминсозӣ, ҳокимияти маҳаллии Заргари Бохтар, экология ва амнияти Бохтар, участковийи маҳалла,  идораи Барқ, литсензия,БДА, маориф   

почта ва тандурустӣ, Ҳамаи инҳо порахур ва мардумфиребанд.

 Раиси маҳаламон Кенҷаев Ҳоҷӣ Адҳам яке аз инҳо аст.

Заҳбурҳои маҳаллаамон пур аз лойю гил шуда баробари заминҳо шудааст, дар мазормон қабрҳоро бо лаҳад канда намешавад, ранги урусо майитро бо гроб мегуронем.

Аз даври Союз то ҳол заҳбурҳои мо тоза карда нашудааст, аз тарафи ҳукумат.

Соҳаи мелиорасияи маҳалла дар сатҳи зери сифр ҳаст. Ба Худо, боварам кунед, ҳоҷатхона меканӣ дар ду бел об мебарорад. Мо деҳқон ҳастем. Дар маҳалла зироатҳо нашуда истодаанд, дарахтон хушк шуда истодаанд. Мо намедонем, ки он қадар андози ҷамъшуда дар буҷети маҳалӣ меравад ё дар кисаи чапи Раҳмонов.

Мо худамон соли 2014 рости заминҳоямонро кандем бо маблағи шашсад сомонӣ аз ҳар як хона. Аммо Салоҳиддин заминҳоро гирифту фурӯхт, заҳбурҳоро тоза накард. Аммо ҳозир Фатҳиддин заминҳоро гирифтааст, вале як метр заҳбурҳои моро тоза накардааст.

Хитойиҳо омаданд, гуфтанд, ки панҷ сол аз мо андози замин ва андози об нагиред, мо заҳбурҳоро ҳар сол тоза мекунем, аммо хеле афсус надоданд.

Илтимос, масъулони соҳаи мелиорасияи ҳукумати ҷумҳурӣ биёед заҳбурҳои моро тоза кунед, ки заминҳои мо беҳосил шуда истодаанд.

Агар ин камбудиҳои моро бартараф накунед, мо Эмомалӣ Раҳмонов, Рустам, Озода, вазири кишоварзӣ ва раиси вилоятро ноуҳдабаро эълон мекунем. Як моҳ аз рузи нашри ин нома нигоҳ мекунем, накардед, мо инқилоби озодиро дар кулли Тоҷикистон даъват мекунем.

Ба Худо қасам мехурам мардуми Ғазза аз мо ҳам болотар арзишманд ҳастанд, ин проблемаҳои моро надоранд.

Мо худамон роҳу мактаб бисозем, заҳбурҳоро мо тоза кунем, симчубҳоро худамон созем, трансформаторҳоро худамон шинонем, ин ҳукумат ба мо дигар чи кор мекунад?.

Дар охир, мо кормандони тими «Ислоҳ» дар Бохтар гуфтанием, ки ин навиштаи мо охири кор нест, давом дорад. Дар барномаҳои оянда аз ҷурму ҷиноёти ин мақомоти дузду порахур бо факту рақам хоҳем навишт.

Share This Article