Шароити зиндонҳои Тоҷикистонро на як бору ду бор созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеаи маданӣ интиқод кардаанд. Бадтарин зиндонҳо зиндонҳои Тоҷикистонанд.
Қаблан Раҳмонов ҳар се сол амнистия медод. Аммо дар ин авохир аз се сол ҳам гузашту надод.
Дар ин нома, ки қаҳрамони он як хоҳар аз Узбекистон,ки бо тими «Ислоҳ» дар назди зиндон сӯҳбат кардаасту дарди дил намудааст: «ҳам аз набуди шароити хоб дар зиндонҳо ва ҳам аз норасоии обу ғизо, аз бегуноҳии зиндониён, аз порадиҳӣ ба зиндонбонҳо ва… интиқод мекунад». Бигзор тафсилоти онро худатон мутолиа карда огоҳ шавед:
Тошканд
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз расонаҳо хондам, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад. Аммо ман ба ин омор он қадар бовар надорам. Ба назари ман шумораи зиндониҳо аз 15 ҳазор ҳам бештар аст.
Ин номаро як нафар аз Хуҷанд, ки бо «Ислоҳ» чанд сол аст, ки ҳамкорӣ менамояд, барояш вазифа гузоштем,ки вазъи зиндониҳоро аз беруни зиндон омӯзад ва ба мо муфассал нависад.
Дар муддати се ҳафта чандин маълумотҳоро бароямон ирсол намуданд. Инчунин бо як зане вохурданд,ки зан аз Узбекистон будааст вале шавҳарашро бе гуноҳ зиндонӣ кардаанд. Моҷароро аз сӯҳбат бо ин зан ба «Ислоҳ» навиштааст.
Сӯҳбат бо ҳамсари як зиндонӣ дар Хуҷанд:
Яке аз ин зиндониҳо шавҳари худи ман мебошад.
Баъди ҳодисаи Крокус –сити дар Маскав шароити буду боши тоҷикҳо дар Русия хело бад шуд ва шавҳарам ночор баргашту омад Узбекистон. Дар Узбекистон ягон кор мекунам гуфт ва барои ҳамин шиносномаи ӯро временний прописка мондем. Ҳамон рӯз, ки пропискаи муваққатӣ мондему ҷойи корро ҳам гапзанон карда будем, пагоҳаш милиса омаду шавҳарамро аз хонаамон бурд ва бечораро як моҳ бе ягон асос маҳкам карданд, ки ту чаро инҷо омадӣ, чаро Тоҷикистон нарафтӣ? Дар ин тӯли як моҳ на моро маълумот медоданд, на ҳиҷчи мегуфтанд. Мегуфтанд, ки вай бисёр корҳо кардагӣ, аммо чи кор кардагӣ, чизе намегуфтанд. Баъди як моҳу як руз сар доданд, чун ҳеҷ коре накардааст ва бе далел ӯро нигоҳ доштанд. Аз инҷо баромаду Тоҷикистон рафт, ки онҷо ҳам вақти убури марз, дар сарҳад дастгир карданд, бо ин сабаб, ки лайк мондааст. Статяи 307 заданд. Боварам кунед ин лайк ҳам сохта аст. Ҳозир дар ин зиндони Хуҷанд аст, ки бо шумо дар наздаш сӯҳбат дорем. Як сол зиёд шуд, маҳкам аст.
Дар Хуҷанд дар зиндон вазъият беҳад безеб аст. Шароиташон безеб, ғизоҳояшон безеб. Одам пур шудагӣ дар зиндон. Дар ҷои 30 кас 300 нафарро ҷо кардаанд.
307-ҳо беҳад азоб кашида истодаанд.
Пул, пул, пул фақат пул. Безор шудем, аз пулдиҳӣ. Як замначалник доштанд бисёр баду худозада буд. Чанд бор аз ман ҳам пул гирифт:- 1000 доллар 3000 ҳазор доллар гирифт, 3000 сомонӣ гирифт.
То онҷо, ки шунидам бештари зиндониҳо 307 ҳастанд ва онҳоро бо ҳар туҳматҳои сохтае зиндонӣ кардаанд.
Ман шоҳид будам ба занҳои зиндониён дастдароз мекунанд ин номардҳо.
Ман гоҳ-гоҳ,ки бо шавҳарам гап мезанам мегуяд, ки «инҷо ҳамааш 307, бегуноҳону бечораҳо. Мебурорем мебурорем мегуянду аммо фиребамон мекунанд».
Як моҳ занг назад. Гуфтам чаро занг назадӣ? Гуфт: «масҷидро маҳкам карданд. Дар барак-ҷои зисту хобашон намозхонӣ мумкин нест. Гуфт «пеши масҷид рафтем, масҷидро маҳкам карданд. Ҷумъаро хондем, қариб чанд касро бе ягон гуноҳ ва қонунвайронкунӣ бурда дар даруни тюрма боз тюрма будааст, онҷо маҳкам карданд шизо. Хароб шудам мегуяд. Ҳиҷчи намедиҳанд ба зиндониҳо. Фақат обу нон, обу нон медиҳанд. Ҳама инҷо гушнаанд. Инҷо вазъият беҳад безеб. Дачкаҳоро ҳам соз намедиҳанд.Ҷойи хобкунӣ нест. Маҳкумшудаҳои зиёд дар рӯи замин мехобанд. Ҳама касал шудагием, паронандамон беҳтар аст».
Чашмонам тамоман хуб намебинанд мегуяд. Намедонам кай мебурояд. 5уним сол доданаш. Бегуноҳ. Ранги шавҳари ман хеле зиёд бечораҳои бегуноҳҳо дар дохил қарор доранд. Дилам месузад.
Гоҳо худамро таскину тасаллӣ медиҳам, ки ин ҳам як сунати илоҳӣ ва имтиҳон аст. Ин ҳам аҷри худро дорад ин шо Аллоҳ. Хоҳар дуъо кунед гуфт он зан. Аз ҳамаи муҳоҷирҳо талаб кунед дуъо кунанд, ки ҳамин бечораҳо бароянд ба сари кудаконашон бозгарданд.
Аз 5уним сол як солаш гузашт.
Дар ҳамин тюрма бо иттиҳоми моддаи 307 ҳазор нафар маҳкумшуда будааст.
Зиндон назди пожарка аст. Сардори ин зиндон номаш Иброҳим аст. Замначалникаш Шерафган буд пештар. Ҳозир гирифтанаш, ӯро Худо зад, аз кор сураш карданд. Як золими худозада буд. Ба маълумоти ин зан пас аз навиштану гуфтани мухолифони давлат Шеравганро аз кор шармандавор гирифтанд. Иброҳим ҳам як гушначашми дигар аст. Бо ҳисобе мо дорем қариб 400 нафар қорӣ бачаҳои ҷавон, ки ҳеҷ гуноҳе надоранд дар ин зиндон ҳастанд вазъашон хело бад аст.
Қариб 9 моҳ дар СИЗО-и Хуҷанд буд. Дар онҷо фақат гушнаҳову худозадаҳо кор мекунанд, ки аз ҳеҷ чи наметарсанд, на аз Аллоҳ на аз бандааш. Як намуд пул мегиранд, ки фақат пул мепурсанд аз наздикони зиндониҳо.
Ман гуфтам,ки Узбекистониям. Началникҳо, замначалникҳо заказ мекунанд. Ба ман ин биёр ба ман он биёр гуфта супориш медиҳанд. Ман мебурдам. Барои онки шавҳарамро азоб надиҳанд, азоб накашад гуфта мебурдам. Аз барои Аллоҳ кардам. Аммо вазъияташон сахт тоқатшикан. 98% зиндониҳо боварам кунед бегуноҳанд.
Савол: Метавонед дақиқан барои чӣ дар Тоҷикистон зиндонаш карданро гӯед, то беҳтар фаҳмам?
Вақте аз СИЗО-и Узбекистон ҷавобаш доданд, штрафаш карданд. Гуфтам штраф барои чи мекунед? Учеташ просрочений будааст, як рӯз гузаштааст. Барои ҳамин. Охир ин айби шумо аст, чунки шумо қапидед бе гуноҳ ӯро.Аммо баромаду дилаш бад шуд гуфт ватан равам якбор. Ҳарчи гуфтам чаро меравӣ? Гуфт бояд равам як хабаргирам.
Вақте дар сарҳад дастгираш карданд саволборон мекунанд, ки чаро туро Узбакистон маҳкам кард, чи гуноҳ кардӣ? Гуфтааст ҳеҷ гуноҳ надоштам ва гуноҳам «танҳо тоҷик буданам ҳаст». Диданд гуноҳ надоштам тафтиш карданд ҷавобам доданд.
Вақте дар сарҳад гирифтанду бурданду дар ҳамон отдел ду ҳафта маҳкам карданд, аммо мо хабар надоштем. Мо мековем, аммо чизе намегуфтанд. Телефанашро мегиранд.
Шавҳарам мегӯяд, ки ман чи гуноҳ дорам? Ман ягон гуноҳ надорам ку. Телефонашро мекобанд, на Тикток, на Одноклассникӣ, на Телеграмм, на Фейсбук дошт. Ватсап дошт. Кадом наворҳоеро худашон скачат карда бори вай мекунанд.
«Ту соли 2022 ба се одам ана ҳамин видеоро роҳӣ кардагӣ». Дар он видео як нафар муллое мегуфтааст, ки касе занаш беҳиҷоб аст, вай даюс ҳисоб мехурад. Ин видеоро ба апааш ҳам партофта будааст.
«Чаро партофтӣ, мумкин нест», мегӯянд ва ба ана ҳамин ролик статяи 307 заданду маҳкам карданд. Охир ин гап дар куҷо рост мегирад? Намедонам инҳо чи хелин инсонанд?
Шавҳарам гуфт, ки «дар инҷо инвалид аст, ки як почааш кор намекунад. Ӯро низ маҳкам кардагӣ. Гуфтам чи гуноҳ дорад. Мегуяд ба кадом навори мухолифон лайк гузоштаи гуфта 307 зада маҳкам кардаанд. Садҳо ҷавон ҳаст инҷо,ки гуноҳашон тоқии сафед, дар намози ҷумъа иштирок кардан, маълумоти дурӯғи шахсе нисбаташ ва….
Дар бинои кумитаи амнияти вилояти Суғд, зданияи сурхи шаҳри Хуҷанд 10 рӯз маҳкам карданд. Бо ҳазору як азобу бо додани пули зиёд наздаш даромадам ва ҳамроҳаш
гап задам, ки охир чи гапу хабар аст, ки туро маҳкам карданд?
Дар пеши мо як милиса меистад. Шавҳарамро дар сараш қопча пушонида дастонаш занҷирбанд ва дар пушт баста меоранд.
Ман пурсидам,ки «и чи гуноҳ кардааст, ки инхелин мекунетон? Очаи президента кушта бошадам ихели азоб наметиян».
95 кило буд 50 кило ҳам нест ҳозир. Сип-сиёҳ гаштааст. Хӯрданӣ ҳиҷчи нест мегуяд. Хурокҳояшон фақат об аст, мегӯяд.
Хайр, худатон бинед. Вақте нигоҳ карда наметавонанд, маҳкумшудаҳоро обеспечит карда наметавонад, хурондан наметавонанд, сар диҳанд чи кор мекунад? Оир вай ягон ҷинояти вазнин содир накардааст, ку? Хуб пул гузаронидааст, дигар намекунад,тамом. Наход барои 500-1000 рубл 5 сол зиндон шавад, умри ҷавонашро дар маҳбас ва гушна гузаронад. Охир оилаи вай бачаҳояш чи мешавад? Хуб бигзор ҷарима кунанд, бизор як қисми пули корашро ҳамчун ҷазо ба давлат гузаронад. Аммо 5 сол зиндон кардан зулму ҷабр нест? Намедонам ман чи кор кунам.
Дилам месузад, лахту пора шудааст. Дар таги қарз мондам.
Меравам барои дачка ё свиданка. Онҷо занҳо очеред меистанд ба кудаконашон, барои додани дачка ё мулоқот. Бовар кунед, ки онҳоро мебинӣ дар поҳояшон нормалний обув надоранд, ҳатто шлепкаи пояшон соз нест. Мебинӣ, ку дилат мекафад, раҳмат меояд, камбағаланд бечораҳо, ночоранд. Ҷамъ карда, ҷамъ карда продукта бурд истоданд. Боз барои онки ҳамин продуктаашонро гиранду ба маҳбус баранд «вайда даҳ сум бте ба дуввумиш 20 сум бте ,ба савввумиаш сӣ сум. Ба боз ба уш 100 сум бте, ана ҳамин хелияй ҳолат. Инҳо аз Аллоҳ наметарсида бошанд. Намедонам боз чи бигӯям? Онҳо дар чи вазъу ҳоланд, аммо ин коргарони зиндон, мегӯӣ, ки даррандаанд, ки дар ҳамин вазъу ҳол аз онҳо пулу пора мегиранд.
Эй, Раҳмонов ва мақомоти дахлдор Мансур Умаров магар ин ҳамаро намебинед? Магар шумо одам ҳастед?»
Хуросон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадикболи Садриддин. Мо аз ноҳияи Хуросон чамоати Айнӣ, деҳаи Ҳалқаҷар ҳастем. Дар барномаи «Минбари муҳоҷир»№ 355 дар бораи танзим гап задед.
Дар Ҳалқаҷар бе хабардор кардани раиси маҳалла ҳамон Мавлонов Ғиёсиддин ягон маърака намегузарад. Агар Ғиёсро хабардор накунанд танзим ҳатман омада меқапад. Мисоли одӣ. Яке аз зодагони ҳамин деҳа, ки дар дехаи поёнӣ кучида рафта буд, хонаи падараш дар ҳамин Ҳалқаҷар аст. Аз Уялӣ дар мошини Мавлонов Ғиёсиддин мешинад ва ба Ҳалқаҷар хонаи падарам меравам мегуяд. Вақте ки Мавлонов Ғиёсиддин ба Ҳалқаҷар медарояд дар роҳ омадан мегирад, ки дар хонаи яке аз ин ҳамдеҳаи мо се -чор мошин дар паси дарвозаву чанд зани дигар дастархон ба даст ба ин хона медароянд. Мавлонов Ғиёсиддин дарав ба танзими ҳамон вақта занг мезанаду мегуяд, ки Манзар тез давида Ҳалқаҷар биё хонаи фалон одам, ки чи гапе ҳаст, хонааш пури одам. Баъд камтар болотар меоянд. Ин марди ҳамсояқишлоқ рости хонаи падараш мерасад ва Мавлонов Ғиёсиддин мегуяд: «раис мошина ҳамиҷа манъ кун, ма мефром». Мавлонов Ғиёсиддин талхакаф мешавад, ки «ту раҳда нафромада будӣ?»
Нигоҳ кун бародар аз фарти хабаркашӣ ва меҳру муҳаббат ба бузӣ доштан дар қафои мошин одам дорад ё не фаромуш кардааст.
Дар ин ҷо номи нафари маъракадор ва номи ин марди дар мошин бударо нагирифтам, ки Мавлонов Ғиёсиддин боз тавассути амният ғам надиҳадашон.
Моҳи феврал пеш аз Рамазон Мавлонов Ғиёсиддин худаш чи маъракае дошт. Аммо медонед маъракаашро дар куҷо гузаронд? Дар куҳ, дар сари заминҳояш, гӯё вай наврузӣ баргузор кардааст. Дар маъракаи вай аз 40- мошин зиёд буду кам не. Агар ин маъракаро дар хонааш мекард, бо ин қадар одаму мошин ин мардум худаш танзимро хабар мекард. Хулоса, ту худоӣ дорӣ ё духтаратро фотиҳа дорӣ ё наберадор шудӣ ва барои набераат гаҳвора меоранд, Агар Мавлонов Ғиёсиддин набошад, танзим меқапад. Агар 3-4 рӯз пеш аз маъракаат Мавлонов Ғиёсиддинро гап занӣ тамоми қишлоқ хонаат биёяд ҳам танзим ба ту кор надорад.
Соли 2022- помош омад-орд. Аз кадом давлат буд намедонам. Линчаи орд 25- килоӣ. Бо фура овардану дар склади мактаб фароварданд. Рӯзи аввал тақсим карданд, рузи дуюм дарро кушоданд, ки линчахои орд ба чашм кам меояд. Баъдан сирашон баромад, ки шабошаб Ғиёс бо муовинаш Аҳлиддини ошпаз 100 линча ё 2500 кило ордро ба хонаҳояшон кашидаанд. Бехабар аз онки аз ҳамин орди помош омада касе хурд дар баданаш ё захм шуд, ё хоришак. Тамоми қишлоқ ҳамин тавр шуд.
Сол 2022-2023. Мавлонов Ғиёсиддин бачаи сеюмаш Шарифхолро, ки синфи 11ро буд кард, хизмат роҳӣ намекунад. Аз ба ҷои бачаи якумаш фарзанди Салмонро роҳӣ карда ҷонашро халос кард. Бачаи дуюмашро ҳам ровно як моҳ роҳӣ карда ба 50 ҳзор харидӣ. Хуб, мард шав писари сеюматро ду сол роҳӣ кун, хизмат карда ояд ба монанди фарзандони мардум.
Ҳамон одамҳое, ки мегӯянд Мавлонов Ғиёсиддин аз раисии маҳалла равад Ҳалқаҷар афгор ва масҷид баста мешавад, ман ба онҳо мегуям,ки Ҳалқаҷар афгор намешавад вале масҷид баста мешавад. Чунки дар масҷид гапи муллоимом аст. Вале гапро аз Мавлонов Ғиёсиддин гирифта мегуяд ин Ғиёс дар масҷид аз пешаш касе барояд хуҷаини масҷид мемонад.
Нурмаҳмад аз Чорбоғ калиди дарвозаи масҷид ҳамин сол рамазон дар дасти у буд. Баъди саҳарошӣ барвақт ба намози бомдод меомаданд. Дари масҷид маҳкам буд. То омадани ин Нурмаҳмад дар паси дар мемонданд. Ба мисли Нурмаҳмад чандин нафар худнамоӣ мекунанд. Рузи 10 март шаб дар намози таровеҳ вақти намоз соати 20:00 буд. Мардум ба муллоимом ҳоҷӣ Ҳасан гуфтанд, ки байни намози шом ва хуфтан як соату понздаҳ дақиқа фарқ карда истодааст. Хулоса мардум 2-3 дақиқа ҷанҷол карданд, ки вақти намозро 20:10 ё 20:15 муқаррар шавад. Мардум бо ҷанҷолашон овора ҳоҷӣ Ҳасан ба тараф Мавлонов Ғиёсиддин нигоҳ карда калла ҷумбонд, Мавлонов Ғиёсиддин ҳам калла ҷумбонд. Ҳоҷӣ Ҳасан вақти намозро ба 20:10 монд. Аз ҳамонҷо фаҳмидам, ки гап гапи Мавлонов Ғиёсиддин будааст.
Ҳоҷӣ Ҳасан бошад як лухтак аст, савод надорад. Сураҳои азёд кардааш аз руи «Фарзи айн»-и тоҷикӣ аст. На таҷвид дорад, на қироат. Як руз намози асрро панҷ ракаъат мехонад. Баъди намоз дар беруни масҷид мегуянд, ҳоҷӣ панҷ ракъат хондем. Ҳоҷӣ Ҳасан мегуяд, ки «мулло маюм даркор шава се ракъат мехонум».
Охир Ҳасан ба ин гапи гуфтааш ҳукмаш чист? Фарзи худо гуфтагиро даркор шавад, се ракъат мехонам гуфт. Вақте ҷаноза мешуд дар минбар мебаромад мегуфт, ки арабҳо як хислат доштанд. Вақте дар арабҳо касе мемурд ин калимаро мегуфтанд: «инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун».
Бародар Муҳаммадиқбол,акнун саводи ин муллоро бин. Касе гуфта бошад, ки эй аҳмақ ин хислати арабҳо не, ин ояти Қуръон. Барои ҳамин дигар хислати арабгуиро бас кард. Хулоса, бародар хару сагон мулоимом ва соҳиби масҷид шуданд.
Самариддини ғармӣ дар «Минбари муҳоҷир»-№ 355 гуфт, ки дар Ғарм мактаб месозанд, лекин ду гектар замин наёфтаанд. Ин гап дар ҳақиқат рост аст. Мувофиқи шунидаи мо арабҳо ба Тоҷикистон 130- миллион долар доданд. 100- миллион ба дигар корҳо аммо 30- миллион долар ба соҳаи маориф бахшида шудааст. Мактиби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 соли 1965 бунёд шудааст. Ин мактаби Ҳалқаҷар 60- сола шуд. Чанд сол боз гап буд, ки мактаби нав месозанд. Ду сол пеш директор Гулчеҳра мегуфт, ки арабҳо омада чанд мактабу донишгоҳ месозанд. Гуфта буд, ки ҳамин мактаби Ҳалқаҷар дар руйхат ғалтидагӣ аст, мактаби нав мешавад. Лекин у аз директорӣ баромад. Аммо директори ҳозираи мактаби рақами 24 Мавлонов Асомиддин ва раиси маҳалла Мавлонов Ғиёсидин аз паси ободии мактабу қишлоқ нагаштанд. Вале шербачаҳои ҳамсояқишлоқи Партсъезд дар ноҳия корро ҳал карданд. Мактабе, ки дар Ҳалкаҷар мешуд акнун дар Партсъезд сохта мешавад.
Арабҳо мактаби сеошёна месохтаанд. Масоҳат ҳамин ду гектар. Арабҳо гуфтаанд, ки дар куҷое мактаб месозем заминаш бояд ду гектар бошад. Ва ҳамин тавр бо тамоми шароити замонавӣ мактаби нав аз дасти Ҳалқаҷар рафт. Чунки раиси маҳалла Мавлонов Ғиёсиддин ва директори мактаб Мавлонов Асомиддин кор накарданд. Ҳоло медонед, ки ин ду дар куҷоянд? Ба мисли келас дар танаи дарахти писта часпидагианд. Мактаб бесоҳибу директори мактаб ҷангал гирифтаасту пистабонӣ рафтааст. Вазири маориф куҷоро нигоҳ дорӣ? Ҳозир дар мактаб ягон муаллим нест. Ҳама пистабонӣ.
Дар бораи ҳолатҳои зарбу лати талабаҳо аз тарафи муаллимҳо дар барномаҳои Номаҳо аз ноҳияҳо 203 ё 204 гуфта будем. Бале, дутояш бас карданду Русия рафтанд. Пешравӣ ҳаст.
Талабаҳо ҳам тамошо мекунанд. Вале як номард ҳаст, ки вай Раҳмонқулов Умед ном дорад. Вай омодагии дифоъи ҳарбӣ дарс мегуяд. Бачаҳои синфи 5-6- ро дар дарси тарбияи ҷисмонӣ сахт ғам медиҳанд. Алиёри амакиаш ҳамроҳи Алиёри посбони мактаб аст. Лекин дар стадион чунон дод мезанад, мегуӣ майдон аз Ҳайити отааш бошад.
Умед ту аз аввал мард набудӣ ва мард нашудӣ. Ту мард мебудӣ бачае, ки тарафи хонаи Зафари амакиат нигоҳ карда гузашт, дидиву ҳеҷ чиз нагуфтӣ. Рузи дигар дар мактаб баҳонаи дарс карда задиаш. Умед фикр кардӣ ин кудакони синфи 4-5-6-аз ту метарсанду дуои бад намекунанд дар ҳақат. Ана ҳамин ҳолат паёмади дуои кудакони бегуноҳ аст. Мардуми Ҳалқаҷар ҳеҷ чизат нагуфтанд, лекин райони Панҷро ба мисли Ҳалқаҷар фикр кардӣ. Аз райони Панч замини писта гирифтаанду рузи 13 ё 14 июл. 15 аспакӣ мераванду ҳамин Умедро бо чанд нафари дигар мезананд. Дигарҳо бегуноҳ вале Умед зулм дар сари талабагон карда буд, гунаҳгор буд. Умедро чунон задагианд, ки дар пояш рост мемонанд боз меғалтад. Бачаҳои Панҷ кадоме Умедро задед дастатон дардро набинад. Коре,ки ҳалқаҷариҳо накарданд, панҷиҳо карданд.
Умед дар сарат зарба хурдӣ, яке ақл гирифтӣ. Умед ин сухани ман угрожат не , паём аст, тинҷ бигард, кудакҳоро ғам надеҳ. Алиёри амакат ҳам ин дафъа аз бобоят сар мекунам ба падаруту амакҳоят, аз солҳои навад мебинем, чӣ кор мекунӣ?
Ба умеди пирузӣ.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.Ин боз ҳам ман ҳастам,ки аз Волгоград бароятон менависам.Ин бор ҳам ман сайтҳои нашрияҳои чопи Душанберо мурур ва мутолиа карда ба як навиштае дар сайти СССР бархӯрдам. Қабл аз онки дар бораи он чизе бигӯям ин навиштаро, ки таҳти унвони «Фаввораи бесоҳиб» аз 16уми июл чоп шудааст, пешкаши хонандаҳои гиромии «Ислоҳ» намоям. Ин навишта ба қалами нафаре бо номи Зариф Ғулом мансуб аст ки худро адиб муаррифӣ кардааст:
«Вокзали роҳи оҳану Фурудгоҳи ҳавоиро дарвозаи шаҳр мегӯянд. Зеро ки маҳз тавассути ин иншоотҳои бузургу муқаддас ҳазорҳо меҳмони пойтахти кишвари азизамон ба воситаи он ба фарҳангу маданияти халқи тоҷик шинос шуда, баҳо медиҳанд.
Дар вокзали шаҳрамон рӯ ба рӯйи бинои чорошёна, 10 қадам ғарбтари бинои боҳашамати идораи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бинокорони боғайрати пойтахт фаввораи зебои мунаққаше сохтанд, ки мавҷудияти он ба ҳусни шаҳр ҳусн зам мекунад. Вале 100 афсӯс, ки он бесоҳиб буда, солҳои зиёд корношоям гардида, ба партовгоҳ табдил ёфта, дар дохили он пораҳои тарбузу харбуза, баклашкаву ҳар гуна маҳсулотро дидан мумкин аст. Намуди ҳузнангези он на танҳо табъи истиқоматкунандагони бинои чорошёнаро хира мегардонад, балки руҳияи меҳмонони шаҳрро ношод месозад.
Дар ин рӯзҳои гарми саратон ҳатто наврасони мактабхон, ки дар таътили тобистона қарор доранд, наметавонанд, ки аз ҳавои салқини фаввора истифода баранд. Саволи матраҳ ин аст, ки наход кормандони хоҷагии коммуналии ноҳияи Шоҳмансур ва махсусан мутасаддиёни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ин манзараи ҳузнангезро надида, баҳри бартараф кардани ин нуқсон, ки ба зебоӣ ва таровати пойтахт таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад ӯ чораву тадбири судбахше наандешанд?»
Ин буд ин матлаби СССР. Аммо ончики дар ин навишта гуфта намешавад ва нуқси асосии он мебошад, ин аст ки муаллиф ҷуръат накардааст, ки «саволи матраҳ»-ро ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр бидиҳад,чунки муқассир вай аст ва нафаронеро, ки дар ин арса ё арсаҳои дигар шаҳрдорӣ мансуб кардааст, шоиста ва сазовор нестанд.
Вагарна, дар ҳақиқат ҳама вокзалҳо ба сифати дарвозаҳо ё даромадгоҳҳои шаҳр ба ҳисоб мераванд ва вақте вориди даромадгоҳ мешавиву чунин манзараҳои нохуш ва кареҳро мебинем, дафъатан рӯи муроҷиатамон самти раиси шаҳр бармегардад.
Ва, аммо на фақат хоҷагии коммуналии шаҳри Душанбе аст ки наметавонад кори худро ба ваҷҳи аҳсан иҷро кунад, ҳама сохтору ниҳодҳои шаҳрдории Душанбе ҳамин гуна нокоргар ва номуваффақу ноуҳдабароянд.
Барои ҳамин тавсияи ман ба ин нашрия ин аст ки ба шахси масъули асосӣ муроҷиат кунанд ва ӯро водор кунанд,ки ҳарфи интиқодиро бишнавад ва дар ислоҳаш бикушад. Ӯро ҳам мисли падараш фавқулбашар набояд тарошид!