«Давраи Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳазор бор беҳтар буд». Ин аз навиштаи як нафар таксисти Душанбе аст. Дар бораи вазъияти кору фаъолияти таксистҳои Душанбе аз пойтахт номаҳои изтироболуд зиёд омада истодааст ва дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ин масъаларо хеле зиёд гуфта истодаанд. Аммо бадтар мешаваду беҳтар не.
Рустами Эмомалӣ, бинобар маълумотҳои расида ҳама ширкатҳои таксиро аз шаҳр берун карда фақат ширкатҳои худашро ворид кардааст. Аммо ба ҷойи фароҳам ва мусоид кардани шароит, болои таксиҳо ҳамарӯза мушкилиҳои навро бор карда истодаанд. Дар номаи зер, ки аз як гурӯҳи таксиронҳо расидааст, дар бораи як қисме аз ин мушкилоҳо гуфта шудааст.
Душанбе
Ассалому алайкум домуло Муҳаммадиқбол! Ин номаро мо як гурӯҳ аз ронандаҳои таксиҳои шаҳри Душанбе бароятон менависем. Инро нашр кунед, то мардуми кишвар бифаҳмад, ки дар Душанбе чи гапу кор рафта истодааст. Таксистҳои пойтахт ба чи ҳолу рӯзанд, як тика нонро ба чи азобу машаққат ба даст меоваранд.
Баъзеи мо дар таксии Душанбе 20 сол, баъзе 10у 15 сол кор карда истодаем. Вале дар ин як ду соли ахир бо вазъияту мушкилиҳое рӯбарӯ шуда истодаем, ки пештар тамоман вуҷуд надошт. Бо ҳазоруяк баҳона кори таксистҳои пойтахтро мушкил карда истодаанд. Давраи Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳазор бор беҳтар буд.
Шикояти мо мушаххасан аз роҳбарони Эко-таксӣ ва Сафо-таксӣ аст. Бовар кунед, ки ин ширкатҳо хуни бадани таксистҳоро макида истодаанд. Як сокини Душанбе дар як барномаи шумо гуфта буд, ки нархи таксиҳои шаҳри Душанбе баъд аз онки дар бозори мусофиркашонии пойтахт фақат ширкатҳои Рустами Эмомалӣ монд, бениҳоят гарон шуд, ҳатто аз нархи таксиҳои пешина, ки бо бензин мегаштанд болотар рафт. Ҳамон одам садфоиз дуруст гуфтааст.
Ҳоло ман ба шумо вазъияти дарунро мегӯям
Домулло, бовар кунед «ай худмонам, ай ҳамин таксирам безор шидем. Бе одих ҳаруза маҷбуран касал дорӣ, таъзия дорӣ, отат мемура, фарзандат мемура, хешу таборат мемура, худат касал мешавӣ, ба инҳо фарқаш нест, 100 сомонӣ маҷбурӣ мегиранд. Шумо ҳисоб кунен ҳар таксӣ дар як рӯз 100 сомонӣ медиҳад. Агар ин маблағро натавонад додан, аз се рӯз муҳлати пардохтро гузаронад, ба вай процент мебанданд: -120 сомонӣ медиҳад.
Ин дар ҳақиқат мусибат болои таксиҳо аст. Дирӯз маҷлис карданд- рузи 28 август. Раиси таксиҳои Сафо-таксӣ ва Эко-таксӣ ба таксистҳо гуфт «дар пушида, ин хабар аз ҳаминҷа набарояд, Ҷура –таксӣ- платформаи тан аз сентябр мешавад, даҳшат мешавад».
Эй, мардум мо таксиҳо рӯз надорем шумо ҳам рӯз надоред. Ҷои 10 сомонӣ мешавад. Гарон. Бовар кунед программаи Ҷура- таксӣ, ки инҳо мекунанд 10 фоизӣ болои мегиранд, беғайр аз 100 сомонии ҳаррӯза. Ин маблағ барои ин гушнаҳо кам буд — 100 сомонӣ «бо 10% фоиз болошда мемона, о беинсофо 100 сомон шумода ай ҳаво рафтестай ку?»
Таксиҳо аз банк қарздоранд, ин қадар маблағ аз куҷо меёбанд? Шумо ба кадом ақл ин корро мекунед? Бовар кунед, ки ҳама аз ҷонамон безор шудаем.
Аз 12 ҳазор зиёд мошин ҳаст, мардум ба дод омадаанд. Бародар Муҳаммадиқбол, бахудо ҳама мунтазиранд. «Коре шававу таҳи инҳо ҷумба мардум медонан чикор кунанд бо инҳо. О, Рустами Эмомалӣ ту президент шавӣ ба ин ақлу ақидаат, бо ин нафси бадат, чихел мешӣ? Фикр намекунӣ я гапу хавар шава ин мардум зиндазинда мехуран тура бахудо. Як шаҳро сарфаро намерай, ба дод овардагиӣ, президент шавй Тоҷикистонро ба чи ҳол меоварда бошӣ»?
Домулло бахудо аз ҷонамон безор шудаем. Ин қадар мардумро безор кадрда истодаанд, дар ҳама кор тайёр шуда истодаем. Ин мардум розиянд, ки ба митинг бароянд, мардуми муҷоҳид ба Тоҷикистон дароян, мо ёрдами худро мерасонем. Тайёрем, шуморо нигаҳ дорем. Шумо бисмиллоҳ гӯед, мо иншааллоҳ дар баратон мешавем.
Илтимос, ин навиштаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳатман бигузоред. Умеди калон аз шумо дорем, тамом, аввал аз Аллоҳ, баъд аз шумо!
Дар охир боз як мушкилии дигари болои таксистҳоро мехоҳам бароятон бигӯям. Моро водор карданд номерҳои сабз гирифтем. Ҳоло боз маҷбур карда истодаанд, ки номерҳои зардро ҳам бигирем. Барои ин номер бояд боз 260 сомонӣ диҳем. Намедонанд чихел пул ҷамъкунанд аз таксистҳои бечора.
ГАИҳо мегӯянд, ки ин номерҳоро ширкатҳо худашон ҷорӣ кардаанд, гӯё барои пешгирӣ аз таксиҳои пинҳонӣ кор мекарда ҷудо кардан, ГАИҳо гуфтанд, ки ин номерҳо бепул, аммо ширкатҳо 260 сомонӣ талаб карда истодаанд.
Бахудо вазъият беҳад баду аз бад ҳам бадтар аст.
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳҳаммадиқболи Садриддин. Ташаккур аз шумо, ки номаҳои фиристодаи моро дар бораи ноҳияи Рӯдакӣ ва раиси порахӯру ҳаромхӯри он Абдуғаффаори Ҳикматуллозода чоп намудед.
Ҳоло боз мехоҳам каме дигар ба номаҳои пешина иловаҳо кунам. Идораи коммуналӣ ба ноҳия аҳамият намедиҳад.
Ноҳия аз нормаи муқараргардида гузашта аст ба монанди давлати Ҳиндустон. Пеши ҳар як дом 2 камаз мусор аст. Агар бовар накунед ба Шумо як роҳи корро меомузонам амниятиҳои беномус. Ҳаминки ин нома чоп шуд метавонед рафта хабар гиред. Аммо ман бовар дорам Шумо сари вақт намебинед. Шумо дар фикри бизнеси замин ҳастед,Шумо дар фикри бизнеси документ ҳастед. Агар ору номус дошта бошед, агар хоҳед он маоше, ки аз ҳисоби андози халқи мазлум мегиред, ҳалол карда хуред ҳаминки нома чоп шуд ба ҷамоати Мирзо Турсунзода назди идораи ҷамоат биёед бинед, ба андозае буи ғализ дорад, ки то километр буяш меояд. Магар ин раиси ғоратгар, ки аз он мавзеъ ҳаррӯз мегузарад буйи ғализи партовгоҳ ба димоғаш намезада бошад. Ё ин ки вақте шахс ғоратгар шуд ба вай ҳеҷ чиз фарқе надорад, ё ин ки ягон буй дар димоғаш намезанад, ғайри он нафаре, ки Ҳикматуллозодаро пул медиҳад?
Мо дар ин ҳама бесарусомониҳо фақат 2 сохтори қудратиро мебинем:
1) амнияти миллӣ;
2)Прокуратураи генералӣ
Ман каме мехоҳам рушанӣ андозам. Ман мисол намеорам. Раиси ғоратгар бо СС. Ятимов як бизнеси якҷоя доранд. Барои ҳамин амният як рифолаи Ҳикматуллозода Абдуғаффор шудааст. Ин Ҳикматуллозода хеле аз соҳибкорони бо ору номуси Фархорро бо маблағҳои то 500 ҳазор доллар кидат кард. Бар ивази гирифтани пул ваъда дода буд, ки ин территорияро медиҳаматон. Аммо ба дигар ба соҳибкорони ғармӣ фурӯхт ва шермардони Фархорро кидат кард. Чунки рычаги фархориҳо дар дасти СС. Ятимов мебошад, бо ҳамин усул соҳибкорони Фархорро шикаста истодааст.
Мехоҳам дар бораи гунаҳкор будани Прокуратураи генералӣ каме бошад маълумот диҳам. Барои чи прокуратураи ноҳия эътироз ё инки монеъагӣ намекунад? Чунки Ҳикматуллозода ба прокурори ҳозираи ноҳия гуфтааст, ки «да корои ма лезит накн куна бҷқ бгард. Да и ноҳия ма гап мезанм. Вақте гап зан бгумта гап мезанӣ, вақте бгум хап кн,хап мекнӣ, ай хатти кашидагим намероӣ. Агар як корта фаҳмам ранги прокурори собиқ Давлат Ҳусейн даф мекнумта». Аз ҳамин ҷиҳат прокурори ноҳия ранги муши мурда овозаш намебарояд. Ин Ҳикматуллозодаи ғоратгарро наход барои он монда бошанд, ки ҳамаи ноҳияро фурӯшад ва дуздӣ кунад? Ҳикматуллозода рӯз то рӯз нафсаш калон шуда истодааст. Мисол барои қарори сохтмони доми баландошёна гирифтан пеш вақт сари ҳар як квадрат 56 сомонӣ буд ва 2 миллион сомонӣ «шапка» (пора- ҳақи раис) ҳоло бошад ҳақи раис 300 ҳазор доллар ва барои қарор сари ҳар 1 квадратный метр 90 сомонӣ шудааст.
Фарз кардем пеш вақт доляи қарори раиси шаҳр барои сохтмони як блоки баланд ошёна 230- 240 ҳазор доллар буд, ҳоло бошад 350- 360 ҳазор доллар шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат соҳибкор инфрасохтори пешбинишударо сохта наметавонад, миёни соҳибкор мешиканад, маҷбур аст, ки нархи биноро барои харидор боло барад.
Муроҷиати ман ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон номуҳтарам Ҳабибулло Воҳидзода! Барои он номуҳтарам мегуям, ки кадом вақте содиқона кор кунад баъд муҳтарам мегуямаш. Муроҷиат ба Шумо чунин аст. Шумо махсус паёмак мефиристед, ки Соҳибкорони муҳтарам!
Ҳангоми дучор ба фишор ё дахолати ғайриқонунӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони алоҳида ба Прокуратураи генералӣ, ба рақамҳои 2366373; 2362702 ё ба почтаи электронии [email protected] мурочиат намоед.
Ман мехоҳам аз ҳамин минбар ба Шумо расонам, ки раиси ноҳия муовини пешини Шумо инқадар соҳибкорҳоро шикасту сарсону саргардон кард, Шумо кай ва чи тавр тафтиш мекунед ин Ҳикматуллозодаи ғоратгарро?
Ҳоло боварии мо факат ба Агентии зидди коррупсия мондаасту халос.
Ман ҳамчун як сокини ҷамоати Мирзо Турсунзода ба Сулаймон Султонзода, раиси Агентии зидди коррупсия муроҷиат карданиам ки чи тавре Исмати дуликро тафтиш карда истодааст, ҳамон тавр Ҳикматуллозода Абдуғаффор, раиси ноҳияи Рӯдакиро дастгир ва тафтиш кунад. Чунки раиси ноҳия бениҳоят ноҳияро ба як ваъияти вахиму даҳшатнок расонда истодааст. Бубинед, ҳоло соҳибкор кори худо шуруъ накарда 350- 360 ҳазор долларашро Абдуғаффори ғоратгар мегирад. Дар кадом гӯшаи дунё чунин кор вуҷуд дорад? Ин ба соҳибкор бисёр як зарбаи калоне аст. Не за что ин қадар маблағи бузургро медиҳад. Фақат ба хотири онки қарори иҷозаи сохтмони домро бигирад.
Дар ҷамоати Мирзо Турсунзода дар повороти Ленинград не об ҳаст не барқ, не як партовгоҳ ҳаст ва не як канализатсия. Ин раиси порахӯр ба ҷуз аз фурӯхтани иҷозатнома ягон нияти дигари беҳбудиро надорад?
Шаҳритус
Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол. Худо кунад, ки ҳамеша дар роҳи муборизаи ҳақ бар ботил устувор ва маҳкаму қавиирода бошед. Ма аз қишлоқи Будённийи ноҳияи Шаҳритус бароятон менависам. Сӯҳбатам дар бораи Ашӯрова, директори мактаби рақами 11-и ноҳия аст. Ин директор фарқаш ин аст ки аз муаллиму муаллимаҳо ҳам пул мегирад. Ҳар касе ба ин мактаб ба кор ояд, маоши аввали ӯро ҳамин директори мактаб мегирад ва дар кисааш мезанад. Худаш мегӯяд, аз ҳеҷ кас наметарсад. Шавҳараш дар амнияти Шаҳритус охранна шуда кор мекуанд. Ведомости қалбакӣ дорад. Ба номи муаллимҳо пул-маоши дурӯғӣ навишта онро дар киссаи худ мезанад. Аз Палати ҳисоб, Оҷонсии назорати давлатии маориф ва ё Агентии зидди коррупсия ягон одам барои тафтиш ояд зуд ба шавҳараш занг мезанад ва масъала дар ҷояш ҳал мешавад. Як қалавури амният, инқадар зур мешавад дар давлати имрӯзии мо.
Боз талабаҳоро маҷбур мекунад, ки аз сехи дӯзандаги Муродгул либос-формаи мактабӣ харида оварда чекашро дар Ашурова нишон диҳанд, баъд ба мактаб роҳ медиҳад.
Бародар Муҳаммадиқбол ин Ашурова ҳамихел пора мехӯрад бе ҳисоб. Дӯконе, ки дар мактаб савдо мекунад бевазан аст. Аз вай ҳар моҳ 150 сомонӣ мегирад. Меваҳои дарахтони мактабро чида мефурӯшад. Мегӯяд ба мактаб ин харидаму он харидам, аммо тамоман дурӯғ аст. Ҳар чизе дар мактаб харад аз талабаҳо пул ҷамъ мекунад. Илтимос, ҳатман чоп кунед, то ҳукуматиҳо биёянду пеши роҳи ин касофатро гиранд
Як зани хурокпаз буд, гуфт, ки ин либос дар бозор160 сомони меистад, дар сехи дӯзандагӣ бошад 220 сомонӣ. Чунки сех аз ин пул чанд фоизашро баАшурова медиҳад. Фақат барои ҳамин гап Ашӯрова ин занро аз кор кор ронд. Ин Ашурова не, ин мор аст боварам кунед.
Домулло ҳоло ин навиштаро, илтимос,чоп кунед, агар ин корҳояшро Ашӯрова бас накунад, боз маълумотҳои дигари ҷолибтар аз ҷиноятҳои мушаххасаш мефиристам ва аҳволи Ашӯрова ҳатман бад мешавад.
Шаҳринав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин нома аз Шаҳринав ба шумо мерасад, Хоҳиш мекунам ин номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки дигар ба мушкилкушо ва ёрирасони мо мубаддал шудааст, ҷо диҳед.
Як бародар дар бонк кор мекард. Гуфт мардуми қашшоқ аз бонкҳо барои касаливу беморӣ бениҳоят қарздоранд. Мардуми бечораро ба суд медиҳанд. Мардум аз ноилоҷӣ даже ба худкушӣ даст мезананд. Бечора ҷавононро бештар суди ноҳия чақа мешавад, чунки аз бонкҳо қарздоранд. Мегуяд як барбарашро қапида оварда «ту салафӣ будаӣ, барои ҳамин овардемат» гуфта таҳдидашон мекунанд. Набошад қапида чи кор мекунед, монед қарзҳояшонро диҳанд гӯӣ, мебаранд «ту салафӣ», «ту қонунро иҷро накардӣ» мегӯянд. Қарзи бонк ба салафӣ чи рабт дорад? Ба ҷои онки суди ноҳия дар ғами мардумаш бошад, мардумро проблема мекунад. Яъне кормандони бонк,ки ҳама бонкҳо аз оила ҳастанд барои фишор ба қарзгирҳо бо ин шакл аз онҳо пулҳои худро меситонанд. Охир ин зулм аст, туҳмат аст, ҷабр аст ба мардум.
Дар бонк нишаста будам. Як пирамард даромад гуфт ба рӯзамон намемонад суди ноҳия. Хостам исми суди ноҳияро пурсам дигар фурсат нашуд. То ҳатто таҳдид мекардааст суди ноҳия. Аз пирамард пурсидам, ки қарзи бонкии шумо ба суд чи дахл дорад? Мардум дигар пул надоранд, илоҷашон ба бонк мондааст. Бонк як тараф истад дар оилаҳо байни худашон ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Агар зан ё ки ҷавон бошад ӯро хоини ватанфурӯш мегуянд.
Ҷавоне тақрибан 46 буд. Бо ду гуши шунаво шунидам, касеро дар Москва будааст мегуяд ту ватанфуришӣ, ту хоини давлатӣ. Ту гуфтӣ дар ватан кор нест. Аз сабаби бемори ранҷ мекашам, аз бонк қаздор шудам. Ин марди 46 сола бо Москва бо кадомн буд суҳбат дошт, ки чунин мегуфт. Вай зор -зор гиря дошт. Мегуфт ин туҳматро накун, маро коре накунӣ, аз ватан бе ватан кунӣ. Ними мардумро ба ҳамин баҳона доранд муттаҳам мекунанду пул мекананд.
Пас бо он марди 46 сола каме ҳамсуҳбат шудам. Гуфтам акаҷон чаро ӯро хоин ном гирифтӣ, ватанфурӯш гуфтӣ. Гашту гуфт вай аз бонк қаздор. Суди ноҳияи Шаҳринав дар ҷонамон задааст, таҳдид мекунад, ба дари хонаамон бисёр меравад, ранге, ки ту бар зиди давлат ё ки террористӣ, чизе туро фикр мекунанд, ки намедонӣ. Набошад то он вақте тавонистаааст супоридааст, дигар натавонистааст, беморӣ доштааст. Баъд пурсидамаш, ки чарои хоин гуфтӣ, ватанфуруш гуфтӣ? Гашту гуфт ин гап дар оилаҳо мода шудагӣ, ишораи ханда кард. Ман гуфтам медонед, бародар, шумо хато мекунед. Ба як ҷавоне, ки бемори дорад, хуб аз бонк қарздор шудаааст, вале ин маънои онро надорад, ки уро туҳмат кунед, таги фишор монед. Он марди 46 сола рафт. Як каме шиштам дар ҷоям, ки ғамгин гаштам. Дар ин вақт як модар омаду дар пешам дар очеред шишт.
Каме ба чеҳрааш нигоҳ кардам. Гуфтам мушкилоти вазнин доред модарҷон? Бале гуфт писарҷон. Модар калонсол буд. Чи мушкилӣ гуфтам? Баъд он мардро нишон дод. Гуфт як писари хурдӣ доштам, аз касе гирифтам, калон кардам. Ростӣ дигар пура нагуфтанд. Ман гуфтам хуб модарҷон, мушкилӣ чи бошад? Гуфт ҳамон бачаи ришдоро мебинӣ, ин писарчаам аз бонк қарздор, аммо тилло бача аст. Ба ҳамин хел мушкилӣ оварда расонданд. Ӯро барои ҳамон ҳамон ришаш туҳмат дорад. Ҳамон бачаи қарздорамро, ӯро хоину террористу ватанфуруш гуфта. Ҳар субҳу шом чунин мегуяд. Акааш ба зиндон бурданӣ. Медонед хоин, ки шуд пас киро дар назар мегиранд?
Гуфтам, ки хуб бонк ба ин чи дахл дорад? Ин ҷиноят шуда наметавонад. Аз бонки одамони зиёд қарздоранд. Гуфт мушкили банк ин аст ки уро аз хонаву дараш бо ҳамин баҳонаи хоину ватанфуруш гуфтан маҳрум карданӣ. Модар гуфт, ки зиндагиашро вайрон карданианд. Чандин маротиба барои манзил ҷангу ҷанҷолҳо карда буданд.
Ман гуфтам эй модар, ин хоинӣ нест. Мушкилоти бонкӣ ба ин корҳо дахолат надорад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Бубинед вазъитяро то куҷо печидаву мушкил кардаанд, ки фишори суди ноҳия Шаҳринавро, ки коре мекунад ӯро хоин, ватанфуруш эълон кунаду он ҷавон бо фарзанду занаш дигар гуреза шавад, мушкилоташ болои мушкилот шавад. То ки дигар бар нагардаду он марди 46 сола соҳиби манзил шавад.
Паси ин фишори суди ноҳия ҳаст, ки ӯ ҷавон аз бонк қарздор. Бар болои ин акааш суистифода аз қарзи бонкиаш карда ӯро бо ёрдами суди ноҳия хоину террорису ватан фуруш эълон карда истодааст. Бубинед, ки суд бо акааш як шахси бегунҳоро коре мекунанд бар зиди ҳукумат шавад. Ин модар гуфт, ки ин бача саводи хуб надорад, лекин хоксор. Хуб вай қарздор шудааст, лекин ба вай туҳмат зада истоданд. Гуфт бемории эпилепсия дорад, худаш худашро табобат дорад. Ин модар гуфт, ки бачаашро ба ҳамин беморӣ оварда расонианд, чунки вай сиҳат буд.
Дар ин ҷойи гап буд, ки очереди пулсупорӣ расид ва рафт модар.
Ман ба ин ҳама бе адолатиҳо дигар чи гуфтанамро надонистам. Он ҷавонро ҳоло ман кофту коб дорам. Ӯро акааш ба ин вазъият овардааст.
Ман мутмаинам, ки рузе он ҷавонро боздошт карда бо хоинҳо ҳамкорӣ дорад гуфта мебиёрандаш. Дар паси ин корҳо акаи худаш аст, барои хонаву дар бародари худашро туҳмат зада истодааст.
Суди ноҳия безпошадний одам будааст. Пора гирифтаву тарафи акаашро гирифта истодааст. Аммо ман ин ҷавонро ҷустуҷу дорам, то кумакаш кунам аз ватан бе ватан нагардад.
Эй бародари судяи ноҳия, ки номатро намедонам. Хонаи ин ҷавонро насӯз, ки фардо хонаи худат сӯхта мешавад. Дар пеши Аллоҳ ҷавоб хоҳӣ дод. Он ҷавони бечора дар ғарибӣ, дар муҳоҷират аст. Наход барои 50 ҳазор сомонӣ,ки мутмаинам кор карда пас мегардонад, ту ӯро ҳамроҳи акааш аз хонаву дар берун намоӣ.
50 ҳазор сомонӣ ин чи пул? Ин як абеди Исмоили пингвин намешавад. Шояд як пули абеди ҳамин суди ноҳия бошад.
Кӣ медонад,ки бо чунин сарнавишти талх чи қадароилаҳо дар Тоҷикистон гирифтор шуда бошанд?