Нома аз муовини вазир ба Ислоҳ: «Вақти рафтани Раҳмонов омад!!»

Ислоҳ нет

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин, муборизи роҳи ҳақ! Солҳост, ки барномаҳои шуморо тамошо мекунам ва навиштаҳоятонро мехонам. Бетобиву бетоқатиҳои шуморо, ки даврони муҳоҷират тул мекашад ва тул кашидааст низ дарк мекунам ва мефаҳмам. Аммо бигзор дер ояду дуруст ояд,  дер ояду шер ояд мегуянд.

Баҳсу норозигиҳои ахири шуморо чанд вақт аст ки дар мизони андеша ва фаҳмиши худ баркашида, таҳлил намуда сипас ин навиштаро фиристодам. Хоҳед ба шакли як матлаби алоҳида ва хоҳед дар таркиби «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба нашр расонед.

  Ман як ҳаёт дар ҳукумат кор кардаам, аз давраи шуравӣ то ҳамин чанд соли пеш. Табиати ҳукуматҳоро ҳам омухтам. Аммо ягон ҳукумате, ки мисли ҳукумати феълии Тоҷикистон бошадро надидам, агарчи худам ҳам дар ин ҳукумат то сатҳи муовини вазир кор кардаам.
Аз аввал то ба имрӯз ин ҳукумат ва ҳукуматдоронанд, ки зиндагии мардум ва ҷомеаро иваз мекунанд, пеш ё ба қафо мебаранд. Ин як чизи маълум ва маъмулӣ аст.

Мутаассифона ҳукумати феълӣ парвои мардум ва халқро надорад. Чунки аз халқ вобаста нест, ҷудо аст. Аз номи халқ аммо бар зиди халқ кор карда истодааст. Ин як масъала ва мавзуъи калон аст ки шояд боз ягон вақти дигар бинависам.

         Сиёсат, қудрат ҷойи зурон аст. Дар сиёсат гузашт, гузашт нест, гузашт бохт ва шикаст аст. Ин гуфтаи ман нест. Ин ҳақиқате аст, ки тули таърих собит шудааст ва як намунаи наву тозаи он ҳамин оппозитсияи тоҷик ва ҳукумати Раҳмонов аст. Ман агар бигуям, ки оппозитсияи тоҷик худаш худашро ба ин ҳолат овард, шояд барои шумо бад расад, нафорад. Аммо воқеъият аст.

Дар қаламрави шуравии пешин, дар солҳои бедории горбачевӣ ҳеҷ кишваре, ба истиснои кишварҳои Лаби Болтик чени Тоҷикистон ва мардуми он ҳушёру бедор ва омода ба қабули арзишҳову меъёрҳои нав набуд. Яъне оппозитсияи тоҷик  бисёр ҳам боқувват буд. Аммо оппозитсияи тоҷик душмани худро, душмани ниҳоят зуру муқтадири худро нашинохт ва бо вай натавонист кор кунад ва канор ояд. Хуб, инҷо пушти шудаҳову гузаштаҳо намегардем. Фақат инро ёдовар шавам, ки дар ҳар куҷо, ки ду тарафи ҷанг, ки сулҳ кард, он сулҳ сулҳи ростин ва идеалӣ нахоҳад буд. Он сулҳ, манзурам сулҳи Раҳмонов бо оппозитсия аз ночорӣ буд, бахусус аз тарафи Раҳмонов. Раҳмонов, агар оппозития зураш намеовард ва зераш намегирифт, сад сол ҳам меистод, сулҳ намекард. Вале оппозитсия замон ва шароити баъди сулҳро ба эътибор нагирифт, содапиндорӣ ва гузаштҳо корашро кард. Ва, мо дидем, ки чун фурсаташ омад, на сулҳро пеши назар овард, на деҳаву шаҳру хонаҳои сухта ва на он 150 ҳазор қурбониёни ин ҷангро. 

   Шумо дар яке аз мақолаҳоятон дар бораи он навишта будед, ки Раҳмонов барои чи намеравад? Барои он намеравад, ки Раҳмонов дигар дар сиёсат гурги борондида шуд. Таҷриба касб кард, ки халқро метавон чи гуна фиреб карду дар болояш сувор шуд.

Раҳмонов бо берунаҳо бо давлатҳое, ки имкон дорад барояш проблема кунанд созиш ва робитаро хуб кард.

Масалан бо ҳамин Русия, ки гаҳгоҳе мегуянд муносибатҳо хуб нест. Муносибати Раҳмонов бо Русия хуб аст. Раҳмонов Русияро хуби хуб, балки беш аз хуби хуб шинохтааст ва медонад, ки чи диҳаду чи гирад.

 Бар фарзи мисол аз 2-3 миллион муҳоҷир 10.100. 300 ҳазорашро ҳам русҳо депорт кунанд, ҳиҷ чизе намешавад. Русҳо аз ин шумора маслан 2млн 700 ҳазорро депорт кунанд, он гоҳ гап мешавад, ки ин корро русҳо намекунанд, чун ниёз ба неруи кори арзон доранд.

  Дар соли 2022 муҳоҷирини тоҷик наздики 5уним миллиард доллар фиристодаанд. Албатта, ин пул пулеаст, ки тавассути бонкҳо интиқол (перевод) дода шудааст. Агар ин се миллион, бигзор 2-2ним миллион се ҳазорӣ, панҷ ҳазорӣ дар ҷайбашон оваранд, ҳоло пули туҳфаву асбоби рузгору дигару дигараш ҷойи худаш ҳисоб кунед, ки чи қадар маблағ мешавад. Ва, ин ҳаҷми барои Тоҷикистон бузурги маблағ, ҳадди ақал 70% тавассути тиҷоратҳои оилаи Раҳмонов обу лой мешавад. Ин пулро меоварем ва аз Раҳмонов маҳсулот мехарем. Амалан тоҷикҳо ҳам ғуломи русҳоанд ва ҳам ғуломи бозори Раҳмонов ва тиҷоратҳои вай ва оилаи вай. Садҳо ҳазор тонна ангиштро, ки тоҷик месузад, ба оилаи Раҳмонов марбут аст. Садҳо литр бензину соляркаву газро, ки месузем манфиаташро оилаи Раҳмонов мебинад ва бақия ҳам ҳамин тавр аст. Дору мехараем таъминоти дору аз «Сифат-фарма» аст, лаборатория меравем, бензин мерезем аз они «Фароз» аст, билет мехарем «Сомон Эйр» билет ҳам аз они ҳаминҳост, ҳатто бима мекунем (страховка) аз они инҳост. Бонкҳои дохили кишвар ва бонкҳои роиҷ миёни мардум «Душанбе Сити» ва «Сипитаменбонк» инчунин соҳаи хоҷагии қишлоқ, говпарварӣ, чорводорӣ, пахтакорӣ ва заводҳои коркарди пахта дар умум ҳама ончи дар як кишвар вуҷуд дорад азони як оила аст.

Тоҷик ҳарчи қадар мурғ шавад, бар зидаш қонунҳои сахттар вазъ шавад, тоҷик омили ҳодисаҳое назири «Крокус сити» шавад ва дар дунё овозаву дарвоза шавад, ки ин амали террорисӣ аз тарафи тоҷикҳо анҷом дода шудааст, ба манфиати Раҳмонов аст. Ин корҳо кори ҳар касе, ҳар гурӯҳе бошад ба манфиати садфоизаи Раҳмонов аст. Чунки вай бештар худро дар баробари аъмоли ба истилоҳи ҷаҳонхорони имрузӣ террористӣ осебпазир ва бемутако ба ҷилва медиҳад ва ҳола ва сипари ҳамин абарқудратҳоро барои ҳифзи худу курсии худ касб мекунад. Раҳмонов фикраш ин аст, ки ҳарчи қадар тоҷику тоҷикистониро террорист муаррифӣ кунӣ, ба манфиати вай аст. «Бигзор 100 Гулмурод Ҳалим бошаду ДОИШ равад. Аммо боз мурватҳоро тоб деҳ, ки масҷид дискокулаб, масҷид найтклуб, масҷид дом терпений, масҷид утоқи кор, бинои амният шавад, то мардум аз пештара зиёдтар таҳқир гардад».

Дар ин ҳолат аксарият, тудаҳои мардум ба ҷуз аз хурондану пушондан фикри дигар намекунад ва мегуяд «сари хама шамшер набуридаст, даҳони пушида сад тило, ба равиши об бел задан даркор» ва ин ҳолату ин фаҳмиш дигар қонуни зиндагиаш мешавад. Бардаху ва ғуломтабиат, мешавад. Чунки агар сар боло кард ӯро террорист ва ифротӣ гуфта мешиканад, мешинонад.

Бубинед, ки Раҳмонов бо мардум чи гуна бархурд карда истодааст? Вай пиндораш ин аст ки вазъи зиндагии мардум бад нест. Агар мардум бад набуд ба 5униммиллиард (аз руи гуфтаи худи Раҳмонов) доллар мактабу роҳу дигару дигар месохт?

Яъне ҳукумат Раҳмонов медонад, ки мардум пул дорад. Зиндагиаш беҳтар шудаст. Роҳе дигарро барои задани онҳо пайдо мекунад, то ба ҷуз аз сари хаму фикри шикам коре дигар надошта бошанд. Пули онҳоро кашида мегирад. Пулро кашида мегирад, ки ободӣ созад? Масалан роҳ ё мактаб. Бале, аммо дар зоҳир. Ҳадафи Раҳмонов сохтани мактаб дар Тавилдара ва дар Рашт нест. Вай мехоҳад кисаи мардумро кам кунад, то мардум фақат дар ғами кисааш бошад, ба сиёсат қуш нашавад. Худаш бо сароҳат эълон намуд, ки ба сиёсат қуш шудӣ, зиндон мешавӣ.

 Раҳмонов дар ҳақиқат халқро задагӣ. Агар Раҳмонов халқро задагӣ намебуд, худашро то мурдан ва баъди худаш бачаашро оварданӣ намешуд.

Раҳмонов ҳиллаи корро ёфтааст ва бо давлатҳои болои Тоҷикистон соҳибнуфуз забон ёфтааст. Ҳамаро қаноат додааст.

 Тамоми ҳарфу ҳиҷои Раҳмонов ва сиёсатсозони вай ин аст ки Тоҷикистон дар баробари исломи сиёсӣ, яъне ифротиҳо ва террористҳо шикананда ва осебпазир аст. Баҳонаи Раҳмонов ҳамин террористу террористон аст. Барои Раҳмонов фарқ надорад. Бигзор сиёсати вайро интиқод кунанд. Аммо ҳаминки гуянд тоҷикҳо ҷиноёти террористӣ карда истодаанд, ҳамин кофист ва ҳаминро мехоҳад ва тамоми талошаш ҳам ҳамин аст ки ҳамин тавр бигуянд. Чун медонад, ки абарқудратҳо ва бахусус Русия ва Чин бо ин гуруҳҳо мушкил доранд. Чун ин ду бо ҳуқуқи башар кор надоранд. Онҳо аз зовияи исломистҳо эҳсоси хатар мекунад.

Иддиои роҳбари Толибон, ки Тоҷикистонро ба содироти терроризм муқассир хонд, беҷиҳат нест. Чунки дар хеле аз ҳаводиси террористӣ дар гушаҳои гуногуни дунё тоҷикҳо буданд, ки исмашон расонаӣ шуд.

 Толибон мегуянд:- «Тоҷикистони пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон, ба бузургтарин манбаи тавлиди тафаккури доишӣ табдил шудаасту шаҳрвандони он даҳҳо ҳамларо дар саросари ҷаҳон анҷом додаанд»

Раҳмонов мегуяд:- «дар се соли охир 24 тоҷикистонӣ дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ, даст задаанд»

Раҳмонов ҳеҷ гоҳ оғуши Русияро раҳо накардааст ва намекунад. Чатри русҳоро болои сараш дорад, ҷавшани русиро сипар мекунад. Ва ҳоло Чин зам ва илова шуд. Савол инҷост, ки террорист шиносонидан ва террорист эълон намудани тоҷик тасодуфӣ аст? Ин то куҷо ба фоидаи Раҳмонов аст? Раҳмонов худаш мехоҳад, ки ҳарчи бештар аз Тоҷикистон террористҳо бароянд ва террорист дониста шавад.

Ҳамоно хатар ва таҳдидро аз ноҳияи исломӣ сиёсӣ мебинад. Раҳмонов худаш исломи сиёсиро барҷаста ва воҳима карда истодааст. Худаш кор карда истодааст, то барои дунё исбот кунад, ки дар воқеъ Тоҷикистон дар қабза ва чанголи исломи ҷанговар аст. Инки дар Эрон тоҷикҳо чанд ҷоро кафонданд барои Раҳмонов мефорад. Инки тоҷикҳо дар Урупо ба даст меуфтанд ба  Раҳмонов мефорад.

Раҳмонов пушташ ба Русия ва Чин гарм аст. Бар зидди ислом мубориза мебарад, муборизаи беамон.

  Илал ва авомили мутанаффир сохтан, асри миёна гуфтан, тохтан бар ришу ҳиҷоб, тохтан ба масҷиду муллову руҳоният, муллобачча, ҳамин аст ки хатар, таҳдид, осебро аз ҳамин зовия ва аз ҳамин тараф мебинад. Тамоми айбу ъуюб, тамоми туҳмату буҳтон, тамоми ончики бар болои ин мардум борида ва бор карда мешавад танҳо як ҳадаф дорад. Зарфияти ин силоҳи муқтадир, ин сипоҳу ин сиёсат ва ин лашкар ва ин артишро бикоҳонад.

 Ҳарчи қадар радикал шудан бар манфиати Раҳмон аст. Саркуб мекунад. Доираи ихтиёрот ва салоҳияти мақомоти қудратиро меафзояд, халқро калакубак мекунад. Ин як сиёсати ҳисобшуда аст. Леҳу пораву қимаву нимақима мекунад. Ба хоки сияҳ мешинонад, то ки ба ҷуз аз захира барои ду сол фикри дигар надошта бошанд.

Аммо, шароити кишвар ва шароити дунё дорад иваз мешавад. Шароити дунё, балки бархурди ҷомеаи байналмилалӣ, кишварҳои абарқудрат бо исломи сиёсӣ иваз шуда истодааст. Намунаи равшани он ҳукумати Толибон дар Афғонистон ва ҳукумати нав дар Сурия аст. Дар ин вазъият бояд оппозитсияи тоҷик кор кунад, сокит набошад.

Ҳизби наҳзат меояд ё кадом гурӯҳи дигар, муҳим нест, муҳим ин аст ки аз ин тағйироти ба вуҷуд ва амал омада истифодаи ҳадди аксарро кунад. Оппозитсияи тоҷик таҷрибаи ин навъи мубориза ва пирузиро дорад. Ҳоло айни вақт аст ва ҳоло фурсати муносиб ва тиллоӣ барои опозитсяи дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ пеш омадааст.

Оппозитсияи тоҷик бояд бо Русия, бо ҳар қимате, ки бошад забон биёбад ва Русияро водор кунад, ки ончуноне Толибон карданд, ҲНИТ-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ барорад.

Бори дигар мегуям, ки ҷаҳон дар муносибат бо исломи сиёсӣ тағйири назар мекунад ва абарқудратҳо диданд, ки диктатор бадтар ва музиртар аст ва бо он намешавад ҳисобу китоб кард, чун ҳар лаҳза имкони чапакунии он вуҷуд дорад ва диктаторҳо ҳеҷ гоҳе на худ ва на ҳукуматашонро наметавонанд собит ва устувор нигоҳ доранд.

Агар аз ин дидгоҳ бингарем тамоми шароит барои чапа кардани диктатори Тоҷикистон вуҷуд дорад ва айни вақт аст ки оппозитсия дастбакор бишавад.

 Худи ин факт, ки Раҳмонов ҳукуматро оилавӣ кардааст, ончиро, ки мутааллиқи халқ буд, бо оилааш дод, мардумро барвақт аз вай дур кардаву дар муқобилаш қарор додааст. Ҳеҷ шароити беҳтар ва бартар аз шароити Тоҷикистон барои чапа ва нагун кардани як диктатор имрӯз шояд мавҷуд набошад.

 Шумо бубинед, ки Исмоили набераи Раҳмонов чи мошинҳову чи аспҳо ва бо чи қимате дорад? Халқ медонад, ки ин ҳама аз ҳисоби халқ аст.

 Ҳеҷ гоҳ халқ ба пушти Раҳмонов намехезад. Раҳмонов на дигар Фронти халқӣ хоҳад дошт ва на чизе дигар. Чунки ҳамин фронтихалқиҳо имрӯз ҳолу аҳволашон бадтар аз ҳар каси дигар аст.

  Барои ҳамин Раҳмонов ба ҷуз аз зиндону қатлу фишору тарсу таҳлука халқро бечораву хору залил кардан роҳи дигаре барои дар курсӣ мондан надорад. Аммо, ин сиёсат то рӯзи қиёмат тадовум пайдо карда наметавонад. Чунки халқ халқ аст ва охируламр метаркад.

Раҳмонов медонад, ки кадом рӯзе набошад чапа мешавад, ба хубиву хушӣ намеравад, ба бачааш диҳад ҳам, ҳамин роҳ ва ҳамин чора тадбири ягонаи халосӣ аз вай ва дудмони касифу палидаш аст. Барои ҳамин то дақиқаҳое, ки дар қудрат ҳаст, ҳамин сиёсатро татбиқ мекунад.

Дар ин васат шояд пиндошта бишавад, ки мушкил неруҳои интизомӣ, хадамоти махсус ва артиш хоҳад буд. Аммо инҳо аз ҳамин мардуманд, бача, бародар, падар шавҳар, хулоса фарзандони ин миллатанд. Инҳо то халқро яксара қир ва несту нобуд намудан мардумро намепаронанд. Чунки онҳо робот нестанд, онҳо одаманд, мебинанд, ки дар даруни издиҳом дар даруни муътаризин наздикони онҳо ҳастанд.

Яъне агар ин навиштаро дар чанд ҷумла натиҷагирӣ кунем ин аст ки новобаста аз таъхиру ҳиял, боястӣ оппозитсияи тоҷик муттаҳид бошад ва вобаста ба шароити ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти шароити дохилии кишвар, ки барои ҳар навъи эътирозу инқилоб мардум омода мебошад, даст ба амали воқеӣ бизанад.

Ба худо қасам ҳукумати Раҳмонов кайҳо тамом шудааст, фақат гурӯҳе, ҳаракате, шахсиятҳое, ки биоянду бигиранд, бояд иқдом ва амал кунанд.

Share This Article