Сипос холиқи якторо,ки мардуми кишвар дигар аз зулми золимони дар қудратбуда то ҷое тарсашон гум шуда истодааст. Ба он хотир чунин мегуем,ки ба унвонии мо номаҳои зиёде аз хело ноҳияҳои гуногуни кишвар ва аз қалби пойтахт,ки мақарру макони золимтарин афроди ин миллат онҷо дар арикаи қудрат нишастаанд мерасанду дардҳои худро ба мо менависанд. Мо низ кушиш мекунем,ки ҳама ончи менависед онро расонаӣ намоем. Дигар сарсуханро тулонӣ намекунему мепардозем ба тақдими номаҳое,ки ба мо расидаанд.
Душанбе шикоят аз Нуршед ва Рустам
Асалому алекум бародар Муҳаммадиқбол мо барномаҳои шуморо ҳамеша тамошо мекунем ва медонем воқеиятҳоро чуноне,ки ҳастанд мегуед. Мо як номаи дастаҷамъона ба шумо менависем,то онро нашр намоеду моро аз ин ғоратгарон наҷот диҳед.
Мо як гурӯҳ сокинони кучаи Крупский,ки дар атрофи бозори Корвон ва автосентр 63 мебошем. Рӯзи 5 уми май раиси маҳалла Мансур бо шогирдони Нуршеди Холмашраб собиқ раиси бозори Корвон гӯё бо фармони раиси шаҳр шикору захвати хонаҳои моро шурӯъ карданд. Гӯё Рустами Эмомалӣ фармон содир намуда бошад,ки аз саршавии Автосентр ба хонаҳои сокинони Крупский даромада техпаспорти соҳибхонаҳоро гиреду биноҳое дар он он сохта шудаанд танҳо биноҳояшонро ҳисоб кунеду дар квадраташ ба соҳибхонаҳо 400 доллари диҳед. Охир ин амал дар куҷо рост меояд? Хонаҳое арзишашон 250 ҳазор доллар меистад онҳоро бо квадрати хонаҳои сохта шуда 400 доллари бояд гиранд ва ба соҳиби хонаи 250 ҳазор доллара 50 ҳазор доллар бояд диҳанду моро хезонанд. Масалан яке аз мо хонаи ду ошиёнаро ба арзиши 100 ҳазор доллар сохтааст ва дар замини 10 сотих , боз соҳибхона арзиши заминашро ҳисоб накардааст ин маблағ шудааст. Мегӯянд,ки замин моликияти давлату ҷаноби олӣ аст онро шумо сокинон ҳаққи ҳисоб кардан надоред. Ин амали инҳо ба ҳеҷ чорчуба дуруст намеояд мо ба ин рейдерски захват розӣ нестем.
Дар назар будааст,ки дар ин заминҳои мо Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо Нуршеди Хлмашраб хонаҳои баландошиёнаи аз 18 то 24 ошиёна бисозанд. Аз “Ислоҳ” хоҳиш дорем худатон таҳқиқот гузаронед,ки дар ин заминҳое мехоҳанд аз мо бо зурӣ гиранд чи месозанд!
Масалан як сокини инҷо як котеджи ду ошиёнаи зебо дар 220 квадрат сохтааст ва айни ҳол ин хонаро метавонад ба маблағи 280 ҳазор доллар фурӯшад. Нуршед ва Рустами Эмомалӣ бо зурӣ мехоҳанд танҳо 220 квадраташро ҳисоб кунанду ба соҳибхона 80 ҳазор доллар диҳанду ӯро бароранд. Дар ин ҳавлӣ ин соҳибхона бо ҳамсару фарзандонаш ва падару модараш ва бародарашу оилааш,ки ададашон 19 нафар мебошанд оё бо 80 ҳазор доллар дар куҷо метавонанд хона харанду зиндагонӣ кунанд? “Ислоҳ” хоҳиш мекунем ин навиштаи моро низ таҳқиқ кунед ва нашр намоед!
То ҷое мо маълумот дорем феълан Нуршеди Холмашраб дар Ҳиндустон қарор дорад модарашро барои ҷарроҳӣ бурдааст. Аммо раиси маҳалла Мансур бо шогирдони Нуршед хона ба хона даромада аз рӯйи техпаспорт нигоҳ карда истодааст ва заминҳои сокинони Крупский аз 6 сотих то 15 сотих мебошанд. Намехоҳанд арзиши заминҳои моро пардохт намоянд.
“Ислоҳ” то онҷое тавонист аз сокинони Крупский пурсид ва дақиқан ончи ба мо навиштаанд ҳаминро такрор карданду тасдиқ намуданд.
Як сокини ин маҳалла ба “Ислоҳ” гуфт: дар ин маҳалла хонаҳое ҳастанд,ки арзишашон 300 ҳазор доллар ҳам ҳаст. Аммо Нуршед тавассути Рустам мехоҳанд бо зурӣ хонаҳои мардумро гиранд. Инчунин афзӯд: ҳамсояи ман даҳ сол пеш хонаашро,ки 7 сотих аст ба қимати 180 ҳазор доллар надода буд. Аммо пас аз даҳ сол имрӯз бо зурӣ мехоҳанд ба ӯ 48 ҳазор доллар диҳанду ӯро аз хонааш бароранд.Ҳозир дар оилааш даҳ нафар шудааст ва бо ин 48 ҳазор доллар дар куҷо метавонад хона харад худатон фикр кунед?
Ҳамсуҳбати дигари мо афзӯд: як сокини ин маҳалла ,ки наздик ба бозори Корвон аст ва дар хонааш 40 анбор ва ё склад сохтааст барои бору колои фурӯшандагони бозори Корвон,ки моҳона аз ин 40 анбор 3500 доллар мегираду зиндагонияшро пеш мебарад. Хонаи ин сокин 420 ҳазор доллар арзиш дорад ва чанд моҳ пеш хонаро ба 410 ҳазор доллар нафурӯхтааст ва ҳоло акнун ӯ чикор кунад ? Ҳоло бошад ба ин сокини ин хонаи 420 ҳазор доллара 130 ҳазор доллар мехоҳанд бидиҳанду ӯро берун намоянд ва дар ин хона 18 нафар зиндагонӣ мекунад.Бо ин ҳама куҷо равад ва аз куҷо хона харад ? Охир ӯ ҳар сол 13000 ҳазор сомонӣ андоз аз ин 40 склад ба давлат месупорид. Ҳоло чикор кунад ва ба куҷо шикоят кунад намедонад.
Як ҳамсуҳбати “Ислоҳ” гуфт: ман шоҳиди зулми бе собиқае дар ин маҳалла ҳастам ва ончи мегузарад бо чашмони худам дида истодаам. Як ҳамсояи мо чанд моҳ пеш як ҳавлиро,ки 11 сотих замин дошт ба қиммати 160 ҳазор доллар харид. Рӯзи 5 уми май раиси маҳалла Мансур бо шогирдони Нуршед омада гуфтанд техпаспорти хонаатро ба мо нишон деҳ. Дар ҳол квадрати хонаро ҳисоб карданду ба ӯ гуфтанд арзиши хонаи шумо 63 ҳазор доллар мешавад. Ба ӯ гуфтанд замин моликияти давлат аст ва давлат яъне ҷаноби олӣ. Агар мухолифат кунед гӯё шумо бо ҷаноби олӣ мухолифат доред. Агар хоҳед ҳаминро медиҳем тамом , агар нахоҳед рав чор тарафат қибла ҳар куҷое мехоҳед шикоят кунед . Донед ва огоҳ бошед,ки ба дарди шумо ҳеҷ кас намерасад.Ин фармони Рустами Эмомалӣ аст ва хубаш мухолифат накунед агар аз ҷонатон умед дошта бошед!
Хонандаи гиромӣ ончи дар боло омада буд номаи чанд сокини маҳаллаи Крупский буд ва “Ислоҳ” бо чанд нафари дигар аз ин маҳалла суҳбат гузарониду ин қазияро таҳқиқ намуд.
Чоркуҳ –Исфара
Асалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам, ки хуб хастед ман яке аз мухлиси доимии барномахои шумо ҳастам ва аз дехаи Чоркуҳ мебошам. Нисбати Чоркух ва мақомотҳою чоплусонаш чанд барнома намудед пайгири намудам яке аз гуноххои бузурги собик раиси дехот Шаропов Бадриддинро ба шумо пешниход менамоям. Солхои 2014 Раҳмонов ба Чоркуҳ сафар мекунад чун ҳарвакта ҳама чоплусону ҳукуматдорон ба ободкорӣ машғул мешаванд. Раиси деха аз фурсат истифода карда дар маркази Чоркух заминеро,ки (пештара милисахонаи чоркух) буд аз худ намуда ба номи хусурбачааш Қосимов Абдурофеъ ҳучат карда буд ба сохтмони мағозаи сеошенаи Кадр шуруъ мекунад. Ин мағозаро дар як муддати кутох бо чалби мардуми деха ва устоҳои деха бе пул ҳатто масолеҳи сохтмониро низ аз сохибкорони деха гирифта пулашро намедихаду месозад ва то омадани пешвояш тайёр менамояд. Аҷоиби кор дар он аст, ки вакти кушодани ин мағоза ба чои Қосимов Абдурофеъ тамоман дигар кас як чоплусу лаганбардори худашро, ки дар шахри Мински Белорус савдогар мебошад мегузорад ва хамчун сохибмулк ва сохибкор худро ин шахс муаррифи намуда маросими лента бурии ӯро мегузаронад. Дар ошиёнаи аввал корхонаи коркарди меваҳои хушк дар ошиёнаи дуввум мағозаву филиали Бонк дар ошиёнаи сеюм корхонаи дузандагӣ бо тамоми таҷҳизоташ гӯиё ба истифода медиҳад.Ин ҳама хокпошиданҳо барои онки пешво гӯяд аҳсант як ҷаҳон ташаккур барои ин хидматҳоятон. Аммо бо таасуфи шадид дақиқан пас аз як хафтаи рафтани пешвоящон аз ин мағозаву коргоҳу бонк нишоне намонд. Зеро хамаашро аз Исфара оварда буданд дубора пас гардонида доданд ба соҳибонашон. Акнун пас аз он, то ба имрӯз ба макони айшу ишрати коргарони милисаву амнияту чоплусон гаштааст. Бубинед чикадар эшаки Раҳмонов ро лох карагианд. Мағозаро ба номи хусурбачааш Қосимов Абдурофеъ хуҷҷат мекунад чун Абдурофеъ тамоман ба сохибкор монанд нест як дехкон мебошад аммо ба ҷои ӯ Атамов Нусратулло бо лақаби «ло маълум» мебошад ин мағозаро муаррифи мекунаду ифтитоҳ менамоянд. Шаропов Бадриддин гарчанде аз вазифа рафта бошад ҳам ба ҷои худаш бародарзодааш Шаропов Лайсидин ро раиси деҳа монда ҳоло ҳам бо маслиҳати худаш кор карда истодааст. Дар хотирам хаст дар Душанбе вохурии президент бо соҳибкорон баргузор шуда буд ва Шаропов Лайсидин дар онҷо баромад намуда хохиш карда буд, ки барои сохтани майдончаи варзишӣ замин ҷудо намоянд президент дар хол раиси шахр ро хезонда гуфт, ки аз куҷое хохад замин ҷудо карда дихед! Шаропов Лайсидин як шахси бесавод мебошад дар хотирам хаст хамин ду калима гапро як хафта тайëр намуда қориазëд карда буд. Заминро аз махаллаи Куруки боло 3га ҷудо карда гирифта дар ними он майдончаи варзиширо пурра бо маблаги сохибкорони деҳа ва бо тарики ҳашар сохт. Ними дигари онро 5 сотики таксим намуда ҳар яки онро бо маблаги 10-15 хазор доллари фурӯхта бо ҳам таксим намуданд. Марҳамат мақомоти дахлдор санҷед, агар гӯед ин туҳмат аст!
Нисбати хочи Аҳрор Каримов илова намуданиям ки ин шахс як фосики зинокор мебошад ҳатто бо хоҳари худаш зино кардаги аст. Падараш Каримов Восити зинокор бо як фохишаи деха мегашт ва аз ӯ духтар таваллуд мешавад. Ин духтар низ бо мурури замон калон шуда фоҳиша мешавад. Ахрор бо ин духтар чанд вакт мегардад падараш аз ин хабардор шуда ӯро сахт ҷанг карда мегуяд, ки бори дигар бо он духтар гардад Оқаш мекунад. Аҳрор Каримов вақте мефаҳмад,ки ин духтар хоҳараш аз зани бе никоҳи падараш будааст падарашро подставит мекунад. Бо маслиҳати худаш милисахо падарашро дар шахраки Шуроб бо як фоҳиша дастгир менамоянд. Аҳрор меояду 500доллар дода падарашро гӯиё халос мекунаду забони падарашро кутох мекунад. Холо як фохишаро ки хамсоли модараш мебошад ба зани гирифтаги аст ҳама медонад вале падараш лом намекафонад чунки гапзада наметавонад. Мехостам як барнома мекардед акалан дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» ин номаи моро ҷой медодед. Ҳама ончи дар барномаи Чоркуҳ гуфта гузаштед рост ва дуруст буданд ва ин иловаҳо боз бошанд пурратар мешавад. Мардуми Чоркуҳ чаро хомӯш мешинед нависед дарди дилатон будагия, аз чи метарсед дигар ман намедонам? Аллох шуморо Розӣ бошад боқи дар панохи Аллох бошед.
Душанбе Паспортный Столи н. И.Сомонӣ
Салому алейкум ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу. Умедворем кормандони Ислоҳ ҳамагӣ хубу саломатед. Мо сокинони шаҳри Душанбе ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шумо аз ҳолат ва вазъияти коррупсионии шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияамон менависем. Мо ҳеҷ корманди ин шуъба хусумат ва душмании шахсӣ надорем. Аммо дуздии рӯйрост ва ришваю пораситониро мебинему диламон аз ватан ва мақомоту пешво сахт хунук шудааст.
Як корманди ин шуъба Каҳҳорова Чаман паспортный столи нохияи Исмоили Сомониро ба бозори корвон табдил намудааст. Халилзода Ҳусейн начальники ХШБ як коргарашро, ки Миршамсов Манучеҳр будааст дар пеши хайати шахси лату куб намуда ва ошкоро гуфтааст,ки ман президент шав ҳастам ва дасти ман хело дароз аст бо ман ҳеҷ кадоматон шухӣ ва гапҳои маро рад накунед. Скоро мара ҷаноби олӣ меген! Ба ин гуфтаҳояш ҳама ҳайати шахсӣ огоҳанду метавонанд шаҳодат диҳанд.
Қаҳҳорова Чаман бо ҳайати шахсии ин шуъба ончунон пул меситонад аз сокинони корафтодаи ин ноҳия,ки мардум ба дод омадаанд аз дасти ин Чаман.
То ҷое мо огоҳи пайдо намудем крышаи Чаман Қаҳҳорова Ҳусейн Халилзода аст.
Пас аз кофтукобҳои зиёд маълумот пайдо намудем,ки Каҳҳорова Чаман Абдурашидовна соли таваллудаш 1978 ҷияни вазири корхои дохилаи собиқ Абдураҳим Қаҳҳоров будааст. Ҳама катагӣ ва бе ҷазомониҳояш ҳам бар мегаштааст бо ин тағааш ва автомашинаш Лексус аст, хело пули хуб аз инҷо пайдо намудааст ва қодир ба ҳама ҷиноятҳо мебошад.
Дар шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ паспорт 1000 сомонӣ сар мешавад, то 2500 ва аз ин боло барои онҳое саросема ҳастанд ва то 5000 ҳазор сомони ҳам мефурӯшанд. Рӯй рост бозори Корвон шудагӣ аст ва нарх мемони мегири паспортро. Прописка кардан барои як нафар 400 сомонӣ ва ҳаминхел меравад боло.
Халилзода Ҳусейн начальники ХШБ дар пеши ҳайати шахси лату куб кардани як коргари овир ба номи Миршамсов Манучехр бади лату куб гуфтай ки ман президент шавм скоро мара чаноби оли меген гуфтай Халилзода
Як корманди дигари ин шуъба Шерова Шахло соли таваллудаш 1977 роҳбари Бурёи суроғавии ВКД ЧТ кайсингили Муроди телех халқи камбағал аз дасти ин Шерова Шахлои бадбахт ба дод омадагиянд, як справка аз суроғави 400-500 сомони мегирад ин Шерова Шаҳло шогирди Халилзода Хусейн мебошад.
Корманди дигари ин паспортный столи Исмоили Сомонӣ Хасанзода Гулсараи Абдулло соли таваллудаш 1998 чияни Мустафо коргари УБОП ВКД ҶТ Мустафо бошад домоди Вазири корхои дохила Раҳим Рамазон Ҳамро. Гулсара вазифааш паспортҳое месозанд ва агар шахс нахоҳад омадан яъне фаҳмидед мақсадамонро, дар кофтукоб бошад ва ё аз ҳамин қабил ашхосро паспортҳояфшонро мебараду мерасонад. Ё ба ҷое лозима мерасонад ва ин шакл гӯиё не заметно мешудааст. Чуноне дар акс мебинед Гулсара мунтазири супоридани паспорт аст…
Акнун худатон қазоват кунед,ки афроде инҷо кор мекунанд оё метавонад касе аз болои инҳо ба кадом ниҳоде шикоят кунад ҷуз «Ислоҳ»? Мо дигар назоратамонро аз пушти ин коррупсионерҳо бештар менамоем ва ҳатман бароятон маълумотҳои бештаре мефиристем, то он рӯзе инҳоро аз кор холӣ накунанд ва коррупсия аз байн наравад.
Шикояти донишҷӯён аз роҳбарияти Коллеҷи тиббии Чумхуриявӣ
Асалому Алайкум бародар Мухаммадиқбол Аллох баракати ин дуёву охиратро насибатон гардонад. Худорро сипос мегуем ки шуморро насиби ин мубориза гардонида будааст, хушо ба ҳолатон.
Мо мехоҳем дар маврид чанд порахури муттаҳами гузаро ба шумо маълумот бидиҳем умедворем пас аз нашри ин мақола ва навор пеши роҳи ин порахурони махсусан хавфноку зараррасонро мақомоти марбута мегиранд ва ҷони донишҷӯён аз онҳо халос мешавад.
МАМУРЗОДА Диловар Мамур муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ.
12-уми августи соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2015 факултети молия ва андозбандии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро хатм намуд. Соли 2019 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст. Айни ҳол донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2020). Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2021)
Аз моҳи майи соли 2015 ба ҳайси мудири бахши хоҷагии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Аз соли 2015 Муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият мекунад.
Мамурзода Диловар вазифааш муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ аст лекин мутасифона ба тамоми корҳои коллеч сару кор мегирад масалан оид ба корхои таьлимӣ холо онки масуляти ин кор ба души ОДИЛЗОДА Исмоил Ёқубҷон вобастагӣ дорад боз хам ба корҳои тарбияви сару кор дорад холонки масули корхои тарбияви
Муовини дигари директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна мебошад.
Сабаби дахолатнамуданаш ба ҳама корҳое марбут ба ӯ набуда дар он аст, ки чихел кунад маблағе ба даст биёрад дар коллечи тиббӣ ягон шахсият Мамурзода Диловарро сухани пасту баланд намегуяд чунки язнаи директори коллечи тибби аст ва барои ин дар ҳар коре хоҳад дахолат менамояд ва ҳама хомӯш ӯро итоат мекунанд.
Директори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода мебошад.
Номзади илмҳои тиб. 12-уми майи соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2002 факултаи умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси кори табобатӣ, соли 2019 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст. Айни ҳол донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2002 ба сифати табиби минтақавии Маркази саломатии шаҳрии №9 шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 2007 дар маркази мазкур фаъолият кардааст. Сипас солҳои 2007 — 2011 дар мансабҳои мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2011 то соли 2015 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм фаъолият намудааст.
Соли 2013 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Бемориҳои диққи нафас дар кудакон» ҳимоя намудааст ва рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Бемориҳои диққи нафас дар кудакон бо ҳамрадифи бемориҳои метаболикӣ” дар арафаи анҷомёбист. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар мебошад. Бо мукофотҳои соҳавии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Аз моҳи майи соли 2015 то ҳол ба ҳайси директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» адои вазифа менамояд.
Дар колечи тибби ду майдончаи варзиши аст мутасифона Харду майдончаҳо кулф зада шудаанд намегузоранд донишҷуйҳо аз он истифода баранд. Аммо дар хобгохи коллечи тиббӣ ки донишҷӯён хастанд як майдончаи футболбозӣ аст он майдончарро барои донишчӯёни хобгох як соати бози бо маблағи 50 сомонӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд, агар пул додед иҷозат медиҳанд бозӣ кунед. Ҳангоме аз коменданти хобгоҳ пурсидем охир чаро пул мегиред аз мо донишҷӯён? Ба мо мегуяд ин фармони Мамурзода Диловар аст. Дар ҳоле истифода аз ин майдонча барои донишҷӯён ройгону бе пул бояд бошад. Ин масаларо вазорати маориф метавонад барои мо донишҷӯёни ин коллеҷ шарҳ диҳанд?
Мо донишҷӯён дар ин коллеҷ ҳама рӯза шоҳидони садҳо ҷиноятҳои ин масулони ин коллеҷ ҳастем, аммо намедонем ба куҷо шикоят кунем. Масалан шоҳиди ҳодисае ҳастам, ки донишчӯро барои бе гастук омадан таҳдид карданд, ки хориҷат мекунем ва пас аз таҳдидҳои зиёди бе шумор ӯро бурданд мисли ҷинояткор ва аз ӯ пул гирифта ҷавобаш доданд.
Боз ба ин ҷиноят диққат диҳед аз тарафи сармуҳосиби ин Коллеҷи тиббӣ Саторов Нуриддин, ки ӯ бе шакку шубҳа бузичаи Мамурзода Диловар мебошад. Ҳама сола ки дар охири таътили донишчӯён аз ҳар довталабоне ки мехоҳанд дохил шаванд ба «коллеҷи тиббӣ» аз ҳар кадоме маблағи 15 000 , 22 000 ҳазор сомонӣ гирфта ба воситаи Мамурзода Диловар дохил мекунад. Яктоаш писар тағоям аслан дониш надорад аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта дохилаш кард ва ҳоло мехонад. Бз шохиди ин ходисаи дигаре ҳастам ки як ду шиноси манро бе маркази «миллии тестӣ» дохил намуд. Аз якеаш 15000 ҳазор Сомонӣ ва аз дигараш 21000 ҳазор Сомонӣ гирифта дохилашон намуд. Охир магар аз ин даргоҳ соҳибихтисосе мебарояд? Аз дасти ин гуна порахурони бе инсофу бе имон донишҷӯён ором нестанд. Корашон маблағ ситонидан аст, бовар кунед чунон рушод ва ошкоро шудааст, ки тасавур карда намешавад шакл ва наҳваи хонишро дар ин коллеҷ дигар. Ба донишҷӯёне,ки шавқманди таҳсил ва хондан ҳастанд барои аз ретинг ва имтиҳон гузаштан. Ин донишҷӯён агар бигянд,ки ман ба дарс таёрам, чунон саволҳои душворат медиханд, ки то ин ки аз ретинг ё имтиҳон нагузари ва ба ин порахурон маблағ супорӣ .Бовар кунед ҳайронам ки ин коллеч давлатӣ аст, лекин мисли коллеҷҳои шахсӣ мебошад тамоман назорат нест, мисли бозор шудааст , тақрибан ҳаррӯз корашон мисли савдогарҳои бозори Корвон шудааст.
Давлатов Азамбек декани факультети Фармацевт мебошад ӯ
яке аз деканхои бадахлоктарин дар ин “Коллеҷи тиббӣ” мебошад. Давлатов Азимбек тамоман бо донишҷӯён муносибати хуб надорад. Агар гуем як бузи калони коллеҷ аст хато намекунем. Кораш фақат облава кардан аст, кадом донишҷйро агар чап гирифта бошад онро коре мекунад, ки фурӯшад, агар як мушкилиат дар ҳамин декан афтад, то агар маблағи гуфтаашро надиҳи коратро буд намекунад. Ҳама вақт кори инҳо таҳдид кардан аст. Ошкоро ба писарҳо мегуяд аз гапхоям набароед ки фармони хоричатро мебарорам ба ман фарқаш нест, ту ки ҳасти як рӯз ман аз забони як декан шунидам, ки яке даҳанаш хорид гуфт 300 доллар кирро зарар кардаст рости намедонам мақсади ин декан як сарбоз додан буд ё як призив буд. Муҳим 300 доллар кор кардан ин декане ки 300 долар киро куштааст гуфт декани«Кори дандонсозӣ »
буд ман намедонам ин директор Ашурийёни Шаҳло куҷорро назорат мекунад мо ҳайронем.
Дар ин «Коллеҷи тиббӣ» аз инҳо Бо инсофтар ва Худо бохабар ин Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ОДИЛЗОДА Исмоил Ёқубҷон мебошад.
Ӯ номзади илмҳои тиб. 17 январи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2014). Аз соли 2014 то 2015 дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим дар бахши интернатура аз рӯи ихтисоси табиби “Бемориҳои дарунӣ” таҳсил намудааст. Аз соли 2015 то 2017 дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кафедраи “Ревматология бо курси геронтология” дар бахши ординатураи клиникӣ таҳсил намуд. Аз соли 2015 то соли 2017 ба ҳайси омӯзгори ҳамкор дар кафедраи “Терапия” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият намуд. Аз моҳи марти соли 2017 то 2020 ба ҳайси декани факултети рӯзонаи “Кори ҳамширагӣ” – и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият намуд.
Аз моҳи августи соли 2020 то инҷониб ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” кору фаъолият дорад. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2020). Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2021).Аммо чаро чунин ашхосро директор намегузоранд мо донишҷӯён дар таъаҷҷубем. Метавонанд назарсанҷӣ гузаронанд миёни донишҷӯён аксарашон Одилзода Исмоилро меписанданд.
Аммо мутасифона ин оила муқобили Одилзода мебароянд, манзурамон аз ин оила яъне директори коллеҷамон. Чун коллеҷ дар дасти як оила ва лаганбардорони як оила қарор дорад.
Мо умедворем, ки ин масьаларо Вазорати «Маориф ва илм» и Ҷумҳурӣ якҷо бо «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ҳал мекунанд, то ин ки насли оянда аз ин коллеҷ духтурони бо таҷриба барояд, на ин ки одамкушу ваҳшӣ ба ҷомеа тақдим гарданд. Мо мехостем ин номаро ба вазорати маориф ва илм ва ё кумитаи Амният ва ё коррупсия нависем. Аммо маслиҳат кардем ҳама бачаҳо гуфтанд,ки ин ниҳодҳо худашон бо ин дуздони коллеҷ якҷоянд омада пулашонро мегиранд ва ин муаллимҳои мо боз болоямон бештар зулм мекунанд ва имкони хориҷ карданамон ҳам вуҷуд дорад. Ягона роҳи бе хатар ин «Ислоҳ» аст ва бигузор биёянду тафтиш намоянду худашон фаҳманд асли мушкилоти коллеҷи тиббиро.