Ду хитоби оташин: Сурхӣ ба Домулло Насруллохон ва Айнигӣ ба Ворухиён!                         

Ислоҳ нет

Ду нома аз Исфара

 Хонандаи азизи «Ислоҳ». Ин бор ду номаро аз ду манбаъ аз Исфара бо як номаи маълумотии коррупсионӣ ба дасти чоп медиҳем. Муҳтаво ва мазмуни ин ду нома бо ҳам монанд аст: инки мақомот, ки маълум аст киянду чикораанд ,бо мардум чи гуна муносибат ва бархурд мекунанду карда истодаанд. Дар матлаби аввал, нафаре,ки мегуяд «бачаҳакои боло» мардумро ҷондарлаб кардаанд, аз он башиддат изҳори норизоият мекунад, ки ин «бачаҳако» ва сиёсати Пешвояшон то ба ҳадде аст ки муллову домуллоҳо ҳам табдил ба бузу хушомадгуву мутамаллиқ шудаанду ҲХДТ-ро ба “Ҳизби шайтон” ташбеҳ кардаасту домулло Насруллохон Азизовро ҳомии ин ҳизб хондааст.

Дар матлаби дигар, ки ба қалами як омузгор аз ноҳияи Айнӣ тааллуқ дорад, муаллиф аз он мегуяд, ки бачаҳакои боло,ва махсусан Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов чи гуна конҳои тиллову сурмаву ангишти ин водиро тасаллут ва ғасб кардаву онҳоро ба хитоиҳо фурухтааст. Аммо ин омӯзгори Айнигӣ мегуяд, ки солҳо дар Ворухи Исфара мардикорӣ кардааст. Ва ӯ ҳам дар оғоз аз мушкилоти Айнӣ навиштааст вале қисмати поёнии навиштаашро дар бораи Ворух ва мушкилоти он бахшида таассуроти дар чанд сол ҳосилкардааш аз ин мардумро ба қалам додааст. Мардуми Ворухро ба тарсугӣ ва хушомадгӯй будан

                                   Номаи Аввал

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, устоди гиромиқадр ва бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!

 Аввалан барои мардуми мазлуми тоҷик ҷасорат ва бедориро дар роҳи мубориза алайҳи ин ҳукумат ва режими хунхор таманно дорам ва баъдан барои шумо тансиҳативу пешрафт дар роҳи муборизаи ҳақ хоҳонам! Шояд имрӯза номаи навиштаи ман ба фикри мардум обрӯ резондан бошад, вале нияти банда чунин нест, фақат расондани сухан аст ва албатта ин ҳама аз пеши худ нест, Ин шо Аллоҳ ҳамаи нома бо далелу факт навишта шудааст!

 Ман зодаи деҳаи Сурх мебошам. Мутаассифона, ончуноне мебинам, дар ин авохир аз деҳаамон аксарияти мардум бетарафиро интихоб намудаанд! Солҳои зиёд дар идораҳои гуногуни давлатӣ кор ва фаъолият менамоям ва бисер ноадолатиҳоро бо чашми сар дидам! Шурӯъ менамоем аз солҳои қабл. Соле устод Муҳиддин Кабирӣ ба шаҳри мо омад ва бо мардум мулоқот доир кард, имомхатиби мо домулло Насруллохон Азизов низ дар он вохурӣ иштирок намуд ва бар зидди ҳизб суханронӣ кард. Ва вай гуфт: «Дар Ислом ҳизбу ҳаракатҳо нест, вуҷуд надорад» ва амсоли инҳо. Ростӣ, солҳои зиёд гузашт. Ҳама суханҳои ин имом дар ёдам нест вале аз ҳамон солҳо сар карда минбари Расулуллоҳ (с) ба ҷойи насиҳат, ба ғайбат ва бад кардани Ҳизби Наҳзати Ислом мубаддал гашт! Намедонам аз кадом сабаб ба ин дараҷа бад мебинад домулло Насруллохон ин ҳизбро? Шояд ҷавоби дандоншикани устод Муҳиддин Кабирӣ ин шахсро то ба ин ҳол овард? Вале на як ман, тамоми мардуми деҳаамон шоҳид ҳастанд, ки то рафтан аз имомхатибӣ дар минбар фақат ғайбати ҳизб ва бад кардани тарафдоронаш буд! Валлоҳ дурӯғ намегӯям, чун бо чашми сар ва бо гӯши худ ин суханҳоро борҳо шунида будем! Ҳол то ин дараҷа расид, ки ҳатто худи домулло Насруллохон вақте дар ягон маърака ё ҷанозае иштирок мекард, мардум мегуфтанд, бахонае домуллоро таклиф кунед, ки дар он ҳизбӣ набошад! Ҳатто бо амакписари худ, ки он шахс ҳам қории Қуръон буданд вале он шахс ки аъзои ҳизб ва тарафдораш буданд, солҳо сабаб гашт ки аз ин шахс рафтуо ва хешовандиашонро бикананд, рафтуо ва ҳатто дар маъракаҳои эшон иштирок намекарданд! Ин домулло Насруллохонро душмани рақами 1-и ҳизб дар деҳаамон гуем ҳам хато намешавад! Ҳеҷ вақт суханҳояшон аз ёдам намеравад, чун ин сухан ва пешниҳодро бо Муҳиддин Кабирӣ дар Исфара гуфта буданд: «-Биёед дар назди президент сарҷамъ оему муттаҳид шавем ва муттаҳид бошем». Аммо имрӯз сабабгори зиндонӣ гаштани бисёр қориҳо ва домуллоҳои беҳтарини шаҳр гаштанд, ҳамааш факт ва далел дорад! Бубинанд, ки президенташон ё пешвояшон, ки корашон фақат таърифу тавсифи ӯ аст, дини Исломи азизро то ба кадом ҳол оварда расонид!

     Мардуми деҳа мегӯянд, бузҳо хела зиёд гаштаанд ва ғайра! Э мардум, бузҳо ва хиёнаткоронро аз  даруни халқ ва мардуми мазлуми деҳа накобед! Бовар кунед, устод Муҳаммадиқболи Садриддин, ин ҳамин домулло Насруллохон , ки қории Қуръон ҳам ҳастанд, саводи хуб ҳам доранд, ҳоло яке аз коргарони амнияти ҳукумати лаънаткарда шудааст! Ҳатто ба он шахс агар ягон даъвое сар шуд, ё касе гап зад, мисли оилаи Раҳмонов бо тарафдоронаш чунон пастат мезанад! Мардуми деҳа аксар медонанд, ки ин домулло Насруллохон фурухта шудаанд! Илме, ки Аллоҳ барояшон насиб гардонид, мутаассифона барои дунё шуда фидои ин ҳукумат ва режими хунхор кардаанд! Пас чӣ фоида аз ин илм ва сабақе, ки доранд!

  -Э, домулло Насруллохон Азизов! Вақте, дар солҳои 2014-2017 заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳа барои мардум ҷудо гашта буд ва онро раиси собиқи ҷамоат бо пулҳои калон фурухт ва зиёда аз 5гектари гаражи кӯҳнаро худаш соҳибӣ кард, куҷо будед, чаро аз ислом барояшон нагуфтед, чаро аз ҳаромкориашон нагуфтед, чаро клуб ва ҷойҳои давлатиро ғайриқонунӣ фурӯхтанд, ҳеҷ насиҳате накардед. Охир ин ҳама ҳаромкори ошкоро  аст, ҳамин тавр не? Чаро ҳар вақт дар сарҳад ҷанг мешавад, нагуфтед, ки сабаби ин низоъҳо хариду фурӯши наркотикаи Оилаи Раҳмонов     тиҷорати касифи ин оила аст? Чаро аз ҳаққи исломӣ ва шаҳрвандии худ истифода набурдед, шумо, ки имомхатиб ҳастед, масъули ҳамаи ин будед! Вақте ки раисҳои ҷамоат минбари масҷидатонро барои маҷлиси касифи худ интихоб карданд ва Минбари Расулуллоҳ (с)-ро олудаи касифӣ карданд, чаро минбар ва аз дини худ ҳимоят намекунед! Вақте ки сатру ҳиҷоб ва риши мардумро метарошанд, вақте масҷидҳоро маҳкам менамоянд, вақте ки омӯзиши дин ва Қуръонро манъ менамоянд чаро аз вазифа ва аз масъулияти худ дифо намекунед!

Чаро аз ҳама ин беадолатиҳо ҳеҷ намегӯед! Чаро фақат дар бораи Ҳизб гап мезанед?  Ҳизб ку кайҳо рафт аз Тоҷикистон. Дуруст аст ки ҳизбу ҳаракат дар Ислом нест, пас барои чӣ шумо намояндаи ҳизби халқӣ-демократӣ шудед? Агар давлат ба ҳизби Исломӣ зарурат надошта бошад ва шумо худ намояндаи дин ва мулло ҳастед. Шумо чаро дар ҳизби шайтон аъзо шудед ва бар алайҳи муқаддасоти ин мардум якҷо бо ин шайтон мубориза мебаред? Ҳатто шарм нокарда боз дар минбари масҷид аз ин ҳизби шайтон ва пешвои он ҷонибдорӣ мекунед, ки инаш хело аламовару дардноктар аст.  Мутмаинам,ки шумо дар Қуръон дар мавриди “Ҳизби шайтон”  чи зикр шудааст хуб медонед!  

Аллоҳ ошкоро Ҳизби шайтонро бо хусусиёташ ва Ҳизби Аллоҳро бо хусусиёташ зикр намудааст.

Аллоҳ дар Сураи муборакаи Муҷодала мефармояд:

“Шайтон бар онҳо чира (ғолиб) шудааст ва номи Худоро аз ёдашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтонанд. Огоҳ бош,ки ҳизби шайтон зиёнкунандагонанд!”

                                 (Сураи Муҷодала ,ояти 19)

 Акнун ба ин ояти охири Сура ҳам диққат кун шояд ҳидоят ёбед домуллои гиромӣ!

“Нахоҳӣ ёфт қавмеро, ки ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон овардаанд (ба ин сифат бошанд, ки) бо касе ки ба Худо ва Расули Ӯ хилофу душманӣ кардааст, дӯстӣ кунанд. Ва агарчи он касон падарону писарону бародарон ва ё хешовандони онҳо бошанд. Он муъминҳое ки (бо душманони Худо дӯстӣ надоранд) Аллоҳ дар дилҳои онҳо имонро навиштааст ва онҳоро бо рӯҳе аз Худаш ёриашон кардааст, онҳоро ба ҷаннатҳое дохил кунад, ки зери он (қасрҳои Ҷаннат) ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дар он ҷо ҷовидон бошанд, Аллоҳ аз онҳо хушнуд шуд ва онҳо аз Аллоҳ хушнуд шуданд. Инҳо Ҳизби Худоянд. Огоҳ шав: Ҳизби Аллоҳ албатта растагоранд (наҷотёфтагон)!.

(Сураи Муҷодала,ояти 22)

Каме ба тафсири ин мақтаъи оят диққат диҳад ба хубӣ пай мебарад: Касе, ки Худоро дӯст медорад, набояд душмани Ӯро дӯст дорад. Чунон ки равшанӣ бо торикӣ ба ҳам намеоянд, монанди ҳамин дар як дил ҳамзамон дӯстии Худо ва дӯстии душмани Худо ҷой намегирад. Ин як рукни имонаст, ки ба дӯсти Худо дӯст бояд буд ва ба душмани Ӯ душманӣ бояд варзид.

Домулло Насруллохон магар “пешво”ят аз дӯстони Худо аст ё бар акс? Магар ҲХДТ аз “Ҳизби шайтон” ягон фарқе дорад?

Як ояти дигар аз Сураи Моида бароят меоварам:

“ Ва ҳар кӣ Худо ва паёмбари Ӯ ва муъминонро  дӯсти худ бигирад, бидонад,ки пирӯзмандон Ҳизби Аллоҳ (гурӯҳи Аллоҳ)анд.” (Сураи Моида, ояти 56)

Акнун домуллои гиромӣ шумо киро дӯсти худ гирифтаед ? Дар кадом гурӯҳ ва ҳизб қарор доред онро аз худатон пурсед бояд бароятон мушаххастар шавад.

Охир, ки кори шумо фақат панҷшанбегихуриву чилу сол, қабрпарастӣ ва ҳамкорӣ ва кор кардан бо амнияти лаънаткарда асту халос! Ростӣ, мо халқ безор шудем аз лесидану таъриф ва тавсифи пешравиҳои пешвотоян гуфтан!

Боз маро рӯзе барои риш шуда ба шуъбаи амнияти ҷамоати Чоркӯҳ бурданд ва маро дар он ҷо нигоҳ дошта буданд! Чанд муддате нагузаште 2 коргари онҳо бо либоси шаҳрвандӣ омад ва ба сардори амният телефонашро нишон дод ва гуфт, ки «ина дар ин маршрутка фалон, фалон кас бо сатр ва ҳиҷоб аст, то хонааш таъқиб кардем ва хонааш он ҷо будааст»!

  Валлоҳ қасам бо гӯш ва чашмони гунаҳкори худ дидам, ки ба номус ва ҳиҷоби зан модарони мо хиёнат карда истодаанд ин лаънаткардашудаҳо! Барои чӣ ман аламам барои ин домуллоҳои панҷшанбехуру қабрпараст меояд, чун онҳо ҳамкорӣ бо ин лаънаткардашудагон менамоянд!

Мегузарем ба мавзӯъи дуввум

Раиси собиқи ҷамоат, Субҳон ва баъдан Муаззама тамоми заминҳои ба мардум ҷудошударо ба сарватмандон ва коргарони худи ҷамоат фурӯхта буданд, Аллоҳ лаънатшон кунад! Имрӯзҳо бошад на замин асту на ягон бизнеси дигар! Раиси ҷамоати ҳозира Ахмедов Сарвар ва ҷонишинаш Баҳодури зинокор, ки ҳамеша пиён аст, бизнесашон замин, ки намондааст, савдои аскарбачаҳо мебошад, ки хело фоидаи муфт ба даст меоранд! Барои як нафарро ба хизмат набурдан ва озод кардан аз мардум то 10.000 сомонӣ пул мегиранд! Чун аксарият пул медиҳанд, маҷбур мешаванд ба минбари масҷид баромада илтимосу зорӣ ранги саг мекунанд ва худро гӯё тарафдори мардум мехонанд! Деҳаи моро пурра ба коррупсия табдил доданд, рӯйи рост мегӯянд пулро деҳ корат ҳал! Мутаассифона аксарияти мардуми деҳа тарафдори ин корҳо ҳастанд ва хушомадгӯйӣ бо коргарон ва мақомотҳои давлатӣ хусусан бо милисаву амният доранд!

  Дар деҳаи мо ягон кор ва сохтмоне аз буҷҷаи давлат сурат намегирад, ҳатто мардум аксар намедонанд, ки буҷҷаи давлатӣ чисту ва ғайра! Ҳамаи сохтмонҳо ва таъмиру азнавсозии роҳ, духтурхона ҳаммааш аз ҳисоби муҳоҷир ва халқ аст! Хизмате, ки ҳукуматдорон ва домуллову пешсафон мекунанд, фақат таърифу ягон -ягон мавъиза дар панҷшанбегихуриву дар тую маъракаҳо ҳаст халос!

  Дар охири мавзӯъ чунин гуфтаниям:

Аллоҳ лаънататон кунад эй домуллоҳои қабрпараст ва дарборӣ, Аллоҳ хоратон кунад, чун худ медонед, ки хело ҳаромкориҳо дар деҳа мегузарад, вале хап ҳастед! Ин лаънати мо ба он домуллоҳое мерасад, ки илму динро барои дунёяшон интихоб карданд! Илме, ки доред аз саратон монад! Биёед, фурсат, ки доред, мардумро даъват кунед ва сарҷамъ барои озодии миллатамон карда бошем! Ин шо Аллоҳ ин суханони мо ба гӯшатон мерасад ва бас мекунед лесидану таърифу тавсифи президенти касифро! Охир безор шудем! Наход ба ғайри паншанбегихуриву сари солу хатм барои мурда дигар аз дастаттон ҳеҷ коре наояд!

 Ин шо Аллоҳ пирӯзӣ наздик аст ва ин шо Аллоҳ мо муборизон ғалаба мекунем ва рӯзе Дини Исломи азиз дар Тоҷикистон озодона амал мекунад! Ҳол онки фурсат доред, хитоб ба коргарон ва домуллоҳои деҳа мекунам, ки бас кунед чоплусирову мардумро сарҷамъ барои озод кардани дину номусамон ва ҷасоратам дошта бошед!

 Баъди навиштан ва шунидани ин нома бовар дорам минбари Расулуллоҳро дигар ҷазир нахоҳед кард, вале агар давом додед, бо аксу видеоҳои он чихел чоплусиву леслеси мекунед  ҳамаашро дар номаи оянда хоҳед дид!

Чун номаи мазкур камтар тул кашид , агар ислоҳ нагаштед, тамоми коргарони дузду ғоратгари милитсияи деҳаро бо факту далел ва аксу видеоҳояш ва киҳо аз домулллову масъулони деҳа бо онҳо ҳамкорӣ доранд нашр хоҳем кард.

 Боқӣ сарбаланду пирӯз бошем миллати азизам ва муборизон!

Ҳангоми омодашудани ин матлаб маълумоти ҷолибтаре аз Домулло Насруллохон Азизов ва шайкаи ӯ аз бойгонии “Ислоҳ” пайдо намудем,ки чанд моҳ қабл омада буд онро низ тақдиматон менамоем.

Ассалому алейкум  бародар Муҳаммадиқбол ман як сокини шаҳри Исфара аз ҷинояти имомхатибони шаҳр Домулло Азизов Насруллохон Ҳабибуллоевич , ҷонишинаш домулло Обидхон, ва ду писарони Обидхон қориҳо ки якеаш домоди қорӣ Насрулло аст ки инҳо дар масҷиди марказии шаҳр Ҳоҷиёнро дар даст гирифтаанду, як мафияи дигарашон бо роҳбарии домулло Ҷамолидин  ва қорӣ Зикридин  бародарон. Акнун ба бизнеси инҳо мегузарем проектировшики бизнеси инҳо яке аз шиноси деринаи шумо ҳоҷи  Расули заминфурӯш муриди эшони Абдухалилҷон мебошад. Инҳо дар ҳамаи деҳаву маҳаллҳое ки қабристон  доранд бо имомони он ҷойҳо машварат карда ба бозсозии ҷанозахонаҳо шурӯъ карданд, албатта бо кӯмак ва сармоягузории мардуми маҳал ва соҳибкорони маҳаллӣ. Вақте ки ҳамаи ҷои мазор обод шуд Ҳоҷи Расул ба дастгоҳи раиси шаҳр коғазҳои заруриро тайёр карда медарорад ва ба ҳар як мазори ободшуда аз фонди шаҳр ду то замини назди ҳавлиги (хонаҷо) мегиранд дар давоми қариб даҳ соли охир зиёда аз 50 қабристон дар шаҳру деҳоти Исфара обод карда шуд .Ҳоло худи имоми шаҳр домулло Насруллохон Азизов  дар ҳудуди шаҳр қриб 15 мағозаву замини назди ҳавлиги дорад, домулло Обидхон 10-15 то дорад, 2 то дар ҳудуди пешина коргоҳи пахтатозакуни (хлоппункт), 2то дар ҳудуди заводи гаҷи кӯҳна, 2 то дар заводи консервабарории (куҳнаи)шаҳр ки ин завод кор мекард ҳамин команда тақсим карда фурухтанд, 2то дар собиқ гаражи колхоз ба номи Ленин ва як то дар идораи колхоз, 2 то дар фермаи колхоз, 2 то дар боғи Насад, 2то ё 1 то дар автобазаи №35. Ин ҳисоб ки мо медонем ,мо намедонистагиаша Аллоҳ медонад чанд тои дигар. Ҷамолидину Зикридин ҳам яке яке колхозчиву дигаре бекорчи буд ҳоло ки масҷиди ҷомеи “Умари Одил” дар маркази шаҳр дар дасти онҳост бисёр кордашон болои руған шудааст мошинҳояшон наву гаронтар шудаанд. Инҳо бисёр ҷавонони моро бо мақомот ҳамкори карда зиндони кунонданд. Боз бародар як тои дигар хабар дорам аз Исфара аз писари хурдии оя Шӯҳрат Мақсудов вай ҷонишини  начальники милитсияи Исфара  буд ҳоли ман ахбороти пурра ҷамъ кунам ба шумо мепартом .

                                    Номаи Дуввум

  Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

 Хубии СССР дар он буд, ки сохторҳои давлатӣ аз болои якдигар назорат мекарданд. Ҳозир бошад чи бародари калониаш- прокурор, хурдӣ- началники милитсия, писари амак ё тағояш дар амният- инҳо ҳамакаса аз як коса мехӯранд, ба ягон ҷо дарди дил ё шикоят бурдан намешавад. Ягона манбаъ ин “Ислоҳ” ва Муҳаммадиқбол мебошад, токи дарди худро нависӣ, ё ҳадди ақал мардум бохабар мешаванд.

  Ман дар Айнӣ муаллим шуда кор мекардам (забони хориҷӣ)-800 ё 850 сомонӣ маош мегирифтам. Бо ин маблағ зиндагиро ягон хел пеш бурдан намешуд. Боз зан ва чор кудак дорам. Гӯсфанди бисёр ва ду сар гов доштем. Ҳамроҳи писарам дар вақтҳои холигии берун аз дарс ба кӯҳ бурда мечаронидем, зиндагиямон хуб буд. Албатта, аз ҳисоби чорводорӣ.

Оҳиста- оҳиста бо гузашти вақт то андозае маҷбур карданд, ки ҳама молҳоямонро фурушем, дигар моя барои пеш бурдани зиндагӣ илоҷ намонд. Шояд бипурсед чаро?  Ман ба чоплусону хушомадгуён хусусан аз Айнию Шаҳристону Панҷакент нағз гуш кунед, ки рост аст ё дурӯғ? Мисли ман баринҳо садҳо нафар буданд. Садҳо нафар фалғарӣ (айнигӣ), ки сафи мардикорони дохилиро бештар мекардем.       

  Дар ноҳияи Айни 17-кони ангишт ва ду конни тилло мавҷуд аст ки ҳамаашон дар ихтиёри ширкати Фароз қарор дорад. Ширкати Фароз мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

 Ман ҳоло дар бораи се кони ангишт ва ду конни тилло маълумот медиҳам, ки ин конҳо калонтарин мебошанд. Гарчанде корхонаҳо зиёд бошанд ҳам мардуми Айнӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар берун аз Айнӣ мардикорӣ мекунанду халос.                     

 1.Кони ангишт фони Яғноб.                                               

 2.Новый матек.                                                                     

 3.Жен Ён -Хитой.                                                                         

Кони ангишти фони Яғноб дар дасти Ҳусейн Ҷӯраев буд. Ҳама тинҷу осуда буд ва мардуми Айнӣ он ҷо кор мекарданд, зиндагиашонро пеш мебурданд, якбора кор то ҷое расид, ки ширкати “Фароз” маҷбурӣ ё бо зуроварӣ Ҳусейн Ҷӯраевро барканор карда конро комилан ба Хитой дод. Ҳамаи коргарҳо аз Хитой омаданд ва захват карданд. Тамоми роҳҳоро бастанд. Фақат шофёр бо охрана ба даромадан ҳақ доранду халос. Банда, баъди паст рафтани сатҳи зиндагӣ хостам он ҷо кор кунам. Мо панҷ нафар ариза навиштем. Аз ҳамин панҷ нафар як нафар ба кор даъват шуду халос. Баъди чанд муддат ман он шахсро дар як нуқтаи савдо дидам ва пурсон шудам, ки барои чи шуморо ба кор қабул карданду моро не? Посухаш чунин буд:- шумо системаро намедонед. Вақте, ки ариза менависед бо «бачаҳои боло» ҳамсӯҳбат шудан лозим. Аз суми кор мекардаатон як фоизи муайян ба онҳо медиҳед, баъд ба кор қабул мекунанд. Ман аз ҳар рӯзи корӣ 20-сомонӣ медиҳам, қабул карданд. Одам дар ҳайрат мемонад. Ин ҳам як намуди зулм болои мардуми Айни буд. Дигар илоҷ надоштам маҷбур шудам роҳ ба Ворух кушоям, аммо дар ин бора алоҳида менависам бармегардем ба Айни.

  Ҳамин тавр кони ангишти Новый матек ва Жен ён ва 14-кони дигар дар дасти ширкати “Фароз” ва коргаронаш аст сад фоиз аз они Хитой аст. Фақат ба як кони ангишти Ғабирӯд афғонҳо ҳамроҳанду халос.                     

 Аҷоиби кор дар он дида мешавад, ки деҳаи Кумарғ 100% аҳолиро бардошта пурра ба хитойиҳо супурданд. Гӯё ба мардум пули хонаҳояшонро дода бошанд. Агар бипурсед ҳатто метарсанд бигӯянд, ки чанд сум пардохт карданд.

Баъди рафтани Раҳмонов аз сари қудрат халқи Хитойро аз он ҷо бардоред.

Айнан ҳамон таърихи Ворух такрор шуда истодааст. Онҷо қирғизҳо инҷо Хитой, ҳеҷ фарқият нест.

   Ду конни тилло ҳаст:                                   

   Кони тиллои Кумарғи боло ва кони тиллои Канчоч. Ҳамон деҳае, ки ба хитоиҳо супурда буданд дар ана ҳамин конҳои тилло кор мекунанд, ки ба ягон мардуми Айнӣ он ҷо кор кардан мумкин нест. Даромади ин конҳои тиллоро 70%-Хитой 30%-Фароз мегираду халос. Ба худи ноҳияи Айнӣ ягон хел фоида намерасад.

  Ҳатто як тонна ангишти деҳаи худамонро мо ба 1000-сомонӣ мехарем. Домодҳои Раҳмонов бигуед, ки оё ин аз рӯи адолат аст? Лаънат ба бархеи шумо, ки боз дидаву дониста зидди Ислоҳ баромад мекунед. Ба шумо фақат ду шох намерасаду халос. Худо ҳидоятатон кунаду лесакиро бас кунед.          Горно обогодительный коммбинати Анзоб-ГОК Айнӣ. Дар он ҷо чанд кас кор мекунад, ҳеҷ кас намедонад. Аз ин корхонаҳо ягон тин ба  ҳисоби давлат налог супорида намешавад. ГОК-сурма истеҳсол мекунад. Сурмаро ба Қирғизистон, ба Қадамҷой бо роҳи контрабанда мефурӯшанд ва баъди коркард ба Россия мебаранд. Ҳамин қадар ноҳияи Айнӣ боигарии зиёд дорад вале ба худи ноҳия ягон манфиат нест. Сокинон қашшоқ, мардикорӣ мекунанд. Агар ҳамаи ин боигарӣ ба пешрафту ободии ноҳия равона шавад болои боми халқи Айнӣ аз тилло пӯшида мешавад.  

  Акнун мегузарем ба асоси кор. Барои чи ин нома навишта шуд? Тамоми чарогоҳҳо фурӯхта шуд, Искандаркӯл бо пурагӣ фурӯхта шуд. Пештар ба Муродалӣ Алимардонов тааллуқ дошт. Ҳоло ҳамаашро Оила гирифтааст. Чанд пода ва рама моле, ки аз они ӯ буд, гирифта шуд. Аммо халқи айнӣ ягон хел ҳақ надорад. Ғайр аз моли вазирҳо. Ҳатто даҳмардаҳое, ки молҳои Оиларо посбонӣ мекунад, одам барин муомила намекунад. Гӯё вай ҳам як шахси олимақом бошад. Дигар илоҷ намонд. Ҳамаи молҳоро фурӯхта рӯ ба мардикорӣ овардем ба Ворух.

Дар воқеъ дар деҳаи Сангистон Абдуфаттоҳ Шарифов зиндагӣ мекунад. Вай котиби матбуоти призиденти Тоҷикистон мебошад. Тамоми косалесону чоплусу хушомадгуҳо аз ҳамин деҳа ҳастанд. Ногуфта намонад, ки он шахсҳое, ки зиди “Ислоҳ” баромад мекунанд бо роҳбарии ана ҳамин Абдуфаттоҳ Шарипов мебошад. «Криша»-и ин номардҳо ана ҳамин шахс аст. Чи коре, ки хоҳанд ҳамон корро ба анҷом мерасонанд. Дар бисёр ҷойҳо як фразаро такрор мекунанд: «мо любойяша задагӣ»

 Ҳамин тавр мо 8-нафар будем. Ҳамаи гӯсфанду говҳоямонро аз набудани чарогоҳ ва аз ноилоҷӣ фурухтем ва ба Ворух раҳсипор шудем. Фикр кардем он ҷо оромист. Вазъияти бадтар аз ин  дар Ворух аст. Халқи Ворух ҳақиқатан сарватманд ҳастанд, аммо фақат бегонапараст. Ман он ҷо қариб 10-сол мардикорӣ кардам. Агар дар як сол ба як оила мардикорӣ карда бошам давоми даҳ сол ба 100-оила мардикорӣ кардам. Саршавии Ворухро Меҳнатобод мегӯянд.

 Баъзе мавридҳо посёлкаи тоҷикон мегӯянд, ки охираш Беди каҷ аст. Ман дар хонаи ҳар як сарватманди ворухӣ мардикорӣ кардам. Он вақт сардори милитсияи Ворух Омир ном як шаҳрванди худи Ворух буд.Тамоми балоро ба сари ворухиён ҳамин овард. Тамоми бачаҳоро ба қирғиз мефурухт. Аз тамоми бачаҳое, ки аз Русия меомаданд бо баҳонаи сохтани бинои идораи амният аз 30ҳ то 50ҳ-рубли русӣ маблағ мегирифт. Як навбат ман дар хонаи як ҳаммаҳаллагии худи Омир кор мекардам, номашро намегирам чунки маро нағз мешиносанд, ҳурмат ҳам мекарданд. Онҳо дар Қазоқистон кор мекарданд. Хулоса ман шоҳиди он будам,  ки аз сардори ҳамин оила 30ҳазор рубл гирифт. Аммо ба халқи Ворух ҳеҷ хуби накарда аз кор рафт. Як шогирд дошт номаш Шоҳин. Оиди ҷиноятҳои содир кардаи онҳо ворухиҳо бояд нависанд. Лек афсус тарсу ҳастанд. Ман баъди ба Россия омадан бо якчанд ворухӣ, ки шинос буданд ҳамсӯҳбат шудам. Аз рӯзҳои рафта ёдоварӣ кардем.

  Вақте ки сухан дар мавриди Омир меравад, мегӯянд, ки Худо зада дар кадом шаҳри Россия ҳасту аммо ба фарзанду кудакҳояш нигоҳ намекунад, паноҳашон ба худо. Мардуми Ворух ман нону намаки шуморо бисёр чашидааму хурдаам. Бахшиши зиёд, ки аз камбудии шумо менависам. Дар кадом хона кор карда бошам онҷо аз таҷовузу маҷбуран гирифтани пора аз аҳолӣ аз тарафи милисаҳову амниятиҳо сухан мерафт. Ягон нафари аз ин ниҳодҳо розиро надидаам. Пас, чаро хомушанд? Байни худашон бениҳоят зуранд. Аммо дар ҳолатҳои дигар мурғ. Надидам, ки бародар бо бародар соз бошад. Тағову ҷиян, амакбачаҳову холабачаҳо байни ҳам ягон хел соз намегиранд. Бисёри занҳоро таҷовуз мекунанд, ҳамаашон медонанду байни ҳам дар ин бора мегӯянд, аммо хомушанд.

  Бародари азиз Муҳаммадиқбол иншоаллоҳ, пирӯзи ба даст овардем ҳамин косалесон боз ба шумо ё ба ягон шахсияти бузург такя мекунанд. Аз шумо хоҳиш, ки бе маслиҳати ягон шинос инҳоро қабул накунед. Инҳо хамелион-буқаламун ҳастанду бас.

 Хулоса,ман дар ҷанги охирони қирғизу тоҷик онҷо будам. Дар беморхонаи марказӣ будем. Онҷо як коргари МВД бо як рафиқаш омаданд. Овози тирпаронӣ шунида мешуд. Бо як духтар гап доданро сар карданд. Ҳамонҷо як ҷавони ворухӣ, ки дар Олмон кор мекард, бо кадом коре ба беморхона омаду чунин ҳолатро диду виҷдонаш тоқат накарду гуфт, «бачаҳо ҳоло вақти ин корҳо нест, рафтем онҷо ҷанг шумо ин ҷо бевабозӣ доред». Ҳамин вақт якбора ин коргари МВД-ин ҷавони ворухиро чунон зад, ки парида ба даруни алафзор ғалтид ва чунин суханҳо гуфт, ки ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд: «рав худат ба ҷанг, Ворухатро худат муҳофизат карданд гир. Агар хоҳам ба ҳар як зани ворухӣ як марди кулобӣ оварда мемонам.” Ҷавон ҳеҷ чиз нагуфт. Аз ҷояш хесту рафт. Баъдан ман пурсидам ин кист, ки худашро буқа мегирад? Медонед вай кӣ будаст?

 Началники угловный розиски Ворух номаш Саид, аз Фархор будааст. Ман аз ин чоплусону пайравони Пешво дар Ворух талаб мекунам, ки занҳоятонро ба Саид диҳед, то ба занҳои дигар чашм ало накунад. Ё ..оямоли Саид шуда гаштан гиред. Хулоса, ин лаънатиҳои бачаҳакои болои фишору зургуиро ба авҷи аъло расонидаанд. Мардум дар азоб, ҳеҷ як кори дуруст ба анҷом намерасонад. Ҳам МВД ҳам амният ду кор доранд:-кофтукови ҳаводорони барномаи “Ислоҳ” оиди лайку коментария ва кори дуюмашон облава дар давоми тамоми сол. Ин ду манбаъ барои ба даст овардани маблағи бе дарди миён роҳати ҷонашон шудааст. Ҳаром бошад ҳам пул бошад шуд. Ворухиёни азиз ҳоло ҳам сари вақт!  Хоҳед, ки хоҳаронатон тинҷ бошанду хонаҳоятон обод тактикаи кориатонро дигар кунед. Аз ду як нафар бузу чоплусҳои зери мардонагии амниятиҳо шуда мондед. Вақте ки калимаи мард ҳаст калимаи ту номард чи лозим?  

Ps: Чуноне хонандаи гиромӣ аз номаи дуввум фаҳмидед нависанда Айнигӣ аст ва аҳсан ба шарафу номуси ин бародари Айнигӣ. Ворухиён таҷовуз мешаванд, кушта мешаванд, ғорат мешаванд аммо боз ҳам хапу хомуш дастҳо пеши бар дар хидмати ана ҳамин режим қарор мегиранду садо баланд намекунанд. Қирғиз Ворухӣ мекушад, заминашонро мегиранд, кормандони мақомоти Раҳмонов Ворухӣ бояд муҷозот кунанду пул кананду мурғ кунанд вале боз ҳам хомушанд. Хуб дигар номусу ғайратро Аллоҳ медиҳад, на бо гуфтан мешудааст на бо фаҳмонидан. Ғайрату номуси Чоркуҳӣ, Сурӣ, Исфарагӣ, Айнигӣ, Истаравшанӣ ва Зафарободию Конибодомӣ хело баландтар будааст ва аҳсан ба ин шермардони ғайюри миллат.

Share This Article