Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №26

Ислоҳ нет

Номаҳо аз ноҳияҳо ва мардуми кишвар, инчунин аз қисмҳои низомии кишвар аз ҷумла қушунҳои сарҳадӣ, ки тобеъи КДАМ  мебошад ба “Ислоҳ” дар ин қисмат расидаанд. Албатта ин ниҳоят ва фарҷоми амалкардҳои хашини режим аст, ки шиддати зулм аз мардуми оддӣ убур кард ва ба қисмҳои низомӣ сироят кардааст. Аскарбачаҳо, ки фарзандони ин мардуманд, то ҷое бедортар шуда истодаанд. Воқеан зулм чуноне оғоз дорад фарҷоме ҳам дорад. Имкон надорад як шаҳрванди озоду озода ба ҳама ончи бар ӯ мекунанд сабр кунад ва ҳамаро бардошту таҳаммул кунад. Боварии комил дорам, ки ин ҳама облаваҳои таҳмилӣ ва бо зурӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонон ниҳояти ҳукумати 31 солаи Раҳмонов хоҳад шуд. Меравем ба тақдими номаҳо, то худатон аз ҳама ончи навиштаанд огоҳу муталеъ гардед…

Язгулом қушунҳои сарҳадии КДАМ

Салом алейкум  бародарони мубориз ва дастандаркорони “Ислоҳ”и овозадор. Мо сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии 04 09 ё 11 уми дашти Язгулом отряди Дарвози Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ мебошем. Аз бародар Муҳамадиқболи Садриддин  хоҳиш мекунем ин номаи моро расонаӣ кунад .

Сардори Дидбонгох капитан Маҳмадалиев Ёрахамад сарбозони ин дидбонгоҳро ҳамеша зулму ситам мекунад.

Сарбозонро мисли ғулом истифода мебарад. Чи дар Язгулом бошад чи дар Дашти Язгулом инҳо деҳаҳое мебошанд, ки ҷудо аз якдигаранд. Масалан агар дар ягон хона коргар даркор бошад сарбозонро рӯзи корӣ договор карда барои кор ба он хонаҳо мефиристад.

Ҳамеша аз Язгулом футбол ё волейбол меоянд пул монда бозӣ мекунанд. Началники застава бозӣ мекунанд агар бой диҳанд пулро сарбозони дидбонгоҳ ба хонаҳояшон занг зада мегуянд, ки  пул равон кунед,  магазин меравем ё ҳама пул ҷамъ карда ташкили мекунем аз ҳамин қабил гапҳоро ба хонаводаҳоямон мегуем, то бароямон пул фиристанд. Ин суханҳоро комндирҳо ба мо меомӯзонанд, ки гап набарояд ба берун аз қисми ҳарбӣ. Болои ин бозингарон яне сарбозонро строй карда лату куб мекунанд ва шарм нокарда мегуянд дашном дуруғ аст, танҳо аз оча ҳақорат намекунанд дигар аз ҳама ончи хоҳанд дашном мекунанд ин номардҳо.

    Як рӯз ҳангоми лату куб пардаи гуши ду нафар сарбозамон кафид хун меомад мо низ якумин бор дидем аз гуши одам хун меояд. Шаб боз як нафари дигар ки повур буд, ту калбасахои моро аз яхдон гирифта хурдаи гуфта ӯро 4 соат лату куб кард сараш кафид аз ду ҷо. Синякои дигар аъзои баданаш беҳисоб, пештар як нафари дигар ро началник застава бо замбой застава ба дараҷае лату куб карданд ки, дигар роҳ гашта наметавонист. Ӯро мо сарбозони дигар бардошта ба ҳоҷатхона мебурдем, мо бовар надоштем ӯ дигар хуб мешавад. Вазъияташ бе ниҳоят вахим буд.  

   Аҳвол ҳар рӯз хамин буд дар гузашта ва  ҳоло ҳам ҳамин аст. Орду равғану маска ва… хулас тамоми хурокаро ба мағозаҳо мефурӯшад, ҳеч кас он маводи хурокаро дигар на мебинаду на мехурад.

Аз Язгулом як мошин меояд бобои Авғон ном дорад  ба  ӯ ва ба мағозаи назди застава мефурӯшад ҳама маҳсулоте барои сарбозони ин қисми ҳарбӣ меомадаро.

Як рӯз Мо сарбозон тасмим гирифтем ин золим капитан Маҳмадалиев Ёрахамадро чикор кунем чун медонистем аз дасти отряд хеҷ чиз намеояд онҳо низ аз ин ягон камбуди надоранд айнан мисли ҳаминанд ба прокуратураи ҳарбӣ занг зада воқеаро фахмондем аз байн 2 рӯз гузашт соат 4 и бад аз абед буд як мошин аз прокуратураи ҳарбӣ омад.  Ду нафар яке ронанда ва  дигараш майор Салихуф аз прокуратураи ҳарбии шаҳри Хоруғ то соати 22 тафтиш карданд чанд рӯз ҳамин гуна тафтишот буду ба мо сарбозон ваъда дода гуфт ман ин золима ба ҷавобгарӣ мекашм. Дар асл ҳеҷ кораш накарданд ва боз зулм бештар шуд, на камтар. Суханони Салихов ҳамааш показуха будааст. Баъд аз амният омаданд ҳар кадоме меомад чабрдидагонро медиданду мегуфтанд ҳозир инро мо баста дар багаҷ бор мекнему мебарем. Аммо дар охир боз хушомад карда мерафтанд як рӯзи дигар аз особый отдел як нафар бо номи маёр Шералиев омаду ба ҷое ӯро сарзаниш кунад моро таҳқир мекард .Ӯ ҳар гоҳе меомад мегуфт агар ягонтат ҷиноят кунед ма ҳозир мебарам говсудтон мекунам.

Ин навбат низ гуё мо ҷиноят карда бошем, ӯро таъриф мекард бар зами он, ки ҳамаи корхои ин афсарони моро медонист.

Ва зампалиди мо  сарбозонро мегуяд биё …..  мо низ чизе гуфта наметавонему дар даҳон об гирифтаги барин хап меистем.

Агар ягон чиро шарт монад мегуяд агар бой доди …. дар …. мешакм, наъузубиллоҳ.

Мо намедонем, ки дигар аҳволи мо чи мешавад, як рӯз моро ба суди шахри Хоруғ даъват карданд 6 нафар ҷабрдида ва ин капитани хунхор Маҳмадалиев Ёрахамад  хангоме ба толори суд дохил шудем.

Ҳама ҷои худро гирифта буд  ва судя омаду якум мора камтар нигоҳ карду ба началник заставаро диду пешаш рафту ду даста салом карду худша судя ширин мекард, ки аму тағаи ту устоди маҳай баъди решенияи суд мора якду коригарои суд гуфтанд, ки агар ин суд шавад 3 нафари шуморам суд мешавад. Мо гуфтем мо ягон хел ҷиноят накардем барои чи  3 нафари мо ҳам  бояд суд шавад?  Гуфт бояд аз ду тараф суд шавад агар бхоҳен амроотон суд нашаванд шикоятотона пас бгирен сахт тарсмон доданд. Дигар илоҷ наёфтем мо шикоятҳомона пас гирифтем ин воқеаро 8 моҳ шуд, аммо мо нав тавонистем ба “Ислоҳ” алока баромада.

Началники застава  капитан Маҳмадалиев Ёраҳамад бояд перевод мешуд,  ма касдма ай и фалони  очаҳо мегирм бад мерам гуфта худша 1 солу 6 моҳ дабафка кард. Мақсад ҳамон сарбозони шикоят кардаро бештар муҷозот кунад ва дилаш тар шавад.

Хулас замбой ба Душанбе худро перевод кард гуё суд ӯро перевод кардааст, баъдан маълум шуд ки суд хама сохтакори будааст. Бозӣ додани сарбозон ва хулоса адолат тамоман дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва мо ҳама сарбозони ин қисми низомӣ шоҳидӣ медиҳем инро.

Инро бояд илова намоем, ки отряди сарҳадии 04 09- 11 дидбонгох дорад, ва 1 дидбонгоҳи сарҳадии иловагӣ сохта истодаанд.

Ва хар як дидбонгоҳи сарҳадии 1 2 ва баъзеашон 3 пости сарҳадӣ доранд. Ба ҳар як застава ё дидбонгоҳ 1 ё 2 пости мерасад.

Ҳамин дидбонгоҳи сарҳадии 11 ум 3 пост дошт, ки сеюмашро дар ҳисоби  отряди 04 10 и Хоруғ дароварданд, ин постро низ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ташкил намуданд ва ҳоло сохтмонаш қариб тамом шудааст.

То ҳол зулм зиёдшуда истодаасту кам не 2 сарбоз аз хамин Язгулом аст агар чизе даркор бошад инҳоро равон мекунаду чи мевагӣ ё гушт даркорай бра биёр меган гуё хонаҳои инҳо касобхона ё бозори зелёный бошад.  Яке аз ин сарбозон  падараш росиян дигариаш падараш дар мактаб аловмон будаст 400 сомони ойлик мегирад ва бо кумаки хешу табор зиндагӣ мекунанд.  Аммо ин золимафсарон ҳеч фикре намекунанду якеаш мегуяд рафти  мада асал биёр, дигараш мегуяд мада чормағз биёр.  

      Хулоса 100 ҳо мисоли дигар оварда метавонаем амо фикр мекнем инаш барои аввалин нома басандааст.

Агар мо ягончи бгем тарафи инҳо барои акоратошон мегуянд началник застава ма зани тағатона …. Хулоса мо ҳалатро ончуноне дида истодаем дар ин қисми низомӣ онро гуфта истодаем. Бовармон кунен рӯзе аз рӯзхо ягон кас бо зулми ин золимон худро мепаронад ва ё ягон фалокати калоне сурат мегирад. Бародарони мухолиф мо сарбозони силоҳбадаст шуморо аз барои Алох дӯст медорем ва бо шумоем.

  Он видеое ки лату куби сарбозон аст ӯ 50 фоизи лату кубгарон онҳо  афсарони мо нестанд. Мо Муҳамадикболро пайравӣ мекунем.

Бародарони “Ислоҳ” ин масаларо  ҳатман бубинед. Агар адолат дар Тоҷикистон мебуд мо бо шикоят дар инҷо ҳалаш мекардем. Ҳама роҳро санҷидем ҳал нашуд ва ба шумо навиштем,то мумкин аст ҳал шавад.

Замбой Яҳёев Шамшод

Зампалид Баҳромов Саидҷон

Мо кушиш кардем шакл ва наҳваи навишти сарбозонро ҳамон гӯнае буд бо ҳазфу тахфифи дашномҳо гузоштем. То боз нагуянд, ки ин навиштаи худи шумост.

Фархор

Асалому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу, ака шикоят аз н. Фархор Ҷамоати Деҳқонариқ ба сокини деҳаи пасёлкаи нав ин гумонбар Давлатов Идимат бо лақаби Авғон, ки бо ҳамин лақабаш мешиносандаш. Давлатов Идимат майдончаи варзишии мактаби миёнаи №60 деҳаро ғасб кардаст ва мактаб стадиён ё майдонча надорад. Дар асл ин шахс гектар гектар замин дорад боз бар зами ҳаминқадар заминдорияш ӯ стадиёни мактабро гирифта аст. Мо намедонем ин мактаб рости соҳиб надорад ҳар шахсеро форад  муаллим мешавад. Як вақт як дукас гуфта будан ин Авғона ки ака и стадиёни мактаба аст, гуфтаст инҷо документ надорад. Дар асл заминоҳе, ки ҳамин Идимат ки бо лақабаш мардум тезтар мешиносандаш Авғон девона кардагӣ аст мардумро , чаро ҳеҷ кас чизе намегуяд мо ҳайронем?  ман аз бару гузаршон шинидм намедонм солҳои чандум буд як ду бачаи ҳамон қушлоқа милисада мефурӯшад ин ду бачаро мебаранд ончунон мезананд шира резшон мекунанд, ҳама медонанд чаро хомӯшанд ҳайронем.  Агар ман гуноҳони ин Авғона нақл кунум 30 сол бояд зиндонаш кунанд хеле золим буд ва, то ҳоло ҳаст. Муҳим ҳоло мардум гушаш намекнанду вале майдончаи варзишии  мактабро ки пахта коридааст, як ними дигаршро чарогоҳи бзу говҳош кардааст, охир ин чи ҷабр аст?  Дар асл як писар дорад вале замину замон дар дасташ ҳаст. Магар дар Тоҷикистон қонун ҳаст , агар қонун ҳаст равед ҳамин мактабро санҷед бинед ба чи авҳол оварда расонидаанд.  Дақиқан мисли  мактабе, ки  дар дараи Ромит РО гузориш нашр намуда буд мактаби №102-деҳаи Ёси шаҳри Ваҳдат. Ин макбати мо аз ин карда бадтар аст. Сад дар сад бо боварии комил мегуям,ки аз ин мактаби №60 соф носкаш тарбият карда истодааст ва мактаб дар бадтарин ҳолат қарор дорад ин мактаб дар ҷамоати Деҳқонариқи деҳаи посёлкаи нав аст равед санҷед ва чуноне бар алайҳи гузориши РО,   вазорати Маориф ва Илм рафта дидеду раддия навиштед ҳаминхел кунед, раведу санҷед ва гуед ин нома дурӯғ аст. Аммо дар гумон аст шумо ин корро анҷом диҳед. 

Шикояти дуюми ман ин аст, ки раиси ҷамоати дар боло зикр шуда бо мовинонаш ҳаромхури рақами яки ҳамон ҷамоатанд. Корашон замин фурушӣ аст ва як заминро ба 6 одам мефурӯшанд. Раиси ҷамоати деҳқонариқ Музаффар ва муовинаш танзими чек чинак бошад номаш Рустам аст. Ҳама вақт ҳамроҳи раиси ҷамоат аст, такси ҳамон раиси ҷамоат аст. Ин Рустам бошад қоғазе, ки бояд иҷозати туйро барои туй кунанда тияд, онро бо пул медиҳад. Аввал барои ҳамон варақи сеҳрноки танзим бояд як рӯзи ҳаётатон гузарад. Меравед аслан дар идораашон нестанд ва бояд Рустамро кобед. Мегуянд шинед ҳозир меояд , мешинед интизор мешавед яке пайдо мешавад. Яке мебинед пайдо шуда омад маст задагӣ калкот аст. Ана аку дидиш тамом ҳаёт сар мешавад допрос кардан сар мешавад. Ошкоро барои як иҷозатномаи туй 20 сомонӣ талаб мекунад. Савол доданро сар мекунад хизмат рафтагияи бачат ? Бале рафтагӣ аст, билети ҳарбияшро нишон бте мега. Нишонш мети бад бо чизе бфораш мепурсад ва храп мезанад. Бовар кунед ҷамоат як бесоҳиб хона аст дар мо, барои дилхоҳ ҳуҷҷат пул мепурсад, ошкоро ва шарм ҳам намекунад барои ин корашон. Мо медонем маоши инҳо чанд аст вале зиндагӣ ва катагии инҳоро мебинед аз рӯйи миллион аст , ҳама аз мардум аст дигар.  

Дар охир гуфтани ҳастам илтимос ҳамин масалаи мактаби рақами №60 ро бубинанд ҳам худи мактабро ва ҳам майдончаи варзишияшро. Охир фарзандҳои мо машқ кунанд, ҳар рӯз бачам мега ота дар куҷо машқ кунем, футбол бозӣ кунем намедонам чи гуям?  Илтимос ҳатман аз кадом идорае мутасадии ин масала аст рафта тафтиш кунанд ин мактабро. Ҳозир пахта коридааст худатон шоҳиди бе восита мешавед.  

Ашт Понғоз

Асалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ин зулми давлат болои мардуми Понғоз сахт рафта истодааст. Масҷиди шайх домулло Абдураҳим пушида дар бараш МАДРАСА пушида буданд. Ин давлат таи 7-8 сол МАДРАСАро маҳкам карда дар онҷо мактаби касби техники кушод. Имрӯз бошад он мактабро монда кабинети КГБ ва кабинети участковой кушода истодааст. Тирезаҳои МАДРАСА  ини масҷид барин буд ҳоло КГБ он тирезаҳоро вайрон карда росткунҷа карда истодааст. Бо мо мардуми 36 ҳазораи қишлоқи Понғоз  КГБ чи даркор. Инҳо инҷо пул коркуни омада истодааст. Аблава ба дараҷааш сахт . Коркунони ҷамоат ин чоплусон бо ҳамроҳи участковой ба хонаи мардум даромада студенҳоро қапида мебаранд ва дар ҷамоат телефон мекунанд аз институтҳои давлатӣ хабар мешавад, ки онҳо донишҷӯ барои хурока ба хонаашон рафтанд, баъд шармандавор сар медиҳанд. Аз мағозаҳо даромада пул талбандагӣ мекунанд солдат мехарем гуфта. Ҳама мардуми Понғоз аз ин ватан гурехта ба Россия бурафта истодаанд.

Имсол зардолуи Ашт пухт аз Қазоқистон ва Россия 150 камаз фураҳо омадаги Худо бо ин порахурон дод аз мошинҳои ФУРА  Камазҳо доля руйонида истоааст дигар ин камазҳо намебиёд ба Ашт аз дасти ин Милиса, ГАИ, Налог,Прокротура .

Ҳамаш доля руйонида истодааст ин камазҳо набиёд мардуми бечора зардолуро ба ки мефурӯшад чи хел зиндагӣ мекунад.

Ҳамма тарафа бар мардуми оди зарари калон.

Чанд рӯз пеш килои зардолу 8 9 сомонӣ буд , ончунон камазистҳоро қарор дода пул канданд, ки дигар ҳеҷ кас намеояд барои харидан ва нархи зардолу яку якбора 1 сомонӣ шуд ва ҳеҷ кас намехарад. Мардум сараш гаранг ҳеҷ харидор нест. Охир чаро инхел зулм мекунанд ва ҳеҷ кас назорат намекунад. Сезони зардолу чанд рӯз пас тамом мешавад. Фурае,ки дари пушташро кушояду хоҳад зардолу харад милиса, ГАЙ ,налог мерасонад худро барои гирифтани долия. Мошинҳои майдае аксҳояшро фиристодаем ҳама мардуми деҳқон зардолу доранд. Аммо аз тарси ГАЙ,Налог, Милиса метарсанд фурӯшанд . Ҳатто Фураҳо яшикҳои холияшонро партофта вой дод гуфта гурехта рафтанд.Охир мардуми бечораи Ашт 70 дар садаш аз пушти ҳамин деҳқонии зардолуяш рӯзашро мегузаронд. Дигар пас аз ин сезон чикор кунанд? Охир пешво гуфта буд зардолу пухт рӯзаҳоятонро хуред зардолу чинед фурӯшед. Ин мақомоти дузди пешво зардолуҳои чиндагиро намегузоранд фурӯшем. Мо киро бовар кунем намедонем ?  

Агар ин давлат кунаш бошад дигар идора пушад барои КГБ чаро мадрасаро вайрон карда кабинет мекунад?

Бачаҳо аз россия омада хизмат мерем гуяд 20 нафаро мебаранд 20 нафари дигаро худашон ҷавоб дода доляшонро мегиранд. Агар хизмати ҳарбӣ наравам гуй фармони давлатӣ 28 ҳазор сомон медиҳи бо болояш 100 ҳазор руси шапка талаб мекунанд. Хулоса инҳо бандитанд на коркуни ҳарбӣ ва КГБ. Инҳо мардумро ғорат куни омадагиянд.

Аз мактаб муалими ҷавонро қапида ба хизмат мебаранд. Акнун охоташон студентҳо шудагӣ. Агар ҳушёри накуни донишҷуйро ҳам мебаранд ин шармандаҳо.

Як порахури дигар директори мактаби Маъдан рақами 4. Нурматов Зоҳиршо Шуҳратович соли таваллудаш 4 июни 1993. Аз хонандагони Россия омада пул мегирад 700 сомон то ҲАЗОР сомон бе пул ба мактаб қабул намекунад. Ба куҷо шикоят кунем ин ҳама дарду мусибатҳоямонро ?

Ҳисор

Як акама милисаҳо қапидан барои ки як сол пеш кадомера никоҳ карда будааст милисаҳои Ҳисор гуфтан се ҳазор Сомонӣ биёр наёри панҷ ҳазор Сомонӣ ҷаримаат мекунем.  Бурданд се ҳазор доданаш коррупсия кати  қапиданд он  милисаро. Боздошт карда бурданд коррупсияи шаҳрӣ, аммо он миллисаи порагир аз даҳани треза парида гурехтаст. Ин  кор дина шидагӣ аст, ин масаларо пурра менависам ба шумо ва нашраш кунед, то ҳама фаҳманд ин ҳолати шармандаҳоро.

Номаи дигар аз Ҳисор

Нома аз як муаллимаи аз дунё гузаштаги Аллоҳ гуноҳонашро осон гардонаду ӯро бубахшад омин.

Нома аз номи ман Гулдаста сокини ноҳияи Ҳисор ҷамоати Шарора Деҳаи Уртабуз маълумотам олӣ, соҳиби ду фарзанд ҳастам ва боз як тифли дигар дар батнам дорам.  Дар деҳаи Уртабуз муаллима кор мекунам номаи манро ҳатман ба “Ислоҳ” бирасонед. Аз  раиси ноҳия, то раиси маҳалла ва раиси ҷамоат гунаҳкоранд.  Аввал раиси ҷамоати Шарора Манучеҳр қати раиси ноҳия.  Сабзов мара гуфт 10.000$ биёр заминат медиҳам,  рафтам аз бонк 10.000$ ҳазор доллар гирфтам боз аз як сокини Ховалинг 3.000$ ҳазор доллар гирифтам, аз як  сокини Балҷувон 5.000 $ ҳазор доллар гирифтам.  Ин ашхосе аз онҳо ин маблағҳоро гирифтам ҳамаашон дар  Уртабуз зиндагонӣ мекарданд.  Ба ман Сабзов ҳамроҳи Манучеҳр гуфтанд, ки тахминан 26 то замин ҳаст барои мо муштарӣ  биёр, то барояшон заминҳоро фурӯшем.  Ман пули мардумро ҷамъ кардам маблағи умумӣ 17400 $ ҳапдаҳ ҳазору чорсад доллар ба  Манучеҳр додам. Боз бар зами ин ҳама маблағҳое ман ба ӯ додаам  чандин одамҳои дигарро пулҳояшонро гирфта будааст вале  корашонро  дуруст накарда будааст дар мавриди замин ва хоҷагии деҳқонӣ. То онҷое ман маълумот пайдо намудам  маблағи дар ҳаҷми 200.000$ (дусад ҳазор долар)  аз мардум гирфтагӣ будааст. Инчунин аз  буҷаи ноҳия 40.000$ (чил ҳазор долар)  ҷудо шудаи  барои роҳҳои Шарора ва Уртабуз, ки роҳоро ҳама медонанду шоҳиди ин роҳҳоянд аз дастаи чангу ғубор деҳа ба дод омадагӣ аст.  Заводҳо кор мекунанд аз вазири корҳои дохилӣ вале роҳро  мумфарш намекунанду аслан парвое надоранд.  Ҳама бемор шудаанд аз дастаи ин  камазҳои борбар.

 Ҳои мардуми деҳа аз ҳаққи худатон дифоъ кунед!

 Масҷидатон маҳкам бемористонатон маҳкам об надоред ин чи зиндагӣ аст охир ?

Ман пас аз ин кори қаллобӣ Манучеҳро дар коррупсия додам ва номи коррупсиянери идораи Коррупсия Саъдӣ буд. Саъди омад Манучеҳрро боздошт карду  бурд ва аз ӯ пул гирифт ва озодаш кард. Баъд ба прокуратура навиштам бо санаду факту далелҳо прокурор  Манучеҳрро бурд дуюм етаж дуюм кабинет номи прокурорро наменависам ҳоло, агар Манучеҳрро наёбед ва маблағи моро барқарор накунеду надиҳад ҳатман номаи ту  ва ҳамаи документҳои  бонк доверинности Манучеҳр ҳамаашро бо  ному фамилияи шумо ба “Ислоҳ” мефиристам.  Шумо номардҳо Манучеҳрро бурдед ба  прокуратура ва аз ӯ  20$ (бист ҳазор долар) ашро  гирифтеду озодаш кардед. Вақте ман рафтам ва талаб кардам ба ман гуфтед, ки Манучеҳр аз прокуратура гурехт ва шумо дар ҷустуҷӯ қарораш додаед. Ман то онҷое  маълумот дорам Манучеҳр дар Узбекистон  ё дар худи ҳамин Ҳисор қарор дорад дар хонаи ҳамсари дуввумаш.  Ман прокурорро бо коррупсия сахт навиштаму талаб кардам, то адолат барқарор шавад. Баъд аз ин таҳдидҳо ба ман ҳам аз прокуратура ва ҳам аз коррупсия сар шуд ва ошкоро гуфтанд бева ором гард,ки мекушемат. Ман медонам инҳо ба ҳама ҷиноят қодиранд ва одамкуштан дар назди инҳо ҳеҷ чиз аст. Ман метарсам маро мекушанд, агар маро куштанд донед,ки  Манучеҳр 17400$ қарздораст чунки ман хонаамро фурӯхтам 17000$ қарзи бонкро бо  қарзоҳи будаги додаам боқимондааш маро бубахшед. Агар маро накуштанд пулҳои шуморо медиҳам агар куштанд аз Манучеҳр ва  Сабзов гиред.  Агар бовар накунед равед Уртабуз пурсед, ки апаи муаллимаи Гулдаста дар куҷо зиндагӣ мекунад ҳама нишонаашро мегӯянд ба шумо. Шавҳари маро пурсед ва ҳуҷҷатҳоро аз ӯ мегиред. Аммо агар шавҳарамро ҳам  нобуд кунанду кушанд, чунки гуноҳон ва ҷиноятҳо секретҳояшонро мо хуб медонем.  Дар ҳаққи ман дуъогу бошед, ман беморхонаи Қарияи болода ҳастам ва ба наздики модар мешавам тамом….номаро ба дугонаам медиҳам… “Ислоҳ” илтимос дар зиндагим чопш кун, то ормонӣ наравам….

(Ин нома ба мо тоза 11 уми май расид ва имрӯз онро нашр дорем. Аммо дугонаи муаллима Гулдаста номаро вақте расонид,ки ӯро куштаанд)

Дугонаи Муаллима Гулдаста

Нома ба ман расид ва ман дугонаи Гулдаста ҳастам, Манучеҳр ҳамроҳ бо Сабзов бо ҳамдастии  прокурор ва коррупсия Саъдӣ барои рӯйпӯш намудани ҷиноятҳояшон Гулдастаро дар беморхона бо  укол задан пас аз  тавалуди кудакаш куштанд, чунки Гулдаста ҳеҷ беморие надошт ва пас аз таваллуди кудак солим буд.  

Гунаҳгори асосӣ ин  Манучеҳр аст инчунин даст доранд милисаҳои Ҳисор чунки Сабзовро гурезониданд ба Русия пас аз гирифтани пораи хуб. Манучеҳрро прокурор гурезонид аз ҷавобгарӣ. Ҳоло акнун дигар милисаҳо меоянд хонаи сокинон мешаванд ва  документоҳи хонаро мепрсанд. Милисаҳо хуб медонанд,ки раиси пешинаи Ҳисор 1000 қарори заминро бекор карда буд. Раиси дигараш бошад кошелеки Қоҳир Расулзода Ҷумъазода 3000 қарорро бекор карду обу лой карда рафт. Ин раиси ҳозираш Қосим Роҳбаровичаш бошад намедонем чикор дорад рафтораш мисли рэкетҳо аст. Охир ин  чи бадбахтӣ аст? Ҳоло ин  милисаҳои Ҳисор хуб медонанд, ки мардум ҳуҷҷат надоранд хонаҳояшон ва дар ҳол протокол тартиб диҳиро сар мекунанд, то аз сокинон пул кананд.  Пули мардума мегиранд аз  500с…1000 сомон боз гум мешаванд барои чанд вақти муайяне. Раиси маҳала Толиб барои заминфурӯшияш 9 сол ҳукмаш доданд, мардакбарин аз пулҳои замин фурӯшияш сума дод баромад. Ҳоло дар Ҳисор ҳамаи кор ба сумай. Агар касеро кушед ҳам пулро мегиранд озодат мекунанд мегардӣ , гӯйё ҳеҷ ҷинояте накарда бошӣ.

Хитоб ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода!

Ҳой вазир хуб гуш кун мо безор шудаем аз шумо инро дон,ки кирпичзаводата обод намиёбӣ, сагбачаҳота роҳ гир ё деҳаи мо набиёянд дигар.  Инҷо ҳамаи сокинонаш мисли ту барин ва шайкаи ғоратгарат дузд нестанд, мардумро ғорат накунанд дигар.  

Хитоб ба Президент Эмомалӣ Раҳмон!

Шумо дар фикри некӯаҳволии мардум ҳастед ва ё ҳамаи суханрониҳоятон дурӯғанд? Ин раиси ноҳияи Ҳисор Қосим Қосимовро  фармон тиед,ки  50%деҳаи Уртабузро қаророшона бекор кардааст онҳоро дубора барқарор намояд! Агар худат ҳуҷҷат куни  10.000 сомонӣ ё 15.000 сомонӣ масраф мешавад мо надорем инхели маблағ барои як қоғази бе арзиши чанд моҳ пас бекор шаванда чунин маблағҳоро диҳем, ҳақиқат талх аст аммо илоҷи дигар надорем.

 Хитоб ба Юсуф Раҳмон!

Корманди прокуратураатро пайдо кун,ки дар ин қазияи Манучеҳр даст дошт ва аз ӯ пул гирифта озодаш кард ӯро пайдо намояд.  Ҳатман он корманди прокуратура Манучеҳрро пайдо намояд ва маблағи ин мазлуми ғурамаргро диҳад, то  дар гур соз хоб кунад. Юсуф Раҳмон ту виҷдон дорӣ? Охир барои як лайк ва гапзадан бо “Ислоҳ” ва мухолифон бачаҳора аз  5 то 10 сол делояшон мекушои ва зиндонашон мекуни. Аммо барои дуздии милиёнҳо сомонии мардумро шахсе гирифта аст ва инсон аз пушти ин пул мурда истодааст ва сабабгори ин маргу қатлҳо дар озодӣ қарор дорад, чашми чапат намепарад? Охир ту ҳам рӯзе хоҳи мурд ва чӣ ҷавоб мегӯй дар назди Худо?  

Share This Article