Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №28

Ислоҳ нет

    Дар бахши навбатии “Номаҳо аз ноҳияҳо” маълумотҳои ҷолибтару рангинтаре аз муаллифони иҷтимоии “Ислоҳ” ба дастамон расидааст. Дар ҳамаи ин номаҳо, ки аз шикояту арзу доди мардум моломол аст нақши касифи мақомоти маҳаллӣ ва марказиро мебинед, ки чи тавр рӯзу рӯзгори мардумро ҳарчи бештар талх мекунанд. Ин нома бо маълумоте аз Конибодом оғоз мешавад ва аз ҳолатҳои заминфурушии Раҳмонов ба хитоиҳо ҳикоят мекунад. Раҳмонов заминҳоро на фақат ба давлати Хитой ҳамчунин ба шаҳрвандони ин кишвар ҳам бебаркашу беандоза фурӯхта истодааст. Аз мардуми дигар навоҳиву манотиқи кишвар ҳам даъват мекунем, ки аз ин раванди дигари “бизнес”-и Раҳмонов ба мо маълумот фиристанд.

Конибодом

Ассалому алейкум.Умедворам хуб бошед. Ончиро, ки аз забони як хитоӣ шунидам пешкашатон мекунам. Соли 2015 ба як корхонаи хитоиҳо дар шаҳри Конибодом ба кор даъват карданд. Ин заводи сементбарорӣ буд. Дар бари ин завод як прокат ва як бунгоҳи тиббӣ амал мекунад. Аммо завод дар даруни шаҳр аст ва табиист, ки дуди ин корхона ва партовҳои заҳрогини он ба саломати мардум зарари калон мерасонад. Ман дар ҳайрат шудам, ки чаро заводи сементбарорӣ дар ҷойи сераҳолӣ ва дар даруни шаҳр сохта шудааст. Барои ҳамин ба хитоӣ савол додам, ки чарои ин заводро дар даруни шаҳр сохтанд. Ба ман ҷавоб дод, ки “барои мо аз таги куҳ замин фурӯхта буданд, аммо Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод кард, ки азбаски шумо маблағ доред, ҳамин заводи тайёро соҳиб шавед. Ман ҳеҷ чиз гуфта натавонистам”. Гуфт ба Раҳмонов гуфтам, ки инҷо дохили шаҳр аст, мабодо дар оянда проблема шавад. Вай ханда карду гуфт: “ман ба ту як шогирдро медиҳам ҳамашро ташкил мекунад”.

Аз хитоӣ савол кардам, ки аз наздикии куҳ чанд гектар замин харида будед? Ҷавоб дод, ки 50 гектар. Боз афзуд, ки он заминро ба фурӯш мондем. Илова намуд, ки бо хитоиҳои дигар қарордод бастем.Б оз пурсидам, ки барои чи худат корро бас накардӣ? Ӯ гашт гуфт маро уже капаамро сузонд. Гуфт боз дар инҷо раиси шаҳри Хуҷанд ҳам қӯш аст. Як нафаре ҳаст аз Хуҷанд, ки номаш Мансур мебошад, боз аз Душанбе одами худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ҳаст. Гуфт, инҳо як махлуқҳое будаанд, ки аз аждаҳор ҳам мегузаронидаанд. Ман барои ин корҳои кардааш ӯро ба суди худамон доданӣ будам, лек ҳеҷ чизе карда натавоистам. Дар Тоҷикистон ҳақиқат вуҷуд надорад. Ин мардум, мутаассифона бисёриашон бесавод ва сахт тарсончаканд. Лекин инҷоро, оянда хитоиҳои аз худ мекунанд. Заминҳоро хитоиҳо мегиранд. Барои онки Эмомалӣ Раҳмонов бисёр қарздор шудагӣ аст. Ба худи ман даркор шавад ҳамон шаҳри Конибодомро мегирам. Раҳмонов боз аз Хитой қарз гирифта истодааст. Ман ҳамин ҳозир метавонам Конибодомро бигирам ва мардумашро мисли ғулом кор фармоям. Аммо ман инсоф дорам. Лекин Раҳмонов на инсоф дорад, не имону не виҷдон. Вай гуфт агар ба ман даркор шавад чи коре, ки хоҳам мекунам. Чунки ман ҳаққи хизматашро дода истодаам. Дар як моҳ  миллион сомонӣ дода истодаам. Хитоӣ гуфт, ки дар инҷо ман ҳар коре форадам мекунам. Ман боз савол кардам чи хел корҳо?  Вай гашт гуфт ҳар коре, фарқ надорад. Чунки инҷо прокуратура, полисҳо ва ин ҳукуматиҳо ба пул ташна будаанд. Халқи бечора оянда дар азоб мемонад. Пеши роҳи инро тезтар бигиред, ки баъд дер мешавад, гуфт хитоӣ. Ман боз саволаш кардам, ки чиро дар назар дорӣ? Гуфт ту ва ин мардум намедонед ва нафаҳмидаед, ки боз дар Масчои куҳна 30 ва дар Табошар 70 гектар заминро фурӯхт. Боз дар дигар минтақаҳо ҳам фурӯхта истодааст. Маълум нест, ки пас чанд соли дигар барои худи халқи Тоҷикистон замин мемонад ё не? Чунки мо ҳамаашро мехарем ва агар  халқ хап кардан бигирад, хариди замин аз тарафи давлати мо идома меёбад. Сафи муҳоҷирони тоҷик зиёд мешаваду кам не. Рафтани мардуми тоҷик ба хориҷа оқибат ин мамлакатро ба дасти мо мегузорад. Раҳмонов барои халқи худаш ҷойи кор сохта наметавонад, барои ҳамин розӣ аст ки онҳо зиёдтар ба муҳоҷират раванд,то ки аз бекорӣ бунтоват накунанд. Агар халқи тоҷик ҳамин хел орому сокит бимонад тамоми заминҳояшро мо мегирем. Ҳозир садҳо нафар хитоӣ зани тоҷик гирифтааст. Фарзандони зиёди онҳо ҳам хитоӣ мешаванд на тоҷик. Онҳо ҳаминхел оҳиста оҳиста ба тадриҷ соҳиби Тоҷикистон мешаванд.

ВОСЕЪ

 Дар яке аз барномаҳои пешинаи “Номаҳо…” дар бораи Ҳабибова Эркамо, раиси ҷамоат гуфта будед. Ҳабибова Эркамо аз ҷои мост ва ман ӯро хуб мешиносам. Эркамо гринкарта бурида охири моҳи июн бо ҳамроҳи 3 писараш ва шавҳараш ба Амрико бояд равад. Аммо касе инро намедонад. Ман аз шумо хоҳиш мекунам ки ба зуди инро ба мардум ва мақомот расонед то адолат ҷорӣ шавад. Зеро ин зан фарзандони дигаронро маҷбуран ба хизмат мебурад аммо мехоҳад ду писари худро,ки синашон ба хизмат расидааст ба Амрико гурезонаду зудтар шаҳрвандии ин давлатро гирифта аз ҷавобгарӣ ва хизмат гурезад. Дар деҳа овоза шуда буд, ки ин зан ба шавҳари худ хиёнат мекунад. То ҷое аниқ шуд ин овоза ҳақиқат будааст. Вақте аз барномаи шумо дар бораи ҷиноятҳои ин зан фаҳмидам вичдонам оромам намонд, ки хомуш истам. Ман тарафдори адолатам, барои ман фарқ надорад, ки ӯ кист? Ногуфта намонад Ҳабибова Эркамо 5-то “яка писар” дораду ва як духтар. Аз яка писарон чортояш ба сини даъвати аскарӣ расидаанд аммо фарзандони дигаронро ба хизмат маҷбур мекунад

   Восеъ,ҷамоати Миралӣ  Маҳмадалӣ

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Чи хеле, ки ваъда дода будам дар бораи бузҳои ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ маълумоти бештар диҳем, то халқ хубтар шиносанд онҳоро. Ҳоло ҳамин фурсат пеш омад ва ин бузҳоро як-як ба мардум муаррифӣ мекунем. 

  Муродов Нураҳмад Холаҳмадович яке аз бузҳои ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ аст. Вай бо баҳонаи ҳуҷҷатҳои замин аз шаҳрвандон сум мегирад. Як заминро ба чанд нафар  ҳуҷҷат мекунад. Барои ин кораш ӯро ба прокуратура медиҳанд, аммо аз онки прокурор ҳам пора мегирад пули ӯро мегираду ҷавобаш медиҳад. Нураҳмад берун аз ваколаташ ба тӯйҳо рафта худашро ҳамчун корманди танзим нишон дода ҳатто биринҷро аз даруни дег мебарорад ва мегуяд, ки зиёд андохтаӣ. Мегӯяд то 3 ҳазор надиҳӣ биринҷро намемонам ба дег андозӣ: “штрафтон мекнм вазбинтон меғалтад.” Охир магар ин қонунин танзим чи мусибат аст болои мардуми кишвар? Мардумро ором намегузорад. Дар вақти облава аз шаҳрвандоне, ки синашон ба даъвати хизмат расидааст то 5000сомонӣ мегирад ва ваъда мекунад, ки дар ин призив бачаи ту ба хизмат намеравад. Дар Шурқишлоқ ӯро бачаҳо меқапанд хуб лату кӯб мекунанд ва мегӯянд дигар ба инҷо наё. Ин Нураҳмад дуюм зан ҳам дорад. Аз сӯми заминфурӯшӣ ба зани дуюмаш хона мехарад. Чун занаш пинҳонӣ буд зан хонаҳоро гирифта Нураҳмадро талоқ медиҳад. Нураҳмад аз стреси зиёд дар роҳ ба садама дучор мешавад. Баъд аз беморхона баромаданаш ӯро аз вазифааш мегиранд. Боз ба кумитаи заминсозии ноҳияи Темурмалик ба кор медарояд. Дар онҷо ӯро намешиносанд. Боз мехоҳад халқи онҷоро фиреб кунад. Ба ҳукумати ноҳияи Темурмалик муроҷиат карда гуфтаниам, ки  нигоҳ кунед, ки ин шахс “проблемни одамай” ба худатон дарди сар эҷод накунед. Дар Ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев ягон кас намондаст ки нафурӯхта бошад. Дар деҳа бедодгарӣ зиёд мекунад. Дар вақти заминсоз буданаш думгардаки Ҳабибова Ҳерка, раиси собиқи ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ буд: “ малимаҷон” гуфта аз дунболаш мегашт.

 Раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед инҳоро намебинад, ё худ чунин дузд ҳаст, агар не, пас чаро то ҳол чунин ашхосе, ки дузд ҳаст кор ва фаъолият мекунанд.

  Маҳмадӣ Ҳайдарзода, раиси кумитаи заминсози ноҳияи Темурмалик! Ин гапҳо ба ту ҳам дахл дорад, чун ин Нураҳмад дар дасти ту кор мекунад.

Бузи дуюм Боймуродов Бобомурод, собиқ раиси танзими ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ мебошад. Бобомурод пеш  дар мактаби N°3 ҳамчун муаллими ҳуқуқ кор мекард. Вай дар як синф роҳбар буд. Дар синфи вай “озодӣ” дода шуда буд. Талаба муаллимрову баракс муаллим талабаро бераҳмона мезаданд.

Дар муассиса як муаллимро мезананд, муаллим шикоят мекунад, аммо Бобомурод мегӯяд шумо парво накунед “ма хдм ҳалш мекнм яктш гап мезана пеши ма роиш кун”. Чун ба хотири бузи хуб буданаш ӯро ба ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ даъват ба кор мекунанд ва ба ӯ вазифаи танзимро медиҳанд. Баъди қабули вазифа ба хотири резултати хуб нишон доданаш бачаҳои синфи худашро ба облавчико мефурӯшад. Азбаски сардори танзим буд ҳар куҷое тӯю маъракаҳо мешуд даъват мекарданд. Аввал шикамсерӣ мехӯрд. Пас,вақте медид, ки якуму дуюм ҳаст, соҳибхонаро даъват мекарду мегуфт “ягон сум бте амрома бтм браван гӯё ҳечизро надиданд агар намедиҳӣ штрафи вазбин мешавӣ”. Чун мардуми бечора дигар илоҷ надоштанд ба ин ҳаромхурҳо сум медоданд. Ҳозир ӯро як чойкашак истифода мекунанд. Зеро  вақте ӯро ба кор гирифта буданд раиси ҷамоат Маҳмадхон кришагиаш мекард ҳозир бошад Мирзоалиевҳо ҳамаро монополия кардагианд. Ногуфта намонам инҳо ба мақсадҳои нопокашон намерасанд,чун ҳар яке аз шумо таҳти назоратед.

  Бузи навбати ин Давлатов Бахтиёр Шамсиддинович мебошад. Ин бузи ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ буд, бачаҳои қишлоқро мефурӯшад ба военкомати Қӯрғонтеппа бо маблағи 1500сомонӣ то 6000сомонӣ. Азбаски дар қишлоқ бисёр бузӣ мекунад ӯро бачаҳо чанд бор лату кӯб мекунанд, аз шарм ба военкомати ноҳияи Восеъ меравад ва арз мекунад, ки бачаҳо шаллоқаш заданд. Як ҳамсояаашонро бузӣ мекунад. Ӯро дошта ба хизмат мебаранд. Аммо дар хизмат чунон мезананд, ки баъд аз баргаштанаш аз хизмат вафот мекунад. Марг ба ту барин ноҷавонмард: ку номуси мардӣ, ку ҷавонмардӣ?

 Бузи дигарӣ Зоиров Аюб аст. Чун Аюб қорӣ буд барои аз байн бурдани қориҳо ӯро  облавчик мемонанд то мардум аз қорӣ рӯй гардонанд.

  Бузи диграш  Қуватов Кароматулло аст. Падараш мулло ҳаст. Кароматулло бо Аюб ҳарду аз дигар минтақаҳо рафта бачаҳоро облава мекарданд. Як рӯз ҳардуяшро облавчикҳои дигар минтақа меқапанд. Ба военкомат ҳамин қадр мегӯянд, ки мо ҳам мисли шумо буз ҳастем ва баъди ин гап онҳоро раҳо мекунанд.

  Бобомурод, Нураҳмад, девонаи Ҳанон бо лақаби Суп яъне Субҳидин, Аюб, Кароматулло, Бахтиёр ба шумо ҳушдор! Агар азияти мардумро бас накунед дар ҳар барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо” маълумотҳои дигаре, ки метавонад шуморо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад, нашр мешавад. Аз рӯи шумо барин бесаводҳо ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ яке аз пастаринҳо шудааст. Аз дасти ин бузҳо ҳама бачаҳои қишлоқ аз деҳа мегурезанд, аз ҷумла яке аз онҳо дар Маскав буд. Дар мавсими облава мехоҳад боз ба Маскав равад. Чун депорташ карда будаанд ӯро бозпас мегардонанд ва ӯ медонад дар деҳа чунин бузҳо ҳастанд бо хоҳиши худаш ба хизмат меравад. Дар мавсими даъват ба артиш шуъбаи дохилии ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев бетараф нест. Сардори шуъбаи ин ҷамоат Иброҳимзода Амонулло Муҳиддин, насаби пештарааш Ҷангиев аз Московский мебошад. Азбаски писарҳо дар вақти “облава” ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд ин Иброҳимзода падаронашонро ба отдел бурда маҳкам мекунад. Яке аз онҳоро маҳкам карда буд, касали дил дошт. Ба ӯ мегӯянд ё писарат меояд ё 3000 медиҳӣ озодат мекунем.

Мо,ба Иброҳимзода –яъне Ҷангиев муроҷиат карда гуфтанием, ки мардуми деҳаро зулм накун, ҳамаи ҷиноятҳое, ки дар деҳа анҷом медиҳӣ, мо навишта истодаем. Зургуӣ дигар такрор нашавад. Вагарна тими мо дар деҳа ва  дар ҷамоату дигар ҷойҳои ҳукуматӣ ҳаст ва ҳамашро ошкор ва ба “Ислоҳ” равон мекунад. Мо ранги ту угражат намекунем, мо амал мекунем ва ин суханҳо ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ ҳамчун буз кору фаъолият мекунанд иртибот дорад ва донед,ки ҳамаи шумо таҳти назоратед!.

  Инчунин хитоб ба бародарон Гуловҳо! То ба анҷом расидани таътили тобистона аз роҳи калон пеши хонаи Гулов Саидмукаррам то назди хонаи Гулов Рустам асфалтпуш карда шавад, на бо сӯми ҷайбатон бо суме, ки то имрӯз мардумро ғорат кардед, агар нашуд ҳар як дуздие, ки дар мактаб карда истодаед, расонаӣ хоҳад шуд, албатта бо факту далелҳояш. Мирзоалиев Қурбон мо аз ту талаб дорем,ки базаи Мегафоне, ки аз деҳаи Охҷар дуздидӣ ба ҷояш баргардон. Вагарна ҳама маълумотҳои шуморо, ки то имрӯз баъд аз “Иҷлосия ё ҳамон ифлосия” дар дастамон ҳаст ба “Ислоҳ” равон мекунем то боз нашраш кунад. Як мақолаи комил омода шудааст. Ҳар он зулме, ки болои мардуми Кӯлоб, Восеъ, Ворошил, ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ раво дидаӣ ва он коре, ки Раҳмонов дар соли 1992 анҷом дода натавонист, мо анҷомаш медиҳем. Ман дар ҳамин деҳа ҳастам ва ҳаррӯза назорат болои шумост. Ҳарчи зудтар базаи Мегафон баргардонда шавад.

 Фархор

   Ман як коргари ҳукумати ноҳияи Фархор ҳастам. Инҷо мехоҳам дар бораи прокурори ноҳияи Фархор маълумот фирисам. Насимзода Муҳаммадсаид Юсуф,прокурори ноҳия ҳар рӯз,ки ба кор меравад, ҳатмани ҳатман чашмаш ба як дискотекае, ки дар бари идорааш ҳаст бармехурад. Гурум-гурумби ин дискотека ҳатман бинои прокуратураро ҳам безобита ва дучори нооромӣ мекунад. Аммо чаро прокурор хапу хомуш бошад?. Садои бисёр ҳам баланди мусиқии ин дискотека имкони ором кор карданро намедиҳад.

  Ман худам шоҳид будам, ки як муовини прокурор омад Идораи замин. Хеле сиёсат карду аз ҳар кабинет чизеро гирифту рафт. Рафтам аз Музаффар Талбакзода пурсидам,ки ин одам кист ва чаро ин қадар дуғ заду таҳдид кард? Музаффар Талбакзода гуфт, ки  ин муовини прокурор аст ва ҳар понздаҳ рӯз меояд аз 6 кабинет аз ҳар кадомаш  аз 2000 то 5000 сомонӣ “доля” ҷамъ карда мегирад. Нарх аз рӯи вазифа аст. Агар вазифаат сардори шуъба аст 1000 сомонӣ ва агар пасттар бошад 500 сомонӣ медиҳӣ. Дар бари мо идораи ҷамоати шаҳрак воқеъ аст. Аз онҳо бисёртар мегирад. Мо, баъд ин сумҳоро аз халқ мегирем ва ин аст аслу решаи заминфурушӣ. Чунки прокурор маҷбур карда аз мо кормандони кумита мегирад. Мо ҳам маҷбурем он пуле ба прокурор додаем гирем. Ва ин кор ва ин занҷира аз пойин то боло аст.

 Дар дуввум ошёнаи идораи молияи Фархор аст. Аз онҳо ҳам 5000 сомонӣ мегирад. Коргарони идораи молия дар умум 5000 сомонӣ медиҳанд. Чунки суми ноҳия дар дасти онҳо аст. Як ба мошинҳои коргарони молия нигоҳ кунед. Ҳамааш Мерседесу Тойотаву дигару дигар. Бовар кунед аз худи ҳукумати ноҳия гирифта, то дигар идораҳои  давлатӣ дар Фархор аз дасти ин прокурор ба дод омадагианд.

Кабинетҳои худи ҳукумати ноҳия дар ошёнаи дуюманд. Дар ошёнаи якум ариза қабул мекунанд. Қабули ариза аз 1 сомонӣ то 5 сомонӣ. Ҷойи идораи муҳоҷират ҳам инҷост. Загранатро мебинанд, ки мабодо депорт ё запрет набошӣ. Барои ҳамин ҳам 10 сомонӣ мегиранд. Вале агар барои гирифтани қитъаи замин рафта бошӣ сраза дар гушот мепаранд. Мегуяд, ки ин хел аризаҳо хеле зиёд аст. Навбат меистад. Чум имсола соли дигарай ба дасти раис мерасад. Аммо агар гапзанон кардӣ худ бурда ба дасти худи раис месупорам. 1000 сомонӣ бидеҳ тез дар дасти раис мерасад: “корут бутай” мегуяд. Дар асл бошад он заминҳоро пешакӣ, яксол пеш раисони ҷамоатҳо фурухтагӣ ҳастанд.

   Якум этаж дуюм кабинет аз дасти рост кабинети раиси дастгоҳ аст. Сахт дузди беинсоф аст. Барои як имзо равӣ сразу сар мекунад. “Аз боло маҷбурмон кардестан, як камбағалро хона кардесем, ягончи ёрдам кунед” ва ё мегуяд: “дар фалон газета обуна шавед”. Аммо суматро мегираду ба дуюм занаш орду равған мехарад. 

Кабинет раиси шуъбаи кадрҳо сеюм аст.  Вай дар сум гирифтан сахт эҳтиёт мекунад. Аммо ҳатман мегирад. Вақте наздаш медароӣ ба самти болои девор нигоҳ мекунад ва мегуяд, ки ҳамин соати деворӣ вайрон шудааст, бояд нав харем ва ё мегуяд, ки портрети ҷанобро бояд нав кунем: “як масалаша намебинӣ”.

   Утоқи кори раиси ноҳия дар дуюм ошёна, тарафи рост. Як корафтода меравад ба қабули раиси ноҳия. Ёрдамчиаш меояд пешат. Мегуяд чи хизмат? Агар имзо бошад, масалан барои ин ё он кори деҳқонӣ 650-1000 сомонӣ, агар ҷангу ҷидол ё шикоят бошад сраза милисаро   фарёд мекунад. Худи раис бошад кораш фақат арусбозӣ. Меорад дар даруни идораи давлатӣ айшу кайф мекунад. Даркор шавад видеоҳояшро равон мекунам. Аммо ин кор ба шаъну шарафи инсонӣ намезебад. Аз тарафи чап сеюм кабинети шогирди Ҳафизов, раиси ноҳияи Фархор ҳаст. Назди ӯ ҳар касе дарояд аз 850 сомонӣ ставкааш сар мешавад. Масалан кори майда бошад ҳамин нарх 850 то 1000 сомонӣ. Яъне инҳо вазифаҳои давлатиро ба бизнеси пурдаромад табдил додаанд. Сарчашма ва манбаи Лексус ва хонаҳои ду ва се ошёна аз ҳаминҷо аст. Ду зану се зан ҳам аз ҳамин ҳисоб мегиранд. Агар як тоҷир дар ҳақиқат бизнес дошта бошад ва ду зан дафъатан бо вай кашокаш сар мекунанд. Аммо инҳоро касе чизе намгуяд.

  Ман ҳама кормандони КГБ-и Фархорро мешиносам. Идараашон дар муқобили бозори марказии ноҳия воқеъ аст. Дар лаблаби роҳ ҳам одамҳо молу колояшон асосан кабудӣ, мевагӣ ва сабзиҷот мефӯрашанд. Раиси КГБ одамашро мефиристад. Вай аз онҳо напурсида аз ҳама чиз, аз зелену помидор сар карда то картошкаву пиёзу себу ангур, харбуза, тарбуза як аробаро пур мекунад. Дар пушти бинои КГБ бо занҳояш зиндагӣ мекунад. Незаметно аробакашро мегуяд, ки бурда ба фалон занаш диҳад. Мебарад аробакаш, аммо ҳатто суми аробакашро ҳам намедиҳад ин золим. Ин кораш  ҳар ҳафта давом дорад. Ду бор дар ҳафта бовар накунед равед камера кунед. Вале агар мабодое ягон савдогар “бзқа” сраза милсаро занг мезанад. Он савдогари бечораро сур мекунанд аз онҷо. Тавба! Бедодгарӣ бениҳоят сахт аст.

Як нуктаи дигарро мехоҳам бигуям.Роҷеъ ба автовокзал.Инҷо тамоман назорат нест. Садҳо,шояд миллионҳо сомониро сарф карданд. Ягон фоида намеоварад.

Шояд дар ҷойи он ягон садик созанд беҳтар бошад. Заминҳои автовокзалро фурӯхтанд. Роҳкиро барои тйи 5-то 9 километр 5 сомнӣ аст. Ин нарх дар куҷо дуруст мегирад? Газ арзон шуд. Ман пешниҳод дорам, ки раиси автовокзалро идораҳои дахлдор тафтиш кунанд. Лозим бошад суд кунанд.

Аммо ин кори прокурор аст. Дар сурати назорат ва дуруст накардани кор дар автовокзал, ман ин навбат тамоми дуздиҳои прокурор, арусбозиҳояш ва дар куҷо хилват карданҳояшро ба “Ислоҳ” мефиристам. Ин прокурор ҳамроҳи судя Иброҳимзода Қаноат  даст ба  таҷовуз ҳам задагианд.

Баъд навиштаи қаблии мо дар бораи ноҳия ҳоло бо тамоми зӯру иқтидорашон кофта истодаанд, ки кӣ бо “Ислоҳ” маълумот мефиристад. Аммо фоидатон надорад. Даҳҳо нафар ҳастем, ки дар зери бинӣ ва дар таҳи фукатон ҳастем. Нашавад,ки боз кадом бегуноҳеро бор кунеду ба зиндон андозед. Дар Фархор шермардони бонангу номус кам нестанд.

                         Хуҷанд

Чанд вақти пеш Алихон Зубайдзода, сардори КДАМ-и вилояти Суғд таъин шуд. Вай солҳои пеш дар шуъбаи ҳафтуми КДАМ, Раёсати муҳофизат кор мекард. Дар ҳамин раёсат сардор таъин шуд.

Алихон Зубайдзода як вақт талош кард, ки телехи №1-и Раҳмонов бишавад. Хост ҷойи Муродро бигирад. Ин гап соли 2017 буд. Мехезад рост пеши муаллима (Озода Раҳмонова) меравад ва мегуяд,ки «апа,биё ҳамин ҷои Мурода ба мара буте. Ма хизмати раиса худум кунум.» Муаллима майлӣ, майлӣ мекунад ва Алихон аз утоқи вай мебарояд. Озода Муродро ака мегӯяд. Аз ҳамон ҷояш занг мезанад ба Мурод. Мегуяд, ки ака ҳамин шогирдат омадасту мегуяд ҳамин вазифаи Муродро ба ман бидеҳ. Маро ҷои ҳамон бимон.

Момент аз вазифа гирифтанаш, аз сардори 7ум Раёсати КДАМ.То бегоҳ намонданаш. Як моҳ бекор гашт. Баъди як моҳ ба воситаи Рустами Эмомалӣ муовини раиси КДАМ ва куратори охранаҳо таъин гардид. Замминистр. Алишер Мирзонабот муовини раиси вилояти Бадахшон рафт. Яъне болотар рафт. Он вақт Фарҳодро (Фарҳол Камолов,ҳоло муовини аввали раиси КДАМ) аз онҷо гирифтанду бурданд ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ. Фарҳод муовини аввал буд. СС.Ятимов гушҳояшр тоб доду фираш дод. Ҳозир дар ин вазифа Файзулло додари Нусрати бетурсук кор мекунад. Вай дар коррупсия дар ҷойи Умед (Умед Камолов,ки ҳоло дар фирор аст) буд.Онҷо номаш «главка аст» .Аз онҷо гирифтанду ҷои Фарҳод Камолов оварданд.

Ҳамин Алихон Зубайдзода, ки ҳоло дар Суғд сардори КДАМ аст ваъда кардааст,ки мубориза бар зидди Муҳаммадиқбол ва Ислоҳро аз ҳамин вилоят сахт пеш мебарад. Барои ҳамин ҳоло бузҳои КДАМ ҳамарӯза дар барномаи “Минбари муҳоҷир” гап мезаннад.

 Гуё тибқи ваъда «кор» карда истодааст.

 Ин Алихон Зубайдзода аз Ҳалими сиёҳ-раиси ширкати «Ёқут-2000» ду то хона гирифтагӣ аст. Хонаҳоро дар номи касони дигар «оформит» кардагӣ аст. Ин хона дар поёни бинои марказии КДАМ аст. Онҷо Сайидшо Шамолов хона дорад. Танкаро мегардӣ тарафи МВД рафтан. Наздики минздрав. Бари КГБ. Ин як бинои18-19 этажа аст. Ҳалими сиёҳ подаркааш кард. Аммо ин пора аст. Алихон барои Ҳалими сиёҳ кришават мекунад.

Ҳамсояаш Халилча ном дорад, ки дар 33 хона дорад. Хонаи Алихон ҳам онҷост. Дар панҷошёна. Баъди замминистрӣ Алихон дар Корвон хонаи заминӣ ҳам дорад. Ғоратгари калон шуд.

Share This Article