Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет”№29

Ислоҳ нет

Новобаста аз онки мардумро тарс медиҳанду таҳдид мекунанд, ки бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ накунанд, моро хоину террорист эълон кардаанду карда истодаанд, аммо шукри худованд, ки мардум робитаи худро бо мо бештар мекунад. На танҳо мардуми одӣ, балки кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ҳам аз ифшои дарду доғи худ ва коргоҳҳои худ ҳарос накарда мушкилоти худро бо мо дар миён мегузоранд. Аз тарафи дигар тавассути минбари «Ислоҳ» пешниҳоду тавсияҳои худро барои беҳтар шудани шароити зиндагӣ ироа медоранд:

  Данғара

 Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Иншоаллоҳ пирӯзӣ наздик аст.
Ман барои шумо бо ному насаби аслии худам ин номаро ирсол мекунам. Аммо, хоҳиш аз шумо ин аст ки ифшо намесозед. Ман маълумот дар бораи як золими хоин дорам.
Қозиён Шариф Қозӣ, проректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. Ин номи феълиаш аст. Номи пештараи ӯ Ҳасанов Шарифхуҷа Қозиевич аст. Ин нафар қаблан суд шудааст. Ҳоло бошад проректори Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба таълим аст. Ин нафар профессор, номзади улуми ҳуқуқ ва ва доктори илмҳои сиёсатшиносӣ мебошад.
Солҳое, ки онҷо донишҷу будам ӯ декани факултети мо буд.
Қозиён Шариф Қозӣ зода аз ноҳияи Ғончӣ (ҳозира Деваштич) соли таваллудаш 1974 аст. Вай дар ятимхона калон шуда аст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар прокуратураи шаҳри Душанбе оиди иҷрои ҷазо кор кардааст. Бо ҷурми ришва ӯро дастгир карданду ба ҳабс гирифтанд. Баъдан боз тавассути пора худро сафед карда ба  соҳаи маориф қадами палидашро мегузорад. Дар донишгоҳҳои шаҳри Душанбе кор мекунад ва сипас ба Данғараи пешвояш меояд. Ин аблаҳи хоин маро 4сол дарс додааст. Китобҳои зиёде навиштааст, ки онҳоро ягон донишҷӯ нахондааст, зеро ҳамааш плагиат: «копирват –вставит» аст. Ин ҳаромхӯр донишгоҳи давлатии Данғарараро ба як торговий сентр табдил додааст. Ба гуфтаи баъзе аз омӯзгорон кам-кам педофилӣ -бачабазоӣ ҳам мекунад. Ин ҳаромхӯр китобе дорад бо номи «Сиёсати зидди корупсионӣ»,аммо худаш падари мафияи порахурони донишгоҳ аст. Ӯ донишҷуёнеро, ки тариқи ройгон-буҷҷавӣ таҳсил мекунанд бад мебинад ва мегӯяд шумо ҳаромхӯр астед. Ман низ ройгон мехондам. Имтиҳонҳои нимсоларо бо баҳои аъло месупоридам. Аммо ин ҳаромхӯр маро аз стипендия хат мезад, барои он ки ман пора намедодам.
Аз ӯ мепурсидам чаро номи маро хат задӣ, мегуяд ту маро «хабар» нагирифтӣ, яъне пора намедиҳӣ? Ҳоло донишгоҳро бо коммисариати ҳарбӣ ба як  торговий сентр мубаддал кардааст. Донишҷуёнеро,ки хориҷ мекунад ба военкомат 3000сомонӣ мефурушад.
Ӯ ошкоро ба донишҷӯён мегуяд ба масҷид наравед: «касе мерава ма хдм КГБ да меспормш». Ин беимон дар маҷлис мегӯяд, ки намоз нахонед: «и чи корай ҳаррӯз такрор мекунӣ». Бо ҳамин гуна корҳову гапҳо студентҳоро гумроҳ мекунад. Дар ин донишгоҳ ҳама аз ӯ ба дод омадаанд. Имтиҳонҳои нимсоларо аз байн бурда ошкоро пулакӣ кард.
Дари кабинеташро ҳуй мекунад ва ба мисли сартарошон мешавад
Ва имтиҳонҳо ҳамин тавр ҷамъбаст мешавад. Нарх мемонад 300сомонӣ шартномавиҳо 500 сомонӣ буҷҷавиҳо.
Донишҷӯҳоро аз дарс мегрифт  ба замини картошкааш коркунӣ мебурд.
Қозиён Шариф Қозӣ хуни студентҳоро мемакад. Формаи барои маршировкаро ҳам бизнес кардааст. Як футболкаро аз Корвон 10 сомонӣ мегирад ва бо зӯрӣ ба донишҷӯҳо 50 сомонӣ мефурӯшад. Дар дарс донишҷуҳоро ошкоро ҳақорату дашном медиҳад. Ман запсҳояшро дорам. Аммо ҳоло дар дастам нест. Донишҷӯи бечора пули хариди ролтонро надорад. Мегуяд, ман язнат нестам, пули шартномара биёр, ки хориҷ карда ба военкомат месупорамат, пули обуна, пули иттифоқи касаба, пули рейтинг. Агар 1сомонӣ кам бошад, мегӯяд ман гадо нестам. Барои мисол кори дипломӣ 1500с нарх дорад. 2000сомонӣ биёр мегӯяд «дипломи сурха ай ма бги,ректора задагийм».  
Ректори пешина Шоҳиён Нуралӣ Набот буд. Ӯ ҳам як атеистӣ аҳмақ буду каме фарқ дошт.
Дар хобгоҳи донишгоҳ намоз хондан иҷозат дода намешавад, агар бинанд рост ба амният месупоранд. Бовар кунед, донишҷӯро пулашро мегирад, номаш дар журнал аст, аммо ӯро тамоман дар дарс надидаем. Оё ин аст адолат ва сиёсати хирадмандонаи пешво?
Ошкоро намозу масҷидро дар маҷлис танқид мекард.
 

Хуҷанд

Як каме маълумот мерасонам дар бораи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд машҳур бо лақаби Қофлонбой. Қофлонбой вақте талош мекард, ки раиси шаҳри Хуҷанд бишавад, хапу хомӯш мегашт ва худро мусичаи бегуноҳ ба ҷилва медод. Аммо вақте раиси вилоят таъин шуд дигар ҳама сиру асрорааш ифшо шуданд. Дар номаш 150 гектар замини корами обӣ дорад. Даҳҳо дачаву коттеджҳои гаронқимат сохтааст. Дар худи шаҳрчаи Паласи наздикии Ашт чанде аз ин дачаҳояш ҷойгир мебошад. Онҷо як фермаи мурғпарварӣ дорад. Ба онҷо сафар бояд мекард. Пеш аз рафтанаш як шаб қабл лулаҳои обрасониро бо ёмкостҳои 50 тоннаӣ, ки 10 адад буд, ҳамчунин чанд адад мошинҳои давлатиро фурӯхт. Дар байни як шаб қариб ҳама ин ашёи сехро фурӯхт ва маблағҳои онҳоро ба ҷайби худаш зад. Ҳар куҷо қадам расонад онҷо хароб мешавад. Вай аз чанд нафар қарздор буд. Наздики 2 миллион доллар. Нафари қарздор ҳоло пурсида наметавонад. Мегуяд, ки ҳозир дастур медиҳам то панҷ сол ҳабсат кунанд ё нестат мекунам. Бечора одами пулдода дигар хапу дам аст. Боз инро ҳам бигуям, ки бо Ҷалилов Эмин яке аз масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилоят ҳардуяшон мушу пишаканд, чашми дидан надоранд, чунки Эмин сиру асрорашро зиёд медонад, аз ҳамин ҷиҳат Раҷаббой Аҳмадзода тарсида мегашт. Ҳозир бошад хело дӯст ва наздик шудаанд ва ҳамин тавр – дӯсту рафиқвор рафтор мекунанд, то ки сирҳояшон фош нашавад. Шумо дар мавриди Эмин Ҷалилзода чандин маротиба маълумотҳо нашр намуда будед. Бовар кунед ончи гуфта будед қатрае аз баҳри ҷиноятҳои коррупсионии ӯ буданд.

  ДУШАНБЕ шикояти корманди ВКД

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хуб аст ки Шумо ва Шумо баринҳо ҳастеду барои халқ сухани ҳақро мерасонед ва садои дили мардуми ғамдидаро мешунавед.

Ман дар вазорати корҳои дохилӣ, дар худи марказ муддати 7 сол боз кор карда истодаам. Ному насабамро гуфта наметавонам, чунки манро сад фоиз аз вазифаи ишғол намудаам сабукдуш намуда маҳбас мекунанд. Ба ин хотир ному насаб ва дар кадом шуъба кор карданамро махфӣ медорам.  

Ман соли 2016 бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба кор дар ВКД  таъин шудам. Аниқтараш дар яке аз шуъбаҳои Раёсати ташкилӣ- криминалистӣ. Дар вақти кор бисёр чизҳоро ёд гирифтам ва боз бисёр ноадолатиҳоро дидааму лабамро газида гаштаам, чунки аз дастам ягон чиз намеояд. Дар вазорати корҳои дохилӣ умуман аз руйи ақлу савод ба кор таъин намекунанд. Дар инҷо фақат аз руйи “таға” ё ин ки “доля” ба вазифа таъин мекунанд. Ба вазифаи лозимӣ, яъне ба вазифаи даромади хуб дошта “таға ё доля” лозим аст. Ба вазифаи бедаромад фақат бачаҳои камбағалу бетағаро таъин мекунанд. Ман соли 2016 баъди хатми Академияи шаҳри Душанбе ба воситаи як шиноси падарам, ки дар он вақт дар Раёсати кор бо ҳайати шахсии ВКД кор мекард, бо додани маблағи 600 доллар ба кор таъин шудам. Аз рӯзе, ки ба ин вазифа таъин шудам, сад бор пушаймонам. Чунки ба ғайр аз расход дигар ягон чиз нест. Дар аввал 700 сомонӣ маош мегирифтам, вале ҳоло ба ҳаминаш ҳам шукр мегуям 1680  маош мегирам. Ман 3 фарзанди ноболиғ ва падару модари пир дорам. Намедонам маошамро чигуна аз ин моҳ ба дигар моҳ расонам. Ман аз бисёр мағозаҳои гирду атроф қарздорам. Нафақат ман, балки тамоми ҳамкоронам қарздор ҳастанд. Дар ҳақиқат маош беҳад ками кам аст. Худатон нарху навои бозори Душанберо бинеду 1680 сомониро ҳисоб кунед, ки магар бо ин маош 3 фарзанд ва падару модарамро нигоҳубин карда метавонам..?

Дар шуъбае, ки ман кор мекунам, ягон даромад нест.  Кори мо фақат дар куҷои шаҳри Душанбе ягон ҷинояти вазнин шавад, рафта изи даст гирифтан аст. Аниктараш мо изи дасти шахси ҷиноят содиркардаро мекобем ва мегирем. Лекин то ҳоло бо ин тарзу усул ягон ҷиноятро ошкор накардаам, чунки дар махзани ягонаи вазорат изи ангуштони ҳама нест. То он вақте ки дар махзани ягона изи дасти ҳама шаҳрвандон намунааш набошад, ягон чизро муайян карда намешавад. Мо он изи ангушти аз ҷойи ҳодиса ёфтаро бо изҳои дар махзан буда муқоиса карда месанҷем ва агар дар махзан пайдо шавад, меёбем.

Хулосаи гапро бигуям. Писар холаам дар Академия ВКД шаҳри Душанбе дар курси 5 таҳсил мекард. Пас аз хатми Академия онҳоро бояд аз руи қоида ройгон бо ҷойи кор таъин кунанд вале сардори Раёсати кор бо ҳайъати шахсии ВКД генерал майори милитсия Рамазонзода Суҳроб бо “югурдакҳояш” (ин ибораи халқӣ ) аз ҳама курсантон маблағ мегирад. Агар маблағ нагирад онҳоро ба ҷойҳои бе даромад ё ин ки сарҳади Афғонистон ё Кирғизистон таъин мекунад. Дар ин кор бовар дорам 70-80 фоизи маблағи аз курсантон мегирифтаро худи Рамазонзода Суҳроб мегирад. Рамазонзода С. бисёр генерали кайфӣ буда ба кабинети худаш лейтенантҳои ҷавону курсантонро бо баҳонаи кори хуб додан бурда одих мекунад. Инро ҳайати шахсии вазорат медонанд. Вале ба Рамазонзода С. ягон кас гап намезанад. Гуё падари вай Каромат дар вақташ бо пешво рафту омад доштаасту ба ин хотир ҳоло вайро пешво дастгирӣ мекардааст. (Инро ҳама кормандон медонанд) Генерал Рамазонзода С. маблағҳоро аз ягон кас намегирад, балки ӯ як “кашелок” дорад. “Кашелок”-и Рамазонзода С. ин сардори шуъбаи назорати Раёсати кор бо ҳайати шахсии вазорат подполковники милитсия Шарипов Ашраф Азимович мебошад. Ашраф соли тавалудаш 1992 яъне 31 сола мебошад. Бо Рамазонзода С. ягон муносибати хешу таборӣ надорад, лекин шахси сарватманд аст. Ба ин хотир ҳама вақт бо Рамазонзода С. мегардад. Ҳатто рафту омади оилавӣ пайдо кардаанд. Маҳз ҳамин Ашраф миёнрав буда аз одамони корафтода маблағро гирифта ба Рамазонзода С. медиҳад. Дар вазорат мо Ашрафро кашелок мегуем инро ҳама ҳайати шахсӣ медонанд.

Худи Ашраф низ ҳама вақт ба сардорони раёсату муовинон ва худи вазир доля медиҳад, то ки дар вазифааш истад. Ашраф аз шаҳри Исфара аст. Танҳо ӯ бо ин роҳи доля додан вазифаи баланд гирифтааст. Ба ғайр аз ӯ дигар ягон исфарагӣ ё суғдӣ дар вазифаи баланд нестанд.

 Ман як рӯз хостам холабачаамро баъди хатми Академия ба ягон вазифаи ба хонаашон наздиктар таъин кунанд. Ба ин хотир ба раёсати кадр назди муовини сардори раёсат полковники милитсия Амрохон Раҳимов рафтам ва гуфтам, ки писархолаи манро дастгирӣ кунед вале он кас гуфт ки ин аз дасташ намебиёяду ман бояд ба назди худи генерал дароям. Баъдан ман назди Рамазонзода С. даромаданӣ шудам,ки ин вақт котибааш манро намонд, ки вориди кабинет шавам. Мақсадамро пурсиду гуфт, ки худам ба генерал мерасонам. 3 дақиқа пас гашта аз назди генерал баромада манро назди Шарипов Ашраф равон карду гуфт,ки рав коратро Ашраф ҳал мекунад. Баъдан ман назди Ашраф рафтаму хостаамро гуфтам. Худи Ашраф дар ҳол гапро сар карду гуфт, ки ба ман генерал занг зада гуфтанд, ки 1500 доллар дохили шаҳри Душанбе аст. Агар хоҳед пагоҳ саҳарӣ маблағро биёред, фармони писархолаатонро мебарорем. Ман гуфтам маблағи ин қадар надорем. Худам бо ин маоши 1680 сомонӣ базур рузгорамро пеш мебараму аз куҷо ин қадар маблағ? Сипас аз он ҷой баромада рафтаму дигар ба онҳо зораву тавалло накардам.Ҷиянамро ба вазифаи дежурный част дар вилояти Суғд дар сарҳад таъин карданд. Тасаввур кунед, холабачаи ман аз хонааш қариб 350км дур рафта кор мекунад. Дар ҷойе, ки ӯ кор мекунад ягон маблағи даромад нест. Маошаш 1200 сомонӣ аст. Писархолаам ин маошашро гирифта худаш мехураду халос, ба хонаашон ягон маблағ равон намекунад. Ҳатто падараш аз Русия ба ӯ маблағ равон мекунад.

Бародарҳо худатон қазоват кунед. Дар вазорати корҳои дохилӣ ҳама вазифаҳои лозимиро бо маблағ хариду фурӯш мекунанд. То рӯзе, ки ин Рамазонзода Суҳроб бо шайкаҳояш Шарипов Ашраф дар сари вазифа бошанд, ин порагирӣ дар Раёсати кадр давом хоҳад ёфт. Шарипов Ашраф аз номи Рамазонзода Суҳроб бисёр истифода намуда ба боварии кормандон даромада бо ваъдаи кори хуб додан маблағ мегирад. Мумкин аз баъзеи ин корҳои вай худи Рамазонзода Суҳроб хабардор набошад.

Дар бораи Рамазонзода Суҳроб маълумотҳо аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва худи “Ислоҳ” бисёр ҳастанд ва ҳамааш дуруст мебошанд. Лекин мехохам чеҳраи Шарипов Ашрафро ба Шумо ошкор кунам. Вазифаи Ашраф аз болои тамоми кормандони ВКД дар кишвар назорат бурдан аст. Вай оиди интизом, сару либос ва агар нисбати ягон корманди ВКД ягон шикоят шавад гоҳе вақт Ашраф бо зердастонаш месанҷанд ва гоҳе вақт Раёсати амнияти дохилӣ (Машрабзода Ҷамшед) месанҷанд. Ашраф ба ҷойи онки худаш аввал намуна бошаду сипас аз дигар кормандон талаб кунад, баръакс худаш доимо дар ҷойи кор нест, ба бизнес машғул аст. Бисёртар бизнеси мошин мекунад ва якчандто аптекаҳо дар дохили Душанбе дорад. Ашраф пеш аз рутбаи подполковник гирифтанаш дар ҷанги зидди мардуми Бадахшон иштирок кардааст.

Хуллоса, дар барои ин ду саги гуруснаи вазорат соатҳо гап занем кам аст. Агар онҳо ислоҳ нашаванд, боз дигар маълумотҳояшонро дар ихтиёри Муҳаммадиқболи Садриддин мегузорам. Хеле  сум  кор   карда  буданд. Ставкаи началники   милисаи як  ноҳия аз 30 ҳазор  доллар  боло  буд. Аз  инҳо ҳам Раҳмоналӣ Раҷабалӣ кумитаи   сарҳадот  ёд   гирифта аст. Се моҳ мемонад   кор   мекунӣ,  боз   сумро   гирифта   боз   дигар   касро   фармони кор медиҳад. Инҳо аз Мулло Абдураҳими  кулобӣ ёд   гирифтагианд ба фикрам. Кор  фақат  сум  коркунӣ. Кори дигар   надоранд. Дар бораи   ин   бадбахти  мулло Абдураҳими кулобӣ гуфтед   сад   дар  сад   ҳамааш  рост  ҳаст.

  Як  писараш   дар   гумрук   кор  мекунад. Ба ном мавлавӣ. Як писари  дигараш  дар қушунҳои сарҳадӣ кор мекард. Ростӣ номашро намедонам. Сарҳадбонаш аниқ медонам,ки наркобизнес буд. Аз сиёсатҳоятон Муҳаммадиқбол чоплусҳо  дигар   намедонанд, чи кор кунанд. Гоҳе бар  зидди  ҳукумати  Раҳмонов  ҳам  ғайбат мекунанд, ё ки  намедонам гап  мегиранд, ё ки намедонанд, кунҳояшонро ба кадом тараф монанд. Аммо медонанд, ки  ин  ҳукумат шикасташ қариб шудагӣ аст. Боқӣ дар  ҳифзи  Аллоҳ бошед.

  Қубодиён

  Мо сокинони ноҳияи Қубодиён дигар намедонем аз кадом камбудӣ ё аз кадом зулми мақомот шикоят кунем. Аз милиция халос шуда ба военкомат мезанӣ, аз военкомат халос шуда, дар раиси ноҳия мезанӣ, аз раиси ноҳия халос шуда ба раиси қишлоқ мезанӣ. Ҳар кадоми инхо ставкаи худашонро доранд. Раиси маҳалла 200 сомонӣ мегирад, военкомат 800 то 3000 сомонӣ. Боз ҳозирҳо учаскавий омада аз мардум пул меканад. Охир як бор фикр кунед, ки мардум ин ҳама пулро аз куҷо меёбад? Маоши аз ҳама боло 2000 сомонӣ аст. Аз ин 2000 ба военкомат диҳанд, ба участковий диҳанд, ба милиса диҳанд, чи кор кунанд? Худашон чи хуранд? Пас, ин оила ҳамаи пулашро диҳад, худаш чи кор кунад? Як зарра ҳам аз Аллоҳ наметарсед, ин қадар зулм мекунед ба мардум. Шароити хидмати ҳарбиро дуруст кунед, ҳама аскарӣ мераванд. Ин лату кубро бинед, ки чи хел сарбозҳоро дар хидмат мезананд.

Охир кадом падару модар фарзанди азизашро, бо як азоб калонкардашро ба ин гуна хизмат мефиристад?   Ман дар инстаграм тамошо кардам, ки як блогери узбек   ин тарзи хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистонро масхара мекард. Давоми беш аз сӣ соли истиқлол Раҳмонов натавонист шароити хидмти ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳро беҳтар созад. Барои худаш ба 92 миллион доллар самолёт харида метавонад. Коре, ки барои худаш, ба манфиати худаш бошадро метавонад иҷро кунад. Аммо ба фоидаи мардум ягон кор намекунад. Ба фикрам дар  вай ба ҷойи шир шакарови ба олича хурда калон шудагӣ аст.

  Раиси ноҳияамон нав шуд. Корро аз военкомат оғоз карда падару модарҳоро даъват карда дуғу пописа карда истодааст, ки мебарам маҳкаматон мекунам: “бачатона ай Русия бген биёя хизмат куна, ватана ҳимоя куна. Хиёнат накнен ба ватан, базе коргарора аз вазифа мегирм, нисбатон парванда мекшоем, як ҳафта вақт,шумода”,гуфта дар зали калон хезонида дашном дод. Раиси ноҳия шарм намедорад, вазифаи худашро бояд иҷро кунад. Раиси ноҳия ба военкомат чӣ кор дорад? Ба ягон кори ободкорӣ даст намезанад. Ҳар моҳ аз маоши омузгорон 30 то 35  сомонӣ барои рушди ноҳия дошта мегирад. Айб аст, охир. Бо ин маоши 800 сомонӣ аз куҷои он барои “рушди ноҳия” мегирӣ. Э, муред ба ҳамин давлатдориатон. Вақте худи мардум ноҳияро обод кунад, раиси ноҳия ва президент-бачаи Майрами гурсухта г… мехуранд. Дар курсӣ шиштааст. Бо тамоми авлоду аҷдодаш омада Тоҷикистонро талаву тороҷ карда истодааст. Як набераи бурутакӣ дорад-Исмоил.24 соат худашро дар Инстаграм реклама мекунад. Вай як пацани дируза. Дар куҷо кор кардааст, ки миллионер шудааст?  Як блогери аз Русия –Гусейн Гасановро ин набераи аҳмақаш мисли як президент пешвоз гирифт. Духтарони тоҷикро ба истиқболаш баровард. Охир худи Раҳмоновро дар Русия дуруст пешвоз намегиранд. Дар Русия саг қадр дораду тоҷик не.

   Ин Қурбоналии учасковий як дарди сари дигар болои мардуми деҳа шудааст. Ҳар рӯз бо баҳонаи сарбозгирӣ дари хонаҳои мардум омада пул мегирад. Ӯро барои ҳимояти мардум ва рияоти қонун намондаанд, балки барои ғорати мардум ин вазифаро додаанд. Агар дар кадом хонае як маърака шаваду хабараш накунӣ бузҳои қишлоқ хабараш мекунанд. Омада аз 800 то 3000сомонӣ ҷарима мекунад. Рӯйрисот мегуяд, ки ҳақи маро диҳед, кор надорам, ки буз мекушед, гов мекушед, сад касро хабар медиҳед, 1000 касро хабар медиҳед, ҳатто метавонед фил ҳам кушед, коратон надорам. Вале агар надодӣ ҳатман омада штраф мекунад. Раиси деҳа ҳам як бузи тапатайёр. Омада дар маърака шишта ошу шурборо мезанад вале боз ба учасковий бузӣ мекунад.

Гуфтаниҳои мо сокинони ноҳияи Қубодиён хеле зиёд аст. Агар ислоҳ нашаванд мо шикоятҳоямонро давом медиҳем.

 Душанбе

     Ман ҳама барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Хушҳолам, ки дар ин барномаҳо ҳарфи мехостаи мардумро мезанед. Албатта, ман суҳбати сахт карданӣ нестам. Аммо бовар кунед ҳамин чанд пора аз пешниҳодҳоямро ,ки ба баъзе нашрияҳо фристодам чоп накарданд. Ҳоло ба шумо пешниҳод мекунам.

  Ба назари ман яке аз проблемаҳои мубрами Тоҷикистон мавҷуд набудан ё аниқтараш риоят нашудани мувозинат байни шохаҳои ҳокимият аст (Ҳукумати ҶТ, Суд, Маҷлиси Олӣ)). Мавқеи 3 шохаи ҳокимият тибқи қонунгузорӣ нодуруст муқаррар шудааст. Ҳол он ки онҳо бояд мустақил ва “баробар” бошанд, чунон бошад, ки судяҳо танҳо ва танҳо тибқи талаботи қонун ва виҷдонашон амал кунанд ва раисони ноҳияву шаҳру вилояту ва президенту дигару дигар натавонанд ба фармону қарору ҳукму дигар санадҳои аз ҷониби судҳо ва вакилон қабул гардида таъсир расонанд. Бояд судяҳо қудрате дошта бошанд ки Ҳукуматро ба ин ё он кор ҳангоми вайрон кардани қонунгузорӣ ё риоя накарданаш маҷбур карда тавонад. Барои ҳамин ман пешниҳод мекунам, ки аз ваколатҳои ниҳоят зиёду бешумори Президент бар манфиати Маҷлиси Олӣ ва Суди олӣ кам карда шавад. Чунки маҳз ҳамин аз андоза зиёд будани ваколату салоҳиятҳои Президент ӯро ба як нафари диктатор табдил додааст. Барои ин бояд ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид бикунем.

Як пешниҳоди дигар ман дар робита ба коррупсия аст. Агар кормандони давлатӣ то 10 000 сомонӣ (дар маҷмӯъ на аз як кас) пора гиранд 2 сол ҳабс, агар аз 10 000 то 50 000 пас 10 сол ҳабс, агар аз 50 ҳазор то 100 000 гиранд 15 сол ҳабс ва агар аз 100 000 сомон зиёдтар гиранд ҳамчун хоин (амалашон ҳамчун хиёнат ба устувории давлат баҳо дода шавад) умрбод ҳабс шаванд. Албатта барои баланд бардоштани маоши онҳо кушишҳо ва чораҳое мушаххасе дида шавад ва сипас моддаҳои дахлдор ба қонунгузории ҷиноӣ ворид шаванд.

Share This Article