Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №31

Ислоҳ нет

«Номаҳо»-и навбатӣ ҳам аз дарду доғи мардум аст. Хубии кор дар ин аст ки нафароне ба мо менависанд, ки ё пештар дар мақомот кор мекарданд ва ё ҳоло ҳам дар сари коранд. Аммо онҳоро ҷавру зулми ҳокимони маҳаллӣ ба дод овардааст, виҷдонашонро ноором кардааст. Аммо, бешак муаллифони доимии мо, мардуми одиянд, ки дар тамоми ниҳодҳо ҳамеша дарҳо ба рӯи онҳо баста аст. Хуб, биоему бинем, ки мардуми азиз чиҳоро ба мо қисса кардаву дар миён гузоштаанд:

                                         Душанбе

      Салом бародар Муҳаммадиқбол! Шумо, маро мешиносед. Солҳо пеш дар як маҷлисе дар Душанбе бо шумо суҳбат карда будам. Ман, ҳоло нафақа баромадаам. Пештар дар яке аз мақомоти қудратӣ кор мекардам. Маълумоти фаровон дорам. Аммо ҳоло дар бораи як нафаре мехоҳам бинависам, ки дар баъзе аз навиштаҳои Шумо дар бораи Юсуф Раҳмон-Прокурори генералии Тоҷикистон, қудои наву айни замон охирини Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи вай навишта будед. Ин нафар Иброҳимзода Иброҳимҷон Солеҳ аст. Ин нафар ҳоло дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон кор мекунад. Як мақоми баланд ҳам дорад. Иброҳимзода Иброҳимҷон соли гузашта ҳимоя кард ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ шуд. Дар мавзуи «Ваколатҳои прокурор дар марҳилаҳои судии мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоили назария, танзими ҳуқуқӣ ва амалия» кори илмиро ба поён бурду ҳимоя кард. 

 Хулоса, ин Иброҳимҷон Иброҳимзода яке аз фосидтарин кормандони баландмақоми Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва нафари мавриди бовари Юсуф Раҳмон аст.

Як вақтҳо Мирзохонзода Ҷамшед Сангов (нафари дигари мавриди эътимоди Юсуф Раҳмон) муфаттиши калони Раёсати тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералӣ буд. Ӯро ба дигар ҷо «перевод» карданд ба Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.  Ҳотам Назарзода Назрулло муовини Прокурори генералӣ аз Данғара буд. Ин Назарзода Ҳотам дар вақташ фелдшер-медбрат буд.

Юсуф  Раҳмон, Прокурори генералӣ таъин шуду ӯро муовини аввал таъин кард. Панҷ сол муовинӣ кард, аммо делоро нохонда имзо мекард. Ҳеҷ чиро намефаҳмид. Як вақт як нафар ӯро дар фейсбук танқид кард. Ӯро даъват карду гуфт «дста мара, ҳеҷ кас дигар туя кор намегирад, дигар номи мара да фесбук наги, бра ай ақиби корот биша”

 Як вақт ҳамин Иброҳимзода Иброҳимҷон бо пора ба даст афтод. Аз кор ҷавобаш доданд. Аммо боз чи хеле шуду Хайруллои Саид, ӯро ба прокуратура овард. Хайруллои Саид бачаи амакии Муроди телех аст. Ҳоло Иброҳимзода Иброҳимҷон дар Прокуратураи генералӣ масъулияти назорати фирма ва ширкатҳоро дар ихтиёр дорад. Падари Иброҳимзода Иброҳимҷон Иброҳимзода Солеҳ 7 сол шишт. Вай раиси суди ноҳияи Конибодом буд. Бо пора ба даст афтод. Вай ҳамкурси Шерхон Салимзода, собиқ Прокурори генералӣ ва Нусратулло Абдуллоев, собиқ раиси Суди олӣ ва Маҳкамбой Маҳмудов, собиқ раиси Суди конститусионӣ мебошад. Бубинед, ҳозир падар ва ё бародар куҷо, агар хуштоманат ягон дело дошта бошад, тамом, аз мақому вазифаат даст бояд шӯӣ. Аммо ин падараш шиштагӣ буд, вазифа гирифт.

  Як вақт дар СИЗО-и Душанбе муҳокимаи як бизнесмен мерафт. Судя саволу ҷавобро тавре пеш мебурд, ки барои Ироҳимзода Иброҳимҷон маъқул намешуд. Тарафи судя мегуяд, ки шумо тарафи кӣ ҳастед. Тарафи ман, тарафи қонун ё тарафи инҳо-нафари маҳкумшаванда. (Иброҳимзода аз ин бизнесмен пули калон гирифта ваъда карда будааст, ки аз сари суд озодаш мекунад). Судя мегуяд тарафи қонун. Вақте берун мебароянду судя хонаи машваратӣ рафтанӣ мешавад, Иброҳимзода ба вай таҳдид мекунад ва мегуяд: “ҳозир мегирам м….т…”.Чунки пушташ ба Юсуф Раҳмонов гарм аст ва Прокурори генералӣ ӯро сахт ҳимоят мекунад. Муҳим ҳукми судӣ тибқи хоҳиши ӯ содир мешавад. Ана инро мегуянд зур.

Як вақти дигар чи хеле шуд, ки набераи Мирзохуҷа Низомов, собиқ раиси Хадамоти гумрукро қапиданд. Ва бурданд маҳкам карданд. Гуё вай аз кадом магазаин пули калон дуздида бошад. Ин бача Шерзод ном дошту бистсола буд. Раҳими ғармӣ писарамаки Мирзохуҷа Низомов 500.000 доллар дода ин хешбачаашро мехарад.

  Дар гирифтани ин маблағи бузург Иброҳимзода Иброҳимҷон, Ҳотам Назар, муовини собиқи Прокурори генералӣ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ шариканд.

Ин маълумотҳои садфоиза буд, ки бароятон гуфтам. Вале,боз бароятон мефиристам, то нависеду чеҳраи асосии ин номардҳоро ба мардум нишон диҳед.

                                               Зафаробод

     Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мо,як гуруҳ аз сокинони ноҳияи Зафаробод ба чунин хулоса омадем, ки ба шумо дарди диламонро баён намоем. Дар ноҳияи   мо айни ҳол замини наздиҳавлигӣ-участка тақсим карда истодаанд. Аммо, чи хеле аз хона ба мо хабар доданд, участкаҳоро бепул неву бар ивази маблағ дода истодаанд. Инҷо нафароне аз Угук, бисёр ҳам бехуд шудагианд. Ҳамаи катагиву калонигариашон аз пушти як нафар зане аст бо номи Гулчеҳра. Ин духтар бо ҳамроҳии кадоме аз духтарҳои Эмоматапак «совместный» кор мекунад. Яктои дигараш телехи Анушервон –набераи Эмоматапак, писари Рустами Эмомалӣ будааст. Нафари дигар Холиқов Абдуманнон аст. Чанд сол вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини вазири адлия буд. Ҳамчунин нафари дигар Холов Абдусаттор мебошад, ки ин ҳам вакили Маҷлиси намояндагон буд, ҳоло намедонем чи кора аст? Боз яктои дигариаш муовини амнияти вилоят ё шаҳри Хуҷанд аст-Абдулазизи угукӣ.

Як нафари дигарашон Парвиз ном дорад. Инсони хуб аст. Тағо ё амакаш дар амният кор мекунад. Гапаш дар ҳама ҷо ранги лезвия мегузарад. Як нафари дигар  асосиашон Зафар ном дорад. Дар Бустон (Чкаловск) зиндагӣ мекунад. Ӯ беҳад «крутой» аст. Любой кор, любой проблемаро дар «шест секунд» ҳал мекунад. Нафари дигар, шахси бисёр мутакаббир Фаррух ном дорад. Аз қишлоқи Овчӣ.

  Угукиҳо бо мастчоиҳо отношенияи хуб доранд. Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазир бо баъзеи инҳо хешу табор аст. 10 ё 15 сол пеш Зафаробод кӯчида омадагӣ. Дар 6-0й отдел, коррупсия ва дар дастгоҳи Президент кор кардааст. Ин одам посредники асосии угукиҳо мебошад. Аз авлоди ин одам қариб дар ҳама ҷо кор мекунанд. Фаррух ганда «вес» доштааст. Тамоми кормандони Республикаро мешиносад. Дар Прокуратураи генералӣ ҳам Шавкат гуфтагӣ ҳамкурсаш ё ҷӯрааш кор мекунад. Вазири МВД устоди Фаррух. Ҳоло мегуянд, ки дар Русия аст. Аниқ, ки агент ва ҷосус мебошад. Ба қавле  сардори ФСБ -и Сургут ҷӯрааш будааст. Ин угукиҳо беҳад аз худ рафтагианд.  Гулчеҳраи Угукӣ бо кадом духтари Раҳмонов «совместный бизнес» мекунад, ҳавайҳо қудоҳои ин Фаррух будааст. Боз як духтари дигар, духтари нафаре бо номи Қодирча, ки аз Угук асту вале дар Амбарғазда зиндагӣ мекунад, ҳамроҳи Гулчеҳра кор мекунад. Инҳо дар чанд ҷо гуфтаанд, ки долларҳоро ба духтари Раҳмонов бо Камаз мебаранд.  

                             Ёвон

Салом бародари арҷманд Муҳаммадиқбол!

Ман дар бораи прокурори барканоршудаи ноҳияи Ёвон Маҳмуд Шарифзода як маълумотро ба шумо мерасонам. Як бор таваҷҷуҳ кунед, ки Маҳмуд Шарифзода ҳамагӣ дар 15 сол чи гуна тавонист аз курсии донишҷӯӣ ба курсии прокурори як ноҳия бишинад. Албатта, бо мусоидат ва хешутаборбозии падараш Иззатулло Шарифов-Зоррои маъруф.

     Иззат Шарифов як вақт аз одамҳои наздиктарини Раҳмонов буд. Вайро ҳамин Мансур Умаров ва СС.Ятимов заданд. Барои онки дар зиндонҳо баъзе нақшаҳо бояд иҷро мешуд. Зорро гардан надод, барои ҳамин як нима карданд. Дар омади гап инро бароятон бигуям, ки ҳозир дар зиндонҳо баъзе аз роҳбарони ҲНИТро маҷбур карда истодаанд, ки дар навор дар бораи дар солҳои муқовимат даст ба қочоқи маводди мухаддир задани роҳбарони ҲНИТ суҳбат кунанд.

Аммо ин Маҳмуд барои чашмпушӣ барои заминфурушӣ аз кор гирифта нашудааст. Маҳмуд барои он гирифа шуд, ки «доля»-и таъинкардаи Юсуф Раҳмонро надод. Бояд ҳар сол «доля» медод. Надод. Вагарна ин заминфурушӣ дар Тоҷикистон асосан бо воситаи прокурорҳо қонунӣ мешавад. Прокурорҳо ба унвони ниҳоди назорати қонун тамоми имзои раисони шаҳру ноҳияро тасдиқ ё рад мекунанд. Азбаски  ин кор ба як система табдил шудааст таври автоматӣ доляи прокурор аз замини фурухташуда ба дасташ мерасад. Инро ҳама медонад. КГБ ҳам медонад.. Прокурор дар ҳар сари қарори раиси ноҳия он хоҳ барои замини наздиҳавлигӣ бошад, хоҳ қитъа барои сохтмони масалан аптека, мағоза, мойка , ошхона, ресторан, хуллас, ҳар чиз то хоҷагии деҳқонӣ доляи муайяни худро дорад.

Маҳмуд Шарифзода доляро надод аз вазифа сниматаш карданд. Ҳоло аз рӯи шунидам вазифаи ӯро Юсуф Раҳмон ауксион кардааст. Чанд нафар довталаб аст. Касе зиёд диҳад ё дода бошад ҳамон мешавад.

  Прокурори ВМКБ-ро барои ҷинояти конкретӣ дастгир карданд. Аммо ҳамин Юсуф Раҳмон пули калон гирифта аз ҷавобгарӣ озод кард. Ҳозир Юсуф Раҳмон тамоми мақомотро тасаллут намудааст. Ҳама ҳозир ба вай доля медиҳанд.

                         ҒАРМ

 Ассалому алейкум ба мардуми Ғарм. Шермардҳои Ғарм. Ман сокини ноҳияи Фархор ҳастам. Номи ман Умар.

  Хитоби ман ба президент, ба Ятимов, ба Рустами Эмомалӣ ва ба Рамазон Раҳимзода.

  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода,аз соли 2019 то ҳозира дар вазифаи раиси ноҳияи Рашт кор карда истодааст. Ӯро коррупсия қапид. 100% сумро гирифта буд. Барои чӣ маҳкамаш накарданд? Барои онки СС.Ятимов кришааш аст. Коррупсия барои аз байн бурдани коррпусия кор намекунад. Балки барои он кор мекунад, ки суми зиёдтар дузданду ба онҳо зиёдтар диҳанд. Пас, онҳо Дубай, Туркия дамгирӣ раванд-«отдих». Агар шумо сарфаҳми гуфтаҳоям нарафтед ман худам конкретно сарфаҳм меравам чӣ гуфта истодаам.

Барои чи он маъюбҳоро аз хонаашон зада берун кардед, курпачаву либосу палосашонро дар қади куча партофтед:

   Худат, э бадбахти Раҳимҷони раиси ҳаромхури коррупсионер!

5 фарзандатро аз хонаҳояшон берун мебаранд рӯзе, қати худат фаҳмидӣ? «Ту фикр накн, ки и Тоҷикистон шермард надорад, сони сиёҳат мепушонанд, зулм накун дар шерпалангҳои Ғарм. Президент и сагбачата биги турмаш кун ё ай Ғарм сурш кун пеши худут барш. Эмомалӣ пешонит хоридестай? Қаҳри мора наёр, лаҷоми и раиста бигир. Ятимов ту кришаватиш мекуни, қати ун сияҳ, худат медонӣ, кира дар назар дорам? Раҳим Рамазон ту сагбачаҳота бигӣ, ки чашмот хоридеса боша зулмта давом бте! Манзури чашм хориро фаҳмидӣ?

 Хитоб ба ту гунги  Рустам. Ай пушти Муқимӣ вазъияти безбатро безебтар накун? Шухи накарда истодам, шиносом ҳаруз қатитан. Фигри хута сахт кн, сахт ба калат фигр кун. Бо дигаҷотқати фигр накни. Чашмота пуши бгарди аниқ Муқимӣ сарта мехра. Аниқ ай трами ай, падари угаитами, ай Ятимови, ки псталет қати задиш ку,ай Фархор бади бузкаши. Ҳамаи қадамотона дар назоратен. Нақша қариб омадай. Пеш ай воқеа фигри Муқимира бикун. Рустами Эммануел, вақти карупсияда кор мекардӣ, раиси ноҳияи Фархор пешинаш Сулаймон Вализода коргароша ҳақорат кардаги буд, Ютубда бромадаги буд. Коррупсия омад 200ҳазор сомонша гирфта бад ҷавобш дода будан.

 Раиси ноҳияи Ғармани ҳамин хел гунаҳгорай, гаштай озодида, бо медалш додиян, ин зеби медали пашми дора. Ман садарсад боварӣ дорам ҳамаи раисои ноҳия ҳаромхуранд. Ягон ҳалола намемонан, чунки мардума ғам бояд тиян .Э, ма хитобма кардам,як марди ватандӯсти шермарди ватан. Шерпалангои Ғарм шумо марден –мард. Имонтон мустаҳкамай. Мада 50 нафари мард имондор дар кор. Ранги Умар бошан, номрои мара ай домло бигирен занг занен маслиҳат мекунем қонунӣ кор мекунем. 

                              Фархор

Салом домулло Муҳаммадиқбол! Ман шикоятҳои сокинони Фархорро дар барномаи Номаҳои пешина тамошо кардам. Ман ҳам сокини ҳамин ноҳия ҳастам. Ман ҳам аз «Агроинвестбонк» қарз гирифта будам. Сахт пушаймонам. Тавсия медиҳам, ки қарз нагиред.

  Чунки молатон хело талаф меёбад. Аз сари ман гузаштагӣ. Ҳозир ин бонки беинсоф бастагӣ, маҳкам, аммо қарзҳои мардумро ҷамъ мекунад. Муовини «Агроинвестбонк» Суҳроб Раҳимович безор аз ҷонамон кардааст. Вақти сумгириаш мешавад, хона меояд. Пул  бидеҳ гӯӣ мегуяд, ки ҳозир надорам. Мегӯяд гов дошта бошӣ мебарем. Мегиранд мебаранд. Чанд вақт мегузараду боз меоянду чизи дигаратро мебаранд.

Як рӯзи дигар ҳамроҳи раисаш омад. Инсу он су нигоҳ кард чизе наёфт, диданд, ки дигар ҳиҷчӣ надорам. Сӯҳроб ба тарафи раисаш гашт гуфт, ҳамин дарвозаашро биканему бубарем, 5000 сомонӣ мефурӯшем. Дар ҳоли зорам модарам гиря кард, худам ҳам гиря кардам.

 Бениҳоят беинсофанд. Ҳамин Суҳроб дар Душанбе дар бари Прокуратураи генералӣ хона харид. Як одам аз бонк қарздор будаст. Раисаш ба 50 000 сомонӣ он хонаро гирифта ба Суҳроб додааст. Суҳроб ҳозир дар он хона квартирант мешинонад. Ранги ман ҳозир садҳо, шояд ҳазорҳо нафар ҳастем, ки қурбонии бозиҳои “Агроинвестбонк” шудаем.

Хитоб ба президент!

Адолатро иҷро карда натавонӣ пенсия баро! Ягон бачаи ҷавон ояд, каме зиндагии мардум осонтар шавад. Бедодгарии раиси «Амонатбонк» андоза надорад. Паспорт мекунӣ, меоӣ супоридани сум.Чанд чеке дошта бошӣ месупорӣ. Як сомонӣ ҳақи касир. Дар як рӯз  мумкин 1000 чек шавад- 1000сомонӣ ҳаст. Корманди налоги ҷамоат меояд, ҷамъ мекунад. Аз сари 1000 сомонӣ 20 сомонӣ ҳақи худаш. Дар як рӯз 10.000 сомонӣ ҷамъ оварад, хона ба хона мегардад, 200 сомонӣ ба худаш кор мекунад. Раиси идораи налог хеши наздики СС.Ятимов аст.

Вақте ягон зарурат пеш ояду мехоҳӣ аз бонк доллар бихарӣ, мегуянд, ки нест. Фақат нест мегуянд.

Аммо дар як рӯз 10.000$ ба дасти онҳо бо пойи худаш меояд. Ба бизнесменҳои худшон медиҳанд. Аз мардум урусиву долларро қабул мекунанд, вале ба мардуми оддӣ намефурушанд. Аз ҳамаи корхонаву идораҳо пулҳояшонро дар  «Амонатбонк» месупоранд. Бо раисаш маслиҳат мекунанд. Онҷо бо чек месупорӣ. Фикр мекунанд, ки пулҳояшонро қонунӣ супориданд, дар асл фокус мекунанд. Пулро ба ту қимат мегуянд. Баъд, вақте ҳар ҳафта бо чекҳо меравӣ бо раиси Амонатбонк пулро ҷудо мекунаду мегирад. Инҷо ҳам фокус, онҷо ҳам фокус. Ҳаромро бо тамоми нозукиҳояш мехуранд. Коргаронаш соф бачаву духтарҳои ҷавон, бесавод. Бовар кунед. Хешбозӣ қатӣ давлатро пеш бурда истодаанд. Дар Фархор як заводи шебен буд. Ба СС.Ятимов «доля»-ашро надоданд, маҳкамаш кард. Дар Қаратов заводи хишти пухта карданӣ буданд. Тамоми таҷҳизоту асбобу олоти техникиашро бурда буданд. Ин палиди Эммануелро одамҳояш омада намонданд. Ҳозир ҳамаи асбобҳояшро Девонавеҳо дуздида фурухтанд. Ин мардум ободиро бинанд, дилашон мезанад.

Дар кучаи Мирзо Турсунзодаи Фархор як хлебзавод кор мекард. Раиси ноҳия тамоми девору плитаҳои калони онро канду ба як хуҷандӣ фурухт, сипас заминашро ҳам фурухт. Вазир омад лентаи мактаби Аловиддинро бурид. Аммо деворҳои як параи мактаб то курсиаш трешина дод. Дар ҳолати аварений қарор дорад. Сементу арматурҳои ин мактабро дуздиданд, сумро ба кисаҳояшон заданд. Ин корро бародари СС.Ятимов, Абдумумин, раиси Идораи ҷангали ноҳия ва яке аз наркобаронҳои Хатлон кард. Барои чи дар бари беморхонаи марказӣ як заправка ҳаст, ки имкону эҳтимоли таркидани он ҳам вуҷуд дорад, ҳамчуноне дар Панҷ рух дод. Бемору беморхона ба чи ҳол меуфтад.

  Хитоб ба президент. Камтар инсоф кун. Ба мардум ризқу рузиро Аллоҳ медиҳад. Аммо як одам сабаб мешавад. Ҳозир ҳамин сабаб ту метавонӣ бишавӣ.

Раиси ноҳияро, прокурорро, судро, молияро, ЗАГСро, коррупсияро, раиси ҷамоатро фармон бидеҳ, ки дар Фархор иваз кунанд. Фархориҳо то кай мисли ғулом пеши пойи инҳо дуқату чорқат мешавед.

Share This Article