Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №34

Ислоҳ нет

Дар ин навбати нашри «Номаҳо…», шумо, хонандаи азиз, мутмаин мешавед, ки чи тавр «Ислоҳ» беш аз пеш вориди хонаву корхонаҳои шумо мешавад ва дар зиндагӣ ва кору фаъолияти ҳаррӯзаатон ба мисли як рафиқи холису дилсӯз ҳамроҳӣ мекунад. Хонанда ва манобеи хабарии мо, бо мо акнун дар иртиботи ҳамешагӣ қарор доранд ва ҳар як барномаи моро пайваста ва бидуни танаффус ва таваққуф пайгирӣ мекунанд. Бо мутолиаи нашри навбатии «Номаҳо..» хоҳед фаҳмид, ки ҳамкорӣ бо мо на фақат мушкилоту норасоиҳоро бартараф мекунад, ҳамчунин ҷомеа ва мардуми дохилу хориҷи кишварро водор мекунад, ки дар гуфтани воқеиятҳо истиҳола накунанд, вориди амал бишаванд, чун қасду нияти ҳамаи мову шумо як аст: ислоҳи ҷомеа ва сохтани як давлати воқеан ҳам мустақили миллӣ:

                                         Бохтар   

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

 Баъди нашру пахши барномаи «Госпереворот», (www.youtube.com) мақомот сахт дастпоча шуда ба ташвиш монданд. Онҳо ба казарма гузаронида шуданд. Ҳоло инаш аз онашу онаш аз инаш дида истодаанд. Дар телевизиону интернет, фейсбук, инстаграм ва дигар шабакаҳо барномаҳои махсуси таърифи Пешво шуруъ шудааст. Хеле нигарону дар тарсу ваҳшат задаанд, ки «Ислоҳ.нет» то ба ин дараҷа вориди коргоҳҳову компютерҳои онҳо шуда сиру асрорашонро фош карда истодааст. 

Як маълумоти дигар омад, ки имруз ё пагоҳ бояд этапи махсус шаваду маҳбусонро ҷой иваз кунанд. Баъзе аз маҳбусонро аз Хуҷанд ба зиндонҳои Душанбе интиқол медиҳанду боз баракс аз Душанбе ба Хуҷанд. Он маҳбусоне, ки дар режими махсус шиштагианд, яъне «спецкритый, пожизненно», онҳо дар дохили СИЗО-и Душанбе муҳлати ҷазои худро мегузаронанд. Он маҳбусоне, ки дар дигар зиндониҳо ҳастанд, замоне, ки гуноҳ кунанд ё отрицал шаванд, онҳоро ба спецкритый мегузаронанд, ҳамчун ҷазо онҷо мебаранду ягон соли ҳукмашонро онҷо мегузаронанд.

 Ҳануз ин маълумот 100% нест. Аммо, ҳоло гап-гап аст аллакай баъзе маҳбусонро тайёр кардаанду бояд ба спецкритый интиқол диҳанд ва дар камераҳои пожизнениҳо шинонанд. Мо медонем, ки собиқ аъзои Ҳизби Наҳзат ҳам «пожизненный» ҳукм  гирифтагианд. Метавонанд, ба назди ягонтои онҳо ҳам дароранд. Нақша ҳама вақт як аст: «ҷанг шуд байни ду маҳбусу яке якеро зада кушт».

Чизи дигар ин аст ки мақомот бо фабрикаи ҷавоб ва агентурааш кушиш доранд, ки маълумотое, ки дар барномаи «Госпереворот» дарҷ шуд, онҳоро беасос ва сохта нишон диҳанд. Аммо сахт кофта истодаанд, то ки источникашро ёбанд.

                      Чоркӯҳ

 Аз Чоркуҳ мебошам. Ҳар ончи то ба имрӯз дар бораи Чоркуҳ барнома кардаед, ҳамааш саддарсад дуруст аст.

Бародар Муҳаммадиқбол, ман дар Ютуб ва Телеграмаи Ислоҳ обуна ҳастам.

  Ҳамон бачае, ки барои тамошо кардани Ислоҳ.ТВ аз вай 5000 сомонӣ талаб карданд, аз маҳаллаи мо буд, ин кор ҳақиқат дорад ва ман пурра шаҳодат медиҳам.

Дар пушти милисахонаи Чоркуҳ Ибодуло (оне, ки руймол мефурӯшад) як зан пули русӣ мебиёрад. Зан исрор ва илтиҷо мекунад, ки ба ман пули тоҷикӣ лозим. Дар ҳамон вақте, ки Ибодулло пули русиро мегирад, милисаҳои ғоратгар меоянд ва қариб 25 ҳазор сомонии Ибодуллоро кашида мегиранд. Ӯро ба воситаи ҳамин зан рӯирост подстава карданд. Пурра ба Ислоҳ боварӣ дорем ва ба шумо ончи мегузарад дар Чоркуҳ ҳатман менависем. Дигар ҳамаро фаҳмидем, кӣ ҳақ ва кӣ ботилу ғалатро бо чашмони сар дидем.

                        Шаҳритус

 Салом ба мардуми шуҷоъи Шаҳритус! Шумо, мардуми ғаюри Шаҳритус чаро дар бораи ҷинояткориҳо ва ҷинояткорон наменависед? Ин қадаре, ки шуморо ғам медиҳанд, ин бадбахтҳо, мо фархориҳо ҳеҷем дар пеши ноҳияи Шумо. Аммо шумо сокит ҳастед.

 Ман дар Шаҳритус хидмати аскариро ба ҷо овардам. Баъд аз итмоми давраи «учебка» рафтем Айвоҷ, тарафи сарҳад. Як ҷоро командир муайян кард ва мо бояд окоп мекофтем. Командир фармон дод, ки окопро бикобем. Ба кандани онҷо сар кардем.

 Ба Аллоҳ қасам шоҳидҳо хеле зиёданд. Вақте камтар кофтем аз таги хок мурдаи чандин одам баромад. Сарбозҳо баъзеяш аз тарсу ваҳшат девонакасал шуданд. Ман пурсидам, ки инҷо пештар мазор буд, чи? Гуфтанд, ки не. Гуфтанд, ки дар ин ҷо одамҳои Эмомалӣ муллоҳои гапзанро бегуноҳ меоварданд ва мекуштанд. Ҳам аз муллову муллобачаҳои таҳҷоӣ ва ҳам аз онҳое, ки мехостанд аз инҷо ба тарафи дигари сарҳад гурезанд. Он вақт сокинони ин маҳалҳову деҳаҳо гурехта Афғонистон рафта буданд. Вақте вазъияти ҷанг камтар тинҷ шуд як қисмашон бозгашта омаданд. Хонаҳои баъзеашонро сузонида буданд. Хонаҳои баъзеи дигарашро ғасб карда гирифта буданд ва дар даруни онҳо дигар одамҳо зиндагӣ мекарданд. Ман аз шумо пурсиданиам, ки чаро хапу хомӯшед, ҷинояткорҳоро ном ба ном ва бо ҷиноятҳояшон нависед ба Ислоҳ, ки ислоҳ шаванд. Каме бошад ҳам сари имону инсоф оянд. Бародарони шаҳритусӣ, як гап мегуям ки нанг, номус, виҷдон ва имонатонро каме бихезонед. Аз ин Эмоматапаку одамҳояш натарсед, ин шо Аллоҳ вақти инҳо буд шудагӣ.  

                                          Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Чанде пеш дар расонаҳо хабарҳое чоп гардида буд, ки ҳакерҳо ба компютер ва маълумотҳои пушидаи баъзе аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон даст ёфтаанд. Яъне шикаста даромада маълумот гирифтаанд. Ин хабар ягон ду моҳ ё як моҳ пештар буд. То ҷое ман шунидам он ҳакерҳоро пайдо кардаанд. Аммо бо онҳо чи муомила ва созише кардаанд, агарчи мебоист онҳоро ба суд мекашиданд. Чунки онҳо дуздӣ карданд ва амнияти иттилоотии кишварро рахна заданд. Онҳо12 нафар будаанд ва ҳамаашон маълум шудаанд.

Онҷо ду код (рамз) будааст ва боз барои муайян кардани номҳояшон 6 код ва ҳар яке аз кодҳо тақрибан 18 ҳуруф доштааст. Рахнаи компютерҳои мансабдорони тоҷик аниқаш 18 марти соли ҷорӣ сурат гирифта будааст. Бинобар хабаре, ки ба мо расид ҳакерҳо тавонистаанд, ки руихати кормандони КДАМ ва ВКД ва ҳамчунин зиндониҳои Тоҷикистонро ба даст оваранд. Ҳамчунин онҳо маълумотҳои махфии КДАМ ва баъзе нақшаву барномаҳои ин ниҳод барои ояндаро дуздидаанд. Коди компютри шахсии СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода ,раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазири корҳои дохилиро шикаста хеле маълумотҳоро ба даст овардаанд. Ва ин ҳакерон ҳамагӣ шаҳрвандони Русия будаанд ва гуё як сабаби ин кор –рахна кардани компютери мақомдорони тоҷик ин будааст, ки бо ин васила онҳоро водор кунанд, ки ба Раҳмонов барои ворид шудан ба ЕврАзЭС машварати мусбат диҳанд ва ташвиқ кунанд, ки пайваст бишавад.

                                          Айнӣ

Бародар Муҳаммадиқбол! Саломи моро аз ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ, деҳаи Рарз  бипазиред.

 Раиси ҷамоати мо Абдулаҳад Сангинов, раиси хоҷагии кишоварзии мо Абдулсамад Сангинов, сариқтисодчии колхози собиқ Энгелс Абдуҳамид Сангинов, директори мактаби миёнаи ба номи Пушкин Абдуваҳҳоб Сангинов ва муаллими ботаҷриба бесавод зинокор дорем.

  Сар мекунем аз мӯҳтарам Сангинов Абдулаҳад. Ин шахс бисёр боодоб, бо маърифат, хоксор, бисёр доно ва зирак вале ҳамзамон сахт дузд ва зинокор аст. Ин муҳтарами номӯҳтарам чандин сол дар ноҳия, дар хоҷагии Рарз  ва ҷамоати Рарз кор кардааст. Соле, ки дар хоҷагӣ кор мекард ба ғайр аз дуздӣ ва заминфурушӣ дар деҳа ягон хизмат накардааст. Як сол дар як шаб ба клуби деҳаи Рарз даромада

 трубаҳои гармидиҳандаро бо арраи оҳанбурӣ бурида вале дар роҳ ба даст ғалтид. Ду-се бародар ин дузди бе инсофро ба қап карданд. Ӯро дар дарахти садаи маркази қишлоқ сахт мебанданд ва то рӯз шудан интизор мешаванд, ки халқ биёяд, бинад, лекин сад афсус, ки бахташ баландӣ карду директори мактаби миёнаи Рарз Сангинов Муллонабӣ ва ронандаи собиқ колхози Энгелс Исмоилов Бобоаюб аз бачаҳо илтимос мекунанд, ки сараш диҳанд, “ айб аст”. Сараш доданд. Ин раиси мӯҳтарами номӯҳтарам аз ин хоҷагӣ чандин заминҳо ва корхонаи колхозро обу лой кард. Заминҳои наздиҳавлигияш ба фикрам ягон 6- 7 гектар  мебошад. Боз ин «бойбача» ҳар куҷо менишастааст, таъриф мекардааст, ки куҷо хоҳам онҷо медароям. Мақсад пеши духтаронро дар назар дорад. Ин мӯҳтарами номӯҳтарам раиси ҷамоати Рарз шуду халқро тохта гашт. Амак, тағо, ако шумо парво накунед, бачаи шуморо ба хизмат намегиранд гуфта худаш рафта адресҳои ин бачаҳоро ба военкомат медодааст.

Дар масъалаи баргузории тую сур ҳам худаш иҷозат медодасту мегуфтааст, ки марҳамат маъракаҳоятонро гурзонед. Баъд ҳамон бегоҳ занг мезадааст ноҳия: – «биёед фалон кас қонуни танзимро вайрон кард». Омада ҷарима мекардаанд. Помошҳоро ҳам бо ҳамкоронаш обу лой мекунад. Боз як сол шабона дар деҳаи Рарз аз хонаи собиқ раиси хоҷагии Рарз бо қаровул гапзанон карда фанерҳои ин раисро медузданд, Аммо боз ба даст меғалтад.

Ин чи хел раиси ҷамоат буд, ки дуздӣ мекарду боз дар байни мардуми деҳа ман Раис гуфта мегашт. Инҳо се бародаранд, якеашон муаллими бесаводи зинокор Самад Сангинов аст. Ин ҳамон муаллиме аст, ки бо шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» баҳс карду гуфт, ки ман аз маркази ноҳияи Айнӣ мебошам, айнӣ тинҷ аст. Аммо ҳоло ин номаро бихонаду фаҳмад, ки дар мактабҳои ноҳия ба ҷои таълим доданд муаллимхо ба корҳои ношоиста зинокорӣ, майнушӣ, дуздӣ ва помошфурӯшӣ машғуланд.

 Душанбе

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Дар шумораи 31-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» хабаре чоп шуда буд, ки мегуфт Раҳими ғармӣ ҷиянаш Шерзодро, ки набераи генерал Мирзохуҷа Низомов, раиси собиқи Кумитаи гумруки Тоҷикистон аст бар ивази 500.000 доллар аз дасти мақомоти Тоҷикистон харидааст. Гуё мақомот ӯро барои дуздии мағоза муттаҳам карда бошанд. Аммо ин хабар сиҳат надорад. Балки комилан баракс аст.

  Шерзод дар Екатеринбург ҳамроҳ бо модараш кор мекрад. Модараш дар дигар шаҳр вале худи Шерзод дар магазинҳои Бегиҷон, бародари Раҳими ғармӣ кор мекард. Бегиҷон маълум мекунад, ки Шерзод аз мағозаҳояш ба  маблағи ним миллион доллар дуздӣ кардааст. Шерзод ин корро хушӣ ба хушӣ ҳал кардан намехоҳад ва Бегиҷон маҷбур мешавад, ки тавассути УБОП ӯро ба Душанбе оварад, то инки битавонад маблағи дуздидаи ӯро рӯёнад. Модари Шерзод маҷбур мешавад, ки ҳама чизу чораашро фурӯшад ва аз шиносҳояш пул ҷамъ карда 500.000 долларро ба Бегиҷон баргардонад. Шерзод ин миқдор маблағи бузургро пеш-пеш яъне ҳаррӯз медуздидааст. Бародари Раҳим, яъне Бегиҷон пайи дигар кор мешаваду Шерзодро дар ҷойи худаш ба мағозаҳо раис мемонад. Аммо, Шерзод даст ба дуздӣ мезанад. Хуллас, меоранду дар СИЗО маҳкам мекунанд. Ва, модараш ин пулро бурда ба Бегиҷон медиҳад ва онҳо аз даъво даст мекашанд.

  Шояд ин кор ранги дигар мегирифт. Ва, Бегиҷон аз баҳри ин пул мебаромад. Бегиҷон ба хоҳари Шерзод хостгор мемонад. Мехоҳад, ки зани чорум бигирад. Аммо хоҳари Шерзод ва модари Шерзод розӣ намешаванд. Модари Шерзод мегуяд, ки ман чи гуна духтари худамро бурда ба болои хеши худам ба Бегиҷон диҳам ва ба рӯи вай чи тавр нигоҳ кунам? Чунки зани якуми Бегиҷон хеши наздики модари Шерзод будааст.

Бегиҷон ҳам барои онки хоҳишаш рад шуд, Шерзод ва модарашро «наказат» кард.

 Аммо Шерзод баъди баргардонидани ин миқдори бузурги маблағ ҳам раҳо намешавад. Ҳотам Назаров, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд, то доляи маро надиҳед ман ӯро озод намекунам ва модари Шерзод маҷбур мешавад боз 30.000 доллар ба Ҳотам Назаров, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон пора диҳад, то санади раҳоии Шерзодро даст монад.

  Асли воқеияти моҷарои Шерзоди набераи Мирзохуҷа Низомов ҳамин аст ки гуфтем. Яъне Раҳими ғармӣ ӯро озод накардаааст, балки бародари Раҳими ғармӣ ӯро шинонд. Вале дар ин миён Ҳотам Назаров аз ҳаво пул кор кард. Агар 30.000 долларро намедоданд, ҳоло Шерзод дар маҳкамаи адолати Раҳмонв маҳкам буд.

                               Фархор

   Дод, сад дод аз дасти Ғафуров Муслиҳиддин маъмури идораи андози ноҳияи Фархор. Ин нафари ҳаромхур мардумро, агар «доля»-ашро надод ягон сабаб меёбаду ғам медиҳад. Агар, яке бигӯӣ, ки «тъ киӣ, мега ма таға дорум. Рустами Эмомалӣ тағамай, габзанта м…м. Бо карупсияда одам дорам, такшто даводавиҳои ту бефойдаҳай, доляра биёр»

Мағозаҳо ғайр аз налог боз «доля» медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмонов, ту мегӯӣ, ки хоинҳоро бо фармони ман паронидем. Ана, ин аст хоин. Дар Идораи налоги Фархор гаштаст. Масъалаи ин хоинро именно худат бубин Эмомалӣ. Чунки, ӯро, агар ин сагҳоят биёянд, ҳеҷ коре намекунанд. Ба онҳо аз сумҳои дуздиаш медиҳад, масъала ҳал. Ва, боз ҳамон ҷинояташро содир карда мегардад. Агар масъалаашро намебинед, тамоми дуздиҳову дуздҳои Фархорро ном ба ном менависам. Аз шумо ҳаромхурҳо безор шудагием. Ҳаром мехуред, тағабозӣ мекунед.

 Акаи Муҳаммадиқбол!  Ҳоло баъди барномаҳои шумо дар Фархор кам-кам пешравӣ шуда истодааст. Чанде аз милисаҳои порахурро аз вазифаҳо гирифтанд. Сардорашонро ҳам гирифтанд. Ин Агроинвестбонк ҳоло ҳам пулҳои мардумро надода истодааст. Бениҳоят ҳаромхурӣ карда истодаанд. Вале, касеро, ки номҳояшон дар барномаҳо рафт, алҳамдулиллоҳ, проблемаашон карда истодаанд. Ислоҳ ба пеш, нависандаҳои номаҳо аз Фархор, ба пеш!

 Ҷиноятҳои корхонаи ДЭУ-и Фархор хеле зиёд аст. Ин корхона чанд адад трактори калон дорад. Трактори майда, тележка, асфалтхобонак ва битумкашӣ. Бисёриаш вайронанд. Аммо дар асл вайрон нестанд. Ман шоҳиди онам ки аз ин корхона мехлапат омад. Кори одамонро бо пули гарон иҷро мекунад, аммо сум ба ҷайби раису муовинаш меравад. Дар асл солярка давлатӣ, трактор давлатӣ вале раисаш як бесавод аст. Муовинаш Сайфиддин Сафархонов аст, бениҳоят ҳаромхур, эҳтиёткорӣ мекунад. Техникаи давлатиро ба корҳои шахсии худаш равон мекунад. Дар асл роҳҳои калони Фархор вайрону валангор аст.

Ман чанд вақт дар онҷо кор кардам. Фақат хайркунандаву садақадиҳандаҳоро нигоҳ мекунанд, ки кай меоянду роҳро асфалт мекунанд ва мо ҳам аз лаби он бидуздем. Барои чи солякаро мефурушанд? Барои чи СС.Ятимов мехлапатҳоро ба кори шахсии худаш истифода мекунад ва он ҳам бо соляркаи давлат? Худи Эмомалӣ дар як баромадаш гуфта буд, ки 100 сомониро коррупсия меқапад, зуд дар телевизор мегуяд, аммо дуздиҳои калонро намебинад. Ман инҷо гапи худи Эмомалиро ба худаш гуфтаниам. Э, подшоҳи олам, мо дуздҳоро қапидем, биёву бигирашон. Миллионҳо кило битум ба яғмо рафта истодааст. Вале, ҳайф, ки ту пиён ховӣ. Як одамҳои дурустро равон кун, бисанҷанд, инҷо ғорати молу мулки давлат ба дараҷаи охир расидааст. Фархорро соф ба дасти дуздҳо супоридаӣ. Тракторро акт мекунад, меистад яксол, тамом сраза мефурӯшад. Раиси ҷамоати Ватан ба 3 миллион сомонӣ як кран оварда буд. Як сол кор кард, насосаш сухт. Насосаш 30ҳазор сомонӣ будааст. Аммо дар асл вайрон набуд, акташ карданду фурӯхтанд.

  Раиси ДЭУ ранге, ки мурғҳоро дон медиҳӣ, ҳамин хел чуқуричаҳои асфалтро асфалт мерезад, поргӣ мекунад, барои ҳамин тамоми мошинҳо ходовояшон вайрон аст. Налоги мошинҳо миллионҳо сомонӣ мешавад. Аммо он миллионҳоро дар Варзоб бурда кайфу сафо мекунанд. Эй, беинсофҳо, беимонҳо ақалан як ҳиссаашро сарф кунед. Ҳаром мехуред ҳалолхро суд мекунед. Барои чи прокурор нигоҳ намекунад?

   Иброҳимзода Сунат, ҷияни СС. Ятимов чандин сол шуд судя кор мекунад. Чаро дигар ҷо равон намекунед. Барои он ки ҷиян аст. Безор аз ҳамин Иброҳимзода шудагием. Э,Эмомалӣ ту соф дуздҳоро, судяву милисаву кгбеву прокурор мондаӣ. Қабри худатро бо дастони худат канданиӣ чӣ? Инҳоро дигар ҷо равон кун. Агар равон накунӣ, маълум мешавад, ки ту аз инҳо «доля» мегирӣ.

 Як мисоли дуздии Иброҳимзода Сунат ва прокурорро мегуям. Фермаи калонтарини гов дар Фархор, дар деҳаи Баҳор ҷойгир шуда буд. Аввал раиси ноҳия деворҳои сементии онро бо ҳамроҳӣ ва дастгирии Абдумумин Ятимови бародари СС.Ятимов  ва Иброҳимзода Сунати ҷияни СС.Ятимов ва прокурор. Ҳозир шуруъ кардан ба фурӯхтани заминҳои ин ферма. Қаравулхонаашро 40.000 сомонӣ ва як навесашро 50.000 сомонӣ фурухтанд. Фарҳод аз ҳамаи ин шуримуриҳо бохабар аст. Хонааш дар бари ин ферма аст. Ҳар 6 сотих замини ин фермаро 30 то 50 ҳазор сомонӣ фурӯхта истодааст. Ман коргари ҳукмати ноҳияи Фархорам, дар маркази ноҳяи зиндагӣ мекунам. Як бародар гуфта буд, ки бачаҳои район худатонро шер мегиред, мо шерем, шер мемонем, мегуед, ку, шериатон? Аммо ман гуфтаниам, ки мо бо дигар роҳ мубориза мебарем. Эмомалии таппак ждат кун. Бачаҳои район хомӯш наистед.

                 Данғара

Салом алайкум бародари гиромӣ Мухаммадикболи Садриддин. Барои заҳамоте,  ки барои озодии ин миллат ва ватан мекашед ба шумо сипос мегуем. Ҳамарӯза овозаи корномаҳои шуморо дар идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ мешунаванд ва муҳокима менамоянд. Шумо дар баробари ҳукумати даруни қавс ( пуриқтидор)-и ҳукумати худкомаи Раҳмонов ҳамчун  устухон дар гулу ҳастед. Ҳамарӯза дар тамоми корхонаҳо аз шунидани барномаҳои шумо мардумро тарс медиҳанд, вале хушбахтона дигар замони тарсу ҳарос гузашта. Мақомоти амниятӣ ва милитсия, ки  бо тамоми қудрат аз хонаводаи Раҳмонов пуштибонӣ менамоянд дигар хаста шудаанд, ки дар баробари шумо муқовимат намоянд. Ман имрӯз намехоҳам дар бораи Раҳмонов ва хонаводаи нопоки ӯ  сухан ронам, дар ин бора бисёр шунидаед. Ман имрӯз аз дасти милитсияҳои золими  ноҳияи Данғара нақл менамоям. Сардори шуъбаи милитсия ноҳияи Данғара Алишер Неъматов субҳи барвақт тамоми  кормандони милитсияи дар ихтиёраш бударо рост карда гуфт.  Очаи ҳамата фалон мекнм агар то бегоҳ гунаҳгора наёфтен. Рӯй рост мегуяд бояд, то бегоҳ натиҷаатон дар кабинет бошад. Ҳар касе набошад бояд маҷбур карда гуноҳро ба гарданаш бор кунед. 

Гап дар инҷост, ки аз  заминҳои пахтаи дар ихтиёри хитоиҳобуда чанд метр шланги обие, ки фарсуда шуда буд, гум шуд. Хитоиҳо ба сардори милитсия шикоят намуда хостанд то дузди чанд метр шланги фарсуда пайдо гардад ва илло ба зинаҳои болотар шикоят менамояд. Сардори милитсияи нохияи Данғара Алишер Неъматов  очаи ҳамаи милисаҳои «гунгу кар»-и худро дашному таҳқир карда гуфт: факат то бегоҳ фурсат доред, бояд нафаре, ки чанд метр шланги хитоиҳоро дуздидааст, пайдо шавад.

Ахиран милитсия як нафари бегуноҳро  бо туҳмати дуздии шланги фарсудаи хитоиҳо боздошт намуд. Шахсе, ки ӯро дастгир намуданд, тамоман бегуноҳ буд. Ҳарчанд ӯро маҷбур карданд, гуноҳи нокардаашро ба уҳда нагирифт. Азобу шиканҷа ва бадрафтории милитсияҳои золими ноҳияи Данғара ба кор нарафт. Ин нафар гуноҳро ба гардан нагирифт, ки нагирифт. Вақте ӯ ба гардан нагирифт ӯро дар дохили шуъбача  ба утоқи дигаре ворид намуда ба таври ваҳшиёна сару либосашро аз танаш бадар намуданд, лухти модарзод карданд. Ҳарчанд доду фарёд кард бе фоида буд. Либосҳояшро дар танаш даронда голий карданд. Сардори шуъбаи милитсияи нохияи Данғара Алишер Неъматов бо марди қоматбаланди дигар, ки мисли деви афсонавӣ буд вориди утоқ шуда гуфт: мана ҳамин аст гир фалон кнша. Ё ба гардан мегирӣ ё як умр расво мегардӣ. Алишер Неъматов барои ёфтани  дузди шланги хитоихо инсони комилан бегуноҳро ба чунин рӯз овард. Марди девҷусса хост  ба кор шуруъ кунад. Ин писари бегуноҳ дигар роҳи илоч наёфта дод мегуфт. Марди педофил хост даст ба кор шавад, аммо  ин фарзанди бегуноҳ ахиран дод мезад, ки ба гардан мегирам, ба гардан мегирам, ба гардан мегирам накунед. Ин амал  яке аз садҳо амалҳои зишти Алишер Неъматов аст, ки дар болои шахси бегуноҳ дар ноҳияи Данғара раво дидааст, то як хитоии  заминдори Данғара аз ӯ рози бошад. Ин писари бегуноҳро ба СИЗО-боздоштгоҳи муваққатӣ бурда муддати зиёд маҳкам карданд. Хостанд ӯро ҳукми сангин дода равонаи зиндон намояд. Вале нохудогоҳ дузди аслиии шланги хитоиҳо ёфт шуд. Аз кадом роҳу услуби дигар кор гирифта дузди аслиро пайдо карданд. Ин ҷавони комилан бегуноҳро аз СИЗО озод карданд. Дузди аслиро барои як сол дар зиндони Ёвон шинонданд. Ин ҳама беинсофӣ зулму ситами милитсияҳои ноҳияи Данғара ва махсусан сардори он Алишер Неъматов маро ором намегузошт. Ман ҳамарӯза кору бори ин марди бетинати фоҳиши авбошро дидаам ва шоҳиди ин ҳама зуроварӣ ва буҳтону зулми бевоситаи ӯ будаам. Ман бояд аз ӯ қасд мегирифтам, бале қасд. Уголовники машҳур бо лақаби “сиёҳ” яке аз сарсупурдаҳои Алишер Неъматов мошини 60.000 сомонаи опели нав харидорӣ кард. Ин опелро нахарид, балки ба таври маҷбурӣ ба даст овард.

   Як хонаводаи нав аз Русия омадаро тарс дод ва кадом гуноҳи набударо ба гарданашон бор кард ва пули як опели 60.000 сомониро аз ин хонавода ситонид.

Ҳар бор, ки ин опелро дар саҳни шуъба медидам ба худ мегуфтам “ин набояд насиби ту шавад”.  Пули ба туҳмат ба даст овардаи ту набояд туро барои ҳамешагӣ саргарм намояд. Оташи хашму ғазабам боло гирифт. Шабонгоҳ якуним литр бензин гирифтам ва ба суи хонаи угловники сиёҳ раҳсипор гаштам. Маҳаллае, ки уголовники “сиёҳ” дар он зиндагӣ менамояд, комилан торик буд. Тирезаи ақиби мошинро бо як зарба шикастам ва бензинро ба даруни опел чош додаму бо гугирд оташро равшан намудам. Он лаҳза хашму ғазабам ба андозае боло буд, ки чи гуна дар шаби гурехтан ва то қуллаи куҳ рафтанамро намедонистам. Аз дур медидам, ки опели ба зулму ситам ба даст овардаи  уголовники “сиёҳ” чи гуна ба коми оташ рафт. Дар як лаҳза тамоми мардуми деҳа ҷамъ шуданд, вале коре аз дасташон наомад. Опел кайҳо ба хокистар табдил шуда буд. Мардум ҳам зер лаб  мегуфтанд: оҳи кадом бечора ба мошини уголовники сиёҳ расид. 

Боз мегардем ба сар ҳикояи  аввал-Алишер Неъматов.  Алишер Неъматов пеш аз онки сардори шуъбаи милитсияи ноҳияи Данғара таъин шавад, чанд бор бо ҷурми дуздӣ ба ҳамин шуъба оварда шудааст. Яъне ӯ аслан дузд аст, ки ба вазифаи сардори шуъбаи милитсия ноҳияи Данғара таъин шудааст ,албатта бо роҳи пора ва тағобозӣ. Акаи ҳамин Алишер Неъматов ронандаи Алиматовҳо буд. Ҳар вақт,  ки ӯро бо ҷурми дуздӣ дастгир мекарданд, акааш бо як занг задан озодаш мекард. 

  Алишер Неъматов баъди сардори шуъбаи милитсия ноҳияи Данғара будан ба вазифаи сардори шуъбаи милитсия ноҳияи Вахш гузашт. Ёд доред, ки чи гуна дар шаби соли нав дарахти арчаи соли навӣ дар ноҳияи Вахш оташ гирифт. Алишер Неъматов он замон аз Данғара ба Вахш интиқол дода шуда буд. Умедворам бародар ин навиштаи ночизи маро расонаӣ намоед, то мардум донанд, ки имрӯз дар ватани азиз дуздхои бо таҷриба ҳамагӣ сардори шуъбаи милитсия шудаанд. Ба умеди озодии ватани ситамдидаамон.

Корманди ғайриштатии “Ислоҳ”  дар  шуъбаи милитсия ноҳияи Данғара.

Share This Article