Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №35 

Ислоҳ нет

 Чуноне худи шумо ҳам мутаваҷҷеҳ мешавед, мазмуну муҳтавои «Номаҳо..» ҳам дар ин авохир бештар хусусияти сиёсӣ касб карда истодааст. Ҷомеа кайҳо фаҳмидааст, ки тамоми мушкил дар Тоҷикистон сари як кас ва як оила аст. Аммо, ҷое,минбаре барои ибрози ақидаву андеша надошт. Ҳоло, ки доранд, беш аз пеш дил холӣ карда истодаанд ва ҳатто кормандони мақомоти амниятӣ ҳам, ки гумон мекардем ҳамаашон чоплусҳои Раҳмонованд, бо ирсоли номаҳо норозигии худро баён мекунанд:

                                         Душанбе

Мо як гурӯҳ кормандони КДАМ ин номаро ба шумо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири шабакаи «Ислоҳ.нет» равон мекунем. Мо солҳост мушоҳида карда истодаем, ки танҳо шумо мухолифон гапи ҳақро гуфта ва ба доди халқи мазлуми Тоҷикистони расида истодаед.

Се даҳсола мешавад, ки ҳеҷ нафаре пайдо нашуд ин ҳама ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмонов ва дастаи ҷинояткори ӯро фош ва мардумро огоҳ кунад. Эмомалӣ Раҳмонов дар 30 соли ҳукмрониаш Тоҷикистонро аз ба ҷои пеш бурдан баръакс ба солҳои 1900 –и асри 20 бурда расонд. Аммо барои дар чашми мардум хок пошидан дар Душанбе як миқдор биноҳои баландошёна бунёд карду халос. Мутаассифона, як қисми мардум фикр мекунанд, ки ин ҳама биноҳоро Эмомалӣ аз ҷайби худаш сохтааст, аммо диққат диҳед,ки биноҳо аз ҳисоби тоҷирону бизнесменҳо сохта мешаванд. Баракс,ин аз дасти нафси бади Эмомаливу Рустами герчики писараш аст ки нархи хонаҳо хеле гарон аст. Чунки рустам барои ин хонаҳо ва иҷозати сохтани онҳо ва маҳалли бунёди онҳо, яъне замине, ки барои сохтусозашон ҷудо мекунад, пули калон пора мегирад.

 Бубинед, ки Тоҷикистон аз ҳисоби захоири энержӣ дар мақоми хеле боло, дар мавқеи даҳ кишвари аввал қарор дорад.иАммо то ҳол мардуми тоҷик барқи доимӣ надоранд ва болои ин барқро ба 27дирам кв/соат бурда расонд. Сабабашро медонед, ки дар чи аст? Сабабаш дар он аст ки барои мардумро зери контрол гирифтан бояд халқро ҳамавақт дар як мушкилӣ дучорашон кунанд ва вақте пай мебаранд, ки дигар косаи сабри халқ лабрез шуд, барқро боз ба мардум медиҳанд ва баъд ҳукумат забонаш дарозу мегуяд, эй мардум боз  чи мехоҳед? Ана, кушиш кардем ва барқро бароятон муҳайё сохтем. Ва баъди чанде боз ҳамон нақшаашонро такрор карда аз моҳи октябр то моҳи май барқро хомӯш мекунанд ва чи хеле ки мегуянд,як тиру се нишон.

Яке аз аҳдофи ҳукумат аз ин кораш ин аст ки бояд ҷавонҳоро нисбати Тоҷикистон дилхунук кунанд, то ки фикри дар Тоҷикистон истоданро накунанд ва ба Русия ба муҳоҷират раванд. Аммо ҳукумати Эмомалӣ фикри онро намекунад, ки ҷавонҳое, ки нав ба 18 қадам монда бояд ширинии ҳаётро бинанд, дар ҳаёте, ки як бор таваллуд мешавӣ ва як бор вафот мекунӣ,мисли бачаи одам зиндагӣ кунанд, умри ҷавони худро дар пеши падару модар ва дар пеши зану кудакҳояшон гузаронанд, чаро то пири фартут шудан дар ғарибӣ ва муҳоҷират бошанд. Лекин ҷавонмарди тоҷик баъди хатми мактаб ҳаёти ғуломиаш сар мешавад ва дар Русия дар хунукиву сардӣ кор мекунад ва аз дидори падару модар маҳрум мешаванд ва аксарияташон ҳатто дар марги падару модарҳояшон омада наметавонанд. Қисми дигарашон зан гирифта як ҳафта ҳамроҳи занашон зиндагонӣ карда боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта 2-3 сол имкони омадан надоранд ва оқибати ин ҳама исботи худашро ёфт. Ва қисми дигараш дар муҳоҷират ҷонро ба ҳақ медиҳанд ва мемиранд. Ҳар сол зиёда аз 1-2 ҳазор муҳоҷир дар Русия кушта ва аз баландошёнаҳо афтода мемуранд ва падару модарон дар ғами фарзанди ҷигарбанд афгор мешаванд. Валлоҳ аз ин ҳама мусибати бар сари мардум омада Эмомалӣ парвое надорад ва баръакс хушаш меояд, ки бинед, ман барои беҳбуди халқу миллат ҳеҷ коре накардаам ва боз ҳам маро аз падару модарашон зиёдтар дӯст медоранд.

   Дуруст аст ки дар ҳамаи мамлакатҳои руи дунё муҳоҷират ҳаст ва вуҷуд дорад аммо то ин дараҷа не. Инҷо барои чоплусҳо мехоҳем бигуем, хуб диққат диҳед.

Шумо дову даҳана, сарвату савлати 500-600 нафари ҳукуматиҳо, бачаҳои вазирҳо, авлодони Эмомалиро дида хулоса набароред, ки Тоҷикистон тинҷ, ҳама хуб.Аҳолии Тоҷикистон ба 10милллион расидааст ва аз ин шумора шояд наздик ба 400.000 дар Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунанд, ки як қисмашон дар муассисаҳои давлатӣ ва 70% дигараш ба деҳқонӣ машғуланд. Замин ва об доди Аллоҳ таъолост ва мо набояд шукри Эмомалӣ кунем,вақте  мегуяд,ки дар давраи СССР мардум ин қадар замин дошту ҳоло дар давраи ман ин қадар замин ба мардум дода шуд. Ин замин моли Эмомалӣ ва падари вай нест. Аз ин шумор аҳолӣ 4 миллион кудак ва пирсолонанд. Мутаваҷҷеҳ бишавед. Диққат диҳед. Тибқи омору маълумоти дар ихтиёри КДАМ буда феълан теъдоди муҳоҷирони корӣ аз 2.5 миллион бештар аст.

  Ана ҳамин 2.5 миллион 7 миллионро мехуронад.

На маоши муаллим, на маоши табиб, на маоши корманди милисаву амнияту прокуратура ва раиси як ноҳия худаш ва фарзандонашро хуронидаву пушонида наметавонад. Ин корграони мақомот ҳатман ришвату пора мегиранд, муаллиму духтур ҳатман бачаҳои дар Русия доранд, албатта духтурҳо ҳам мегиранд. Аммо мардумро ҳамин кормандони ҳукумату мақомоту дигару дигарашро ҳам ҳамин муҳоҷирҳо хуронида истодаанд. Онҳо ҳастанд, ки пул оварда истодаанд. Оё шумо фаҳмида истодаед, ки аз ҳукумати Эмомалӣ барои мо ягон фоидае нест? Вақте барои мо шароит ва ҷойи кор таъмин карда наметавонад аз он барои мо -мардум чи суде? Дар соли омадани коронавирус, ки як сол идома кард ва марзҳо баста шуданд, исбот шуд, ки мо чи қадар аз Русия вобаста ҳастем? Мо вобастигии калон дорем.

Дар як соли маҳкам шудани марзҳо чихел мардуми тоҷик қашшоқ шуду дуздиву ҷинояткорӣ авҷ гирифт. Маҳз ҳамин муҳоҷирон буданд, ки дар сахттарин шароити кору зиндагӣ дар Русия боз ҳам пул кор карданду ба наздиконаш фиристоданд, то ки аз гуруснагӣ наҷот ёбанд. Вале ба ин ҳама мушкилоти миллат Эмомалӣ парвое надорад. Чунки вай бо ифтихор ба  СС.Ятимов мегуфтааст, ки «алови чашми мардумро гирифтем ва ман бояд дар таърихи инсоният фаромушнашаванда бошам ва ҳукумронии ман ва писари ман дарозмудаттарин сулолаи ҳукммронӣ бошад ва ман намегузорам тақдири ман мисли Гитлеру Сталин шавад».

                                  Қубодиён

  Салом устод, муборизи роҳи ҳақ. Ман як сокини ноҳияи Қубодиён. Имрӯз мехоҳам дар бораи мушкилоти Қубодиён бинависам. Аксарияти пизишкони ноҳияи мо бесаводанд. Як апендитситро дуруст ташхис ва табобат карда наметавонанд. Як бачаи бародарамро 7маротиба бемористон бурдем. Мо худамон мегуфтем,ки аз дирӯз,як шабонарӯз мешавад, ки шикамаш дард гирифтааст, пеши духтури бачагона бурдем. Узбек буд духтур чизеро намефаҳмид.

Чанд доруву сузандору навишт, аммо ҳеҷ фоидааш накард.

Соат ба соат дард сахттар мешавад, аз дарди сахт рангу руяш мепарид. Дард оҳиста-оҳиста аз ноф ба як бараш гузашт. Мо худамон фаҳмидем, ки апендитсит аст. Аммо ин духтури лаънатӣ не мегуфт. Падарам рафта сардухтурро фарёд кард, ҷангаш кард, ки шумо чи хел духтур ҳастед? «Ман набераамро 7 бор шуд, меоварам, маълум аст ки апендитсит аст ин кудак. Ман мефаҳмам вале шумо намефаҳмед». Дигар духтурҳо даступо хурданд.

 Падари ман корманди давлатӣ аст. Аммо вазифаашро намегуям. Беморро мебаранд утоқи амал-ҷарроҳӣ. Агар як дақиқа таъхир мекард, дер мешуд, апендитсит мекафид. Ҷарроҳияш карданд. Маълум набуд, ки ба чи вазъе меафтоду ба чи ҳоле гирифтор мешуд.

  Табибони ноҳияи мо 80% узбекҳоянд. Як хелаш тоҷикиро дуруст гап зада наметавонад. Вале боз сахт миллатчианд.

Узбекистон дар ноҳияи мо беморхонаи калони зебову замонавӣ сохт. Дар Душанбе мисли ин беморхонае нест. Сифати сохтмон, тарҳи он хеле хуб аст. Аммо ягон духтури ҳирфаӣ нест. Мо сокинони Қубодиён ҳама вақт ба Душанбе меоем, чунки дар Қубодиён духтури мутахассис нест. Бовар кунед, занам 3моҳа ҳомила буд. Рафтем беморхона. Саломатиаш сахт безеб шуд дар беморхона. Дар дами дар одами бисёр. Як ҳамшира берун баромад, узбек. Бо узбеки сухан мекунад, касе чизе намефаҳмад. Ман узбекиро мефаҳмам. Вай гуфта истодааст, ки «мо имрӯз намебинам, пагоҳ биёед». Ман гуфтам охир занам саломатиаш хуб нест, як бинед меравем. Мо маҷбурем омадем, вагарна аз афти ту безорем. Боз гуфт, ки «акаҷон имрӯз намебинем, наврузияй вихаднояй пагоҳ биёед»  гуфта дарро сахт пӯшид.

   Ёдатон бошад Далери Эмомалӣ, ки пеши Бек Сабур даромаданӣ шуда буд, як беваи сиёҳ баромада «дара маҳкам пушида равед», гуфта буд. Ба мо ҳам ҳамин хел муносибат карданд. Омадем хона. Саҳарӣ хестем, ки зан аллакай кудакро ғалтондааст. Шояд агар духтурҳо зудтар медиданд, доруву тадовӣ мекарданд ё ягон сузандору тавсия мекарданд, ин хел намешуд, кудак зинда мемонад. Дар беморхона табибҳо  ба занам тамоман нигоҳ накарданд. Бовар кунед, пул додӣ нигоҳ мекунанд, надодӣ, агар ҳамонҷо бимирӣ ҳам нигоҳ намекунанд. Ман гуфтам ҳамроҳашон ҷанг кунам вале боз фикр кардам, ки занамро ба ягон бало гирифтор накунанд, ки дигар умуман ҳомила нашавад. Чи қадар пуле, ки гуфтанд зиёдтар додам. Баъд овардем хона.

  Мутаассифона бархе аз ин узбекҳои ҷойи мо мегуянд, ки як бори дигар ҷанг шавад ин тоҷикҳоро аз соли 92 -93 бадтар мекунем. Мо, то солҳои 2000-2003 аз онҳо метарсидем. Ҳақоратамон мекарданд, мезаданд, мегуфтанд, ки дар вақти ҷанг аз Қубодиён рафтед, боз куҷо омадед? Солҳои 93 чанд ҷавоне монда буд инҳо бо сим ба столба баста бо сад азоб куштанд. Як ҳамсояамон ,ки тоҷик куштагӣ аст як рӯз бибиям нақл мекунад ҳамон солҳои ҷанг дар хонаашон ба чизе меравад, ҳамсоямон либосҳояш пури хун. Бибиям хона меояд ранги руяш паридагӣ, як ҳафта касал мешавад. Ман дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар барномаҳои баъдӣ боз менависам.

                                              Тула

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

 Ман ба шумо бо забони русӣ навишта равонатон мекунам, шумо бошед онро дар барномаатон қироат кунед. Метавонед, ин номаи моро «Шикоят аз узбекистониҳо» ном гузоред. Аз узбекистониҳое, ки дар дасти Икроми золим кор кардаанд. Аксашро равонатон мекунам. Икром аз Душанбе аст. Вай ин одамҳоро кор фармуда аммо музди корашонро надодааст. Хонааш дар деҳаи Деҳқонободи Рудакӣ аст, ҳоло он дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии Душанбе гузаштааст.

Ассалому алайкум уважаемый Мухаммадикбол,мы узбекистанцы очень давно смотрим ваши ролики о проблемах и жалоб народа: «Номахо аз нохияхо».Мы тоже хотели вам сказать кое что о Икромжон Хасанов. Он работает в  в Туле район Серпухов и у него в руках очень много народ работает из Таджикистана и  из Узбекистана, потом он ни кому не дал деньги. Все мы ушли от него. У нас даже диктофон записи ест его. Если понадобится мы отправим вам.

 Уважаемый Мухаммадикбол ака! Мы узбекистанцы не зная попали ему в руки и ошиблись.Пожалуйста скажите ему пуст он вернёт наши деньги. Своих земляков тоже пуст даст он. У него 2сына ест. Одного зовут Илхомжон и второго Мухаммаджон.

  Я узбек из Узбекистана, у меня 6 детей, я не скажу своё имя. Пуст это будет секрет.

Номаи шикоятии дигар аз Икромҷон Ҳасанов аз Тоҷикон

Ин ҳаромхур хело золим аст бовар кунед ин аз Душанбе аст.

Вай 20 ҳазорӣ бо мардум договор карда вале тирамоҳ, вақти омадан мегуяд, ки пул надорам, банкрот шудам. Бачаи хурдиашро туй кард, як туйи бисёр ҳам бодабдаба. Албатта,ин аз пули мо аст. Ман худам дар таги дасташ кор кардам. Пули корамро надод.

  Ин одам Икром Ҳасанов ном дорад. Ин ҳам мо-ҳамватанони худаш ва ҳам мардуми бечораи ба умеди як луқма нон ба инҷо омадаро кидат кард. Ду духтар ҳам дорад. Яктоаш дар фотиҳа аст ва духтари дигараш шавҳар дорад. Тамоми наворҳои фиристодаи моро гузоред, ки ҳама бинанду аз кӣ будани вай огоҳ шаванд ва шармандагиаш барояд.

     Айнӣ

Ба номи худованди бахшояндаву мехрубон. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Акаи Муҳаммадиқбол умедворам хуб ҳастед.

  Латифов Раҷаббой ва Қурбонов Саидқул. Аз дасти ин ду шахс бисёрии мардуми деҳаи Фатмеви ҷамоати Рарз озору азият дидаанд. Ва имрӯз ҳам Раҷаббой ҳамин корашро давом дода истодааст. Ин марди разил шахсе мебошад,ки то имруз ба монанди мард дар ягонҷое кор накардааст ва аз ҳисоби бузие, ки ба милитсияву амният мекунад рӯз гузаронида истодааст. Ин ноҷавонмард солҳои пеш ба ғорати мошинҳои борбари аз тарафи Масчоҳ меомада даст мезад. Камазҳои Масчоҳ,ки аз даруни қишлоқи мо мегузаштанд шабҳангом онҳоро манъ менамуд ва бо ронанда ба гап меистод –ба гап мегирифт, бачаҳояш бошанд аз қафо Камазро ғорат менамуданд. Умрашро ба дуздӣ гузаронидааст. Ҳатто ӯро баъзеҳо пашмдузд ҳам мегуянд. Дар Русия аз ҷайби зане телефонашродуздиду ба зиндон афтод.

 Писари хурдиаш Бахтовар ном дорад ва дар ноҳия байтори калон аст. Касе гов кушта ба бозор бурданӣ шавад аввал уро ҷеғ зада меҳмон карда пул ё инки гушт медиҳад то инки корашонро пеш баранд. Чандин нафарҳо фарзандонашонро хатна ва ё барои падару модарони марҳумашон маъракае кунанд, ин бадбахти Бахтовар рафта намаки онҳоро хурда пинҳонӣ бо телефонаш сабт намуда 6 то 8 ҳазор сомонии онҳоро мебарорад. Зеро ҷонишини сардори амнияти ноҳия ҳамкурсаш мебошад. Ман ҳайронам, ки чи гуна инсонҳо байторӣ хонда ҷонишини сардори амният мешаванд.Писари калонии Раҷаббой Беҳзод ном дорад ва соли 2018 бо келини амакиаш дар болои зино қапиданд ва Раҷаббой аз шармандагӣ писари худро чунон задааст, ки шоҳидон дидаанд. Баъд аз ҳуш рафтан оби ҷушро ба сари писараш рехта писари худро ҳалок сохт. Он вақт Беҳзод дар Роғун кор мекард. Ин Саидқул Қурбонов хусурбачаи Раҷаббой мебошад ва ҷонишини директори Роғун шуда кор мекунад. Баъд аз марги Беҳзод Саидқул Қурбонов бо баҳонае,ки Беҳзод аз инҷо заҳролуд шуда аз дунё гузашт 180 ҳазор сомонӣ аз неругоҳ пул гирифта 80- тоашро ба Раҷаббой дода 100 -тоашро худаш гирифтааст. Магар ин аст корманди давлат. Ҳамсари Саидқул мурд бурда дар деҳаи ҷои 10 қабрро гирифта барои занаш оромгоҳе сохтааст ба монанди қаср. Чанд сол пеш дар қишлоқи Моҳак  мактабе сохтанд ва ба наздикӣ аз амният омаданду замини мактабро чен кардан 4 сотих кам баромад. Хулоса ба куҷое даъво накунед гапатонро ксе ба инобат намегирад. Ҳамаашон дар назди якдигар ба монанди муттаҳамаанд. Дар ноҳияи Айнӣ фермае кушоданду говҳоро аз Хуҷанд оварда 4 контейнери Дуланро монда дар гирдаш преси каҳ зада президентро аҳмақ карданд.

 Чанд сол пеш мақбараи Нақибхон Туғрал сохта шуд, ки барои он аз бюҷет 7 милион сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо ҳокими ноҳия пулдорҳои ноҳияро ҷамъ намуда аз онҳо 1,5 миллион сомонӣ гирифта макбараи Туғралро сохт ва 7 миллион сомониро дар ҷайби худ зад. Оё чунин кор мумкин аст? Чаро контрол нест. Ҳатто устоҳое, ки мақбараро сохтанд то ҳол пули худро пурра дарёфт накардаанд.

                                        Фархор

   Асаллому алейкум бобои мулло!Ман сокини Фархор, деҳаи Лолазори пешина ҳастам. Ман аз ду қассоб ба милисаҳо ва КГБ шикоят кардам, аммо чора надиданд. Ду қассоби ҳаромхӯр Шамсиддин ва Шери кур аз деҳаи Садоқат мебошанд. Дар деҳаи Садоқат Панҷшанбебозор амал мекунад. Шамсиддин аз деҳаи Лолазор-деҳаи мо аст вале ҳоло дар деҳаи Садоқат зиндагӣ мекунад. Соҳиби мағоза аст, қассобӣ ҳам мекунад.

Ман як гов доштам, пешакӣ омада дида буд ва12ҳазор сомонӣ нарх монд. Ман розӣ нашуда говро надода будам.Чанд вақт гузашт, ки гов мурд. Шамсиддин ва Шери кур саг ҳам доранд. Ман фикр кардам, ки чун саг доранд, баранду ба сагашон диҳанд. Зангаш задам, омаданду бурданду ба бозор ва байни гуштҳояшон «қуш» карда фурухтанд. Ман говро аз калааш шинохтам.Як каме ҳамроҳашон ҷангу баҳс кардам,аммо нашуд. Чунки онҳоро, бовар кунед, Саймумин Ятимов «кришават» мекунад. Баъдтар фаҳмидам, ки ин

  ҳаромзодаҳои ҳаромхур, ки чандин говҳои худмурдаву ҳаромшударо ба бозор бароварда ба мардум фурухтаанд. Барои он инҷо дар бораи онҳо гуфтам,ки мардум бишноснад симои ҳақиқии онҳоро. Участковийи ҷамоати Ватан якҷо бо раиси ҷамоат ҳардуяшон набояд дар ин вазифаҳо кор кунанд.Чунки агар ин тавр рафтан гирад инҳо ҳатто одамҳоро кушта мефурушанд.

 Коргарони «светавой»-идораи Барқ аксарияташ ҳаромхур астанд. Аз ҳамон нозири минтақаи то раисаш ҳамакаса ҳаромхуранд. Дар сари компютер нишастааст, ҳисобкунакҳоро регистратсия мекунад. Ин кор ройгон аст. Аммо аз 150 то 300 сомонӣ мегирад. Бачаи ҷавон вале дар таги пояш мошини гаронбаҳо. Ман пир шудам, чанд гектар замин дорам дар деҳаи Лолазор, вале мошин надорам. Барои онки налог аз як су, суми об (водоканал) аз дигар, ҷуфту чизил, чигит аз 20 то 100 сомонӣ килограммаш. Дар ин ҳол мо чи кор карда метавонем. Ин коргари светавой! маошаш 1500 то 2000 сомонӣ,мошинро аз куҷо мехарад бо ин сум?Инҳо ҳамаашон дузду ҳаромхуранд.

                                     Варзоб

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Ман айни замон дар нафақа ҳастам. Вале дар гузашта дар яке аз сохторҳои бисёр ҳам муҳим кор мекардам. Инҷо мехоҳам дар бораи як оила ва як ҳодисаи марбут ба онҳо бигӯям.

Гул Шералӣ қудои президент аст. Писари вай Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст. Шавҳари Парвина Раҳмон. Парвина Раҳмон дар вазорати тандурустӣ кор мекунад, ки дар бораи онҳо дар номаҳои баъдӣ менависам. Инҳо соҳиби «Бонки байналмилалии Тоҷикисон» ҳастанд.

Ҳоло акнун дар бораи он ҳодиса,ки мо худ шоҳидаш будем.

Гулов Шералӣ,қудои Эмомалӣ Раҳмонов ва падари Ашраф Гулов, падараш узбак аст. Шералӣ Гулов пештар вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон буд. Вай бо яке аз овозхонҳо Р. Г корҳои қавми Лутро иҷро мекард. Чор зан дорад.Занҳояшро агар дар чор ҳафта як бор бинад аммо Р. Г-ро дар як ҳафта 5-6 маротиба мулоқот мекард.Ҷойи «мулоқоташон» меҳмонхонаи Лотус воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур. Барои сирашон фош нашудан Р ҳамроҳаш чанд духтари ҷавонро меоварад, гуё барои Шералӣ Гулов.Аммо он духтарҳоро ба муҳофизони Гулов месупорид. Шералӣ Гулов бошад бо Р аст .Аз ин кор Ятимов бохабар шуд ва дастур дод, ки бифаҳмем,ки чи гуна Гулов Р-ро ёфтааст? Вақте мо кофту коб кардем, ки Гулов Шералӣ бо Р чихел шинос шудааст. Яке аз он духтарҳое, ки ҳамроҳии Р ба меҳмонхонаи Лотус меомад, дастгир карда ба КДАМ овардем. Хуллас, ӯ ҳикоят кард, ки Шабнами Сураё аруси писари Гулов Шералӣ будааст ва азбаски Р бо Шабнам дустии зиёд доштааст як руз Диловари писари Гулов Шабнамро ба дачаашон ба Варзоб мебарад ва Шабнам ҳам Р-ро ҳамроҳаш  мебиёрад. Ҳамон шаб Гулов ҳам ба дача меояд ва мебинад, ки писараш бо Шабнам ва Р онҷо нишастаанд. Гулов,ки сахт маст буд ба назди Шабнам рафта мегуяд,ки: «э,мара гуш ку,я чорта бъхон як кайф кнем».Шабнам ҳам ба сурудхонӣ сар мекунад. Дар ин ҳолат Р ба қарсзанӣ медарояд. Шералӣ Гулов мегуяд,ки « аз қарсак задан чӣ мебинӣ,бхез як рақси арабӣ кун,ку метонӣ»? Р хеста рақси арабӣ мекунад ва баъд Шералӣ Гулов худи ҳамон шаб уро гирифта мебарад.Мо дар ин мактуб ин ҳикояти воқеиро барои он зикр кардем, ки (Аллоҳ, шоҳид аст,агар дуруғ бигуем асло худо набахшадамон),ин қавми касиф моро идора мекунад ва ба ғулом табдил кардааст. Хуллас, барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамин қадарашро гуфтанием, ки бедор шавад: бас аст ғуломӣ,бас аст тарсидан. Барои худатон, барои ояндаи фарзандонатон,барои имону динатон, барои номусатон мубориза кунед.

Share This Article