Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №113

Ислоҳ нет

       Мардуми мо, хушбахтона ҳама чизро мефаҳмад. Ҳар қадар талош мекунанд, ки пинҳон созанд ва ё дигар хел фаҳмониданӣ мешаванд, аммо асли корро мефаҳманд. Барои мисол медонанд, ки ҳар ончики Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи порахориву порагирӣ ва ё ягон ҷурму ҷинояти кормандони ҳукуматаш мегуяд як назарфиребӣ ва як дуруғи калон аст. Чунки хуб медонад, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо бидуни дарёфти ришвату фасод ҳатто як дарозгуш харида наметавонанд, чи расад ба мошинҳои гаронарзиши хорҷӣ ва сохтмони қасрҳои муҳташам ва доштани суратҳисобҳои оффшорӣ.

Мардум медонад, ки пораро аз худи Раҳмонову Озодаву Рустам сар карда то раиси ноҳияву раиси ҷамоат мегиранд. Ҳоло барои тасдиқи ин гуфта ин номаро мутолиа фармоед:                     

     Кулоб
 Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин!  Маро яке аз иқдом ва пешниҳодҳои газетаи СССР водор кард, ки қалам ба даст гираму матлабе нависам. Кормандони газетаи СССР, ки худро гӯё идеологияи давлату ҳукумат медонанд, чаро ягона пешниҳоди созанда ва ислоҳкунандаашон пазируфта нашуд? Он пешниҳоди созанда чӣ буд? Он пешниҳоди созанда ин буд, ки ҳар корманди давлатиеро, ки амали коррупсионияш муайян ва маълум мегардад, дар паспорти ӯ номи миллаташ ҷӯгӣ навишта шавад, яъне паспорти ӯро нав дода, дар сатри миллаташ ( нацияаш ) ҷӯгӣ нависанд. Чаро ин пешниҳод пазируфта ва амалӣ нашуд? Барои он ки порахӯр ва коррупсионери асосии ин ҳукумат Пешвои миллат Эмомалӣ Шарипович мебошад. Агар ин пешниҳод қабул мешуд, якумин касе, ки ҷӯгӣ унвон зада мушуд Эмомалӣ Шарипович мебуд. Бинобар ин, ин пешниҳод қабул ва амалӣ нагардид. Дар ҷамъбасти солонаи беҳтарин мақола доир ба “Пора” дар соли 2023 бо як воҳима бо иштироки вазири фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор гардид, Сайёфи Мизроб бояд ҷои якумро мегирифт, аммо нагирифт. Дар ин нишаст акаи Сайёф як суханронии шикваомез карду як гила ҳам намуд, ки кормандони Агентии зидди коррупсия бо мо ҳамкориашон суст ба назар мерасад. Меравем сари мақсад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки газетаи СССР мустақил буда, идеолог ва андешаафзои ҳукумату давлат аст, аммо ин тавр нест. Он танҳо супориш ва фармоиш иҷро мекунад. То агар аз тарафи КДАМ окей нагирад, матлаби сиёсие навишта наметавонад. Аз ин ҷост ки обунашавии муассисаҳои давлатӣ ва ҳатто масҷидҳоро ба газетаи СССР кормандони амнияти миллӣ назорат мебаранд. Ягон муассисаи давлатӣ аз ин газетаи хусусӣ отказ карда наметавонад, маҷбуран обуна мешавӣ. Дар соли сипаригашта шоҳиди он гардидем, ки пас аз солҳои дароз аз проблема ва мушкилоти муҳоҷират ва шароити бади муҳоҷирон дар Русия мухолифони Режим мегуфтанд. Танҳо дар охири соли 2023 сардабири СССР пас аз иҷозат ва супориши боло матлабе оид ба проблемаи муҳоҷират навишт.  Мутаассифона дар ин матлаби Сайёфи Мизроб танҳо аз хатари муҳоҷирати “переселенӣ”-яи тоҷикон ба кишварҳои Аврупо ва Амрико гуфту халос. Аз муҳоҷирати оилавӣ ба Русия лаб накушод, аз ҳоли бади муҳоҷири тоҷик дар Русия нагуфт. Медонед чаро? Барои он ки ба ин Говкала фаҳмонданӣ буд, ки муҳоҷироне, ки ба кишварҳои Аврупо ва Амрико меравад, фардо ҳамагӣ душмани ту мешаванд. Онҳо аз ранҷу азоби ин ҳукумат гурехта истодаанд.  Дар он ҷо рафтанду расиданд, камтарин душмание карда метавонанд, ба мухолифинат кумаки молӣ мерасонанд. Аммо хушбахтона Эмомалӣ Шарипович, ки сахт аз гуфтори мухолифин мутаассир шуда буд, ба гунае аз ҳоли бади муҳоҷирон гӯё нигаронӣ кард.
   Аз ин ҳам бигзарем. Дар Тоҷикистон на танҳо Сайёф супориш иҷро мекунад, балки мо ҳама кормандони давлатӣ танҳо ва танҳо “дастуру ҳидоятҳои созандаи Певои миллатро” иҷро мекунем. Чаро аз пеши худ коре карда наметавонем, чунки мо манқурт шудаем, мо ҳамагӣ зомбӣ гаштаем, мо ба шакли робот мемонем, ки система моро идора мекунад. Аз пеши худ коре карда наметавонем. Барои он ки мо аз осмон начакидаем, танҳо як нафар аз осмон чакидааст, ки он ҳам Эмомалӣ Шарипович мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳар вақте ки касеро танқиду танбеҳ доданӣ шавад, ин ибораро ба кор мебарад. ” Ту аз осмон начакидайӣ ку. Танҳо оби ман аз осмон чакиду аз падари номаълумам ба дунё омадам”.
Албатта, ин дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллатро дар варақ иҷро мекунему дар маҷлисҳоямон суханрониҳои аҷибу ғарибе мекунем, баъди суханрониҳоямон дар маҷлисҳо ба ҳамдигар мегӯем. ” Чи хел гуфтм? Зӯр гуфтм хь. Да камера ғалтида бошм”.
Рӯз то шом маҷлис ба маҷлис гашта, супоришҳои қатъӣ гирифта, бепул корамон мефармоянд. Боз талаб менамоянд, ки ахборотатонро зуд биёред. Мутаассифона қувваи барқ ҳам нест, ки ҳамон ахборотҳои дурӯғомонро навишта бибарем.. . Бегоҳ, ки шуд, ҳамагӣ ба марказҳои дилхушӣ, ба қурутобхонаҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ барои баровардани ғамҳоямон меравем ва барои ғамбарорӣ майнӯшӣ мекунем. Аз барои дилхушӣ арақ наменӯшем, фақат барои ғамбарорӣ ва баъдаш ҳам, ки маст шудему каллаҳоямон гарм шуд, яке гаппартоиҳо сар мешаванд. “Фалони очаҳай касе, ки ҳами давлатда хизмат мекна”. Ҳамин тавр то ними шабҳо бо ҳамдигар дарди дил мекунему ба таври худ кайфу сафо мекунем. Аммо дар ҳақиқат дар ҷойҳои дилхушӣ аз ҷиноятҳои оила мешунавему ғамҳои худро меафзоем. Боз рӯзи дигар шуд ҳамон корҳои дирӯзаамон такроран сар мешаванд. Қаллоб, дурӯғ, дуздӣ, ба сари зердастони худ зӯрӣ кардан, манфиатҷӯию чоплусӣ ва оба лой куну моҳира бигир, сар мешаванд.
  Ба наздикӣ бо як сафари корӣ ба Колхозобод рафта будем. Дар лаби шоҳроҳи Бохтар Панҷи поён, дар минтақаи ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён дар поёни муассисаи таҳсилоти умумии рақами 44 раиси вилоят, мӯҳтарам Давлатзода Саид порсол ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Кӯшониён корнома нишон дода, бо валвалу дабдаба дар лаби ин шоҳроҳ арча шинонда буданд. Ба истилоҳ як гӯшаи диёрро сарсабзу хуррам карда буданд. Аммо имсол бошад, ин боғи арчаи инҳоро алафҳо зер кардаву дарахтонаш ба хушкшавӣ майл доранд. Ин муҳим нест, муҳим онаст, ки дар телевизион ва радиою рӯзномаву маҷаллоти кишвар аз корномаи раиси вилояти Хатлон ҷаноби Шпангалет намоиш нишон доданду аз ташаббускориҳояш гуфтанд. Дар телевизион онҳоро дидем..
Ман ба чунин хулоса омадам, ки шарафу номуси миллати тоҷик зери суол рафта истодааст. Як бор андеша намоем, ки мо ба наслҳои ояндаи худ чӣ гуфта метавонем, аз чӣ ифтихороте ба онҳо нақл мекунем, чӣ чизе аз худ ёдгор мегузорем. Пешвопарастиро мерос мегузорем?! Ба Худо нанг аст, айб аст ва шарм аст! Нангу номусу ифтихороту озодихоҳии мо куҷо шуд?! 50 сол пас фарзандону наберагони мо, ба мо чӣ мегуфта бошанд!? Ман мӯътақид ҳастам, ки дар оянда 30-соли аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ҳукумати Эмомалӣ Шариповичро давраи ҷоҳилияти миллати тоҷик ном мениҳанд. Ҳамчунон ки дар таърих хонда будем, давраи ҷоҳилияти араб. Давраи ҷоҳилияти тоҷикро низ хоҳем хонд. Ҳамаи ин амалкарди мо дар саҳифаҳои таърихи ин миллат ҳатман сабт хоҳанд шуд.
  Ба назар чунин мерасад, ки ҳоло ҳам сари вақт аст. Биёед аз ин ҷаҳолат ва аз ин беқадрӣ даст бардорем. Ҳар рӯз дар тарсу ҳаросем, аз ҳамдигар машкукем, тарс аз он дорем, ки рафтору гуфтори моро касе сабт накунад. Тарс аз он дорем, ки мо ҳама хизматгори як оилаи ҷинояткорем. Аз ин ҷост, ки ҳар як роҳбару корманди давлатӣ ба як чаласаводи ҷодугар рафтуомад дораду тӯмору таштобҳои онҳоро дар бозуҳои худ бастааст. Мардак барин рост гӯед кадоматон тӯморе аз ҷодугаре дар дастатон надоред?  Ҳамагӣ, алалхусус роҳбарон дорем.  Пас аз нашри ин сир боз тӯморҳоятонро дар рони пойҳоятон набандед, яке боз андомҳои ниҳоиятон аз кор намонад, ки аз ханда суст шавем. Хулоса биёед аз хизмати ин оилаи заҳрпечак даст бардорем ва осудахотир зиндагӣ кунем. Биёед акнун барои шарафу номуси худ кор кунем. Охир, мо инсон ҳастем ку!? Ҳуввияти миллӣ доштагистем, ҳамин хел не!? Дар охир гуфтаниям, ки ҳар ҳукумати наве, ки биёяд, ҳамин порахӯрҳоро тамғаи ҷӯгӣ занад. Бошад, ки пешниҳоди кормандони СССР пазируфта шавад!
                                     Душанбе

 Салом устод Муҳммадиқболи Садриддин! Худованд хонаи охирати гузаштагони Шумо ва хонаи охирати гузаштагони вазири маорифро  пурнур гардонад. Пас аз  пахши барномаи «Президенти академияи таҳсилот харфи «П»- ро аз Педагогика намедонад» вазири маориф аризаи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро гирифта, ба  ҳардуи он дуздони бесавод ҷавоб гуфта бошад ҳам худро ба беномусӣ зада ин ду порахур омада рафта истодаанд.

  Барномаи шумо рӯзе пахш шуд, ки пагоҳиаш дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  нишасти матбуотии вазорати маориф доир шуда буд ва ин баронома як сугворие шуд ба дуздон. 

Аксари коргарони вазорат ва зерсохторҳои он тарафдори гуфтаҳои шумо буда, ин ду дуздро хуб шудааст ҳоло ҳам кам навистааст мегуфтанд, ки инро бо чашми худ дида бо гушам шунидам. Ҳамаи кормандони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Академия:

Худоро шукр хакикат галаба мекардааст, ку;

хайрият аз бало халос мешудаем, акнун;

аз касофатҳо пок шуд ин даргохи мукаддас;

як бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак мегуянд.

Суҳбати байниҳамии ду шахси ба нишасти матбуотӣ даъватшударо, ки ба фикрам аз шимол буданд, тасодуфан шунидам, ки мегуфтанд:  «Ин навистагӣ аз ҳампешагони дар Хуҷанд будаи онҳо бехабар будаст, агар бохабар мешуд ҳатман дар бораи онҳо ҳам менавист». Дар ҳақиқат ин ду дузд бисёр бо хуҷандиҳо ва қазоқистониҳо алоқаи зич доранд, дар шурохои онҳо низ дахолат карда корашонро 100% мекунанд. Ҳоло баъдтар дуздони хуҷандӣ, яъне ошноҳои ин ду дузди бесаводро низ бароятон аниқ карда  муфассал менависем. Хоҳишмандам ташаккури моро ба Вазири маориф расонед.

Данғара  

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадибол. Ман як ҷавон аз шаҳри Душанбеям. Мехоҳам дар бораи дуздиҳои оилаи  ва сарф кардани бачаи давлат сухан бигуям. Солҳои 2019 – 2020 дар корхонаи Санг ба кор даромадам ва кор мекардам. Хело дар тааҷҷуб меафтитам, ки ин гуна сангҳои гаронбаҳо меоранд. Дар аввал мегуфтанд, ки дар корхонаҳои давлатӣ истифода мекунанд. Баъдан фаҳмидем, ки ин ҳама барои оилаи ҳаромхури Эмомалӣ ва хешу таборонаш  будааст.

 Муддати ду сол хонаи дар Данғара будаашро бо ин сангҳои қиматбаҳо орову торо медоданд. Ин сангҳоро аз Бразилия, аз Фаронса, аз Туркия, Миср, Хитой ва дигар мамлакатҳо меоварданд. Нархи ин сангҳо аз садҳо ҳазор доллар ҳам бештар аст. Боз мегуфтааст, ки бо тарзи миллӣ бисозед ва дизайнерҳо мегуфтанд, ки узорҳои миллӣ мекунем.

Бародар Мухаммадикбол номаи дуюм  чигуна шумо мегуед дар бораи гарем, дар бораи саунаҳои туркӣ ва унитазҳои гаронбаҳо. Инҳо саунаҳо барои отдихи худ месозанд, аз сутунҳои сангӣ, ки хело гаронбаҳо ҳастанд, дар як хонааш чор ҷакузия ҳаст. Ин қадар бисёр чи лозим бошад? Чунки пули беҳисобу китобро медузданд ва сохтмон мекунанд. Як рӯз ба обед баромадам. Як бародар назди каробкаҳои зиёд истода буд. Бо вай салом кардам ва пурисдам, ки чианд? Гуфт унитазҳои гаронбаҳо, ки аз даҳ ҳазор доллар боло ҳастанд. Гуфтам чаро ин қадар қиматанд? Бо масахара ва шухӣ гуфт, ки «ин аз поён об мепошад ва шотка катӣ мешуяд». Ман гуфтам шухӣ мекунӣ? Гуфт не рост мегуям.

  Як рӯзи дигар дар корхона теревога шуд: даводав, паропар. Ман назди ҳамкорҳоям омадам ва пурсидам чи гап аст? Гуфтанд, ки домоди калониаш барои корҳоро дидан ва тамошои кабинетҳояшон меояд. То бубинад, ки бо чунин сангҳои қимат чи қадар зебо шудааст. Ва, ҷолиб инҷо буд, ки мегуфтанд, кабинети падару писар чи хеле ояд ва дашном карданд вале гуфтанд кабинети кабинети Раис бояд зур биёяд ва боз  дашном карданд. 

  Дар корхонае, ки ман кор мекардам дар бараш корхонаи дигар буд, ки мебел месохтанд аз чубҳои сурхи қиматбаҳо ва материалҳои қиматбаҳо бо тарзу услуби туркӣ. Ҳама чиз аз Туркия меомад. Мо бо чашмони худ медидем, ки краскаҳои қимат баҳо, ки1литраш маоши 5 ё 6 коргар мешуд. Ҳамаи ин корхонаҳо барои аҳли оилаи Эмоммалӣ Раҳмонов  кор мекард. Рӯз ба рӯз хунам меҷушид. Мардуми камбағалро дар 2 моҳ маош медоданд. Ҳама боигарии давлати мо барои онҳо будааст. Мо ҳеҷ ҳақе надорем. Сухане гуфтӣ дарҳол мебаранду зиндонат  мекунанд ё мекушандат.

Ҳоло мехохам дар бораи корхони қудои Маҳмадсаид Убайдулоев гап занам. Дар онҷо ҳам кор кардам. Вақте обороти ин корхонаро дидам ба худ гуфтам дар Тоҷикистон ин гуна корхона ҳам ҳаст.  Чун сехи охан сехи мебелхо аз чуб сехи Битон барои берунхои дом ва рохравхо сехи санг бо тамоми тачхизотохои замонави ва кори гархои бисер аз 400 то 500 нафар. Рости гап дар аввал хурсанд шудам, ки ин қадар ҷои корӣ ҳаст. Баъдан фаҳмидам, ки инҳо ғуломони дарборӣ будаанд. Ҳамаи онҳо барои оилаи ҳаромхури Раҳмонов дуруғгу ватанфуруш будааст ва ҳамзамон сохтмони суперкомплекс мерафт ва як одам гуфт баъди Роғун ин дуюмин сохтмоне аст ки хароҷоташ хеле калон ҳаст ва бадбахтӣ ин тоҷикони беномус ин буд, ки аз Туркия ва аз Хитой коргар оварданд. Онҳо 5000 доллар то 10.000 доллар мегирифтанд. Даҳ хитоиро овардан барои ёд додани кори санг. Як ҷавон, ки дар офис кор мекард, кам- кам ҳамсуҳбат мешудем гуфт бародар медонӣ маоши инҳо чанд сум аст? Гуфтам аз куҷо медонам. Гуфт 10.000 доллар. Аммо онҳо касеро чизе нишон надоданд, яъне кор ёд надоданд. Кори ин хитоиҳои бадбахти пакана чен кардани мардинагиҳои тоҷик буд ва зинокорӣ омада буданд. Шахсан маро дар ин бора пурсиданд, духтарони ноболиғ мехостанд ва ман ба воситаи переводчик гуфтам барои ин шуморо мекушанд дар инчо.

Хулосаи гап, мардикорони тоҷик аз 170 доллар то 350 доллар мегирифтанд. Дар ду моҳ як бор маош медоданд. Боз бо ҳар баҳонаҳо мардумро штраф карда пулашонро кам медоданд. Ин корхонаи оилавӣ будааст ва корро бас карда боз ба муҳоҷират омадам. Сад афсус, ки мардум то ҳол метарсанд ва то ҳол хомушанд.

                               Хуҷанд

 Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор мекунам. Албатта, ки ному фамилияамро намегуям. Вале дар бораи як масъала мехоҳам гап занам. Ман аз расонаҳо хондам, ки Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об як гапи хеле аҷоиб задааст.  Вай гуфтааст, ки «Суръати рушди иқтисод»  яке аз сабабҳои ҷорӣ шудани лимити барқ ба мардум шудааст. Маълум аст ки  ин  изҳороти Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон барои бисёриҳо қобили дарку фаҳм нест, ҳайратовар ҳам менамояд. Агар иқтисоди кишвар ду баробар бештар тараққӣ кунад, пас мардум дигар руи барқро нахоҳад дид? Агар иқтисоди кишвар рушди босуръат доштааст ,пас натиҷа ва ҳосилаш ку? Чун ҳамоно зиндагии мардум аз ҳисоби чор тангаи мефиристодаи муҳоҷирҳо мегузарад. Аммо, боварам саддарсад аст ки аз чунин суръати рушди иқтисод, ки мардумро дар торикӣ биншонад, ҳама безор хоҳад шуд.

  Вале, ин гуфтаи вазири энергетика дар худ маъниҳову паёмҳову розҳо дорад. Ҳарфи вазири энергетикаро бояд бо тааммул ва бо мулоҳиза арзёбӣ кард ва вақте ӯ мегуяд иқтисод рушд кардааст, манзураш чизи дигар аст. Манзураш ин аст ки шумори корхонаву фабрикаву фирмаву муассисаву иншооту истеҳсолоту дигару дигар, ки дар масрафу истеъмоли неруи барқ лимитро ба як пули пучак намегиранд, хеле зиёд шудаанд. Вай рушди иқтисодро аз ҳамин зовия ва аз ҳамин ҷиҳат дар назар дорад. Хӯрду харҷи қувваи барқ аз тарафи онҳо ба ҳадде зиёд аст ки роҳи чораро дар куштани свети мардум пайдо кардаанд, аз ҳақи ҳалоли мардум медузданд. Ин «суръати рушди иқтисод» ба мардум дахл ва рабт надорад. Қувваи барқи мардумро мегиранд, ҳарчи қадар, ки дилашон бихоҳад, ҳарчи қадар, ки лозим бошад. Бадтар аз ин, пули барқро маротибаҳо камтар медиҳанд, бархеаш умуман намедиҳанд ва касе ҳам ҳад надорад,ки «пириверка» кунад. «Суръати рушди иқтисод» гуфтани вазири энергетика ҳаҷм ва андозаи хеле ва хеле болои истеъмоли неруи барқ аз тарафи ҳаминҳо аст. Вазир киноя ва ишорааш ин аст ки вақте ин қадар қувваи барқ истеъмол мешавад бояд истеҳсол ҳам афзояд ва иқтисод ҳам рушд кунад. Вай суръати рушди иқтисод гуфта суръати масраф ва истеъмоли неруи барқро дар назар дорад. Вале иқтисоди мамлакат рушд накардааст. Иқтисоди дар дасти ҳамин оила буда рушд кардааст.

Ин «иқтисоди рушдкарда» киҳо аст?  Ин иқтисоди рушдкарда коргоҳи бузурги «Мармарӣ» аст, «Авесто-Акиа» аст, корхонаи тавлиди оби «Сиёма» аст, бозори «Сиёма- мол», корхонаи «Сифат-фарма»,чопхонаи «Фароз» аст, коргоҳҳои тавлиди равғани Ҳоҷӣ Шариф дар Қурған аст, заводҳои пахтаи Ҳасан дар шимолу ҷанубу шарқу ғарби кишвар аст, пойгоҳи лижаронии «Сафеддара»-и Азизмои газетхонак, ширкатҳои Таҷеро ва Ozoda cosmetics-и Озода аст, ширкати «Амирӣ»-и Тахминаи Клеопатра ва даҳҳову садҳо амсоли инҳо «светхурон»-и Оила:  Коомерсбонк, Банки байналмилалии Тоҷикистон, Спитаменбонк, Ориёнбонк, Тавҳидбонк, Душанбе-сити, терминалу тарозуҳои роҳи пулакӣ аст, корхонаҳои пахтатозакуниву нассосҳои обкашии ҳоҷӣ Раҳматулло, бозори Муҳибуллои номард бошаму зинда ошам, ресторанҳои ҳоҷӣ Амонуллову ҳоҷӣ Амирулло, ки барои ҳатто як сония ҳам барқашон кушта намешавад. Барои онҳо трансформатори алоҳида ва аз красная линия гузаронидагианд. Шояд, хандаатон омад, ки инҳо, ки он қадар свет намехуранд. Аммо, дар инҳояш чи мегуед?

Ҳарду корхонаи тавлиди тилло: Кумарғи боло ва Дуобаи шарқии Айни, ки  корхонаҳои  мутааддиди тавлиди семент, Ғаюр семент, Моҳир семент, Зайнулло семент, корхонаи муштараки саноатии Чину Тоҷикистон дар Табошар, Апреловка, кони тиллои Покруд, тиллои Шугнов, ки дар таркибаш боз чанд адади коргоҳи дигар дорад, даҳҳо коргоҳҳои Талко ба шумули худи Талко, Талко кемикал, Талко голд, Талко -кабел неруи барқи беҳисоб масраф мекунанд. Ҳамаи инҳо хурандаву гирандаи миллион-миллион кв.соат барқанд ва «рушди иқтисод»-анд. Аммо ин рушди иқтисод неву рушди иқтисоди Оила аст ва бар манфиати Оила аст. Аз ҳисобу ҳиссаву ҳақи мардум. Инҳо барқи мардумро дуздида истодаанд, аз ҳисоби мардум корхонаҳояшонро чархонда истодаанд. Инҳо «суръатирушди иқтисод»-анд аммо рушди иқтисоде, ки ҳатто як зара ҳам бар суди ин мардум нест. Дуздиданду медузданд ва боз ҳам хоҳанд дуздид. Магар рушди иқтисод аз ҳисоби торикиву бесветӣ бошад ба кӣ даркор? Ва ин рушди иқтисод ба чӣ дакор ба чи дард мехурад. Аз ҳисоби саҳмияҳои Роғун Ҳасан самолет харид, аз ҳисоби пули роҳи Душанбе –Хуҷанд Озода бонк сохт, аз ҳисоби пули билети муҳоҷирон Тахмина-клеопатра миллиардҳо даромад ва корхонаи бузурги қаннодии «Амирӣ» сохт, Парвина «Сифатфарма»  сохт бо пули доруҳои муҳлатгузашта. Ситораи сафир бошад бо ширкати “Фароз” аз ҳисоби пули прававу техосмотру техталону шираи камолу ғайраву ғайра чи балоҳое сари мардум оварданд. Ана  ҳамин тавр ҳар кадомеаш ҳамин гуна тиҷоратҳои миллиардӣ сохтанд. На танҳо давлаташону интихоботашон дуздиву сирқату ҷаълу дуруғ аст пулу сарвату боигариашон ҳам дуздиву дуруғ аст. Далер Ҷумъа ҳаминҳоро дар назар дошт. Бародар Муҳаммадиқбол хостам, ки ин гапи вазири энегетикаро шарҳ диҳам ва хоҳед чоп кунед, нахоҳед ихтиёратон

                                    Бохтар

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Шумо маро мешиносед. Чи гуфтан мехоҳам. Ҳар давлат қонунҳои худро дорад ва аз руи онҳо фаъолият мебарад. Нафароне, ки қонунро вайрон мекунанд, сазовори муҷозот ҳастанд.  Он ҳам бояд аз руи адолат иҷро шавад. Барои ҳар як ҳолат бо назардошти адолат, дар қонунҳо намуди ҷазо навишта шудааст ва он набояд аз меъёр зиед бошад.                      

Тарс дорем, ки агар ба майдон резем, хукумат мора зулм мекунад, зиндон мекунад, мепарронад. Охир мо ҳама ба умеди якдигарем: ту бхез, ту бхез. Диламон аз якдигар пур нест. Якгапа нестем. Биё аввал ҳадди ақал 50-60 ҳазор лайк монем, ки ҳар барнома 1.5-2 миллион просмотр шавад, 800-900ҳазор, 1миллион подписчик шавад, дилмон пур шава, ки мо аз 900ҳазор ақалан 700-800ҳазорем ( бигзор 100ҳазор бетарафу тамошобину чоплусҳо). Баъд метавонем як коре кунем. Рӯзашро эълон кунем, гуруҳ ташкил кунем, омодагӣ бинем. Охир мо ҳамагӣ 10миллионем.  4миллионамон дар хориҷ, 6 миллион дар дохил. Биёед 800 ҳазор дар гирди Ислоҳ ҷамъ шавем, бигзор 400ҳазораш аз дохил. Ин 4% аз шумораи аҳолии кишвар аст. Ақалан 1% аз муҳочират омада пайваст шаванд 5% мешавад.

Тамоми инқилобҳое,  ки дар ҷаҳон шуда гузашт,  аз 2% то 5%-и мардум амалӣ мекунанд. Яъне максимал 5%-и аҳолӣ бас.

  Дар барномаи «Минбари муҳоҷир» раками 235 як бародари нар, воқеъан нар мегуямаш (хоҳиш дорам саломи маро ба он бародар расонед домулло) пешниҳод кард, ки як барнома кунем, ки чи хел инқилоб кунем. Ҳамин мисоли овардаамро бигзор золимҳо донанд. Мардумам бояд донад, ки чи гуна омодагӣ бинем, чи хел сарҷамъ шавем. Ҳадди ақал чанд нафар бояд бошем. Яроқи мо, якдиливу якҷоягиву бо ҳам будан аст. Як бор ҷамъ шавем он тарафашро боз медонем чи кор кунем.

Хонаи ман дар пеши военкомат. Ҳар рӯз бо ҳар хел одамои корафтода ҳамсуҳбат мешавам. Ҳолати корро мебинам. Дар вақти призыв даруни военкомат: раиси дастгоҳи шаҳр онҷо, сардори шуъбаи экстремизму терроризми амният онҷо, сардори шуъбаи 6 онҷо, муовинони милиса онҷо. Шахсони якум ҳам як-як мебиёянду хабар гирифта меистанд. Онҳо чи алаф мехуранд дар онҷо, дар военкомат? Барои он ки онҷо «борони пул мебора». Схемаш ин хел аст.  Милисаҳо, (мардум огоҳатон карда истодаам, бохабар шавед) хусусан коргарони уголовный розыск мебиёянду даратро кыт-кыт мекунанд. Мегуянд, ки бачаат фалончи-фалончи дуздӣ кардааст, ҷанг кардааст ё дар вақти ҷанг онҷо будааст (гуё дар камера ҳаст), духтарро гап додааст, фалон занро ҳақорат кардааст, аз болояш ариза кардаанд: «Подробностоша пурси отдел равем, мефаҳмӣ. Отдел нобурда, прямой военкомат мебаранд. Ё ин ки агар бо падару модар раванд, мегуянд, ки мо дар дигар кабинет пурсиш мегузаронем. Мепечонанду мебаранд военкомат. Дальши, ягон когаз дошта боши, медонан, ки барои аскарӣ бурдан проблема аст, тарсонданро сар мекунанд. Э, одам намераса, мебарануш, халос». Баъд мардум сумро худашон пешниҳод карданро сар мекунанд: «Ма, ака 200-500 доллара гиру бачама брор». Бо ин мегуяд, ки «ман меброрум, ҳуй хурдан ба гардани худут, ман ҷавобгар нестум». Дар як рӯз «борони пуле», ки меборад, ногуфтанӣ! Ё ин ки кор аз кор гузарад пулро мегиранд, бо сардорони военкомат маслиҳат мекунанд (доляро медиҳанд,тақсим короче) бачаро дар қисми ҳарбии ҷои зисташ туғрӣ мекунанд, мегардад хизмат карда, хона омада рафта. Нархи инаш аз 1000то1500-2000доллар аст. Ҳозир нархи хизмати 1моҳа (альтернативнияш мегуянд) 52-54ҳазор сомонӣ, лекин онам барои дилхоҳ одам нест. Бо доляаш аз 100ҳазор сомонӣ ҳам гузашт. Мардум тайёр аст, ҳамон пулро дода истодааст. Аммо дар инҷо масалан ранги бозор аз нарх шиква намекунанд. Чаро? Тарс.Тарс. Тарс.

Ман дар дохилам, аз дохил навишта истодаам. Набояд сокит бимонам.

Мардуме, ки лайк намемонанд, метарсанд! Аз чи? Оҳ, ана мана меёбанд!  Оҳ, ана мана меқапанд. Ту исто ва як бор фикр кун, ки ин ҳукумат худ аз лайки ту метарсад. 100%! Агар наметарсид, ҳазорон мазлумро зиндон намекард. Аз тарс шуураш кор мекунад ва бо воситаи ҳамин зиндонӣ гардониданд ман ва туро тарс медихад.

 Дониста монед, ки лайки шуморо ҳеҷ  кас дида наметавонад. Шуморааш маълум, аммо, ном ба ном дидани соҳиби лайк аз имкон берун аст.                                                               

Дар шумораи 237-уми «Минбари муҳоҷир», хоҳаре бо тахаллуси «Исм, сифат феъл» (аҳсан ба ӯ мефиристам. Худованд аз ӯ розӣ бошад. Хоҳарҷон, тамоман зиқ нашав! Ин ҳолат табиист.) бо ҳаяҷон  баромад кард. Пас аз баромад, дар чати барнома навишт: гумон мекардам, ки гап задан осон аст ва чаро баъзан инсонхо ба ҳаяҷон омада фикрҳояшонро гум мекунанд. Аммо худам ба чунин холат омадам. Асос шуҷоати ҳамин хохар аст, ки бо вуҷуди тарсу ҳаяҷон баромад, гап зад. Фаҳмид, ки ягон мушкил ё хатаре вуҷуд надорад. Дафъаи дигар боз хубтар баромад мекунад!                                        

Савол: Ана мардум ба майдон рехт. Аниқ, ки силоҳбадастони ҳукумат барои идоракунӣ мебароянд. Ин пушида нест. Баъд чи гап мешавад? Дар ҳеҷ  ҷо ҳичи гап нест, бояд гурезӣ? Фаромуш накун, ки силоҳбадаст дарунаш пури тарс аст. Аз чи? 1.Осон аст одамро паррондан?  Метарсад!  2.Ҳозир парронам, мардум яроқамро гиранд пустамро мекананд мегуяд. 3.Пагоҳ ман ҷавоб мегуям. 4. Худи ҳукумат ва органҳо барои зиёдаравӣ аз меъёри ваколат  маҳкамам накунад?  Ана ин ва дигар фикрҳо вуҷуди силоҳбадастро мехурад.   

Маълумоти фаврӣ.Донишҷуёнро дар Тоҷикистон маҷбурӣ аъзои ҳизби халқӣ-демократӣ карда истодаанд. Нархи барқ барои аҳолӣ 30.75дирам, барои  ширкати Талко 18.4дирам (ба фикрам). Чаро? Талко камбизоат аст? Талко камбизоат нест. Талко барои манфиати ин оила кор мекунад. Барои ҳамин бо нархи арзон мехарад.

                                 Рудакӣ

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамаи барномаҳои “Ислоҳ ТВ” дар ҷои худ вижагиҳои хоси худро доранд. Ба вижа барномаи  “Номаҳо”.Воқеъан дар ин шабу рӯзи муҳим барои ҳар шаҳрванди ҷабрдида, зулмдида аз тарафи мақомоти дарандаи режими манҳуси лаънаткардаи Аллоҳ ҳамчун минбари озоди шикоят, дарду алам, норозигӣ, талаби адолат ва пирӯзии ҳақиқат бар ноҳақӣ, адл бар ноадлӣ ва зулм, яъне бо як ҷумла ҳамчун додгоҳи адли миллат метавон гуфт. Барномаи “Номаҳо” мардумро ҳамчун хабарнигори мардумӣ тарбият намуд, завқу ҳаваси навиштанро дар бораи мушкилоти рӯзгори, хеш,аз “Ислоҳ” омӯхт. Мактаби Ислоҳ ҳақгӯиро дар замири мардум ҷо кард.“Ислоҳ” дар ҳама ҷанба, дар ҳама буъд ислоҳоти воқеъиро пиёда кард.

     Аллоҳ дар ин масири ихтиёркарда, ҳамаи мо ва ҳайати тими Ислоҳ ва дар раъси он шумо бародари имони Муҳаммадиқболро барои пахши 100 -мин барномаи “Номаҳо” табрику таҳният мегӯям. Хомаатон бурро бод, бародари азиз! Аллоҳи меҳрабон руҳи қиблагоҳи бузургворатон бобои домулло Ҳоҷӣ Қаландарро шод ва ишонро бо сиддиқину шуҳадо маҳшур бигардонад. Муваффақу сарбаланд бошед.

                               Шаҳринав

Ассалому алейкум бародар Муҳамадиқбол. Ман дар барномаи пешина дар бораи Тошев Мансур навишта будам. Аз деҳаи Зафарободи Шаҳринав. Мехоҳам чанд чизи дигар дар бораи вайро дар ин барнома ҷой диҳед. Тошев Мансур ҳатто агар хонаи ягон кас меҳмон биёяд ё хеш табораш дарав танзимро мефиристад ва баъди даҳ дақиқа худаш меравад ва ба соҳиби хона дуруғу рост гуфта тарсонда сум мегиранду ба давлат насупорида ба кисаашон мезананд. Дар ин кор бо вай танзим ва амният ҳам шарик аст.

    Бовар кунед 40 сотих замини қабристонро шахсӣ карда  магазини  краска ва як холоделник ва заводи сементблок сохт. Дар онҷо сокинони деҳаи Зафаробод як стадион доштанд, барои футболбозӣ кардан. Дар он стадион дар як тарафаш канал ва дар як тарафш заминҳои сокинон буд. Бо ҳамин баҳона, ки туб дар канал ё ба замини мардум нафарояд гуфта як бой аз кисааш гирди он бо профил сетка кашиданӣ буд. Аммо бо профил маҳкам карданду аммо сетка кашидани  онро Мансур бо даводав намонд. Ҳозир он стадионро ҳам Мансур гирифта дар ҷойи он чизе сохтанӣ аст. Ҳозир мардум муваққатан бозӣ карда истодаад, аммо як соли дигар бе стадион мемонанд. Он стадион ҳам замини қабристон аст. Бовар кунед ҳама замини қабристонро тақсим карда гирифтанд. Боз нимашро як прокурор гирифта хона сохта фурухта истодааст. Стадиони калон буд. Онро ҳам гирифт вале ягон кас ягончи гуфта наметавонад.

Пеш, барои ӯро аз маҳаллакоми гирифтан 95%-и мардум имзо карда будад. Ҳозир аз ин мардуми имзо карда дар 6-ой отдел якто-якто даъват карда азият дода истодаанд. Мардумро ранги гови ҷушоӣ макида истодаанд. Ҳар руз ҷеғ зада аз пулдор пул гирифта истодаанд амо аз онҳое, ки пул надоранд, қарздор карда истодаанд.

Ин Мансур Тошев бузи мақомот мебошад. Аз мардум пул меканад ва онҳоро мехуронад. Дигар мо тоқати дар ин ҳолат ва ин гуна раисон зистан намехоҳем!

Share This Article