Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №38

Ислоҳ нет

«Номаҳо аз ноҳияҳо» ба тадриҷ таваҷҷӯҳи мардумро чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ба худ ҷалб карда истодааст. Як донишманди тоҷики муқими Амрико дар ин навбати нашри «Номаҳо…» хеле фикрҳои ҷолиберо пешниҳод кардааст, ки мутолиа мефармоед. Аммо, боз ҳам нигорандагони «Номаҳо… » мардуми оддиянд, ки аз мушкилоти фаровони худ менависанд. Аз он менависанд, ки мақомот чи тавр бо ҳар роҳе аз онҳо пул мекананду бо пули онҳо кори худро иҷро мекунанд. Як нафар аз мусафедони баруманди Исфара дар ин бора навиштааст,ки мо онро дар ин барнома ҷой додем. Аммо, ҳикояти як собиқ сарбози Неруҳои марзбони кишвар ҳам, ки мегуяд тайи ду сол қариб ҳар ҳафта дар мошини командир қопча-қопча афюн бор мекард, низ хеле мутассиркунанда аст, Хуб биёед беҳтар бихонем, ки дар ин навбат чи чизҳое барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ҷолибу рангин кардааст:

                                  Қумсангир(Ҷайҳун)

  Ман, дар яке аз деҳаҳои ноҳия зиндагӣ мекунам. Дар қушунҳои сарҳадӣ хизмат кардаам:-дар Қурғонтеппа, сипас воҳиди низомии 07 017-и Файзалӣ Саид, аз онҷо ба Ҳалқаёри ноҳияи Панҷ ва дар охир дар заставаи 0305-и Айваҷ дар Шаҳритуз. Мо як капитан доштем Кассиров, сардори застава ном дошт. Боз нафари дигар Қараев Ҷамшед, сардори заставаи Айвоҷ буд. Бо чашмонамон медидем, ки чи тавр наркотикро аз сарҳади Афғонистон мегузаронанд. Ин ҳарду одамҳои хуб буданд. Вале мешунидем, ки онҳоро аз боло маҷбур супориш медоданд. Онҳо кило не, дар як гузаронидан 5-6 қоп афюн мегузаронданд. Гоҳо оварда дар хонаи замполит, ки аз Панҷакент буд, баҷо мекарданд.  Ҳар рӯзи чоршанбе соатҳои 10-и шаб як мошин меомад аз военторги Қурғонтеппа, назди сари  вокзали Қурғонтеппа бо мекарданду мебурданд. Раёсати Қушунҳои сарҳадии вилояти Хатлон дар ҳамон сари вокзали Қурғонтеппа ҷойгир аст. Мошини онҳо, ки ранги номерҳояш сиёҳ ва давлатӣ аст меомад, номераш 162 буд, бор карда мебурд.

 Солҳои пеш ҳам дар Қумсангир ин чизро мефӯрухтанд. Аммо ҳозир бошад рӯрост шудааст. Чени як нахудаш 100 сомонӣ. Ман ҳам мекашидам. Аммо фикр мекунам ин айби худам буд. Вале баъзан фикр мекунам, ки ин иштибоҳи худам набуд. Хатоии давлат аст. Чунки баригаҳоро соз намекобад, пеши роҳашонро намегирад. Боз кор, ки нест, одам ба ҳар роҳ меравад.

  Ман, аз бачаҳо шунидам, ки соли 2017 Президент ба «Минтақаи озод»-и Панҷ меояд барои кушодани кадом корхона ва як лӯлаи об. Лӯлаи об барои деҳаи Қарадум. Президент бояд кранҳоро ҳуй мекард. Аммо дар кран об набуд. Бовар мекунед, ки мошинҳои пожарнийро оварда ба кран васл карданд, то ки аз кран об барояд. Президент кранро ҳуй мекунад, об мерезад, ҳама қарсак мезананд. Охир чаро фиреб мекунанд ман намедонам? Шумо киро фиреб мекунед? Магар тафтиш пас аз кушодани ин ё он иншоот ва ҳамон обанбори об нест,ки воқеан кор мекунанд онҳо?

Дар бораи Ҷайҳун ҳаминро гуфтаниам, ки як раис дошт бо номи Баҳриддин. Як феъле дошт, ки як заминро ба чанд кас медод. Вале, ба 50 -60% одамҳои камбағалу камбизат ӯ замин додааст. Мардуми Қумсангир аз ӯ розианд.

 Ман чи мехоҳам бигуям. Мардуми Қумсангирро бангиву нашъаманд карданд, дар накотик шинондагианд. Дар як қишлоқ 2000 сокин аст, 50 %-и аҳолӣ дар наркотик шиштагӣ. Мардуми Қумсангирро афгору абгор кардагианд. Як қоб нитроаммофос 500 сомонӣ. Бо ин ҳол чи тавр мешавад деҳқонӣ кард? Боз ин налогро гу. Амон намедиҳад. Наркотику банг пеш ҳам буд. Мардум, медонистем, ки кӣ бангӣ буд. Як -кас ду кас буд. Ҳозир ними мардумро  шинонидагианд. Кӣ меорад, кӣ мефурӯшад чи хел меорад чанд сум аст, ҳамааш маълум аст. Аммо касе ҳеҷ кор карда наметавонад. Ҳоли Қумсангир ҳамин хел аст.

                                          Бохтар

  Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Худованд ба ту забони буррои ба мисли дами шамшер бидиҳад, ки тавонӣ бо як сухани тез ниме аз чоплусони Раҳмоновро нобуд созӣ. Дар як масъала бо худат суҳбат карданиам, чун медонам илму донишат дар сатҳи олӣ аст. Масъала ҳамкории мо бо Эрон аст. Эрон давлате аст ки бо мо ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад. Агар дар таърих назар кунем мо як қавм будем ва ҳамроҳ будем ва як давлати пуриқтидор доштем, ки ними ин дунё дар таҳти  фармони ин давлат буд. Савол чунин аст, оё имрӯз ба мардуми Форсзабон аз нав ҳамчунин имконият пеш омада метавонад? Ман дар назар дорам муттаҳид гаштани тамоми форсзабонҳоро. Ман фикр мекунам агар ин имкон ба амал ояд як давлати пуриқтидор ва бисёр пурзуре ба вуҷуд меояд.

Ман дар ин мазуъ бисёр фикр кардам. Мо, мардуми тоҷик худ наметавонем давлатамонро идора кунем. Мо ҳам  ресурс надорем, ҳам истеҳсолот надорем. Вале сол ба сол аҳолӣ зиёд шуда истодааст. Мо ресурс дорем вале олиму муҳандису корбар надорем. Насли навраси мо қариб ҳама бе савод мондаанд. Барои ин ба мо кумак лозим аст ва ин кумакро танҳо он касе ба мо карда метавонад, ки ба мо наздик бошад яъне хеши мо бошад. Ба назари ман ҳамин хеши наздикамон Эрон аст, ки ӯ бародари бузурги мо аст. Дуввум ин Афғонистон аст. Албатта Афғонистон худ дар зери таъсири Толибон дар азоб аст. Ин мамлакат ҳам ба кумаки бародари бузург Эрон ниёз дорад. Эрон ҳам худ дар зери таъсири охундҳо аст. Вале мардумаш аз ин охундҳо норозиянд, мехоҳанд ҳукумати дигаре бисозанд. Фикр мекунам ин бисёр наздик аст. Барои мо беҳтар ин нест, ки бо ҳамхуну ҳамзабон ва ҳафарҳанги  худ ҳамроҳ шавем, аз оне ки ғуломи  русҳо ё чиниҳо бошем? Албатта ин фикри ман аст ва наҷоти ин милат ва ин сарзаминро дар ҳамроҳ шуданд бо бародарони ҳамзабони  худ мебинам. Бародар, ҳамин андешаҳои маро нашр кун, бигзор ҳар кас фикри худашро дар ин бора баён созад.

                                  Самара

Салом бародар! Мо муҳоҷирони корӣ барномаҳои шуморо ҳамакаса тамошо мекунем. Нафари корфармои мо як марди рус, вақте мебинад, ки мо ҳамакаса мешинему барномаҳои шуморо тамошо мекунем, дар ҳайрат мемонад. Мегуяд, ки ин ягон шоу аст, ягон бозӣ аст, чи чиз аст, ки шумо тамошо мекунед? Баъд мо ба ӯ фаҳмонидем. Гуфт, ки хеле одами фаъолу донишманд будааст ва пурсид, ки ҳоло дар бораи чи гап мезанад? Гуфтем, ки дар бораи коррупсия дар ҳукумат ва фасодкориву порахурии Эмомалӣ Раҳмонов. Рости гап мо то ҳамон вақт намедонистем, ки ин корфармои мо дар гузашта одами давлатӣ будааст. Ҳозир дар як Донишгоҳ мудири кафедра аст. Вай он қадар Раҳмонову Путинро хуб мешинохтааст, ки баъди тамошои барномаҳои шумо дигар бо мо ҳамсуҳбат шуд. Вай гуфт, ки ин худи Путин ва Раҳмонов ҳастанд, ки коррпусия ва порхурӣ дар кишварашонро ривоҷ медиҳанд. Вай аз Финландия ва мардуми фин чизҳои ҷолиб нақл кард. Барои мисол гуфт,ки мардуми фин ба панҷ чиз сахт пойбанданд, ки боис шудааст аз коррупсия ҷилавгирӣ шавад:

  Финҳо ҳеҷ гоҳ таҷаммул ва зарқу барқро написандидаанд. Барои онҳо доштани унитази зарҳалӣ ва ё ҳатто ҳаваси доштани он таҳқири ҳаммилатони худ дониста мешаад ва ин тарзи зиндагиро тарзи ҳаёти одамони ёбоӣ меҳисбанд;

 Финҳо чунин мешуморанд, ки бойю ғанӣ гардонидани оилаи худ аз ҳисоби намояндаҳои дигари миллат ин нишонаи нафрат ва бадбинии халқи худ аст. Ба назари финҳо ин корро фақат пастфитратон анҷом медиҳанд;

Финҳо чунин мешуморанд, ки масрафу харҷи бебаркашу ноинсофонаи бюҷет, ки моли халқ аст, ин нишонаи он аст ки шумо фарзандону набераҳои худ ва бародару хоҳарони худро бад мебинед, нафрат доред. Чунки онҳо дар ҳамин мактабҳо мехонанд ва аз ҳамин роҳҳо мегузаранд ва дар ин бемористонҳо шифо меёбанд, ки шумо аз онҳо дуздӣ кардаед. Он касе набера ва бачаи худро бад мебинад,ки вай бадманиш аст.

Финҳо чунин мешуморанд, ки дуздҳо инҳо ҳамаашон тарсончаканд ва ҳамеша дар ваҳму ҳарос зиндагӣ меекунанд. Вай ҳамеша аз рӯзи барқарори адолат дар биму ҳарос аст. Ин гуна одам озод нест ва ин гуна одам «изгой» мардудшуда аст.

Финҳо бар ин боваранд, ки фарзандони худро «устраиват» кардан ин хиёнат ба онҳо ва миллат аст. Ва ба онҳо бениҳоят зарар мерасонад. Агар одам худаш барои комёбӣ ва муваффақияти худаш кушиш накунад вайро «қаноат» додан хиёнат ба ӯст. Вай бояд худаш барои худаш кор кунад. Танҳо одами нодон фикр мекунад, ки ояндаи фарзандонашро бояд таъмин кунад.

Ва ҳамин масъалаҳое аст ки финҳо бо иҷро кардани онҳо аз коррупсияи фарогир пешгирӣ кардаанд.

Ва акнун қиёс ба Э.Раҳмон ва ҳукуматдорони кунунии Тоҷикистон бикунед. Бубинед, ки ин мардуми ғайри мусалмон чи гуна бо коррупсия мубориза мебаранд. Ҳолати Эмомалӣ Раҳмонов ва вазиру ҷазиронаш ба шумо аз ман дида маълумтар аст. Имрӯз боз бо ҳамин марди рус-корфармоямон дар бораи ҳукумати Русия ва Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудем. Ӯмегуяд, ки қазияи ҳукумати шумо ба ман маълум аст, вале  аз мо ҳам дар ҳамин роҳ аст. Ӯ гуфт, ки агар ҳукумат дар мо иваз шавад ва фикри шахсии маро пурсон шаванд, ман( суханони марди рус) дар ҳукумати оянда аз нафароне,ки ҳозир дар сари қудратанд, наздикии 5 пушти онҳоро дар корҳои давлатӣ роҳ намедодам. Чунки онҳо ҳам корҳои ғайри қобили қабули падару бобоёнашонро такрор мекунанд, яъне ба миллат ва давлат зиён мерасонанд. Ман ба гапи вай илова кардам, ки рост мегуӣ, сабабаш он аст ки дар хуни фарзандонашон ҳам фикри корҳои бад ва мардумро ғулом кардан ҷорӣ аст. Ӯ гуфт айнан барои ҳамин, ҳеҷ каси онҳоро набояд дар роҳбарӣ роҳ дод.

                                   Лос-Анҷелес

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман чанд сол аст ки дар Амрико зиндагӣ мекунам. Барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Хеле зиёд кор мекунед. Ман дар Амрико бошам ҳам кору зиндагиам ва фарзандону оилаам хуб бошанд ҳам, аммо ватанамро фаромӯш карда наметавонам, хешу таборонамро фаромӯш карда наметавонам. Ман чанд масъаларо мехоҳам тавассути ин минбари шумо матраҳ кунам. Ин пешниҳодҳои ман характери иқтисодӣ доранд. Умедворам дар барномаатон ҷой медиҳед.

Соли ҷорӣ дар Қазоқистон тақрибан 1миллион гектар замин аз ҳамлаи малах (саранча) зарар дидааст(то ҳол).Яъне ҳосили ояндаи гандум камтар мешавад,ки боиси болоравии нархи он мешавад, яъне ҳосили тирамоҳа то ҳосили дигар.Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамин ҳоло бояд ғами зимистони мардумро бихурад.

   Ширкати Афғон-Чин дар ҳавзаи Аму дарё моҳи феврал георазведкаро оғоз кард. Имрӯзҳо аввалин баррели истихроҷи нафт оғоз шуд. Инро бояд гуфт ширкати Газпромнефт Интенашионал беш аз $60 миллион доллар дар Тоҷикистон сарф кард.Лек гуфтанд,ки аз руи ҳисобот фоидаи проект кам ҳаст.Бо чунин баҳона проекти худро бастанд дар Тоҷикистон.Аммо георазведкаҳои гуногун нишон медиҳанд,ки дар ҳавзаи Аму дарё (воқеъ дар сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон), захираи тақрибан1.6 миллиард баррел нафт ва 15.6 триллион куб газ мавҷуд аст. 

Суол ба миён меояд, ки чаро Хитой он нафтро гирифта тавонист,лек мо бошем ба Русия,ки байнамон шартномаи ҳамкории стратегӣ имзо шудааст ва ба он бовар кардем,хомуш аст. Ҷавоб дар инҷо ҷавоби геополитикӣ. Яъне агар мо нафти худро гирем, Рус ва оилаи Раҳмонов боз як даромади худро аз даст медиҳанд.Агар ҳамон нафтро мо худ коркард мекардем маводи озуқа, пластмасса ва ҳазорҳо дигар маводҳои воридотӣ арзон мешуданд.Ҳатто ҳамон авиакеросин аз они худ мешуд, яъне чиптаҳо барои ҳавопаймоҳо хело арзон мешуданд. Мо метавонистем Тоҷикистонро ба як хаби (нуқтаи ҷаъмшавӣ)-и Осиёи Марказӣ табдил диҳем. Ҳамон “валюта”-и хориҷӣ дар дохил мемонд ва ё ба дигар  проектҳо метавон равон кард.Заводи дар Данғара сохта то ҳол бекор хобида ва як баррел нафтро ҳам коркард накард. Оилаи Раҳмонов ва русҳо инро нахостанд. Мо боз мешинем нигоҳ карда. Аз онҷо толибу хитоиҳо ҳаққи моро ҳам мегиранд. Ин аст сиёсати хирадмандонаи “пешво”-и миллат!

  Як масъалаи дигар ин таҳрим барои истифода аз металҳои нодир аст, ки байни Амрикову Чин сахт доғ шудааст ва боз доғтар мешавад. Масъала масъалаи истифода аз металҳои нодир аст, ки дар микроэлектроника кор бурда мешавад. Яъне яроқҳои замонавӣ, лазерҳо, дурбинҳо, чипҳо ва ғайра аз ҳамон метал сохта мешаванд. Лек суол ба миён меояд, мо дар инҷо чи дахл дорем? Дар Тоҷикистони биҳишти рӯи замин (ҳамон коргоҳҳое(конҳо), ки Раҳмонов ба чиниҳо дод) баъзе аз ҳамон металҳо истихроҷ мешаванд, ба мисоли галлий (бештари корҳои илмии ман бо ҳамин метал). Ин металро дар чипҳои фотоникӣ, яъне лазерҳо, системаҳои спутникӣ, барои коммуникатсия (тариқи нури лазер интернет бо суръати хело баланд кор мекунад), дар радио-электроника ва ғайра истифода мебаранд. Чаро Раҳмонов моро тамоман як давлати бананӣ (банановая страна) кард? Яъне ҳамчун миллат мо танҳо қоқу мавизу ашёи хомфурӯширо медонему халос! Ё муҳоҷири корӣ фурӯширо. Чи фоиданоктар ҳаст: як тонна ашёи хом ё як тонна аз ҳамон ашё барои чипҳо? 

               Исфара

Бародар Муҳаммадиқбол салом! Ман мехоҳам роҷеъ ба ярмаркаҳои дуруғини Душанбе ба шумо як маълумотро расонам. Ҳоло дар тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз баргузории ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ дар пойтахт барномаҳо пахш карда ва онро ба кордониву роҳбарии Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд. Аммо ин ҳам як сохтакорӣ ва фиреби чашми мардум аст.

Санаҳои 11.07.2023 ва 12.07.2023 дар тамоми ҷамоатҳои ноҳияи Исфара маҷлис баргузор гардид. Гуфта шуд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар ярмарка гузаронида мешавад. Ярмаркаҳои меваву сабзавот, сару либос ва гӯшт гузаронида мешавад. Бояд ҳар як ҷамоат ба маблағи аз 5 000 (панҷ ҳазор) то 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ пул ҷамъ намуда ба ҳукумати шаҳри Исфара бисупоранд. Акнун ҷамоатҳо ин маблағро аз тамоми масҷидҳо ва савдогарон талаб дорад, ки то охири моҳи июли соли ҷорӣ пул ҷамъ карда шавад. Баъд ҳукумати Исфара ба ин маблағ ҳамон маводу маҳсулотеро, ки бояд ба ярмаркаи шаҳри Душанбе барад, харидорӣ мекунад. Албатта, боз аз бюҷети шаҳр ҳам маблағ ҷудо карда мешавад. Вале бовар кунед, ин як кори тамоман аҳмақона аст. Бозор ва нархҳоро бо ин роҳҳои сохтаву бофта намешавад мудирият кард. Чаро мо мусафедҳои нафқахӯр барои кадом як ярмарка пул диҳем? Чаро пул диҳем. Намозҳои моро ҳам пулакӣ карда истодаанд. Одамҳое, ки замини олуву зардолу доранд, онҳоро ҳам маҷбур карда истодаанд, ки барои ярмаркаи ноҳия пул диҳанд.  Ва инро боз кори нангу номус гуфта истодаанд. Набоядам ярмаркаи Исфара аз дигарҳо бенуртар мешудааст. Бояд мо нишон медодаем, ки Исфара ва ҳукумати ону мардумаш ин ярмаркаро хеле олӣ ташкил кардаанд. Ба ҳисобҳои пешакии мо ин маблағ аз 500.000 ҳам мегузарад. Аҷиб ин аст ки ин маҳсулотҳоро ба баҳонаи ярмаркаи ноҳия ва обурӯи ноҳия аз мардум ниҳоят арзон мехаранд. Дар инҷо дар вақти харид ҳам изофанивасӣ мекунанд ва ҳам дар вақти фурӯш. Вале дар ниҳоят касе намедонад, ки пули аз ин ярмарка ба даст меомада куҷо меравад? Аҷаб давлату давлатдорие? Э,мур ба ҳамин ҳолу рӯзат Эмомалӣ Раҳмонов.

                    Панҷакент

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз ман яке аз равандаҳои роҳи ҳақ ва аз тарафдорони муборизин бар зидди режими зидди исломии диктатор Эмомалӣ мебошам. Воқеан ончи шумо дар бораи ҷиноятҳои ин режим мегуед шояд қатрае аз баҳр бошад. Мо ҷавонон ва пирони ин сарзамин хаста шудаем. Чи кор бояд кард барои наҷот аз дасти ин золим? Аз пасттарин мақомдор сар карда то сардори золимон дар ин зулм шарик ҳастанд.

Дар деҳаи мо, ки номаш Вешист мебошад, солҳост, ки зулм аст. Ҳар касе меояд яъне: аз раисон ва ҳатто комитети деҳа ба мардум зиёни худро мерасонад.

Мактабҳо қарздор аст ва аз мардум пул ҷамъ мекунанд ва ҳатто кор то ҷое расид, ки аз пулҷамъкунӣ ба оҳанҷамъкунӣ гузаштанд. Ин чи гуна муассисаи давлатӣ ҳаст, ки давлат назорат намекунад. Сол аз сол миқдори талабагон зиёд шуда истодааст, синфхона намерасад. Аз тарафи давлат ҳеҷ дастгирие нест.

Дар ин деҳа ба муллоҳо зулми зиёд мешавад. Ҳар ҳафта амният онҳоро фарёд мекунад. Ба наздики риши як домуллоро тарошиданд, ҳеҷ кас даҳон боз карда наметавонад. Бо фармони ин алайҳи лаънат мардони аз 45 сола боло метавонад риш гузорад вале ин худозадаҳо аз риши одами 70 сола ҳам метарсанд. На дин озод асту на дунё. Чанд сол қабл як нафарро ба ҷурми террорист, ки ҳеҷ гуноҳе надошт 23 сол ҳабс карданд. Нафари дигарро аз зарби лату куб ба ҳоле расониданд, ки мудате нагузашта вафот кард ва 3 тифлаш ятим шуду занаш бева.

Ҳар сол сел меояд роҳо ва манзилҳои истиқоматиро хароб мекунад. Помош меояд ва дар як шаб нобуд мешавад. Ба зарардидагон чанге аз он намерасад. Аз Аллоҳ битарсед ва ба худ раҳм кунед.

Пештар ҷавонон аз облава мегурехтанд, ҳозир бошад падарон ва ҳатто модарон низ дар ҳаросанд. Магар ҳаминро мешавад гуфт: давлатдорӣ. Мехостам дар бораи облавачиён, ки аз ҷамоати Ёрӣ ҳастанд, маълумот диҳам аммо ин вазифаи касоне аст ки зодаи деҳаи Ёрӣ ҳастанд.

 Матлаби дигар ин аст, ки обро бояд аз боло тоза кард. Калла ғафси асосӣ нобуд шавад инҳо ҳама аз паси ӯ мераванд.

Дар ин ҷо аз бузҳои деҳа аксарият метарсанд. Мардум ҳамаи инҳоро мешиносанд. Агар инқилоб сар шавад маҳол аст, ки солим бимонанд. Номи яке аз онҳо Эгам мебошад. Ин одам дар мактаб аз директор боло меистад. Ба бачаҳои қишлоқ арақ оварда мефурӯшад ва ҳамаро гумроҳ мекунад. Худаш дузд аст ва ҳеҷ қадре надорад. Боз гуфтааст, ки агар бихоҳам дар як шаб ҳамаи деҳаро ба оташ мекашам, аммо мо гуфтанием, ки огоҳ бош, ки фақат худатро ба оташ мекашӣ.

Бародар Муҳаммадиқбол ин муқаддима буд. Агар инро нашр кунед боз маълумотҳои ҷолибтаре ҳаст ки онро пешкаш мегардонам.

                                       Конибодом

Салом алейкум бародар! Ман як муҳоҷир аз райони Конибодом, ҷамоати Лоҳутӣ. Бигзор номам махфӣ бимонад.

Ҷураев Зариф Болтаевич солҳои 2000-2006 ҳамчун ВУС-мизи ҳарбии ҷамоати Лоҳутӣ кор мекард. Одами баднаф, кораш танҳо дуздӣ буд. Баъзе нафарҳо 4-5 фарзанди синни даъват дорад,аммо хидмати аскарӣ намераванд.                                                                                                                  Аммо ин кормандони военкомату ҷамоат фақат одамҳои камбағал, бесум ва бе тағоҳоро облава карда месупоранд. Камбағали бечора, сағираи бепадар, яккаписар, маъюб, масалан чашмаш ё гушаш нуқсон дорад, вале ана ҳамин гурӯҳ ҷавонҳоро ба хизмат мефиристанд.

Баъди чанд соли дар ин вазифа кор карданаш халқ ба дод омад. Суми ҷамъкардаашро доду райиси идораи  замини райони Конибодом таъйин шуд. Дар онҷо ҳам кораш ҳаромхурӣ. Заминро мефурӯшад пулро ба имзои котибаш Ашуров Абдуазиз мегирад. Ба дасти коррупсия фаромад. Котибаш аз тарс худро ба дор кашид. Ҷураев Зариф чанд сол дар ҳабс нишаста баромад. Бозори Чоршанберо аз они худ кард.Боғу майдони бобои Аъзамро ба воситаи дусташ (як золими дигари хуни мардумхур Ғафуров Қодир Абдушукурович, раиси Ассосиатсияи ба номи Ашурмат Қодиров) аз они худ карданд. Бечора бобои Аъзам бари ин фазенда чанд сол меҳнат кард. Охираш ин гурсначашмҳо кашида гирифтанд. Қодир Ғафуров як коргар дошт. Як одамро кушта ба чуқурӣ мепартояд. Баъд аз кофтукови зиёд ҷасадро пайдо карда дар қабристони бесоҳибони Конибодом ба хок мемонад. То ҳол ин ҷинояткорҳо дар озодӣ гаштаанд.

  Як одами ҳақгуй буд. Чанд бор Ғафуров Қодир ва Ҷураев Зарифро лат мекунад. Инҳо коре карданду ӯро подставит карда ба суд дода 12,5 аз озодӣ маҳрум карданд. Номи он одам Абдуҷалол аст,ки ҳозир дар СИЗО-и Хуҷанд адои ҷазо карда истодааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 Маназаров Абдуҷалол хизмати модар Ватан мекард. Сардори ошхонаи част буд. Ҷураев Зариф Болтаевич донишҷӯи солҳои ҷанг буд. Ӯро Абдуҷчалол бо пушокаву хурока тамин мекард. Чунки онҳо ҳамсинф буданд.

 Абдуҷалол Ҷураев Зарифро таъмин мекард, ёрдам медод. Аммо номарди Зариф ҳамаи ин хубиҳоро андеша накарду ӯро подстава кард.

Share This Article