Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№62

Ислоҳ нет

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» беш аз пеш мақбул ва писанди мардум чи дар дохил ва чи дар хориҷ шуда истодааст. Ба ин гуфтаи мо номаҳои ҳаводорону мухлисон ва онҳое, ки ба сарнавишти ватан, давлат ва мардуму миллатмаон бетафовут нестанд, гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол дар ин нашри барнома номаи нафареро мехонед, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад ва чуноне дар суҳбат изҳор дошт аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашад. Аммо ҳамеша дар ин фикр аст Тоҷикистони азиз-ватани худро ҳамеша дар ҳоли рушду пешрафт ва ободӣ бубинад. Вай аз сардори амнияти вилояти Суғд бароямон нома фиристодааст, ки дар ин барнома мутолиа хоҳед кард. Ин навбати барнома ҳам моломол аз дарду доғи мардум аст, мардуме, ки бо умед барои мо менависанд, токи зарае ҳам бошад роҳи ҳал пайдо кунанд.

                                          Зафаробод

Ассалому алейкум акаи Муҳаммадиқбол! Аз Зафаробод менависам, аз Зафарободе, ки дар ин чанд ҳафтаҳои ахир бархе аз сокинонаш, аз ҷумла Малоҳат Абдусаломова хеле зид дар барномаи шумо иштирок мекунад.
Мехостам дар бораи ҳамин хонум, ки муовини раисия ноҳия аст чанд сухане бигӯям. Абдусаломзода Малоҳат, муовини раиси ноҳияи Зафарбод бахшҳои тандурустӣ ва маорифро сарпарастӣ мекунад.
 Муаллима Абдусаломова Малоҳат ҳудуди 20 сол муаллими фанни забон ва  адабиёт буд.

 Дар байни ин 20 сол Малоҳат Абдусаломзода дар вазифаи директории мактаб ҳам кор кардааст. 8 ё 10 сол. Абдусаломова худаш тоҷик вале шавҳараш Абдулатиф узбек аст. Соҳиби 3 фарзанд, 2 писар ва 1духтар. Бону Малоҳат дар мактаб кор мекарду шавҳараш бошад мағоза дорад.

8 сол пеш рейди полиция доир мешавад ва дар магазини шавҳари Малоҳат маводи мухаддир меёбанд. Як ҳафта магазини худро боз накарданд. Давоми ин муддат падари муаллима тавонист, ки корро ҳал намояд ва боз магазинро кушоданд.
Ман худам низ дар ҳамон мактабе, ки ин зан директор буд хонда ба донишгоҳ даромадаам.
  Ман вақте ки дар синфи ибтидоӣ мехондам ин зан нав директор шуданӣ буд. Ин муаллима бо ҳамроҳии муаллима Ниёзова Бибӣ ба даҳони мо рӯзадорон об мерехтанд, то ки рӯзаи моро шикананд. Инҳо моро мегуфтанд, ки ба шумо чи лозим ин рӯза, ин моли мо нест мегуфтанд.  
 Муаллимае, ки гуфтам Ниёзова Бибӣ, як хоҳаре дорад ки дар мактаб китобхоначӣ аст. Касоне, ки пули китобро намедоданд, онҳоро пеши ҳама шарманда мекард ва мезад ва дар синф роҳ намедод. Пули обуна низ чунин буд. Ман ва ҳамсинфонам иин газетаҳоро намедидему намехондем. Вале инҳо маҷбур ва дар линейка шарманда мекарданд.
Ва боз мехостам дар бораи пули таъмири мактаб бигуям. Масъули таъмири мактаб Файзалӣ ном муаллим буд. Аслаш аз Яғноб (суғдӣ). Ин мард сари як талаба 27сомонӣ ҷамъ мекард.

Мактаби мо 3 ошёна аст ва боз як бинои барои синфҳои ибтидоӣ дорад. Аз ин қадар талаба пули гирифтаашонро танҳо ба як чи сарф мекарданд.Танҳо ба ранг. Ранг мекарданд мактабро ва бо ҳамин тамом. Дар байни 11 соле, ки ман хондам  танхо туалет барои синфҳои аз 5то 11 сохтанд. Барои синфҳои аз 1 то 4 як туалете ҳаст, ки ҳатто онҳо намерафтанд, чун он девори хуб надошт. Дигар як ҷойи ин мактабро обод накардаанд.
Ин муаллим Файзалӣ (лақабаш билишихур) боз масъули ошхона низ буд. Аз ҳар сари талабаҳои синфҳои ибтидоӣ  3 сомонӣ ҷамъ мекард. Агар намедодем иҷозаи даромадан ба ошхона намедод. Мо худамон шоҳидем, ки ин билишихур орд ва ангишти мактабро пинҳонӣ ба хонаш мебурд. Аз паси бинои синфҳои ибтидоӣ медуздиду мебурд.

    Имрӯз мебинам, ки ин муаллимҳо дар эфири шумо мебароянд ва ҳимоя мекунанд президентро. Баъди ин баромадҳо ман хабардор шудам, ки инҳоро маҷбур мекардаанд, ки баромад намуда зидди шумо гап зананд.

Қасам мехурам, ки инҳоро маҷбуран ба ноҳия оварда маҷбур карданд, ки эфир дароянд, ман шоҳид ҳастам. Онҳоро таҳдид карда истодаанд, ки аз давлат маош мегирӣ, нони давлатро мехурӣ, нони президентро мехурӣ аз онҳо ҳимоят кун.
Дар шаҳраки мо, яъне дар шаҳраки Ҳамид Алиев қариб ними аҳолиро мардуми Яғноб ташкил мекунанд. Ин мардум хело мардуми хуб ва диндор ҳастанд. Ман худам аз ноҳияи Айнӣ ҳастам ва ҳар замон ба куҳҳои Яғноб меравам. Президент 2015 ва ё 16 Яғноб омад ва ваъда дод, ки ба ин халқ мост яъне пул месозад. Вале баъди рафтанаш ягон мансабдор ин тарафҳо тоб нахурд ва дар ёди касе ҳам намонд, ки бояд пул созанд. Барои ҳамин ин мардум ҳам муқобили Эмомалӣ Раҳмон-ин хоини миллат ҳастанд.  

                                     Зафаробод

 Ассалому алейкум вараҳматуллоҳу ва баракатуҳу.

Маълумот аз ноҳияи ЗАФАРОБОД.

– ҚАТЛИ ИНСОН

Марҳум Сафаров Анвар бо фармони Ашурзода Раҷаб (собиқ раиси ноҳияи Зафаробод) бояд қубури обгузари хоҷагии деҳқонии Примовро, ки аз канал ба сари замин об мегузарад,  бо  халтаҳои пур аз хасу хошок бибандад.

  Вале мутаассифона Сафаров Анвар ғарқ мешавад. Ин воқеа соли 2019 рух додааст. Аммо  ҳеҷ кас ба ҷавобгари кашида нашуд. Ҳатто аз прокуратураи генералӣ ҳам барои тафтишот омада ҳаққи худро гирифта рафтанд.

 Тамоми трасаҳо (қубурҳои обгузар) канали 2 бе панҷараву бе дарвозаанд. Барои чи Давлатов Қудратулло (солҳои дароз роҳбари хоҷагии давлатии об буд) ба ҷавобгари кашида нашуд дар тӯли чандин солҳо ки роҳбари УОС (Управления оросительной системы) буд.

–  ГОВҲО ВА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ.

Соли 2007,  ду ҳазор сар зёдтар говҳои ширдор аз фермаи собиқ савхози “Рифъат Ҳоҷиев”  ба ноҳияи Шаҳристон гуён равон карда шуд. Вале ҳеҷ кас  намедонад он говҳо дар  Шаҳристонанд ё дар Данғара.

    Директори совхози ҳамонвақта Бурҳонов Бурҳоншо ва ҳокими  ноҳия Абдураҳмон Қодирӣ буд.  Вале ҳозир фарзанди калонии Бурҳонов Бурҳоншо ки номаш Суҳроб аст дар дастаи  Рустами Эмомалӣ кор мекунад.

   Дар  ноҳияи Зафаробод  3 ҳоким корашон фақат дуздӣ ва ғоратгарӣ буд.

Исмоилов Мирзооқил, Абдураҳмон Қодиров, ва Ашуров (Ашурзода Раҷаб)

– БОЗОР!

 Назиров Ёғибек роҳбари СЭС(Санэпидемстанция) ҳар вақте ки барои тафтиш ба бозорҳо меравад аз мағозаҳое, ки гушти говҳои пир ва бесифат ва ба талабот ҷавобгӯ набударо  дида аммо монеаги накарда Пора гирифта аз пайи кори худ мешавад.

– МАОРИФ.

Соли пеши дар н.Зафаробрд  дар тамоми мактабҳо 370 муаллим намерасид.

Аз сабаби маош кам будан ариза нависта аз  кор рафтанд.

  Чаро Муллима Малоҳат Абусаломова,ки маҳз корашон назорати ин соҳаи маориф ҳаст ба ин самт диққатӣ ҷиддӣ намедиҳанд? Аз ин пас мо ҳама мушкилоти ин соҳаи маориф ва илм ва иҷтимоиётро ба “Ислоҳ” мефиристем.                        

                                    Калифорния

Ассалому алейкум акои Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман яке аз мухлисони барномаи Шумо аз Калифорнияи Амрико ҳастам. Тавассути барномаҳои шумо бо Тоҷикистон робитаам ҳифз ва маълумотам такмил мешавад. Ташаккур ба шумо! Вазъу ҳол аз ватанро бо «Ислоҳ» пайгирӣ мекунам ва бохабар мешавам. Ҳоло шумо барои ман манбаъи муътамади маълумот аз ватан шудаед!

  Ман дар бораи генерал Алихон Зубайдзода, раиси КДАМ-и вилояти Суғд маълумот медиҳам. Ин шахс ҳам аз Данғара аст. Соли таваллудаш 1970. Ин шахс аз Кулисуфиён, як қишлоқи байникуҳӣ аст. Ин қишлоқи Тоҷиддин Пирзодаи раиси «Бонки рушди Тоҷикистон» ҳам ҳаст. ( Мо медонем Пиров Тоҷиддин раиси “Тоҷиксодирот бонк” ҳаст вале дар мавриди «Бонки рушди Тоҷикистон», ки аз ӯ бошад маълумот надорем. Аммо навиштаи ин хонандаро бе таҳриф овардаем)

Дар ин қишлоқи хурд мактаб то синфи 8 буд. Мактаби миёна надошт. Зубайдзода Алихон барои давом додани таҳсил дар мактаб ба синфҳои 9-10 ба шаҳри Норак ба посёлкаи Лангар, ба хонаи апаш омада меистад ва таҳсилашро дар мактаби №2-и Лангар давом медиҳад. Шаҳри Норак яке аз шаҳрҳои беҳтарини Тоҷикистон ба шумор мерафт ва мисли Бустон, собиқ Чкалов ва ГОК-Комбинати маъодини куҳии ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд дар солҳои шуравӣ Мос обеспечений Московское обеспечение буд. Дар Норак муаллимон аксарият аз мардуми рус ва бахдахшониҳо (помирихо) буданд ва онҳо дарс меомухтанд дар вақти СССР. Алихон синфҳои болоиро аз қишлоқи Кулисуфиёни Данғара омада дар Норак давом медиҳад. Баъди мактаби миёна факультети физкултура (тарбияи ҷисмониро) хатм мекунад ва омада дар  Норак, посёлаки Лангар дарс медиҳад. Ва бо ҳамсараш Исҳоқова Маҳбуба, таваллудаш 1976 дар ана ҳамин мактаби №2 шинос мешавад. Падари занашро дар аввали ҷангҳо кулобиҳо мекушанд. Аксашро аз видеои пешвозгири пешвояшон дар давлати Чехия метавонед бинед.

Як дарози сиёҳи бинидароз. Бачаҳои муборизро дашном медихад. Телохранители Эмомалӣ буд. Забонаш камтар лакнат дорад, ҳарфи С-ро Т мегуяд. Вақте гап мезанад гапашро фаҳмидан мушкил аст. Бисёр одами бад аст. Як додар дорад. Додараш аз ин ҳам бадтар мебошад. Ҳамаро тарс медиҳад ва доля мегирад. Ҳозир дар Суғд аст ва ҳамаро ба дод овардагӣ. Тамоми бемористонҳо, шуъбаҳои марорфи ва бахши робита бо ҷомеаи навоҳии вилояти Суғдро вазифадор кардааст, ки муқобили барномаҳои “Ислоҳ.нет” баромад карда Муҳаммадиқболро сиёҳ кунанд.

  Аммо талошҳояш дар ноҳияҳои Шаҳристону Зафаробод ва Истаравшан ба нокомӣ анҷом ёфтааст. Ҳоло вай ба унвони ҷойгузини СС.Ятимов худро муаррифӣ карда истодааст. Як вақтҳо бисёр мехост, ки ҷойи Муроди телехро бигирад ва телехи рақами 1-и Эмомалӣ Раҳмонов шавад.

  Ҳоло акнун гуё вай яке аз номзадҳои асосӣ ба ҷои Ятимов аст ва аз руи баъзе маълумотҳо сабаби ба вилояти Суғд бурданашон ҳам ҳамин аст, ки бо вазъи ин вилоят ва махсусан авзоъи сарҳад бо Қирғизистон ва навоҳии марзӣ бо ин кишвар ва роҳбарияти минтақаҳои сарҳадии қирғиз шинос шавад ва робита пайдо кунад.

                                          Рашт

    Салом бародари имонии мо, ғамхори миллати тоҷик, Муҳаммадиқбол! Ҳатман ин хитоби моро ба золимон расонед. Мо ва шумо имрӯз вазъияти дохилии кишваро хуб медонем. Ва Шумо ҳар рӯз барои ҳар гӯшаи кишвар, ки дар он ҷо бедогарӣ меравад ҳатман барнома омода мекунед. Барои мардуми Рашт ҳам сухан кунед. Номаи ман аз ҳодисаи соли пеш аст. Агар ин номаро, ки нашр кардед, ҳамкорӣ бо шуморо идома медиҳам.

  Бовар намоед, бедодгарии ин золимон дар ин ҷо ба ҳаде расидааст, ки гуфтани он барои мардуми тоҷик алалхусус мусалмонон хеле сахт аст. Албатта, ин ба онҳое ки мусалмонанд бояд таъсири калон расонад. Мо ба ин қадар фишор ва беинсофии ин золимон сабр кардем ва аз Худо талаби нестии онҳоро хостем ва то ин вақт хомӯш будем. Аммо имрӯз бояд садо баланд кунем, ки ин золимон дар хонаи Худои мо яъне масҷид рақсу бозӣ ташкил карданд ва халқи ин манотиқ ҳанӯз ҳам аз тарси ҷони худ хомӯшанд.

  Мо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз аввали моҳи сентябр то ба ҳол дарс ва Донишкадаро надидаем. Аз саҳар то бегоҳ то 9 ум барои Истиқлолият ва то 22 бояд барои пешво ба дарс наравем ва имрӯз қариб, ки тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷҳо ва Донишкадаи ноҳия ҳама дар маркази ноҳия ба вируси аз ковиди 19 ҳам бадтар маршировка гирифтор шудаем. Касе ба додамон намерасад. Дар рафти маршировка баъзе аз духтарҳо ҳушашон мераванд. Аммо мегӯянд чизе нест,то мурдан бояд иштирок кунед ва ҳатто духтарони синфҳои поёниро ба ин кори пучу бе маънӣ ҷалб кардаанд ва то бегоҳ барои мо як қатра об намедиҳанд, то соати 6 гушнаву ташна мисли ҳайвон дар майдон «бошгард» мегӯянд. Безор шудаем. Агар барои ҳар як ҷашн 10- 15 рӯз маршировка кунем, пас, мо кай дарс мехонем? Дар пеш боз идҳои сабзавот, мевагӣ ва кадуву пиёз картошка дорем. Чи кор кунем? Вой дод. Аслан мо ҳайрон мондаем, ки ин Пасво ин ҷо барои чи меояд? Лекин як чизро медонем, ки ӯ дар ҳар ташрифаш ба ноҳия ҳамон як дорухонаро кушода аз боғи деҳқоне мевагӣ хӯрда бегоҳ консерт тамошо карда кайф мекунад. Ва фикри ин қадар заҳмати моро накарда (маршировкаро дар назар дорам) меравад. Албатта ин золимон бояд фаромӯш накунад, ки мо мардуми Раштонзамин дар ислом ва дини худ устуворем ва ҳеҷ гоҳ онҳо бо маршировка ва режими бадахлоқонаи худ моро пароканда ва гумроҳ карда наметавонанд.

                                          Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман соли 2021 дар қисми ҳарбӣ 15018-и вазорати мудофиа адои хизмат мекардам. Командири қисми ҳарбиамон подполковник Наврӯз Раҳимзода аз Кӯлоб буд. Аммо чандин сол боз дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Бо дастони худамон ба мошинаш хӯрокеро, ки бояд мо сарбозҳо мехӯрдем бор мекардем.

Командир оид ба таъминот майёр Давлатзода буд. Валлоҳӣ бо дастонамон қопчаҳои ордро дар хонааш мефаровардем.

   Муовини командири қисми ҳарбиамон майёр Асозода Умед. Ӯ аз ноҳияи Панҷ мебошад. Яке аз золимтарин инсон буд.1 0 рӯза отпускаро 300с сомонӣ мефурӯшад. Ин отпуска бепул аст. Вале вай то 300 сомонӣ нагирад, имзо намемонад. 300 сомонӣ ставкааш аст. Агар мабодо 200 ё 250 диҳӣ, боқиашро баъди отпуска ҳатман оварда медиҳӣ. Набошад рӯз надорӣ дар хихмат.

Аз ҳаром хурии зиёд шикамаш пеш пешаш мерафт.

Подполковник Зиёзода масъулияташ оид тарбия буд. Ӯ аз Варзоб аст. Вақте як сарбозро хабаргирӣ меомаданд то рафтани волидонаш дар пушти дар интизор мешуд, то ки ҳама он чизе, ки ба сарбоз меоварданд аз дасташ бигирад ва мегирифт он ҳамаро.

  Як полковник бо номи Гапаров зуд- зуд ба қисми ҳарбӣ меомад. Ростӣ чӣ вазифа доштанашро намедонам. Аммо медонистам, ки ҷиянҳояш дар он қисми ҳарбӣ буд. Меомад шикамашро сер мекард. Мошинашро мойка мекарданд. Дар даҳонаш танҳо ҳақорат буду бас.

   Қисми ҳарбӣ дар қарибии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Ленински район ( Рудакӣ ) қарор дошт. Ин суханони манро нашр кунед, то мардум бидонад, ки дар қисмҳои ҳарбӣ вазъият чи хел аст, нашр намоед, то ки ин золимон ислоҳ шаванд. Ман бисёр корҳоеро медонам ки ҳоло нагуфтаам.

                                           Файзобод

Устоди азиз умедворам хуб ҳастед. Ман аз ноҳияи Файзобод ҳастам. Бори аввал аст ки бо шумо дар тамос мешавам. Баъзе аз дарди мардумро мехоҳам ба Шумо расонам ва ин дарди мардумро дар “Номахо аз ноҳияҳо” нашр кунед.

  Ман хело шуд, ки барномаҳои Шуморо тамошо мекунам. Аз номи мардуми  Файзобод  дуъо мекунем, ки Аллоҳ макони падаратонро ҷаннат гардонад.

 Мебинам, ки дар «Ислоҳ» мардуми Файзобод иштирок намекунанд. Ман хостам ки аз ноадолативу ноҳақиҳо бигуям то мардуми Файзобод бедор шаванд.

    Ман аз деҳаи Чуқураки Файзободам. Раиси Чуқурак Мусофиров Акрам бо муовинонаш хона ба хона гашта 1300 сомонӣ сари хона барои асфалти роҳ ҷамъ карданд. Нафарони камбағал ва бедаромад, ки нони хурданро ба як азоб меёбанд гуфтанд надорем,намедиҳем. Акрами раис бо муовинонаш ба оилаҳои камбағал таҳдид кард кадоме надиҳад ба мурдаву туяш ҳеҷ касро иҷозат намедиҳем, ки иштирок кунад. Баъди ин гуна таҳдиди раис камбағалҳои бечора зора карданд, ки майлаш медиҳем, бигиред пули моро. Боз раис ноз карда гуфтааст, не намегирем, мо дигар кор надорем ба шумо барин оилаҳо. Аммо дар охир гирифтанд пули мардумро ва асфалти хомро рехтанд. Асфалтрезиро навор карда дар Ютуб гузоштанд. Як бузи отдел бо номи Эшони Исо мегуяд бо дастгирии ҳукумат роҳро мумфарш кардем. Шарм накарда чунин дуруғро гуфт. Дар ҳоле, ки ҳама медонад ин роҳ бо пули аз мардум ҷамъоварикарда мумфарш шуд ва ҳукумат ягон зара дахл надорад.

  Се сол пеш ҳам аз мардум пул ҷамъ карда медпункти деҳаро навсозӣ карда буданд. Дар рӯзи асфалтхобонӣ барнома карданду дар Ютуб гузоштанд. Раиси қишлоқ Мусофиров Акрам дар баромадаш гуфт, ки бо пули мардум асфалтро рехтем. Раис руирост гуфт, ки он бо пули мардум обод гардид, бо пули мардум асфалт кардем роҳро. Ба фикрам аз мақомот фишор оварданд, ки зуд удалит карданд, ки обруи набудагиамонро мерезонад. Барои ҳамин удалит карданд.

Дар кори асфалтхобонӣ ҳамаи мардумро ба ҳашар бароварданд. Дар Ютуб тамошо кардем, ки ҳамаи мардуми деҳа дастбадаст мум рехта истодаанд. Ягон одами бегона набуд.

  Раиси ноҳия Холзода Бобишоҳ ва раиси ҷамоати Дустмуроди Алӣ як ҳаромхур- Зубайдов Зайдулло ҷони мардумро ба лабаш овардаанд. Ин раиси ҷамоат барои хизмати ҳарбӣ, барои танзим, дар умум ҳар хел баҳона кофта пул меканад. Агар он наворро ҳазф намекарданд, чеҳраи ҳамаашонро мардум медид.

Дар мактаб пулҷамъовари як ҳодиса аст. Пули ҳамачизро аз талабаҳо ва падару модарони онҳо ҷамъ мекунанд. Рӯзе нест, ки бо баҳонае кудакҳоро маҷбур ба пул овардан накунанд. Пул барои денрожденияи муаллима, пули суғурта, пул барои оина, пул барои китоб, пул барои бур, пул барои журнал, пули ремонти мактаб. Аммо аз пули ремонти мактаб, танҳо деворҳоро бо оҳак сафед мекунану халос. Мактаб як ҳоли зор дорад. Дар мактаб духтарҳоро таҷовуз мекунанд. Муаллимаҳое бешавҳар ҳастанд бо онҳо зинокорӣ мекунанд ва бархе аз ин муаллимаҳо ҳатто ба талабаҳои синфҳои болоӣ ин корро мекунанд. Китобҳое, ки 15 сол шуд, истифода бурда истодаанд, Пули онҳоро ҳам аз талабаҳо мегиранд ва талабаро хона мефиристанду таҳдид мекунанд, ки то пулро наоварӣ мактаб наё.

 Директори мактаби №46 ҳамон раиси деҳа Мусофиров Акрам мебошад. Мусофиров Акрам як алкаш аст. 15 сол акааш Хуршед Мусофиров директори мактаб буд. Вай ҳам як майзадаи зинопеша буд. Ба духтарҳо бо чашми бад нигоҳ мекард. Як фарроши мактабро, ки як духтари камбағал ва бешавҳар буд, мисли занаш истифода мебурд. Он полшуяк то ба ҳол шавҳар кардагӣ нест. Азбаски номаш бад шуд, номашро намехоҳам бигирам. Шояд ягон кас бигирад. Аммо мардум медонад, ки гап дар бораи кӣ мераваду он духтар кист.

   Пули арақу сигареташ аз ҳисоби талабаҳо буд. Соли гузашта бачаҳояш ӯро маҷбурӣ ба хонаи худо роҳӣ карданд, то ки ба ифоқа ояду аз корҳои зишт даст бардорад. Ҳозир муаллими алгебра ва геометрия аст.

 Ҳоло ду сол аст ки бародараш Мусофиров Акрам директор асту ҳамон кору рафтори акаашро давом дода истодааст. Рӯз директору шаб бо талабаҳояш арақхурӣ. Пас, аз куҷо он талаба ӯро ҳурмат мекунад? Аз куҷо он талаба таълиму тарбия мегирад? Дар мактаб ягон муаллими босавод намондааст. Талабаҳо мегуянд, ки муаллим меояд журналро мепартояду меравад. Занг мешавад як кудакро мегуяд рав журналро биёр.

 Мактаб дар ҳолати пасттарин афтодааст.

    Дар бораи як оилаи дигар гуфтаниям. Қутбиддинов Ҳошим, сокини деҳаи Чуқурак. Писари калонияш профессор дар Донишгоҳи миллӣ дар шаҳри Душанбе- Бахтиёр Қутбиддинов ном дорад. Ин  ҳам як бузи СС.Ятимов аст.   

  Писари дуюмаш дар суди шаҳраки Файзобод кор мекунад. Қутбиддинов Фахриддин, раиси суд аст.

Писари савумаш магазин дорад. Баня дорад. Заминҳое, ки солҳои сол мардум ба унвони чарогоҳ истифода мекард, аз рӯи власти акаҳояш хоҷагии деҳқонӣ карда гирифт. Дар он заминҳо як чашмаи калон ҳаст.  Оби он чашмаро мардум ба деҳа оварда буданд. Нисфи қишлоқ чил сол боз аз он чашма об мехурд, об мерасид. 3 сол пеш як баня сохт. Он чашмае, ки чил сол зиёд мардум аз он об мехурд 80% оби онро ба баняаш даровард. Ягон кас овоз баланд накард. Як ду бор мардум эътироз кард. Гуфт, ки ман ин заминро харида хоҷагии деҳқонӣ кардам, бихоҳам ҳамон 20%ро ҳам намедиҳаматон. Ягон чи гуфтаниед, ба куҷо шикоят мекунед, кардан гиред.

Ҳоло дар хонаҳои мардум об нест. Аз набудани об танқисӣ мекашанд. Аммо об дар баняи ӯ. Мардум дар баняи ӯ пулакӣ оббозӣ мекунанд. Ин давлат танҳо барои вазифадорон аст. Мардуми одӣ бояд азоб кашанд.

   Дар боло гуфтам, ки як нафар бо номи Эшони Исо ҳаст, ки бузи отдел мебошад. Писараш ҳам бузи калони қишлоқ аст, ки призивникҳоҳоро мефурӯшад ба военкомат. Дар тую маъракаҳо ҳамчун эшон, ҳамчун мулло фарёдаш мекунанд, боз ба танзим мефурӯшад. Ҳамаи корҳои деҳаро дания медиҳад ба отдел. Мардуми деҳа нисфаш бохабар аст. Мехоҳам ҳамааш хабардор шаванд аз ин хел бузҳо. Писараш номаш Абдуликоҳ аст.

                                             Восеъ

Ба номи Худованди бахшоянда меҳрубон ва бениҳоят бо раҳм.

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ умратонро дароз кунад ва ба шумо шифои комил ато фармояд. Сиҳатию саломати шумо барои ин халқи ҷафодида ва мазлум бениҳоят муҳим аст ва ҳамеша дар ҳақатон дуо мекунем. 

Аз ҷамоати Миралии Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ шикоятҳои зиёде дорем.

Мехоҳем шумо онҳоро ба гӯши кари мақомот ва Раисҷумҳур расонед. Ин халқ дигар сабраш лабрез шуд. Бинобар шунидаҳоямон Раҳмонов ба охирҳои моҳи сентябр ба ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев сафар дорад. Бояд бо қайчичаи сеҳрнокаш роҳро кушояд, боғи вазир ва дигар иншоотҳои хурду бузургро ба истифода диҳад. Аммо инҳо ними пули роҳро ба киссашон мезананд. Ин роҳ бояд барвақт сохта мешуд.

   Ба хотири омадани президент фармон додаанд, ки дар майдони футболи деҳаи Чуқурак, ки ҳар ҷамоат 1камази аҷириқ чинда биёраду инҷоро барои чархболи пешво омода кунад. Хароҷотро аз ҳисоби маошҳо мегардонидаанд. Шояд ба пешво пора медиҳанд барои дар сатҳи баланд насохтани роҳ. Мо як дафъа ба Раҳмонов ҳушдор додем то инҷо наояд. Чунки ӯ меояд мардумро ғам мегирад. Ин шо Аллоҳ аз ҳамин аҷириқҳо якеаш хор шуда дар пойи Раҳмонов мехалад ва сюрприз мешавад.

  Шоҳроҳе, ки ҳозир дар ҳоли анҷом аст аз шаҳраки Ҳулбук (Қурбоншаҳид) то Кангурт ва аз онҷо ба Данғара мепайвандад. Барои ин пули калон ҷудо шуд. Қисми зиёди пулро хӯрданд. Якеаш худашро дор кашид, ба хотири дуздияш.

Роҳе, ки бояд калон мешуд тангбар карданд, ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Қисми зиёди хонаҳо ва иншоотҳоро чапа карда аммо ба онҳо пули ночиз доданд ва он нафароне, ки бой буданд сумашонро пурра гирифтанд. Аммо иншоотҳояшонро не.  Масалан Ҷӯрахон, Наврӯз, Нуриддин чаро инҳо намегиранд?

 Дар онҷо бояд роҳрав шавад, аммо азбаски деворҳои онҳо халал мерасонад роҳравро насохтанд. Агар нагиранд ин ҳамин тавр мемонад.Талабаҳо ба роҳ мебароянд, ҳатто писари худи Ҷӯрахонро мошин зад, аммо ҳеҷ дарсе нашуд. Роҳи нав шудааст, мошинҳо тез меронанд.Чандин кас ҷон бохт дар ин роҳ дар деҳа.

  Як ладаи 07 аст ки номери мошин 44-40 мебошад, писари Федя ном шахс ронандааш аст. Одамҳоро хобкунӣ намемонад дар шаб. Мусиқии баланд мегузораду бо суръати баланд меронад мошинро. Инҳо ку соҳиб надоранд аммо началники ШКД ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев Ҷангиев чи кор мекунад ё участковый Хайём? Мо якбор гуфтем гиред инҳоро аз вазифаашон. Оё дигар дар ВКД одам ёфт нашуд, ки инҳоро дар инҷо мондед.

  Гаишникҳояшро бигуӣ дар роҳ меистанд. Ҳар куҷое, ки хостанд пост ташкил мекунанд бо мошинҳои шахсӣ ба мисоли Опел хечбек 4010вн03 ва ҳар касро маън мекунанд. Мегӯянд ту тез рондӣ ё фалон ҳуҷҷат надорӣ дар мошиннат гуфта сум мекананд. Онҳоро ҳам фаҳмидан даркор. Дар хона зану фарзанд доранд. Ҳамин ронандаҳо набошанд онҳо гурусна мемонанд.

  Раҳим Рамазон ин як шармандагӣ аст. Бигиред Ҷангиевро бо Хайёми сабзиба даст. Ин ду нафар оқибат шуморо шармандаи калон мекунанд.

Шумо аз пайи ҷустуҷуи аъзои тми “Ислоҳ” дар Восеъ нашавед. Ягон касро пайдо карда наметавонед.

Мо, ҳоло дар даст далелҳоеро ҷамъоварӣ кардаем, ки шумо худатон ҷавонҳоро дар наркотика ва банг шинонида истодаед. Тими Ислоҳ дар Восеъ хеле ҳам хуб кор мекунад.

  Деҳаро тагу ру кардед аммо ҳатто як нишона наёфтед. То психологҳоятон кор карданд аммо натиҷа нол. Ва он одаме, ки шумо ҳозир гумонбаред он аз ин тим нест. Ҳамон италянсро дар назар дорам, чун ӯ дар дастатон аст. Аммо чи хеле ки мебинед ман то ҳол давом дода истодаам. 

  Раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед, магар туро барои виставка овардан дар онҷо монданд: курӣ ё забонкутоҳ? Мебароӣ як ҷоро нигоҳ кун.

   Ё ин ки сардории КДАМ-и Восеъ. Эҳтиёт шав бача, сахт корҳои без кардестаи, мо хабарат кардем. Ту як худозадаи беимонӣ: «Ку бра уқа зӯр мегир хта, бра Гулов Рустама биёр барои дуздиёш, ҳушорша бача, ки идоф навбати тай».

  Ҷӯрахони ҳоҷӣ ё педофил, худаш педофил, чунки ба инҳо ҳоҷигӣ намезебад, чандин сол аст ба тиҷорат машғул аст. Бо ин восита мехоҳад мағозаи калон созад. Аммо масоҳаташ камӣ мекунад, чун пеш вақт дар онҷо идораи почта ва телефон буд, ки мардум истифода  мекарданд.

 Баъди чанд сол онҷоро бастанд. Дар онҷо коргари почта зиндагӣ мекард. Баъд аз фавташ ин педофили Ҷӯрахон мегӯяд ман инҷоро мехарам. Як қисми пулашро медиҳад қисми дигарашро намедиҳаду фиребашон мекунад. Онҳоро аз онҷо берун мекунад ва онҷо хона месозад. Дар Восеъ як зани дуюм ва аз ӯ фарзанд ҳам дорад. Аммо ӯро ҳеҷ нигоҳубин намекунад. Ин магазинро тариқи фоидаи фурӯши наркотика васеътар мекунад. Дар ин бора мо алоҳида мавзӯъ дорем ва комил мефиристем.

  Ҳангоми калон кардани роҳ 40ҳазор сомонӣ ҷуброн мегирад, ба хотири заборашро қафо бурдан. Онҷо тротуар-пиёдароҳ бояд шавад. Аммо забор ҳоло ноҷунбону дар ҷояш истодааст, намегирад. Зӯри мақомот намерасад, агар не пас курсиро холи кунед то як мерасидагияш шинад.

  Роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест. Пешво биёяд чи мегуед ё ин ки ҷои чархболро барои он 4 деҳа болотар кардед, ки набинад? Пештар ба инҷо ба хотири кушодани беморхонаи рақами 5 омада буд. Дар Ҳулбук асфалт карданд барои чархбол. Аммо чанг дар осмон хест. Ба қавле қаҳраш кард ва ҳангоми кушодани беморхонаи 5 барои сифати паст писарони  Миралӣ Маҳмадалиевро танқид кард, чун сумро хӯрданд, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Шамол вазид, кришааш парида рафт. Пас аз рафтани Раҳмонов рангҳояш дар борон рехтанд. Ин роҳе, ки сохтаед низ чунин аст, аз ҳозир пастубаланд-гармошка шудааст. Гуфти Ташриф «агар бой шудан хоҳӣ 5см ай иснш 5см дигар ай уснш бдрор бой мешай». Шумо ҳам ҳамин хел карда истодаед.   

  Раҳмонов! Ман чанд бор гуфтам, як ҷамоатро идора карда наметавонӣ, куҷо расад ба президентӣ? 

Share This Article