«Пешвои муаззами шаҳри Конибодом» кист?

Ислоҳ нет

Ин бор се номаи алоҳида аз Конибодомро дар як матлаб ҷо додем. Дар воқеъ мардуми ҷасур ва шуҷоъи Конибодом бо зулму ситами мақомоти маҳаллӣ ҳеҷ гоҳ сар намефароранд. Онҳо дар талаби ҳақу ҳуқуқи худ ҳастанд. Албатта ин шуҷоату ҷасорат барои онҳо пуштӣ аст. Онҳо буданд,ки солҳои аввали ҳукумати Ленин сари роҳи вагони Михаил Калинин, раиси Президиуми СССР-ро гирифта ӯро водор каранд, ки Конибодомро аз таркиби РСС Узбакистон ба ҳайати Тоҷикистон ворид кунад. Дар мавриди ин мардуми шариф ва корномаҳои онҳо мешавад зиёд гуфту навишт. Аммо мутолиаи ҳамин се нома ҳам нишон медиҳад, ки ин мардум гардан намефароранд ва бо ҳиммату боғайрат ва бономусанд:

                  Номаи Аввал

Баъди нашри матлаби «Бомба дар Конибодом»  мардуми Конибодом хурсанд шуданд, ки аз корҳои ғайриқонунии раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом дар Ислоҳ. ТВ гуфтанд. Дар Ютуб онро ҳамакаса дидем ва ончи навиштеду гуфтед рост мебошад. Ин раиси шаҳр Конибодомро давлати алоҳида кардааст, давлат дар даруни давлат. Ба мақомоти қудратӣ супориш додааст, ки амру қарорҳои ман дар даруни шаҳри Конибодом иҷро карда шавад ва агар ба қарорҳои ман ягон шаҳрванд зид барояд, онҳоро дело кунед ва маҳбас карда шавад. Дар ҳукумати шаҳр дузду ғару ҷалабро ба гирдаш ҷамъ карда аст. Онҳо ранги попугай раиси дуздро таърифу тавсиф мекунад ва аз Ҷаноби олиашон ҳам болотар мемонанд. Ин дузди заминфурӯш дар Конибодом раис шуду ба фуруши ҳама ҷойҳо сар кард. Ягон замини холӣ ҳам намонд. Ҳамаашро фурӯхт. Дузду ғоратгарии Абдусалом  Тухтасунзодаро ҳама медонад. Дар як маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Қудратуллозода С. Гуфт:  «муҳтарам раиси шаҳр Тухтасунзода Абдусалом Пешвои муаззами шаҳри Конибодом мебошад , муҳтарам раиси шаҳр Конибодомро обод кард, раисони пешинаи Конибодом ин қадар ободӣ накарда буданд. Собиқ раиси шаҳри Конибодом З. Давлатзода ба Конибодом ягон заррае фоидааш нарасид, фақат зиёнаш расид.»

Тухтасунзода Абдусалом асосан ба кришаҳои худ бовар мекунад, ки якеаш прокурори вилоят Хоҷазода Фурқат мебошад.

Дар шаҳри Конибодом як давлати худкомаи худро ташкил кардааст. Бе розигии ин раиси заминфуруш ягон кор карда намешавад, аз ҳама доля талаб мекунад. Прокурори шаҳр Арбобзода М. аз раиси шаҳр сахт метарсидааст, чунки кришаи раиси шаҳр Прокурори вилоят мебошад. Дар байни мардум гап пайдо шуд, ки раиси ҷамоати Ҳамробоев аз болои раиси шаҳр ариза кардааст, ки барои таъин кардани ӯ 30 ҳазор доллар пора гирифта,баъд уро раиси ҷамоат таъин кардааст.Вақте раиси шаҳр аз вай пул гирифта будааст,раиси ҷамоат он лаҳзаро дар видео сабт кардааст. Байнашон ҷанг мешавад ва ӯро аз вазифаи раиси ҷамоат озод мекунад. Раиси ҷамоат ба мақомоти қудратӣ  ариза пешниҳод мекунад. Инро ҳама медонад, порагирии раисро. Ин раиси шаҳр Конибодомро ба дузах табдил дод. Аз дасти ин раиси шаҳр мардум ба Русия гурехта истодааст.

Тухтасунзода Абдусалом худро аз Пешвои миллат болотар мемонад. Кораш фақат ғорати мардуми Конибодом аст. Дар Конибодом бе иҷозати раиси шаҳр ягон кор карда намешавад. Ба замин бояд фақат пахта кошта шавад. Агар ягон намуди ғалла корӣ, кормандони ҳукумат ва кумитаи замин омада ҷарима мекунад. Роҳбари дастгоҳ Қудратулозода С. пеши идораи алоқа мағозаи калон сохта ба одамон 10 ҳазор долларӣ фурӯхт. Ин корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳро, кӣ назорат мекунад? Кори инҳо фақат бизнес, замин ва участкафурӯшӣ. Ягон нафаре аз корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр ба ягон мақомот шикоят кунад, он шахсро хиёнаткор меноманд. Аз болои раиси шаҳр дар вақти облава одамон ба прокуратураи вилоят шикоят мекунад. Аз прокуратура намояндаҳо ба Конибодом омада, одамони шикоят кардагиро сертификати хонаат нест, замини кучаро захват кардаӣ, гуфта  протокол кардааст. Ана инро ҳақиқати раиси шаҳр меноманд. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Қудратуллозода С. аз кормандони шаҳр талаб мекунад, ки ба раиси шаҳр «Пешвои муаззами шаҳри Конибодом», муҳтарам Тухтасунзода А. гуфта муроҷиат намоед. Агар ягонтои онҳо инро рад кунад аз вазифааш сабукдуш карда мешавад. Дар ҳукумат бе иҷозаи раиси шаҳр пашша пар намезанад. Ҳамаи кормандони ҳукумат буз шудагӣ, ба мақомоти қудратӣ бузӣ мекунанд. Чунин аст сиёсати ғоратгаронаи “Пешвои муаззами шаҳри Конибодом” муҳтарам Тухтасунзода А.

                                    Номаи дуввум

Салому дуруд бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, мо як гурӯҳ узбек забонҳо аз шаҳри Конибодом аз деҳаҳои Ниёзбек ва Маҳрам ҳастем. Шикояти мо аз кормандони идораҳои барқ, об ва замин аст. Раисони бонкҳои «Эсхата», «Амонатбонк» ва «Имон-интернешнл»-и Конибодом ҳамаашон аз як маҳалли муайяни Хатлон ҳастанд. Онҳо корашон маҳалгароӣ аст, саводашон 0. Мо инҷо намехоҳем аз саводашон гап занем. Мехоҳем «по факту» гуем.    

Раиси пешинаи Амонатбонк, як дузд ва таҷовузгар аз Истаравшан буд. Ҳоло дар зиндон аст, чунки дуздиҳояш рӯи об баромад. Умедворем, ки раиси нави бонк ин хел набошад!

Инҳо ба хонаҳои одамон навкаронашонро равон мекунанд, то ки онҳо мардумро таҳқир кунанд, бизананд ва пул талаб кунанд. Мо ба контролёру нозирон пулро ҳамеша месупоридем, аммо онҳо пулҳои моро ба банк насупорида ба Русия гурехта рафтанд. Дар деҳаҳои мо -Маҳрам ва Ниёзбек як корманди бесавод, вай ҳам узбечка мебошад, аз мардум пул мегирад ,панҷ – даҳ сомонӣ за не за что. Барои мо мардуми камбизоат ва беҷои кор пули кам ҳам пул мебошад!

Чунки мо пулро бо меҳнати ҳалоламон меёбем! Дар деҳаи Ҷаҳонзеб бошад, як бачаи коррупсионер ҳаст. Вай бачаи ёши тақрибан 24 сола аст. Дар бонки Эсхата кор мекунад. Узбекзабонҳоро таҳдид кард, ки аз Маҳраму Ниёзбек  ба наздаш ба Ҷаҳонзеб набиёем. Акаи Муҳаммадиқбол, мо узбек забонҳои Суғд таҳқир шудаем аз дасти ин дуздон. Мехоҳам инҳо зери тафтиши як моҳа аз тарафи бачаҳакои душанбегӣ қарор бигиранд ва ё аз кор барканор шаванд. Вагарна тамоми сиру пиёзи ин ин раиси карро дар “Ислоҳ” ифшо мекунем. Ончки мо менависем як делои хуб барои милиса, прокурор, амният ва коррупсия мешавад. Инро худи вай хуб медонад.

 Хитоб дорам ба раиси бонки Конибодом! Эй кал, ту бо мошини бузбалаат ранги Амир Олимхон, мезанӣ, мехурӣ, мегардӣ… хуб давомашро ман намегуям, чунки мо ингуна тарбия нагирифтаем. Ин чи гап аст? Тафтиш кун инҳоро! Мо аз дасти он коргари бесаводат, маҷбурем ба деҳаи Лоҳутӣ дар ин рӯзҳои сарди зимистонӣ рафта аз онҷо бигирем ва бисупорем маблағҳоро! Чунки мо- узбекҳоро таҳқир намекунанд онҷо, ё барои иҷро кардани корамон аз мо пул талаб карда намегиранд. Магар шумо ранги ҳамунҳо наметавонед кор кунед? Мо тақрибан 10 километрро тай мекунему меравем барои корҳои худро анҷом додан. Ба умеди ислоҳшавии шумо ҳастем. Коргарони бонкҳо ва пулҷамъкунакҳои шаҳри  Конибодом ва деҳаҳои он-Маҳрам, Ниёзбек ва Ҷаҳонзеб! Ё коратонро дуруст анҷом диҳеду бо мардум муомилаи соз кунед, ё мо ному аксу суратҳоятонро ҳам роҳӣ мекунем. 

 Дар мавриди милисаҳо ҳам гуфтание дорем. Вақте милисаҳои Лоҳутӣ мефаҳманд, ки мардум гуё пулро, маслан налоги замин ё пули свету обро насупоридааст, ба хонаҳои мардум рафта угрожат мекунанд ва хусусан ба узбекҳо! Гапашон ин аст:

“Э, узбак, бачата аз Русия фарёд кун, биёяд, хизмат кунад, набошад ин зимистон бебарқ ва бе об мемонӣ!”

Мо, узбекҳо ҳақ ва ҳуқуқ дорем! Эй мардуми Конибодом, талаб кунед ҳаққатонро! Мо шаҳрванди ин ватанем!

   Бародар Муҳаммадиқбол! Ман намедонам, Шумо номаи мо-узбекҳоро нашр мекунед ё не. Аммо бидонед, ки мо аз дигар миллат бошем ҳам лекин тоҷикистонием, ҳамватанем. Мо, инҷо аз қадимзамон ҳастем. Инҷоҳоро мо обод кардаем, Авлоду аҷдоди мо, сад пушти мо инҷо зиндагӣ карда омадааст. Мо ранги ин «бачаҳакои боло» сойкелдӣ ва омада нестем. Мо бумӣ ва қадимӣ ҳастем. Алҳамдуллилоҳ мусулмонем. Масҷидамон, тую маъракаамон,гуру чубамон,қабристонамон бо бародарони тоҷиакмон як аст.

 Дар барномаи номаҳо №50 Шумо бонкро нишон додед, ба фикрам бояд боз нишон диҳед то, ки инҳо пули ба давлат супурдаро ба давлат ва мардум бар гардонанд ва мардумро бардуруғ “қарздор” накунанд. Коргарони ин раис кал-Абдуфотеҳи роҳ зани коррупсионер.

Албатта  бо истифода аз фурсат мегуям, ки эй милисаҳо, ба ГАЗЕЛчиҳои роҳи Исфара гуед, ки аз ҳамаи деҳаҳои Конибодом пассажирҳоро гиранд. Дар ин сардиҳо ва маҳалгароӣ накунанд! Узбекҳои Конибодом ранҷу дард ва азобҳоятонро аз дасти ин режими касифу палиди маҳалгарои Раҳмонов ба Ислоҳ бинависед ! 

                                     Номаи Севвум
 Салом бародари муборизи роҳи ҳақ, Муҳаммадиқбол! Мо муҳоҷирон аз вилояти Суғд, аз шаҳри Конибодом, аз деҳаҳои Лоҳутӣ ва Қарақчиқум ҳастем ва ҳар чи воқеоте, ки дар ватан рух медиҳад, мо аз наздикону дӯсту рафиқон огоҳ ва хабардор шуда истодаем. Мо ба хулосае омадем, ки ба шумо бинависем. Тими Ислоҳ хеле хидмат барои мардуми тоҷик дар соли 2023 кард. Шумо 3 матлаб дар мавриди роҳи пулаки шудаистодаи ” Конибодом – Хуҷанд “ нашр ва видео  кардед. Шумо бародари мо ҳастед ва дар назди мо қадри баланд доред! Алҳамдуллилоҳ! 

«Бачаҳакои боло»-ро наворҳои Ислоҳ, водор кард, ки дар байни мардум созу дуруст гарданд. Мо хурсандем аз ин. Аммо яке аз тактикаи ин режим, дар вилояти Суғд ва аз ҷумла дар Конибодом ин аст  ки инҳо даррав кадрҳоро тағйир дода истодаанд. Фикр доранд, ки плани ” бхр, бза, бгард” дар сохти ҳукуматдории як миллати соҳибмаданият ба мисли мардуми Суғд, ягон чизро пешгирӣ ё ҳал мекунад.   

  Дар Конибодом ҳама бузҳои орангутан ба режими “Актив” гузаронида фаъол шудаанд, то ки пайравон ва тарафдорони шумо ва Ислоҳро қапанд.

Дар Лоҳутӣ дар назди ҷамоат як обезянник қарор дорад. Онҷо се бачаи душанбегӣ ва хуҷандию қистақузӣ ҳастанд. Онҳо ҳар гоҳе аз ҷояшон мехезанд ва ягон касе аз онҳо бе пул мемонанд, дар деҳаҳо барқ медиҳанд, чунки онҳо хеле нежний- нозук ҳастанд, ранги арусҳо ва феълашон ҳам ва нафсашон ҳам ба монанди Фионаи аруси Шрэк аст, (акси аруси Шрэк Фионаро, ба барнома монед ва ба сараш фуражкаи ГАИ -ро гузоред, ҷолиб ва хеле диданӣ мешавад) 

Дар баромади деҳаи Лоҳутӣ милисаҳои гушнапурзури вилоятро ба ҷои он “бачаҳакои боло” оварданд ва инҳо аз коллегияҳои ҷанубиашон аз ҷиҳати савод ҳеҷ фарқе надоранд. Мошинат агар маъқул шуд, стоп мекунанд, агар ягон “баҳонаи штраф” кардан наёфтанд, гапҳои калидиашон ин аст: «тасмачаатонро чува накардед вая штрафаш ҳай», “мошинатон лабавояш чиркин шудас вая тоза кунед ё 50 сомон штрафча” , “вай балонатон летний ку, бояд зимний мемонден” ва ғайра. Ва,зуд мегӯяд, ки мошинатро як тарафи раҳ мон, то ки пули штрафро гиранд.   ГАИҳои вилоятӣ дар назди мактаби№29 –и деҳаи Қарақчиқум дар ру ба руи мактаб ва детсад дар болои Зебра-таги арча одамонро ба мошинашон, ки тонировка дорад, медароранду бо онҳо 20- 35 минут худованд медонад,чи кор мекунанд.

  Дар ҳудуди деҳаи Қарақчиқум, зодгоҳи Эмин Ҷалилов, 4 пости ГАИҳо дар роҳ ронандаҳоро ғорат доранд: яке дар баромад, дуввум дар назди мактаб, севвум дар назди болнитсаи деҳа. Инҳо шогирдони Эркин Ҷалилов ҳастанд. Чаҳорум дар назди военний части пограничникҳо, ки онҷо дарахтҳои садсолаи пир мавҷуд аст. 

Дар деҳаи Лоҳутӣ дар вақти шуравӣ дар инҷо заводи таъмири вагон ва пахтабарорӣ буд. Аммо Раҳмонов ӯро хароб кард. Ва ҳамаи он курортҳо-осоишгоҳҳое, ки дар Қарақчиқум ва Лоҳутӣ дар давраи Шӯравӣ мавҷуд буданд ва аз тамоми дунё онҷо меомаданду мақоми байналмилалӣ доштанд ва муаррифии миллат ва мардуми тоҷик мекарданд, имрӯз ба як заброшка табдил ёфтааст. Чунки барои Раҳмонов фақат Баҳористони Қайроққум муҳим аст.

Дар Лоҳутӣ ҳам ҳамин хел. Дар як деҳа 4 пости ГАИ ҳаст. Онҳо куча ба куча мошинҳоро шпионит мекунанд,дар ҳудуди маҳаллаҳо ба монанди як авбоши ғоратгари амирони муғули Бухорои Шариф мегарданд. Онҳо нав аз вилоят омаданд ва ҳоло намедонанд, ки ин мардум алҳамдуллилоҳ бо Ислоҳанд ва мо мехоҳем, ки онҳо ҳам фаҳманд, ки мардум бе соҳиб нест! Ва мо талаб дорем, инҳоро аз инҷо нест кунанд. Чунки ба мардуми назди марзии ғамдидаву ранҷдида, инҳо фоиде надоранду намеоранд.

  Балки фақат барои наркотрафики Зоири Калта-Ҷайраи келин кор мекунанд ва борҳи қочоқии ӯро бо ин роҳ мегузаронад, то ҳудуди Овчиқалъача. Бовар кунед, сиёҳпустҳо ва чиниҳо роҳ сохта истодаанд. План то 2025 будааст ва фураҳои арабию хитоӣ дар як рӯз 10-15 адад мегузаранд ва кори ГАИҳои вилоятӣ дар деҳаҳои Лоҳутӣ ва Қарақчиқум, фақат пулкоркунӣ аст. Камтарин пуле, ки инҳо дар як рӯз ба даст меоранд 8000-12000 сомонӣ мешавад. Аз фурсат истифода бурда ба газелчиҳои Исфара хитоб кунам, ки аз Қарақчиқум ҳам пассажир гиранд ва маҳалгароӣ накунед, ба Худо имон оред, бародарои хатсайри 110! 

 Ва боз ҳам ба мақомот хитоб мекунам, ки ин ГАИ-ҳои вампирро аз деҳаҳои мо- Лоҳутӣ ва Қарақчиқум пурра решакан кунанд ва наркотрафики Зоири Калтаро дар дигар ҷой ҳифз ва ҳимоя кунанд! Ё мо молҳои қочоқии Зоирро бо фураҳояш аксу навор карда ба интернет мегузорем! Яке аз фоидаҳои Ислоҳ ин буд, ки баъд аз нашри дарди мардуми мо, говдуздӣ ва дуздии лодкаи рыбакҳо аз тарафи милисахои конибодомӣ пурра нест шуд.

  Деҳаҳои Лоҳутӣ ва Қарақчиқум ин қадар калон нестанд, ки инҷо ин ҳама корманди зиёди ГАИ ва милиса мардумро ғорату таҷовуз кунанд. Фикри шахсиям ин аст, ки инҳо ба наздики станцияи нафтбарории Конибодомро ба аҷнабиён медиҳанд, барои ҳамин Раҳмонов амнияташро гуфти гапҳо ба режими сахт даровардааст. 

  Мо доди ҷонкоҳи мардуми Лоҳутӣ ва Қарақчиқумро ба шумо менависем. Мо шуморо эҳтиром дорем бародар Муҳаммадиқбол. Мо шербачаҳои Конибодом шери нар будем ва ҳастем! 

Қарақчиқумиҳо қарақчӣ ё дузд набуданд. Онҳо ҳамон муборизони роҳи ҳақ буданд, ки алайҳи русҳои истилогари мусулмонкуш мубориза бурданд ба монанде, ки Шумо алайҳи ин режими палид мубориза мебаред! 

Share This Article