«Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№67»

Ислоҳ нет

    Яке аз вижагиҳои «Номаҳо….» ин аст ки бархе аз хонандагони огоҳ ва закӣ баъди қироати матолиб бетарафӣ зоҳир накарда дурустӣ ва ё нодурустии бархе аз нукоти онро баён месозанд. Нахустин номаи ин шумора дурустии ин иддаои моро собит мекунад. Аз тарафи дигар муаллифони номаҳо бо матраҳ кардани мушкилоти худ, маҳал ва ё навоҳии зисти худ, дуруғҳои мақомотро ҳам маълум месозанд. Барои мисол ҳамин масъалаи иҷрои нақшаи мавсими тирамоҳии даъват ба артиш. Мақомот воҳима мекунанд, ки фалон ҷамоат ва ё фалон ноҳия дар рӯзи аввал ва бо хоҳиши худ нақшаро иҷро карданд. Вале, масалан аз Чоркуҳи Исфара навиштанд, ки ҳеҷ касе довталабона аскарӣ нарафтааст.

 Ва ё инки аз куҳистони Масчо як масъалаеро матраҳ карданд, ки онро метавон дар дигар навоҳӣ ҳам мушоҳида кард. Раиси ноҳия сокинони деҳаҳои болои замин ё чарогоҳ бо ҳам баҳсу даъво доштаро бо фиреб ҳам пулашонро мегирад ва ҳам ба ҷони ҳамдигар меандозад. Тафсилоти ин ҳодиса ва дигар рухдодҳо дар навоҳии кишвар манзури шумо карда мешавад:

                                 Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Дар сомонаи «Ислоҳ» ҳарду қисми навиштаи ҷолибатон   таҳти унвони « Э.Раҳмонов дар пушти парда ё махуфтарин пирамарди 71-сола»-ро хондам. Хеле чизҳои ҷолибе аз зиндагии ин пирамарди махуфи ҳафтодуяксола ҳикоят кардаед. Аммо баъзе аз маълумотҳо саҳеҳ нестанд. Маро суроғ накунед,ки кӣ ҳастам. Аммо дар бораи Раҳмонов ва наздикони вай камубеш маълумот дорам. Масалан Мустафо Давлатов, раиси собиқи фабрикаи «Ширин» падарзани Рустами Эмомалӣ нест. Мустафо амаки зани рустами Эмомалӣ аст. Вай дар хонаи зани дуюмаш, ки дар пушти Тоҷикпотребсоюз ҷойгир мебошад, зиндагӣ мекард. Аз роҳи пушти беморхонаи Медгородок, агар аз дарвозаи қафояш бароӣ, дуюм ҳавлӣ аз они уст, ки то ҳол оилааш зиндагӣ мекунад. Писари Мустаффо Далер ном дорад. Аммо Рустам духтари бародари Мустафоро гирифтааст. Мустафо бародари Лутфулло Давлатов актёр ва овозхон ва директори телевизиони Сафина аст. Хусури Рустами Эмомалӣ ҳоло муовини раиси Кумитаи андоз мебошад.

  Оиди куштори Маҳмадназар Салихов.Салиховро барои доштани информатсияи зиёд убрат карданд. Салихов вақтҳои ахир зиёд нақлҳо мекард. Дар чанд ҷо дар бораи онки ӯ чи тавр бо фармони Оила ба Кулоб, ба хонаи Лангариев Суҳроб ва падараш Салмон ҳамла кард, ҳикоят карда буд.

Як нуктаро мехоҳам бароятон ёдоварӣ кунам.

  Солҳои 2000-2004 як марҳалаи переломный дар тиҷорати наркотик барои Тоҷикистон буд. Як низом ё контроли конкретӣ надошт. Ҳамаи қумондонҳо ба ин тиҷорат машғул буданд. Чунки барои қумондонҳо маблағ лозим буд; барои аскаронашон, хурондану пушондану таъмин кардану яроқ харидан. Вақте ҷанг буд, мезаданд, ғорат мекардан, пул ба даст меоварданд. Аммо вақте каму беш оромӣ шуд, онҳо аз ин имтиёз ва ин имконият бенасиб шудан гирифтанд.

  Чоловҳо, Шамоловҳо, Суҳроб Қосим, Ғаффор Мирзоев, Салам ва дигарон конкретно ру ба бизнеси наркотик оварданд. Байнашон гоҳо ҷангҳо ҳам мешуд, аммо боз тинҷ мекарданд.

Раҳмоновро маълумот доданд, ки суми калон дар наркотик аст. Ҷамъашон карду гуфт, ки «чандқае метонен, кнен, неки барои Ватан ай сари сумош як қисми хубша тиен, ки мо вайронаҳора соз кнем». Ин муомила ба ҳама писанд омад. 

Аммо соле баъд Раҳмонов қумандонҳоро оҳиста-оҳиста аз бозӣ бароварданро сар кард. Русия ҳама вақт, ки то таҳпуши Рахмонов жучок дорад, тавсия кард, ки қумондонҳо дарди сарат мешаванд, мо кумак мекунем, якто- якто гумашон кун.

Ин кор ба гуфтан осон буд. Агар ин информация ба берун дарз мекард, шабошаб Раҳмоновро мурдаашро меёфтанд. Раҳмонов ба русҳо мегуяд, ки ин қадар, ки фикр мекунам, роҳи ҳал пайдо намекунам, намедонам чи хел ҳал кунам. Русҳо мегуянд, ки ба воситаи ягон одами боваринокат аввал бо ҳар як командир во хурда фикрҳояшонро фаҳм.

Раҳмонов Нуралӣ Шералиро фаҳмонида мегуяд: «бояд ай байншон, ай ҳама преданиша фаҳмем. Нуралӣ Шералӣ началник ГАИ республика кор мекард. Вай

аввал пеши Чоловҳо меравад, ки Султони Чол крупно мезад. Чоловҳо пошёл на три букви мекуннад. Ба пеши Шамоловҳо меравад, ки С. Шамолов бисёр пухта буд,мегуяд мо ҷонамонро медиҳем, бизнес чи аст?

 Суҳроб Қосим полностю дар вербовкаи Раҳмонов афтода буд. Ӯ ҳам мегуяд, ки ман бо Президентам.

 Ғаффор седой мегуяд «бо нарам да кабинет ҳардыта кати Эмомали б…ом».

Раҳмонов ба хулоса меояд, ки аз ҳамаашон Суҳроб беҳтар аст, чун аз Данғара аст.   Қисса кутоҳ Раҳмонов оҳиста-оҳиста Ҳасани хусурбачаашро дар бизнеси наркотик дароварда куратор мемонад.

  Султони Чолро заҳр дода мекушанд. Ғаффор Мирзоевро барои абад маҳкум ба зиндон кард. Саламро ҳам аз бозӣ дур кард .Сайвалӣ Шамолро ҳам як илоҷ карда   ба он дунё гуселониданд

 Хулас, ё кушт ё маҳкам кард. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз худ серий кардинал нишон дод, ки «марам ҳастм».Уро ҳам русҳо аз тарафи дигар барои рузи мабодо тайёр карданд ва дар бизнеси наркотик даъват карданд. Ва ҳам бо қумондонҳо дар контакт баромад. Убайдуллоев вақте баромад, ки аллакай Президент ба воситаи Суҳроб Қосим мустаҳкам шуда буду «гапзанша янима мекард». Убайдуллоев ба баъзе аз ақибмондаҳо гуфт, ки бо ман бошед, «ма Суҳроба янима мекнм». Убайдуллоев бо оилаи Лангариевҳо часпонду Бахтиёр Лангариевро дар СОБР қумондон монд. Ҳол он ки СОБР мисли спецназ ба МВД тааллуқ дошт.

   Спецназ аз Суҳроб Қосим буду СОБРро Убайдуллоев бар зиди спецназ кард. Рейдҳои калон дар болои мости Путовский ва мости Текстиль доир мекард СОБР-и Лангариев. Фақат бачаҳои Суҳробро шикор мекарданд.

  Хонаи Суҳроб Қосим дар 33-юм микрорайони Душанбе буд ва ӯ ҳар руз ба қисми ҳарбияш,ки дар Қулписта воқеъ буд, ҳамон тавр мерафт. Хонаи Содиқ Алиматов, Кузратчаи спецназ ҳам дар 33 буд. Рузе бо фармони Убайдуллоев СОБР-и Лангариев,ки дар болои мости Путовский рейд доштанд, ба колоннаи Содиқ Алиматов нападени мекунанду 4 бачаашро мекушанд. Содиқ бо роҳи пеш, аз самти повороти мост тарафи зоопарк мегардонаду газ медиҳаду  рост ҳуй мехурад тарафи Қулписта. Ин хел ҳолатҳо зиёд мешавад. Раҳмонов ба хашм омада Убайдуллоевро предупреждение мекуннад. Дар он вақт Лангариевҳо имкониятҳои хуб доштанд, қувваи кофӣ ҳам доштанд.

 Русҳо ба Раҳмон оҳиста мегуянд, ки Убайдуллоев ҷоятро гирифтанӣ. Раҳмонов корро дигар хел мекунад. Салиховро тайёр мекунад. Салихов маълумотҳо гирдоварӣ мекунад, ки Суҳроби додари хурдии Лангариевҳо бо афғонҳо каналҳои калони наркотик ба роҳ мондаву тонна-тонна гузаронида истодааст.

  Раҳмоновро крышааш меравад: «мега и паати бинидроза, яъне Убайдуллоева ма бля да таги фукам ниго кам и имруз и хел ходо дора. К…зана то дина руза занш ай ҳамсояҳош руған металбид».

    Салихова дастур медиҳад, ки чи коре мекунӣ- намекунӣ Суҳроб Лангариевро убрат кун. Салиховро Худо медиҳад. Техникаро мекашаду мебараду ба дараҷае мезанад, ки ки хоки Кулобро мебезад. Сипас бачаи Суҳроби Лангарӣ ва бачаи Сангакро ҳукми абад доду нафарони зиёди онҳоро онҷо кушт.

  Ба назар ин як амалиёт зиди наркотик буд, аммо то имруз сири ин корро пинҳон медоранд. Салихов Маҳмадназар як ду бор дар пеши як ду кас дар кадом маъракае дар ин бора гап мезанад, аммо дарав аз Раҳмонов сигналаш доданд, ки хап кунад. 

 Ва, дар охир як нуктаи дигар, ки дар он матлаб бояд тасҳеҳ шавад ин аст ки он бачаеро,ки Илҳоми Ботурободӣ дар вақти с…с бо Таҳминаи духтари Раҳмонов меқапад номаш Эраҷ буд. Дар следуправленияи МВД муфаттиш буд. Лақабаш Эраҷи зард. Хулоса домулло мо одами дарунаем ва норозиҳои ин дохилем ва сирҳои зиёдеро медонем,ки ҳатто одамҳои давру бари и подабон намедонанд. Ҳар маълумотҳои лозимаро аз ҷиноятҳои и подабон мерасонемтон, хаста ношуда шапидан бгир фақад.

                                         Исфара

Ассалому алайкум устод! Умедворам хуб бошед. Дар шабакаҳои телевизионӣ эълон карданд, ки Чоркуҳ нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввали мавсим иҷро намуд. Аммо ин иҷрои нақша бо чи азобу ситаме ба даст омад. Ду нафари шиносамро амниятиҳо бурданд. Бачаи яке аз онҳо дар Русия буд. Бо воситаи Аҳрори бузи даюс тавонист, ки ҷавоб гирад. Аммо дуввумиашро, ки бародарзодаи як домуллои худотарс буд, се рӯз маҳкам карданд. Бародарзодаи домулло, яъне ҷиянаш дар сини даъват буд. Амниятиҳо руирост гуфтаанд, ки туро ба ҷои модарат маҳкам кардагием. Амниятиҳо гуфтаанд,ки ба мо супориш шудагӣ аст ки бачаҳои синни даъватии Чоркуҳу Ворухро, агарки ба комиссариат ҳозир нашаванд падар ё модарашро маҳкам мекунем.

Ҳамон нафари якумӣ, ки гуфтем Аҳрори буз пул гирифта ҷавоб дод, баъди омадан гуфтааст, ки дар амният як 50 нафар зану марди калонсолро маҳкаманд. Аммо кадоме, ки «таға» дорад ё пул медиҳад, онҳоро ҷавоб медиҳанд. Нақшаи даъват иҷро шуда бошад ҳам то пул нагиранд ин одамҳои калонсолро ҷавоб надода истоаанд.

Дар Чоркуҳ 32 маҳалла ҳаст. Амният ҳамаи вакилҳо ва имомҳоро як поя мондааст. Кадом маҳаллае, ки сарбоз дод ва ё барои хариди сарбоз пул дод, дар онҷо қувваи барқро медоданд, кадоме иҷро намекард, ҳануз пеш аз саршавии режими барқ светҳоро мекуштанд. Ҳатто эълон карда истодаанд, ки агар солдат надиҳед соли дароз бесвет мегардед. Ман дар ҳамсоягии раиси ҷамоат зиндагӣ мекунам. Раис 3 сарбоз харида дод. Мо барқ доштем. Раиси ҷамоат дар масҷид гуфтааст, ки боз бояд се сарбози дигар диҳем, баъд халос мешавем.

Устод Муҳаммадиқбол дар барнома як даҳан ба имомҳову вакилҳои маҳалла гуед, ки аз минбари Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи вассалам дар бораи обунаи гезат гап назананд. Ин амниятиҳои худозада барои ҳар як масҷид 2500 сомонӣ обунапули грузит кардаанд.
Имоми маҳаллаи Таги сада баъди намози аср боз дар бораи солдат гуфтааст.   Дар ҷамоат маҷлис шудааст. Сардори кумитаи амнияти ноҳия омада имомҳоро қариб ба ҷавобгарӣ кашидааст, ки шумоҳо бе иҷозат аз сарбоздорҳо пул гирифтаед.

                                      Файзобод

  Салом бародари арҷманд Муҳаммадиқбол!

Аз ҷамоати Қалъаи дашти Файзобод бароятон менависам. Дар ин ҷамоат Набиев Муҳаммад, як нафар буз, раиси ҷамоат буд. Ба қарибӣ уро дастгир карданд барои порахуриаш. Ё маркази ноҳия ва ё Душанбе бурдаандаш бачаҳои амният. Аммо боз ҷавобаш додаанд. Ин нафар як майхораи ҳаромхур аст. Пеш аз вай як нафари дигар Ҳусейн Зиёев раиси ҷамоат буд, ки вай ҳам айни ҳамин раис порахур буд. Соле, ки Раҳмонов аз Дашти мазоро омад, Ҳусейро аз кор гирифта дар ҷояш котибаашро таъин карданд. Номи ин раиси Зебо Шарипова аст. Тамоми заминҳои Дашти мазорҳоро фурухтанд. Як замин барои худаш, як замин барои додараш гирифт. Ҳардуяш дар якҷо гирифта хонаҳои бо ҳам монанд бардоштанд. Ин хонаҳои онҳо дар назди собиқ фермаи Дашти мазоро аст.

  Шарипова Зебо то ҳозира котибаи раиси ҷамоат аст.

Зебо 3 кудак дорад. Ду духтар ва як писра. Таваллуди бачааш соли 1993 мебошад. Як духтараш дар ҳамон Дашти мазоро ба шавҳар баромад. Духтари дуввумиаш    дар чандин ҷо замин дорад. Як заминаш дар лаби оби Элок мебошад. Якеи дигараш дар Суфмирзо, якеи дигараш дар Сепочаха. Замин  Сепочахаш дар номи як акаашон аст. Дар пеши ин заминашон 2 чашма мавҷуд аст ки ҳардуяшро соҳиб шудаанд.

 Як чашмаашро бояд як магазинчӣ меовард. Аз ҷамоат омаданду намонданд. Ҳамин беваи котиба онҷо буд. Як ҷанги калон шуд. Инҳо замини онҷоро хоҷагии деҳқонӣ кадаанд. Аммо ҳеҷ боғе бунёд накарданд. 30- 40 бех ток, чанд дарахти чормағзу олучабандак, тамом. Ин Маҳмади буз аввал масъули столи ҳарбӣ -вус буд. Якуним сол шуд, ки раиси ҷамоат аст. Саводи казоӣ надорад.

 Бачаи табиб мегуяндаш. Сахт майзада аст. Чанде қабл дастгир мекунанд, аммо бачаҳо гуфтанд, ки ҳоло боз кор карда истодааст. Ҳеҷ чизе фаҳмида намешавад аз амалкарди ин мақомоти фасодзадаи мо.

Масчо

  Ассалому алейкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Аз куҳистони Масчо бароятон менависем.

Раиси собиқи ноҳияи куҳистони Масчо Маҳмадҷобир Раҷабзода аз деҳаи Лангар аст. Ин шахс раис шуду мардуми ноҳия нисбати якдигар бадбин шуданд. Дар ноҳия 54 деҳа мавҷуд аст.

 Раҷабзода раис шуду ба додани ваъдаҳои дуруғ шуруъ кард. Аввалин коре, ки кард мардуми деҳаи Палдорак ва Деҳманораро барои тагоб ҷанг андохт. Ӯ ваъда додааст, ки 10 ҳазор доллар диҳед, ман тагобро аз палдоракиҳо мегираму ба шумо медиҳам. Пулро гирифту аммо натавонист, ин кор ва ин ваъдаи додаашро анҷом диҳад.

Фасли баҳор вақти айлоқшинӣ шуду мардуми Палдорак хостанд ба ҷои қадимаи худ раванд, аммо мардуми деҳаи Деҳманора сари роҳашонро гирифтанд, муноқиша карданд. Ҳатто парон-парон ҳам карданд. Чун раиси ноҳия Раҷабзода барои деҳманорагиҳо ваъда дода буд, ки пул диҳед баҳси тагобаро ҳал мекунад, яъне палдоракиҳоро намемонам. Чарогоҳро ба шумо деҳманорагиҳо сертификат карда медиҳам.

 Бовар кунед, ки мо безор шудем аз ин режими Раҳмонов. Мо мардуми ноҳия асосан ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғулем. Куҳистони Масчо 30%ҷумҳуриро дар сол бо картошка таъмин менамояд. Аммо нисбати мо ягон таваҷҷуҳе сурат намегирад. Худи Раҳмонов дуруғ мегуяд, намояндагонаш ҳам аз худаш бештар дуруғ мегуянд.

Масчои куҳӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияи алоҳида шуд. Аввалин раис Ҳасан Сироҷ буд, ки ин шахс барои Масчо хиёнатҳои бузург кардааст. Инҳо маҳаллаеро ҳамчун маркази ноҳия интихоб карда ва дар онҷо ба сохтумони иншоот ва муассисаҳои давлатӣ шуруъ карданд. Шаҳраки Меҳронро дар ҷойи нодуруст интихоб карданд. Хеле пули бюҷет ва мардумро дуздианду талоаву тороҷ намуданд. Аксарияти ин сохтмонҳо дере нагузашта деворҳояшон ба кафидан сар кард. Баъзе деворҳо фуру рехтанд. 10-ҳо миллион сухт. Аммо касе аз касе намепурсад, ки инҷо чи гап аст? Баъди Ҳасан Сироҷ раиси ноҳияи Оқил Оқилов таъин шуд. Вай аммо як дузди ба гуфтаи мардум «грамотний» буд.

Соли 2009 мо мардумони деҳа хати светро аз деҳаи Хайробод то деҳаи Сабағ кашида бурдем. 7деҳа. Албатта бо ёрии ҳамдигар. Наздики 20 километр. Аммо Оқил Оқилови дузд ин ҳашари мардумиро «проект» карду аз бюҷет барои кисааш гирифт. Ду дафъа вакили Маҷлиси намояндагон шуд. Азбаски бо Эмомтапак шинос аст ҳоло дар дастгоҳи иҷроияи вай кор мекунад.

  Раиси нав Охунов Суҳробшо шуд. Ин шахс молдор буд, аммо инсоф ҳам дошт. Баъди ин раис боз нафари дигар раис шуд, ки лақаби «бачаи чупон» ро дорад. Ин нафар иқтисодчӣ .Як дузди ҷангандоз, яъне ҳамин

Маҳмадҷобир Раҷабзода. Зулме, ки ин номард нисбати мардуми куҳистони Масчо кард, ҳеҷ кас накардааст. Ин дузд дар ноҳия 2 заправка дорад.

  Ҳамчуноне дар аввали нома гуфтам ин сокинони деҳаҳои Палдорак ва Деҳманораро барои замини тагоба ба ҷони ҳам андохт. Вақте байни ду деҳа ҷанг шуруъ шуд ва аз вай хостанд, ки мардумро ором кунад, ин «бачаи чупон» зуд ба вилоят занг зад ва гуфт срочно спетсназ фиристед, ки ин халқҳо гапро гуш накарда истодаанд.

Спетсназ омад. 10 нафарро қапид ва бо ҳамин алоби хезондаи Маҳмадҷобир Раҷабзода хомуш шуд. Дар ҳол генералҳо бо мардуми Палдорак договор карданд, ки 3 соат вақт, 80 ҳазор доллар диҳед, «мо шуморо саправаждат мекунем то ҳаму ҷойи қадиматона».

 Ин мардум корро буд карданд. Ба ҳамин «тема» ҳал.

  Боз ин хоини мардуми Масчо  проекти дигар кашид. Халқи деҳаи Муждиф ва Эсизро ҷанг андохт ва боз барои тагоб.

Ин деҳаҳои асрҳо дар канори ҳам айни замон нисбати якдигар бадбин шудаву байни ҳам ҷанг карданд. Ин раиси номард ба сардори  милисаи ноҳия Насимов дастур дод ва вай ҳам аз ҳарду деҳа 20 нафарӣ бурду шинонд. Яъне деҳаҳоро ба ҳам зада Маҳмадҷобир Раҷабзода пул кор карда истодааст. Дар давоми чанд соли раисиаш ягон кори хайру монданӣ ба мардуми Масчо накард.

    Мо мардуми куҳистони Масчо босмачӣ будем, аммо ҳозир мутаассифона буз бисёр шудагӣ аст.

   Дар асри 21 дар Масчо деҳаҳое ҳаст, ки то ҳол хати барқ гузаронида нашудааст ва мардум бо чароғи бобоиву солярка зиндагӣ мекунанд.
                                         Чоркуҳ

   Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон шахсеям, ки дар бораи имомхатибон Рақиб ва Насрулло навишта будам. Ҳоло мехоҳам, ки аз вазъияти беморхонаи Исфара бигуям. Беморхонаи Исфара имрузҳо ба як муассисаи тиҷоратӣ бадал шудааст. Главврачи беморхона Муҳаммедов аз Ворух аст. Ин нафар чоплуси Раҳмонови тухм аст. Ин беимон беморхонаро аз тарафи куча аз ҳисоби беморону полшуякҳову медсестраҳову табибҳо таъмир кардааст. 

 Бечора полшуякҳо 200- 250 сомонӣ маош мегиранд, боз аз нуги ҳамин мегирифт ва мегуфт, ки барои ободонии беморхона сарф мекунад. Солҳои пеш беморхона мерафтед барои табобат пул месупоридед ва 12 -15 руз табобат мегирифтед. Тамоми доруву ЭКГ , рентген, анализҳо аз ҳамон 400 сомонӣ буд. Аммо ҳоло 450 сомонӣ ба хазина месупоред ва  боз бар замми ин ба Фароз барои анализ 70- 80 сомонӣ месупоред, боз гепатит 50 сомонӣ, плюс 30 сомонӣ барои ташхиси СПИД месупоред. Бубинед, ки як зани 60 сола ё ҳамин тавр мусафеди 70 сола, ки аз қишлоқ берун нарафтаанд, онҳо ҳам агар беморхона омаданд, ҳатман барои гепотиту Сипд анализ месупоранд ва пулаш меравад ба лабораторяи Фароз.

Доруву шприцу таблеткаву кату рахти хоб, ҳамаашро худатон «таъиин» мекунед. Беморхона ягон чи ҳатто дока ва ё бинт намедиҳад.

Ҳоло 1500 сомонӣ бояд маблағ сарф кунӣ ва хурокатро ҳам аз хонаат таъмин мекунанд. Савол инҷо аст ки агар доруву уколу ягон чиз нест, чаро мардумро қабул мекунанд ва чаро инҷоро бемористон мегуянд. Чаро нархҳоро арзон намекунанд? Ҳол онки ягон чи надорад беморхона.

Дар ҳақиқат аҳволи беморхонахо бисёр бад аст. Як нафар пизишки бособиқи ин бемористон гуфт, ки шумо фикр накунед, ки мо аз ин тарзи кор хурсандем ва ин пулҳо ба кисаи мо меравад. Ин пулҳо мустақим ба Фарози домоди Раҳмонов меравад. Ва агар мо аз беморон пул нагирем, бовар кун дар ягон беморхона як касро намеёбӣ, ки ҳатто укол кунад. Ҳама мепартоянд корро ва мераванд Русия ва хориҷ аз кишвар.

 Бо вуҷуди ин ҳама харҷу масраф боз ба ҳамшираи шафқат ва ба табибҳо бемор пул медиҳад.

 Ҳозир бошад соҳибкорони Исфараро маҷбур карда истодаанд, ки беморхонаро обод кунанд.

Аммо боз аз беморҳо, духтурҳову старший медсестраҳо 25 сомонӣ барои таъмири    беморхона мегиранд.

   Ҳар як старший медсестра дафтар дорад, ному фамилияи беморро менависанду 25 сомониро мегиранду баъд хат мезананд.

Агар надиҳӣ то ҷавоб шудан 25 сомонӣ деҳ гуфта ҳар саҳар ба сарат меоянд.   Охир одами дошта медиҳад бе пул чикор кунад? Чеки 400 сомона аз пушти ин Фарози лаънатӣ ба 1500 сомонӣ баробар шуд.   .

  Аммо айни замон аз фурсат истифода карда Муҳаммедови ҳаромхур ҳам барои худаш пул ҷамъ карда истодааст.

   Як  масъалаи дигар ин масъалаи литсензия аст. Кормандони ГАИ ва лицензия  мардумро зулм мекунанд. Касе, ки камтар риш дорад, протокол мекунанд. Лицензия рузи сешанбе ва панҷшанбе меояд. Дар осоишгоҳи Зумрад дар деҳаи Қаробоғи сурх як мошин меистад ва дар назди мазори Сурх як мошин. Бубинед, касе, ки борҳояшро аз бозори Сурх ба тарафи Чоркуҳ хонаҳояшон мебаранд медораду аз 20 сомонӣ то 150 сомонӣ мегирад, надиҳӣ протокол мекунад. Ба тарафи Исфара равӣ дар Қарабоғ медораду пул мегирад ва дар Зумрад медорад пул мегирад. Охир лицензия ҳақ надорад худаш танҳо мошинҳоро манъ кунад.Бояд дар наздаш ГАИ бошад, аммо инҳо қонунро задагиянд, сум кор карда истодаанд. Ҳақ надорад дар 4 километр 3 мошини лицензияву даҳҳо мошин ГАИ истад.  

                                           Вахш 
Салому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ин Қурбони бехи раиси мо забони русиро намедонад, боз ҳоло мехоҳад, ки сафири Тоҷикисто дар Олмон шавад.
Ин Қурбони бех дар Олмон завод дорад, пахтаҳояшро онҷо бурда переработка мекунад.
Аз он заводаш фақат хешу табори худаш медонистанд, аммо ҳоло дигарҳо ҳам медонанд,
Қурбони бех хост ба Олмон равад ва аз онҷо корҳояшро аз Олмон управлят  кунад, лекин чуноне шунидам лаънат кардаи Аллоҳ намондаш, ки равад. Ҳоло дар куҷое шинад мегуяд, «калла -каду намонд брам, отдых када корора управлятькнм».
 Ин Дастагул Мирзоева як писар дорад, бе права мошин меронад Бисёрии ғармиҳоро подставит карда, заминҳояшонро  аз худ карда мефурушад, кайфу сафо карда мегардад,
Дастагул Мирзоева мо медонем дар таги пои кӣ хоб мекунӣ ва чи тавр хобу хез мекунӣ.
 Барои таъмири беморхонаи Вахш маблағ ҷудо карданд. Ҳамаи маблағҳоро гирифтану талаву тороҷ карданд. Аммо вай беморхонаи худашро сохт. Беморхонаи марказӣ то ҳол харобу бетаъмир истодааст,
Вақте ки ягон кас бемори сахт шавад, занг занӣ, ки мошини ёрии таъҷилӣ ояд, мегуяд, ки сузишворӣ надорем, касалатонро гирифта биёред, ё ин ки сузишворӣ оварда резед, рафта касалатонро меорем. Чанд нафар бемор аз дасти ин гуна муносибат ҷон ба ҳақ супориданд. Сардухтури бемористон пулҳои беморхонаро бо бухгалтераш несту нобуд карданд. Бухгалтерро шинонданд, аммо Абдувалии главврач дар озодӣ гаштааст. То вақте ин Қурбон Юсупови дузд раис аст вазъият беҳбуд намешавад. Боз аҷоиби кор дар он аст,ки Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъин шуд якум визиташ аз Вахшу аз Қурбони бех буд. Дузд дуздро дар моҳтобшаба мешиносад.                                          

                                Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

  Дар бораи мактаби рақами 6 дар Душанбе, ки дар наздикии колсевойи Пивзавод воқеъ аст гуфтаниам. Аз шуруъи фаъолияти ин мактаб ягон 4-5 сол мегузарад. Мактаби он қадар калоне ҳам нест. Барои хариди либоси мактабӣ ҳамара якҷо фиристоданд. Нархи як костюму брюк 300-320 сомонӣ ва супориш чунин буд, ки ҳама аз онҷо бихаранд ва квитансияашро ҳам биёваранд. Либосҳое, ки дар онҷо мефурухтанд, АЛЛОҲ шоҳид матоъаш  ба ҳадде пасту бесифат аст,кидар байни як моҳ пат мебарорад ва дигар онро саг намепушад. Агар ба ёд дошта бошед, дар вақти союз лингаҳо барои гандум буданд. Як намуд латаи матоъаш бисёр ҳам дурушт буд. Либосҳои мефурухтагии инҳо айни ҳамон аст. Аммо ман бозор рафтаму ба 340 сомонӣ харидам. Фарқият аз замин то осмон, моли Туркия ва сифаташ ҳам хеле беҳтар. Ман гуфтум агар аз мактаб пеш ҳам кунанд, бояд фарзандони ман синтетика намепушанд.

Баъд сар шуд «ҳаёт» дар мактаб.
Барои талабаҳои синфи як маҷбурӣ аз мактаб 5-тоӣ китобу як тоӣ рӯзнома доданд. Сари ҳар як талаба 150 сомонӣ талаб карда истодаанд. Ҳатто кудакҳоро дар синф як хел рӯз ҷанг мекардаанду обратно барои пул ба хонаҳо мефиристодаанд.

 Ҳозир боз иди муаллимаҳои талбанда будааст. Маҷбур карда истодаанд, ки пули туҳфа, 50 сомонӣ ҳар як талаба бояд оварда биспорад. Мудири маорифи Душанбе бо як мошини Ҳундай аксенти сафед мегардад, албатта ,ки ронанда дорад.  Рақами мошин 5444HY01.Агар хато накунам ҳамин буд, ё 4544YH01, просто камтар барои сурат гирифтан ҷои нито буд. Ин бева, мудири маориф дар як ҳафта якбор ё дар ду ҳафта як бор тафтиш меояд. Пеши дарвозаи мактаб охрана моеистад. Модароне, ки барои бурдани фарзандоҳояшон меоянд ё мактаб меоранд, маҷбур мекунанд, ки сатрҳояшонро   гиранд. Сину соли занҳо фарқ надорад. Ба ду гуши худам фаҳмидам ,ки он беваи мудири маориф  охраникро фармон медод, ки ягон нафарашро намон, на ба сатр на ба риш,то аз дарвозаи мактаб дароянд.

Share This Article