Ин нашри барномаро бо номае аз Ҳисор оғоз мекунем. Нома дар бораи «корҳо»-и як оилаи ҷодугар суҳбат мекунад. Ҷолиб инҷост, ки «клиент»-ҳои ин зани ҷодугар ва шавҳараш на танҳо одамҳои оддӣ, ҳатто вазирону раисони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ҳастанд. Хонумҳои ин вазирҳову раисҳо чаро ба назди ин ҷодугарзан меомадаанд ва аз вай чи мехостаандро аз мутолиаи ин нома огоҳ мешавад. Чуноне як матлаби алоҳида дар мавриди ҷодугари Ҳамадонӣ махсуми Саидҷалол тақдим намуда будем. Инҷо низ дақиқан ҳамон ҳолат аст бо “қаҳрамон”и дигаре.
Ҳамчунин дар ин барнома аз «фаъолиятҳои пушти парда»-и вазири молияи Тоҷикистон ҳам маълумот пайдо мекунед.
Ҳисор
Ассалому алейкум бародар Муаммадиқбол. Ин номаи кутоҳаки моро дар барномаи «Номаҳо….» гузоред, то ки мардум бо хабар шаванд аз ин бадбахто ,,, Мо як гурӯҳ занҳои ноҳияи Ҳисор деҳаи Қалъа (яъне аз калъаи Ҳисор) аз шумо ва аз амнияти Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ба доди мо бирасанд. Дар деҳаи мо як ҷодугар аст эшонаш мегуянд вале номаш Илҳом Ҳомидов мебошад . Ин ҷодугар ҳамаро ҷодугарӣ карда оилаҳои мо мардумро байни ҳам ҷанг меандозад ва дар қишлоқи мо ҷинвара бисёр шудааст. Ҳатто занҳои вазирҳо ба наздаш мебиёянд. То ин ки шавҳарҳояшонро дар ҷаноб гарму ширин кунанд. Дар ҳамин Ҳисори мо амният ҳаст, аммо аҳамият намедиҳад. Мо метарсем ба амнияти Ҳисор рафта даъво кунем. Ба ҳамин хотир ба шумо муроҷиат кардем, токи сари роҳи ин ҷодугар гирифта шавад. Мо медонем амнияти Тоҷикистон барномаи шуморо гуш мекунад. Агар мо рафта даъво кунем моро гунаҳгор мекунанд. Як рӯз хабар шудем, ки ҳатто зани вазири тандурустӣ омада бо воситаи ҳамин ҷодугар президентро ҷоду мекардааст, то ки шуи ӯро аз кор нагирад. Боз зани вазири молия ва дигар занҳои боломақом омада ҷоду мекунанд то шавҳарҳояшонро аз кор нагиранд. Номи ин ҷодугар Ҳайдарова Фотима аст ва номи шавҳараш эшони Илҳом Ҳомидов.
Домулло Муҳаммадиқбол, агар илоҷаш бошад ба хотири мо занҳо каме ҳам бошад дар бораи ҷодугарӣ ва зарари он камтар амри маъруф мекардед.
Ин зани ҷодугар Фотима аз хонааш берун намебарояд. Вагарна аксашро ҳам мефиристодем. Ному насаби шавҳараш Илҳом Ҳомидов аст, худи ҷодугарзан Ҳайдаров Фотима Сулаймоновна аст. Соҳиби ду фарзанд мебошанд. Писари калониаш Асадулло, писари дуюмаш Муҳаммадрофеъ ном доранд. Ин Фотимаи ҷодугар аз деҳаи Дуртаб будааст. Зодгоҳи падару модараш деҳаи Дуртаб аст, Шавҳар карда қалъаи Ҳисор омадааст. Инҳоро ҳама мешиносанд. Эшони Илҳом оби дам ҳам мехонад, гармӣ, хунукӣ ҳама корро мекунанд. Мегуфтааст ҷаноби олӣ ва оилаашу духтару домодҳояш ба ҷодугарҳо сахт эътиқод доштааст. Пеши Озода ҳам чанд бор бурдаанд ӯро. Ана акнун худатон хулоса намоед.
Темурмалик
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Мо як гуруҳ зодагони шаҳраку Ҷамоат ва деҳот аз Темурмалик, пештара райони Совет, ки ҳамаамон соҳибмаълумотем ва айни ҳол баъзеямон дар муҳоҷират қарор дорем, чанд нафарамон дар сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Душанбе, Бохтар ва Хуҷанду Кулоб кор ва фаъолият карда истодаем. Ҳамаамон шерони нарем. Варзишгар дар соҳаи гуштини миллӣ ва дзюдо будем ва ҳастем ва якдигарро хуб мешиносем. Дар мусобиқаҳо иштирок мекардем.
Сафи дустонамон зиёд аст ва то ҳол зиёд шуда истодааст. Мо дар бораи ин режим зиёд медонем. 32 сол аст ки ин режим бар болои мардум ҷабру зулм карда истодааст. Ин бебарқӣ дар ҳақиқат мардум, махсусан пирону кампирон ва беморону модарони ширхордорро сахт азият дода истодааст. Ин ҳолат дар ягон ҷойи дунё вуҷуд надорад, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-8 соат барқ дошта бошӣ! Мо, ки дар шаҳрҳо ва дар хориҷ аз кишвар кор мекунем, барқ дорем, аммо наздиконамон маҳруми барқанд. Баъзеямон движок харида додем, ки ду соат барқ медиҳад, бензин масраф мекунад, зуд телефонҳоро заряд мемонанду халос.
Вақте движокро гирён мекунанд фарзандҳоямон аз шодӣ тез рафта телевизорро гирён карда ягон мултик ёфта тамошо кардан мехоҳанд, вале сузишвориро ҳар рӯз аз куҷо меёбем. Нархаш гарон аст. Бензин, ҳезум, тапак, ангиштсанг ҳамааш гарон.
Дар солҳои нотинҷии 1990 то1994 ҳама свет дошт. Агар ба хотиратон бошад ҳамон вақт сериали «Просто Мария» мода шуда буд ва ҳама медид. Занҳо ҳаррӯз тамошо мекард. Ҳозир бошад ин қадар ГЭС-ҳову агрегатҳои хурду бузурги замонавӣ сохтаанд, мардум 30 сол бозо свет надоранд. Дар дили мардум сахт задааст ин бесветӣ.
Ин режими Раҳмонови хешпараст бо аҳлу оилааш дар тамоми бонкҳои хориҷӣ-Шветсария, Дубай, Хитой ва ғайра сумҳои зиёд доранд. Аз суми халқ дуздӣ ва ҷамъоварӣ кардагианд. 18 миллиард доллар! Аз Ислоҳ фаҳмидем. Ҳоло савол ин аст ки агар худаш ин қадар дошта бошад, ҳар як аъзои оилааш, домоду фарзандҳояш чӣ қадарӣ дошта бошанд? Барои чи мо ин гапҳоро гуфта истодаем. Агар давлатро аз дасти инҳо гиранд инҳо гурехта мераванд, ё агар дигар давлат худое накард ҳамла кунад,инҳо ҳаматарафа аллакай тайёр шудагиян барои фирор кардан аз Тоҷикистон мисли Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон. Захираи 100 солаи авлодашро ҳар як нафараш ҷамъ кард. Баъд ҳамин самолёте, ки пешво харидааст, ин барои страховкаи худаш аст -барои як рӯзи мабодо. Бо тамоми аҳли оилаи дуздаш мегурезад. Ҳатто тунелҳои зеризаминӣ барои гурехтан кандагиянд. Як чизро бояд донист. Вақте як қисми замини Помирро фурӯхт, яъне хиёнат кард, дар ҳамон вақт сахт ҳаросид аз муборизон. Баъдан гуё давлати Хитой ваъда дод, ки ноумед нашав, бехатарии қавми туро Хитой ба кала мегирад, аммо ин як гапи хушку холӣ аст. Мардум ҳамакаса хезад, Хитой аслан шарик намешавад. Мо мардуми Темурмалик дар амният, ВКД, вазорати мудофиа, Коррупсия, Прокуратура, Палатаи ҳисоб ва ғайра хеле зиёдем ва кор карда истодаем.
Э, мардуми мазлуми тоҷик, хиёл накунед, мо кормандони сохторҳои давлатӣ шоҳона зиндагӣ дорем. Асосан ҳамин қавми Раҳмонов ва чанд вазиру раис таъминанд. Дар бораи як хел вазирону раисон ҳатман дар идома мегуем. Мо кормандони кучак бошем ба он маоши ночиз рӯзамонро бурда истодаем. Вале баъзеямон ба хотири каме даромаде, ки дорад боз каме меҷакад. Аз ҳар ҷиҳат тоқат карда истодаем. Мо аз кам будани маош ҳамин хел порагир шудем ва дар ин қимматӣ аз ноилоҷӣ ҷинояткор шудаем. Ҳама сохторҳои ҷумҳурӣ дар ҳамин аҳвол аст. Баъди Паёми охирине, ки ин Асосгузори марги муҳоҷирони миллат, пасвои ватанфуруши авлодпараст, номуҳтарам Эмомтапаки валадизино дар соли 2023 дод, ҳама аз маҷлисгоҳ дар ресторанҳо обед баромаданд аз ханда намедонанд, ки чи бигуянд.
«якташ мега охи забонт дар суханронит мелишпа калимара пурра наметони гуфта ҳамара насиҳат мекуни охи рут дар гур ин насиҳтҳоро ай ҳаму Падару Модармон ҳарр руз мешунавем охи касофат дафша бра уқа умрат намондай ҳаму сумҳои ҳарром ба дастовардагита хурда биши дар дами пирит афсона гуфта шиштай. Якташ бо мега бовар кунед ҳамиқа дар толор хобам гирифт ҳами қарсак мезанан бо як камтар ҳишор мешавам боз мебинам, ки ягон маънӣ надорад боз нав ховам мегирад бо қарсак охи ин дуруғҳояш як шармандагӣ намедонад чи гуяд. Барои ягон корош натиҷа надода истодааст и чи намуди Паём буд бовар кун мурдем ай хандидара».
Ҳоло дар бораи як масъалаи дигар гуфтанием. Ман узбекзабонам ва чандин сол дар вазорати молия кор кардаам. Дар бораи вазири молияи ҳозира Қаҳҳорзода Саттор мегуям.
Вақте Қаҳҳорзода ба кор таъин шуд аксари кормандоне, ки тули чанд сол кор мекарданд ва бо саводу пуртаҷриба буданд, аз ҷумла сардорони раёсату шуъбаҳоро аз кор сур кард. Баъзеамон аз зулми ин Седой аз кор рафтем, аз ҷумла худам. Сабаби аз кор пеш кардани мо ба гуфти худи Қаҳҳорзода «мо ҳамамон бесавод ва порахурем» ё будаем. Худашро он қадар босавод мегирад, ки то бас гуфтан. Агар маҷлиси ҳукумат шавад ва ягон нақшаи кори солона пурра ба анҷом нарасад аз ин Пасво танбеҳ мегирад. Баъд омада ҷаласаро сар карда қаҳрашро аз коргарҳо мегирад ва ба сари онҳо дод мезанад: «Лаънатиҳо, дуздҳо, бесаводҳо ҳаромхурҳо, ма ай пушти шумо доим гап мешунавам» ва ҳамаро таҳдиу туҳмат мекунад. Ин шахс аз ҷамоати деҳоти Арали Восеъ аст. Як вақт туйи як рафиқам рафта будам. Дар онҷо узбекҳо бисёранд. Ба ман куча ва хонаи вазирро нишон доданд. Як намуд обод кардааст, ки…. Дар ноҳия свет нест, лекин кучае, ки вазир зиндагӣ мекунад, доим свет дорад. Аммо гирду атрофаш яъне дигар кучаҳо свет надорад, гурворӣ торик аст. Аз дигар кучаҳо халқ омада телефонҳояшонро дар хонаҳои ҳамсояҳои светдор заряд мемонанд.
Ва як мактаби замонавии дигарро ҳам нишон доданд, гуё ки вазир сохта бошад. Лекин ман собиқ корманд чунин мегуям. Вақте моро аз онҷо сур карданд, командаи худашро овард. Бовар кунед ранги авбошанд. Ҳар як ишкамдам аст ки қасам ба Худо савод надоранд. Дар он шуъбаҳо забони хориҷӣ:- англисй ва русӣ ин чунин барномаҳои С1 ва Аксес яъне база данних лозим меояд. Аммо инҳо ягон чиро намедонанд. Вақте дид, ки инҳо намешаванд- шахсоне, ки бо худ оварда буд, баъд аз дигар мақомот кадрҳои ҷавони босаводро, ки медонист худаш ҷудо карда овард. Аз вазорати рушди иқтисод ва савдо, адлия аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ғайра, ки ин худаш собиқ корманди баъзе аз ҳамин ниҳодҳо буд. Ана ҳозир ин кадрҳо кор карда истодаанд. Он бесаводҳо бошанд ҷонашон дамидагӣ аст. Охир корҳои инҳоро ин кадрҳои хубу босавод ба анҷом расонида истодаанд. Ман намегуям, ки ин вазир худаш бесавод аст. Албатта, савод дорад. Лекин шахсоне ҳастанд, ки корманди куҳнаанд. Аз вай дида саводи хуб доранд. Вале фикри Қаҳҳорзода ин аст гуё дар корхона аз ҳама босавод худаш бошад. Ҳамчун мутахассис шахсан баромадҳояшро таҳлил кардам. Аз Президент, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дида сад маротиба босавод аст. Онҳо тамоман савод надоранд. Ин Седой забони русӣ ва англисиро медонад, аммо бо аксент, на ба он дараҷаи олӣ. Аммо мо –онҳое, ки аз кор рафтем, аксарамон 5 забониро озод гап мезадем, мактубҳои хориҷиро хонда ҷавоб мегардондем.
Як масъалаи дигар ногуфта намонад. Шофёри вазири молия як марди бузбалаи ишкамдам аст. Рӯзи дароз ранги нупогадӣ сигарет мекашад. Аз саҳар то бегоҳ ҳар 20 дақиқа пас ба пешат мегузарад. Буи дуди сигорети ғафс, дар давраи Шуравӣ сигарети Полёт буд, мисли ҳамон медиҳад. Мошини вазир ва худаш буи дуд мекард. Аз духизанӣ ин вазир безор шудааст. Як рӯз ин шофёр вазирро, ки тоза таъйин шуда буд ба хонааш мебарад. Мегуяд ба шофёраш, ки вазири пештара чунон бесавод будааст, ки вазоратро ҷазир кардааст. Придется аз нав восстановит кунем.
Ин шофёри Нупогадии содафеълаш дар ҳамаи ҷо овоза мекунад, ки вазири пештара бесавод аст ва дашном мекардааст. Дар он вақт дар онҷо шофёри ӯ ҳам хест аз ҷояш ва аз раисаш дифоъ карду бо нупогадӣ сарбасар ва ҷанҷол шуд. Ин овоза ба раҳматии Абдусалом Қурбониён (вазири собиқ) расид ва ҳолати корро фаҳмид ва аҳсан гуфта ба шофёраш мошини нав туҳфа кард ба хотири дифоъ карданаш.
Вақте ки моро сур кард, ҷои кори хуб ёфтем. Дар Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ- баъзеамон мутахассис оид ба харид. Дар самти Лоиҳакашӣ, мушовир, тарҷумон ва ҳоказо, ки мо дар Бонкҳои Умумиҷаҳонӣ, Исломии Рушд имтиҳон супорида будем сарбаландона гузаштем. Маошамон 1500$ то 2000$ доллари ИМА- ро ташкил медод. Ин маош бо стандартҳои ҷаҳонӣ шуда буд. Аммо ин ҳаром феъли вазири ҳозира гирифт маоши ҳамаи кормандони лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро маҳдуд (ограничить) кард. Гуфтааст инҳо кианд, ки ин хел маоши баланд бояд гиранд? Маошҳоямонро 6000 ҳазор сомонӣ кард.
Ҳар соҳа ҳар хел маош мегирад. Дар онҷо тарҷумон, лоиҳакаш ва мушовир аст. Ҳар яктои инҳо боз сармутахассис ва мутахассиси пешбар дорад, ки бояд ҳар як нафар муофиқи вазифааш маош гирад. Корҳои лоиҳа бисёр мушкил аст. На ҳар кас инҷо кор карда метавонад. Лоақал бояд забонӣ англисӣ ва русиро донӣ ва ҳолате мешуд, ки моҳҳо нишаста кор мекардем. Ҳатто дар ҷойҳои кор хоб мекардем, ки як хел корҳоямон фаврӣ ва муҳлати кутоҳ дошт ки онро бояд тезтар ба анҷом расонӣ. Лоиҳаҳои татбиқшаванда 5 ё 10 сол шартнома дорад.
Боз пули иловагӣ ҷудо мешавад, агарки муҳлатро тамдид кунанд. Вале ҳамаро як хел маош муайян кард. Баъдан кори лоиҳаро бас кардем. Ҳозир баъзеҳоямон бо оилаҳоямон дар Олмон ҳастем. Баъзеамон дар дигар тараф омада кор карда истодаем. Лекин худаш аз ҳамаи лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад бе ниҳоят пули хуб ба даст меорад. Аз ҳаромхӯрӣ бе ниҳоят миллионер шудагӣ аст. Ӯро Озода Раҳмон дар ин вазифа ва мансаб овардаасту кришошваташ мекунад.
Душанбе
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як зан –модар ва омузгорам, зодаи Темурмалик, ҷамоати деҳоти Танобчӣ. Айни замон дар шуъба маорифи Душанбе, роҳбари бахши муассисаҳои то мактабӣ ҳастам. Бояд гуфт, ки дар Душанбе танҳо мактабу литсей бисёр сохта истодаанду майдончаҳои футболбозӣ. Аммо кудакистонҳо тамоман кам дида мешавад.Ҳастанд кудакистонҳои шахсӣ,ки бениҳоят нархҳояшон гарон аст.Танҳо оилаҳои сарватманд, ки дар як моҳ на камтар ду ҳазор сомонӣ медиҳанд. Бисёр кудакҳо тарбияи хуб мегиранд. Мошин омада аз назди хонаҳояшон мебарад ва меорад, Литсейҳоям ҳамчунин. Ман муроҷият ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дорам. Охир чаро ҳама тарафа лоиҳаи сохтмони шаҳрро нигоҳ намекунӣ? Ман бо ҳамин шахси солхурда ва зан буданам озод дар кучаву боғҳои пойтахт мебароям, бисёр камбудиҳоро мебинам, мефаҳмам аммо шумо чи кор мекунед, дар чашматон аён нест? Ҳамин хонаҳои бисер ошёнаро сохта истодаед, бар-ба-бар. Вале фикр намекунед, ки дар ҳар як бинои сохташуда чи қадар оилаҳо зиндагонӣ мекунанд, ки дар ҳар як оила на камтар аз ду ё се нафар кудак ҳаст. Яъне дар байни даҳ бинои баланд ошёна як кудакистон аст. Як маротиба барову бин ин аҳволро. Шаҳрдорӣ ин хел нест. Ҳама тараф нигоҳ кун, баъд қарори сохтмонра барор. Ҳар ташкилоти сохтумониро иҷозат надеҳ, ки дар ҳар куҷо хост, рафта сохтан бигирад! Лоиҳаро бину дақиқ кун. Агар он ширкати сохтумонӣ 4- 5 бино дар як нуқта сохта ба анҷом расонд, бояд ҳатман як мактаб, кудакистон, майдончаи варзишӣ ва кудакона сохта шавад. Ҳатто таваққуфгоҳи мошинмонӣ нест. Гирди биноҳои сохташуда пур аз мошин. Кудакҳои бечора куҷо бароянду бозӣ кунанд? Чи қадар дар он сексияи бетонӣ кудак мешинад. Охир кудак бояд берун барояд, ҳавои тоза гирад. 10-15 ошёна сохтаед. Чаро аксари лифтҳо вайронанд? Ё аз чорум ошёна мебароӣ баъд меравӣ боло. Ин чи тартиб аст?
Ман нисбати фарзандони миллат дилам месузад. Як масъалаи дигар. Ин масъалаи парк-боғҳое калоне, ки дар шаҳри Душанбе дар давраи шуравӣ бо маблағи калон сохта ба истифода дода шуда буданд, он замон даромаданашон бе пул буд. Аммо ҳозир бошад сари ҳар як нафар ду сомонӣ аст. Кудакҳо ройгон медароянд. Панҷ-шаш соли пеш ин боғҳо зебо буданд. Аммо ҳозир он ҷойҳое, ки кудакҳо бозӣ мекунанд, ҳама пусида рафтааст. Вақте мебинӣ ҳуш аз сарат мепарад. Мегуӣ, ки ҳозир мешикананду дар замин мезананд. Ман натавонистам, ки навасаҳои худамро шинонам:-чархофалакҳои саворӣ, тобхуракҳо, мошинчаҳо, ҳайвонҳои афсонавӣ, алафҳои сунъӣ, таҷҳизотҳо ҳамааш хароб шудаанд. Ҷойҳои машқ барои варзишгарон, ки дар ҳар даҳ қадам насб шудаанд сар карда аз боғи ба ном С. Айнӣ, боғи назди Саховат ва ғайраву ҳоказо, ки раисони ин боғҳо ҳамаро ба манбаи даромади худашон бадал кардаанд. Аслан таъмир намекунанду фақат буткаҳои яхмос, самбуса, ошхона ва мошинчаҳои худидоракунандаи шахсии худашона овардаанд. Баъзе бегонаҳо чизе, ки дароварданд иҷораашро медиҳанду кор мекунанд. Бозори савдо шудааст. Ҳатто села-села сагҳои дайду дида мешаванд. Чор -панҷ ҳоҷатхона сохтааст.
Дигарҳояш ҳамааш вайрон аст. Яктоаш кор мекунад, боз пулакӣ аст. Боз як намуд навбат мешавад дар назди ҳоҷатхона. Як чиз ногуфта намонад. Чун дар бораи ҳоҷатхона гап меравад, мехоҳам каме дар бораи кори шавҳарам гуям. Дар вақташ дар ГАИ-и шаҳр буд. Айни замон ба нафақа баромадааст. Баъзе вақт шогирдҳояш хона хабаргирӣ меоянд. Яктоаш як дарди худашро гуфт. Чи хеле ба ҳама маълум аст кормандони ГАИ доим дар қади кучаҳои протоколиянд. Мегуяд як дард дорем, аммо намедонем чи хел ба шаҳрдор расонем. Дар қади роҳ яке вазъиятамон безеб мешавад, намедонем куҷо равему худамонро холӣ кунем, яъне қазои ҳоҷат. Агар пост дар назди ягон тарабхона бошад мушкил нест, вале агар дар ягонҷои ноқулай монданамон маҷбур хонаи мардум дароем. Бовар кун худамонро нороҳат ҳис мекунем, мақсад ҳама дар азоб аст. Ман ҳамчун модар боз ба шаҳрдор муроҷиат ва хоҳиш мекунам, ки ин мушкилро бартараф кунад. Дар тамоми шаҳрҳои хориҷа ду -се истгоҳ пас як ҳоҷатхона мавҷуд аст. Аммо дар мо ҳам мардум дар азоб ҳам кормандон. Наход пойтахти як мамлакат дар ҳамин аҳвол бошад? Ин чи тарзи идора кардан аст?
Занҳои ноҳияи Темурмалик ҳам қавиянд ва фарзандҳои шуҷоъ ҳам доранд. Шояд суханҳои маро шунаванду коре барои беҳбудии ин миллат анҷом диҳанд. Ва агар хомуш бошед дар номаҳои дигар муроҷиат мекунам ба мардҳои калони ноҳия, ки хезеду ҷуръат ва ҷасорат худро нишон диҳед. Ман як зани солхурда ҳастам. Аксариятатонро медонам. Ҳатто оби нушиданӣ надоред. Оби тозаро аз ноҳияи Восеъ харида мехуред. Камбуд на фақат барқ аст.
Ман айни ҳол дар Душанбе зиндагӣ мекунам, аҳволи мардумро медонам. Чаро Шумо хомушед э,мардҳои калонсол? Қишлоқҳои Кангурт, Чилча, Танобчӣ, Қиблаӣ, Ҳамровиё, Ҷорубқул, Қушқия, Сартез ва ғайра фарзандҳоятон 25 сол шуд дар муҳоҷиратанд. Шумо ташнаи дидори фарзандонатон ҳастед, ба Русия мераванд, баъзеҳо ҷасадаш меояд, баъзеяш инвалид мешаванд. Агар инҷо монанд хизмат мераванд. Баъзеаш аз набуди ҷойи кор ба дуздӣ даст мезанаду зиндонӣ мешавад. Албатта, ҳамаи ин аз бешароитӣ аст. Кай зиндагии осударо мебинед Шумо? Дунёву деҳаву дараро бева гирифта аст. Канӣ мардию далерии Шумо? Дар як ноҳияи калон ду масҷиди калон ҳаст. Дар яктоаш намоз мегузоранду халос. Ин чи рӯзу рӯзгор аст?
Кулоб
Салом бародар Муҳаммадиқбол!Чанд калима дорам, ки мехоҳам ба арзи шумо бирасонам.
Дар дохили ин режими хунхор ва хоин баъзе нақшаҳо рӯй даст гирифта мешавад. Эҳтимоли он меравад, ки боз як бори дигар мардуми мазлуми тоҷикро бифиребанд. Ин нақша иборат аз он аст ки кулобиҳо бори дигар қудратро дар қабзаи худ гиранд ва ин бор гург дар либоси меш аст. Асли воқеъа чунин аст. Як гурӯҳ аз мардумони собиқ аз курсиафтодаро мазлум нишон медиҳанд ва гӯё гурӯҳи норозиҳо аз Раҳмонов, ки дар миёнашон кормандони мақомот низ ҳаст, ба кумаки мардуми норозӣ ё ҳамон эътирозгар якҷо шуда Раҳмоновро ё мегурезонад ва ё ҳарчи шуданаш мумкин ва тамоми қатлу куштор ва ҷинояту хиёнатро ба гардани Раҳмонов бор карда ва худашонро дар чашми мардум мусичаи бегуноҳ нишон дода ва боз дар қудрат боқӣ мемонанд.
То як муддат шояд ягон осонӣ ба мардум биёранд ва бо шиорҳои дурӯғин, ки гуё ҳукумат аз ҳам напошад, дар ҳамон вазифаҳои калидӣ боқӣ мемонанд ва инро мегӯянд бо иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосил ҳамчунон боқӣ мемонад. Ва чунин ширинзабониҳо баъзан дар байни муборизин дида мешавад, ки ё аз нодонист ё шояд ҳамин инсонҳо вазифадор бошанд барои гуфтани чунин ҳарфу ҳадисҳо. Барои мисол дар яке аз барномаҳои шумо, ки ба ҷои шумо чанд дақиқа Ҷамшед барномаро мебурд, аз забонаш чунин ҳарфе садо дод, ки хело нигарон кунанда аст. Вай гуфт бародарҳо ҳар вақт, ки мақомот хестанд шумо онҳоро дар инқилоб ҳамроҳӣ кунед. Яъне кадом мақомотҳо? Ҳамонҳое, ки солҳо дар қатлу куштору лату кӯби мардум даст доштанд? Чи гуна мешавад ба онҳо бовар кард? Ё ҳамон иштибоҳоти солҳои 90-и асри гузашта мехоҳед такрор ёбад? Он солҳо мо ҷавонон фикр мекардем, ки раҳбарон ягон нақшаи муфид ва роҳбурдие доранд, аммо маълум шуд, ки на чизе аз сиёсат медонистанду на аз ҳукумат, то онҷо ки дидем мардумро аз ҳар тараф мисли гургҳои гурусна дар рамаи бесоҳибе дарафтода бошад ҳамаро яксара медариданд ва кор то куҷо кашид, ҳама шоҳиди ҳол ҳаст. Ҳамон рӯзҳои сахтро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки чаро чунин шуд. Қисса кӯтоҳ ҳиҷрат шурӯъ шуд ба Афғонистон. Баъдан онҷо фаҳмидем, ки мо барои ҳеҷ коре омода набудаем. То он замон, ки бо кӯмаки бародарони афғониву эронӣ як каме кору бор сомон гирифт, то он ҳад, ки дигар фикр мекардем дигар фиреб нахоҳем хурд, дигар ҳама чизи зарурӣ барои як ташкилот- як ҳизб ба вуҷуд омада буд, мисли неруҳои мусаллаҳ, ки иборат аз муҷоҳидин буданд ва муваффақияти аз ҳама асосии ин ташкилоти иттилоотӣ ва амнияти Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки бо тамом маъно чи аз чиҳати касбият ва масъулият ва тахассусҳои лозима ва бо доштани имкониятҳои васеъ. Ва ҳамеша афсуси он рӯзҳоеро мехурдем, ки дар солҳои аввали мубориза ҳатто панҷ нафар инсони таълимдида барои корҳои иттилоъотӣ ва амниятӣ медоштем ҳоламон ба онҷо намекашид. Вале ҳайҳот, ки барои миллати мо дарс намешудааст ва ҳамеша мебинам иштибоҳҳо паси ҳам такрор мешавад. Ва ҳамин иштибоҳҳо имрӯз низ дида мешавад. Боз ҳамон камбуди неруи иттилоъотӣ ва амниятӣ ва боз надида гирифтани яке аз унсурҳои асосӣ дар роҳи мубориза. Чи қадар ҷуброннопазир буданашро на нафаре ҳис мекунад ва на масъулиятпазир ҳастанд. Гузашта аз ин чи қадар бачаҳои бо истеъдод аз паси бе парвоии раҳбарон, чи дар гузашта ва имрӯза эҳсос мешавад, ки боз мардумро зери пои чанд аблаҳ бурданӣ ҳастанд, ки дигар мо яъне онҳое, ки худро ғамхори миллат мегирем на Аллоҳ мебахшаду на Расулу на миллат. Пас, маълум мешавад, ки илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Бояд сари ҳамин масъала андешид. Дигар нисбати мардуми мусалмон бепарвоӣ кардан ҷиноят аст.
Норак
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Номамро намегуям.
Илтимос, хоҳиш мекунам ин номаро нашр кунед. Вақт кам мондааст, то мардуми Норак маҳалаи Энергетик аз хоб хезанд.
Масъала масъалаи мактаби № 9и маҳаллаи Энергетик аст.
Ин мактаб дар замони шурави сохта шуда буд ва масоҳати бисёр калон ва боғи ботаникӣ дошт. Боғи ба номи Мичурин ҳам мегуфтанд. Дар ин боғ ҳама талабагони мактаб практикаи дарси биологияро меомухтанд. Бисёр боғи зебое буд. Аз ободикориҳои муаллим Холиқов раҳматӣ ҳама бо хабар аст. Холиқов аввалин директори мактаб буд. Дар он вақт бобо Мусофир қаравул ва боғбон буд.
Дар ин боғ тамоми намуди дарахтони мевагӣ буд. Ва ҳама гуна гулҳои рангоранг бисёр буд. Ва растаниҳои гуногуни беадад.
Ҳамаи талабагон дар ин боғи зебо бо китоби ботаника практикаҳои худро хушу хурсандона мегузарониданд ва ин боғ як кайфияте мебахшид ба талабагон.
Афсус. Устоди марҳум Холиқов бо нафақа баромад.
Мактаб ба чанголи Зайниддинов Нуриддин зад. Зайниддинов Нуриддин бо чанголи худ ин мактабро гирифту чи коре, ки накард.
Он вақт шуравӣ буд. Зайнидинов директори мактаб шуд. Вай комунисти ҷонфидо буд. Худо нест мегуфт. Агар талабае ба Худо қасам мехурд Зайнидинов он талабаро сахт латту куб мекард. Чунон мезад, ки харро ин хел намезананд. Аз рӯзаи моҳи шарифи рамазон сар кард. Дар даст қарабоӣ пур аз об ва паднос пур аз хлеб. Талабаҳоро дар хавлии мактаб қатор мемонду онҳо якто- якто мегузаштанду талаба мехост ё намехост як бурида хлеб ва як стакан об мехурд, баъд ҷони талаба халос мешуд.
Ин Зайниддинови ноинсоф дар сари мардуми ин маҳалла чи балоҳое наовардааст.
Дар ҳамон замони шурави Зайниддинов бо чандин муаллимаҳо зино мекард. Бо як зани рус дар мактаб, ки завхоз-мудири қисми хоҷагӣ шуда кор мекард, номашро фаромуш кардам, боз бо як зани дигари рус, ки аз забони русӣ дарс медод номаш Казбекова ва боз боз бо муаллимаҳои тоҷик ин кори бадро анҷом медод. Номи муаллимаҳои тоҷикро наменависам, аммо ҳама мардуми маҳаллаи Энергетик онҳоро медонанд. Ҷои ин корҳои зишти Зайниддинов дар пушти мактаб, бо лестнитса мебаромадӣ, склади завхоз буд, дар ошёнаи дуввум қарор дошт. Ҷои хилват ва дар назар ноаён ва ҳеҷ кас пай намебурд.
Соли 1992 ҷанг сар шуд.
Зайнидинов аз склади завхози мактаб, аз ҳамон «питачок»-аш , ки дарунаш пур аз ашёҳои мактабӣ буд, асбобҳои мусиқӣ ва асбобҳои дузандагӣ- мошинаҳои дарздузиро дуздида фурухт.
Баъд Зайниддинов ба пенса баромаду ҷиянашро-писари апаашро дар ҷои худаш шинонд. Ҷияни Зайниддинов Табаров Ориф директори мактаби №9, шуд.
Аввал аз зинокорӣ сар кард. Бахшиш, ки номи муаллимаҳоро наменависам. Ҳама маҳаллаи Энергетик медонанд, ки он занхо киҳоянд.
Баъд аз ошхонаи мактаб, аз хурду хуроки талабаҳо дузидро давом дод ва ҳамин тавр аз масолеҳи таъмири мактаб: мех, тахта, краска, уголок ва вагонҳо барои синфхонаҳо мактабиро дуздиду фурухт. Аз маоши муаллимҳо ҳам беибо чанд сомонигӣ медошт.
Боғи мактаб бисёр калон буд. Ин боғ аз мактаби боло, ки дар наздикии девори муаллим Зайниддинов Вайсиддин дар фосилаи 2 метр ҷойгир шуда буд.
Аз тарафи кучаи Айнӣ, девор ба девори сеткагии хонаи раҳматии бобои Тавар буд. Боғи мактабро ҳам фурухтанд. Нимашро Зайнидинов Вайсидин ва ними дигарашро Қаландаров Садриддин Саидович хариданд. Зайниддинов Вайсиддин додари Зайниддинов Нуриддин, яъне ҳамон Зайниддинови директори пешини мактаб мебошад.
Дар инҷо чи ҳила аст. Зайниддинов Вайсидин кай ин заминҳоро гирифт? Дар вақти сардори шуъбаи маорифи шаҳри Норак буданаш. Ака ва додар кал додари кур, алик –малик карданд.
Эй мардуми Энергетик, фарзандонам, бедор шавед:
Як нукта бас аст, агар шуур аст,
Варна чу чароғ пеши кур аст.
Ин боғ моли фарзандони мост, моли наберагони мост. Қаландаров Садриддин Саидович кист? Кали Садриддин ё Садриддини ресторан. Рафиқонаш Садриддини шағол- мошшеник ҳам мегуянд.
Ҳайратовараш инаст ки кали Садриддин роҳ ба тарафи куча барои баромадан надорад. Роҳаш ё тарафи стадиони мактаб ё тарафи мактаби боло. Мактаби боло ҳамон биное аст ки талабагони хурдсоли синфҳои ибтидоӣ мехонанд.
Эй мардуми беғайрати Энергетик аз беғайратии шумо боғи мактабро аз дасти фарзандонатон гирифтанд чаро хомушед, чи мехоҳед, ки ин кудак кали Садриддин боз роҳ аз тарафи стадион гирад. Ё бовар надоред. Ана роҳ доданд, ку фарзандони Карим Кулакро рубаруи стадион аз даруни мактаб мешудаст,ку.
Гуфтаниам, ки эй Эмомалии гарданбалонигазӣ, эй Рустами наркоман, эй қили асп, эй Прокурори генералии оқипадар, СС.Ятимови сагру, Чеки Чани кулафт шумо куҷоро нигоҳ доред? Наход, ки шумо гуё аз ин корҳо хабар надошта бошед?