Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №10

Ислоҳ нет

Баъд аз роҳандозии барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ончуноне интизораш мерафт, муаллифони мо аз миёни аҳолии кишвар, шукри Худо,рӯз ба рӯз бештар шуда истодааст. Албатта, мо ҳама навиштаҳои Шуморо дар «навбат» гузоштаем ва мутмаин бошед, ки агар як каме таъхир ҳам шуд вале ҳатман мунташирашон мекунем. Манзурам ин аст ки нороҳат набошед, ки чаро то ҳоло чоп намешавад. Чоп мешавад. Осиё ба навбат гуфтаанд. Инро ҳам бигуем, ки агар ин навиштаҳои шумо дар бораи афроде бошад, ки дар мансабу мақоми давлатианд, табъан, ки зудтар ба нашр мерасад. Ҳоло биёему ба нашри навбатии «номаҳо» таваҷҷуҳ кунем.

Фархор 

Дар мактабҳои ноҳияамон СС. Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон як ҷинояти  гушношунидро содир карда истодааст. Одамҳои махсусро мактабҳо роҳӣ мекунад ва онҳо омада талабаҳои синфҳои 1.2.3.4.5-ро мепурсанд, ки сураи Қуръон медонӣ?Агар бигуяд, ки медонам ба вай ягон бозича туҳфа медиҳанд. Боз пагоҳ меояду дигар синф медароянду ҳамин саволро мепурсанд:-сураи Қуръон медонӣ? Хуллас, тамоми синфҳои зикршударо даромада мепурсанд. Номи онҳоро менависанд. Баъди як ҳафта аз як лаб падари онҳоро ба КГБ фарёд мекунад. «Ҳаёти кошмар» барои ин падарҳо сар мешавад. Аз 1500 то 5000 сомонӣ ҷарима мекунанд, бойтар бошад, сахттар «меҷуқанд». Аллоҳ хору залил кунад, ин душмани худову дини худоро!

Судияи Фархор ҷияни СС.Ятимов

Як ҷинояткори хавфнок, ки орому сокит кори худро пеш мебарад, судяи ноҳияи Фархор Иброҳимзода Суннатулло Ҳукумат, сокини деҳаи Туғул-Ориёни имрӯза ва ҷияни «родной»-и СС.Ятимов мебошад. Модари Суннатуло Файзигул Ятимова  ном дорад. Вай хоҳари Ятимов аст. Чанд сол шуд, ки судя кор мекунад. 40-41 сола аст. Бо истифода аз мақоми худу пуштибонии тағояш дар бари беморхонаи Туғул замини як сокини ин деҳаро маҷбурӣ кашида гирифт ва дар онҷо барои худаш хона сохт. Ин судяи ноҳия, ҷияни раиси КДАМ-и Тоҷикистон, ҳамроҳ бо Абдумумин Ятимов, додари СС.Ятимов, раиси Идораи ҷангали Фархор раиси ҷамоатро зери фишор қарор дода таҳдид ва маҷбур мекунанд, ки чанд замини деҳаро бифурӯшад вале пули ин заминҳоро ин ду ба ҷайби худашон мезананд. Баъд аз ин заминҳо яктоашро Иброҳимзода Суннатулло гирифта дар он хона бунёд мекунад. «Ставка» -ин ин судя ҳам қобили тазаккур аст. Аз ҷинояти вазнин 10.000 доллар ва аз ҷиноятҳои хурду сабук аз 500 доллар сар мешавад гирифтан. Дар ин кор ӯро як муовини суд, як чашмолус ҳамроҳӣ мекунад. Вай аз маркази ноҳия аст. 5 фарзанд ва зани дуюм ҳам дорад. Азбаски занаш фақат духтар мезоидааст, зани дуюм гирифтааст.Суннатулло Иброҳимзода  як мерседеси сафед дошт. Ҳар моҳ мошинашро иваз мекунад. Барои он иваз мекунад, ки аз кору бораш хабардор нашаванд, нашиносанд. Агар ягон духтар кораш ба ин судя афтад ҳатман пешниҳоди ҳамхобагӣ медиҳад. Мегуфтааст, ки баъди ҳамхобагӣ коратро «буд» мекунам. Иброҳимзода Суннатуло Ҳукумат дар паҳлуи беморхонаи деҳаи Туғул маҷбурӣ замин гирифта хона кардааст, боз аз ҳисоби давлат. Яъне гирдо гирд беморхона сохта истодаанд ва аз ҳамон масолеҳи сохтмонӣ маҷбури гирифта барои худаш сохта истодааст. Як бино дар пеши хонааш аз хишти пухта бардошта истодааст.  Ба баҳонаи кушоду васеъ кардани роҳҳо дар паҳлуи хонаи модараш дарвоза ва чойлоби ҳамсояҳояшонро чаппа кард. Ду зан дорад. Ҳамроҳи як муовинаш ва Абдумумини бародари СС.Ятимов бо афғонҳо ба бизнеси героин ҳам сад дар сад машғул аст.

Бедодагариҳои СС.Ятимов ва бародару ҷиянаш дар Фархор

Дар фермаи Абдумумин Ятимов ҳар касе кор кунад, бидуни истисно, мавриди таҳқиру тавҳин қарор мегирад. Дар хонаи мардуми деҳа свет нест, аммо ҳатто фермаи Абдумумин свети доимӣ дорад. Светаш постояний аммо қишлоқ, мактабу амбулатория свет надорад. Абдумумин  гектарҳо замини обӣ дорад. Мегуянд, ки дар асл заминаш аз 600 гектар ҳам зиёд аст. Дискотека дар маркази Фархорро Фаридун Умаров бародари Мансур Умаров кушодааст. Сад дар сад аз ҳаминҳо аст. Танҳо ба хотири онки героинашро дар инҷо фурӯшанд ҳам Фаридуни додари Мансур Умаров ва ҳам Абдумумин Ятимов. Аз деҳаҳо ҳатто аз Кулобу Қурғану Душанбе ба дискотекаи вай меоянд. Чунки дар инҷо гера ва духтар «обӣ» будааст. Духтарҳои ин дискоклуб аз Фархор ва кормандони КДАМ ин духтарҳоро аз ҳар ноҳия гулчин карда мефиристанд. Духтарҳо тез тез иваз мешаванд ва ин ҳама бо қувва ва дахолати СС.Ятимов ва Мансур Умаров сурат мегирад.

Дар Қаратови Фархор як камбағалбачаро барои ёрдами худ мебарад, онҷо «издиватсия» карда аловаш сар медиҳанд, месузонад, писар мемурад. Падари ин камбағалбача пас аз ин ҳодиса бемории руҳӣ шуд аз ин мусибати сурат гирифта. Касе намепурсад ва аслан ҳеҷ кас дар фикрашон нест.

Дар назди фермааш як мардеро, ки Камаз дорад маҷбур мекунад, прес ё каҳ ё ҳезум аз фалонҷо биёр. Он камазист мурда -мурда меорад, агар наёрад капааш сухт, даркор шавад камазашро мегирад. Агар гови ягон одам нохоста ба заминҳои Абдумумин дарояд, дошта маҳкам карда то 1000 сомонӣ надиҳӣ, намедиҳад говатро. Боз мегуяд пайғамбаратонро биорӣ намедиҳам. Беҳад бе имон аст мисли бародараш СС.Ятимов. Дар назди мактаби Туғул як корхонаи дузандагии формаҳои воени. Ба коргарҳои занҳо аксран,ки кор мекунанд дар як моҳ 250, 300 ё 400 сомонӣ маош медиҳанд. Ҷиҳози сарбозӣ медузанду мефурушанд. Гуё давлатӣ аст.Ин корхонаи дузандагиро заминашро бо зури ғасб карда сохтаст СС.Ятимов. Ту документ надорӣ гуфта хонаи як бечораро чапа карда заминашро маҷбур гирифтанд, ва ин корхонаро дар он замин сохтанд. Корхона, мошинҳояш, шебен, семент, ҳамаи чизҳояш аз давлат, лекин корхона аз СС.Ятимов аст. Боз дар пеши хонаи Суннатулло Иброҳимзода рубаруи он як замини дигарро гирифта оташнишонӣ-пожарка сохтанд. Ин пожаркаро ба маҳзи эҳтиёти хонаҳои худашон сохтанд. «Агар мабодо ягон кас хонаамонро сузонда зуд хомӯш карда тавонем».  Метавонем гуем,ки  беш аз даҳ хонаву замини ҳамсояҳояшонро бо зурӣ гирифтагиянд. Боз як замини дигарро як хона баъд аз бинои пожарка гирифта чизи дигаре сохта истодаанд. Боз як шогирдаш, ки директори мактаб аст  дар мактаби Туғул-Ориён кумаки бебозгашт гирифта стадиони пулакӣ мекушояд. Истифодаи ин стадион соатбайъ, соаташ 60 сомонӣ.

Зулми СС.Ятимов ба бародари М.Убайдуллоев

СС.Ятимов , Шамолиддини додари Маҳмадсаид Убайдуллоевро маҷбур мекунад,  ки заминатро ба ман медиҳӣ. Ва маҷбур мегирад, юнучқа мекорад. Боз маҷбураш мекунад, ки аз замини тарафи Туғул, ки дар лаби роҳ дошт, як қисми он заминатро медиҳӣ, боғчаи кудакона мекунам. Раиси Идораи ҷамоат бисёр ҳаромхур аст. Як бочкаи тахминан 100 тонагаро фурӯхт тахминан 10.000 даоллар фурӯхт дар ҳол аз коррупсия омада ӯро қапиданд, ҳамон 10.000 $ дода халос шуд. Чунки он вақт хоҳари СС. Ятимов дар идораи ҷамоат муовин кор мекард. Шарманда нашавад гуфта чун дар ин дуздӣ хоҳари ӯ ҳам ҳамроҳ буд бо додани пул ҷонашонро халос мекунанд. Чанд рӯз пеш ҳамон сестернаи калонро дар Сомон тҷ дар фурӯш монда шуда буд дидам ва шинохтам,ки дақиқан худи худаш буд.

 “Як сокини дигари қишлоқ замин гирифт. Гуфт масҷид бунёд мекунем. Ин раиси  ҷамоат одамҳояшро болои мардум рехт, то мабодо масҷид сохта шавад. Ва ин раиси ҷамот заминро ба каси дигар фурӯхт.”

СС. Ятимов дар Маскав як хеш дорад бо номи Ҷалол. Ин хешаш аз Восеъ аст.  Нахуст дар дохили Тоҷикистон  чун дар  КДАМ  кор мекард ҳамаро бо номи СС.Ятимов фиреб карда ва ҳудуди 500 ҳазор сомонӣ гирифта аст ва баъзеро бар гардонида ва баъзеро надода ва удостворенияшро ҳатто залог монда хост гурезад аммо боздошташ намуданд ва шаш моҳ дар СИЗО буд бояд ҳатман зиндони мешуд бо ҷурми суйи истифода аз мансаби давлатӣ . Чун хешованди СС. Ятимов буд ин Ҷалол бо дахолати СС.Ятимов озод карда шуду ба Русия бо баҳонаи оператсияи махсуси КДАМ  фиристонда шуд. Беш аз чор сол мешавад дар Масква дар раиони Звенигород боз ҳам ба дуздӣ, қаллобӣ, ва «подстава» под прикритияи КДАМ  машғул аст. Чаро ӯро боздошту истирдод намекунанд мо ҳайронем.

Бедодгарии раиси ҷамоат ва раиси “Панҷшанбе бозор” дар Фархор

Дар ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор Илҳом Қувватов раис аст. Беш аз 10 сол аст ки инҷо раиси ҷамоат мебошад. Пеш заминсозӣ ҷамоат буд. Заминҳои деҳаи Лоҳутиро фурӯхта раиси пешинаро пешпоӣ дод. Он раиси касал шуд. Аз кор гирифтанд. Баъд Илҳом Қувватов раис шуд. Коррупсия омад, 80ҳазор $ гирифт. Кор тинҷ шуду рафт. Баъд худаш заминҳои лаби роҳи калонро ба Тошев Амриддини раиси бозори «Панҷшанбебозор»  фурӯхт. Ба хешаш Наврӯз замини оби пртобгоҳро шахсӣ карда дод, дар ҳоле ин Наврӯз аз деҳаи Садоқат нест. Дар Қаратов тахминан 200 гусфанд дорад,ки ин гусфандонро аз кадом ҳисоб ба даст овардааст?.

Амриддин Тошев бо номи Абдумаҷид Достиев Фархориёнро метозад

Амриддин хеши Абдумаҷид Достиев аст ваДостиев ҳимояташ мекунад. Амриддин дар деҳаи Садоқат «мойка» кард. Ҳар вақте заҳбурро кор кунанд, хокашро тарафи роҳи масҷиди деҳа, тарафи роҳи одамгузар мепартоянд. То вақте ин мойка набуд, ин хел корҳо намешуд. Бӯ мегирад тарафи роҳи масҷид. Ин кор  мумкин нест, аммо барқастона мекунад. Амриддин,  ман Рустамро мешиносам, Рустам хешамон аст гуфта ҳамаро «подстава» карда мегардад.

Амриддин Тошев, раиси бозор сокини деҳаи Садоқат Ҷамоати Ватан , як мағозаи пешинаи давлатиро аз Асоев Айниддини Камазист 8000$ гирифта ба Айниддин ваъда дод, ки ба номат мекунам. Аммо ба номи ӯ накарду ба номи бачаи худаш кард. Дар ин магазин хоҳари Айниддин савдо мекунад, иҷора месупорад. Номи хоҳари Айниддин Малоҳат аст. Дар суд доданд. Аммо бефоида. Бародари Амриддин Тошев  бошад дар пеши мактаби №37  бо зурӣ ҷои саққозанӣ билиард кушод. Мегуяд,ки ман «криша» дорам.

Тошев Амирддин дар поёни хоҷагии деҳқонияш ба  писараш Тошев Шамс хона сохтааст ва онҷо зиндаги мекунад. Дар ҳоле   инҷо аслан мумкин нест хона бунёд намудан. Барои дастгирии мардуми камбизоат ё деҳқонҳо баъзе кумакҳо аз қабили Трактор, телечка ва ҳама ончизе барои як трактор ва деҳқон зарур аст,то ин деҳқонҳо ба пардохтани то 20 ҳазор сомонӣ барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои он трактор ва соҳиби трактор шаванд. Дар ҳоле қиммати он трактор 300 ҳазор сомонӣ аст. Ана ҳамин тракторро бо тамоми таҷҳизоташ ки на камтар аз  400 ҳазор сомонӣ мешавад Тошев Амридин ин тракторро ба писараи дуввумаш  Тошев Шамс ҳамчун камбизоат гуфта мегирад. Тошев Амриддин ин ҳама ҷиноятҳоро бо пуштибонҳояш анҷом медиҳад мисли Абдумаҷид Достиев ва ё онҳое А.Достиевро эҳтиром карда ба Амриддин Тошев кумак мекунанд. Дар умум зулмаш дар деҳаи Садоқат ва бозораш “Панҷшанбе бозор” хело зиёд аст. Писари калонияш Айникаш мегуянд аз мардум дар бозори молу гов мардумро бисёр озор медиҳад. Инчунин дар бозори молу ашё ва хурока ва лавозимоти хона бошад ҳам дақиқан зулму фишорашон ба мардум бе андоза зиёд аст,ки метавонед худатон шоҳиди бе восита бошед агар бовар накунед моро.

Дар охир муроҷиати ман ба бачаҳои деҳаҳои Гулобод, Лолазор, Лоҳутӣ, Қаратов, Орҷоникидзе, Куҳандиёр, Ориён мисли мардҳо гап занед, хап накунед, ҳар чи аз ҷиноятҳои ин нобакорон медонед, ба «Ислоҳ» бинависед. Ҷамъе аз тими “Ислоҳ” аз дохили Фархор…

Шаҳритус

Подполковник Ҳусайнзода Туйчӣ Ятим, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ноҳияи Шаҳритус аст. Дар асл аз мардуми Ҳоит аст ва маълумотҳои бештар дар мавриди ҳама аъзои оилаи ин ба сурат инсон вале як дарранда дар “Ислоҳ” маҳфӯз аст.

Кутоҳ аз ҳолномаи Туйчӣ Ҳусайнзода ва ҷиноятҳояш

Модари Туйчӣ апаи Тозахон як зани бо виқор ва хело зани хубе ҳаст, ки мо хубии ин занро хуб медонем, дар вақташ дар хонаи сардори ШВКД он вақта полковник Расулзода Сафолбек ба ҳайси хизматгор буд ва бо худаш Туйчии писарашро барои тамизкорӣ ва назофати хонаи полковник мебурд. Полковник Расулзода Сафолбек як писар дошт бо номи Садриддин. Туйчӣ бо вай рафиқи сахт мешавад ва вақти мактабро хатм кардан полковник Сафолбек мебинад, ки Туйчӣ рафиқи писараш аст Туйчиро ба писархондагӣ гирифта ҳардуи онҳоро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси ҳуқуқшинос дохил мекунад. Баъди хатми донишгоҳ писари худро дар прокуратура ва Туйчиро дар корҳои дохила ба кор мемонад. Чанд сол баъд Туйчиро ба вазифаи сардори мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар нохияи Шаҳритус ба вазифа мемонад. Туйчӣ барои вазифа ва рутба шуда ҷавонони Шаҳритусро ба дод меорад. Ҷавонписаронро бо туҳмат бо моддаҳои террористӣ- экстремистӣ зиндонӣ мекунад. Як писар бо номи Замир, ҷавони камбағал бо касе кор надошт. Як сол пеш зан гирифта соҳиби фарзанд шуда буд. Ӯро бо туҳмат, ки гуё Замир мехостааст нуқтаи сузишвориро тарконад ба18 сол бо туҳмати бе асос ба зиндон равон кард. Оилаи ин ҷавон вайрон ва зани ӯ фоҳиша шуд. Модари бемораш, ки базур мегардад рафта аз дарҳои мардум гирёну нолон пул металабад то ба писараш хурока бихараду ба зиндон фиристад. Мо аз ин ҷиноятҳои подполковник Ҳусайнзода Туйчӣ ва шикастани ҷавонони Шаҳритусӣ садҳо номгӯй дорем ва дигар тоқати моро тоқ кардааст ин золим.

Боз як мард-муаллим Ашуров, марди пиронсол, ба касе кор надорадро туҳмат зад,ки гуё вай талабагони мактабро таҷовуз мекардааст. Ин марди пиронсолро шарманда ва равонаи зиндонкард. Аз подполковник Ҳусейнзода Туйчӣ мардуми Шаҳритус ба дод омадааст. Дар ҳамаҷо одамҳояш ҳастанд. Ҳамаи ҷиянҳояш бузи отделанд ва дар куҷое чи гапе шавад ҷиянҳояш омада хабар мекунанд. Бузичаи дасти росташ ин Абунаср аст ки ҳамаи хабарҳоро аз маҳаллаҳо ба Туйчӣ мерасонад. Ва Абунаср дар бари Туйчӣ гашта худро корманди шашум одел гирифта аз мардумон пули зиёд мегирад бо шантажу иръоб.

Дар ҳамаҷо худро милиса гирифта мардумро зулм мекунад. Дар ҳоле, ки вай ягон коргари мақомот нест, танҳо як бузича аст. Барои аз мардум пул гирифтанаш уро қариб зиндонӣ мекарданд. Туйчӣ ӯро халос карда ба Русия мегурезонад ва боз корҳояшро тинҷ мекунад. Боз Абунаср бармегардад ва боз ҳамон корхояшро давом дода истодааст.

  “Падари подполковник Туйчӣ бисёр як инсони хуб аст. Бечора аз шарм намедонад чи кор кунад. Туйчӣ падари камбағалашро ҳам писанд намекунад ва дар ҳамаҷо мегуяд, ки «ма бачаи Сафолбекм» ва дар хонаи полковник Сафолбек зиндагӣ мекунад ва суи падару модари худ ҳатто намеравад. Алъон худо задааст ӯро. Ҳарруз маст аст ва чандбор дар назди тарбхонаҳо аз мастӣ аз пой меғалтид.”

10сол шуд, ки сардори 6 отдели Шаҳритус аст. Чанд бор ба дигар вазифа таъинаш мекунанд, вале 3 рӯз нагузашта бо як занги телефони Сафолбек боз ба ноҳияи Шаҳритус  таъинаш мекунанд. Ин лаънаткардаи худо аз мардум пулҳои калон мепурсад. Агар надиҳӣ якумра зиндонат мекунад. Чандин сокинони бе гуноҳ хонаҳои худро фурӯхта пулашро ба ин додаанд ки писарҳояшонро раҳо кунад. Кришаҳои Туйчи Шодӣ Ҳафиззода ва Сафолбек мебошанд.  Қариб якуним сол мешавад,ки яке аз роҳҳои пул кор карданаш телефони шахси даъват кардаашро мегирад ва дохили “Ислоҳ” мешавад ва як ду лайк мегузорад худаш ва мегӯяд: “ана тамом аку фалони зан ту 18 сол зиндонӣ мешавӣ барои ин лайкҳоят, бояд мада 10 ҳазор диҳи ё гов судт мекунам, шикояти туро ҳеҷ кас гуш намекунад фаҳмидӣ?” Дар бораи ҷиноятҳои ин подполковник дар барномаҳои баъдӣ муфассалтар мегуем. Агар шумо ҳам сокинони Шаҳритус ҳарчизе медонед ба “Ислоҳ” фиристед,то барномаи махсӯс аз ин ҷонвари зараррасон кунем ва ӯро дигар нагузорем даст ба чунин зулмҳо занад. Дар навиштани номаҳо мардуми Шаҳритус ва Қубодиён хело фаоланд ва лутфан натарсед идома диҳед!

Боз шикояти Шаҳритусиён аз Қорӣ Нусрат

Қори Нусрат бузичаи Муҳибулло Садуллоев Ин Қорӣ Нусрат солҳои пеш аз ислом гап мезаду мардумро дарси Қуръон медод ва баъди бо Мухибулло шинос шуданаш ришҳояшро покиза тарошида ҳоло чанд сол шудааст шестиёркаги мекунад, кадоме бизнесҳои хуб дорад давон давон рафта ба Муҳибулло хабарро мерасонад, ба Қорӣ Нусрат Муҳибулло пушти бозори марказии Шаҳритузро аз як мард бо роҳи зуровари кашида гирифта додаст дар мудати чанд моҳ Қорӣ Нусрат мошинҳои қиматбаҳои лексус дор шуд ва дигар намозҳам намехонад ва мо шоҳид будем дидем ки ҳато  бо бачаҳои Чапаев чарс ҳам мезанад, хулоса бангӣ ҳам шудааст.  Хуб дигар дар он круг ва ҳалқае,ки ҳаст духтарбозӣ ҳам мекунад дар маҳалаҳо маҷлис мекунаду Қорӣ Нусрат мегуяд ки ришу сатр аз дини ислом нест. Қорӣ Нусрат аз пушти шестиёркагиш соҳиби чанд дуконҳову бозорҳо ҳам шуд. Муҳибулло як одат дорад тез тез бузичаҳояшро зиндонӣ мекунад як бухгалтер дошт аз мардуми араби Шаҳритус ӯро ҳамчуноне кард, ки он мард ҳамаи хонаву мошинҳояшро фурӯхта қарз карда ба Муҳибулло доду ба русия рафт, ки қарзҳояшро биканад. Шогирди дуюмаш  Ҳоҷибурҳон Абдуллоев буд ки тамоми ҷизҳояшро кашида гирифта зиндонияш кард . Албатта аз ин ҳолатҳо қори Нусрат тарсида дар маракаҳо пеши хешу таборонаш мегуфтааст, ки аз фалонизани Муҳибулло метарсм, ки маро ҳам ҳамихел накунад. Қорӣ Нусрат пулҳошро рафта дар номи дигаркасҳо хона харида мемондааст, ки мабодо Муҳибулло хабардор нашавад.  Бачаҳои қорӣ Нусрат ҳато бо мошинҳои киматбаҳо мегарданд ин қориро ҳама медонад ки чикадар одами худозадааст ва мо мардуми Шахритус аз ин табақбардорони Мухибулло ва аз худи Муҳибулло безор шудем.  Ҳамаи дуконҳоро кашида мегиранд аз мардум бо ҳар баҳонае.  Призидент мегуяд қонун барои ҳама як аст якбор тафтишот равон намекунад ки як Қори аз кучо соҳиби лексусҳои киматбаҳо ва аз куҷо инқадар дуконҳо соҳиб шудааст чаро якбор тафтиш намекунанд?.  Як камбағал 10 солҳо дар Русия кор мекунад омада як мошин ё як дукон мекушояд дарав кормандони амният кашон кашон гирифта мебаранд ӯро, ки аз куҷо ёфти ин маблағро? Аммо чаро  якбор Қорӣ Нусратро ва  мисли Қорӣ Нусратбарин ҳоро намебаранд, ки аз куҷо ефти ин маблағҳоро?  Аллоҳ хору залилашон кунад мо мардуми Шахритус косаи сабрамон ба сар омад агар нисбати инҳо чора набинанд мо медонем чикор кунем бовар кунед акаи Муҳаммадиқбол безор шудем, дигар чизе надорем диламон сузад ва чуноне мегуянд: Гурусна ба шер мезанад.

Саволи мо дар мавриди ҳама ончи дар мавриди Қорӣ Нусрат гуфта шуд якто якто пурсида таҳқиқ намудем. Чанд нафар якҷоя нишаста бо як садо шаҳодат додаанд,ки мо туҳмат намекунем ва ончи мегуем дар назди Аллоҳ посухгӯем. Дар мавриди банг заданаш бори дигар таъкид намудем, ки оё ин туҳмат нест дар мавриди Қорӣ Нусрат? Ду нафараш шаҳодат доданд, ки мо бо чашмони худамон ҳафт моҳ пеш дар назди мост бо круги худаш бо бачаҳои Чапаев чарс ё банг мекашид. Хуб мо ҳам пас аз таъкид онро навиштему ҳеҷ туҳмате дар ин навишта вуҷуд надорад.

Қубодиён: куштори ваҳшиёнаи камбағал бачае аз тарафи наздикони ҳамсараш

Аз Қубодиён бароятон менависам. Наздик ба ду моҳ шуд,ки як бародар аз деҳаи Гулистон, пештара Болшевик зан мегирад. Аммо аз тарафи занаш ӯро кушта сипас ҷасадашро оташ мезананд. Лекин милиса тарафи модари ин ҷавон мегуянд, ки янга фикр кун, ки як паранда буд, мурд. Ҷавоне,ки оташаш заданд  Сулаймон Исроилов, соли тваллудаш 1997 буд. Духтаре,ки ба занӣ гирифта буд, аз узбектаборони Қубодиён буд. Шаб меоянду дар мошин мебаранд, пеши чашми занаш корд мезананду бензин рехта оташаш мезананд. Баъд ба духтурҳо занг зада мегуянд, ки биёеду бубаред. Валлоҳ қасам 2 моҳ мешавад, касе чизе намегуяд. Исроилов Сулаймон падараш Хайрулло ва модараш Моҳинисо ном доранд.

Шарҳи қазияи қатл ва хомӯшии ВКД ва КДАМ

Исроилов Сулаймон аз деҳаи Гулистон бо як  узбек духтар солҳои 2019 шинос мешавад. Зиндагишон  100% мегузарад. Чанд бор дар зиндагӣ ҷангҷол мекунанд. Духтар хонаашон меравад.Худо раҳматаш кунад,Сулаймон мераваду меорад. Аз тарафи занаш ӯро тахдид мекунанд, ки мо туро алов  мезанем. Соҳиби 2 духтар мешаванд. Духтарчаи якумаш мемурад дигараш зинда аст.Қариб 2 моҳ пеш аз тарафи занаш меоянду дар биниву даҳонаш чизеро мешаканд, ки дод назанад. Дар хонаи худашон  лату кубаш мекунанд. Аз тарафи занаш як хусусурбача дошта аст. Ҳамроҳ бо кадом рафиқонаш дар хонааш дандонҳояшро мешикананд, ҳама хона пури хун. Соат 2-и шаб мешавад. Як хоҳари занаш дар ВКД кор мекардааст. Ҳамон гуфтааст, ки мо туро алов сар медиҳем. Номи занаш Зайнаб аст. Хулоса мебарад пеши чашми занаш бензин мерезанду аловаш мезанад. Аввал чанд корд мезананду сипас аловаш мезананд. Сипас, духтурҳоро ҷеғ зада мегуянд, ки биёеду бибаред. Ба модари ин ҷавонмард мегуянд,ки фикр кун як парранда буд,мурд. Дар ин қазия аслан ҳеҷ сару садое ҳам нашуд чун хоҳари ҳамсараш дар ВКД кор мекунад дигар ҳама ҳал аст. Адолат куҷост , намедонем мо.

Ҳисор, куштори ғайри қасдона вале раҳои бо 200 ҳазор $

Ҳоҷӣ Аҳмад Раупов ҳамроҳи бародараш шикор мераванд. Муҳаммад, бародари ҳоҷӣ нохост Холмуродов Тоҳири рафиқашонро бо камони шикорӣ мепаронад. Муҳаммад ба бародараш ба ҳоҷӣ Зафар занг мезаннад. Ҳоҷӣ Зафар ва ин ду бародар мераванд пеши соҳибони мурда. Бо наздикони мурда ҳоҷӣ Раҳим ва Сафари Шодмон, амакҳои мурда мешинанду маслиҳату машварат мекунанд. Муҳаммад ва ҳоҷӣ Аҳмад хонаи Холмуродов Тоҳирро ба кала мегиранд. Зани Холмуродов Тоҳирро мегуянд, ки хонаҳоятро созу дуруст мекунем, розӣ мешаванд ва Асрорро дар деҳа пинҳон медоранд, то халқ нафаҳмад. Баъди 20 рӯз прокуратураи Ҳисор дарак меёбад ва ҳоҷӣ Аҳмадро якҷо бо бародараш Муҳаммад фарёд мекунад. Вақте ток мемонанд Муҳаммад ҳамаи моҷароро ҳикоя мекунад ва мегуяд, ки ман парронидам. Ҳоҷӣ Аҳмадро маҳкам мекунанд. Сипас ду бародари дигариашон Муҳаммад ва ҳоҷӣ Зафарро ҳам дастгир мекунанд. Дар байнашон ҳоҷӣ Зафар пулдор аст.

Аз тарафи мурдадор ҳоҷӣ Раҳим, Сафар Шодмон, се нафари инҳоро ҳам маҳкам мекунанд. Ҳоҷӣ Зафарро 5 рӯз нигоҳ медоранд ва СИЗО мебаранд. Баъди ду рӯз 20.000 долларашро мегиранду ҷавоб медиҳанд. Дигарҳояшонро ҷавоб намедиҳанд. Мераванду қабрро эксгуматсия мекунанд ва судмедэкспетирза меоранд. Маълум мешавад, ки аз майнаи сар тир хурдааст. Ҳоҷӣ Зафар мераваду маслиҳат мекунаду дар умум 200.000 доллар медиҳад. Ва ҳамаашонро мебарорад. Прокурор мегуяд, ки Муҳаммад дар қишлоқ нагардад, агар гашту дигар мақомот диданду дастгираш карданд, ман дигар ҷавоб намедиҳам. Ин кор дар колхози Масква, қишлоқи Болшевик, ҳозира Ҳосилот руй дод.

Хоҷӣ Зафар дар тарафҳои Оренбурги Русия замин дорад, бародарҳо дар онҷо  чанд сол аст ки тарбуз мекоранд. Прокурори Ҳисор нав омдагӣ аст. 200.000 долларо мегираду делоро дигар хел месозад: Мегуяд, ки худкушӣ кард Холмуродов  Тоҳир. Пулро гирифта корро дигар хел мекунад. Аммо аз ин  ҳодиса тамоми Ҳисор бохабар аст. Акнун бубинед, ки прокурор-органи асосии ҳимояти қонун дар Тоҷикистон ба чи кор машғул аст? Мегуед ҷаноби Юсуф Раҳмон аз ин бе хабар бошад? Ё аз ин 200 ҳазор 50 % рафта аст ба кисаи ҷаноби прокурори генералӣ ?

Панҷакент: чор нафар се нафарро куштанд як нафар зиндонӣ шуд

Ман аз шаҳри Панҷакент ҳастам. Аз шумо хоҳишам ин аст ки дар бораи Ҳамроқулов Далер як навор месохтед. Ин Далер ҳама мардумро ғам медиҳад. Ҳатто ҳокими Панҷакент аз вай метарсад. Падараш райиси қишлоқ аст. Бародари Далер Руслан аст, бо сайёҳҳо кор мекунад. Дар Душанбе Олим Ҳамроқулови падарашон кор мекунад. Амакашон генерал Худойқул Ҳамроқулов аст. Инро ҳамон пуштибонӣ мекунад. Одами «главний» ҳамин аст. Дар деҳаи Фароб раис аст. Деҳаро ба ду тақсим кардааст. Заминҳоро фурӯхта тамом кард. Заминҳои мардуми камбағалро гирифта мефурӯшад. Далер бошад дар шаҳр корҳоро пеш мебарад. Бо Умеди писари Раҳмони рашнагӣ. Раҳмони рашнагӣ «наркобарон», бизнеси асосии Далеру Умед ҳам героин аст. Ёру бародарони бисёре доранд. Соли гузашта дар шаҳри Панҷакент се нафарро куштанд. Далер ҳамроҳи Аҳмадҷон Сартебов, муовини раиси ГАИ ин кушторро ба сари як одам бор карда ва се нафари гуё ҳамроҳони вайро се солӣ маҳбас карданд вале як нафар бо номи Алиев Баширро 27 сол шинониданд. «Ту ба кала бигир, мо ёрдам мекунем гуфта фиреб доданд». Аз ин сенафар ба маблағи 300.000 сомонӣ гирифтанд ва корро ҳал карданд. Хуллас, ҳамин куштори сенафарро ҳал карданд. Ин корро дар байни Панҷакенту Хуҷанд ҳал карданд. Инҷо прокуратура ва суди Панҷакенту Хуҷанд чи қадар пул кор карданд. Шояд Душанбе бохабар бишаваду ягон коре бикунад ва ба Алиев Башир ёрдам расонанд. Бародар, шумо худатон фикр кунед, ки дар ин ҳодиса онҳо чор нафар буданд. 3 нафарро куштанд. Чи тавр як кас се касро куштааст? Мо аслан дар мақомоти қазои аслан адолатро намебинем ва ҳама ҷиноят бо пул ҳал мешавад, охир қонун ва адолат ва қонунмеҳварӣ куҷо шуд ? Прокурори генералӣ, суди олӣ ва мақомоти тафтишотӣ чаро ҷиноятҳоро рӯпӯш мекунанд бо гирифтани ришват? Мо дигар ҳеҷ ҷойи шикояте надорем ҷуз “Ислоҳ” ва дарди худро тавассути “Ислоҳ” мерасонем ба мақомоти дохили кишвар.

   Кӯшониён

Асаломуалекум вараҳматуллоҳ.

Як номаи шикоятӣ  ба “Ислоҳ” аз сокинони ноҳияи Кушониён аз кормандони  РайЗАГС  ё САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрванди)и  Кушониён ва ҷамъи коргаронаш Фируз ва Қаландарова Зайнаб,ки яке аз қаттолтарин порагиранда дар ин ЗАГС  буда ва дигарҳояш ҳамаш бовар кунед ҳаром хур ҳастанд. Корашон чихел аз шумо пул канда гиранд, охир ин чи гап аст?  Раисааш Иброҳимзода Мумина Бозоралӣ дар ду ҳафта  якбор намебинед ӯро дар утоқи корияш, барои як шаҳодатнома ба ғаир аз пули бонк Раиса Иброҳимзода Мумина Бозоралӣ 80 то50 сомонӣ мегирад. Боз барои навиштани шаҳодатнома аз 80 то 50 сомонӣ мегирад. Бовар кунед бесаводанд се мартаба худашон хато менависанд, ҳарбораш инаш пеши дигараш мефиристад унаш пеши дигараш хулоса ҳарбор боз шарм нокарда пул мегиранд. Боз  мегуянд дар китоб ҳамихел навиштагӣ. Ҳангоме маҷбур кардем китобро кушоед, то бубинем ва китобро дидем дар мудати 3 сол сенамуд ному насабҳоро ҳар шакле хостаанд навиштаанд. Охир дар иштибоҳи шумо корманди ин ниҳоди сабти ҳолати шаҳрвандӣ мо чаро пул диҳем? 150 сомонӣ ғайр аз пули муқаррар кардаи бонк мегиранд. Дар пушти дари Раиса Иброҳимзода Мумина Бозоралӣ кампирҳо ва муйсафедҳо аз роҳҳои дур меоянд, аммо ин  Раиса нест магар инро хукумати ноҳия намебинад ин кормандонашонро? Чандин сокини ноҳияро медонам барои як ҳуҷҷат моҳҳо аст интизоранд ва намедонанд чикор кунанд. Мегуфта бошед мисли ҳукумати Толибон идораи ЗАГС ё САҲШ-ро бастаанд.

Share This Article